Бозиҳои анъанавии бачагонаи тоҷикон

Дилшод Раҳимӣ. Маҷмӯаи бозиҳои суннатии бачагонаи тоҷикон, таърихи онҳо ва тарзи бозӣ.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 12 саҳифа
Бахши II — Бозиҳои анъанавии бачагона (1)
БАХШИ II.
БОЗИҲОИ АНЪАНАВИИ БАЧАГОНА
Аккабозӣ
Аккабозӣ, як навъ бозии анъанавии бачагон аст, ки дар байни мардуми водии Рашту Дарвоз маъмул мебошад. Аккабозӣ бештар дар фаслҳои гармо дар майдони кушод ё боғҳо баргузор мешавад. Сардори бачаҳо як нафарро ҳамчун «акка» интихоб намуда, як дасти ӯро ба пояш бо ресмон ё руймол мебандад. Яке аз бозингарон ба «акка» наздик омада, аз ӯ мепурсад:
Писар: Акка, акка, куҷо будӣ?
Акка: Хонаи мир.
Писар: Чӣ хӯрдӣ?
Акка: Нуну шир.
Писар: Ба муна намондӣ?
Акка: Дар тоқча.
Писар: Рафтам, наёфтам?
Акка: Дар сари санг мундам, иқаша хӯрдам, иқаша ов бурд, иқаша гунҷишко хӯрданд.
Писар: Мушт мехӯрӣ ё қалангӯшт (шапотӣ)?
Акка: Мушт.
Писарак бо мушт «акка»-ро зада, мегурезад. Ҳамроҳ бо ӯ дигар бозингарон ҳам ба ҳар тараф мегурезанд. «Акка» онҳоро таъқиб мекунад, агар касеро дастгир кунад, он писарбачаи дастгиршуда дар навбати дигари бозӣ нақши «акка»-ро бозӣ мекунад. Ҳамин тавр бозӣ аз нав шурӯъ мешавад.
Аладод Бозии аладод дар байни бачагони кӯҳистони Кӯлоб роиҷ мебошад. Бозӣ дар майдонча ва ҷойи ҳамвору васеъ баргузор шуда, барои бозӣ банди 3-4 метра лозим аст. Бачаҳо 7-8 нафарӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Гурӯҳи якум дар ҷойи наздик пинҳон шуда меистад. Бачаҳои гурӯҳи дувум даврамонанд гирди ҳам мешинанд ва дар марказ як нафар як нӯги бандро дошта меистад. Як каси дигарашон посбон шуда, аз нӯги дигари банд гирифта, гирди онҳо давр задан мегирад, то ки аз дастаи ҳариф касе онҳоро озор надиҳад. Посбони банддор бояд аз хати давра берун набарояд. Ҳарифон агар посбонро аз давра дур диданд, ба шахсони нишаста ҳамла карда, онҳоро озор медиҳанд, ё ба тоқӣ мезананд. Бозигарони ҳариф мисли асиранд, ҳеҷ кор аз дасташон намеояд ва фақат “ала дод!”, “ала, дод!” мегӯянд ва посбонро даъват мекунанд. Агар посбон яке аз ҳамлакунандагонро пояш занад, он гоҳ ин даври бозӣ ба анҷом расида, гурӯҳҳо ҷой иваз мекунанд. Танҳо бо пой задан иҷозат аст.
Ҳамин тавр, бозигарони гурӯҳи ҳариф аз ҳар тараф ҳамла карда, нишастагонро озор додан мегиранд, то лаҳзае ки аз тарафи посбон лагад хӯрад. Посбон танҳо бо банд дар даст онҳоро зада гардонида метавонад.
Алафдаравак Алафдаравак чунин бозиест, ки бачаҳо онро дар фасли баҳор, вақте ки ҳамаҷо пур аз алаф мешаванд, барпо мекунанд. Дар Самарқанд онро дар айёми Наврӯз мебозиданд.
Гурӯҳи бачаҳо дар ягон ҷойи сералаф ҷамъ шуда, ба шакли давра гирди ҳам менишастанд. Барои бозӣ тоқӣ доштани ҳамаи иштирокчиён зарур буд. Як нафарро сармир таъйин намуда, дигарон нақши алафдаравро иҷро мекарданд. Бо фармони сармир бачаҳо зуд дасти росташонро зери тоқӣ руст карда, ба «алафдаравӣ» сар мекарданд. Баъд ду-се дақиқа сармир ба онҳо наздик шуда, ба онҳо фармони аз «алафдаравӣ» бозистоданро медод. Бо фармони сармир ҳама баробар алафи даравидаашонро ба тоқиҳояшон андохта, ба мобайн мегузоштанд. Касе, ки аз ҳама кам даравида бошад, мағлуб ҳисоб меёфт ва сармиру ва дигарон ӯро мазоҳу масхара мекарданд.
«Ана боғ» Ин бозӣ дар гузашта дар байни бачаҳои миёнсол ва наврасони навоҳии Рашту Дарвоз маъмул будааст.
Иштирокчиёни бозӣ якеро сарвари бозӣ интихоб карда, дигарон ба шакли давра ё ба мисли камон паҳлӯи ҳам саф мекашиданд. Ҳама дастони росташонро ба пеш дароз карда, панҷаҳояшонро ҷунбонда меистоданд. Сарвари бозӣ низ дар миёна истода, дасташро дароз карда мегуфт:
«Ана боғу ана роғ, ана кишмишу мавиз, ана замбури ало омаду инҷама газид!».
Дар ин ҳолат гӯянда дасташро ба ягон узви баданаш (гӯш, чашм, соқи пой ва ғ.) мерасонид. Бозигарон бояд рафтори сарварро бо таваҷҷуҳ мушоҳида карда, ҳаракатҳои ӯро тақлид менамуданд. Ҳар касе, ки қафо монд ва ё ҳаракатҳоро нодуруст тақлид кард, ҷарима баста мешуд. Ҷарима аз ягон чизи хӯрданӣ, ба монанди себу нок ё чормағзу мавиз иборат буд.
«Ана, занҷир» Ин бозии анъанавии бачаҳои Самарқанд будааст, ки аз ҷониби фолклоршиносон ба қайд гирифта шудааст. Бачаҳо ба ду даста тақсим шуда, муқобили ҳам менишастанд. Онҳо навбат гирифта, як нафар аз бозингарон сарашро хам карда, бо дастонаш чашмонаро мепӯшонид. Сипас яке аз бозигарони дастаи муқобил омада, шахси чашмпӯшидаи дигар дастаро оҳиста дар китф ё сараш зада, рафта дар ҷойи худ менишаст. Сипас он бачаи чашмпӯшида дасту чашмонашро кушода, бояд рафта шахси ӯро задаро меёфт. Дар ин вақт дигарон баробар мегуфтанд:
Ана, ана, занҷир, Тавоқ пури анҷир!
Агар ӯ бачаи ба сараш задаро дарёбад, пас дар навбати дигар ҳамон бача чашмонашро мепӯшонид.
Агар ӯ дарёфта натавонад, боз як нафар ҳамдастаи ӯ чашмонашро мепӯшонид ва бозӣ ҳамин тавр давом меёфт.
Арғунчакбозӣ Арғунчакбозиро дар баъзе ҷойҳо ҳойравӣ, ҳаючак, ҳулчак, алвонҷ, бодпеч, ҳойбозӣ ва ҳойбод меноманд, ки он як навъ бозии анъанавии духтарон буда, бештар дар баҳору тобистон бозида мешавад. Ин бозӣ хосси духтарону ҷавонзанҳо ва наварӯсон буда, қоидаи муайяне надорад.
Арғунчак аз таноб ё арғамчине иборат мебошад, ки ду нӯги он ба шохи дарахт ё ба болочӯбе баста шудааст ва нишастгоҳ дорад. Баланд ё паст бастани арғунчак ба синну соли кӯдакон вобаста аст. Нишастгоҳро аз пораи тахтачӯб месозанд. Барои нармтар шуданаш онро бо матоъи пахтагин мепечонанд. Баъзеҳо ба андозаи мувофиқ ба он кӯрпачае тайёр мекунанд.
Духтарон бо навбат ба арғунчак нишаста, дар ҳаво ба пешу қафо алвонҷ мехӯранд ва роҳат мекунанд.
Дар аксари мавридҳо рафиқон арғунчакро такон дода, дар алвонҷхӯрӣ ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд.
Дар айёми Наврӯз духтарони 10-20 сола дар боғҳо, ҳавлиҳо ва дарахтони калони кӯчаҳо арғамчин баста, арғуначакбозӣ мекунанд. Мувофиқи боварҳои мардумӣ, баҳорон ҳар касе арғунчакбозӣ кунад, гӯё, гунаҳҳояш мерехтааст.
Дар Бадахшон арғунчакбозиро «вулчак» меноманд, ки яке аз бозиҳои махсуси айёми Наврӯз дар байни занону духтарон ба ҳисоб меравад. Духтарон ба ҷуз аз фароғату вақтхушӣ, тавассути ин бозӣ инчунин бахти худро месанҷиданд. Агар дасти арғунчакнишин ба ба шохчаи баланди нишонашуда расад, ҳамон сол хушбахтӣ насибаш мешудааст.
Дар рӯзи аввали ҷашни Наврӯз дар деҳаи Ёгеди Дарвоз мардум аз хурд то калон либосҳои наву тозаро ба бар мекарданд ва махсусан, духтарон ба нишони фасли баҳор ва рамзи сарсабзиву хуррамӣ рӯймол ё либоси сабзранг мепӯшиданд. Дар чанд ҷойи деҳа «ҳой» – арғунчакҳо баста, «ҳойравак» мекарданд.
Муҳаққиқон вобаста ба арғунчакбозӣ дар навоҳии Исфара, Шаҳритӯс ва Қубодиён анъанаи тухмзанакро ба қайд гирифтаанд. Дар сайрҳои Наврӯзӣ одатан ҷавондухтарон – қинғолаҳо, наварӯсон ва дигар духтарон дар боғҳо арғунчакбозӣ мекунанд. Ҷавононе, ки арӯсҳояшон дар он ҷо ҳузур доранд, дар даст тухмҳои ҷӯшонидашударо гирифта, пинҳон шуда, навбати арғунчаксавории арӯсашонро мунтазир мешаванд.
Ҳамин ки арӯси онҳо ба арғунчак нишаст, ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки арӯси худро бо тухм зананд.
Ин амал, ки дар ҷашни Наврӯз бо тухм анҷом дода мешавад, яке аз одатҳои бостонӣ буда, рамзи фарзанддор шудан ва баракату фаровониро ифода мекунад.
Арӯсбозӣ Арӯсбозӣ ё арӯсбиёрак, як навъ бозии маъмули духтаракони хурдсол мебошад, ки дар боғ ё ҳавлӣ сурат мегирад. Яке аз духтараконро ҳамчун «арӯс» интихоб карда, ба ӯ либосҳои тоза мепӯшонанд ва ба сараш рӯймоли калон меандозанд. Арӯсро аз ҳама боло нишонда, дигарон дар атрофи ӯ ҷой мегиранд. Ду-се нафари дигар нақши меҳмононро бозӣ мекунанд, ки якяк ба арӯсхона медароянд. Арӯс меҳмононро дида, аз ҷой мехезад ва дастонашро пеши бар гирифта, таъзим мекунад. Сипас арӯс боз ба ҷойи худ менишинад ва бо остинаш шармгинона рӯяшро мепӯшонад. Яке аз духтарон дойра менавозад ва дигарон бонавбат аз ҷой хеста мерақсанд. Ба раққосон туҳфаҳо, аз қабили порчаи матоъ, рӯймолча, мева, қанд ва ғайра медиҳанд.
Баъд аз рақсу бозӣ арӯсро ба хонаи «домод» мебаранд.
Барои бурдани арӯс «асп» меоранд, ки нақши онро духтари нисбатан калонтар иҷро мекунад. Ду духтари дигар дар нақши «падар» ва «бародар»-и арӯс ӯро ба «асп» савор карда, аз ҷилави асп мегиранд ва ба «хонаи домод» мебаранд. Дар хонаи домод ӯро бо сурудхонӣ пешвоз гирифта, ба зери чодари арӯсӣ медароранд.
Сипас «домод» (духтаре дар либосҳои бачагона) вориди хона мешавад ва рӯймоли арӯсро бардошта, рӯяшро мебинад ва ба ӯ туҳфае, ба монанди ойнача, себ ё чизи дигар дода, пойи арӯсро оҳистакак зер мекунад. Ба ҳамин «домод» баромада меравад ва арӯс ба ҷояш менишинад, духтарҳо дойира зада, сурудхонӣ ва рақс мекунанд.
Арӯсбозӣ як навъ тақлиди кӯдакона ба ҷашни арӯсии калонсолон мебошад, ки ҷанбаҳои тарбиявию эстетикӣ ва фарҳангӣ дорад.
Аскарбозӣ Ин бозӣ баъд аз ҷангҳои зидди босмачиён ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар дар байни бачаҳо маъмул гаштааст. Бачаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда, дар даст ба ҷойи силоҳ чӯбпораҳои каҷ ба мисли тапончаву туфанг мегирифтанд. Баъзан чунин силоҳҳоро аз сим ё тахтача месохтанд. Як гурӯҳ дар хонаву паси девор, болои дарахтон, пушти гулу буттаҳо, пастхамиҳо ва дигар ҷойҳо пинҳон мешуданд ва баробари ба ҷустуҷӯ баромадани гурӯҳи чашмпӯшида, кӯшиш мекарданд, ки пештар аз ҳариф пақ-пақ гӯён, ба сӯйи онҳо «тир» андозанд.
