Зеҳн
Саройи чорпоён (Молхона)

Қиссаи ҳаҷвии Ҷорҷ Оруэлл дар тарҷумаи Усмоналӣ Латифӣ. Асар тавассути саргузашти ҳайвоноти як ферма таъсири қудратро ба баробарӣ ва озодӣ нишон медиҳад.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 11 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Боби IX

Боби IX

Сумҳои пойи Боксёр хеле дер шифо меёфтанд. Як рӯз пас аз анҷоми таҷлили ҷашни ғалаба ҳама ба барқарорсозии Нерӯгоҳи барқии бодӣ оғоз карданд. Боксёр ҳатто аз як рӯзи истироҳати худ даст кашида, пинҳон кардани дарди суми пойи худро барои худ вазифаи фахрӣ шумурд. Бегоҳи ба Кловер махфиёна иқрор шуд, ки суми пояш ӯро бисёр сахт ташвиш медиҳад. Кловер рӯи захмҳои суми пояш гиёҳҳои хоидашударо гузошта, ҳамроҳи Бенҷамин Боксёрро огоҳӣ доданд, ки аз ҳад зиёд кор накунад. “Шушҳои асп абадӣ нестанд,” - гуфт Кловер ба ӯ. Аммо Боксёр ба ҳарфҳои онҳо гӯш надод. Боксёр гуфт, ки ягона мақсади ӯ дидани Нерӯгоҳи барқии бодӣ пеш аз расидан ба синни нафақа мебошад.

Дар аввал вақте ки қонунҳои Саройи чорпоён таҳия ва тартиб дода мешуданд, синни нафақа барои аспу хукҳо дар дувоздаҳсолагӣ, барои говҳо дар синни чордаҳсолагӣ, барои сагҳо дар нуҳсолагӣ, гӯсфандон аз ҳафтсолагӣ ва мурғу ғозҳо дар синни панҷсолагӣ муқаррар шуда буд. Андозаи нафақа барои пиронсолӣ бояд баъдан муайян карда мешуд. Гарчанде, ягон ҳайвон иддаои гирифтани нафақаро накарда бошад ҳам, вақтҳои охир ин мавзуъ бештар ва бештар вирди забонҳо мегашт. Азбаски дар боғи ҳавлӣ замини хурде барои ҷав шудгор карда шуда буд, овозаҳо паҳн шуданд, ки гирди қисми калони чарогоҳро девор гирифта, онро барои ҳайвоноти нафақахӯр ҷудо мекунанд. Гуфта мешуд, ки нафақа барои аспон, дар як рӯз ба андозаи панҷ пудЗё ҷуворимакка ва дар зимистон понздаҳ дарза хошок, илова бар ин сабзӣ ва ё шояд дар рӯзҳои ид себ ҷудо мегардад. Охири тобистони соли оянда Боксёр дувоздаҳсола мешуд.

Феълан зиндагӣ душвор буд. Боду ҳавои фасли зимистон мисли зимистони соли гузашта сард буд ва ғизо нисбат ба порсола камтар буд.

Ҳиссаи ғизо - ғайр аз хӯроки хукҳо ва сагҳо - барои дигар ҳайвонот боз ҳам кам карда шуд.

“Аз ҳад зиёд кам кардани ғизо,” - шарҳ дод Вингосӣ - “ба принсипҳои Ҳайвонгароӣ мухолифат мекунад”.

Ӯ ба ҳар ҳол бидуни мушкилӣ ба ҳамаи ҳайвонот исбот кард, ки дар асл чӣ тавре бошад, онҳо аз ғизо танқисӣ намекашанд. Бо мурури замон, зарурати танзими ҳиссаи ғизо пеш омада буд (Вингосӣ ҳеҷ гоҳ “кам кардани ҳиссаи ғизо” намегуфт, ӯ ҳамеша ибораи “танзими ҳиссаи ғизо”-ро истифода мебурд), аммо дар муқоиса бо замони Ҷонс онҳо бештар бо маводи ғизоӣ таъмин буданд.

Ҳамеша ӯ бо овози гӯшхарош рақамҳоро бо овози баланд хонда, ба таври муфассал исбот мекард, ки онҳо назар ба замони Ҷонс зиёдтар ғалладона, алафу гандумпоя, шалғам бештар доранд ва нисбат ба он замонҳо камтар кор мекунанд, сифати оби нӯшокӣ беҳтар аст, ки дар натиҷаи он умри ҳайвонот дарозтар шудаасту фавти фарзандҳояшҳон паст гардида, ҳаҷми алаф дар охурҳояшон зиёд гардидаву хармагасҳо камтар гардидаанд. Ҳайвонот ба ҳар як калимаи суханони вай бовар мекарданд.

Рости гап, Ҷонс ва ҳамаи он чизе, ки ба ӯ вобаста буд, қариб аз хотири онҳо фаромӯш гардида буд. Онҳо як чизро возеҳ медонистанд, ки ҳаёти имрӯзаашон вазнин буда, бештари вақт аз гуруснагию сардӣ дар азобанду вақтҳои холии худро дар кор мегузаронанд. Бешубҳа, дар замони пеш вазъ аз ин ҳам бадтар буд.

Инро ҳайвонот бовар мекарданд ва аз он хурсанд буданд. Ба ғайр аз ин, дар замони Ҷонс онҳо ғулом буданд, акнун бошад, онҳо озод ҳастанд - ин тафовутро ҳамеша Вингосӣ таъкид мекард.

Акнун теъдоди истеъмолкунандагон зиёд шуда буд. Танҳо дар фасли тирамоҳ чор модахук дар як вақт сию як сар хукбача таваллуд карданд. Хукҳои ҷавон холдор буданд ва чун Наполеон ягона хуки нар дар Саройи чорпоён буд, дар бораи падари онҳо дигар ҳоҷати тахмин задан набуд. Эълон карда шуд, ки дар вақти муносиб, зимни харидорӣ намудани хишт ва чӯбу тахта, дар боғи Саройи чорпоён бинои мактаб сохта хоҳад шуд. Ҳоло бошад, худи Наполеон хукҳои ҷавонро дар ошхонаи Саройи чорпоён дарс медод. Онҳо дар боғ машқҳои вазифаи хонагиро иҷро мекарданд ва аз бозӣ кардан бо дигар ҳайвоноти ҷавон канорагирӣ менамуданд. Чун қоида муқаррар шуда буд, ки зимни рӯ ба рӯ гаштан бо ин хукҳо ҳайвонҳои дигар худро бояд канор мегирифтанд, инчунин барои ҳамаи хукҳо имтиёз дода шуда буд, ки рӯзҳои якшанбе бо лентаи сабз думҳояшонро ороиш диҳанд.

Новобаста аз он ки барои Саройи чорпоён он сол ниҳоят соли пурфайз буду бо муваффақият ҷамъбаст карда шуда буд, вале ҳанӯз ҳам маблағ намерасид. Гарчанде барои сохтмони мактаб хишт, қум ва оҳак харидорӣ карда шуда бошад ҳам, ҳамчунин барои дубора дастрас кардани таҷҳизоти Нерӯгоҳи барқии бодӣ пулро бояд сарфа мекарданд.

Баъд бояд керосин барои чароғ, шамъ барои хонаи истиқоматӣ, шакар барои дастархони худи Наполеон (истеъмоли шакар барои дигар хукҳо ба далели он ки онҳоро фарбеҳ мекунад, манъ шуда буд) ва дигар мавод, аз қабили афзорҳо, мех, арғамчин, ангишт, сим, сафоли бомпӯш ва бисквит барои сагҳо харидорӣ менамуданд. Як ғарами гандумпоя ва як қисми ҳосили картошкаро фурӯхта, қарордоди фурӯши тухмро аз чорсад дона дар як ҳафта ба шашсад дона расониданд ва он сол мурғҳо ба қадри кофӣ чӯҷа набароварда, саршумори худро дар ҳамон як сатҳ нигоҳ доштанд. Баъд аз кам кардани ҳиссаи ғизо дар моҳи декабр онро дуюмбора дар моҳи феврал кам карданд ва барои сарфа кардани керосин дигар оғилҳоро равшан намекарданд. Новобаста аз ҳамаи ин, чунин ба назар мерасид, ки ин маҳдудиятҳо ба хукҳо тааллуқ надошта бошанд, чунки онҳо ба қадри кофӣ вазн мегирифтанд. Рӯзе баъд аз нисфирӯзӣ - дар охири моҳи феврал - дар ҳавлӣ - дар ҷойи оби ҷавнушии хурдакак, ки берун аз ошхона воқеъ гашта буд ва аз замони Ҷонс ба ин тараф истифода намешуд, бӯйи хӯши иштиҳобахш, ки қаблан ҳеҷ гоҳ ҳайвонҳо чунин бӯйро наошомида буданд, паҳн шуд. Кадом як ҳайвоне гуфт, ки ин бӯйи ҷави бирён кардашуда аст. Ҳайвоноти гурусна ҳаворо бӯй кашида, фикр мекарданд, ки барои ғизои шом еми гарм тайёр карда истодаанд. Аммо ягон ҳайвон дар охӯрҷааш еми гармро надид ва рӯзи якшанбеи дигар эълон карда шуд, ки минбаъд тамоми ҷав барои хукҳо захира карда мешавад.

Дар майдони берун аз боғ аллакай ҷав кошта буданд. Дере нагузашта, хабаре паҳн шуд, ки ба ҳар як хук ҳамарӯза ба андозаи як пинта

оби ҷав ва барои худи Наполеон бошад, ним галлон оби ҷав дар зарфи шӯрбогирии Кроун Дербӣ дода мешавад.

Агар дар ин самт ба ягон душворӣ ва ё нофаҳмӣ рӯ ба рӯ мешуданд, он гоҳ онро ба гуфтани суханон, аз қабили ҳаёти имрӯза нисбат ба ҳаёти пештара бо шаъну шарафтар аст, ҷуброн мекарданд. Акнун бисёртар сурудҳо мехонданд, байни ҳам гап мезаданд ва 49 ченаки меъёри оби ҷав, 1 пинта-0.56 литр сайру гашт мекарданд. Наполеон фармон дода буд, ки дар як ҳафта як маротиба намоиши бадеӣ, аз қабили баромади ҳаваскоронро баргузор намоянд, ки мақсади асосии он ташвиқи дастовардҳо ва ғалабаҳои Саройи чорпоён бошад. Ҳайвонот дар вақти муайяншуда корро партофта, дар ҳавлии Саройи чорпоён - дар қатори якум хукҳо, баъд аспҳо, говҳо, гӯсфандон ва охирон паррандагон - саф кашида, қадамзанон дар гирди ҳавлӣ давр мезаданд. Сагҳо онҳоро аз ҳарду паҳлу ҳамроҳӣ мекарданд, аз пеш хурӯси сиёҳи Наполеон мерафт. Боксёр ва Кловер чун ҳар вақта дар байни худ парчами сабзеро, ки дар рӯяш расми суми пойи чорво ва шох доштаву шиори “Зинда бод рафиқ Наполеон!” навишта шуда буд, мебурданд. Баъд аз он шеърҳои дар васфи Наполеон эҷодшударо хонда, Вингосӣ дар бораи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти озукаворӣ нутқ ироа мекард ва дар охир аз яроқ тир холӣ карда мешуд. Гӯсфандон мухлисони асосии ин чорабинӣ буданд ва агар ҳайвоне (вақте ки хукҳо ва сагҳо дар наздикӣ намебуданд, баъзе ҳайвонҳо инро ба худ сазо медонистанд) дар бораи беҳуда сарф шудани вақт ва ё аз ҳад зиёд истодан дар ҳавои хунук шикоят менамуданд, гӯсфандон бо шиори “Чор пой хуб, ду пой бад!” онҳоро хомӯш мекарданд. Аммо ба бисёр ҳайвонот ин ҷашнҳо хеле маъқул буданд. Ба ин роҳ онҳо худро тасалло медоданд, ки дар ҳақиқат онҳо ғуломи касе нестанд ва меҳнати онҳо ба манфиати худи онҳост. Аз ин лиҳоз, вақте онҳо суруд мехонданд, раҳпаймоӣ мекарданд, Вингосӣ рӯйхати дастовардҳоро мехонд, аз яроқ тир холӣ менамуданд, хурӯс бонг мезад ва парчамро мебардоштанд, он гаҳ ҳайвонҳо чанд муддате гуруснагии худро фаромӯш мекарданд.

Дар моҳи апрел Саройи чорпоён худро ҷумҳурӣ эълон кард ва зарурати интихоб кардани президент ба миён омад. Танҳо як номзад буд. Наполеон - якдилона интихоб карда шуд. Худи ҳамон рӯз ҳуҷҷатҳои тозае пайдо шуданд, ки тафсилоти бештарро дар бораи шарикии Барфаки кулӯла бо Ҷонс ошкор карданд. Чи тавре ки ҳайвонҳо қаблан тасаввур мекарданд, Барфаки кулӯла на танҳо кӯшиш карда будааст, ки Муҳорибаи назди Оғили говҳо бохта шавад, балки ошкоро аз тарафи Ҷонс ҷангидааст. Дар асл, ӯ роҳбари нерӯҳои одамӣ буда, дар муҳориба бо суханони “Зинда бод одамҳо!” ба ҷанг баромадааст.

Ҷароҳати пушти Барфаки кулӯларо - акнун теъдоди ками ҳайвонҳо дар ёд доштанд, ки онро дандонҳои Наполеон зада хуншор карда будааст.

Дар миёнаи фасли тобистон Мосес - зоғи ромшуда баъд аз чанд соли бедарак буданаш ногаҳон дар Саройи чорпоён пайдо шуд. Вай тамоман тағйир наёфта буд ва мисли пештара танбалӣ мекард ва бо ҳамон савт дар бораи Кӯҳи Қанд нақл мекард. Вай дар болои чӯби рав нишаста, болҳои сиёҳашро афшонда ва бо ҳар касе, ки ӯро гӯш мекард, соатҳо гап мезад.

“Дар боло, рафиқон,” - бо тантана ва бо нӯли калонаш ба осмон ишора карда, мегуфт ӯ -- “дар боло, аз пушти он абри тира, ки шумо мебинед, Кӯҳи Қанд воқеъ гардидааст, он ҷост - он ҷост, он кишвари зебо, ки мо ҳайвонҳои бечора то абад аз меҳнати худ истироҳат хоҳем кард!” Вай ҳатто иддао мекард, ки дар яке аз парвозҳои баландтари худ вай ба он ҷо расида, заминҳои беохири юнучқа, кулчақанди зағирӣ ва сарқандро дидааст. Бисёре аз ҳайвонот ӯро бовар мекарданд. Ҳоло ҳаёти онҳо, тавре андеша мекарданд, аз гуруснагӣ ва заҳматкашӣ иборат аст. Шояд нисбат ба ин ҷаҳон ягон олами беҳтаре вуҷуд дошта бошад? Ягона чизи душвор ин муайян кардани муносибати хукҳо ба Мосес буд. Ҳамаи хукҳо изҳор карданд, ки суханони Мосес дар бораи Кӯҳи Қанд дурӯғанд, новобаста аз ин, ба ӯ иҷозат доданд, ки дар Саройи чорпоён бимонад ва бидуни кор кардан ҳар рӯз ба ӯ чоряк пинт оби ҷав ҷудо мекарданд.

Пас аз сиҳат шудани суми пойи Боксёр ӯ аз ҳарвақта дида сахттар кор мекард. Дар хақиқат ҳам он сол тамоми ҳайвонот мисли ғуломон кор карданд. Ба ғайр аз кори маъмулӣ ва мунтазами Саройи чорпоён ва барқарорсозии Нерӯгоҳи барқии бодӣ боз бинои мактаб барои хукҳои ҷавон сохта мешуд, ки онро бояд дар моҳи март ба истифода месупориданд. Баъзан соатҳои тӯлонии кор ва ғизои нокифояро таҳаммул кардан душвор буд, аммо Боксёр ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода намешуд. Ягон сухан ва ё амали ӯ нишон намедод, ки қувваташ тамом шуда истодааст. Танҳо намуди зоҳирии ӯ каме тағйир ёфта буд: пӯсташ назар ба пештара ялаққосӣ набуд ва тани бузургаш гуё хурд шуда буд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки “Боксёр дар фаро расидани алафи баҳорӣ боз бо тануманд мешавад,” вале алафи бахорӣ омаду Боксёр фарбеҳ нашуд. Вақте ки харсанг ба поёни кон баргашта, мелағжид ва ҳайвонҳо медиданд, ки суръати онро паст кардан наметавонанд, онҳо бо як ноумедӣ доду фарёд мезаданд ва Боксёр чун ҳамеша арғамчинро мустаҳкам мекашид, то ки он аз лағжидан боз монад. Баъзан дар нишебии тарафи кон, агар харсанги калонеро бо тамоми қувваи мушакҳояш боз медошт, ба назар чунин мерасид, ки пойҳояшро танҳо иродаи мустаҳками ӯ нигоҳ медорад. Дар чунин лаҳзаҳо дида мешуд, ки бо лабонаш - дигар бо овози баланд қуввати гуфтор надошт - суханони “Ман аз ин сахттар кор мекунам”- ро изҳор мекард. Бори дигар Кловер ва Бенҷамин ӯро огоҳ карданд, ки ба саломатии худ аҳамият диҳад, аммо Боксёр боз нисбат ба худ бепарво буд. Ӯ ба наздикӣ дувоздаҳсола мешуд. Вай тасмим гирифт, ки ба андозаи лозимӣ харсанг ҷамъ мекунаду баъд ба нафақа мебарояд.

Як бегоҳирӯзии тобистон дар Саройи чорпоён овозае паҳн шуд, ки гӯё бо Боксёр чӣ ҳодисае рӯй дода бошад. Ӯ тани танҳо барои кашидани харсанг ба Нерӯгоҳи барқии бодӣ рафта буд. Албатта, овоза дуруст баромад. Пас аз чанд дақиқа ду кабӯтар бо хабаре шитофтанд:

“Боксёр афтод! Ӯ ба паҳлу афтода, аз ҷой хеста наметавонад!” Қариб нисфи ҳайвоноти Саройи чорпоён ба сӯи доманаи теппачае, ки Нерӯгоҳи барқии бодӣ сохта мешуд, давиданд. Дар он ҷо Боксёр дар байни милҳои ароба, гарданашро дароз кашида, ҳатто сарашро боло карда наметавонист. Чашмонаш хира шуда, паҳлуҳояш аз арақ тар шуда буданд. Аз даҳонаш хун борик фаввора зада мебаромад.

Кловер дар паҳлӯяш ба зону афтод.

“Боксёр!” -- нидо кард вай, - “чӣ ҳол дорӣ?” “Шушҳоям,” - гуфт Боксёр бо овози хеле заиф. “Ҳеҷ гап надорад. Ба фикрам шумо бе ман сохтмони Нерӯгоҳи барқии бодиро ба охир мерасонед. Дар он ҷо харсанги зиёдро ҷамъоварӣ кардам. Ба ҳар сурат, ман танҳо як моҳи дигар фурсат доштам. Рости гап, ман ба нафақа баромаданамро бесаброна интизор будам. Ва шояд Бенҷамин ҳам, ки пиронсол шудааст, ҳамроҳи ман ба нафақа барояд, агар хукҳо иҷозат диҳанд”.

“Мо бояд фавран ба ӯ кумак расонем,” - гуфт Кловер. “Ягон кас давида, ба назди Вингосӣ рафта, ин ҳодисаро нақл кунад”.

Ҳамаи ҳайвонҳои дигар фавран ба хонаи истиқоматии Саройи чорпоён баргаштанд, то ба Вингосӣ ин хабарро расонанд. Танҳо Кловер ва Бенҷамин дар он ҷо, дар паҳлуи Боксёр дароз кашида, бидуни сухане пашшаҳоро бо думи дарозашон меронданд.

Баъд аз понздаҳ дақиқа Вингосӣ ошуфтаҳол пайдо шуда, ҳамдардӣ изҳор кард. Ӯ гуфт:

“Рафиқ Наполеон аз ин хабари мудҳише, ки бо яке аз коргарони содиқи Саройи чорпоён рух додааст, фаҳмида, дастур дод, ки Боксёрро барои табобат ба беҳтарин беморхонаи бойтории Виллингдон фиристанд”. Ҳайвонот аз ин гуфтаҳо як каме нороҳат шуданд. Ба ғайр аз Моллӣ ва Барфаки кулӯла дигар ягон ҳайвон аз Саройи чорпоён ба дигар ҷой нарафта буд ва онҳо намехостанд, ки рафиқи бемори онҳо ба дасти одамон супорида шавад.

Бо вуҷуди ин, Вингосӣ онҳоро ба осонӣ бовар кунонд, ки духтури ветеринарӣ дар Виллингдон метавонад Боксёрро нисбат дар Саройи чорпоён хубтар табобат карда, зудтар ба пой хезонад. Тақрибан баъд аз ним соат аҳволи Боксёр каме беҳтар шуд ва бо душворӣ сари пой хеста, тавонист ба оғили худ баргардад, ки дар он ҷо Кловер ва Бенҷамин барояш рахти хоби хуби хошокӣ омода карда буданд.

Давоми ду рӯзи дигар Боксёр дар оғили худ монд. Хукҳо як шишаи калони доруи гулобиро, ки аз тоқчаи доруҳои ҳаммоми хонаи истиқоматӣ ёфта буданд, ба Кловер доданд ва ӯ дар як рӯз ду маротиба баъд аз хурдани ғизо ба Боксёр аз ин дору медод. Ҳар бегоҳӣ Кловер дар оғили худ ғелида, бо Боксёр суҳбат мекарду ҳамзамон Бенҷамин пашшаҳои ӯро бо думаш меронд. Боксёр Кловерро таъкид мекард, ки аз ҳодисаи рухдода зиқӣ накунад. Ӯ кӯшиш мекунад, ки хуб шифо ёбаду шояд се соли умри боқимондаашро дар чарогоҳи калон оромона гузаронад. Бори аввал ба ӯ муяссар мегардид, ки ҳам таҳсил кунаду ҳам қобилияти худро такмил диҳад. Вай ният кард, ки то охири умраш бисту ду ҳарфи дигари алифборо аз бар кунад.

Ҳамин тавр, Бенҷамин ва Кловер танҳо баъд аз соатҳои корӣ бо Боксёр ҳамроҳ буда метавонистанд. Як рӯз нисфирӯзӣ аробаи калони рӯпӯшшуда барои бурдани Боксёр омад. Дар ин вақт ҳама ҳайвонҳо зери назорати хукҳо дар саҳро шалғам кӯчат мекарданд. Онҳо диданд, ки Бенҷамин ба тарафи биноҳои Саройи чорпоён гирёну шитобон мерафт ва овози баланди гиряи ӯ ҳамаро дар ҳайрат монд. Барои бори аввал буд, ки онҳо Бенҷаминро дар ҳолати ҳаяҷон ва сахт тохтан медиданд. “Зуд, зуд!” - фарёд зад Ӯ.

“Ҳама зудтар биёед! Боксёрро мебаранд!” Дигар ҳайвонҳо фармони хукҳоро мунтазир нашуда, корро партофта, ба сӯи биноҳои Саройи чорпоён давиданд. Дар ҳақиқат, дар ҳавлӣ як аробаи калони рӯпӯшшуда меистод, ки ба он ду асп баста шудаву дар паҳлуяш навиштаҷот дошт. Дар нишастгоҳи ронандааш бошад, як марди маккор менишаст, ки дар сар кулоҳаки тоҷдоре дошт. Оғили Боксёр холӣ буд.

Ҳайвонот дар гирди аробаи калони рӯпӯшшуда ҷамъ шуда, ҳама якҷоя “хайр, Боксёр, хайр!” мегуфтанд.

“Аҳмақҳо! Аҳмақҳо - фарёд зад Бенҷамин дар гирди онҳо давида ва бо сумҳои пойи кӯчакаш заминро кӯфта. “Оё надидед, ки дар паҳлуи ароба чӣ навишта шудааст?” Ҳайвонҳо каме таваққуф карда, хомӯш шуданд. Муриел ба хондани навиштаҷот шурӯъ кард. Аммо Бенҷамин ӯро ба як сӯ тела дода, дар миёни сукути маргбори ҳайвонот хонд:

“Алфред Симмондс, куштори ҳайвонот ва ширеши орд, Виллингдон. Фурӯши пӯст ва орди устухон, ғизо барои сагҳо”.

“Наход нафаҳмед, ки ин чӣ маъно дорад?

Боксёрро ба қассобхона мебаранд!” Дар байни ҳайвонҳо шӯру ғавғо баланд шуд. Дар ин лаҳза марде, ки ронанда буд, аспҳои худро қамчин зад ва аробаи калони рӯпӯшшуда оҳиста аз ҳавлии Саройи чорпоён баромад. Ҳамаи ҳайвонҳо бо овози баланд ғавғокунон аз қафои ароба рафтанд. Кловер ҳаракат карда, аз пеш гузашт. Ароба суръаташро баланд кардан гирифт. Кловер бо як суръат баробари он медавид. “Боксёр!” - фарёд зад вай. “Боксёр! Боксёр! Боксёр!” Дар ҳамин лаҳза, Боксёр дар ғалоғула гӯё аз берун садоро шунида бошад, афти худро, ки рахи сафед дар поёни бинӣ дошт, дар назди тирезаи хурди пушти аробаи калони рӯпӯшшуда намоён кард.

“Боксёр!” - бо овози баланд хитоб кард Кловер. “Боксёр! Баро аз он ҷо! Зуд баро! Туро барои куштан мебаранд!” Ҳамаи ҳайвонҳо “Баро аз он ҷо,” “Боксёр, берун шав аз он ҷо!” - гӯён фарёд мезаданд. Аммо ароба аллакай суръат гирифта, аз онҳо дур мешуд. Маълум набуд, ки Боксёр суханони Кловерро мефаҳмид ё не.

Аммо лаҳзае пас афти ӯ дигар аз тиреза намоён набуд вале аз дохили ароба садои задани наълҳо ба гуш мерасид. Боксёр кӯшиш мекард, ки худро раҳо кунад. Лаҳзаҳое буданд, ки агар Боксёр бо пояш чанд лагади дигар мезад, аробаи калони рӯпӯшшуда мисли қуттии гӯгирд мешикаст ва пора-пора мешуд. Аммо сад афсус! Қуввати ӯ тамом шуда буд ва пас аз чанд лаҳза садои наълҳо оҳиста-оҳиста паст шунида шуда, билохира хомӯш гардид. Аз ноумедӣ ҳайвонҳо ба ду аспе, ки аробаи калони рӯпӯшшударо мекашиданд, муроҷиат намуданд. “Рафиқон, рафиқон!” - гуфтанд онҳо. Шумо бародари худатонро барои куштан мебаред! Аммо ваҳшиёни аблаҳ, ки ҳамаи ин барояшон бетафовут буд, чӣ воқеа рӯй доданро намедонистанд, танҳо гӯшҳои худро ба ақиб кашида, суръати худро метезониданд. Афти Боксёр дар назди тиреза дигар дида намешуд. Чанде пас хостанд, ки пештар давида, дарвозаи панҷараро маҳкам кунанд, вале лаҳзаи дигар ароба аз он гузашта, дар роҳ зуд нопадид шуд. Боксёрро дигар ҳеҷ гоҳ касе надид.

Пас аз се рӯз хабар доданд, ки Боксёр дар беморхонаи Виллингдон, сарфи назар аз ҳама кӯшишҳое, ки барои наҷот додани он карданд, аз олам даргузашт. Вингосӣ омад, ки ин хабарро ба дигарон расонад. Аз рӯи гуфтаҳои Вингосӣ, ӯ дар лаҳзаҳои вопасини ҳаёти Боксёр ҳузур дошт.

“Ин манзараи пурҳаяҷоне буд, ки ман то ҳол надида будам!” - думашро бардоштаву ашкашро пок карда, гуфт Вингосӣ. “Ман то охирин лаҳза дар сари бистари ӯ будам. Ва ҳангоми ҷон додан ӯ ба гӯшам базӯр пичиррос зада, гуфт, ки ғамам камтар ва мурданам осонтар мебуд, агар Нерӯгоҳи барқии бодӣ сохта мешуд. “Ба пеш, рафиқон!” - базӯр пичиррос зад Боксёр. “Ба пеш, ба номи шӯриш.

Зинда бод Саройи чорпоён! Зинда бод рафик, Наполеон! Наполеон ҳамеша ҳақ аст”. Ин суханони охирини Боксёр буданд, рафиқон.

Дар ҳамин лаҳза рафтори Вингосӣ якбора дигар шуд. Вай лаҳзае хомӯш гашту пеш аз идомаи сухан бо чашмони хурдакакаш ба ин тарафу он тараф назари шубҳаноке афканд.

Дар бораи рафтани Боксёр овозаҳои беақлонаву аблаҳона паҳн шудаву ба ман ҳам расиданд. Баъзе ҳайвонҳо аз навиштаҷоти паҳлуи аробаи калони рӯпӯшшуда пай бурданд, ки рӯи он аломати “Куштори ҳайвонот” будааст ва воқеан ҳам ба хулосае омаданд, ки Боксёрро ба қассобхона фиристодаанд. “Бовар кардан ғайриимкон аст, ки ҳар як ҳайвон то ин дараҷа беақл бошад,” - гуфт Вингосӣ. “Наход” - вай бо хашму ғазаб фарёд зада, думи худро ба ин тарафу он тараф партофта - “доҳии маҳбуби мо, рафиқ Наполеон инро аз мову шумо беҳтар надонад?” Аммо шарҳ додани ин воқеа хеле осон буд.

Аробаи калони рӯпӯшшуда қаблан моли қассобхона буд ва онро беморхонаи бойторӣ харидорӣ карда, ҳанӯз номи куҳнаашро пок накарда буд. Ана аз қуҷо хатоӣ ба миён омад.

Баъд аз шунидани ин ҳарфҳо ҳайвонот хеле эҳсоси сабукӣ карданд. Вақте, ки Вингосӣ доир ба нигоҳубини хуб ва доруҳои гаронбаҳое, ки Наполеон ба арзиши онҳо нигоҳ накарда, барои муолиҷаи Боксёр харидорӣ намуда буд, тафсилоти бештар дод, шубҳаи охирини ҳайвонот аз байн рафт ва фикре, ки ақаллан Боксёр хушбахт мурдааст, ғаму андӯҳи ҳайвонҳоро кам карда, дили онҳо аз ин хабарҳо то андозае таскин ёфт.

Худи Наполеон субҳи рӯзи якшанбе дар маҷлис ҳозир шуда, ба шарафи Боксёр нутқи кӯтоҳе ироа кард. “Мутаассифона,” - гуфт ӯ, “имкони баргардонидани ҷасад ва дар ҳавлии Саройи чорпоён дафн кардани рафиқро надоранд,” - аммо ӯ фармон дод, ки аз лавраҳои боғи Саройи чорпоён гулчанбари калон сохта, сари қабри Боксёр гузоранд. Ва хукҳо ният доштанд, ки баъд аз чанд рӯз ба шарафи Боксёр зиёфати ёдбуд баргузор кунанд. Наполеон нутқи худро бо ёдоварӣ аз ду шиори дӯстдоштаи Боксёр: “Ман аз ин сахттар меҳнат мекунам” ва “Рафиқ Наполеон ҳамеша ҳақ аст” ба охир расонида гуфт, ки хуб мешуд агар ҳар як ҳайвон онҳоро ба худ ҳамчун шиор қабул кунад.

Дар рӯзи баргузории зиёфат як аробаи калони рӯпӯшшудаи баққолӣ аз Виллингдон омада, як қуттии калони чӯбинро ба Саройи чорпоён овард. Он шаб садои суруди номавзун баланд шуда, тақрибан соати ёздаҳ ҷанҷоли шадид бо шикастани шишаи тиреза анҷом ёфт.

Рӯзи дигар то нисфирӯзӣ дар Саройи чорпоён ягон ҳайвон намоён набуд. Овоза паҳн шуд, ки хукҳо аз ҷое пул пайдо кардаанд, то ба худ як қуттии дигари машруб бихаранд.

пешина
аз 11
навбатӣ