Зеҳн
Саройи чорпоён (Молхона)

Қиссаи ҳаҷвии Ҷорҷ Оруэлл дар тарҷумаи Усмоналӣ Латифӣ. Асар тавассути саргузашти ҳайвоноти як ферма таъсири қудратро ба баробарӣ ва озодӣ нишон медиҳад.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 11 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Боби II

Боби II

Баъд аз се рӯз Мейори пир дар рахти хобаш оромона мурд. Ҷасади ӯро дар наздикии боғ ба хок супурданд.

Ин воқеа дар аввали моҳи март рӯй дод.

Давоми се моҳи дигар ҳайвонот пинҳонӣ амал мекарданд. Суханронии Мейор нуқтаи назари баъзе ҳайвонҳои бофаҳми Саройи чорпоёнро дигар кард. Онҳо намедонистанд, ки шӯриши пешгӯикардаи Мейор кай ба вуқӯъ мепайвандад, ҳамзамон, ягон асос ҳам барои сар задани он дар тӯли умрашон вуҷуд надошт, аммо онҳо яқин медонистанд, ки ба шӯриш бояд омодагӣ мегирифтанд. Кор дар самти таълиму омӯзиш ва ташкили дигарон комилан ба дӯши хукҳо афтода буд, ки онҳо ҳамчун ҳайвонҳои доно эътироф шуда буданд. Дар байни хукҳо - ду хуки ҷавон, ки Барфаки кулӯла ва Наполеон ном доштанд, ҷаноби Ҷонс барои фурӯш онҳоро парвариш мекард.

Наполеон ягона хуки калони бераҳми зоти Беркширӣ!Ё дар Саройи чорпоён буд. Вай он қадар сухангӯй набуд, аммо роҳи мустақили интихобкардаи худро дошт. Барфаки кулӯла нисбат ба Наполеон хуки хушҳолтар буд, ва тезтар суханронӣ мекарду ихтироъгар буд, аммо дар Саройи чорпоён ӯ он қадар хуки ҷиддӣ ба шумор намерафт. Дигар ҳамаи хукҳои нари Саройи чорпоён барои куштан бонӣ карда мешуданд. Дар байни онҳо аз ҳама маъруф - хуки хурди фарбеҳ бо номи Вингосӣ буд, ки афти мудаввар!?, чашмони калон, чусту чолок ва овози гӯшхароше дошт. Вай сухангӯи аҷиб буд ва замоне, ки масъалаҳои душвор мавриди баҳс қарор мегирифтанд, Ӯ аз як паҳлӯ ба паҳлуи дигар ҷаҳида, думашро дар замин мекӯбид, ки ин ба суханонаш таассуроти махсус мебахшид. Баъзеҳо мегуфтанд, ки Вингосӣ метавонад ранги сиёҳро ба сафед табдил диҳад.

Ин се хук таълимоти Мейори пирро ба як низоми мукаммали тафаккур табдил дода, онро Ҳайвонгароӣ номиданд. Чанд шабе дар як ҳафта - пас аз хоб рафтани ҷаноби Ҷонс - 14 яке аз зотҳои хук, ки дар минтақаи Бекшири Англия дар асри нуздаҳ дар натиҷаи дурага кардан ба вуҷуд омадааст 2 намуди гирд, кулӯла 16 Ҳайвонизм, Анимализм онҳо дар анбори калон маҷлисҳои пинҳонӣ баргузор карда, ба дигарон принсипҳои Ҳайвонгароиро шарҳ медоданд. Дар аввал онҳо бефаҳму бепарво буданд. Баъзе аз ҳайвонҳо дар бораи садоқат ба ҷаноби Ҷонс, ки ӯро “Хӯҷаин” меномиданд, сухан гуфта, баъзеи дигараш эроди аҳмақона мегирифтанд ба мисли: “Ҷаноби Ҷонс моро ғизо медиҳад ва агар ӯ намебуд, мо аз гуруснагӣ мемурдем,” - мегуфтанд. Дигарон чунин саволҳоро медоданд: “Барои мо чӣ фарқ дорад, ки пас аз марги мо чӣ мешавад?” ё ин ки “Ин шӯриш агар мо хоҳем ё нахоҳем рӯй диҳад, чӣ фарқе дорад, ки мо барои он кор кунем?” ва хукҳо бо душвориҳои зиёде ба онҳо мефаҳмонданд, ки ин ба иродаи Ҳайвонгароӣ мухолифат мекунад. Саволҳои аблаҳтаринро Моллӣ - аспаки сафед медод. Аввалин саволе, ки вай ба Барфаки кулӯла дод, ин буд: “Оё пас аз шӯриш сарқанд ёфт мешавад?” “Не,” -- бо қатъият гуфт, Барфаки кулӯла. “Мо дар ин Саройи чорпоён қанд истеҳсол намекунем, чунки барои тайёр кардани он ягон таҷҳизот надорем. Ғайр аз ин, барои шумо сарқанд лозим нест. Шумо ба таври кофӣ соҳиби ҷаву алафи дилхоҳатон мешавед”.

“Оё ба ман иҷозат дода мешавад, ки дар ёли худ лента бофам?” - пурсид Моллӣ.

“Рафик,” -- гуфт Барфаки кулӯла, -- “он лентаҳое, ки ба онҳо ин қадар одат кардаед, нишонаи ғуломӣ мебошанд. Оё намефаҳмед, ки озодӣ аз лента дида, арзишмандтар аст?” Моллӣ бидуни боварӣ доштан, ба ин розӣ шуд.

Хукҳо бо Мосес - зоғи ромшуда барои дурӯғгӯ буданаш сахт мубориза мебурданд.

Мосес - зоғи дӯстдоштаи ҷаноби Ҷонс - сергапи ғайбатгар ва дар баробари ин суханвари оқил ҳам буд. Вай иддао дошт, ки мавҷудияти як кишвари пурасрор бо номи Кӯҳи Қандро медонад, ки ҳама ҳайвонот баъд аз мурдан ба он ҷо сафар мекунанд. “Он макон дар осмон - каме дуртар аз абрҳо ҷойгир аст,” - мегуфт Мосес. Дар Кӯҳи Қанд ҳафт рӯзи ҳафта мисли рӯзи якшанбе - истироҳатӣ ва юнучқа дар тамоми фаслҳои сол мавҷуд буда, пораи сарқанди шикаста ва кунҷора рӯи парчинҳо!” фаровон мерӯяд. Ҳайвонҳои Саройи чорпоён 17 ҳисор ва ё девори гирди боғ, ҳудуди биноҳо ва хонаи истиқоматӣ, ки аз растании сабзи ҳамешабаҳор иборат аст нисбат ба Мосес, банобар сабаби афсонагӯи ва танбалияш нафрат доштанд, аммо баъзеи онҳо дар бораи мавҷудияти Кӯҳи Қанд боварӣ доштанд ва хукҳо маҷбур буданд, ки онҳоро бовар кунонанд, ки чунин ҷой арзи вуҷуд надорад.

Шогирдони содиқи онҳо ду аспи аробакаш - Боксёр ва Кловер буданд. Ин ҳарду асп дар андешаронӣ мушкилӣ доштанд, аммо вақте ки хукҳоро ҳамчун устодони худ қабул карданд, онҳо ҳамаи ончиро, ки ба онҳо мегуфтанд, зуд аз худ карда, ба осонӣ ба дигар ҳайвонҳо онро мерасониданд. Онҳо ҳамеша дар маҷлисҳои махфии анбор иштирок карда, сурудхонии “Ҳайвоноти Англия”-ро, ки кори маҷлисҳо ҳамеша бо он анҷом меёфт, роҳбарӣ мекарданд.

Акнун, шӯриш хеле барвақттар ва ба осонӣ нисбат ба он ки интизораш буданд, сар зад. Гарчанде ки ҷаноби Ҷонс дар солҳои гузашта, хӯҷаини сахтгиру одами қобилиятнок буд, аммо дар вақтҳои охир нисбат ба пештара вазъи кораш он қадар хуб набуд. Ӯ баъд аз хароҷоти зиёди пулӣ кардан дар додгоҳ сахт рӯҳафтода шуда, аз ин сабаб аз ҳад зиёд машруб менӯшид. Ӯ рӯзҳои тӯлонӣ дар роҳаткурсии чӯбии ошхона нишаста, рӯзнома мехонд, машруб менӯшид ва гоҳ-гоҳ ба Мосес пораҳои нони дар оби ҷав тар карда шударо медод. Коргаронаш бекораву беинсоф, киштзорҳояш пур аз алафҳои бегона, бомпӯши биноҳояш таъмирталаб буданд, ҳамзамон, коргаронаш нисбат ба чарогоҳҳо беэътиноӣ зоҳир намуда, ба ҳайвонот кам ғизо медоданд.

Моҳи июн ҳам фаро расиду фасли дарави алаф даромад. Дар арафаи нимаи аввали тобистон, ки ба рӯзи шанбе рост омад, ҷаноби Ҷонс ба Виллингдон рафт ва дар қаҳвахонаи Шери Сурх чунон машруб нӯшида, маст шуд, ки то нисфирӯзии рӯзи якшанбе барнагашт.

Коргаронаш субҳи барвақт модаговҳоро ҷӯшида, ба ҷойи ба ҳайвонот ғизо додан ба харгӯшшикор рафтанд. Вақте ки ҷаноби Ҷонс баргашт, дарҳол худро ба рӯи дивани меҳмонхона партофт - ҳатто ғизо додани ҳайвоноти бечора ба ёдаш нарасид - ва ба хондани рӯзномаи “Ахбори ҷаҳон” оғоз кард, баъдан рӯзнома рӯяшро пӯшонид ва то фарорасии шом хобаш бурд. Ниҳоят, тоқати ҳайвонот тоқ шуд. Яке аз говҳо бо шохаш дари оғилро зада шикасту ҳамаи ҳайвонот ба берун баромаданд. Маҳз дар ҳамин лаҳза ҷаноби Ҷонс аз хобаш бедор шуд. Лаҳзаи дигар ӯ бо чор коргараш ба оғилхона расида, бо тозиёна!

ба ҳар тараф мезад. Косаи сабри ҳайвоноти гурусна лабрез шуда буд. Онҳо якдилона - гарчанде ки ин аз пеш тарҳрезӣ нашуда буд - ба шиканҷакунандагони худ дарафтоданд.

Ҷонс ва коргаронаш ногаҳон диданд, ки аз ҳар тараф онҳоро лағадкӯб карда истодаанд. Вазъи ба амал омада, комилан аз таҳти назорати онҳо берун рафт. Ҷонс ва коргаронаш ба латукӯб ва бадрафторӣ кардан нисбат ба ҳайвонот одат карда буданд, аммо имрӯз рафтор ва шӯриши ногаҳонии ҳайвонот онҳоро сахт тарсонд. Онҳо пас аз лаҳзае аз кӯшиши ҳимояву дифоъ кардан даст кашида, дар фикри фирор кардан шуданд. Пас аз дақиқае ҳамаи панҷ нафари онҳо тавассути пайроҳаи ароба, ки ба роҳи асосӣ мебурд, дар гурез буданд ва ҳайвонот бошанд аз қафо онҳоро пайгирӣ мекарданд.

Хонум Ҷонс аз тирезаи утоқи хобаш ба берун нигариста, дид, ки чӣ ҳодиса рӯй дода истодааст, ӯ саросемавор баъзе анҷомҳоро ба борхалта андохта, бо роҳи дигар аз Саройи чорпоён берун шуд. Мосес аз ҷояш ҷаста, 18 он чи ки бо он чорпоёнро зада меронанд, қамчин баланд-баланд қар-қар карда, аз қафои хонум Ҷонс парида рафт. Ба ҳамин минвол, ҳайвонҳо Ҷонс ва коргаронашро то ба сари роҳи асосӣ таъқиб карданд ва дарвозаи калони панҷарагиро аз паси онҳо пӯшиданд. Ҳамин тавр, то ҳайвонҳо дарк карданд, ки чӣ воқеа рӯй додааст, аллакай шӯриш бомуваффақият анҷом ёфт: Ҷонс аз он ҷо ронда шуд ва акнун Саройи чорпоёни Манор азони ҳайвонҳо шуд.

Дар дақиқаҳои аввал ҳайвонҳо аз пирӯзии худ бовар надоштанд. Дар амалиёти аввалини худ яке аз ҷонварон дар атрофи сарҳади Саройи чорпоён давида, боварӣ ҳосил кард, ки ҳеҷ як Одам дар он ҷо пинҳон нест.

Сипас онҳо ба сӯи биноҳои Саройи чорпоён давида рафтанд, то осори охирини салтанати нафратовари Ҷонсро нест кунанд. Биное, ки дар он асбобу анҷом ва афзорҳо нигаҳдорӣ мешуданд, (он дар поёни саисхона воқеъ буд) дараш шикаста буд: дар он ҷо лаҷом, ҷилав, узангу, ҳалқаҳо барои бинӣ, занҷир барои сагҳо, кордҳои бераҳмонаи Ҷонс, ки ба воситаи онҳо хукҳо ва барраҳоро ахта мекарданд, мавҷуд буданд ва ҳамаи ин лавозимот ба чоҳ андохта шуд. Ба болои оташи партовҳое, ки дар ҳавлӣ фурӯзон буд, халтаҳо, ресмону танобҳо, зину тасмаҳо, ҷилду ҷилав ва дигар ашёи сӯзанда партофта шуданд. Тозиёнаҳоро низ ҳамин тавр сӯзонданд. Вақте ки тозиёнаҳо дар оташ аланга зада месӯхтанд, ҷонварон аз шодӣ дар ҷойҳои худ мепариданд. Барфаки кулӯла, инчунин лентаҳоеро, ки одатан дар рӯзҳои бозор бо онҳо ёлу думҳои аспҳоро оро медоданд, ба оташ афканд.

“Лентаҳо,” -- гуфт ӯ, -- “ҳамчун либос шумурда мешаванд ва ин нишонаи одамӣ аст.

Ҳама ҳайвонҳо бояд урён бошанд”.

Боксёр ин суханонро шунида, кулоҳи хурди пахолиеро, ки маъмулан дар фасли тобистон барои ҳимояи гӯшҳояш аз пашшаҳо истифода мебурд, оварда, бо дигарон онро ба оташ партофт.

Дар муддати хеле кӯтоҳ ҳама чизе, ки ҷаноби Ҷонсро ба ёд меовард, нобуд карда шуд. Баъд аз ин Наполеон ҳамаи ҳайвонҳоро боз ба шипанг бурд ва ба онҳо миқдори дукаратаи ҷуворимакка дод ва ба зами ин, барои ҳар як саг ду донаи бисквит дод. Пас аз ин онҳо ҳафт маротиба ба завқи тамом суруди “Ҳайвоноти Англия”-ро хонданд ва оромона шаб хобиданд, чунин ба роҳат ҳеҷ гоҳ нахобида буданд.

Чун ҳарвақта саҳар аз хоб бедор шуданд ва ногаҳон пирӯзии дирӯзаро ба хотир оварда, ҳама якҷоя ба чарогоҳ баромаданд. Каме поёнтар аз чарогоҳ теппачае буд, ки аз он ҷо қисми зиёди ҳудуди Саройи чорпоён намоён буд. Ҳайвонот ба болои он шитофтанд ва дар равшании субҳ ба гирду атрофи Саройи чорпоён менигаристанд. Бале, ин ҳама мулк аз они онҳо буд - ҳар чизеро ки медиданд, моли онҳо ба ҳисоб мерафтӣ!и Аз ҳамаи ин хушбахтиҳо ҳайвонот ба ваҷд омада, аз ҳаяҷон ба ҳар тараф меҷаҳиданд ва ба ҳаво мепариданд. Онҳо рӯи гиёҳҳои шабнамхӯрда ғелида, алафи сабзи тобистонаро мечариданд ва замини сиёҳро лагадкӯб карда, аз бӯи он роҳат мекарданд. Баъдан онҳо тамоми ҳудуди Саройи чорпоёнро гашта, заминҳои шудгоршуда, алафзор, боғи мева, ҳавз ва марғзорҳоро бо лаззат аз назар гузарониданд.

Гӯё онҳо ҳеҷ гоҳ ин чизҳоро надида буданд ва ҳоло ҳам базӯр бовар мекарданд, ки ин ҳама моли худи онҳост.

Баъд онҳо ба назди биноҳои Сарой баргашта, хомӯшона дар назди дари хонаи истиқоматии Саройи чорпоён истоданд. Ин ҳам аз они ҳайвонот буд, вале онҳо тарсиданд, ки ба дарун дароянд. Аммо пас аз лаҳзае, Барфаки кулӯла ва Наполеон бо китфашон дарро кушоданд ва ҳайвонҳо аз тарсе, ки чизеро нашикананд, бо эҳтиёт ба он ҷо ворид шуданд. Онҳо қатор шуда, оҳиста - оҳиста ва бо эҳтиёт аз утоқ ба утоқ бо овози паст паҳпаҳкунон гузаштанд, дар ошёнаи дуюм чизҳои бо ҳашамату зебо, аз қабили бистари хоб, оина, ҷиҳоз бо рӯпуш аз матоъи пашми асп, қолинҳои брюсселӣ, литографияи Малика Виктория дар болои камини меҳмонхонаро дида, дар ҳайрат монданд. Вақте, ки тавассути зинапоя ба поён фаромаданд, маълум шуд, ки Моллӣ ғайб задааст. Баргашта диданд, ки ӯ дар яке аз утоқҳои хоби занона мондааст. Вай пораи лентаи кабудро аз рӯи мизи утоқи либоспӯшии хонум Ҷонс гирифта, ба рӯи китфи худ гузошта, чун аблаҳон худро дар оина тамошо дорад. Дигарон ӯро сахт сарзаниш карда, ба берун бароварданд. Якчанд гӯшти дар ошхона овезон бударо барои дафн кардан ба берун бурданд ва бочкаи оби ҷави Ҷонсро Боксёр бо пойяш лагад зада, сӯрох кард, ғайр аз ин, дигар ягон чиз дар хона осеб надид. Дар худи ҳамон ҷо қарори якдилона қабул карда шуд, ки бинои истиқоматӣ ба осорхона табдил дода шавад.

Ҳама ба мувофиқа расиданд, ки ҳеҷ як ҳайвон ҳеҷ вақт бояд дар он ҷо зиндагӣ накунад.

Баъд аз ғизои субҳ Барфаки кулӯла ва Наполеон ҳамаи онҳоро боз ба наздашон даъват карданд.

“Рафиқон,” -- гуфт Барфаки кулӯла, -- “ҳанӯз соат шашу ними субҳ мебошад ва моро рӯзи дароз дар пеш аст. Имрӯз мо ба дарави алаф шурӯъ мекунем. Аммо як масъалаи дигаре ҳаст, ки аввал бояд ба он таваҷҷуҳ кунем”.

Хукҳо хабар доданд, ки дар давоми се моҳи охир онҳо китоби куҳнаи алифборо, ки ба фарзандони ҷаноби Ҷонс тааллуқ доштанд, аз партовгоҳ пайдо карда, омӯхтанд. Наполеон Барфаки кулӯларо барои овардани қуттии рангҳои сиёҳ ва сафед фиристод ва дигаронро ба сӯи дарвозаи калони панҷарагӣ, ки дар роҳи асосӣ меистод, бурд. Сипас Барфаки кулӯла (маҳз Барфаки кулӯла ҳусни хати зебо дошт) дар байни ду ангушти паллаи худ чӯткаи рангкуниро гирифта, дар болои дарвоза навиштаҷоти САРОЙИ ЧОРПОЁНИ МАНОРро ранг карда, ба ҷойи он САРОЙИ ЧОРПОЁН навишт. Ҳоло ин Саройи чорпоён чунин бояд номида шавад. Баъд аз ин, онҳо ба назди биноҳои Сарой баргаштанд ва бо супориши Барфаки кулӯла ва Наполеон нардбонеро ба девори охири анбори калон гузоштанд. Онҳо тавзеҳ доданд, ки тайи се моҳи охир хукҳо дар омӯзиши худ принсипҳои Ҳайвонгароиро ба Ҳафт принсип табдил доданд. Ин Ҳафт принсип акнун дар девор навишта хоҳад шуд ва онҳо қонуни тағйирнашавандаеро ба вуҷуд меоранд, ки тибқи он тамоми ҳайвонҳо дар Саройи чорпоён бояд то абад зиндагӣ кунанд. Бо каме душворӣ (зеро барои хукон дар рӯи нардбон истода, мувозинатро нигоҳ доштан мушкил аст) Барфаки кулӯла ба боло баромада, ба кор оғоз кард, Вингосӣ бошад, чанд зина поёнтар қуттии рангро дошта, меистод. Ин Ҳафт принсип дар девори қирдори!”? сиёҳ бо ҳарфҳои калони сафед навишта шуданд, ки онҳоро аз масофаи сӣ метр хондан мумкин буд. Онҳо чунин буданд:

ҲАФТ ПРИНСИП:

1. Ҳар кӣ бо ду пой меравад, душман аст.

2. Ҳар чӣ бо чор пой меравад, ё бол дорад, дӯст аст.

13 моддаи сиёҳранге, ки вақти полудани нафт таҳнишин шуда, барои мумфарш кардани роҳ, ранг кардани таҳкурсии бино ва ғайра истифода мешавад, қатрони нафт 3. Ҳеҷ ҳайвон набояд либос пӯшад.

4. Ҳеҷ ҳайвон набояд дар болои рахт бихобад.

5. Ҳеҷ ҳайвон набояд машрубот нӯшад.

6. Ҳеҷ ҳайвон ҳеҷ ҳайвони дигарро ба қатл набояд расонад.

7. Ҳама ҳайвонот баробаранд.

Навиштаҷот хеле зебо омад, ба ҷуз калимаи “дӯст”, ки он “дуст” навишта шуда буд ва ҳарфи “С” он ҳам бошад баръакс навишта шуда буд, вале дар маҷмӯъ талафузи принсипҳо вайрон нашуда буданд. Барфаки кулӯла онро барои дар хотира нигоҳ доштан бо овози баланд хонд. Ҳамаи ҳайвонҳо бо розигии комил сар ҷунбониданд ва хушзеҳнонашон якбора ба омӯхтани ин принсипҳо сар карданд.

“Акнун, рафиқон,” -- хитоб кард, Барфаки кулӯла ва чӯткаи рангуборкуниро партофта, -- “ҳама ба саҳро! Бигузор вазифаи фахрии мо аз Ҷонс ва коргарони ӯ зудтар даравидани алаф ва ғундоштани ҳосил бошад”.

Аммо дар ин лаҳза се гов, ки хеле нороҳат буданд, ногаҳон бо овози баланд кашиданд. Бисту чор соат боз шири онҳоро наҷӯшида буданд ва пистонҳояшон қариби кафидан буданд. Хукҳо пас аз андаке фикр кардан сатил гирифта, бо ангуштони паллаи худ, ки барои ин кор хеле мутобиқ буданд, говҳоро бомуваффақият ҷӯшиданд. Дере нагузашта панҷ сатили пур аз шири қаймоқдор таваҷҷуҳи зиёди ҳайвонотро ба худ ҷалб кард.

“Бо ин ҳама шир чӣ бояд кард?” - гуфт ҳайвоне.

“Ҷонс баъзан як қисми онро бо ем омехта мекард,” - гуфт яке аз мурғҳо.

“Дар бораи шир фикр накунед, рафиқон!” -- хитоб кард Наполеон бо ҷуссаи худ сатилҳоро пӯшонида. “Ба он аҳамият надиҳед. Дарави гандум муҳимтар аст. Рафиқ Барфаки кулӯла шуморо роҳнамоӣ мекунад.

Ман баъд аз чанд дақиқа расида меоям. Ба пеш, рафиқон! Дарав моро интизор аст”.

Ҳамин тавр, ҳамаи ҳайвонҳо барои ба дарав шурӯъ кардан ба саҳро баромаданд ва бегоҳӣ баргашта диданд, ки шир нопадид шудааст.

пешина
аз 11
навбатӣ