Зеҳн
МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.

Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа

Таҳсилот
Аз аввал хондан

И-ро нависӣ, шояд, Иқболи ту кушояд.

Садонок э Диктанти луғат Эзоҳталаб, шеър, хеш, деҳқон, эрод, эшон, эъҷоз, шанбе, экскаватор,эҷодкор Эраҷ, Элмурод, Эргаш, Эмин.

Диктанти аз ёд навиштан Ҳарфи Ээ Э – ро нигар накӯтар, Э – чун пари кабӯтар.

Э – ро даҳони боз аст.

Э – ро забони роз аст.

Э надорад эҳтиётат, Замин кунад ҳаётат.

Овоз ва ҳарфҳои ҳамсадо Диктанти интихобӣ I Олу-оҳу, бод-шод, сабр-ҷабр, мард-марг, мош-қош, танг- ранг, жола-мола, камон-замон.

II Гул-пул, нок-пок-ток, дона-шона-хона-лона, хола-лола- тор-кор-бор-мор-хор-зор.

III Кӯза-рӯза-мӯза-ғӯза, пир-шир-тир-қир, чӯл-кӯл-гӯл, рӯй- мӯй-бӯй-тӯй-шӯй, пушт-мушт-кушт.

IV Асал-касал, ака-акка, ору-дору, анҷир-абҷир, дорбоз- сарбоз.

Ҳамсадоҳои ҷарангдор ва беҷаранг.

Ҳамсадоҳои ҷуфт. Ҳамсадоҳои такрор (шадда) Диктанти луғат Парранда, дарранда, барра, бурро, зарра, пурра, муҳаррир, хуррам, Муҳаммад, Нарзилло, Фаррух, Муҳаррам, Мушарраф, миллат, тилло, қулла, омўзгор, маҷалла, хуллас, алла, салла, муаммо, Шукрулло, Абдулло, Амрилло, Хайрилло, Убайдилло, Исматилло, Раҳматилло, Саъдулло, ҷаннат, тонна, миннат, ҷаҳоннамо, мусаффо, шаффоф, ҳисса, қисса, пашша, шатта, маккор, пилла, чилла, теппа, наққош Супориш. Калимаҳоро нависед ва ба зери ҳамсадоҳои такрор (шадда) хат кашед.

Диктанти интихобӣ Мехи заррин – таги замин. (Сабзӣ) Осмон барояд ялаққӣ - замин дарояд тараққӣ.

(Каланд) Диктанти санҷишӣ Паррандагон - дӯсти мо Рӯзе Саттор ва Музаффар ба соҳили дар¸ рафтанд.

Кабкчӯҷае ¸фтанд, пои кабкчӯҷа бис¸р лат хӯрда буд. Онҳо пои кабкро бо латта бастанд. Кабк ба тезӣ сиҳат шуд. Саттор ва Музаффар шодӣ мекарданд. (32 калима) Шутур Шутур ба қади баланду гардани дарози каҷ дар биёбон роҳи дурро мебинад. Сўрохии васеи бинӣ мавҷуд будани обро аз дур ҳис мекунад. Кафи пойи шутур ду панҷаи васею ғафс дорад.

Пойи шутур ба реги тафсон намеғутад. (37 калима) Диктанти аз ёд навиштан Чистон Дегчаи пурҷазза, Ошакаш бомазза. (Чормағз) Ҷилди ман, лаззати ман, Меҳмонгусел, иззати ман.

(Қалама) Ҳарфҳои ётбарсар Диктанти луғат I Яздон, Яздоналӣ, Яраш, Яҳё, Марям, Шамсия, Яхшимурод, ҳадя, такя, чоряк, гиря, пирях, сентябр, октябр, ноябр, январ.

II Юсуф, Юнус, Юлдуз, июн, июл.

III Ёқуб, Ёдгор, Ёрмуҳаммад, Ёрмурод, Ёрмат, Ёраҳмад, Ёрӣ, Сайёра, Сураё, дунё, дарё, бӯрё, ашё, ҳушёр, бирён, дастёр, хамёза.

Диктанти шарҳдиҳӣ 1. Яҳ¸ донишомӯзи аълочӣ аст. 2. Модари Шамсия аз шаҳр омад. 3. Лутфия бо ҳамроҳи бобоям пагоҳ меояд. 4. Мо ду ҷӯяк харбуза коридем. 5. Ба тоза навиштан риоя намоед.

Аломати сакта (Ъ) Диктанти луғат Аъло, шеър, навъ, даъво, баъд, маъюс, лаъл, наъл, шўъла, табъ, таъна, баъзан.

Диктанти шарҳдиҳӣ I Сурат-суръат, шер-шеър, нав-навъ, даво-даъво, бад-баъд, ало-аъло, сурат-суръат, таб-табъ шавла-шӯъла, қаър-қаҳр.

II Мо гови ало дорем. Ман баҳои аъло гирифтам. Ман шеър мехонам. Шер ҳайвони ваҳшӣ аст. Мо баҳои бад намегирем.

Ман баъд меоям.

Супориш. Маънои калимаҳои бо ранги сиёҳ навишташударо гӯед.

III 1. Самеъ саъва дорад. 2. Шӯълаи шамъ намоён мешуд. 3.

Ман баъзе китобяҳоямро ба Неъмат додам. 4. Донишомӯзони синфи мо ҷамъ шуданд. 5. Мо ба ваъда вафо кардем. 6. Поезд дар разъезд кам меистад.

Супориш. Аввал калимаҳои дар мобайн аломати сакта дошта, сонӣ дар охир аломати сакта доштаро нависед.

IV Мавзӯъ – мавзӯи нав.

Манбаъ – манбаи дониш.

Толеъ – толеи баланд.

Васеъ – васею равшан.

Самеъ – Самеи аълочӣ.

Тобеъ – тобеи мо.

Диктанти интихобӣ Мӯйсафед ғазаболуд шуд. Агар минбаъд ба болои дарахти чормағз баромаданатонро бинам, поятонро мешиканам. Асад таъкид кард, ки бачаҳо ба болои чормағз намебароянд. Пеш- пеши об давидани Асаду Самад, Маъруфу Масъуд ба Калта маъқул шуд.

Диктанти эҷодӣ Эълон, шеър, баъд, таъриф, Маъруф, масъала, ҷамъ, шамъ, васеъ.

Супориш. Аз калимаҳои болои ҷумлаҳо тартиб диҳед.

Диктанти санҷишӣ Маҷлис Ҷумъа аъзои маҳфили “Камолот” аст. Баъд аз дарс ҳамаи аъзо¸н ҷамъ омаданд. Маҷлисро Суръат кушод. Маъруфов маърӯза кард. Донишомӯзон бо баҳои хубу аъло хонданро ваъда доданд. Ҷаъфар дар васфи Ватан шеър хонд. (33 калима) Супориш. Ба зери калимаҳои аломати сактадор (ъ) хат кашед.

Мурғшӯрбо Мурғшӯрбо як навъ таоми миллист. Мурғи сар буридаву паркандаро шуставу тоза карда ба дег меандозанд. Ба он мувофиқи табъ, пиёз, сабзӣ, картошка, баъзан каме биринҷ ё угро низ ҳамроҳ мекунанд. Мурғшӯрборо аксар вақт ҳамчун таоми парҳезӣ мепазанд. (38 калима) Ҳарфи ӣ Диктанти луғат Валӣ, Алӣ, барфбозӣ, лӯхтакбозӣ, шеърхонӣ, ғазалхонӣ, ғаллакорӣ, обёрӣ, бозӣ, Меҳрӣ, моҳӣ, шолӣ, дӯcтӣ, ҳaвлӣ, баҳoрӣ.

Диктанти шарҳдиҳӣ Моҳ-моҳӣ, пагоҳ-пагоҳӣ, саҳар-саҳарӣ, даст-дастӣ.

Диктанти эҷодӣ 1. Ба кори синфи ... ман омўзгор баҳoи хуб гузошт.

2. Таътили баҳори ... мо дар моҳи март мешавад.

3. Ман ба ҳавли ... рафта будам.

Супориш. Ба ҷои нуқтаҳо ҳарфҳои мувофиқ гузоред.

1. Бадӣ хатар орад, некӣ зафар.

2. Берӯӣ кунӣ, берӯ шавӣ, хушгӯӣ кунӣ –хушрӯ.

3. Аз дастат некӣ наояд, бадӣ ҳам макун.

4. Судро наяндешӣ, пушаймонӣ суд набахшад.

5. Сари тавозӯъ хам кунӣ, сарфароз шавӣ.

6. Пагоҳӣ шамоли форам вазид.

7. Шодӣ ба газетаи деворӣ мақола навишт.

8. Насрӣ ва Зебӣ дар рӯи ҳавлӣ бозӣ карданд.

9. Қумрӣ бо моҳӣ хӯрок пухт.

Диктанти интихобӣ Синфи мо газетаи деворӣ баровард. Модарам барои ман куртаи шоҳӣ харид. Вай дар фабрикаи дӯзандагӣ кор мекунад. Ба тозагӣ кор мекунем.

Мо ба назди дар¸и Зарафшон рафтем. Аз дар¸ моҳӣ доштем. Дар оби дар¸ оббозӣ кардем. Офтоб барои саломатӣ фоида дорад.

Диктанти биноӣ 1. Мо имрӯз дар майдончаи спортӣ бозӣ кардем.

2. Бозии футбол дар майдончаи спортии мактаби мо мешавад.

3. Мо газетаи деворӣ мебарорем.

4. Ба девори хона мех задан хуб нест.

Диктанти санҷишӣ Забони тоҷик Аҷаб ширинӣ, Асал баринӣ, Ба дил қаринӣ, Забони тоҷик.

Чун лафзи Ҷомӣ, Шеъри Низомӣ, Ҳастӣ гиромӣ Забони тоҷик.

Исҳоқ Ёқубов Ҳарфи е Диктанти луғат Шеър, девор, себ, Далер, хеле, чидем, гелос, зевар, мева, хонед, зебо.

Диктанти интихобӣ 1. Тошканд шаҳри зебо аст. 2. Мо дар боғ ниҳоли себу гелос шинондем. 3. Деҳқонон аз боғ ҳосили меваро ҷамъ оварданд. 4. Солеҳ бо Темур ба кино рафт. 5. Хуршед, Умед ва Зебо ба ниҳолҳо об медиҳанд. 6. Ман орзуи дурадгор шудан дорам. 7. Сухани некро азиз дор. 8. Беҳрӯз шеър аз ¸д кард.

Ҳиҷо Диктанти эҷодӣ Малах, кирмак, анҷир, каду, зард, хирс, шер, тирукамон, лаблабу, устухон, оҳангар, эзорсурхак, асп, ҷингиламӯ, чашмгурусна, хушманзара, мурғ, сайр, сирк, сабр, меҳр, қанд, шир, хуб, кат,чанбаршох, ҷигарранг, пистақиранг, кафтарбача, ҷуворимакка, шалғам, нахӯд, намак, сандуқ, офтобпараст, яхмос, шахмат, шабнам, соҳибҷамол, хабарнигор, хабарнома, сихкабоб, дастурхон, маросим, мурабо, бино, савсан, чавшан, бодом, чормағз, анор, биҳӣ, кӯрпача, равған, шакар, гавҳар, деҳа, чистон, парасту, фарзанд, Супориш. Калимаҳоро бо назардошти ҳиҷоҳо ба гурӯҳҳои зерин тақсим кунед.

Калимаҳои якҳиҷоӣ: олу, рӯз, сабз, сурх, ...

Калимаҳои дуҳиҷоӣ: лӯх-так, бо-лишт, ...

Калимаҳои сеҳиҷоӣ: гул-дас-та, чил-ко-кул, ...

Калимаҳои чорҳичоӣ: ҳо-зир-ҷа-воб, ...

Калимаҳои панҷҳиҷоӣ: гаҳ-во-ра-ҷун-бон, ...

Диктанти худамро месанҷам Меҳри Ватан монанди ҷон, Дар синаам дорад макон.

Озодхӯ содиқписар, Баҳри Ватан гардидаам.

Нӯъмон Розиқ Супориш. Калимаҳоро ба ҳиҷоҳо тақсим карда нависед.

Калима Диктанти интихобӣ I Мусича, малах, зоғ, пашша, мурғобӣ, шапалак, булбул, калхот, ғоз, тортанак, товус, мӯрча, мурғ, сӯзанак.

Супориш. Номи ҳашароту паррандагонро дар алоҳидагӣ нависед.

II 1. Мо ... ба музей рафтем. 2. Падари Мақсуд ... аст. 3. Хирс ... ӯро бӯй кард. 4. Тахтаро бо ... мебуранд. 5. Абрешимро аз ... пилла мекашанд. 5. Мо ба соҳили … рафтем. 6. Бахти¸р бо худ чойнику … гирифт. 7.Бобоям аз дарахт … чиданд. 8. Мо ба тамошои … рафтем.

Супориш. Ба ҷои нуқтаҳо калимаҳои мувофиқ гузоред.

Диктанти худамро месанҷам Чистонҳо Парпеч дорад, кӯдаке не, Риш дораду мардаке не.

(Ҷуворимакка) Ҷомааш аз сӯзан пур, Хонааш аз деҳа дур.

(Ҷайра) Дар болои зинаҳо, Роҳ мераванд хонаҳо.

(Поезд) Диктанти хомӯш (бесадо) сарбайт мехонад.

Сарбайтхон дар даст гулдаста пеш-пеши гулгардонҳо Диктанти санҷишӣ Парасту Парастуҳо болу думи тез дошта, хушпарвоз мебошанд.

Онҳо ранги сафед, кабуд ва хокистарранг доранд. Парасту паррандаи чусту чолок ва фоидаовар мебошад. Тухми парасту асосан ранги сафед, баъзан холҳои сурх ё сиёҳтоб дорад. (32 калима) Писта Танаи писта аз пояҳои ғафсу борик иборат аст. Дар дохили донаки писта мағзаки сершираву бомазза ҷойгир аст. Меваи писта ду намуд дорад: яке, пистаи хандон ва дуюм, пистаи нокушода.

Пистаро барои муолиҷаи ҷигар, зардпарвин, сурфа, дарди меъда тавсия медиҳанд. (40 калима) Маънои калима Диктанти эзоҳӣ Чашм-чашма, оҳан-оҳанг, гӯш-гӯшт, саг-санг, зар-зард, бед- беда, қарз-дарз.

Абр-абрӯ, субҳ-сулҳ, риш-ришта, бӯр-бӯрё, дар-дарё, табар- камар, орухон-дорухона, муш-мушт, пилла-чилла.

Супориш. Маъно ва фарқи калимаҳои рӯ ба рӯ навишташударо муайян кунед.

Диктанти санҷишӣ Одоби сухан Гуфтор ҳусни инсон аст. Чароғи сухан дидаҳоро мунаввар месозад. Сухани бемантиқ, ногувор, ноандешида оқибат ба кас пушаймонӣ орад. Ба назокати гуфтор беэътиборӣ кардан касеро беҳурмат мекунад. Гуфтори бад ва каҷҳарфӣ зарари калон дорад.

(35 калима) Гули лола Лола яке аз гулҳои қадим ва машҳуртарини кишварҳои Шарқ аст. Он барои гулзор намудани гулгашту хиёбон, гулбоғу чорбоғ васеъ истифода бурда мешавад. Дар буттазор, бешаи паҳнбарг, ҳамворию доманакӯҳ мерӯяд. Ранги гули лола сурх аст. (36 калима) Калимаҳои якҳиҷоӣ Диктанти таъкидӣ Об, нон, дар, дон, хон, чой, рӯй, мӯй, рав, бин, бӯр, дид, мӯр, сар, чашм, нок, себ, гул, дил, хол, хор, хок, хурд, сабр гӯшт, хук, саг, гург, муш, мош, даст, моҳ, пай, роҳ, риш, зулф, лаб, таб, боғ, доғ, дашт, кӯл, кӯҳ, ҳавз, миён, моҳ, сол, фасл, расм, дӯст, санг, субҳ, шом, шаб, таб, сиёҳ, сулҳ.

Калимаҳои дуҳиҷоӣ Диктанти интихобӣ Забон, дандон, биннӣ, гулӯ, абрӯ, падар, камар, модар, хоҳар, бародар, додар, замин, дафтар, мактаб, офтоб, китоб, журнал, тахта, дарахт, бемор, чанор, шамол, замон, борон, ангушт, ангишт, ришта, оташ, қафас, ватан, кишвар, парчам, булбул, гунҷишк, харгӯш, тарбуз, баҳор, чӯҷа, хурӯс, соат, таом, мавзӯъ, суръат, санъат, гулдон, духтар, зебо, хушрӯ, саёҳат, тоқат.

Супориш. Калимаҳоро ба ҳиҷоҳо ҷудо кунед.

Калимаҳои сеҳиҷоӣ Диктанти итихобӣ Шафтолу, зардолу, харбуза, помидор, дуредгар, гаҳвора, бародар, пазанда, хизина, дӯзандa, лабташна, пуштибон, ҳазорпо, насиҳат, донишомӯз, омўзгор, тиреза, ҳайвон, афсона, намакдон, рӯзнома, тобистон, зимистон, тирамоҳ, чароғон, ситора, шаршара, сухандон, омӯзгор, мусича, барнома, Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Намангон, Андиҷон, сухандон, мағоза, бойчечак гиребон, дилнишин.

Супориш. Калимаҳоро ба ҳиҷоҳо ҷудо кунед.

Калимаҳои чорҳиҷоӣ Диктанти шунавоӣ Ангуштпона, китобхона, беморхона, модаркалон, тиллокорӣ, ганҷкорӣ, зарбулмасал, сафарнома, нависанда, табрикнома, ҷумҳурият, Ӯзбекистон, нонвойхона, адолатҷӯ, фароштурук, ватанпарвар, офтобпараст, ширинсухан, сароянда, насиҳатгӯ, меҳмондӯст, самарабахш.

Диктанти санҷишӣ Бачаи боодоб Бачаи боодоб дар мактаб рафтан ва омадан бисёр боодоб роҳ меравад. Ба дари хонаҳои мардум ва ба дӯконҳо ва тирезаҳояшон нигоҳ карда намеистад. Дар роҳ худашро ба ҳар чиз машғул – саргардон намекунад, ба ҳар одами вохӯрда салом медиҳад. (40 калима) Ду бародар Сайфиддин ва Саъид ном ду бародар буданд, ки ҳар ду дар як мактаб мехонданд. Сайфиддин ҳамеша чизҳои худро парешон мекард. Рӯзе дафтари худро ба рӯи хона бепарвоёна партофта буд. Саъид дафтари бародари худро сиёҳ кард. Пагоҳӣ ба мактаб омўзгор дафтари Сайфиддинро айбнок дида ҷазо дод.

(47 калима) Номи предметҳо Диктанти луғат Кабк, бедона, булбул, Сӯх, Чуст, Фориш, Деҳқонобод, Сариосиё, Ғелон, Ҳисорак, “Овози тоҷик”, тӯтӣ, ҳудҳуд, шер, мӯр, малах, хирс, хомӯшак, “Овози самарқанд”, “Сурхон”, паланг, рӯбоҳ, харгӯш, “Бухорои шариф”, Сиёвуш, Аврангзеб, “Булбулча”, Баҳриддин, “Чашма”, Рахш, Алопар.

Диктанти таъкидӣ Бигзашт зуд аз Миришкор, Аз рӯи водии Ҳисор.

Аз боғ, аз роҳ ҳам, Аз кӯҳи Боботоғ ҳам.

пешина
аз 20
навбатӣ