Дар Самарқанад аскарбозиро «ҷанги сурху сафед» меномиданд. Сурхҳо аскарҳои шӯравӣ буда, сафедҳо немис ҳисоб мешуданд. Онҳо ин бозиро дар шабҳои маҳтобӣ ва ё дар тӯйхонаҳо ташкил мекарданд.
Дар деҳоти Ҳисор ин бозиро бачаҳо милтиқбозӣ меномиданд. Бачаҳои 8-12 сола дар кӯча ё боғчае ҷамъ омада, ба ду даста тақсим мешуданд. Сипас бо қуръапартоӣ як гурӯҳ навбати пинҳоншавиро мегирифт. Гурӯҳи якум чашмонашонро бо дастонашон мепӯшониданд ва то шумораи муқаррашуда, масалан, то рақами 100 ҳисоб мекарданд ва сипас чашмонашонро кушода, ба ҷустуҷӯ ва паронидани бозигарони дастаи ҳариф мебаромаданд.
Дар ин муддат ҳарифон дар ҷойҳои назарнорас камин гирифта, омадани ҷӯяндагонро мунтазир мешуданд. Ҳар нафаре, ки бозигари ҳарифро нахуст шуда, бинад, “тақ-тақ” гуфта, номи ӯро ба забон мегирифт. Масалан, “пақ-пақи Карим”. Шахси мағлуб ё “паронидашуда” аз бозӣ мебаромад ва дигар ба рафти бозӣ дахл накарда, дар гӯшае ором бозиро тамошо карда менишаст. Ӯ танҳо дар навбати дигари бозӣ ҳуқуқи ҳамроҳ шуданро дошт. Ҳамин тариқ, бозигарон якдигарро “паронида”, аз бозӣ хориҷ кардан мегирифтанд. Охирон аз кадом дастае, ки як-ду нафар “зинда” монд, он даста ғолиб ҳисоб меёфт ва дар навбати дигари бозӣ ғолибон аз нав пинҳон мешуданд.
Аспгирак Аспгирак ё аспакбозӣ, навъе аз бозии халқии бачагонаи тоҷик буда, дар байни бачаҳои хурдсол ва миёнсол гузаронида мешавад. Аспгирак як навъ тақлид ба асптозии калонсолон мебошад. Барои бозӣ чӯбҳои дарозиашон 1-1,2 метраро ҳамчун «асп» интихоб мекунанд ва ба қисмати болоии он ресмонеро ба мисли лаҷоми асп мебанданд. Иштирокчиёни бозӣ дар майдони кушод ё роҳи холӣ, дар хатти ибтидо паҳлӯи ҳам меистанд. Дар тарафи муқобил, дар масофаи 15-20 м хатти интиҳо кашида шудааст. Бо фармони довар бачаҳо ба асп савор шуда, бо дасти чап аз ресмон (лаҷом) ва ба дасти рост тозиёнаро (химча ё чӯбчаи 20-15 см) мегиранд ва ба сӯйи марра метозанд.
Қоидаи бозӣ чунин аст, ки то фармон нашавад, касе ба пеш ҳаракат намекунад. Бачаҳо бояд ба ҳамдигар халал нарасонанд. Ҳар касе, ки нахустин шуда ба хатти марра расид, ғолиб шумурда мешавад.
Дар водии Қаротегин бачаҳо бонавбат дунафарӣ қувваозмоӣ мекунанд. Бозиро шахсони калонсол созмон дода, назорат мекунанд ва ба ғолибон (меваи хушк, чормағз ва ғ.) туҳфа медиҳанд.
Бақабозӣ Бақа ба маънои қурбоққа аст, яъне қурбоққабозӣ.
Дар ин бозӣ ду нафар бачаҳо иштирок мекунанд. Ҳар кадоми онҳо яктогӣ санг ё устухони ҳайвонро, ки онро “баққа” меномиданд, дар даст мегиранд. Яке аз бозингарон сангро дар замин ба пеш ҳаво медиҳад.
Бозингари дуюмӣ бояд бо санги худ санги ҳарифашро нишон гирифта занад. Агар санги ҳарифашро зада тавонад, пас бозингари якум ӯро ба пушташ “савор” карда, то ба ҷое, ки сангҳо бархӯрдаанд, мебарад. Агар санги ӯ ба нишон нарасад, пас аз сари нав сангҳоро ба пеш ҳаво медиҳанд. Навбати сангпартоӣ дар ин ҳолат ба бозингари дуюм мерасад.
Баландибарояк Баландибарояк бозии халқии бачагонаи тоҷик, ки дар ҳавлию майдончаҳо гузаронида мешавад. Бачагон гирди ҳам омада, як нафарро аз байни худ барои дастгир кардани бачаҳо интихоб мекунанд. Яке аз усулҳои интихоб ҳисоб кардан то шумораи 30 мебошад.
