Зеҳн
Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа

МолияТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ташкили муносибатҳои қарзӣ — идома 2

Ҳангоми муайян кардани қобилияти қарзадокунии қарзгиранда таъсири омилҳои умумииқтисодӣ, ки даромаднокии фаъолияти қарзгиранда ба онҳо вобаста аст, ба инобат гирифта мешавад.

Омилҳои умумииқтисодӣ инҳоянд: қурби пул, сатҳи таваррум ва суръати болоравии он, мизони фоиз, доштан ё надоштани имтиёзҳо нисбат ба молистеҳсолкунандагони хориҷӣ, тағйирёбии нархи мол вобаста ба мавсим, сиёсати ҳукумат нисбат ба молистеҳсолкунандагони дохилӣ (масалан, додан ё надодани ёрдампулӣ, субсидия ба кишоварзон) ва ғайраҳо.

Усули дигари баҳодиҳӣ ба вазъи молиявии корхонаҳо ва бонкҳою муассисаҳои молиявии ғайрибонкӣ бо номи CAMEL маъмул аст. Мутобиқ ба ин тартиби баҳодиҳӣ ё муайян кардани қобилияти қарзадокунии қарзгиранда таҳлили нишондиҳандаҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

  • C - Capital Adequacy — басандагии сармоя.

  • A - Asset Quality — сифати дороиҳо (активҳо).

  • M - Management — идоракунӣ.

  • E - Earnings — даромаднокӣ.

  • L - Liquidity — ликвиднокӣ.

Бонк ва муассисаҳои молиявии ғайрибонкӣ дар баробари қарздиҳанда буданашон қарзгиранда низ ҳастанд. Имконияти дар мӯҳлати кӯтоҳ ба пул мубаддал шудани дороиҳоро ликвиднокии онҳо меноманд.

Корманди бонк маълумотҳои зарурӣ оид ба фаъолияти қарзгирандаро дар парвандаи қарзӣ (кредитное досье) ҷамъ меоварад. Ҳисоботу маълумотномаҳои зерини парвандаи қарзӣ асоси муайян кардани нишондиҳандаҳои болоӣ (Five C's ва CAMEL) мебошанд:

  1. Тавозун (баланс) ва ҳисобот оид ба фоидаю зарари қарзгиранда;

  2. Нишондиҳандаҳои (коэффитсиентҳои) вазъи молиявӣ ва тамоили пешрафти фаъолияти қарзгиранда;

  3. Маълумоти аз бонкҳою ширкатҳои ҳамкори қарзгиранда ҷамъшуда оид ба сари вақт барнагардонидани қарзҳои он;

  4. Хулоса оид ба фаъолияти қарзгиранда;

  5. Ҳолномаи соҳибону роҳбари корхонаи қарзгиранда, фаъолияти роҳбарии онҳо то ба имрӯз;

  6. Сатҳи боварӣ (рейтинг) ба қарзгиранда, ки нишондиҳандаи қобилияти қарзадокунии он мебошад.

Илова ба нишондиҳандаҳои Five C's ва CAMEL, корманди бонк нишондиҳандаҳои дигари молиявиро низ муайян мекунад. Ба ин гурӯҳ нишондиҳандаҳои зерин дохил мешаванд:

  • коэффитсиентҳои ликвиднокӣ,

  • коэффитсиентҳои гардишнокӣ,

  • коэффитсиентҳои қобилияти пардохткунӣ (финансовый леверидж),

  • коэффитсиентҳои фоиданокӣ,

  • коэффитсиентҳои хизматрасонии қарзҳо.

1. Коэффитсиентҳои ликвиднокӣ

Коэффитсиентҳои ликвиднокӣ қобилияти баргардонидани қарзҳои кӯтоҳмуддати қарзгирандаро нишон медиҳанд. Онҳо ба ду намуд ҷудо мешаванд:

  • Коэффитсиенти ликвиднокии ҷорӣ: Дороиҳои ҷорӣ / Пассивҳои ҷорӣ

  • Коэффитсиенти ликвиднокии баландсуръат ё фаврӣ: (Пули нақд (бақияҳои кассаю суратҳисоб) + Коғазҳои қиматноки ликвидӣ + Дебиторҳо) / Пассивҳои ҷорӣ

Дороиҳои ҷорӣ (активҳо) = Пулҳои дар кассаю суратҳисоббуда + Қарзи дигарон (дебиторҳо) + Захираҳо + Дороиҳои дигар. **Пассивҳои ҷорӣ = Қарзҳои кӯтоҳмуддат + Ҳисобҳои пардохтнашуда + Қисми баргардонидашавандаи қарзҳои дарозмуддат ва фоизи онҳо + Пассивҳои дигари ҷорӣ.

2. Коэффитсиентҳои гардишнокӣ

Ин коэффитсиентҳо нишон медиҳанд, ки қарзгиранда то кадом дараҷа дороиҳои худро самаранок ё фаъолона истифода мебарад. Ба ин гурӯҳ дохил мешаванд:

  • Коэффитсиенти гирдгардиши дороиҳо: Даромад аз фурӯш / Дороиҳо

  • Коэффитсиенти гардишнокии воситаҳои асосӣ: Даромад аз фурӯш / Арзиши воситаҳои асосӣ

  • Коэффитсиенти дебиторҳо дар фурӯши ҳаррӯза: Дебиторҳо / Маблағи фурӯши якрӯза

3. Коэффитсиентҳои қобилияти пардохткунӣ

Ин коэффитсиентҳо қобилияти иҷрои ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддати қарзгирандаро нишон медиҳанд. Ба онҳо дохил мешаванд:

  • Коэффитсиенти қарздорӣ: Ӯҳдадориҳои пулӣ / Дороиҳо

  • Коэффитсиенти қарздорӣ нисбат ба сармоя: Ӯҳдадориҳои пулӣ / Сармояи корхонаи қарзгиранда

  • Коэффитсиенти қарздорӣ нисбат ба воситаҳои гардони моддӣ: Ӯҳдадориҳои пулӣ / Воситаҳои гардони моддӣ

Воситаҳои гардони моддӣ = Сармоя - Даромадҳои берунинақшавӣ. **Даромадҳои берунинақшавӣ (goodwill) — даромадҳое мебошанд, ки ба фаъолияти асосии корхона вобаста нестанд (масалан, гирифтани даромади иловагӣ аз боло рафтани арзиши амвол).

4. Коэффитсиентҳои фоиданокӣ

  • Даромаднокии умумӣ: Фоидаи умумӣ / Даромад аз фурӯш

  • Даромаднокии соф: Фоидаи соф / Даромад аз фурӯш

  • Меъёрҳои фоида: Фоидаи соф / Дороиҳо ва Фоидаи соф / Сармоя

  • Даромади дивиденд: Дивиденд барои як саҳмия / Нархи миёнаи бозории як саҳмия

5. Коэффитсиенти хизматрасонии қарзҳо

Ин коэффитсиент нишон медиҳад, ки ба ҳар сомонии фоизи қарз чӣ қадар фоида рост меояд: Фоида пеш аз додани фоизу андозҳо / Фоизҳои додашуда

Баъди таҳлили коэффитсиентҳои молиявии дар боло қайдшуда корманди бонк ба таҳлили гардиши воситаҳои пулии қарзгиранда (cashflow) шурӯъ мекунад. Ин таҳлил даромадҳои пулии қарзгиранда ва хароҷоти онро дар давраи муайян дар бар мегирад. Мақсади таҳлил муайян кардани талаботи қарзгиранда ба воситаҳои пулӣ, вақти додани қарз, мӯҳлат ва вақти баргардонидани он мебошад.

Таҳлили вазъи молиявии қарзгиранда, муайян кардани коэффитсиентҳои гуногун, гардиши воситаҳои пулӣ ва омӯзиши ҳолномаи роҳбарони он ба корманди бонк имкон медиҳад, ки ба қарзгиранда баҳои муносиб диҳад.

Вобаста ба баҳои додашуда қарзгирандагон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

  • Гурӯҳи аввал — қарзгирандагони вазъи молиявиашон устувор: қарзҳои пешинаро сари вақт баргардонидаанд, гардиши пулӣ (cashflow) ва таъминнокии қарзашон (гарав) аввалиндараҷа мебошанд. Ба чунин қарзгирандагон қарзҳои арзону имтиёзнок додан мумкин аст.

  • Гурӯҳи дуюм — қарзгирандагони вазъи молиявиашон нисбатан устувор: қарзҳоро сари вақт баргардонидаанд, гардиши пулу таъминнокии қарз ба талабот ҷавобгӯй мебошанд. Бонк вобаста ба сиёсати қарзиаш метавонад ба онҳо қарзи имтиёзнок ё беимтиёз диҳад.

  • Гурӯҳи сеюм — қарзгирандагони вазъи молиявиашон қаноатбахш: қарзҳои пешгирифта бо каме таъхиркорӣ баргардонида шудаанд, гардиши пулию гарави қаноатбахш доранд. Ба чунин қарзгирандагон қарзҳои беимтиёз ва доимоназоратшаванда (масалан, қарзи револверӣ, ҳудуддошта) додан лозим аст.

  • Гурӯҳи чорум — қарзгирандагони вазъи молиявиашон шубҳанок: қарзҳои пешгирифта сари вақт баргардонида нашудаанд, гардиши пулию гарави қарз шубҳаоваранд. Аз чунин қарзгирандагон гарави иловагӣ талаб намуда, истифодаи қарзро таҳти назорати доимӣ гирифтан зарур аст.

  • Гурӯҳи панҷум — қарзгирандагони вазъи молиявиашон бад: мавҷудияти қарзҳои пешгирифта нобоварӣ ба низоми идоракунии корхона эҷод намуда, гардиши пулию гарави ғайриқаноатбахш доранд. Ба чунин қарзгирандагон танҳо дар асоси гаравномаҳои бонку ширкатҳои боэътимод қарз додан мумкин аст.

Ба гурӯҳҳо ҷудо кардани қарзгирандагон ба бонк имкон медиҳад, ки нисбат ба онҳо шартҳои дахлдори қарздиҳӣ, мизони фоизи муносиб ва гарави боэътимоди қарзро истифода кунад. Таъминнокии қарз ё ба таври дигар, гарави он яке аз шартҳои асосии додани қарзу асоси баргардонидани он мебошад.

16.4. Таъминнокии қарз ва интихоби гарави он

Таҳти мафҳуми «таъминнокии қарз» усулҳои таъмини бозгашти қарзу фоизи он ё ба таври дигар иҷрои ӯҳдадориҳои қарзӣ фаҳмида мешавад.

Дар амал бонкҳо ҳангоми ташкили муносибатҳои қарзӣ бо қарзгирандагони боэътимод таъминнокии махсусро талаб намекунанд. Ӯҳдадориномаи қарзии қарзгиранда (кредитное обязательство), ки пеш аз гирифтани қарз аз ҷониби он имзо мешавад, ба бонк ҳуқуқ медиҳад, ки дар мӯҳлати муайян аз суратҳисоби қарздор маблағи қарзу фоизи онро гирад.

Нисбат ба қарзгирандагони беэътимод, корхонаю шахсони алоҳидае, ки бори аввал қарз гирифтанианд ва ё бо бонк муносибати қарзии доимӣ надоранд, тартиби дигари муносибатҳои қарзӣ истифода мешавад. Кормандони бонк вазъи молиявии онҳоро пурра таҳлил карда, дар ҳолати зарурӣ гарави бозгашти қарзро дар шакли амволу замонатномаҳо талаб мекунанд.

