Зеҳн
Бозиҳои анъанавии бачагонаи тоҷикон

Дилшод Раҳимӣ. Маҷмӯаи бозиҳои суннатии бачагонаи тоҷикон, таърихи онҳо ва тарзи бозӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 12 саҳифа

ФарҳангКӯдаконВарзиш
Аз аввал хондан

Бахши I — Бозиҳои бачагона ва мероси фарҳангӣ

БАХШИ I. БОЗИҲОИ БАЧАГОНА БАХШЕ АЗ МЕРОСИ ФАРҲАНГИ ҒАЙРИМОДДӢ

Омӯзиши бозиҳои бачагонаи тоҷикӣ дар гузашта ва имрӯз

Мероси фарҳанги ғайримоддӣ мутобиқи нишондоди Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба Ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки соли 2003 ба тасвиб расидааст, аз бахшҳои анъанаи шифоҳӣ, санъати иҷроӣ, расму ойин, ҷашнҳо, таҷрибаву малакаҳои марбут ба касбу ҳунар ва донишу таҷрибаҳо оид ба табиату кайҳон иборат мебошад.

Варзиши суннатӣ ва бозиҳои анъанавии бачагон чун дигар намудҳои фарҳанги ғайримоддӣ вазифа ё функсияҳои гуногуни худро доранд. Чунончӣ, пеш аз ҳама бозию мусобиқаҳо барои тандурустӣ ва обутобёбии ҷисмонии насли ҷавон мусоидат мекунанд.

Дигар ин ки бачаҳо аз иҷрои бозиҳо завқу лаззати 2 Конвенсияи Юнеско оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ. Париж, 17 октябри 2003. Низоми дастрасӣ: эстетикӣ мебаранд. Тавассути бозиҳо хислатҳои ҳушёрӣ, зиракӣ, кунҷкобӣ, чолокӣ ва ғайраҳо дар бачагон фаъол мегарданд.

Ба бозиҳои анъанавии бачагонаи тоҷик бори аввал дар охирҳои асри ХIХ ва ибтидои ХХ мардумшиносон, шарқшиносон ва низомиёни рус, ки бо мақсадҳои гуногун ба Осиёи Миёна сафар мекарданд, таваҷҷуҳ намуда, дар мақолаву рисолаҳои худ намунаи бозиҳоро тасвир ва нашр кардаанд. Чунончи, мардумшиносон М.С. Андреев ва А.А. Половтсов дар асарашон «Мавод доир ба этнографияи ақвоми эронии Осиёи Миёна:

Ишкошим ва Вахон» (1911) баъзе бозиҳои маҳаллӣ, аз он ҷумла, гургакбозӣ, лашбозӣ (чиликбозӣ), лапарбозӣ, буҷулбозӣ ва тӯпбозиро ба таври мухтасар тасвир кардаанд. Баъдтар М.С.Андреев дар монографияи «Тоҷикони водии Хуф» (1953) баъзе бозиҳоро, ки аз сокинони водии Хуф, деҳоти Рӯшон, Шуғнон ва Хоруғ навишта гирифтааст, бо вариантҳояшон шарҳ додааст.

Инчунин этнографи рус Пешерева Е.М. дар рисолааш «Бозичаҳо ва бозиҳои бачагонаи тоҷикону ӯзбекон» (1957) бозиҳои бачагони водии Зарафшон, Яғноб, Қаротегин, Рӯшон ва Язгуломро тасвир кардааст, ки он яке аз манбаъҳои муҳими бозиҳои бачагонаи тоҷик ба шумор меравад.

Академик Раҷаб Амонов дар асарҳои ёддоштии хеш «Аз паи ҳикмати халқ» (1963), «Навбаҳори диёри чашмасор» (1976), «Қиссаи диёри чашмасор» (1995) бозиҳои давраи бачагии худро тасвир кардааст, ки дар солҳои 1920-30 роиҷ будаанд ва онҳо шуғли асосии кӯдакону наврасон ба шумор мерафтаанд. Аз он ҷумла, ӯ бозиҳои «Ҷав чанд ман?», аскарбозӣ, тоқи пешипо, бодбаракбозӣ, «Шох шохи гов», пиёдаҳо савора ва ғайраро бо ҷузъиёт тасвир намудааст.

Муҳаққиқи назми шифоҳии бачагон Баҳром Шермуҳаммадов ҳангоми таҳқиқи анвои шеъри фолклори бачагона ба гирдоварӣ ва нашри китобчаҳои бозиҳои бачагона низ машғул шуда, маҷмӯаҳои «Лелак, лелаки Боқӣ» ва «Сӯзани тилло»-ро тартиб додааст, ки дар онҳо якчанд бозиҳои маъруфи бачагона зикр гаштаанд. Ҳамчунин ӯ дар монографияи «Назми халқии бачагонаи тоҷик» бозиҳои бачагонаро вобаста ба фаслҳои сол тасвир намуда, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст.

Сарчашмаи дигари муътамад доир ба бозиҳои суннатии бачагона китоби «Тоҷикони Қаротегин ва Дарвоз» (ҷ. 3, 1976) мебошад, ки бахши бозиҳо дар он ба қалами санъатшиноси маъруф Низом Нурҷонов тааллуқ дорад. Ӯ дар солҳои 1950-60 ҳангоми экспедитсияҳои этнографӣ аз байни мардуми ин навоҳӣ бозиҳои зиёди бачагонаи синну соли гуногун ва марбут ба писарону духтаронро сабт кардааст, ки дар асари фавқуззикр тасвир шудаанд. Аз он ҷумла, бозиҳои алавпарак, қалъагирак, палабарак, галабозӣ, нахчирбозӣ, ҷонварбозӣ, хола-хола, лаклакбозӣ, аккабозӣ, будинапринг, баҷошавак, момаланг, шох-шохи гов ва ғайра дар ин китоб тасвири мухтасар ёфтаанд.

Инчунин дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба бозиҳои бачагона аз нигоҳи илми педагогика ва тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷуҳ шуда, муҳаққиқон баъзе маҷмӯаву рисолаҳо ва мақолаҳоро ба табъ расонидаанд. Чунончи, Н.И. Торопов «Намудҳои варзиши миллӣ ва бозиҳо дар Тоҷикистон» (“Национальные виды спорта и игр в Таджикистане”, 1944), Турсунов Н. «Бозиҳои серҳаракати тоҷикӣ» (1961), Я. Абрамов “Бозиҳои мутаҳаррики мактаббачагон” (1965), М. Суярқулов, «Варзиши тоҷикӣ дар гузашта ва имрӯз» (“Прошлое и настоящее таджикского спорта”, 1968), Турсунов Н. “Бозиҳои миллии тоҷикӣ” (1983) ва чанде дигар. Дар замони соҳибистиқлолӣ низ баъзе муҳаққиқон ба ин бахши фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳ кардаанд. Аз он ҷумла, А.

Бобоҷонов “Варзиши миллӣ ва бозиҳои тоҷикон” (1997), Ш. Сафаров китобҳои “Бозиҳои миллӣ ҳамчун тамаддуни халқи тоҷик” (2011) ва “Таърихи бозиҳои миллии халқи тоҷик” (2015) таълиф ва чоп кардаанд, ки китобҳои мазкур ба донишҷӯёни Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии ба номи С. Раҳимов тавсия дода шудаанд.

Бояд қайд кард, ки аз ҷониби муаллифи ин сатрҳо якчанд мақолаи илмӣ дар маҷаллаву маҷмӯаҳо чоп шуда, беш аз 200 мақолаи энсиклопедӣ бо тасвири бозии анъанавии бачагона дар саҳифаҳои “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” (ҷилдҳои 1, 2, 3) ва “Энсиклопедияи миллии тоҷик” (ҷилдҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8) дарҷ гаштаанд.

Дар давоми солҳои 2015-2020 якчанд экспедитсияҳои мардумшиносӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сурат гирифтанд, ки дар онҳо ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот иштирок доштанд. Дар ин сафарҳо дар маҷмӯъ 196 бозӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин миқдор 139 бозӣ бо шарҳу тасвир сабт гаштаанд. Ҳарчанд як қисми бозиҳо такрори якдигар бошанд ҳам, дар байнашон бозиҳои нав зиёданд, ки то ҳол дар ягон китоб номбар ва тасвир нашудаанд. Ҳамроҳ бо бозиҳо аксҳои гӯяндагон, бозигарон ва лаҳзаҳои бозӣ аксбардорӣ шудаанд. Инчунин баъзе бозиҳо ба навори видео сабт шуда, дар шакли рақамӣ ба дискҳо интиқол ёфтаанд.

Маводи ҷамъоваришудаи бозиҳо ва варзиши суннатӣ барои такмили бахши ҳафтуми “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ” истифода шудаанд.

Аз мушоҳидаҳо ва пурсуҷӯйҳо маълум гашт, ки бисёр бозиҳои суннатии тоҷикӣ тақрибан аз байн рафта истодаанд. Бештари бозиҳое, ки ба қайд гирифта шуданд, асосан, калонсолон ба мо шарҳ додаанд. Онҳо давраҳои бачагию ҷавонии хешро ба ёд оварда, таъкид менамуданд, ки дар солҳои пеш миқдори бозиҳои бачагонаи серҳаракат зиёд будааст ва низ афсӯс мехӯрданд, ки бисёр бозиҳои аҷибро фаромӯш кардаанд. Ба ҳар сурат, суҳбати бузургсолонро ғанимат шумурда, даҳҳо бозиҳои пешинаро бо шарҳашон сабт намудем.

Мутассифона, дар шароити кунунии рушди техника ва технологияи иттилоотӣ на ҳамаи унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ тобу тоқат ва муқовамат карда метавонанд. Имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои фарҳанги мардум ва дар маҷмӯъ ҳаёти халқҳо мубориза ва талошҳо байни куҳна ва нав ба вуҷуд омада истодаанд.

Барои мисол агар бозиҳои анъанавии бачагонро бо бозиҳои компютерӣ ё андроидӣ муқоиса намоем, бозиҳои нави техникӣ ба рушди зеҳни кӯдак мусоидат мекунад, аммо ба майнаи сари ӯ зиёни беҳисоб мерасонад. Аз ҷиҳати дигар кӯдакон дар назди компютеру дар даст телефонҳо нишаста аз ҷамъият дур мешаванд. Онҳо арзишҳои ҷамъиятӣ ва меъёрҳои муносибату рафторро дуруст дарк намекунанд.

Бозиҳои электронӣ бо компютер, планшет ва телефони мобилӣ рӯз ба рӯз густариш ёфта истодаанд.

Мазмуни бозиҳои электронӣ, ки имрӯзҳо бачаҳо бозӣ мекунанд, чунинанд: муҳорибаҳои тан ба тан, ҷанг бо аслиҳаҳо, ҷанг бо танку тӯп, ҷангҳои кайҳонӣ, шикори ҷонварон, бозиҳои зеҳнӣ бо суолу ҷавоб, ба марра расидани қаҳрамон, холгирӣ, қартабозӣ, бозиҳои қиморӣ, шакли электронии бозиҳои варзишӣ ба мисли футбол, шоҳмот ва ғайра.

Муҳаққиқи бозиҳои амрикоӣ Д.В. Ринен дар як мақолаи фарогири худ бозиҳои бачагони амрикоиро дар давоми як аср (аз с. 1898 то 1998) мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Ӯ ба чунин натиҷа расидааст, ки дар асри ХХ бачагони амрикоӣ аз бозиҳои кӯчагӣ ба бозиҳои муташаккилонаи варзишӣ гузаштаанд.

Масалан, вақти худро бештар ба бозиҳои даставӣ ва мусобиқаҳои расмӣ сарф мекарданд. Сипас дар ибтидои садаи 21 илова ба бозиҳои даставӣ таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба бозиҳои виртуалӣ ё маҷозии электронӣ афзудааст..

Инчунин Ринен қайд кардааст, ки агар дар ибтидои асри 20 бозиҳои духтаронаву писарона аз ҳам ҷудо ва хоси ҷинси муайян будаанд, пас дар замони имрӯза қариб ҳамаи бозиҳо муштараканд ва тафовути гендерӣ дар бозиҳо аз байн тақрибан рафтааст.

Ҳамин манзараи ҷараёни таҳаввули бозиҳо ва машғул шудан ба онҳо дар ҷомеаи дигар халқу миллатҳо, аз он ҷумла, дар байни тоҷикон низ ба назар меояд. Воқеан ҳам имрӯзҳо баъзе бозиҳои бачагонаро духтарон бозӣ мекунанду чанд бозии духтаронаро (қолбозӣ, сангчиликбозӣ) бачаҳо. Ҳар рӯз навъу намудҳои бозиҳои маҷозии электронӣ нав ба нав дар Интернету шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешаванд, ки бачаҳову наврасон ва ҷавонони мо низ онҳоро ба осонӣ нусхагирӣ карда, ба телефону планшет ва компютерҳо насб менамоянд. Пеши роҳи ин падидаро гирифтан ғайриимкон аст. Танҳо бояд насли навро огоҳ бояд кард, ки бештар ба бозиҳои ҷисмонӣ машғул шаванд ва камтар ба воситаҳои электронӣ сарукор гиранд.

Бозиҳои анъанавии бачагони Бадахшон Кӯҳистони Бадахшон на танҳо аз сарватҳои табиӣ ғанӣ аст, балки дорои ганҷинаи бойи фарҳанги ғайримоддӣ низ мебошад. Дар гузашта бо сабаби душворгузар будани роҳҳову ағбаҳо ва дар фасли зимистон дар инзивои ҷуғрофӣ қарор доштани ин минтақа равобиту коммуникатсия имконнопазир мегашт. Ҳатто дар байни ноҳияву деҳаҳои дохили Бадахшон рафтуомад кам мешуд. Чунин шароити табиӣ боис шудааст, ки забону лаҳҷа, одобу русум ва намунаҳои фарҳанги ғайримоддии минтақаи мазкур нисбатан пойбарҷо монанд.

Дар давоми сафари хидматие, ки мо дар тобистони соли 2016 ба як қатор ноҳияву ҷамоат ва деҳоти Вилояти худмухтори кӯҳистони Бадахшон доштем, унсурҳои зиёди мероси фарҳанги маънавии ин диёрро мушоҳида ва сабт намудем. Аз он ҷумла, дар радифи рақсу суруд, мусиқӣ, ҳунарҳои суннатӣ инчунин таваҷҷуҳи моро бозиҳои анъанавии бачагон ба худ ҷалб кард. Аз сокинони навоҳии Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Вахон, Рӯшон, Бартанг ва худи шаҳри Хоруғ ба миқдори 48 бозиро ба қайд гирифтем.

Аз ин ҳисоб 21 бозии бачагон бо шарҳу тафсир ва аксҳо гирдоварӣ шуданд.

Ҳарчанд дар бораи бозиҳои бачагонаи сокинони Бадахшон дар китобу мақолаҳо баъзе ишораҳо бошанд ҳам, то кунун касе аз нуқтаи назари фарҳанггшиносӣ ва ё мардумшиносӣ бозиҳои маҳаллии он ҷоро мавриди таҳқиқ қарор надодааст. Ягона пажӯҳише, ки объекти таҳқиқи он бозиҳо мебошад, «Бозиҳои суннатии вахониён» унвон дошта, муаллифи он забоншинос С.

Матробов аст. Ин рисолаи илмӣ аз нигоҳи илми этнолингвистика навишта шуда, таваҷҷуҳ бештар ба ҷанбаи забонии ному истилоҳоти бозиҳо равона гаштааст.

Инчунин Пешерева Е.М. дар рисолааш «Бозичаҳо ва бозиҳои бачагонаи тоҷикону ӯзбекон» (1957) дар баробари бозиҳои бачагонаи сокинони водии Зарафшон, Яғноб ва Қаротегин, инчунин аз маводи гирдовардааш аз Рӯшону Язгулом истифода карда, дар мавридҳои муқоиса чанде аз бозиҳои ин мавзеъҳоро шарҳ додааст.

Мардумшиносон М.С. Андреев ва Половтсов А.А. дар асарашон «Мавод доир ба этнографияи ақвоми эронии Осиёи Миёна: Ишкошим ва Вахон» (1911) бозиҳои маҳаллӣ, аз он ҷумла, гургакбозӣ, лашбозӣ (чилакбозӣ), лапарбозӣ, буҷулбозӣ ва тӯпбозиро ба таври мухтасар тасвир кардаанд. Баъдтар М.С.Андреев дар «Тоҷикони водии Хуф» (1953) баъзе бозиҳоро, ки аз аз сокинони водии Хуф, деҳоти Рӯшон ва Шуғнон ва Хоруғ навишта гирифтааст, бо вариантҳояшон шарҳ медиҳад.

Бозиҳое, ки мо мушоҳида ва сабт намудем, қисман такрори он бозиҳо мебошанд, муҳаққиқони мазкур дар асарҳояшон тасвир кардаанд. Аммо баъзе бозиҳои нав ё ба қайд нагирифтаро низ дучор шуда, мавриди омӯзиш қарор додем. Чунончи, бозиҳои талак, «Озир каро?», кулчафағак, лапту, гавкашак, кишкбозӣ, сангбосанг ва чанде дигар барои мо маводи тоза буданд ва доир ба онҳо то имрӯз ягон матолиб ба чоп нарасидааст.

Илова ба бозиҳои мазкур бозиҳое, ки дар бисёр деҳаҳои кӯҳистони Бадахшон ба назар мерасанд инҳоянд: санҷакбехт (сангбозӣ бо ангуштон), шулебехт (бозии яклинга ё қолбозӣ), сурббехт (ланкабозӣ), лашбехт (чиликбозӣ), мишкбехт (буҷулбозӣ), вулчак (арғунчакбозӣ), вахтижд (бандкашӣ), тармурғвед (тухмбозӣ) ва ғайра.

Бозии лашбехт, ки онро дар Шуғнону Рӯшон ва Хоруғ бо ҳамин ном, дар Роштқалъа – лаш, дар Язгулом – лашбазай, дар Вахон – чеклек (čəklək), дар Ванҷу Дарвоз – чиликдангал меноманд, нисбатан бозии маъруфу маъмул мебошад. Тарзи иҷрои ин бозии дар навоҳии мазкур аз якдигар баъзе тафовутҳо доранд.

Бозии дигари ҷолиб, ки дар ноҳияи Шуғнон аз забони Илолов Хурсанд ва Лутфишоев Иматшо навишта гирифтем, «Тор че мутак?» ном дорад.

Маънои луғавии номи ин бозӣ «Мушти кӣ аз болост?» буда, поёнтар он муфассал тасвир мешавад.

Дар ноҳияи Роштқалъа бо сокинони деҳаи Хидорҷев Хиромонов Оқилшо ва Дилшодов Суҳайлӣ вохӯрда, оид ба вазъи бозиҳои анъанавӣ пурсон шудем.

Аз суҳбати онҳо маълум шуд, ки ҳамон бозиҳое, ки дар Шуғнону Рӯшону Хоруғ маъмуланд, дар ин ҷо низ роиҷ будаанд. Иловатан ба мо оид ба бозии «Озир каро?» («Ҳозир ҳастӣ?») маълумот доданд, ки онро худи ҷавонмардон дар айёми бачагиашон бо тоқӣ мебозидаанд.

Бояд гуфт, ки дар гузашта дар саросари кишвар ва берун аз он бачаҳо бозиҳои зиёдеро бо тоқӣ иҷро мекарданд. Чунончи, дар бозиҳои алафдаравак, тоқибаҷокунак, тоқишапак, тоқиҳаводиҳак, ғир-ғири майдон, ҳӯпӣ-ҳупӣ, хурат маҳтоб ва чанде дигар тоқӣ воситаи асосии бозӣ ба шумор мерафт. Аммо ҳоло бинобар кам шудани тоқипӯшии бачаҳо ин бозиҳо низ аз байн рафтаанд.

Духтарон низ дар ин минтақа силсилаи бозиҳои худро доранд. Бозиҳои нисбатан маъруфи онҳо шулебехт (бо номҳои қолбозӣ ва яклингабозӣ дар дигар ноҳияҳои кишвар маъмул аст), санҷакбехт (сангчиликбозӣ, ҳаппакбозӣ), «Пу ё не?» (чашмпӯшакон), улчакбехт (арғунчакбозӣ, ҳойбод) ва ғайра.

Яке аз бозиҳои маъруфи бачагони Бадахшон ва инчунин наврасони ҷумҳурӣ ва берун аз он ланкабозӣ мебошад. Ин бозиро дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон, Роштқалъа ва водии Хуф сурббехт меноманд.

Ланкабозӣ дар асри ХIХ тавассути ӯйғурҳо аз Чин ба фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, роҳ ёфтааст. Тибқи андешаи баъзе муҳаққиқон, номи афзори ин бозӣ – «ланга» аз калимаи тоҷикӣ-форсии «ланг» – чӯлоқ ва ё аз «линг» – пой гирифта шудааст.

Мардумшиноси рус М.С. Андреев дар ибтидои асри ХХ ин бозиро дар байни бачагони водии Хуф дучор шуда, дар китоби худ оид ба он маълумоти муфассал додааст. Имрӯзҳо ланкабозӣ дар байни мардумони Осиёи Марказӣ ва берун аз он густариш ёфта, дар ҳар кишвар тобишҳои миллӣ гирифтааст.

Дар водии Бартанг бозии аҷибе, ки ба қайд гирифтем, гавкашак ном дошт. Дар ин бозӣ ду нафар иштирок мекунанд. Бачаҳо дар замин рӯй ба рӯйи ҳам нишаста, чӯби тақрибан якметараро гирифта, ба сӯйи худ мекашанд. Касе ки чӯбро сахттар кашад ва ҳарифшро аз ҷояш хезонад, ғолиб ҳисоб меёбад. Бозии гавкашакро айёми Наврӯз ҳамчун қуввасанҷӣ ҷавонон низ барпо мекунанд.

Бозии мазкур ба як навъ бозии бачагони минтақаи Кӯлоб гӯсолакашак монанд аст. Дар ин намуди бозӣ низ ду нафар иштирок мекунанд, аммо тафовут дар ин аст, ки бачаҳо дар гӯсолакашак пушт ба пушт мешинанд.

Вазъи бозиҳои анънавии бачагон дар навоҳии Бадахшон низ ба мисли ноҳияву минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ нигаронкунанда аст. Чанде аз бозиҳое, ки ба қайд гирифта шуданд, асосан, аз калонсолон пурсида шудаанд. Насли нав нисбатан кам медонанд ва ба бозиҳои замонавию электронӣ бештар майлу ҳавас доранд.

Тасвири чанд бозии бачагона аз навоҳии вилояти Суғд Бозиҳои бачагона ҳамчун бахше аз мероси фарҳанги суннатии тоҷикон фарогири донишу таҷрибаҳо буда, дар тақвият ва рушди маҳорату малакаҳои бачагону наврасон ва ҷавонон мусоидати тамом доранд. Дар чорчӯбаи сафарҳои хидматии мардумшиносӣ ба баъзе навоҳии вилояти Суғд омӯзиши бозиҳои анъанавии бачагона низ аз мадди назар дур намондаанд.

Бояд гуфт, ки вазъи бозиҳои бачагона имрӯзҳо дар тамоми ҷумҳурӣ якранг мебошад, яъне чун дар давраи гузариш аз ҷомеаи анъанавӣ ба ҷомеаи модерн ё замонавӣ қарор дорем, ин падидаи иҷтимоӣ ба авзои фарҳанги суннатӣ, аз он ҷумла, бозиҳо низ бе таъсир буда, наметавонад. Чунончи, ҳамсуҳбати мо аз шаҳри Панҷакент Ҳакимов Нурулло (с.тав. 1957) оид ба бозиҳои давраи бачагии худ ёдовар шуда, қайд намуд, ки аз он бозиҳое, ки мо солҳои 1960-70 мебозидем, алҳол 10 дарсадаш боқӣ мондаанд. Ҳангоми мусоҳиба ӯ ба мо доир ба бозиҳои бачагонаи рустшавакон, чиликбозӣ, педнабозӣ (баландибарояк), чормағзбозӣ, донакбозӣ, ҳакалингбозӣ (яклинга), ресмончабозӣ (бандпарак), тухмаҷанг, оббозӣ, бозбаракбозӣ (бодпарак) ва чанде дигар маълумоти муфассал дод.

Аксари ин бозиҳо айнан бо ҳамин ном ва равиши иҷро дар дигар ноҳияву манотиқи кишвар низ маъмул мебошанд.

Дар шаҳраки Ғончӣ дар баробари дигар мавзӯъҳои фарҳанги ғайримоддӣ инчунин аз гӯяндаҳо оид ба бозиҳои роиҷи ноҳияи Деваштич пурсон мешудем. Ҳамсуҳбатони мо Азизова Гулбаҳор (с.тав.

  1. ва Абдулазизова Зарина (с.тав. 1990) аз 20 намуди бозии бачагонаи ин ноҳия ёдовар шуда, чанде аз онҳоро бароямон шарҳ доданд. Аз ҷумла бозиҳои ҳаппакбозӣ (сангчилик), сафедорбозӣ, рустурӯшавак, қапак-қапак (сурсурак), ҳафтсанг, сӯчабозӣ (мурғобишикор), гуппабозӣ, ширбом, кашкашак, чилаку лоф ва ғайра. Аз байни инҳо бозии кашкашак барои мо маводи нисбатан тоза буд, зеро ки онро дар дигар навоҳӣ ба қайд нагирифта будем. Он мисли бозии бандкашак аст, аммо бе арғамчин бозида мешавад.

Бисёр бозиҳо дар навоҳии вилояти Суғд шабеҳи ҳамдигаранд, аммо ном ва баъзе истилоҳоти онҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Яке аз бозиҳои ҷолибе, ки дар ноҳияи Мастчоҳ аз забони марди 50-55 сола навиштем, чӯбчабозӣ ном дорад. Чӯбчабозӣ ба бозии баландибарояк, ки дар боло ишора шуд, монанд мебошад. Дар ин бозӣ аз чор бештари шумораи бозигарон иштирок мекунанд. Бачаҳо дар даст якчанд чӯбчаи 20-30 см ё тахтачае ба ҳамин дарозӣ мегиранд.

Як нафар аз бачаҳо «рӯбанда» интихоб мешавад, ки дигаронро бояд дастгир кунад. Бачаҳои дигар бояд пояшон ба замин нарасанд, дар таги пойҳо чӯбчаҳо ё тахтачаро гузошта, болои он мебароянд. Вақте ки рӯбанда ба бачаҳо наздик шуд, онҳо кӯшиш мекунанд, ки болои чӯбчаҳо, тахтача бошанд ва пояшон дар замин нарасанд. Кадом бозигаре, ки ҳадди ақалл як пояш дар замин бошад, бачаи рӯбанда ӯро дастгир мекунад ва дар даври навбатӣ он бозигар вазифаи рӯбандаро иҷро мекунад.

Чиликбозӣ яке аз машҳуртарин бозиҳои бачагонаи баҳорӣ мебошад, ки дар саросари кишвар ва дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя маъмул аст. Он дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо номҳои чиликдангал, чилику қаҳрӣ, илиқарнӣ, чилаку лоф, чилик-пилик, ликаку қарнӣ, чиллаку чӯб, киллаку даста, ликакбозӣ, чилаку қилак, қилақбозӣ, чиллику чилқарӣ, алакбозӣ, алакӣ-момокӣ, лашбехт ва ғайра маъруф аст. Дар ноҳияи Мастчоҳ ин бозиро килаку асо меноманд, ки равиши он чунин аст.

Бачаҳои Мастчоҳ низ мисли бачагони ҷойҳои дигар онро бо ду чӯб: килак ва асо бозӣ мекунанд. Чӯби калониаш асо – тақрибан 35-40 см ва килак 15-20 см дарозӣ доранд. Асоро дангалчӯб низ меноманд. Бачаҳо давра кашида, бо тарзҳои “ор” (оринҷ), “бен” (бинӣ), “гӯш”, “шал” ва “саг” бо асо килакро дур мезананд:

Яки ор, дии ор, ор бадал, Яки бен, дии бен, бен бадал, Яки гӯш, дии гӯш, гӯш бадал, Яки шал, дии шал, шал бадал, Яки саг, дии саг, саг бадал.

Ҳангоми “ор” гуфтан, бозигари даруни давра асоро аз таги оринҷаш гузаронида, килакро пеш мезанад. Дар навбати “бен” биниашро дошта, ин корро анҷом медиҳад. Ҳамин тавр, дар навбати “гӯш” ӯ гӯшашро дошта, килакро ба дур мезанад, дар навбати “шал” хам шуда, дасти асодорашро аз паси пойҳо гузаронида, аз байни ҳар ду пой килакро мезанад. Ниҳоят дар тартиби “саг” хам шуда, аз ҳар ду пой дастро гузаронида, чӯбчаро зарба мезанад.

Аз сафарҳои хидматӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд маълум гашт, ки бозиҳои суннатии тоҷикӣ дар он ҷойҳо низ мавқеи худро ба бозиҳои электронӣ ва шуғлҳои дигар дода истодаанд.

Бозиҳои анъанавии бачагона, маъмулан, ба тандурустӣ, чусту чолокӣ, ҷасорат, тақвияти зеҳну идрок, мустақилияти шахсӣ, ҳадафгузорӣ ва ҷанбаҳои дигари рушди кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд ва аммо мутассифона ҳоло намунаҳои зиёди онҳо фаромӯш шуда истодаанд.

Нигоҳе ба варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагонаи минтақаи Кӯлоб Дар давоми солҳои охир ба шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон низ якчанд экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва фарҳангшиносӣ аз ҷониби ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣтадқиқотии фарҳанг ва иттилоот роҳандозӣ гаштанд.

Тибқи ҳадафу нақшаҳои илмӣ, ба бозиҳои бачагона ва ҳамчуни намудҳои варзиши суннатӣ таваҷҷуҳи ҷудогона зоҳир шуд.

Намудҳои варзиш ва бозиҳои бачагона дар ҳаёти асосан кӯдакону наврасон, ҷавонон ва қисман калонсолон аҳамияти махсус доранд. Чунончи, пеш аз ҳама бозию мусобиқаҳо барои тандурустӣ ва обутобёбии ҷисмонии насли ҷавон мусоидат мекунанд.

Дигар ин ки бачаҳо аз иҷрои бозиҳо завқу лаззати эстетикӣ мебаранд. Тавассути бозиҳо хислатҳои ҳушёрӣ, зиракӣ, кунҷкобӣ, чолокӣ ва ғайраҳо дар бачагон фаъол мегарданд.

Дар айёми Наврӯз баргузории мусобиқаҳои варзишии миллӣ ва бозиҳои анъанавӣ дар саросари кишвар, аз он ҷумла, дар навоҳии минтақаи Кулоб авҷ мегирад. Мусобиқаҳои гӯштингирӣ, човандозӣ, бандкашӣ, пиёдапойга, бозиҳои чиликдангал, чормағзбозӣ, хурӯсҷанг ва ғайра дар ҳар ҷамоату ноҳия бо мақсади пуршукуҳ шудани ҷашни Наврӯз ва таблиғи ҳаёти солим созмон дода мешаванд.

Дар гузашта низ мусобиқаҳои варзишӣ ва бозиҳои гуногун зинатбахши ҷашни Соли нав – Наврӯз будаанд. Чи тавре ки санъатшинос Нурҷонов Н. қайд намудааст: «Дар даврони пеш дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Наврӯз дар болои Тамошотеппа сайри калон баргузор мегашт ва он ду ҳафта давом мекард.

Он бо қарори беки Кӯлоб дар яке аз рӯзҳои ҷумъа оғоз меёфт. Ҷорчиҳо дар бозору ҷойҳои серодам савора гашта, эълон мекарданд: «Ҳо, буродаро, рӯзи ҷумъа сайли подшоҳӣ дар Кулоб меша. Ҳоҳиш ҳаст, ки касе ғуҷҷакӣ боша, тамбурчӣ боша, думбрачӣ, байтгӯ, паҳлавон боша, касе, ки асп дора, човандозай, масхарабоз боша, ба сайри подшоҳӣ биёяд-е!».

Ба сайри Тамошотеппаи Кӯлоб аз Қаротегин, Дарвоз, Муминобод, Ховалинг, Даштиҷум, Фархор, Саройкамар, Сарихосор ва баъзан аз Ҳисору Янгиобод (Ваҳдати ҳозира) ва Файзобод низ паҳлавонон, навозандагон, ҳофизон, раққосон, дорбозон, човандозон ва дигар ҳунармандон, инчунин мухлисону тамошобинон ҷамъ меомаданд. Рӯзона мусобиқаҳои гӯштингирӣ, бузкашӣ, пиёдапойга ташкил шуда, дар фосилаҳои байни ин мусобиқот барномаҳои суруду мусиқӣ, масхарабозӣ ва дорбозӣ сурат мегирифтанд. Аз ҷониби бек ба онҳо ҷомаю ҷелак, миёнбанд ва тоқӣ туҳфа дода мешуд.

Бозиҳо ва намудҳои варзиши суннатӣ, махсусан, гӯштин ва човандозӣ имрӯзҳо низ ҳаводорони зиёде доранд. Махсусан, дар навоҳии кӯҳистон паҳлавониро тимсоли мардонагӣ ва қаҳрамонӣ мешуморанд.

Одатан, бозиҳои бачагона вобаста ба муҳити табиӣ, шуғли мардум, вазъи иқтисодӣ, парвариши ҷонварон, ҷаҳонбинии фарҳангию эътиқодӣ ва омилҳои дигар арзи вуҷуд мекунанд. Ноҳияи Муъминобод, ки дар минтақаи кӯҳистон ҷойгир аст, бозиҳои бачагону наврасони он низ марбут ва мавзеи ҷуғрофӣ мебошанд.

Дар ин минтақаи кӯҳистон, ки дуртар аз навгониҳои технологӣ ҳастанд, як андоза бозиҳои суннатӣ ҳифз шудаанд. Бозиҳои маъруфи бачагони деҳоти Муъминобод, ки гӯяндагон ба мо маълумот доданд, инҳо будаанд: аладод, тути кал, кеч-кечак, тоқизанак-гурехтанак, куличабозӣ, чормағзбозӣ, долбозӣ, зоғобу, чиликдангал, як ман-ду ман, ҷуфту тоқ, подшоҳу вазир, ҷогаҳшавакон, сангзанак, офтобмаҳтоб, аспакбозӣ, сафедор-сафедор, гӯшавоник, панҷакбозӣ, тоқичилкес ва ғайра.

Бозиҳое ба монанди зоғобу, аладод, офтобмаҳтоб, куличабозӣ ва “як ман-ду ман” дар ин сафар барои мо маводи тоза буданд. Чунончи, бозии “Зоғобу” ба таври зайл барпо мешавад: Се-чор нафар бозигар гирд истода, ҳар ду дастро мушт карда, ба байн дароз мекарданд. Онҳо нарангушти дастони худро боло намуда, муштҳоро аз болои мушти якдигар мегузоштанд ва ангуштони болонамудаи ҳамдигарро дошта меистоданд. Сипас як нафар ҳамчун сардор таронаи «Зоғобу»-ро мехонад ва дигарон муштҳо болои ҳам мисли тири ҷувоз дастҳоро дар мобайн тоб додан мегиранд. Таронаи «Зоғобу» чунин аст3:

3 Гӯяндаи тарона ва шарҳи бозии «Зоғобу», Кибирё Давлатова, сокини кӯчаи Саидҷон Назари шаҳраки Муъминобод (с.тав.1927).

Зоғобу, Зоғобу.

Ай боло куланг омад, Пеши бузи ланг омад.

Ин тахта ба у тахта, Шоҳони камарбаста.

Аспора куҷо бандем?

Харҳора куҷо бандем?

Дар боғ ҷаву гандум, Миннат ба сари мардум.

Торгина букуч!

Вақте ки сардор мисраи охирро хонда, Ҳамин тариқ, сардор таронаро батакрор хонда, гоҳе «торгина» ва гоҳе «таҳгина бикӯч», мегӯяд ва дастҳоро кашидан мегиранд ва дар байн охирин дасте, ки танҳо монд, шахси мағлуб ҳисоб мешавад.

Дар варианти дигаре, ки аз муаллими мактаби рақами 49-уми ноҳияи Муъминобод, Шарипов Сангмаҳмад, навишта шуд, таронаи «Зоғобу» кӯтоҳ буда, анҷомаш каме тафовут дорад:

Зоғобу, Зоғобу.

Ай боло куланг омад, 4 Торгина букуч – дасти аз тор буда бикӯч, яъне дастатро бикаш.

Пеши бузи ланг омад.

Торгина хабардорай, Таҳгина даста букаш!

Шахси мағлубро супориш медод, ки дари хонаи дуздҳоро посбонӣ кунад ва ӯро як навъ ҷазо дода, дар назди ягон дар чанд муддат рост нигаҳ медоштанд.

Бозии дигари ҷолиб бо номи Офтоб-маҳтоб аз муаллими мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №49, ноҳияи Муъминобод, Куканов Анвар сабт шуда, айнан ҳамин бозӣ бо номи гир-моку аз гӯяндаи дигар, кампири тақрибан 90-сола, Кибирё Давлатова, навишта гирифта шудааст.

Шарҳи бозӣ чунин аст: ду нафар пушт ба пушт истода, дасташонро аз байни дастони ҳамдигар мегузарониданд. Сипас бонавбат яке хам шуда, дувумиро ба пушташ мебардошт, боз қоматро рост карда, дувумӣ якумиро ба пушташ мебардошт. Ҳамин тарз, ҳар бори ба пушт бардоштани рафиқ яке “афтов” ва дигарӣ “маҳтов” мегуфтанд. Дар варианти Алиева бозигарон бонавбат “гир моку-моку-моку” гуфтан мегиранд.

Ин бозӣ барои ба кор даровардани мушакҳо ва умуман, тандурустии бачагон манфиати калон дорад.

Ин бозиро баъзан калонсолон ҳам барои кушодани буғум ва шонаҳо низ истифода мекарданд. Қайд кардан лозим аст, ки мардумшинос Пешерева Е.М. ҳамин гуна бозиро дар бачагони хурдсоли кӯҳистони Зарафшон бо номи «сандуқча-қуттича», мушоҳида кардааст.

Дар ноҳияи Данғара дар шароити имрӯза бозиҳои чиликдангал, тухмҷанг, ламкабозӣ, рагаткабозӣ, хурӯсҷанг, гӯштингирӣ, бандкашӣ, дастхобонӣ, буҷулбозӣ, мак-макбозӣ, луфтакбозӣ, бандпарак, чормағзбозӣ, саққобозӣ то ба имрӯз аз тарафи духтарону бачагон бозида мешаванд.

Бозиҳои анъанавии бачагона дар байни кӯдакону наврасони баъзе ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб хеле кам мондаанд. Дар шароити имрӯза, ки воситаҳои нави техникаи иттилоотӣ саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст ва истифодаи онҳо барои саломатии кӯдакону наврасон зарари калон дорад, аҳамияти бозиҳои анъанавӣ якчанд маротиба афзудааст. Василаи муҳими тарбияи ҷисмонӣ ва тандурустии бачагон ҷалб кардани онҳо ба бозиҳои серҳаракати ҷисмонӣ мебошад. Барои ин мақсад варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона пеш аз ҳама бояд таблиғ намуд ва дар барномаҳои дарси тарбияи ҷисмонӣ ворид кард.

пешина
аз 12
навбатӣ