Ботартиб ҳамаро ҳисоб мекунанд, ҳар касе шумораи сиюм шуд, ҳамчун дастгиркунанда бозиро оғоз мекунад. Бачаҳо бо садо додани амри бозӣ ба ҳар тараф давида, ҳар яке ба болои баландие мебарояд.
Баландӣ бояд аз замин ҳадди ақал як ваҷаб баланд бошад. Масалан, кундачӯб, санг, поймонаки хона, курсӣ ва ғайра ҳамчун баландӣ қобили қабул мебошанд. Агар касе ягон ҷойи баланд наёфта, дар рӯйи замин истода бошад, шахси дастгиркунанда зуд омада, ӯро бо даст медорад. Шахси дастгиршуда мағлуб ҳисоб меёбад ва навбати дастгир кардани бачаҳо ба ӯ мерасад. Шахси ғолиб дар баробари дигарон ба баландиҳо мебарояд. Бачаҳо барои шӯхиву мазоҳ кардани шахси дастгиркунанда аз баландиҳо зудзуд ба замин фаромада, ба ӯ наздик мешаванд ва ҳар гуна нағмаҳо мекунанд. Баробари наздик омадани шахси дастгиркунанда бачаҳо зуд ба болои ягон баландӣ баромада, «ҷони худро халос» мекунанд.
Дар Панҷакент ин бозӣ каме тафовут дорад, чунончи равиши он ба таври зайл аст:
Бачаҳо шуморак карда, якеро барои сур кардани дигарон интихоб менамоянд. Дигар бозигарон дар атрофи ӯ қадам зада, гоҳе давида мегузаранд ва гоҳе ҳар гуна шӯхиҳо мекунанд. Ҳамин ки бачаи навбатгирифта ба онҳо наздик шуд, онҳо зуд давида ба болои санг, чӯб, тахта ва дигар чизҳои аз замин баландтар мебароянд. То он вақте ки онҳо дар болои баландиянд навбатдор онҳоро дастгир карда наметавонад. Ҳамин ки ба замин фаромаданд, ё пой монданд, дарҳол сур кардан сар мешавад. Агар дар назди бозигарон ягон ашёи баланд набошад, зуд онҳо ба замин менишинанд. Дар ин ҳолат дастгир кардани онҳо раво нест. Касе, ки ба болои баландӣ баромада натавонад, ё ҳангоми рост буданаш дастгир шавад, навбати сур кардан ба ӯ мегузарад ва бозӣ аз нав шурӯъ мешавад.
Баландпарак Бозии халқии бачагонаи тоҷик, ки дар байни бачаҳои аз 7 то 13 сола гузаронида мешавад. Бачагон бештар дар фаслҳои гарми сол ба ин бозӣ машғул мешаванд. Бозӣ дар нишебиҳои ягон теппа ё баландие сурат мегирад. Дар бозӣ дунафарӣ иштирок менамоянд. Ҳар як бозингар бо навбат пойҳояшро ҷафс дошта, аз поён ба боло ҷаҳида-ҷаҳида мебарояд. Касе, ки масофаи бештарро ҷаҳида барояд, ғолиб шуморида мешавад. Қоидаи бозӣ чунин аст, ки пойҳоро дар вақти ҷаҳидан зич карда, мисли «харгӯш» дупоя ҷаҳидан лозим аст. Бозингарон бояд ҳамдигарро тела надиҳанд.
Бандкашӣ Бандкашӣ ҳамчун мусобиқаи варзиши суннатӣ маъмулан дар ҷашнҳои миллӣ, махсусан дар Наврӯз ва иду маъракаҳои мардумӣ барпо мешавад. Бандкашӣ дар майдончаи ҳамвор ташкил шуда, барои он арғамчини ғафси дарозиаш 8-10 м истифода мешавад.
Дар мобайни майдон хатте кашида мешавад.
Иштирокчиён 4-6 нафарӣ ба ду даста ҷудо шуда, аз ду тарафи хат дар майдон ҷойгир мешаванд. Бо фармони довар аъзои дастаҳо кӯшиш мекунанд, ки бандро ба сӯйи худ кашида, ҳарифонро аз хат берун намоянд.
Кадом дастае, ки ҳарифонро кашида аз хат гузаронад, ғолиб дониста мешавад.
Бандпарак Бандпарак дар майдону боғчаҳо ва дигар ҷойҳои васеи ҳамвор сурат гирифта, ба он, асосан, духтарон машғул мешаванд. Василаи асосии бозӣ арғамчин ё банди 3–4-метрӣ буда, шумораи ҳадди ақалли иштирокчиён се нафар мебошад. Ду нафар аз ду тараф банд дошта, онро давр мезанонанд ва бозигари севум байни онҳо даромада, аз болои банди даврзананда ҷаҳидан мегирад. Агар пойи бозигар ба банд расад, навбати ӯ “месӯзад”, яъне ба поён мерасад. Ба ҷойи ӯ яке аз он ду нафар ба мобайн даромада, ба ҷаҳидан шурӯъ мекунад. Ҳар як бори ҷаҳиданро онҳо мешуморанд. Ҳамин тавр, кадоме аз бозигарон, ки бештар аз болои банд меҷаҳад, ғолиб ҳисобида мешавад.
Усули якнафараи бандпарак низ маъмул аст.
Бозигар банди 2-2,5 метраро аз ҳар ду нӯгаш дошта, бо ҷаҳидан аз таги пойҳояш мегузаронад ва ҳамин тавр тоб додан мегирад. Баъзан бозигарон рақамеро ҳамчун марра интихоб мекунанд (масалан шумораи 100-ро) ва ҳар касе, ки нахуст шуда, ба миқдори он рақам аз болои банд биҷаҳад, ғолиб шуморида мешавад.
Бандпарак бозии барои тандурустӣ пурманфиат буда, баъзан калонсолон низ бо тавсияи духтурон ба он машғул мешаванд, то ки вазни зиёдатии худро камтар кунанд ва саломатии худро беҳтар гардонанд.
Барфбозӣ Барфбозӣ яке аз бозиҳои мавсими дӯстдоштаи бачагону наврасон ва ҳатто ҷавонон ба шумор меравад. Бачаҳо дар фасли зимистон, дар рӯзҳое, ки барф борида, ҳамаҷо сап-сафед мешаванд, ба барфбозӣ машғул мегарданд. Онҳо дар ҷойҳои нишеб лағжонакбозӣ карда, дар болои чана ё ҳар гуна ашёи тагаш ҳамвор нишаста, аз баландӣ ба поён мефароянд.
Чана (кӯтоҳшудаи калимаи “чигина” аст) аз тахтаҳои ҳамвор сохта шуда, баъзан ба қисми поёнаш тунука мечаспонанд, то ки хубтар лағжад. Бачаҳо ба таври мусобиқа кӯшиш мекунанд, ки наафтида, яке аз дигаре беҳтар лағжида фарояд.
Инчунин бачаҳо дар ин фасл аз барф одами барфӣ, девору қалъа ва хоначаҳо сохта, машғули бозӣ мешаванд. Онҳо ба ду даста ҷудо шуда, аз паси чунин “қалъаҳо” истода, барфҳоро кулӯла карда, барфзанак мекунанд. Ин бозиро дар баъзе ҷойҳо барфшапак меноманд.
Дар байни бачагони водии Яғноб барфзанак кулунта ном дошт. Онро писарон дар фасли зимистон дар ҳавои кушод мебозиданд. Зимистон вақте ки ҳама ҷо пур аз барф мешуд, бачаҳо ба ду даста тақсим шуда, дар майдончае аз ду тараф хатти марра мекашиданд ва барфро кулула карда, ҳамдигарро мезаданд. Бачаҳои як даста кӯшиш мекарданд, ки дастаи дигарро бо барф зада, аз хатти марраи худ берун кунанд.
Дар рӯзҳои офтобӣ барфҳо мулоим мешуданд ва бачаҳо ба болои теппа баромада, барфҳои заминро ғелонида, тӯбҳои калон месохтанд, ки онҳо низ «кулунта» ном доштанд. Сипас аз баландӣ онҳоро ғелонида, ба поён сар медоданд ва завқ мебурданд.
Бедонабозӣ Онро бедонаҷанг ва вартишбозӣ ҳам меноманд, ки аз бозиҳои анъанавии халқҳои Осиёи Миёна буда, бо паррандаи хурдҷуссаи хушхон ташкил мешавад. Ин навъи бозӣ аз замонҳои қадим дар байни мардуми вилояти Суғд, водиҳои Зарафшону Ҳисор, Фарғона ва ғайра маъмул будааст. Шахсоне, ки ба бедонабозӣ машғуланд, бедонаро аз давраи чӯҷа буданаш, гирифта дар қафасҳо парвариш мекунанд ва кам-кам ба ҷанг омода менамоянд. Барои бештар ром шуданаш баъзеҳо онро дар даруни остин гирифта мегарданд.
Бозии бедонаҷанг дар ҳалқаи дӯстдорони ин бозӣ мегузарад. Соҳибони бедонаҳо ба ҳам шарт мебанданд, ки бедонаи касе мағлуб шавад, ба соҳиби бедонаи ғолиб маблағи муайяне медиҳад. Баъзан мухлисон ҳам ба якдигар шарт баста, барои ғолибияти яке аз бедонаҳо пул мегузоранд. Ду бедонаро аз ду тараф дар майдон сар медиҳанд. Бедонаҳо бо як ҷаҳиш ба ҳамдигар ҳамла мекунанд ва муддате меҷанганд. Агар ҷанги онҳо дер давом кунад, бедонаҳоро аз ҳам ҷудо карда, чанд лаҳза дам медиҳанд. Ҷанги бедонаҳо то лаҳзаи гурезон шудани яке аз онҳо давом мекунад.
Бисёр бедонабозон бедонаро ба хотири нағмасароияш дар қафаси тӯрӣ гирифта, дар хонаҳо нигоҳ медоранд. Ба бедонаҳо ғизои махсус: арзан, мош, малах ва ғайра медиҳанд.
«Бедона парид» Бозии «Бедона парид» дар фаслҳои гармо дар майдони кушод иҷро мешавад. Онро писарон алоҳида ва духтарон ҷудогона барпо мекунанд. Бозигарон ба ҳамдигар зич ба сурати давра менишинанд. Онҳо пойҳояшонро ба маркази давра дароз намуда, дасти ростро мушт мекунанд ва ба он такя карда менишинанд. Яке аз бачаҳои калонсолтар номи парранда ё дигар ҷонваронро бонавбат номбар мекунад (масалан, будана парид, зоғ парид…) ва дар яке аз онҳо мушти рости худро зуд боло мебардорад.
Дигар иштирокдорон бояд ба ӯ тақлид карда зуд мушти росташонро боло бардоранд. Ҳар касе дер кард, ё ба пушт ғелон шуд мағлуб ҳисоб мешавад.
Ин бозӣ дар байни бачагони водии Қаротегину Дарвоз бо номи «буданапринг» ва дар водиҳои Ҳисору Зарафшон бо номи “будина парид” ва “пар-пар” маъруф аст.
Бобои занҷирбоф Дар ин бозӣ 8-10 нафар бозигар иштирок мекунанд. Ҳама даст ба даст дошта, нимдавраро ташкил мекунанд. Бачаҳо як нафарро ҳамчун Бобои занҷирбоф интихоб мекунанд. Аз тарафи дасти чап Бобои занҷирбоф меистад ва дигар бозингарон занҷири ӯ ҳисоб мешаванд. Бозӣ ба тариқи муколама оғоз мешавад:
Бачаҳо: Бобои занҷирбоф!
Бобои занҷирбоф: – Бале!
Бачаҳо: Занҷира бофтед?
Бобои занҷирбоф: – Бале!
Бачаҳо: Ба канор андохтед?
Бобои занҷирбоф: – Бале!
Бачаҳо: Ҷигар, ҷигар?
Бобои занҷирбоф: – Ҷони ҷигар.
Бачаҳо: Дилсӯхтаям.
Бобои занҷирбоф: Биё гузар.
Бачаҳо: Ба дарвозаи кӣ?
Бобои занҷирбоф: Ба дарвозаи Фирӯз (ё номи бозигари дигарро номбар мекунанд).
Бачаҳо: Бо овози мурғ (ё ягон ҷонвари дигар).
Бачаҳо овози мурғро тақлидкунон аз зери дастони баландбардоштаи Фирӯз (ё шахси дигари номбаршуда) ва шахси аз дасти ӯ дошта як-як гузашта, дастони Фирӯзро пешибар маҳкам мекунанд. Ҳамин тавр, бозигарон бо ҳар овоз “маҳкам” шудан мегиранд ва дар охир занҷиреро ба вуҷуд меоранд. Сипас бо шуморидани “як-ду-се” аз ду тараф занҷирро, мисли бозии ресмонкашӣ, якдигарро мекашанд.
Ин бозӣ ба бозии “Ҷигар-ҷигар” шабоҳат дорад ва як намуди он бо номи “Амузанҷирбоф” дар Эрон низ маъмул аст.