Қисме аз мизоҷон ба қарз талаботи зиёд надоранд ва мумкин аст дар давоми сол ду ё се маротиба қарзро истифода кунанду халос, бинобар ин, кормандони бонк вазъи молиявии онҳоро хуб намедонанд. Аз ин рӯ, ҳар бор, ки онҳо қарз гирифтанӣ шаванд, кормандони бонк вазъи молиявии онҳоро аз нав таҳлил мекунанд (агар аз вақти таҳлили фаъолияти онҳо ҳангоми гирифтани қарзи пешгирифта муддати зиёд гузашта бошад). Агар қарзгиранда гарави боэътимод дошта бошад (масалан, амволе, ки арзиши бозориаш басанда аст, кафолатномаи бонк ё ширкати боэътимоди дигар), қарздиҳанда метавонад бе таҳлили иловагии вазъи молиявиаш ба он қарз диҳад.

Усулҳои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои қарзӣ инҳоянд:

  1. Ҷаримабандӣ: Дар ҳама шартномаҳои қарзӣ барои сари вақт барнагардонидани қарзу фоизи он ҷарима пешбинӣ мешавад. Мизони фоизи ҷарима ба сатҳи хатари барнагаштани қарз вобаста аст. Масалан, дар шартнома пешбинӣ мешавад, ки бонк барои ҳар як рӯзи аз мӯҳлат баъд баргардонидани қарз аз қарздор 0,5 фоизи иловагӣ ҷаримапулӣ мегирад. Ин амал ҳисси масъулиятшиносии роҳбарияти корхонаро зиёд карда, онро маҷбур мекунад, ки истифодаи самараноки қарз ва баргардонидани саривақтии онро таъмин намояд. Дар шароити афзалияти моликияти хусусӣ ва ҳавасмандии махсуси соҳиби он барои истифодаи самараноки воситаҳои пулӣ, ҷаримабандӣ яке аз усулҳои маъмултарини таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои қарзӣ мебошад.

  2. Гарав (залог): Гарав яке аз усулҳои беҳтарини таъмини иҷроиши ӯҳдадориҳои қарзӣ ҳисобида мешавад. Бонкҳо ба сифати гарави баргардонидани қарз бино, таҷҳизот, воситаҳои нақлиётӣ, коғазҳои қиматнок, амонат, ашёи хом, маҳсулотҳои нимтайёр ва амволи дигари қарзгирандаро қабул мекунанд. Вобаста ба қобилияти қарзадокунии қарзгиранда бонк метавонад қисме аз онҳоро дар бонк нигоҳ дорад.

    Масалан, қисме аз воситаҳои нақлиётӣ, амонат ва коғазҳои қиматноки қарзгирандаро дар бонк нигоҳ доштан мумкин аст. Қисми дигари моликияти ба гарав гузошташуда дар ихтиёри қарзгиранда монда, дар раванди истеҳсолӣ истифода мешавад.

    Дараҷаи истифодаи ин усул дар таҷрибаи бонкдории кишвар ба қонунҳои амалкунандаи он вобаста аст. Дар аксари кишварҳо сохторҳои ҳукуматӣ моликияти шаҳрвандонро пурра ба қайд гирифта, масъалаҳои ба гарав мондани онҳоро идора мекунанд. Масалан, ҳангоми ба гарав қабул кардани хонаи шаҳрванд ё бинои корхона бонк ба сохтори дахлдори ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат мекунад. Агар ин моликият аллакай ба гарав гузошта шуда бошад ё онро ҳабс карда бошанд, сохтори ҳукуматӣ барои дубора ба гарав гузоштани он иҷозат намедиҳад.

    Аксар вақт қарзгирандагон ба воситаи нотариус ҳуқуқи идоракунии моликияти худро ба бонк медиҳанд. Ин маънои онро дорад, ки дар ҳолати сари вақт ё мӯҳлати дигари баъдан муайяншуда барнагардонидани қарз, бонк метавонад моликияти ӯро ба воситаи суд ба фурӯш бароварда, баргардонидани қарзашро таъмин намояд. Ин амал камбудиҳои зиёд дорад, вале дар шароити имрӯза беҳтарин усули таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои қарзӣ буда, аз ҷониби бонкҳо васеъ истифода мешавад.

    Бояд қайд кард, ки ин усули таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои қарзӣ ба манфиати қарзгиранда нест, зеро дар аксари ҳолатҳо нархи амвол аз нархи бозории он паст муайян карда мешавад ва фарқи нарх (баъди баргардонидани қарз бо роҳи фурӯхтани моликияти қарздор) ӯро қонеъ намекунад.

  3. Замонат (поручительство): Таҳти мафҳуми «замонат» пурра ё қисман ба ӯҳдаи худ гирифтани гарави қарзи қарзгиранда аз ҷониби ширкати дигар — замонатдиҳанда (поручитель) фаҳмида мешавад. Тартиби ба расмият даровардани он имзои шартномаи замонат байни ширкати замонатдиҳанда ва бонки қарздиҳанда мебошад.

    Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар аксари ҳолатҳо ширкати замонатдиҳанда ҳамкор ё саҳҳоми қарзгиранда мебошад, вале барои бонк муносибатҳои байни замонатдиҳанда ва қарзгиранда аҳамият надорад. Муҳим аст, ки қарзи додашаванда гарави боэътимод дошта бошад.

    Дар кишварҳои пешрафта шартномаи замонатӣ ба шакли муайян дароварда шудааст ва иҷро накардани талаботҳои зарурӣ боиси беэътибории он мегардад. Корманди бонк фаъолияти замонатдиҳандаро бо тартиби барои қарзгирандагон муайяншуда таҳлил менамояд. Агар вазъи молиявии он ғайриқаноатбахш бошад, бонк дархости қарзгирандаро оид ба додани қарз рад мекунад ва баръакс.

    Азбаски баргардонидани қарз ба вазъи молиявии замонатдиҳанда низ вобаста аст, қарздиҳанда фаъолияти онро таҳти назорат мегирад ва дар ҳолати бад шудани вазъи молиявиаш чораҳои заруриро мебинад, то қарзи додашуда баргардонида шавад.

    Дар ҳолати аз ҷониби қарздор қисман ё пурра иҷро нашудани ӯҳдадориҳои қарзӣ бонк ба ширкати замонатдиҳанда муроҷиат менамояд. Он баъди гирифтани маълумоти зарурӣ аз қарздор (мумкин аст ӯ аллакай қисми қарзро дода бошад), ӯҳдадориҳои боқимондаи қарздорро иҷро мекунад.

  4. Кафолатнома (гарантия): Кафолатнома аслан аз ҷониби ҳукумат, бонкҳо ва муассисаҳои дигари қарзӣ дода мешавад. Бонкҳои тиҷоратию ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҳангоми қарздиҳӣ ба сохторҳои давлатӣ ё ширкатҳои хусусие, ки ҳукумат ба фаъолияти онҳо манфиатдор аст, дар аксари ҳолатҳо кафолатномаи ҳукуматро талаб мекунанд. Кафолатномаи ҳукуматӣ ба тартиби дар таҷрибаи ҷаҳонӣ қабулшуда пешниҳод мешавад. Сарчашмаи иҷроиши ӯҳдадориҳои дар кафолатнома нишондодашуда буҷети кишвар мебошад.

    Масалан, дар Ҷумҳурии Белорус кафолатномаҳои ҳукуматӣ бо тартиби дар «Муқаррарот оид ба ҷалб, истифода ва баргардонидани қарзҳои давлатии хориҷӣ», ки бо Низомномаи муштараки Шӯрои Вазирон ва Бонки миллии Ҷумҳурии Белорус (№ 826/23 аз 01.06.1999) тасдиқ шудааст, дода мешаванд. Дар Тоҷикистону Молдова тартиби додани кафолатномаро «Қонун оид ба қарзи давлатӣ ва кафолатҳои давлатӣ» муайян мекунад. Таркиби сохтории кафолатномаи бонкӣ бояд ба талабҳои «Қоидаҳои ягонаи додани кафолат»-и Палатаи савдои байналмилалӣ (№ 458, International Chamber of Commerce - ICC) низ ҷавобгӯ бошад.

    Кафолатномаи бонкӣ — ӯҳдадории хатии бонк ё муассисаи қарзӣ оид ба додани маблағи муайян ба ташкилот, бонк ё ширкати дигар баробари ворид шудани дархости аввалини он мебошад.

    Кафолатномаи бонкӣ дар шакли номаи кафолатӣ (гарантийное письмо) ва ё дар шакли хабар ба қарздиҳанда (ба воситаи SWIFT ё телекс) дода мешавад. Ҳангоми омодасозии кафолатномаи бонкӣ иҷрои талаботи аз ҷониби қонуни дахлдор муайяншуда ҳатмӣ мебошад, вагарна он беэътибор дониста мешавад. Масалан, қонун муайян мекунад, ки қайди маълумотҳои зерин дар кафолатнома ҳатмӣ аст: маблағи кафолат, мӯҳлати амали кафолатнома, номҳои қарзгиранда, қарздиҳанда, кафолатдиҳанда ва ғайра.

    Асоси муроҷиат ба кафолатдиҳанда иҷро нашудани ӯҳдадориҳои қарзӣ аз ҷониби қарздор мебошад. Агар маблағи қарзу фоизи он дар мӯҳлати муайяншуда баргардонида нашаванд, бонки қарздода ба кафолатдиҳанда муроҷиат мекунад. Дар ин ҳолат кафолатдиҳанда аввал ба қарздор оид ба масъалаи пайдошуда хабар медиҳад, то ки он ба қарздода маблағи дигаре пардохт накунад. Баъдан, дар мӯҳлати дар кафолатнома нишондодашуда маблағи кафолатиро ба ҳисоби қарздода мегузаронад.

    Қисман иҷро кардани ӯҳдадориҳои қарзӣ аз ҷониби қарздор наметавонад боиси кам кардани маблағи кафолатӣ гардад, албатта, агар дар кафолатнома чунин шартҳо қайд нашуда бошад.

    Иҷро накардани ӯҳдадориҳои дар кафолатнома нишондодашуда метавонад боиси муроҷиати бонки қарздода ба додгоҳ гардад. Додгоҳ баҳси байни қарздодаю кафолатдиҳандаро дар асоси қонунҳои мавҷуда баррасӣ мекунад.

    Кафолатнома ӯҳдадориномаи мустақил буда, ба иҷро шудан ё нашудани ӯҳдадориҳои қарздор вобаста нест. Маблағи кафолатӣ бояд баробари ворид шудани дархости аввалини қарздода пардохта шавад. Кафолатномаи бонкӣ бо ин хосияташ аз замонат фарқ мекунад.

    Муносибатҳои пулии кафолатдиҳандаю қарздорро шартномаи алоҳида муайян мекунад. Агар байни онҳо чунин шартнома имзо нашуда бошад, қарздор метавонад пули кафолатдиҳандаро напардозад.

Ҳамин тариқ, ҷаримабандӣ, гарав, замонат ва кафолатнома намудҳои таъмини бозгашти қарзанд, ки аз ҷониби қарздиҳандагон истифода мешаванд. Корманди бонк вобаста ба вазъи молиявӣ ва имкониятҳои қарзгиранда як ё чанде аз онҳоро чун гарави бозгашти қарз интихоб мекунад.

16.5. Додани қарз ва назорати истифодаи он

Зинаи дигари раванди қарздиҳӣ қабули қарор оид ба додани қарз мебошад. Вобаста ба сиёсати қарзии бонк ва маблағи қарз, қарор аз ҷониби комиссияи махсуси шӯъба, идораи вилоятӣ (минтақавӣ) ва ё кумитаи қарздиҳии раёсати бонк (кредитный комитет) қабул карда мешавад.

Агар қарори сохтори дахлдори бонк мусбӣ бошад, корманди бонк ба қарзгиранда дар ин бора хабар медиҳад. Баъд аз ин шартномаи қарзӣ аз ҷониби бонку қарзгиранда ба имзо мерасад, ки дар он шартҳои қарз — мақсад, маблағ, мӯҳлат, мизони фоиз, тартиби истифодаи қарзу баргардонидани он, тартиби додани фоизи қарз, тартиби назорати таъминнокии қарз, ҳуҷҷатҳои аз ҷониби қарздор дар давраи истифодаи қарз пешниҳодшаванда, ӯҳдадориҳои тарафайн ва шартҳои дигар қайд мешаванд.

Бонк маблағи қарзро дар мӯҳлати дар шартнома нишондодашуда ба суратҳисоби қарзгиранда ё суратҳисоби дигари аз ҷониби он пешниҳодшуда мегузаронад.

Истифодаи самаранок ва таъмини бозгашти қарз яке аз вазифаҳои асосии қарздор мебошад. Барои ин муҳим аст, ки қарз дар раванди истеҳсолӣ истифода шуда, баробари озод шудани воситаҳои пулӣ баргардонида шавад.

Формулаи ҳаракати қарз:

П→И→П′

  • П — маблағи пули ба қарз додашуда;

  • И — истифодаи қарз дар истеҳсолот ё соҳаи дигар;

  • П' — қарзи баргардонидашуда бо фоизи он.

Зарурати риояи қоидаҳои қарздиҳӣ низ талаб мекунад, ки маблағи ба қарз додашуда ҳамаи марҳалаҳои болоиро гузарад, вагарна иҷрои талаботи шартномаи қарзӣ (баргардонидани қарзу фоизи он) амри маҳол мегардад.

Зинаи дигари раванди қарздиҳӣ — назорати бонкӣ аз болои истифодаи қарз мебошад. Дар ин амал корманди бонк аз парвандаи қарзии қарздор (кредитное досье) истифода мекунад, ки дар он маълумотҳои зарурӣ дар пайдарҳамии зерин ҷамъоварӣ шудаанд:

  1. Маводи ба қарз дахлдошта (нусхаҳои шартномаи қарзӣ, ӯҳдадориномаи қарзӣ, кафолатномаҳо ва ғайра);

  2. Маълумотҳои молиявию иқтисодӣ (ҳисоботҳои молиявӣ, маълумотномаҳои сохтори андозу бонкҳои дигар, нақшаи корӣ ва ғайра);

  3. Мавод оид ба қобилити қарзадокунии мизоҷ (маводи таҳлилӣ, маълумотҳои аз муассисаҳои таҳлилӣ, ширкатҳои аудиторӣ ва муассисаҳои маълумоти қарзӣ гирифташуда ва ғайра);

  4. Маводи таъмини бозгашти қарз (ҳуҷҷатҳо барои ба гарав гузоштани амвол, барои додани ҳуқуқи истифодаи коғазҳои қиматноки қарздор ва ғайра);

  5. Мукотиба оид ба истифодаи қарз (мукотиба бо мизоҷ, навишти гуфтугӯйҳои телефонӣ ва ғайра).

Бонкҳо барои ҳамаи мизоҷони худ, ки истифодабарандаи қарзанд, чунин парвандаҳо мекушоянд ва дар онҳо маълумотҳои дахлдорро ҷамъ мекунанд.

Назорати бонкӣ ба чанд намуд ҷудо мешавад:

  1. Назорат дар асоси таҳлили маълумотҳои пешниҳодшуда;

  2. Назорати бевосита дар худи корхона;

  3. Назорат дар асоси маълумотҳои аз шахсони сеюм гирифташуда.

Қарздор мувофиқи талаби шартномаи қарзӣ ҳар моҳ ё дар вақтҳои дигар ба бонк тавозун, ҳисоботҳои молиявӣ ва маълумотҳои дигари заруриро пешниҳод мекунад. Корманди бонк дар асоси онҳо фоиданокии фаъолияти мизоҷ, пардохтпазирии он, дараҷаи иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди фурӯшандагон ва нишондиҳандаҳои дигарро муайян карда, хулосаи дахлдор мебарорад. Агар сатҳи хатари баргаштани қарз боло рафта бошад, пас ӯ ба дидани чораҳои дахлдор шурӯъ мекунад.

Корманди бонк инчунин имкон дорад хатари бозгашти қарзро дар худи корхона тафтиш кунад. Ин амал бо роҳи шиносоӣ бо тартиби нигаҳдошти ашёи хом, молҳои тайёр ва захираҳои дигари истеҳсолӣ, амволи корхона ва ғайраҳо, ки гарави баргашти қарз мебошанд, анҷом дода мешавад. Натиҷаи чунин назорат пешниҳоди хулосаи корманди бонк ба роҳбарияти худ ва корхона оид ба вазъи таъмини бозгашти қарз ва зарурати чораҷӯиҳои дахлдор мебошад.

Илова бар ин, корманди бонк барои доштани маълумоти зарурӣ оид ба вазъи молиявии корхона аз сарчашмаҳои берунӣ истифода мебарад. Барои ин мақсад он метавонад ба муассисаҳои махсуси ҷамъкунандаи маълумот оид ба фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳои андоз, гумрук, бонк (агар қарздор мизоҷи бонки дигар бошад) ва корхонаҳои болоии қарздор муроҷиат карда, маълумоти дахлдорро ҷамъ оварад. Ин имкон медиҳад, ки корманди бонк оид ба вазъи молиявии қарздор хулосаи зарурӣ барорад.

Мақсади ҳама намудҳои назорати бонкӣ сари вақт муайян кардани хатари бознагаштани қарз, чораҷӯӣ оид ба ҳар чӣ тезтар бартараф кардани он ва ё баргардонидани қарзу фоизи он мебошад.

Зинаи охирини раванди қарздиҳӣ баргардонидани қарзу фоизи он мебошад. Риояи қоидаҳои қарздиҳӣ дар байни одамони алоҳида низ аҳамияти хоса дорад. Боварӣ ба мизоҷ, пеш аз ҳама, аз иҷрои ӯҳдадориҳои қарзии он вобаста аст. Дар асоси ин боварӣ бонкҳо ба мизоҷон имтиёзҳо дода, дар ҳолати зарурӣ гарави пардохти пули моли харидаашонро ба ӯҳдаи худ мегиранд. Бинобар ин, зарур аст, ки қарздор қарзашро дар мӯҳлати муайяншуда баргардонад.

Баргардонидани қарзу фоизи он маънои ба итмом расидани муносибатҳои қарзии бонку мизоҷро надорад, зеро фаъолияти давомдори корхона дар шароити номӯътадилии вазъи иқтисодӣ онро боз мӯҳтоҷи қарз карда, ба бонк меорад. Илова бар ин, хизматҳои бонкӣ танҳо аз додани қарз иборат нестанд. Корхонаҳо аз хизматҳои дигари онҳо نیز истифода мекунанд. Бинобар ин зарур аст, ки байни бонку мизоҷ муносибатҳои доимии боваринок барқарор шаванд.

пешина
аз 29
навбатӣ