Зеҳн
Саройи чорпоён (Молхона)

Қиссаи ҳаҷвии Ҷорҷ Оруэлл дар тарҷумаи Усмоналӣ Латифӣ. Асар тавассути саргузашти ҳайвоноти як ферма таъсири қудратро ба баробарӣ ва озодӣ нишон медиҳад.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 11 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Боби X

Боби X

Солҳо мегузаштанд. Фаслҳои сол меомаданду мерафтанд, умри кӯтоҳи ҳайвонот сипарӣ мешуд. Замоне фаро расид, ки дигар ҳеҷ кас - ба ҷуз Кловер, Бенҷамин ва Мосеси ромшуда ва як қисми хукҳо - дигар замони шӯришро дар хотир надоштанд.

Муриел вафот карда буд. Блубелл, Ҷесси ва Пинчер низ аз олам даргузаштанд. Ҷонс ҳам дар хонаи майзадагон дар қисмати дигари ин минтақа фавтида буд. Барфаки кулӯларо фаромӯш карданд. Боксёр низ, ба истиснои чанд нафаре, ки ӯро мешинохтанд аз хотираҳо дур шуд. Кловер акнун аспи модинаи пире буд, ки дарди буғум ва ревматизм ӯро азият медод.

Ӯ ба синни ниҳоии нафақа расида буд, аммо дар асл ҳеҷ ҳайвон то ба ҳол ягон бор ҳам ба нафақа набаромад. Баҳс дар бораи ҷудо кардани чарогоҳ барои нафақахӯрон кайҳо аз байн рафта буд. Наполеон акнун хуки баркамол буду яксаду панҷоҳ кило вазн дошт.

Вингосӣ чунон фарбеҳ шуда буд, ки чашмонашро бо душворӣ мекушод. Танҳо Бенҷамини калонсол тағйир наёфта, мисли пештара буд ва танҳо афташ андаке хокистарранг гардида буд. Баъд аз марги Боксёр ӯ аз ҳарвақта дида, бештар нороҳат ва камгаптар шуда буд.

Афзоиши ҳайвонот - мисли нақшаи он солҳо - он қадар зиёд набуд, новобаста аз ин дар Саройи чорпоён теъдоди зиёди ҳайвонот мавҷуд буд. Барои бисёр ҳайвоноти нав ба дунё омада, шӯриш монанди як достоне буд, ки аз даҳон ба даҳон мегузашт ва дигар ҳайвоноти харидашуда, умуман дар бораи он чизе намедонистанд. Дар Саройи чорпоён ғайр аз Кловер боз се аспи дигар мавҷуд буд. Онҳо ҳайвонҳои бовиҷдону рафиқони хуб буда, софдилона меҳнат мекарданд, вале хеле аблаҳ буданд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо аз фани алифбо аз ҳарфи Б нагузаштанд. Он чи ки дар бораи шӯриш, принсипҳои Ҳайвонгароӣ гуфта мешуд, онро зуд қабул мекарданд, махсусан Кловер, ки нисбат ба ӯ эҳтироми фарзандӣ доштанд, вале фаҳмиши онро доштанд ё не ин шубҳанок ба назар мерасид.

Саройи чорпоён акнун ободтар ва кораш бонизомтар ба роҳ монда шуда, ҳудуди он бо ду майдоне, ки аз ҷаноби Пилкингтон харида буданд, васеъ карда шуд. Дар ниҳоят сохтмони Нерӯгоҳи барқии бодӣ бомуваффақият анҷом ёфта, Саройи чорпоён соҳиби мошинаи ғаллатозакунӣ, анборҳои ғалланигоҳдорӣ ва биноҳои гуногуни ёрирасон гардид. Ваймпер барои худ аробаи дучархадор харид. Аммо Нерӯгоҳи барқии бодӣ нерӯи барқ тавлид намекард. Дар Нерӯгоҳи мазкур ғалладонаро орд мекарданд, ки ба Саройи чорпоён фоидаи хуби пулӣ меовард. Ҳайвонот барои сохтани боз як Нерӯгоҳи дигар сахт меҳнат мекарданд ва мегуфтанд, ки дар он генератор барои тавлиди барқ насб карда мешавад. Дар бораи серию пурӣ, таъмин кардани оғилҳо бо равшании барқ, додани оби гарму хунук ва ҳафтаи кории серӯза, ки замоне Барфаки кулӯла орзу мекард, дигар сухан намерафт.

