МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.
Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа
Ҳарфҳои садонок Диктанти луғат I Модар, падар, бибӣ, бобо, бародар, хоҳар, додар.
II Салом, ҳурмат, одоб, ахлоқ, шармгин, меҳрибон, ширин.
III Зардӯзӣ, гуфтор, баҳор, тирамоҳ, ниҳолҳо, меҳмонхона, донояк.
Диктанти таъкидӣ I Сайёҳ, боғбон, тракторчӣ, омӯзгор, донишомӯз, зардӯз, деҳқон, бинокор, оҳангар, дуредгар.
II Будааст набудааст, як бузаки ҷингилапо будааст. Вай бачаҳояшро бо меҳнати ҳалолаш нигоҳубин мекардааст. Онҳоро аз ҳайвонҳои ваҳшӣ ҳимоя менамудааст.
III Дид, дод, дуд Сим, сӯм, сум Роҳ, руҳ, раҳ Шир, шӯр, шор.
IV Китоб манбаи дониш аст. Онро эҳтиёт кунед.
V Усто Хуршед – дуредгар, Даҳ ангушташ даҳ ҳунар.
Ӯ гаҳвора месозад, Бо касби худ менозад.
Маҳбуба Неъматзода VI Илм хоҳӣ – такрор кун, Ҳосил хоҳӣ – шудгор кун.
(Зарбулмасал) Диктанти аз ёд навиштан Абр Абри гузар Тохта гузар.
Дурру гуҳар, Рехта гузар.
Ягон-ягон, Чакида гузар.
Шӯрбо пазам, Хӯрда гузар. (Халқӣ) Диктанти санҷишӣ I 1. Эраҷ ба гапи Лайло тез-тез эрод мегирифт.
2. Эргаш симэлакро ба аммаи Шералӣ дод.
3. Электрик ба тахтаи эълонҳо якчанд қоғаз часпонд.
Супориш: Калимаҳои садонокҳои э ва е доштаро дар ду сутун навишта гиред.
II Об дар об чӣ бошад, Ҳавзи гулоб чӣ бошад, Оташ расад, ях кунад, Ӯро ҷавоб чӣ бошад?
(Тухм) Супориш: Задаи ҳарфҳои садонокро гузоред.
III Лола, кабуд, даромад, ёздаҳ, мегуфт, гирифт, Карима, дафтар, гурехт, шинохт, донишомӯз, Соро.
Супориш: Калимаҳои бо задаи зангӯлаи охир талаффузшавандаро ба як сутун, бо задаи зангӯлаи аввал талаффузшавандаро ба сутуни дигар нависед.
IV Баҳор омад, садои булбул омад, Насими фораму бӯи гул омад.
Либоси сабзро саҳро ба бар кард, Кулоҳи сап-сафед олу ба сар кард.
Мирзо Турсунзода Супориш: Калимаҳои шеърро ба ҳиссаҳо ҷудо карда, задаи ҳарфҳои садонокро гузоред.
Корбурди калимаҳо дар нутқ Диктанти луғат I 1. Лола – мола – жола – нола 2. Борон – морон - шорон 3. Нон – мон – дон – хон - кон 4. Ҷӯй – тӯй – мӯй – рӯй II Моҳӣ – моҳ Дӯстӣ – дӯст Шодӣ – шод Шахсӣ – шахс Боодобӣ – боодоб Дастӣ – даст III Шер, шир, садо, овоз, оҳанг, чашм, чашма, тифл, кӯдак, доно, боақл, тоза, озода, зебо, хушрӯй, рӯй, афт.
Диктанти таъкидӣ I Асал – асал Ситора – ситора Шабнам – шабнам Бодом – бодом Олим – олим Анор – анор Лола – лола Маҳтоб – маҳтоб II Таҳмина китобҳояшро тозаю озода нигоҳ медорад. Вай аълохони синфамон аст.