«Бобо, ришта қайчӣ» «Бобо, ришта қайчӣ» яке аз бозиҳои суннатии кӯдакону наврасони мардуми тоҷик мебошад. Ин бозиро муҳаққиқон аз бачагони шаҳри Душанбе навишта гирифтаанд. Бозии «Бобо, ришта, қайчӣ»-ро писарон ва духтарони наврас ҳам якҷо ва ҳам дар алоҳидагӣ байни худ бозӣ мекунанд. Бачаҳои наврас ин бозиро асосан дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ ташкил мекунанд. Дар бозии мазкур аз се ва ё бештар аз ин бозингарҳо иштирок мекунанд. Шарти бозӣ чунин аст:
иштирокчиён аз байни худ як нафар бозингарро интихоб мекунанд, ки ӯ дар бозӣ нақши боборо иҷро мекунад. Боқимондаи бозингарон дар рафти бозӣ худро набераи бобо тасаввур мекунанд. Набераҳо ба бобо наздик мешаванд ва гуё намудор мекунанд, ки аз риши ӯ кашида истода бошанд. Онҳо аз риши бобо дошта, калимаи «ришта-ришта-ришта-ришта»-ро то ба ҷои дилхоҳ расидан такрор мекунанд. Ҳамин ки бачаҳо, яъне набераҳо аз бобо дуртар рафтанд. Ду ангушти худро ба қайчӣ монанд намуда, “қайчӣ” мегӯянд. Ва ҳамин тавр, вонамуд мекунанд, ки гӯё риши боборо бурида, қайчӣ кардаанд. Пас аз он ки набераҳо “қайчӣ” гуфтанд, дар ҳамин ҳол бобо то дастгир намудани яке аз набераҳо онҳоро таъқиб мекунад.
Вақте ки бобо яке аз бозингарҳоро дастгир кард, он бозингари дастгиршуда мағлуб ҳисобида мешавад ва дар навбати минбаъда ӯ нақши боборо бозӣ мекунад .
«Боғи боғбон» Ин бозии бачагона инъикоскунандаи таҷрибаҳои боғдорӣ буда, одатан дар боғчаҳо ва майдонҳои кушод сурат мегирад. Иштирокчиёни бозӣ даст ба даст гирифта, ба мисли камон паҳлуи ҳам меистанд. Ду нафар сардор аз тарафи ду тарафи нимдавра ҷой мегиранд ва як занҷирае ба вуҷуд меояд. Байни сардорҳо муколамае сурат мегирад:
Сардори якум: Боғи боғбон?
Сардори дувум: Ҷони боғбон.
Сардори якум: Ангурако пухтак?
Сардори дувум: Ниму нимкола.
Сардори якум: Чаро саракои калонаша хӯрдӣ, майдаша ба ман мондӣ?
Сардори дувум: Дар сари санг мондам, зоғако хӯрдандаш.
Сардори якум: Ку раҳи гулзор, ку раҳи хорзор?
Сардори дувум: Ина раҳи гулзор, ина раҳи хорзор, чилингу чилинг (ҷаҳиду ҷаҳид), дар пой хор зад.
Сардори якум занҷираи бачаҳоро аз паси худ кашида, худаш ба зери дасти сардори дуюм ва бачаи дар паҳлӯи ӯ буда мегузарад. Дар натиҷа шахси охир дар занҷира маҳкам шуда, пушт ба бозингарон ва дастҳояш пеши бар ба мисли салиб ноҷунбон мемонад.
Сардори якум занҷираи бачагонро аз қафои худ кашида ба ҷойи худ бармегардад. Бозӣ идома меёбад ва боз мисли дафъаи якум муколама ва аз зери дасти якдигар мегузаранд ва боз яке аз онҳо дастбаста мешавад.
Ҳамин тариқ, бозӣ то он лаҳзае давом меёбад, ки ба ғайр аз сардорҳо дигар ҳамаи бозингарон дастбаста мешаванд. Баъди ин сардорҳо ду тоқиро ба замин дар фосилаи 2 метр аз мегузоранд. Сардорҳо қаблан байни худ машварат мекунанд, ки шартан яке аз тоқиҳо «раҳи банд» ва дигарӣ «раҳи шиғ» (раҳи боз) ҳисоб шавад.
Сипас сардорҳо ҳар як бозигарро аз дастҳояш дошта ба назди тоқиҳо мебаранд. Бояд бозингар яке аз онҳоро интихоб кунад. Бозингар кадомашро, ки интихоб кард, дар назди ҳамон меистад. Ҳамин тавр, бачагон ба ду даста тақсим мешаванд. Дар охир сардорҳо эълон мекунанд, ки як гурӯҳ шартан ба тоқии «раҳи шиғ» буданд, озоданд ва занҷираи онҳо пароканда мешавад.
Гурӯҳи дигари марбут ба тоқии «раҳи банд» то чанд муддати дигар даст ба даст занҷирро нигоҳ дошта, меистанд ва мағлуб ҳисоб меёбанд.
Ин бозӣ дар водии Рашту Дарвоз бо номҳои «Зардолупазак», дар Ванҷ – «Лаббай-лаббай» низ маъруф будааст.
Бодбаракбозӣ Бодбарак ё бодпарак бозичаи коғазӣ ё баъзан матоъгин мебошад, ки бо ришта басташуда, ҳангоми вазидани бод онро ба ҳаво сар медиҳанд ва он дар осмон ҷилвакунон парафшонӣ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё