МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.
Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа
Ҳарфи Э Диктанти луғат I Эраҷ, Эргаш, Эрон, элак, эрод, симэлак.
II Элакбоф, эҳтиром, эҳсон, эҳсос.
Диктанти санҷишӣ 1. Эҳсон элакро ба модараш дод.
2. Эраҷ дӯстонашро эҳтиром мекунад.
3. Карим дардро эҳсос накард.
4. Эраҷ ва Эҳсон ҷӯраҳои ҷонӣ мебошанд.
Ҳарфи Й Диктанти луғат I йод, йоднок.
Бӯй, тӯй, рӯй, мӯй, тӯйхона, рӯйи замин.
II III Ҷӯйбор, ҷӯй, ҷӯйча, пайғом.
IV Най, чойник, майна, кайк, байт, айб.
Диктанти санҷишӣ 1. Эраҷ дасту рӯй шуст.
2. Майсара аз ҷӯй об овард.
3. Эҳсон чойро дам кард.
Ҳарфи Я Диктанти луғат I Шамсия, Зулфия, Нория, Шодия, Япония.
II Ях, яхдон, ясли, ягон, мураббия, зебояк.
III Ягона, язна, якбора, якдил, якзайл, яклухт.
IV Майдаяк, тарбия, мӯрчаяк, тезгӯяк, як, якто.
V Яхмос, ятим, соя, ҳамсоя, кифоя, январ.
VI Мерӯяд, мешӯяд, мегӯяд, гӯяд, бӯяд, рӯяд.
VII Яхмолакбозӣ, вилоят, мӯям, рӯям, васият, саябон.
Диктанти санҷишӣ 1. Зулфия яхмосро дӯст медорад.
2. Йӯлдош дар синфи якум мехонад.
3. Сулҳия мӯяшро бофт.
4. Хиромон яхмос хӯрд ва гулӯяш дард кард.
Ҳарфи Ё Диктанти луғат I Ёқуб, Ёдгор, Диёр, Сайёр, лӯбиё, осиё.
II Сиёҳ, биёр, гиёҳ, ҳаёт, ёд, зиёд.
III Тайёр, ёрдам, ёрӣ, ёфт, дунё, фарёд.
IV Сайёд, поён, самолёт, ёздаҳ, ёрон, ёр-ёр.
V Саёҳат, пиёз, зиёдтар, ёбоӣ.
VI Ёдбуд, ёдгор, ёддошт, ёқут, ёрирасон.
Диктанти санҷишӣ 1. Ёдгор вазифаи хонагиро аз ёд кард.
2. Сайёҳон ёдгориҳои Бухороро тамошо мекунанд.
3. Ёдгор бачаи ҳушёр аст.
Ҳарфи Ю Диктанти луғат I Юсуф, Юнус, Юлдуз, Аюб, Қаюм, Юнон.
II Юған, парашют, юрма, юнучқа, ғаюр, юрт.
III Юмор, юбка, хонаю дар, дую се, дуюм, юнучқазор.
Диктанти санҷишӣ 1. Юсуф ва Парвин дар синфи дуюм мехонанд.
2. Юнус бо доси бобояш юнучқаро даравид.
3. Дар музей парашютро дидам.
4. Бародари Юсуф аз осмон бо парашют фуруд омад.
Ҳарфи Ж Диктанти луғат I Жола, Манижа, Бежан, Мижгона, журнал, мижгон.
II Жанда, жандапӯш, журналист, жож, жанр, ғижжак, жарф.
III Жоладона, жюрӣ, жӯлида, жӯлидамӯй.
Ҳарфи Ъ Диктанти луғат I Самеъ, Саъдӣ, Маъруф, Масъуд, Раъно, Аълам.
II Саъва, эълон, манъ, шеър, аъло, аъзо.
III Суръат, даъво, навъ, таъна, баъд, феъл.
IV Хушфеъл, раъду барқ, эътибор, эътироз, эътироф, эътиқод.
Диктанти санҷишӣ Чистон Танӯри тафсон, Кулчаи хандон, Лаълии марҷон, Чист ҷӯраҷон?
Чист он лӯъбати писандида, Атласи бешумор пӯшида.
Корбасти овоз ва ҳарф дар калимаҳо Диктанти луғат I Арра, алла, бурро, амма, акка, зарра.
II Латта, омўзгор, тилло, пашша, аввал, рассом.
Мурғ, товус, акка, булбул, лак-лак, мусича.
III Гурба, шер, хирс, гӯсола, шутур, бабр.
IV V Анҷир, харбуза, нахӯд, зардолу, бодом, гелос.
VI Мош, карам, хурмо, олу, писта, бодиринг.
Диктантҳои таъкидӣ I Хирс мурғобӣ фил акка мӯрча оҳу барра гурба II Анҷир харбуза зардолу чормағз хурмо тарбуз III Кова нони гарм овард. Вай бомазза буд.
IV Анвар сагча дорад. Лақаби вай Думкалта аст. Думкалта сагчаи боақл мебошад.
Диктанти аз ёд навиштан I Мепарастам нони гандум, Хӯшаҳои дони гандум.
II Дӯстон оинаи якдигаранд.
III Мехи заррин, Таги замин.
Диктанти санҷишӣ I Як бор бигӯ – ду бор бишнав.
Забони хуш қуфли дил кушояд.
Сухан бисёр дону андаке гӯ, Якеро сад магӯ, садро яке гӯ.
Супориш: Ба зери калимаҳои дуҳиҷоӣ хат кашед.
II Бародарам Ҷасурҷон дар сафи армия хизмат мекунад. Ба наздикӣ аз ӯ мактуб омад. Навиштааст, ки солиму бардам аст.
Аз ман хоҳиш кардааст, ки бо спорт бештар машғул шавам.
Супориш: Аз ҷумлаи якум калимаи Ҷасурҷон-ро ба ҳиҷо ҷудо кунед ва ба зери овозҳои ҳамсадо хат кашед.
III Аббос супориши омўзгорро бо диққат гӯш кард. Сонӣ латтаро гирифта тахтаи синфро тоза кард. Ба тахтаи синф калимаҳои наққош ва рассомро навишт.
Супориш: Калимаҳои шаддадорро навишта гиред ва онҳоро ба ҳиҷо ҷудо кунед.
IV Дар боғи ҳайвоноти шаҳрамон чунин ҳайвонҳо нигоҳубин карда мешаванд: асп, рӯбоҳ, хирс, паланг, хар, шер, бабр, саг, гов, харгӯш, гӯсфанд, буз, хук, тимсоҳ.
Супориш: Ҳайвонҳои хонагӣ ва ваҳширо ба ду сутунча ҷудо карда, бо тартиби алифбо нависед.
Алифбо дар рақамҳо Диктанти луғат I Эзоҳ эрод Эълон эҳтиёт симэлак Эраҷ Эҳсон Эркин Элак эҷодиёт II Ватан, Ӯзбекистон, дӯст, зебо, хониш, аъло, дунё, герб, мадҳия, жола, лой, Юсуф.
Супориш: Калимаҳоро мувофиқи тартиби алфавит нависед.
III Нон, гандум, шаршара, даст, Ӯзбекистон, мактаб, шох, орд, китоб, хирс, ресмон, шағол, дарахтзор, бибӣ.
Супориш: Хонед. Калимаҳои як, ду, се ва чорҳиҷоиро ҷудо карда, дар сутунҳои алоҳида нависед.
IV Пахта, баррача, суръат, аълочӣ, пашша, бобо, зимистон, Саттор, ғалла, Бухоро, хотира.
Супориш: Бо ёрдами калимаҳои ҳамсадоҳои шаддадор ҷумлаҳо тартиб диҳед.
Диктанти таъкидӣ I Гаҳвораро ҷунбондам, Лӯхтакчаро хобондам.
Лӯхтакчаам Сарвиноз, Хеле духтари серноз.
Зебунисои Тоҳириён II Шеър, Аълам, аъло, баъд, Саъдӣ, аъзо, навъ, раъд, шеър, ҷумъа.
III 1. Гулрух аз фанни хониш баҳои аъло гирифт.
2. Такрор навис то ки хушхат шавӣ.
IV - Духтари кӣ Заррина, Гавҳари кӣ Заррина?
-Духтаратон, бобоҷон, Гавҳаратон, бобоҷон.
Асад Гулзодаи Бухороӣ Диктанти аз ёд навиштан Зарбулмасалҳо I Як бор ҷастӣ, малахак, Ду бор ҷастӣ, малахак, Охир ба дастӣ, малахак.
II Тухмак хӯрӣ ҳар рӯз, Мурғак хӯрӣ ҳар рӯз.
Диктанти санҷишӣ I 1. Илм хоҳӣ, такрор кун, Ҳосил хоҳӣ, шудгор кун.
2. Дӯст гирёнда гап мезанад, душман хандонда.
3. Кӯшиши ҷавонӣ – роҳати пирӣ.
Супориш: Калимаҳои ишоратшударо аввал бо тартиби алфавит нависед, сонӣ онҳоро ба ҳиҷоҳо ҷудо кунед.
II 1. Фирдавс картошкаҳои боқимондаро дар ӯра гӯр кард.
2. Сардор рафиқонашро ҳурмат мекунад.
3. Уқоби кӯҳӣ ба шикорчӣ ҳуҷум карданӣ шуд.
4. Гӯлрӯ ба ӯсмакашӣ сар кард.
Супориш: Калимаҳои садонокҳои ӯ ва у доштаро навишта гиред. Талаффузи дурусти ин овозҳоро машқ кунед.
III Мо ватанамонро дӯст медорем. Бо хониши аъло ва рафтори шоистаамон ба он хизмат менамоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё