Саройи чорпоён (Молхона)

Қиссаи ҳаҷвии Ҷорҷ Оруэлл дар тарҷумаи Усмоналӣ Латифӣ. Асар тавассути саргузашти ҳайвоноти як ферма таъсири қудратро ба баробарӣ ва озодӣ нишон медиҳад.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 11 саҳифа
Боби III
Боби III
Барои ҷамъоварӣ кардани алаф чӣ қадар онҳо меҳнат карда, арақ резониданд! Аммо саъю кӯшиши онҳо беҳуда набуд, зеро ҳосил нисбат ба он чӣ ки онҳо умед доштанд, хеле зиёдтар буд.
Баъзан кор ба душворӣ пеш мерафт, чунки асбобҳо барои одамон пешбинӣ шуда буданд, на барои ҳайвонҳо ва монеаи асосӣ он буд, ки ҳеҷ як ҳайвон болои ду пойи қафояш истода, кор карда наметавонист. Аммо хукҳо чунон доно буданд, ки тавонистанд роҳи бартараф кардани ин душвориҳоро ҳал кунанд.
Аспҳо бошанд, ба хубӣ ҳар як ваҷаби заминро медонистанд ва аслан кори саҳроро нисбат ба Ҷонс ва коргарони ӯ беҳтар мефаҳмиданд.
Хукҳо ҳайвонони корӣ набуданд, фақат дигаронро роҳбарӣ ва назорат мекарданд.
Табиист, ки бо чунин донишу малака онҳо бояд танҳо роҳбариро ба дӯш мегирифтанд.
Боксёр ва Кловер ба худ асбобҳои алафдаравӣ ва ё хаскаширо насб карда, алафу хошок ҷамъ мекарданд (барои онҳо дигар ягон ҷилд ва ҷилав лозим набуд) ва як хукбачаи тарсончак бо садои баланд дар майдон давр зада, онҳоро балегӯён дилгарми кор карда, “Бархез, рафиқ!” ё “Боракало, рафиқ”? - мегуфт. Боқимонда ҳайвонот, ҳатто камқувваттаринашон дар ҷамъоварии алаф заҳмат мекашиданд. Ҳатто мурғу мурғобиҳо ҳам тамоми рӯз дар зери шуои офтоб дар нӯлашон пораҳои ночизи хасбедаро мекашониданд. Дар ниҳоят, онҳо даравро ду рӯз пештар аз он ки одатан Ҷонс бо коргаронаш ба анҷом мерасониданд, тамом намуданд. Ғайр аз ин, Саройи чорпоён чунин ҳосили зиёдро қаблан ягон бор ҷамъоварӣ накарда буд. Ин дафъа ҳеҷ чиз исроф нашуд, мурғу мурғобиҳо бо чашмони тези худ охирин хасу донаро ҷамъоварӣ карда буданд. Ягон ҳайвони Саройи чорпоён зимни ҷамъоварии ҳосил ягон донаро дуздӣ накард.
Дар тӯли тобистон кор дар саҳроҳои Саройи чорпоён мисли кори соат пеш мерафт.
Бори аввал ҳайвонот дар ҳаёти худ хушбахтии ҳақиқиро эҳсос карданд. Акнун онҳо ғизои худро бо лаззати том мехӯрданд, чунки воқеан ҳам ғизо моли худи онҳо буд, ки аз ҷониби худ барои худашон таҳия карда мешуд, на аз ҷониби хӯҷаини хасис. Дар баробари рондани одамони зараррасон маводи ғизоӣ барои ҳайвонот бештар пайдо гардид. Истироҳату фароғат низ бештар шуд, гарчанде ки дар ин самт ҳайвонот он қадар таҷриба надоштанд.
Ҳамаи ин маънои онро надошт, ки кор бемушкилӣ буд, масалан, ҳангоми ҷамъоварии ҳосили ҷуворимакка - онҳо ҷуворимаккаро бо услуби қадима хирман карда, коҳро бо нафаси худ аз дон ҷудо мекарданд, зеро Саройи чорпоён мошинаи донтозакунӣ надошт -- ҳамаи ин мушкилот бо зиракии хукҳо ва бо мушакҳои пурқуввати Боксёр ҳал карда шуданд. Ҳама мафтуни кори Боксёр буданд. Ӯ ҳанӯз дар замони Ҷонс меҳнатдӯст буд, ҳоло бошад, ба ҷойи се асп кор мекард ва рӯзҳое буданд, ки тамоми кори Саройи чорпоён гуё ба дӯши тавонои ӯ афтода буд. Аз субҳ то шом дар ҳар куҷое, ки кор сахттар буд, вазифаи ӯ кашонидану бурдани бор буд. Вай бо яке аз хурӯсҳо маслиҳат карда буд, ки ҳар саҳар ӯро ним соат пештар аз ҳама бонг зада бедор кунад, барои он ки то оғози кори муқаррарӣ бо ихтиёри худ корҳои заруриро иҷро намояд.
Зимни рӯ ба рӯ шудан ба ҳар як мушкилот ва ё ноомадии кор шиори шахсияш ин буд: “Ман боз бештар аз ин кор мекунам!” Ҳар ҳайвон мувофиқи имконияташ кор мекард, масалан мурғону мурғобиҳо ҳангоми ҷамъоварии ҳосил ғаллаи дар саҳро мондаро дона-дона ҷамъ карданд, ки дар охир панҷ халтаи пурраро ташкил дод. Хусусиятҳои муқаррарии рӯзгори замони Ҷонс, аз қабили дуздӣ, шикоят аз ғизо, ҷанҷолу хархаша ва газидану рашк бурдан қариб аз байн рафта буд. Ҳеҷ кас аз ҳеҷ чизе шикоят намекард.
Ростӣ, ҳар саҳар барвақт аз хоб хестан барои Моллӣ мушкилӣ мекард ва ё зимни шудгор кардан агар санге суми пояшро мезад, дарҳол ӯ метавонист корро бас кунад. Баъзан рафтори гурбаҳо ҳам то андозае тааҷҷубовар буд. Ба зудӣ маълум шуд, ки гурбаҳо зимни пайдо шудани кори таъҷилӣ ғайб мезаданд. Онҳо соатҳои дароз бедарак мешуданд ва ҳангоми ғизо хӯрдан ё бегоҳӣ пас аз анҷоми кор - гӯё ки ҳеҷ гапе нашуда бошад - дубора пайдо мешуданд. Гурбаҳо ҳамеша баҳонаҳои аҷибе пеш оварда, бо чунин дилбастагии зиёд хур-хур мекарданд, ки ба нияти некашон бовар накардан ғайри имкон буд. Бенҷамин - хари калонсол аз замони сар задани шӯриш тамоман бетағйир монда буд. Вай кори худро ҳамон тавре ки дар замони Ҷонс - сусту якравона - иҷро мекард ба ҳамон зайл идома медод. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз кор саркашӣ ҳам намекард ва ҳеҷ ташаббусе ҳам нишон намедод. Дар бораи натиҷаҳои шӯриш ӯ фикре ҳам баён намекард.
Вақте аз вай мепурсиданд, ки оё пас аз ронда шудани Ҷонс ӯ хушбахттар шудааст ё не, дар ҷавоб танҳо мегуфт: “Харҳо умри дароз доранд. Ҳеҷ яке аз шумо то ҳанӯз мурдаи харро надидаед,” - дигарон маҷбур буданд, ки бо ин ҷавоби пурасрор қаноат кунанд.
Рӯзҳои якшанбе - рӯзи истироҳатӣ буд.
Баъд аз ғизои саҳарӣ - ғизохӯрӣ дар рӯзҳои якшанбе назар ба рӯзҳои маъмулӣ як соат дертар оғоз мешуд - ҳама ҳайвонот ба маросиме, ки ҳар ҳафта бечунучаро баргузор карда мешуд, иштирок мекарданд. Дар оғоз парчамро тантанавор мебардоштанд. Барфаки кулӯла дар утоқи либоспӯшии хонум Ҷонс дастархони куҳнаи сабзеро пайдо карда буд, дар рӯи он суми пойи ҳайвон ва шохро бо ранги сафед кашида буданд. Он ҳар субҳи рӯзи якшанбе дар боғи назди хонаи истиқоматии Саройи чорпоён дар сутуни парчам бардошта мешуд. “Ранги сабзи парчам,” - ба ҳама фаҳмонд Барфаки кулӯла - “майдонҳои сабзи Англияро ифода мекунанд, суми пойи ҳайвон ва шох маънои ояндаи ҷумҳурии ҳайвонотро таҷассум менамояд ва албатта, ҳамаи ин пас аз сарнагун кардани насли одамият ба вуҷуд хоҳад омад”.
Пас аз барафрохтани парчам тамоми ҳайвонот ба анбори калон, ки дар он ҷо маҷлиси умумӣ баргузор мегардид ва бо номи “Маҷлисгоҳ” маъруф буд, ҷамъ мешуданд. Дар ин ҷо нақшаи кори ҳафтаи оянда ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ ва муҳокима карда мешуданд. Қарорҳоро ҳамеша хукҳо қабул мекарданд. Ҳайвонҳои дигар чӣ гуна овоз доданро медонистанд, аммо ҳеҷ гоҳ ягон пешниҳоде манзур карда наметавонистанд.
Барфаки кулӯла ва Наполеон бисёр мубоҳиса мекарданд. Аммо ба назар чунин мерасид, ки ин ду хук байни худ ҳаргиз муросо намекунанд:
агар яке аз онҳо ягон пешниҳоде мекард, дигаре ҳатман муқобили он мебаромад. Ҳатто масъалаи ҷудо намудани қитъаи замин дар пушти боғ барои нафақахӯрон - ин чизе буд, ки ҳеҷ кас наметавонист ба муқобилаш эътироз кунад - баҳси шадидеро барои муайян кардани синну соли ҳар як намуди ҳайвон ҷиҳати баромадан ба нафақаро ба вуҷуд овард.
Маҷлис ҳамеша бо хондани суруди “Ҳайвоноти Англия” ба охир мерасид ва баъди нисфирӯзӣ ҳар як ҷонвар ба корҳои шахсии худ машғул мешуд.
Хукҳо дар утоқи асбобу анҷом барои худ сардафтар?! ташкил карда буданд. Дар он ҷо ҳар бегоҳӣ бо истифода аз китобҳое, ки аз хонаи истиқоматии Саройи чорпоён оварда буданд, касбҳои челонгарӣ, дуредгарӣ ва дигар ҳунарҳои заруриро меомӯхтанд. Инчунин, Барфаки кулӯла машғули таъсис додани кумитаи ҳайвонот буд. Вай дар ин самти кор хасташавӣ надошт. Ӯ ғайр аз ташкили дарсҳои хониш ва навиштан боз кумитаи истеҳсоли тухми мурғ, лигаи думҳои тоза барои модаговҳо, кумита оид ба маълумоти дуюми рафиқони ваҳшӣ (мақсади асосии он ром кардани калламушҳо ва харгӯшҳо буд), ҷунбиши (ҳаракати) пашми сафед барои гӯсфандон ва ғайраро ташкил карда буд. Дар маҷмӯъ, ҳамаи ин лоиҳаҳо ба нокомӣ дучор шуданд. Масалан, кӯшиши ром кардани мавҷудоти ваҳшӣ ба зудӣ барҳам хӯрд.
Новобаста аз он ки ба ҳайвонот бо саховатмандӣ муносибат мекарданд, онҳо инро суиистифода карда, ҳамоно мисли пештара хеле бадрафторӣ менамуданд. Гурбаҳо ба кумитаи маълумоти дуюм шомил шуда буданд ва чанд рӯз дар кори он хеле фаъолона 21 саридора, офис иштирок карданд. Яке аз онҳоро чанде аз ҳайвонҳо рӯзе дар болои бом нишаста диданд, ки бо чанд гунҷишкони дуртар аз наздаш суҳбат мекард. Гурба ба онҳо мегуфт, ки ҳамаи ҳайвонот акнун бо якдигар рафиқанд ва ҳар гунҷишк агар хоҳад метавонад омада, рӯи панҷаҳояш нишинад, аммо гунҷишкҳо фосиларо нигоҳ медоштанд.
Бо вуҷуди ин, дарсҳои хониш ва навиштан бомуваффақият мегузаштанд. То фасли тирамоҳ қариб ҳар як ҳайвони Саройи чорпоён то андозае саводнок шуданд.
Хукҳо бошанд, аллакай пурра хондану навиштанро метавонистанд. Сагон низ хонданро хуб ёд гирифта буданд, аммо ба ғайр аз Ҳафт принсип ба хондани чизи дигар шавқ надоштанд. Муриел - бузи сафед, назар ба сагҳо то андозае беҳтар хонда метавонист ва баъзан пораҳои рӯзномаҳое, ки аз партовгоҳ ёфта буд, бо дигарон мутолиа мекард.
Бенҷамин - хари калонсол мисли ҳама хукҳо хонданро метавонист, аммо ҳеҷ гоҳ аз ин қобилияти худ истифода намебурд. “То он ҷое ки ман мефаҳмам,” - мегуфт ӯ, - “ягон чизи арзанда барои хондан вуҷуд надорад”. Кловер тамоми алифборо аз худ кард, аммо ҳиҷоҳоро ба ҳам пайваст карда наметавонист. Боксёр дар омӯзиши алифбо то ҳарфи Д-ро аз ёд кард. Ӯ бо суми пойи бузургаш дар рӯи замин чор ҳавфи аввали алифбо - А, В, С ва Ь-ро навишта карда, гӯшҳояшро ба сӯи онҳо равона намуда, гоҳ-гоҳе мӯйҳои пешониашро ин тарафу он тараф ҷунбонида, бо тамоми вуҷудаш кӯшиш мекард, ки ҳарфи навбатиро фаҳмад. Дар якчанд маврид, воқеан, ӯ Ё, Ё, Я, Н -ро аз ёд карда буд, аммо вақте ки онҳоро аз аввал мехонд, ҳамеша маълум мешуд, ки А, В, С ва -ро аллакай фаромӯш кардааст. Ниҳоят ӯ тасмим гирифт, ки бо чаҳор ҳарфи аввали алифбо қаноат кунад ва ҳар рӯз як ё ду бор онҳоро менавишт, то аз хотираш нараванд.
Моллӣ ба ҷуз панҷ ҳарфи номаш дигар чизеро омӯхтан нахост. Вай ин ҳарфҳоро аз навдаҳо бо як сабки зебо сохта, сипас онҳоро бо як-ду гул оро медод ва дар гирдашон чарх зада, худро мафтуну шайдои онҳо месохт.
Ягон ҳайвони дигар дар Саройи чорпоён аз ҳарфи А пеш гузашта натавонист. Инчунин маълум шуд, ки ҳайвонҳои кундзеҳн, аз қабили гӯсфанд, мурғ ва мурғобӣ, Ҳафт принсипро ёд гирифта наметавонанд. Пас аз андешаҳои зиёд 22 тарз, услуб Барфаки кулӯла эълон кард, ки моҳияти Ҳафт принсипро метавон бо як принсип ҷамъбаст кард, яъне: “Чор пой хуб, ду пой бад”. “Ин ибораи кӯтоҳ,” - гуфт ӯ, - “принсипи асосии Ҳайвонгароиро дар бар мегирад. Ҳар кӣ агар онро амиқ дарк кунад, аз таъсири бади одамӣ эмин мемонад”. Паррандагон дар аввал эътироз карданд, зеро ба назари онҳо чунин менамуд, ки онҳо низ ду пой доранд, аммо Барфаки кулӯла ба онҳо исбот кард, ки ин тавр нест.
“Қаноти парранда, рафиқон,” -- гуфт ӯ, -- “узви ҳаракат аст, на узви амал. Аз ин рӯ, он бояд ҳамчун пой ба инобат гирифта шавад”.
“Узви фарқкунандаи Одам даст аст, ин узве мебошад, ки инсон бо он ҳама фасоди худро анҷом медиҳад”.
Паррандаҳо суханони тӯлонии Барфаки кулӯларо нафаҳмиданд, аммо онҳо шарҳи ӯро қабул карданд ва тамоми ҳайвонот ба аз ёд кардани ибора шурӯъ карданд. Ибораи “ЧОР ПОЙ ХУБ, ДУ ПОЙ БАД,” дар девори охири анбор, дар болои шиори “Ҳафт принсип” бо ҳарфҳои калонтар навишта шуданд. Вақте ки онҳо онро аз ёд карданд, ба гӯсфандон ин ибора хеле маъқул шуд ва аксар вақт ҳангоми дар чарогоҳ буданашон онҳо онро якҷоя мехонданд. “Чор пой хуб, ду пой бад!, Чор пой хуб, ду пой бад!” ва хондани онро соатҳо давом медоданд ва аз такрор кардани он ҳеҷ гоҳ хаста намешуданд.
Наполеон ба кумитаҳои Барфаки кулӯла таваҷҷуҳ зоҳир намекард. Вай мегуфт, ки нисбат ба таълими калонсолон таълиму тарбияи насли наврас муҳимтар аст. Чунин шуд, ки ду саг - Блубелл ва Ҷесси ҳарду пас аз дарави алаф дар саҳро нуҳ сагбачаҳои солимро ба дунё оварданд. Ҳамин ки онҳо аз макидани шир ҷудо шуданд, Наполеон онҳоро аз дасти модаронашон гирифта, гуфт, ки онҳоро худаш таълиму тарбия мекунад. Ӯ сагбачаҳоро ба ошёнае, ки танҳо бо нардбон тавассути утоқи асбобу анҷомҳо баромадан мумкин буд, овард ва онҳоро дар танҳоӣ нигоҳ медошт. Дере нагузашта ҳайвоноти Саройи чорпоён мавҷудияти онҳоро фаромӯш карданд.
Асрори гум шудани шир маълум шуд.
Хукҳо онро ҳар рӯз дар охӯрҷаи худ бо ем омехта мекарданд. Вақти пухтани себҳои барвақтӣ расида буд ва шамол онҳоро рӯи замини боғ мерезонд. Ҳайвонот фикр мекарданд, ки себҳо дар байни онҳо ба таври баробар тақсим карда мешаванд, аммо рӯзе фармон баромад, ки тамоми себҳо ҷамъ карда шуда, барои истифодаи хукҳо ба утоқи асбобу анҷом оварда шаванд. Дар ин бора баъзе ҳайвонот ғур-ғур карданд, аммо фоидае надошт. Ҳамаи хукҳо, ҳатто Барфаки кулӯла ва Наполеон ҳам дар қабули қарори мазкур якдилона мувофиқ буданд. Вингосӣ барои фаҳмонидани масъала ба назди дигар ҳайвонот фиристода шуд.
“Рафиқон!” -- нидо кард ӯ - “умедворам, шумо фикр намекунед, ки мо, хукҳо ин корро барои имтиёз ва худпарастӣ анҷом медиҳем?
Бисёре аз мо, хукҳо - воқеан ҳам шир ва себро дӯст намедорем. Шахсан ман худам ширу себро аслан дӯст намедорам. Ҳадафи ягонае, ки мо онҳоро истеъмол мекунем ин ҳифзи саломатии шумост. Шир ва себ (инро илм исбот кардааст, рафиқон) дар таркибаш моддаҳое доранд, ки барои тандурустии хукон комилан заруранд. Мо хукҳо бо кори зеҳнӣ машғулем. Идоракунӣ ва ташкили кори ин Саройи чорпоён комилан аз мо вобастагӣ дорад. Мо шабу рӯз дар фикри ободӣ ва некуаҳволии шумоем. Мо танҳо аз барои хотири шумо ин ширро менӯшем ва себро мехӯрем. Оё шумо тасаввур карда метавонед, ки агар мо, хукҳо вазифаи худро иҷро накунем, чӣ мешавад? Ҷонс бармегардад! Бале, Ҷонс боз бар хоҳад гашт! Ман боварӣ дорам, рафиқон, - илтиҷокунон - ин тарафу он тараф ҷаҳидаву думашро тоб дода - хитоб кард Вингосӣ - боварӣ дорам, дар байни шумо ҳайвоне нест, ки баргаштани Ҷонсро хоҳад?” Он чизе ки ҳайвонҳо комилан ба он итминон доштанд, ин дигарбора бар нагаштани Ҷонс ба Саройи чорпоён буд. Вақте ки ин суханон гуфта шуданд, дигар ягон ҳайвон чизе нагуфт. Барои солим нигоҳ доштани хукҳо дигар ягон шубҳа намонда буд.
Баъд аз ин, бидуни баҳсу мунозира ҳамаи ҳайвонот ба мувофиқа расиданд, ки шир ва себҳои рехташуда (инчунин ҳосили асосии себ ҳангоми пухта расиданаш) бояд танҳо барои хукҳо захира карда шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё