Зеҳн
Бозиҳои анъанавии бачагонаи тоҷикон

Дилшод Раҳимӣ. Маҷмӯаи бозиҳои суннатии бачагонаи тоҷикон, таърихи онҳо ва тарзи бозӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 12 саҳифа

ВарзишФарҳангКӯдакон

Пешгуфтор

Дилшод Раҳимӣ

БОЗИҲОИ АНЪАНАВИИ БАЧАГОНАИ ТОҶИКОН

Бозиҳои анъанавии бачагона бахше аз мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик мебошанд, ки дар тӯли садсолаҳо барои тарбияи ахлоқию ҷисмонӣ, тандурустӣ, ҳушёрию ҷасурӣ, рушди зеҳният, иттиҳоду ҳамгироӣ ва саргармии бачагону наврасон хидмат кардаанд. Китоб фарогири намунаҳои маъмулу машҳури бозиҳои суннатии бачагонаи тоҷик буда, дар асоси китобҳои таърихию этнографӣ ва маводи тозаи мардумшиносӣ таълиф гаштааст.

Пешгуфтор

Бозиҳои суннатии бачагона ҳамчун бахше аз мероси фарҳанги ғайримоддӣ фарогири донишу таҷрибаҳо буда, ба тақвияти ҷисмонӣ, тандурустӣ ва рушди маҳорату малакаҳои бачагону наврасон ва ҷавонон мусоидат мекунанд.

Дар гузашта бозиҳои бачагона аз воситаҳои асосии шуғлу саргармиҳои онҳо ба шумор мерафт.

Бозиҳо вобаста ба фаслҳои сол сурат мегирифтанд.

Макони бозӣ дар фаслҳои гарм боғу майдончаҳо, роҳҳои васеъ ва дашту чаман интихоб мешуданд. Дар фасли зимистон бачаҳо дар ҳавлӣ, даруни хонаҳо ва ҳатто оғилҳо бозиҳои худро ташкил мекарданд. Дар тирмоҳу баҳор, агар ҳаво бебориш бошад, дар болои боми хонаҳо бозӣ мекарданд. Барои дар болои бомҳо бозӣ кардан натанҳо розигии соҳиби хона лозим буд, балки худи соҳибхонаҳо бачаҳоро даъвату хоҳиш мекарданд, ки дар болои боми онҳо соате бозӣ кунанд.

Зеро боми хонаҳои пешина лойӣ буда, дар вақтҳои бориши борону барф мечакиданд ва илоҷи аз ҳам хуб бомкӯбӣ буд. Бачаҳо тавассути бозиҳои хуб бомҳоро сум зад, мекӯфтанд.

Барои бисёр бозиҳо тақсимшавӣ ба ду даста ногузир буд ва аз ин сабаб қоидаҳои гуногуни тақсимшавӣ, навбатгирӣ ё давргирӣ вуҷуд доштанд.

Ҳамчунин тавассути шуморакҳои рангоранг якеро барои шурӯъи бозӣ интихоб мекарданд. Ба дастаҳо якнафарӣ бачаҳои ҷасуру далер ба ҳайси сармир, мир, сардор, пешрав ва роҳбар интихоб мешуданд. Имрӯзҳо истилоҳи аврупоии капитан низ маъмул шудааст.

Вазифаи онҳо роҳбарӣ, назорат ва ташвиқи зудтар ҳаракат кардани ҳамдастаҳояшон буда, дар аксари вақтҳо худ саҳмгузори пирӯзӣ мешуданд.

Варзиши суннатӣ ва бозиҳои анъанавии бачагон чун дигар намудҳои санъату фарҳанг вазифа ё функсияҳои гуногуни худро доранд. Чунончӣ, пеш аз ҳама бозию мусобиқаҳо барои тандурустӣ ва обутобёбии ҷисмонии насли ҷавон мусоидат мекунанд.

Дигар ин ки бачаҳо аз иҷрои бозиҳо завқу лаззати эстетикӣ мебаранд. Тавассути бозиҳо хислатҳои ҳушёрӣ, зиракӣ, кунҷкобӣ, чолокӣ ва ҷасурӣ дар бачагон фаъол мегарданд. Ба воситаи бозиҳо наврасон иҷрои нақшҳо, дастгирии ҳамдигар дар гурӯҳ, иттифоқ будан ба хотири ба мақсад расидан ва дигар малакаҳое, ки дар зиндагӣ барои онҳо даркор мешавад, меомӯзанд. Аз ин ҷиҳат баъзе донишмандон иброз кардаанд, ки бозиҳо бачагонро барои ҳаёти оянда тарбияву омода мекунад1.

Дар шароити имрӯза, ки воситаҳои нави техникаи иттилоотӣ саросари ҷаҳонро фаро гирифтаанд ва истифодаи онҳо барои саломатии кӯдакону наврасон зарари зиёд доранд, аҳамияти бозиҳои анъанавӣ якчанд маротиба афзудааст. Имрӯзҳо бачагон аз бозию мусобиқаҳои суннатӣ дур шуда, рӯй ба бозиҳои компютерӣ, мобилӣ ва интернетӣ оварда истодаанд.

Ин падида ба вазъи равонию ҷисмонии бачагон зиёни ҷиддӣ дошта, инкишофи бадан ва махсусан, майнаи онҳоро хаставу заиф мегардонад. Зеро онҳо соатҳо паси компютер ё телефони мобилӣ дар даст нишаста, машғули бозӣ мешаванд.

Тадбири аз ҳама муҳими рушди ҷисмонӣ ва ҳушёрии бачагон ҷалб кардани онҳо ба бозиҳои серҳаракати ҷисмонӣ мебошад. Барои таблиғи варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона пеш аз ҳама бояд вазъи имрӯзаи онҳоро дар ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дод ва намунаҳои беҳтарини онҳоро эҳё карда, рушду такомул дод. Бо ин мақсад дар экспедитсияҳои илмие, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҷиҳати омӯзиши мероси фарҳанги ғайримоддӣ ташкил шуда буданд, дар баробари дигар бахшҳои фарҳанги мардум ба омӯзиши вазъи имрӯзаи варзиши миллӣ ва бозиҳои анъанавии бачагона таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудем.

Аз мушоҳидаҳо, мусоҳибаҳо ва ҷустуҷӯҳо маълум шуд, ки дар маҷмӯъ вазъи варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона дар замони густариши глобализатсия нигаронкунанда аст.

Тибқи талаботи Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки Тоҷикистон соли 2010 ба он шомил шуда буд, «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» аввалин маротиба соли 2012 таҳия гардид. Феҳристи мазкур минбаъд дар ду сол як маротиба такмил ёфтааст ва бори охир бо тағйиру иловаҳо соли 2020 нашр гардидааст. Соли 2016 ба феҳрист бахши 7-ум зери унвони «Варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона» илова шуд, ки ин бахш айни замон 70 бозиро дар бар мегирад.

Маълум аст, ки бозиҳо ҳамчун шуғл ва саргармӣ дар байни одамони синну соли гуногун сурат мегиранд.

Ба он калонсолон низ машғул мешаванд. Чунончи, бозиҳои суннатии зеҳнии нард, шатранҷ (шоҳмот) ва бозиҳои нисбатан нави аврупоӣ – домино, шашка, қартабозӣ, биллиард ё саққобозӣ ва ғайра барои шахсони ҳамаи синну сол ва ҷинс маъмуланд. Аммо дар китоб, асосан, бозиҳои бачагона гирд омадаанд.

Истилоҳи “бачагона” танҳо ба писарон хос нест, балки ҳамаи насли хурдсолу наврасро фаро мегирад. Зеро калимаи “бача” ба маънои фарзанд аст ва он ҳам писарро ифода мекунаду ҳам духтарро.

Китобе, ки дар дасти хонанда қарор дорад, дар асоси маводи тавассути экспедитсияҳои мардумшиносӣ гирдоваришуда ва маълумоти китобу мақолаҳои таърихӣ, этнографӣ, фолклоршиносӣ, адабӣ ва луғатномаҳо таҳия гаштааст. Бояд гуфт, ки як қисми бозиҳое, ки дар ин китоб дарҷ шудаанд, қаблан аз ҷониби муаллиф таълиф шуда, дар ҷилдҳои «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ба табъ расидаанд. Китоб аз ду бахш иборат буда, фарогири 3 мақолаи илмӣ дар бораи бозиҳо ва 172 навъ бозиҳои суннатии бачагона мебошад ва дар поён рӯйхати манобеъ ва адабиёти марбут ба бозиҳои анъанавии тоҷикон оварда мешавад. Ҳамчунин намунаи аксҳо аз бозиҳои дарҷшуда, замима мегарданд, ки ҳамаашон аз ҷониби муаллиф аксбардорӣ шудаанд.

Китоби «Бозиҳои анъанавии бачагонаи тоҷикон» ҳамчун манбаъ ба муҳаққиқони соҳаҳои мардумшиносӣ, фолклоршиносӣ, педагогика, инчунин ба сифати дастурномаи иловагӣ ба омӯзгорону мураббияҳо ва дар маҷмӯъ ба кулли дӯстдорони фарҳанги мардум тавсия дода мешавад.

аз 12
навбатӣ