Наполеон чунин ақидаҳоро, ки ба рӯҳияи Ҳайвонгароӣ мухолифат мекарданд, маҳкум карда буд. “Хушбахтии ҳақиқӣ,” - мегуфт ӯ, - “дар меҳнати сахт ва сарфакорона зиндагонӣ кардан аст”.

Ба назар чунин мерасид, ки гуё Саройи чорпоён худи ҳайвонотро бойтар накарда, балки худи Саройи чорпоён бо хукону сагон бой шуда буданд. Шояд бой нашудани ҳайвонот қисман аз он сабаб буд, ки хукҳо ва сагҳо аз ҳад зиёд буданд. Гӯё ин тавр набуд, ки хукону сагон кор намекарданд ва ё онҳо бекора буданд. Баръакс, чунон ки ҳамеша Вингосӣ ба ҳама мефаҳмонд, кори ташкилӣ ва идоракунии Саройи чорпоён кори вазнину душвор аст.

Аксари ин намуд корҳоро ҳайвонҳои дигар он қадар хуб намефаҳмиданд ва зиёд дарк ҳам намекарданд. Барои мисол, Вингосӣ ба онҳо гуфта буд, ки хукҳо ҳар рӯз вақти худро дар анҷом додани корҳои пурасрор, ба монанди кушодани файлҳо, таҳияи ҳисоботҳо, омода намудани протоколҳо ва ёддоштҳои тафоҳум сарф мекунанд. Ин варақаҳои калони коғазӣ, ки навиштаҷоти зич доштанд, баъд дар оташи танӯр сӯзонда мешуданд. “Ин барои беҳбудии кори Саройи чорпоён аҳамияти калон дорад,” - мегуфт Вингосӣ. Ба ҳар ҳол, на хукҳо ва на сагҳо бо меҳнати худ барои Саройи чорпоён ягон фоидаи моддӣ намеоварданд, вале онҳо хеле зиёд буданд ва ҳамеша иштиҳои хуб доштанд.

Тарзи ҳаёти дигарон бошад - то он ҷое, ки онҳо мефаҳмиданд - мисли пештара буд.

Онҳо ҳамеша гурусна рӯи хошок мехобиданд, аз ҳавз об менӯшиданд, дар саҳро заҳмат мекашиданд, зимистон аз хунукӣ ва тобистон аз пашшаҳо дар азоб буданд. Баъзан ҳайвоноти пиронсол дар байни хотираҳои норавшану парешони худ кӯшиш мекарданд, муайян созанд: оё дар рӯзҳои аввали шӯриш, вақте ки Ҷонсро ронда буданд, ҳаёт беҳтар буд ва ё зиндагии ҳозира беҳтар аст - онҳо ҳеҷ чизро ба хотир оварда наметавонистанд. Ягон чиз вуҷуд надошт, ки ҳаёти ҳозираи худро бо он муқоиса кунанд, ба ҷуз хабарҳои Вингосӣ, ки ҳамеша бо рақамҳо беҳтар шудани сатҳи зиндагиро исбот мекарду нишон медод.

Ҳайвонот мушкилотро ҳалнашаванда арзёбӣ мекарданд ва ба ҳар сурат ҳоло онҳо барои баҳс кардан дар ин мавзуъ вақти хеле кам доштанд. Танҳо Бенҷамини калонсол ҳар як ҷузъиёти умри дарози худро дар хотир дошт ва медонист, ки ҳеҷ гоҳ вазъ беҳтар ё бадтар нашудааст, ҳамоно зиндагӣ аз гуруснагӣ, сахтӣ ва ноумедӣ иборат буд ва ин ҳам қонуни тағйирнопазири ҳаёт аст.

Аммо ҳайвонҳо ҳеҷ гоҳ ноумедиро ихтиёр намекарданд. Зиёда аз ин, барои дигарон узви Саройи чорпоён шудан мояи ифтихор ва шарафмандӣ буд. Саройи чорпоён ҳанӯз ҳам дар тамоми мамлакат -- дар тамоми Англия - ягона Саройи чорпоён буд, ки аз ҷониби ҳайвонот идора мешуд ва моликияти он ба худи онҳо тааллуқ дошт. Ҳеҷ яке аз онҳо, ҳатто ҳайвоноти ҷавон - ҳайвоноти нав аз фермаҳои дур - масофаи даҳ - бист километр - овардашуда, аз ин ҳол дар ҳайрат мемонданд.

Ва ҳангоме ки онҳо садои тири яроқро мешуниданд ва парчами сабзро мебардоштанд, дилҳояшонро ғуруру ифтихор фаро гирифта, замонҳои қадим, ронда шудани Ҷонс, Ҳафт принсип, набардҳои бузургро, ки аз ҷониби одамон сар мезад ва худи онҳо мағлуб мегардиданд, ба ёд меоварданд. Ҳеҷ як орзуҳои куҳан аз хотир дур намерафтанд. Ба гуфтаҳои Мейори пир дар бораи Ҷумҳурии Ҳайвонот - бояд он ҳудуди майдонҳои сабзи Англияро фаро мегирифт ва пойҳои одамон онро бояд поймол намекарданд - ҳайвонот ҳанӯз ҳам боварӣ доштанд. Шояд рӯзе меояд: шояд дар тӯли умри ягон ҳайвоне, ки дар замони ҳозира зиндагӣ мекунад ба зудӣ наояд, аммо ба ҳар ҳол он рӯз фаро хоҳад расид. Ҳатто суруди “Ҳайвоноти Англия”-ро онҳо дар ҳар ҷо бо овози паст ва пинҳонӣ мехонданд - гарчанде ки ҳеҷ як ҳайвон ҷуръат намекард, ки онро бо овози баланд хонад - ҳар як ҳайвони Саройи чорпоён онро аз ёд медонист. Бале, шояд зиндагии онҳо вазнин бошад ва на ҳама ба орзуҳояшон расиданд, вале онҳо медонистанд, ки мисли дигар ҳайвонот нестанд. Агар онҳо гурусна мемонданд, ин аз он набуд, ки ҳаққи худро ба одамони золим медоданд ва агар меҳнати вазнин онҳоро интизор буд, онҳо медонистанд, ки ақаллан барои худашон кор мекунанд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо бо ду пой намерафт. Ҳеҷ ҳайвон ҳайвони дигарро “Хӯҷаин” намегуфт. Ҳама ҳайвонот баробарҳуқуқ буданд.

Рӯзе, дар аввали фасли тобистон Вингосӣ гӯсфандонро аз қафои худ ба як гӯшаи дури заминҳои партови Саройи чорпоён - дар он ҷое, ки дарахтони тӯс меруиданд, бурд.

Гӯсфандон тамоми рӯзро дар он ҷо зери назорати Вингосӣ бо чаридани баргҳо гузаронданд. Бегоҳӣ худи ӯ ба Саройи чорпоён баргашт ва аз баски ҳаво гарм буд, ба гӯсфандон иҷозат дод, ки дар он ҷо бимонанд.

Тӯли як ҳафта онҳо дар он ҷо монданд ва дар ин муддат ягон намуди ҳайвони дигар онҳоро надид. Вингосӣ ҳар рӯз ҳамроҳи онҳо буд. Вай гуфт, ки ба онҳо суруди наверо меомӯзонад, ки барои дигарон феълан бояд махфӣ бошад.

Як шоми зебо, баъди баргаштани гӯсфандон, ҳайвонот низ корро ба охир расонда, ба сӯи биноҳои Саройи чорпоён бармегаштанд, дар ин лаҳза, аз саҳни ҳавлӣ шиҳаи дашатангези асп баланд шуд. Ҳамаи ҳайвонҳо дар ҳайрат монданд. Ин овози Кловер буд. Вай боз шиҳа кашид ва тамоми ҳайвонот дар ин лаҳза ба сӯи ҳавлӣ шитофтанд. Он гоҳ чизеро, ки Кловер дида буд, онҳо низ диданд.

Хук бо ду пойи қафояш роҳ мерафт.

Бале, ин Вингосӣ буд. Каме бо мушкилӣ - гӯё ҳанӯз он қадар одат накарда бошад, ки қисми зиёди ҷисми худро дар ин ҳолат нигоҳ дорад - аммо бо мувозинати комил Вингосӣ дар рӯи ҳавлӣ сайру гашт мекард. Лаҳзае нагузашта, аз дари Саройи чорпоён як қатораи дарози хукҳо даромаданд, ки ҳамаашон бо ду пойи қафои худ қадам мезаданд. Баъзе хукҳо ин корро аз дигарон беҳтар иҷро мекарданд, ба ҷуз як-ду хук, ки мувозинати устувор надоштанд ва мехостанд чӯбе барои такягоҳи худ дошта бошанд, ба ҳар ҳол ҳар яки онҳо ба осонӣ дар гирду атрофи ҳавлӣ роҳ рафтанд. Ва дар охир аккосзании бениҳоят баланди сагҳо ва садои бонги хурӯси сиёҳ аз омадани худи Наполеон хабар дод ва ӯ бо тамоми ҳашамат рӯи ду пойи қафояш рост истода, аз ин сӯ ба он сӯ менигарист, ва сагҳояш дар атрофаш ӯро иҳота карда буданд.

Вай дар дасташ тозиёнае дошт.

Хомӯшии марговар ҳукмфармо шуд.

Ҳайвонҳо дар ҳайрат монда, бо тарсу ваҳм, якяк ҷамъ шуда, қатораи дарози хукҳоро, ки оҳиста-оҳиста дар гирди ҳавлӣ гирд мегаштанд, тамошо мекарданд. Гӯё ҷаҳон чаппа шуда бошад. Пас аз каме ором шудан - сарфи назар аз даҳшати сагҳо ва одати кардаи онҳо дар мавриди танқид ва шикоят накардан аз воқеотҳои рӯйдода, ки ин хулқ дар онҳо дар тӯли солҳои тӯлонӣ инкишоф ёфта буд - онҳо эътироз карданд. Дар ҳамин лаҳза, гӯё бо ишорати касе тамоми гӯсфандон бо як овоз ба шиорпартоӣ оғоз карданд:

“Чор пой хуб, ду пой беҳтар! Чор пой хуб, ду пой беҳтар! Чор пой хуб, ду пой беҳтар!” Ин шиорро бидуни ист панҷ дақиқа такрор карданд. Ҳангоме ки гӯсфандон ором шуданд, бинобар сабаби он ки хукҳо ба хонаи истиқоматии Саройи чорпоён даромаданд, дигар фурсати изҳори эътироз кардан аз байн рафт.

Бенҷамин ҳис кард, ки касе китфи ӯро бо фукаш мезанад. Ба гирду атроф нигариста, дид, ки ин Кловер будааст. Чашмони пираш нисбат ба ҳарвақта хиратар шуда буданд.

Кловер чизе нагуфта, ӯро аз ёлаш гирифта, ба охири анбори калон бурд, ки дар он Ҳафт принсип навишта шуда буданд. Баъд аз як-ду дақиқа онҳо ба назди деворе, ки дар он бо ҳарфҳои сафед чизе навишта шуда буд, менигаристанд.

“Биноии ман суст шудааст,” - гуфт Кловер дар ниҳоят. “Ман ҳатто дар ҷавониям он чи ки дар он ҷо навишта шуда буд, хонда наметавонистам. Аммо ба назарам навиштаҷот дар девор дигар хел менамояд. Оё Ҳафт принсип тағйир наёфтааст, Бенҷамин?” Бори аввал Бенҷамин розӣ шуд, ки ваъдаи худро шиканаду он чӣ ки дар девор навишта шудааст, бихонад. Ҳоло дар он ҷо ба ҷуз як Принсип чизи дигар набуд. Дар он ҷо гуфта шуда буд:

ҲАМАИ ҲАЙВОНҲО БАРОБАРАНД АММО БАЪЗЕ ҲАЙВОНҲО АЗ ДИГАРОН БЕШТАР БАРОБАРӢ ДОРАНД Рӯзи дигар ҳамаи хукҳое, ки кори Саройи чорпоёнро назорат мекарданд, дар дасташон тозиёна доштанд. Дигар ба назар аҷиб намерасид, ки хукҳо барои худ дастгоҳи бесим харида, ба он телефонҳои худро насб мекарданд ва онҳо муштариҳои ширкатҳои Ҷон Булл, Тит-Битс ва Дейли Миррор буданд.

Ҳангоме ки Наполеон дар боғи Саройи чорпоён бо найчаи тамокудор дар даҳон дуд кашида, сайру гашт мекард - не, ҳатто вақте ки хукҳо либосҳои ҷаноби Ҷонсро аз ҷевон бароварда, ба бар мекарданд ва худи Наполеон либоси сиёҳ, бриҷаи шикорӣ ва музаи чармӣ, ки ҷаноби Ҷонс ӯро зимни заҳролуд кардани 50 Найчаи тамокудор - қисми лӯлачаи хурде, ки ба он тамоку мегузоранд ва онро ба даҳон гирифта, дуд мекашанд, мундштук ғизо барои куштани калламушон истифода мебурд, дар тан карда буд ва модахуки дӯстдоштаи ӯ бо либоси абрешимии тунуке, ки хонум Ҷонс рӯзҳои якшанбе мепӯшид, пайдо мегардиданд, дигар барои ҳайвонот аҷиб ба назар намерасиданд.

Пас аз як ҳафта, дар нимаи дуюми рӯз чанд аробаи дучарха ба Саройи чорпоён ташриф оварданд. Вакилони фермаи ҳамсоя барои азназаргузаронии Саройи чорпоён даъват шуда буданд. Тамоми Саройи чорпоёнро ба ҳамсояҳо нишон доданд ва ҳамаи онҳо аз ҳар як чизи дидаашон, бахусус ба Нерӯгоҳи барқии бодӣ мароқи калон зоҳир намуданд.

Дар ин вақт, ҳайвонот дар саҳро майдони шалғамро хишова мекарданд. Онҳо бо тамоми ғайрат меҳнат карда, рӯяшонро аз замин намебардоштанд, чунки онҳо намедонистанд, ки аз хукҳо бештар ҳарос доранд ва ё аз одамони ташрифоварда.

Он бегоҳӣ аз хонаи истиқоматии Саройи чорпоён хандаҳои баланд ва сару садои сурудхонӣ баланд шуд. Ногаҳон ҳайвонот аз сару садои омехтаи ҳайвонҳо ба шавқу завқ омада, ҳисси кунҷковияшон баланд шуд. Чӣ чиз метавонад рӯй диҳад, вақте ки бори аввал ҳайвонот ва одамон дар асоси баробарӣ мулоқот мекунанд? Ҳама бо як тан оромона ба ҳавлии хонаи истиқоматии Саройи чорпоён даромаданд.

Дар назди дарвоза онҳо каме тарсида таваққуф карданд, аммо Кловер онҳоро роҳнамоӣ кард. Онҳо бо нӯги пой оҳистаоҳиста ба наздикии хона расиданд ва кадом ҳайвонҳое, ки қади баланд доштанд, ба тирезаи ошхона нигоҳ карданд. Дар гирди мизи дарозрӯя шаш нафар аз фермаи ҳамсоя ва ҳамон қадари дигар аз ҳисоби хукҳои номдори маъруф дар он ҷо нишаста буданд, худи Наполеон бошад, дар сари миз рӯи курсии фахрӣ менишаст. Хукҳо дар роҳаткурсиҳо худро партофта, фароғат доштанд.

Ширкаткунандагон бо ҳаловат қартабозӣ мекарданд, гоҳ-гоҳе барои шунидани нӯшбод?!

ва нӯшидани машруб бозиро қатъ мекарданд.

Як кӯзаи калон пур аз оби ҷав буд ва ҷоми онҳоро аз он пур мекарданд. Афту андоми ҳайвоноти ҳайратзадаро, ки аз тиреза нигоҳ мекарданд, касе пай набурд.

51 дар даст гирифтани қадаҳи машрубдор ва аз ҷой бархоста, гуфтани суханони таманниётӣ дар зиёфат, қадаҳгӯӣ, тост Ҷаноби Пилкингтон, аз Фоксвуд, ҷом дар дасташ аз ҷой бархост. “Ман мехоҳам,” - гуфт ӯ - “аз ширкаткунандагони муҳтарам хоҳиш кунам, ки ба қадаҳгӯии ман ҳамроҳ шаванд.

Аммо пеш аз ин, чанд сухане дорам, ки гуфтани онҳоро зарур мешуморам”.

“Бо як ҳисси қаноатмандӣ бояд зикр кард,” - гуфт ӯ ва боварӣ дошт, ки ҳамаи иштирокчиён ба суханонаш ҳамроҳ мешаванд - “давраи тӯлонии нобоварӣ ва нофаҳмӣ байни мо ба охир расид. Акнун замоне расид - натанҳо ман балки тамоми ширкаткунандагони зиёфат ба гуфтаҳои ман шарик мешаванд - соҳибони муҳтарами Саройи чорпоён ба ҳамсоягони одамии худ на бо душманӣ балки бо эҳтиром ва бо боварӣ муносибат мекунанд. Ҳодисаҳои нохуши ба вуқӯъомада ва андешаҳои хато рафъ карда мешаванд. Он замонҳо ақидаҳое, ба мисли мавҷудияти Саройи чорпоён, ки ба хукҳо тааллуқ дорад ва аз ҷониби онҳо идора мешавад, то андозае ғайримуқаррарӣ буд ва метавонист дар ҳамсоягӣ таъсири манфӣ дошта бошад. Бисёре аз деҳқонон бидуни огоҳ будан тахмин мекарданд, ки дар ин гуна Саройи чорпоён руҳияи саҳлангорӣ ва беинтизомӣ ҳукмфармост. Онҳо аз таъсири бади Саройи чорпоён ба ҳайвоноти худ ва ҳатто ба кормандони фермаҳои худ нигаронӣ мекарданд. Ана, акнун ин гуна шубҳаҳо аз байн рафтанд”. “Имрӯз - мо бо ҳамроҳии рафиқонамон Саройи чорпоёнро бо чашмони худ тамошо карда, ҳар як ваҷаби онро аз назар гузаронидем ва аз ин мо ба чӣ хулоса омадем?

На танҳо усулҳои нав, балки интизом ва тартиботе, ки дар ин ҷо ҳаст, бояд барои деҳқонони дигар фермаҳо намуна бошад. Вай бидуни муҳобот боварӣ дошт, ки ҳайвоноти кории ин ҷо нисбат ба дигар ҳайвоноти минтақа бештар кор кунаду камтар ғизо истеъмол намоянд. Воқеан ҳам мо бо ҳамсафаронамон имрӯз дар саройи чорпоён навгониҳои зиёдеро мушоҳида кардем, ки онҳо мехоҳем онро фавран дар фермаҳои худ ҷорӣ намоем”.

Вай нутқи худро ба охир расонида, таъкид карда, гуфт, ки ҳиссиёти дӯстона байни Саройи чорпоён ва ҳамсояҳои он бояд ҳамеша пойдор бошад. Дар байни хукҳо ва одамон ягон бархурди манфиатҳо набуд ва он лозим ҳам нест. Кӯшиш ва мушкилоти онҳо як аст.

Магар масъалаҳои меҳнат дар ҳама ҷо як хел нестанд? Дар охири нутқи худ ҷаноби Пилкингтон қасд дошт, ки сухани қаблан бодиққат омодакардаи худро ба ширкаткунандагон изҳор намояд, аммо аз дилхушии зиёд ӯро ҳаяҷон фаро гирифт ва натавонист онро баён кунад. Пас аз дамгир шуданаш - ҷоғари чандқабатааш ранги бунафшро гирифт, баъдан нафасашро берун карду гуфт: “Агар шумо ҳайвоноти коргари худро дошта бошед”? - гуфт ӯ - “пас мо синфи (ҳайвоноти) коргари худро дорем!” Ин матлаб ғурриши дилчасперо дар паси дастархон ба вуҷуд овард ва ҷаноби Пилкингтон бори дигар хукҳоро барои кам будани ҳиссаи ғизо барои ҳайвонот, вақти тӯлонии корӣ ва умуман набудани парастиш, ки дар Саройи чорпоён мушоҳида карда буданд, табрик кард.

“Акнун,” - дар охир гуфт ӯ - “ҳамаи ширкаткунандагон аз ҷой бархезанд ва боварӣ ҳосил кунанд, ки ҷомҳояшон аз машруб пур аст”. “Ҷанобон,” -- хулоса кард, ҷаноби Пилкингтон, -- “ҷанобон, ман ба шумо як нӯшбод барои шукуфоии Саройи чорпоён мегӯям!” Аз ин гуфтаҳо ҳама ба ваҷд омаду пойҳояшон ба тап-тапзанӣ даромаданд.

Наполеон аз хушҳолӣ барои миннатдорӣ аз ҷояш хеста, дар гирди миз давр гашт то ин ки қадаҳашро бо қадаҳи ҷаноби Пилкингтон ҷанг андозаду нӯшад. Вақте ки ҳама хомӯш шуданд, Наполеон дар пойи худ рост истода, изҳор кард, ки ӯ низ чанд сухан барои гуфтан дорад.

Чун ҳарвақта, Наполеон ба таври кӯтоҳ ва мухтасар сухан кард. Вай гуфт, ки давраи нофаҳмӣ пушти сар шуд ва аз ин хеле шод аст.

Муддати дуру дароз аз тарафи кадом як душмани ашаддӣ овозаҳо паҳн мешуданд - вай асос дошт барои ин ҳарфҳоро гуфтан - то ин ки фикр кунанд, ки ӯ ва ҳаммаслаконаш метавонанд, харобкорӣ ва ҳатто инқилоберо ба вуҷуд оранд. Гӯё онҳо мақсад ва кӯшиши барангехтани шӯришро дар байни ҳайвоноти фермаҳои ҳамсоя ба нақша гирифта буданд.

Аммо ҳеҷ чиз наметавонад аз ҳақиқат дуртар бошад! Орзуи ягонаи онҳо дар айни замон ва дар гузашта низ ин буд, ки бо ҳамсояҳояшон ҳаёти осоишта ва муносибатҳои муътадили тиҷоратӣ дошта бошанд. Ин Саройи чорпоёне, ки вай шарафманд аст онро роҳбарӣ кунад, як ширкати кооперативӣ буд. Ман ҳуҷҷате дар даст дорам, ки ҳуқуқи моликиятро муайян месозад, тибқи он ин моликияти ман ва хукҳо дар якҷоягӣ мебошад.

Ӯ гуфт, бовар надорад, ки ягон гумони шубҳанок ҳанӯз ҳам бокӣ мондааст, вале ба қарибӣ дар тартиботи Саройи чорпоён дигаргуниҳои муайяне ба вуҷуд хоҳанд омад, ки барои боз ҳам бештар мустаҳкам намудани боварӣ дар байни мо мусоидат хоҳанд кард. То ин дам ҳайвоноти Саройи чорпоён аз рӯи одати беақлонаи худ ба якдигар “рафиқ?” гуфта муроҷиат мекарданд. Инро аз байн бурдан лозим аст. Ғайр аз ин як одати тааҷҷубовар вуҷуд дорад, ки замони пайдоишаш маълум нест ва ин ҳар субҳи рӯзи якшанбе аз назди косахонаи сари хуки дар пояи сутуни парчам насб гардида, гузаштан аст. Инро ҳам аз байн мебарем ва косахонаи сарро дафн мекунем.

Меҳмонон низ парчами сабзеро, ки дар сари хода овезон буд - мушоҳида карда метавонистанд. Онҳо шояд пай мебурданд, ки суми пойи ҳайвон ва шохе, ки қаблан дар парчам бо ранги сафед кашида шуда буд, ҳоло бардошта шудааст. Аз ин ба баъд парчам бо ранги сабзи оддӣ хоҳад буд.

Ба гуфтаи Наполеон, ӯ вобаста ба суханони пурмуҳтаво ва ҳусни ҳамҷавории ҷаноби Шилкингтон танҳо як эрод дошт.

Ҷаноби Пилкингтон дар давоми суханронияш аз Саройи чорпоёни ба номи “Саройи чорпоён” ишора мекард. Албатта, вай намедонист - зеро Наполеон - ҳоло бори аввал эълон мекунад, ки номи “Саройи чорпоён” барҳам дода мешавад. Минбаъд ин Саройи чорпоён бо номи “Фермаи Манор” номгузорӣ мегардад, чунки он номи дуруст ва аслии ин Саройи чорпоён мебошад.

“Ҷанобон,” -- хулоса кард Наполеон, -- “ман ба шумо ҳамон нӯшбоди пештараро мегӯям, вале дар шакли дигар. Ҷомҳои худро то лабрез шуданаш пур кунед. Ҷанобон, ин аст нӯшбоди ман: Барои ободии Фермаи Манор!” Дар ин ҷо ҳам ба мисли пештара ғурриши дилчасп ба амал омад ва ҷомҳоро то холӣ шуданашон нӯшиданд. Ҳайвоноте, ки дар берун ба ин саҳна нигоҳ мекарданд, ба назарашон чунин мерасид, ки ягон воқеаи аҷибе рӯй хоҳад дод. Чӣ чиз буд, ки афтҳои хукҳоро тағйир дод? Чашмони хираи Кловери пир афти онҳоро як ба як нигоҳ мекард. Баъзеи ин одамон панҷ қабат ҷоғар, баъзеяш чор қабат ва баъзеи дигараш се қабат ҷоғар доштанд.

Аммо чӣ чиз буд, ки дар назари Кловер хира мешуду тағйир меёфт?

Сипас, кафкӯбӣ ба «охир расид, иштирокчиён ба қартабозии қатъшуда идома доданд ва ҳайвонот хомӯшона худро аз он ҷо дур карданд.

Онҳо бист метр нарафта, исти кӯтоҳе карданд. Аз хонаи истиқоматии Саройи чорпоён овозҳо ба гӯш мерасид. Онҳо шитобон баргаштанд ва боз аз тиреза нигоҳ карданд.

Оре, дар он ҷо ҷанҷоли шадиде ба вуҷуд омада буд. Доду фарёд, садои зарбаи рӯи миз, нигоҳҳои пурғазаб, хашму таҳқир ба назар мерасид. Сарчашмаи мушкилот дар он буд, ки Наполеон ва ҷаноби Пилкингтон зимни қартабозӣ ҳарду дар як вақт тузи пики сиёҳро

ба рӯи миз партофтанд.

Дувоздаҳ бозигар бо як овоз - бо хашм яксон дод мезаданд. Акнун маълум шуд, ки бо хукҳо чӣ шудааст. Ҳайвонот аз берун - аз хукҳо ба одамон ва аз одамон ба хукҳо менигаристанд, боз баргашта ба афти онҳо нигоҳ мекарданд - дигар маълум кардан ғайриимкон буд, ки кадоме аз онҳо кӣ аст.

пешина
аз 11