III 1. Адаб беҳтарин ганҷ аст.
2. Панд ба ҷои қанд.
IV 1. Маъруф ба корҳои бобояш ёрӣ медиҳад.
2. Тайёр кардани вазифаи хонагиро фаромӯш накун.
V 1. Дасту по надорад дара мекушояд.
2. Уштури гардандароз Меравад дуру дароз.
VI (Шамол) (Абр) Файзи баҳор Трактори додоям Вар-вари вар мекунад, Заминро ронда-ронда Ҳалвои тар мекунад.
Деҳқони толеъбаланд Ба кишт сар мекунад, Заминро кофта-пухта Чу кони зар мекунад.
Асад Гулзодаи Бухороӣ Диктанти санҷишӣ I Саги доно Шокир саге дошт. Номи ӯро Ҳушёр монд. Ҳушёр хеле зирак буд. Рӯзе ҷӯраи Шокир, Ҳасан бо Хайбар ном сагаш хонаи Шокир омад. Ҳушёр ва Хайбар зуд бо якдигар дӯст шуданд.
Супориш: Ба ҷои номҳои ду ҷӯра ва сагони онҳо номҳои дигар ёфта гузоред.
II 1. Аҳмад ба модараш як даста гули сурх овард.
2. Шамоли форами баҳор мӯйҳои сиёҳи ӯро парешон мекард.
3. Сӯҳроб бели калони падарашро як сӯ гузошту аз оби овардаи хоҳарчааш ҳузур карда нӯшид.
Супориш: Зери калимаҳои сурх, форам, сиёҳ ва калон хат кашед. Онҳоро бо ҳаммаъноҳояшон иваз кунед.
Феъл Диктанти луғат I Хонд, сохт, бурд, бурид, нигоҳ кард, меояд, гиря кард, кор мекунад.
II Донист, табрик кард, салом дод, харид, гурехт, сафед кард, ҷаҳид, пухт, мепазад.
III Хоб рафт, оббозӣ карданд, нигоҳ мекунад, парид, ханда мекард, мехобад, қар-қар кард.
IV Шиқир-шиқир кард, сохт, пухтанд, шино мекард, мехазид, ёрӣ надод, ёрӣ медиҳад.
Диктанти таъкидӣ I 1. Офтоб барояд, ҳаво гарм мешавад.
2. –Ту чӣ кор мекунӣ?
– Ман ба дугонаам мактуб менависам.
II 1. Ҳар кӣ забон гум кунад, Ному нишон гум кунад.
Салим Кенҷа 2. Мо дар ҷӯйи калон оббозӣ кардем.
3. Бародарам ба ман китоби суратдор овард.
III 1. Маҳаллаи мо обод ва зебо мебошад.
2. Омўзгор моро ба тамошои кӯҳистон бурд.
3. Фароштурук тез парвоз мекунад.
IV Бибиҷонам меояд, Дилу ҷонам меояд.
Аз роҳи дур меояд, Базӯр – базӯр меояд.
Гулчеҳра Сулаймонова V 1. Қурбоқа вақ-вақ мекунад.
2. Хар ҳангос мезанад.
Диктанти аз ёд навиштан I Кишвари зебо дорем, Халқи тавоно дорем.
Убайд Раҷаб II Баҳор омад, баҳор омад, Гули савсан қатор омад.
(Халқӣ) Диктанти санҷишӣ Гулчинӣ Бачаҳо ба саҳро рафтанд. Онҳо гул чинданд. Қосим суруд хонд. Товус бозӣ кард. Муаллим афсона гуфт. Ҳама хурсанд баргаштем. (20 калима).
Фохтак Фохтак паррандаи гўлу нодон мебошад. Вай дар лонаи фотимачумчуқ ва булбул тухм мегузорад. Соҳибони лона ба чўҷаҳо обу дон медиҳанд. (21 калима).
Нон Нон неъмати бебаҳост. Он аз орд тайёр карда мешавад.
Зиндагии мо бо нон хуш аст. Нону нонрезаро аз рӯи эҳтиёҷ истеъмол кунед. (23 калима) Бобуна Бобуна дорои бўи тез буда, хусусияти давоӣ дорад. Бобуна дар замини регдор ва санглох мерўяд. Барои муҳофизати чунин гиёҳи давобахш онро решакан накунед. (24 калима).
Ид дар мактаб Мактаби мо ид дорад. Карнайчӣ менавозад, нағорачӣ нағора мезанад. Зубайда мерақсад. Одамон базмро бо завқ тамошо мекунанд. Базми имрўза хуб гузашт. (24 калима).
Сулҳ Мо сулҳ мехоҳем. Сулҳ хушбахтӣ, шодӣ ва табассуми кӯдакон аст. Тӯҳфаи мо ба сулҳ хониши хубу аъло мебошад.
Сулҳ дар ҷаҳон пойдор мемонад. (24 калима) Баҳор Баҳори хуррам омад. Акнун ҳаво гарм ва софу беғубор мешавад. Замин бо сабзаи тару тоза пўшида мегардад. Бўи хуши баҳор ба кас ҳаловат мебахшад. (25 калима).
Тортанакҳо Тортанакҳо тўрбофӣ мекарданд. Тортанаки калони танбал буд. Бинобар ин, ўро тортанаки хира мегуфтанд. Вай ваъда дод, ки минбаъд ба базми мор, каждум, ғунда, занбўр намеравад.
(25 калима) Одоби таомхӯрӣ Таом ва меваро саросемавор нахӯред. Луқмаро калон нагиред. Бо даҳони пур аз хӯрок гап назанед. Ба таом айб намонед. Он ғизои зиндагӣ аст. (25 калима) Борон Борон сим-сим меборид. Баргҳои дарахтон ва гулҳо тар буданд. Бузу гўсфандон дар камари кўҳ пинҳон мешуданд.
Чўпонон ба хайма даромада манзараҳои атрофро тамошо мекарданд. (26 калима) Бозӣ Дар рӯи ҳавлӣ бозӣ сар шуд. Шодӣ тӯби футболро ба тарафи командаи Файзӣ зад. Бозӣ авҷ гирифт. Бозиро командаи Шодӣ бурид. Ҳама ба Шодӣ офарин гуфт. (26 калима) НАМУНАҲОИ ДИКТАНТ СИНФИ ДУЮМ Такрори мавзӯъҳои синфи якум Диктанти худамро месанҷам I Ҳ . рф, ово . , ҳ . ҷо, ка . има, и .ора, ҷу . ла, ма . н, ма .
қ, суп . риш, са . ол, ҷа . об, тезг . як, чи . тон, ма . ол, за .
бул . асал.
Супориш: Ба ҷои нуқтаҳо ҳарфҳои даркориро гузоред.
II Забон, хониш, китоб, дафтар, рӯзнома, қалам, қаламдон, гул, пул, тахта, омўзгор, мавзӯъ, сарлавҳа, ҳошия, қатор, донишомӯз, кӯҳна.
Супориш: Калимаҳоро ба ҳиҷо ҷудо кунед.
III Тартиб додани ҷумлаҳо 1. Мо синфи худро ... нигоҳ медорем.
2. Хурмо ва биҳӣ меваҳои ... мебошанд.
3. Дӯлона ... аст.
4. Аз .. атр тайёр мекунанд.
Калимаҳо ва ибораҳо барои истифода: тоза, тирамоҳӣ, растании кӯҳӣ, гулҳои хушбӯй.
1. Мӯрча барои нӯшидани ... ба ҷӯй фуромад.
2. Шамоли ... мевазад.
3. Паррандагон ба ҳар тараф ... рафтанд.
4. Одамон ... гарм мепӯшанд.
5. Як сол ... моҳ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё