МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.
Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа
Калимаҳо ва ибораҳо барои истифода: об, хунук, парида, либоси гарм, дувоздаҳ.
Тартиб додани ибораҳо Китоби ... (дарсӣ), дафтари ... (ҳусни хат), тахтаи ... (синф), қатори ... (якум), таърихи ... (рӯз), вазифаи ... (хонагӣ), мавзӯи ... (нав), дақиқаи ... (дамгирӣ), машқи ... (ҷисмонӣ), ҳошия ...
(дафтар), қалами ... (ранга), дӯсти ... (меҳрубон), занги ... (бapoмaд), танаффуси ... (калон).
Дуруст ва тез талаффуз кардан Шаш шаршара дар дара, Дар дара шаш шаршара.
Дар дасти бача кулча, Дар дасти оча бача.
Бобом бодом овард, Котиб китоб овард Хати ман – хоно ва зебо Дар хурдсолӣ хондан, Нақш бар санг мондан.
Машқу таълим ҳар ду мебояд, Гар яке нест, хат накӯ н-ояд.
Эзоҳ: Бо супориши омўзгор донишомӯзон байтҳоро хушхат ва зебо менависанд.
Тест 1. Мо чиро мебинем ва менависем?
а) ҳарфро б) овозро в) оҳангро 2. Мо чиро мебинем ва мешунавем?
а) овозро б) ҳарфро в) мусиқаро 3. Ҳарф ва тартиби муайяни онҳо чӣ ном дорад?
а) алифбо б) ҷумла в) калима 4. Ҳарфи аввалини алифбои забони тоҷикӣ кадом аст?
а) ҳарфи а б) ҳарфи о в) ҳарфи ю 5. О, а, у, ӯ, и, э чӣ гуна ҳарф ва овозҳоянд?
а) ҳарф ва овозҳои садонок б) ҳарф ва овозҳои ҳамсадо в) ҳарф ва овозҳои ётбарсар Диктанти луғат Оо. Ориф, Олим, Обида, Охун, Ором, Олу, оҳу, ору, олуболу, офтоб, олам, огоҳ, кор, ток, тор, бор, дор, чоҳ.
Аа. Абдуғаффор, Абдунабӣ, Аврангзеб, Ардашер, Алӣ, Аббос, Адолат, Абр, атр, абрӯ, асал, арра, абрешим, анор, ангур, арғамчин.
Уу. Усмон, Убайдулло, Умар, Умеда, Умрия, устухон, уқёнус, штурбон, ушшоқ, умр.
Ӯӯ. Ӯктам, Ӯлмас, ӯрдак, ӯсма, ӯмоч, қӯрғон.
Ии. Ибодат, Илҳом, Иззат, Ислом, иззатманд, иззатталаб, ибтидо, ивазкунӣ.
Ээ. Элмурод, Элназар, Эмин, эълон, эътироз, эъзоз, эъҷод.
Ёё. Ёдгор, ёздаҳ, ёл, ёрдам, ёр, ёрдамчӣ, ёсуман, ёқут.
Лл. Латофат, Латиф, Лутфия, Лобар, лаб, лаблабу, лавҳ, лагад, лайлак, латта, лаъл, лаҷом.
Пп. Парвин, Парвиз, Пӯлод, пиёла, пиёз, пилла, пирамард, пироҳан,пӯшок, посбон, помидор, пойафзал, полиз, пуршукӯҳ.
Сс. Сафар, Сурайё, Самандар, Савсан, Садафмоҳ, Саффориён, сабзавотғундорӣ,санбӯса, санъат, сарҳад.
Фф. Фарғона, Фирӯза, Фотеҳ, Файзулло, фиреб, феъл, фойтун, фонус, фӯта, фотоаппарат, футбол.
Ҷҷ. Ҷамол, Ҷалил, Ҷамил, Ҷамшед, ҷавоб, ҷайб, ҷангал, ҷамъ, ҷарроҳ, Ғғ. Ғазнавиён, ғазна, ғайрат, ғаввос, ғалбер, ғалладон, ғилоф, ғиччак, ғунда, ғӯза.
Диктанти эҷодӣ I 1. даромад, тирамоҳ, Фасли.
2. зард, дарахтон, Баргҳои, шуд.
3. хунук, ҳаво, мешавад.
Супориш. Хонед ва калимаҳоро ҷобаҷо гузошта ҷумлаҳо тартиб деҳед.
II 1. расид, Таътили, охир, тобистон, ба.
2. омадем, мактаб, Мо, ба.
3. кардему, нишастем, муайян, худро, ҷои.
4. аввал, шуд, сар, Дарсӣ.
Супориш. Хонед ва калимаҳоро ҷобаҷо гузошта ҷумлаҳо тартиб деҳед.
1. гулдаста, омўзгор, ба, додем, Мо.
2. ташаккур, гуфт, Омўзгор, мо, ба.
3. шудем, хурсанд, Мо.
III 1. шудааст, карда, таъмир, Дарсхона.
2. тоза, аст, синф, ҳавои.
3. шуд, сар, модарӣ, Дарси, забони Супориш. Хонед ва калимаҳоро ҷобаҷо гузошта ҷумлаҳо тартиб деҳед.
Диктанти озод Алифбо Китоби “Алифбо” хеле аҷоиб буд. Аз рӯи он мо аввал бо ҳарфҳо, сонӣ бо ҳичо ва сипас бо калимаву ҷумла шинос шудем. Хонданро омӯхтем. Шеърҳои зиёде аз ёд кардем.
Акнун мо “Китоби хониш” мехонем. Китоби мо ҳикояҳои аҷоиб, суратҳои зебо ва шеърҳои дилнишин дорад.
Ҳар чиз ҷой дорад Ҷӯра бачаи бепарво буд. Ӯ пӯшок ва китобу дафтару қаламашро ба ҳар сӯ бетартибона мепартофт. Пагоҳии рӯзи дигар аз хоб бедор шуда, чизҳои худро ба осонӣ намеёфт.
Рӯзи таваллуд Дар хонаи Нодира Сафарова ҳамсинфҳо ҷамъ омаданд.
Имрӯз вай ҳаштсола шуд. Дугонаҳо ба ӯ бозичаҳои ва китобҳpо тӯҳфа карданд. Модараш рӯи мизро бо хӯрокҳои болаззат оро дод.
Баъд аз хӯрок бачаҳо ба бозӣ сар карданд. Кӯдакон шеър хонданд, суруданд, афсона гуфтанд, рақсиданд.
Диктанти хомӯш (бесадо) Боғи ҳайвонот Рӯзи истироҳат бо падару модарам ба тамошои боғи ҳайвонот рафтем. Дар он ҷо аз ҳайвонот шер, паланг, рӯбоҳ, гург, шағол, оҳу, сиёҳгӯш, харгӯш, фил, санҷоб, зебра ва маймунро дидам. Паррандагони дар қафас нигоҳдошташуда - булбул, кабк, бедона хониш мекарданд. Товус, ҳудҳуд, кабӯтар болу пар кушода касро пешвоз мегиgрифтанд.
Китобхона Мо ба китобхонаи мактаб рафтем. Китобҳои афсона, ҳикоя, чистону тезгӯякҳо, зарбулмасалу мақолҳо диққати моро ба худ ҷалб кард. Ман китоби афсонаи “Бузаки ҷингилапо”-ро гирифтам. Ҷаъфар китоби афсонаи “Нахӯтак” -ро, Сардорҷони Равшанзода китоби афсонаи “Ҳафт додарон” -ро гирифтанд.
Нақшҳои гулдӯзӣ То ҳол 700 навъи нақшҳои гулдӯзӣ маълум аст. Тоҷикон аз қадимулаёйм бо дӯхтани нақшҳoи гулдӯзӣ машғул мешаванд.
Аноргул, аштак, барги бед, бодом, гулгулак, ислимӣ, качак, лола, маҷнунбед, райҳон, себарга, тоҷи хурӯс, аждаҳo, булбул, ғурғурак, думи товус, морпечон, нохуни паланг, пои каргас, парпар, ҷанги гунҷишк, оташ, ҳилол, ҳаштарк, гулбаст, моҳу ситора намунаҳои беҳтарину маъмултарини нақшҳои гулдӯзӣ мебошанд.
Диктанти санҷишӣ Харгӯш Шариф дӯсти ман аст. Мо ҳамроҳ бозӣ кардем. Дирӯз барои харгӯшҳо хона сохтем. Барои харгӯшҳо хӯрок низ тай¸р кардем. Хоҳарам Фирӯза ба мо ¸рӣ дод. (25 калима).
Хазонрезӣ Дар фасли тирамоҳ барги дарахтон зард мешавад. Баргҳо бо нозу авлонҷ ва рақcи дилнишин ба замин меафтанд. Аз барги дарахтон доруҳои шифобахш тайёр карда мешавад. (26 калима) Чилкокул Дар рӯзи зодрӯз падарам ба ман лӯхтак тӯҳфа кард. Ман ба он Чилкокул ном ниҳодам. Ҳар ду то вақти хоб бозӣ кардем.
Ману Чилкокул хоб рафтем. (26 калима) Дарси аввал Мо дирӯз ба мактаб рафтем. Вориди синф гашта ба дарсхонӣ машғул шудем. Дар васфи Ватан ва забони модарӣ шеърҳо аз ёд гуфтем. Баҳои хубу аъло гирифтем. (28 калима) Ватан Ӯзбекистон ватани мост. Мо дар Ватани худ хушбахтона зиндагӣ мекунем. Ватанамон моро дӯст медорад. Ҳар сол якуми сентябр иди истиқлоли Ватанмонро тантанвор пешвоз мегирем. Дар васфи он суруду шеърҳо мехонем. (30 калима) Овоз ва ҳарф Садоноки а Диктанти луғат Қад, кат, шаб, даст, каланд, баланд.
Диктанти аз ёд навиштан Ҳарфи А А аз ҳама аввал аст, А аз ҳама афзал аст.
А сарвари алифбост, А афсари алифбост.
А ро кас аъло хонад, Албатта аъло хонад.
Диктанти санҷишӣ Фаслҳои сол Як сол аз чаҳор фасл иборат аст. Баҳор, тобистон, тирамоҳ, зимистон фаслҳои сол мебошанд. Сентябр, октябр, ноябр фасли тирамоҳро ташкил медиҳанд. Дар фасли тирамоҳ баргҳои дарахтон зард мешавад. (30 калима) Тӯтӣ Тӯтӣ мисли булбул паррандаи хушхон аст. Тӯтии дастпарвари Ӯктам таъқлидона гап мезанад. Бӯстон, Дилафрӯз, Рӯзигул ба тӯтии Ӯктам ғизои хӯрокворӣ додаанд. Тӯтӣ пас аз сер шудан ба онҳо “ташаккур” гуфт. (30 калима) Мўрчаи сиёҳак Мўрчаяке гандум ёфт. Вай гандумро бардошта натавонист.
Мўрчаи сиёҳак дўстонашро ба ёрӣ даъват накард. Ў хост, ки худаш танҳо донаро кашонад. Ҳамин вақт як мўрчаи калони зард донаро бардошта рафт. Мўрчаи сиёҳак пушаймон шуд. (34 калима) Садоноки о Диктанти луғат Оила, оина, оҳу, олуболу, офтобпараст, овозахбор, одамдуст, оташ, бегоҳ, роҳ, моҳ, соз.
Диктанти худамро месанҷам Хок - хук, мор - мӯр, зар - зӯр, бар - бор, бур - бӯр, гул - гӯл, каҳ - коҳ Супориш. Садонокҳои ба ҷои ҳамдигар омада ва маънои калимаҳоро муайян кунед.
Дар байни ду ҳарфи н Як ҳарфи дигаре мон, Номи азиз чизе, Мешавад ҳосили он Диктанти таъкидии шунавоӣ I Роҳ - раҳ, моҳ - маҳ, коҳ - каҳ, даҳон - даҳан.
Супориш. Калимаҳоро ҷуфт-ҷуфт хонед ва тарзи навишташонро ба хотир доред.
II Ҳаво салқин шуд. Баргҳои дарахтон рехтанд. Сабзавот пухта расид. Одамон ҳосили обчакориро меғундоранд. Бачаҳо ба калонсолон ¸рӣ мерасонанд.
Ман китобро дӯст медорам. Китоб дӯсти одам аст. Китобро тоза нигоҳ медорем.
Диктанти таъкидии биноӣ Шамол лонаи паррандагонро вайрон кард. Мактаббачагон барои онҳо лона сохтанд. Бачаҳо ба паррандаҳо дон доданд.
Мошин омад. Вай дар назди хирмани пахта истод.
Донишомӯзон ба деҳқонон ¸рӣ расониданд.
Боғи гузар Ба ҳар дар созад роҳӣ, Гелосу себи шоҳӣ.
Мебарад бар ҳар хона, Анори шириндона.
Аз ноку шафтолуяш, Аз ангуру олуяш, Ҳамдеҳагон мечашанд, Хурду калон мечашанд … Боғи бобои Сафар, Боғи тамоми гузар.
Диктанти интихобӣ Муҳаммад Ғоиб Барои мо мактаби нав сохтанд. Мактаб хеле калон аст.
Бачаҳо ба мактаб рафтанд. Онҳо дар партаҳои озода нишастанд.
Дар синфи мо 35 нафар донишомӯз мехонад. Мо бо ҳам дӯстем. Ба донишомӯзони қафомонда ¸рӣ медиҳем. Синфро тоза нигаҳ медорем. Дар хонишу кор пешқадамем.
Диктанти аз ёд навиштан Фарзанди нағз – боғи падар.
Фарзанди бад – доғи падар.
Модар ризо, худо ризо.
Диктанти санҷишӣ Пайраҳа Маҳбубаю Шоҳида ҳар рӯз дар ҷои ду пайраҳаи ба ҳам пайваст вомехӯранд. Онҳо аз ин ҷо ҳамроҳ ба мактаб мераванд.
Аввал аз кӯпруки камбари чӯбин болои ҷар мегузаранд.
Пайраҳа дар баҳор зебо мешавад.(33 калима) Дарахти себ Дар боғи мо як дарахти себи пир ҳаст. Вай ба замин хеле чуқур реша давонидааст. Баҳорон офтоб заминро гарм мекунад.
Решаҳои себ шираи заминро ҷаббида, ба тана, навда, шох ва баргҳо медиҳанд. Ҳосил фаровон мешавад. (37 калима) Садонок у Диктанти луғат Узр, умр, умед, устод, ушшоқ, гулзор, гулшан, мушфиқ, Умедбахш, умрбод, меҳрубон, пуштибон.
Диктанти интихобӣ М . за, ҳаф . р, тан . р, тарб . з, маър . за, с . рх, анб . р, чуқ . р, ғ . за, ганд . м, д . юм, к . рак, ҳ . нар.
Ш . стуш . ӣ, к . ҳ, қ .рбоққа, т .й, оҳ . , ч . й, кад . , н . ҳ, қаламф . р, р . й, маъқ . л, б . й, г . рг, р . боғ, м . рғ, харг . ш, г . рба.
гузоред.
Супориш. Ба ҷои нуқтаҳо садонокҳои у ва ё ӯ-ро Диктанти аз ёд навиштан Илму ҳунар – ҳусни дигар.
Садонок ӯ Диктанти луғат Гулдӯз, фирӯз, шукӯҳ, дилафрӯз, худрӯ, хӯша, гӯша, кӯҳ, чӯл, лӯбиё, нахӯд,кӯча ӯсма, ҳулбӯ, ӯмоч, дилсӯз.
Диктанти хомӯш (бесадо) Бӯр, хӯр, рӯй, бӯй, Наврӯз, рӯбоҳ, харгӯш, кӯдак Хоҳарам ӯсма овард.
Падари ман чӯпон аст.
Мӯнис аз мактаб омад.
Мошин аз кӯча гузашт.
Онҳо аз доманаи кӯҳ лола чиданд.
Пӯлод бо Сӯҳроб ҷӯра аст.
Ман расми кабӯтар ва харгӯшро кашидам.
Диктанти интихобӣ 1. Ман тӯтӣ дорам. 2. Сӯҳроб ва Ӯктам ба боғи ҳайвонот рафтанд. 3. Мо дар боғи ҳайвонот рӯбоҳ, харгӯш ва маймунро дидем.
Диктанти санҷишӣ Гулнор Як духтараки ҳушёр буд, номаки ў Гулнор буд. Ду рухсор гулобӣ, чашми шаҳло нилобӣ, абрўвонаш думи мор, кокулчаҳояш қатор. Вай як мурғ дошт. Мурғи зарди пўпидор, чор чўҷаи беқарор: яке Зардак, дигар Сафедак, сеюм Алояк, чорум Тиллояк. (38 калима) Ӯзбекистон Ӯзбекистон ватани мост. Он якуми сентябри соли ҳазору нӯҳсаду наваду якум давлати соҳибистиқлол эълон карда шуд.
Дар Ӯзбекистон зиёда аз як саду сӣ намояндагони миллат зиндагӣ мекунанд.
Ӯзбекистон парчам, герб ва сурудии милли худро дорад.
Суруди миллии Ӯзбекистонро шоир Абудулло Орифов навиштааст. (43 калима) Садонок и Диктанти аз ёд навиштан Ҳарфи И И ҳарфи хушнавис аст, И ин қадар нафис аст.
Имкони И зиёд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё