Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Нақши қарз ва ҳудуди истифодаи он — идома 2
- Мизони қарзҳои кӯтоҳмуддати байнибонкӣ — INSTAR (Inter-Bank Short Term Rate): Ба ин гурӯҳ мизони қарзҳои дар асл додашудаи мӯҳлаташон якрӯза (overnight), якҳафтаина, якмоҳа ва семоҳа дохил мешаванд.
Мизони фоизи векселҳои хазинадорӣ
Бонкҳои марказӣ бо мизони муайян векселҳои хазинадории кишварашонро дар бозорҳо ба савдо мебароранд. Аслан векселҳо бо нархи аз арзиши номиналиашон камтар (бо дисконт) фурӯхта мешаванд ва мӯҳлати кӯтоҳ (то як сол) ҳамчунин гарави пардохташон онҳоро бозоргир кардааст.
Мисол: Нархи номиналии вексели хазинадории 6-моҳа 150 сомонӣ аст. Нархи фурӯши он бошад 140 сомонӣ муайян шудааст. Ин маънои онро дорад, ки шахси онро харида баъди 6 моҳ ба ивазаш 150 сомонӣ мегирад. Даромади фоизӣ 10 сомониро (150−140) ташкил медиҳад. Мизони фоизи солонаи ин вексели хазинадорӣ 14.285% аст:
Мизони фоиз=(10/140)×(12/6)×100%≈14.285%
Дар давоми сол вобаста ба сатҳи таваррум нархи аслии векселҳо дар бозор метавонад тағйир ёбад, зеро болоравии нархҳо ва беқурбшавии пул арзиши аслии ин векселҳоро паст мекунад. Бинобар ин, корхонаҳо ва шахсони алоҳида бо роҳи ба фурӯш баровардани векселҳо ҳаракат мекунанд, ки ҳар чӣ тезтар аз онҳо халос шаванд. Яку якбора ба бозор ворид шудани миқдори зиёди векселҳо боиси паст рафтани нархи фурӯши онҳо мегардад.
Мизони фоизи бозори сармоя
Ин мизони фоизи ӯҳдадориномаҳои миёнамуддат ва дарозмуддати давлатӣ мебошад. Ба ин гурӯҳ коғазҳои қиматноки давлатӣ, ки мӯҳлати пардохташон аз як сол зиёд аст, дохил мешаванд.
Бондҳои хазинадории ИМА, ӯҳдадориномаҳои мамлакатҳои Олмон, Бритониёи Кабир, вомбаргҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Аз хариди ин ӯҳдадориномаҳо ду намуди даромад гирифтан мумкин аст:
-
а) Даромади купонӣ: Фарқи байни нархи номиналӣ ва нархи фурӯши онҳо;
-
б) Даромади аслӣ: Фарқи байни нархи номиналӣ ва нархи дар бозор вобаста ба таваррум тағйирёфтаи онҳо.
Мисол: Одамон ӯҳдадориномаҳои 150-сомониро аз бонки марказӣ бо нархи 140 сомонӣ хариданд. Баъди чанде аз болоравии нархҳо ва пастшавии қурби пул тарсида, қисме аз одамон ӯҳдадориномаҳояшонро ба фурӯш бароварданд. Азбаски хоҳишмандон кам ва фурӯшандагон зиёд буданд, нархи фурӯши ӯҳдадориномаҳо то 130 сомонӣ поён рафт.
Фарз кардем, ки чорабиниҳои дахлдори ҳукумат хатари таваррумро бартараф намуда, қурби пулро устувор кард. Акнун онҳое, ки ӯҳдадориномаҳоро нафурӯхтанд, 10 сомонӣ даромади купонӣ мегиранд ва онҳое, ки аз беқурбшавии пул наҳаросида баъдан ӯҳдадориномаҳоро аз бозор бо нархи 130 сомонӣ хариданд, 20 сомонӣ даромад мегиранд. Албатта, онҳое, ки ӯҳдадориномаҳоро шитобкорона фурӯхтанд, 10 сомонӣ зарар диданд.
Дар амалияи бонкдорӣ намудҳои дигари мизони фоизи қарз низ вуҷуд доранд. Масалан: мизони фоиз барои шаклҳои алоҳидаи пасандозҳо, шаклҳои қарз, мизони фоиз барои қарзҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддат, мизони фоизи коғазҳои қиматнок вобаста ба мӯҳлаташон ва ғайра.
Мизонҳои фоизи бозорҳои сармоя ба ҳам зич пайванданд. Истифодаи воситаҳои ҳозиразамони интиқоли маълумоти зарурӣ ҳамаи бозорҳоро дар фазои ягона вогузор кардааст. Кормандони бозорҳо (дилерҳо, маклерҳо) новобаста аз он ки дар кадом қитъаи замин қарор доранд, ҳамеша аз вазъи бозорҳои дигар хабардоранд. Тағйир ёфтани мизон дар яке аз онҳо боиси тағйир ёфтани мизон дар бозори дигар мегардад.
Мавҷудияти фарқи калони мизонҳо метавонад боиси арбитраж (амалӣ намудани спекулятсия) аз ҷониби «бозингарони» бозор гардад. Бинобар ин, дар шароити муосир фарқи мизонҳо то дараҷае кам аст, ки иҷрои чунин амалиёт тақрибан фоидаовар нест. Агар дар яке аз бозорҳо мизон камтар ва дар дигаре зиёдтар бошад, «бозингарон» маблағҳои пулӣ ва коғазҳои қиматнокро аз бозори арзонтар харида, дар бозори гаронтар мефурӯшанд, ки ин раванд табиатан мизонҳоро баробар мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё