МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.
Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа
Ғаффор Мирзо 1. Фазилати шеъри Мирсаид Миршакар дар соддагиву равонии он аст. 2. Аминҷон Шукӯҳӣ, Пӯлад Толис, Муҳиддин Фарҳат, Абдумалик Баҳорӣ, Ғаффор Мирзо, Гулчеҳра Сулаймонова шоиру нависандагони дӯстоштаи кӯдаконанд. 3.
Ман ба шумо себ, шафтолу, гелос ва зардолу овардам. 4. Собир китоб, қалам, дафтар ва ҷадвал харидааст.
Супориш. Калимаҳои ифодакунандаи номи предметҳоро муайян кунед.
Диктанти санҷишӣ Дастархони наврӯзӣ Дастархони наврӯзӣ бо зебу ороиш касро мафтун мегардонад. Шакар, шамъ, шарбат, шароб, ширинӣ, шир, шона, сирко, сабза, сумок, санҷит, сир, себ ва сипанд неъматҳои дастархони наврӯзӣ аст. Дар баъзе хонадон ба ивази сумок ва сипанд сабза, суманак ё самбӯса ҳозир мекунанд. (43 калима) Номи одамон Диктанти луғат Фархунда, Фарзона, Ситорабону, Мавҷуда, Хусрав, Парвин, Парвиз, Шаҳриёр, Исфандиёр, Комрон, Некқадам, Фирдавс, Ҷаъфар, Садафмоҳ, Сиёвуш, Ҳушанг, Нигина, Гулчеҳра, Саодат, Ҷаҳонгир, Нӯъмон, Абдуманон, Абдурасул, Ғоибназар, Шукрулло.
Диктани шунавоӣ Абулқосими Фирдавсӣ Aбулқoсими Мансур бинни Ҳacaни Фирдавсӣ бузургтарин достонсарои халқи мост. “Шоҳнома ” -и безаволи ӯ 60 ҳазор байтро дар бар мегирад. “Шоҳнома” асарест, ки Фирдавсӣ ба воситаи он таърихи бисёрсолаи халқи моро зинда кардааст.
Дар асар, махсусан, ғояҳои қаҳрамонию ватандӯстӣ, халқпарварӣ ва ахлоқию адабӣ хеле пурқувват аст.
Диктанти санҷишӣ Мумиё Маҳсулоти мумонанди табииро мумиё гӯянд. Он дар баъзе ғорҳо аз дарзҳои санг таровида мебарояд. Олимон ва табибони машҳур Абӯалӣ ибни Сино, Муҳаммад Закриёи Розӣ, Абӯбакр Робеи Бухороӣ, Муҳаммад Ҳусейни Шерозӣ мумиёро ҳамчун воситаи табобат истифода бурдаанд. (35 калима) Номи шаҳру вилоятҳо Диктанти таъкидӣ Сурхандарё, Термиз, Урганч, Хоразм, Нукус, Бухоро, Навоӣ, Самарқанд, Ҷиззах, Гулистон, Тошканд, Намангон, Фарғона, Андиҷон, Қашқадарё.
Номи рӯзномаву маҷаллаҳо Диктанти интихобӣ “Овози тоҷик”, “Бухорои шариф”, “Овози Самарқанд”, “Садои Сӯх”, “Ховар”, “Булбулча” рӯзномаҳои забони тоҷикӣ аст. Тоҷикони Ӯзбекистон рӯзномаҳои мазкурро бо шавқу завқ мехонанд. “Овози тоҷики камбағал”, “Ҳақиқати Ӯзбекистон”, “Ӯзбекистони сурх” номҳои пештараи рӯзномаи “Овози тоҷик” мебошад.
“Булбулча” рӯзномаи дӯстдоштаи кӯдакони хурдсол аст. Дар саҳифаҳои он шеъру ҳикояҳои навиштаи донишомӯзони вилоятҳои ҷумҳурии Ӯзбекистон чоп карда мешавад. Ходимони рӯзнома аз шаҳри Самарқанд “Булбулча” -ро ба воситаи почта фиристода ба донишомӯзон дастрас мекунанд.
Номи хоси ҳайвонҳо Диктанти шунавоӣ Алопар, Саманд, Рахш, Шабдиз, Алӯлак, Булӯлак, Хиштаки Сари Танӯрак, Токчапарак, Мехчапарак, Болошинак, Таҳшинак, Гулдуранг, Тозӣ, Симак, Зоғак, Бибигамбӯсак.
Диктанти санҷишӣ Хуршед ва Даванда Хуршед дид, ки аспаш Холдор бо як тойча чарида мегашт.
Аз сабаби он ки тойча чаққон буд, ўро Даванда номиданд.
Хуршед номи Давандаро гирифта чеғ мезад, тойча давида меомад. (32 калима) Дар боғи ҳайвонот Бачаҳо ба боғи ҳайвонот рафтанд. Ҳайвонҳо дар қафасҳо зиндагӣ мекарданд. Гург уллос мекашид. Шер наъра мезанад.
Паланг меғуррад. Мор мехазад. Гунҷишк чириққос мезанад.
Товус нақши зебои худро намоиш медиҳад. (32 калима) Мошон Мо як вақтҳо гурбаи калон доштем. Ин гурбаро Мошон меномидем. Зеро мӯи мулоими зери бағали он сафед ва сару гарданаш мошӣ буд. Гурбаи Мошон ба ман ба тезӣ одат кард. Ман ба ӯ дар вақташ хӯрок медиҳам. Гурбаам бо ман бозӣ мекунад.
(43 калима) Диктанти таъкидӣ Тамошобин хушнуд аст!
Дар он ҷо шеру паланг, Филу жирф, каркадан.
Гургу бабру уштурмурғ, Ҳам уштури каҷгардан.
Зубру зебуву зебра, Лосу гавазну оҳу.
Каргас, шоҳину пингвин, Ҳатто шағоли бадрӯ.
Аҷибаш ин, ки харгӯш, Наметарсад аз рўбоҳ.
Мирсаид Миршакар Номи хоси аспҳо Диктанти интихобӣ Аспҳо номи хосе доранд. Муаллифи “Наврӯзнома” Умари Хайём чанде аз номҳои хоси аспҳоро дар асар навиштааст.
Он номи хоси аспҳо. Чарма, Сурхчарма, Тозичарма, Ҳинг, Бодҳинг, Магасҳинг, Сабзҳинг, Шабдиз, Хуршед, Гӯрсурх, Зардрахш, Сиёҳрахш, Хурмогун, Чашина, Шулак, Абргун, Хокранг, Деза, Беҳгун, Майгун, Бодравӣ, Гулгун, Арғувон, Баҳоргун, Обгун, Нилгун, Абркос, Навбар, Сапидзарда, Бӯрсар, Бинафшагун, Адбас, Зоғчашм, Сабзпӯст, Симгун, Саманд, Алус.
Ҳаракати предметҳо Диктанти луғат Мевазад, хонд, мепӯшад, рехтанд, мешӯяд, рафт, кор мекунад, мехӯрад, чидем.
Диктанти худамро месанҷам I 1. Мардуми деҳқон зимистон токро об ... 2. Об ях ... 3. Онро қавс ... 4. Қавсоби сард ба ҳар як навдаи ток чун хун ба бадани одамӣ фоида ... 5. Тамошобинон ... 6. Обро бо навбат ба ҳар сӯ ... 7. Шӯҳрат худро чархи фалак карда ба об ҳаво ...
8. Ҳалима ба хонаи холааш ... 9. Ман расми филро ... 10. Мо фардо ба лолачинӣ ...
Супориш. Ба ҷои нуқтаҳо калимаҳои мувофиқи ифодакунандаи ҳаракати предметро ёфта гузоред.
II 1. Ман ба мактаб меравам, мехонам, менависам, илм меомӯзам.
2. Комбайн ғалларо медаравад, мекӯбад, бод мекунад.
3. Модарам мерӯбанд, мепазанд, мешӯянд, медӯзанд.
4. Мо ба онҳо ёрӣ медиҳем, меҳрубонӣ мекунем.
III 1. Ман бодбарак (чӣ кор кардам?) ... . 2. Мо расм (чӣ кор кардем?) ... . 4. Ман киштича (чӣ кор мекунам) ... .
Бачаҳо ба майдон (чӣ кор карданд?) ... .
IV Чистон Дасту пояш нест, Ҳавлӣ мерӯбад.
Қаҳраш би¸яд, Дарро мекӯбад. (Шамол) Диктанти шарҳдиҳӣ 1. Парвина афлесун хӯрд. 2. Беҳрӯз ба мурғ дон дод.
3. Мор мехaзaд. 4. Хоҳарам Зебо мерақсад. 5. Кабк месарояд. 6.Омўзгор дарс медиҳад. 7. Нуриддин шеърро хеле хуб мехонад. 8. Бибиам аз бозор кулча овард. 9.
Хурӯс ҷеғ мезанад.
Диктанти санҷишӣ Ҳушанги боғайрат Ҳушанг аз дарахти себ фаромадa ба дарахти зардолу часпид. Шохҳои онро ҳамин, ки оҳиста ларзонд, мевааш жола барин рехт. Сатилро бо зардолу пур кардам. Ҳавасам омаду ба даҳонам ду дона зардолу андохтам. Таъмаш мисли ҳалво ширин будааст.
(38 калима) Гулдаста Мо барои гулчинӣ ба саҳро рафтем. Дар саҳро гулҳои рангоранги хушбӯро дидем. Хурсандона гулдаста тайёр кардем. Гулдастаҳо дар даст суруд ва шеър хондем. Рақсидем ва бозӣ кардем. Баъд аз он ҳама ба хона баргаштем. Модари худро бо гулдастаҳо табрик кардем. (41 калима) Диктанти таъкидӣ I Лаб-лаби ҷӯҳо ҷастам, Даста–даста гул бастам.
Дарро намоед яла, Дору диҳед як гала!
II Соҳибтӯй хурсанд шуд. Гӯсфандҳоро сар заданд. Пӯст канданду гӯшташонро ба дегҳо андохтанд. Аҳли деҳа палави сергӯшт хӯрданд.
Хирс ба таклифи ӯ розӣ шуд. Замин шудгор карданду лаблабу коштанд. Об доданду нигоҳубин карданд. Вақташ расиду лаблабу пухт.
III Сайдашро мехобонид, Дилашро медарронид.
Баъд якҷоя мехӯрданд, Ба хона ҳам мебурданд.
Боқӣ Раҳимзода Саъва Муҳайё ба қафас нонреза, арзан ва дон... Ба обхӯрак об ...
Саъва аввалҳо зиқ ... Сониян ба Муҳайё одат... Вай акнун барои Муҳайё сурудҳо... Бегоҳӣ ӯро бо суруди форами худ ба хоби ширин гусел... Пагоҳӣ бошад аз хоб бедор ...
Супориш. Ба ҷои нуқтаҳо калимаҳои мувофиқро ёфта гузоред.
Диктанти аз ёд навиштан Кофтанашонро монданд, Пинҳон шуда гӯш доданд.
Гапҳошонро шуниданд, Шикорашонро диданд.
Аломати предметҳо Диктанти луғат Ширин, калон, баланд, соф, форам, сахт, зебо, фиребгар, сабз, дароз, доно, равшан, талх.
Доно, зирак, ҳушёр, хоксор, хушрӯй, далер, чобук, ҳозирҷавоб, ширинзабон, дурандеш, ростқавл, шуҷоатманд, хокистарранг, ҷигарранг.
Диктанти интихобӣ 1. Мактаби мо зебо аст. 2. Зоғи доно об нӯшид, 3. Комила себи ширин хӯрд. 4. Дугонаам куртаи нав дорад. 5. Нонвой нони гарм пухт. 6. Ӯ аз девори баланд гузашт. 7. Донишомӯзи пешқадамро ҳама ҳурмат мекунад.
Бузи ало Ҷигӣ-ҷигӣ бузи ало, Эй бузаки чарси бало.
Ду шохи тези ту аҷиб, Риши дарози ту базеб.
Биё-биё, ҷигӣ-ҷигӣ, Ҷӯшам туро ҷигӣ-ҷигӣ.
Аз шири ту панир пазам, Хамир кунам, фатир пазам.
Кулчаи боҷазза пазам, Шавлаи бомазза пазам.
Хӯрда аз он калон шавам, Чобуку паҳлавон шавам.
Туро ба сайру гашт барам, Ба сайри кӯҳу дашт барам.
Нӯъмон Розиқ Диктанти шардиҳӣ Деҳаи ман Деҳаи ман дилкушост, Деҳаи ман хушҳавост, Дар байни кўҳсор аст, Арўсаки баҳор аст.
Тоҷаш аз ситораҳост, Нигинаш моҳи фазост, Баҳораш лолазор аст.
Чун дасташ ҳинадор аст...
Ғаффоралӣ Сафар Диктанти санҷишӣ Бегоҳӣ Модарам нони гарм пухт. Бародарам аз боғ ангури си¸ҳ овард. Ангурро бо нон хӯрдем. Барои дамгирӣ ба рӯи ҳавлӣ баромадем. Шамоли форам мевазад. Бӯи гули садбарг ва райҳон ба ҳавлӣ паҳн шуда буд. (34 калима) Мурғ Мурғро барои тухми гӯшт ва пар парвариш мекунанд.
Вобаст ба зот мурғро ба гурӯҳҳои тухмдеҳ, серпушт, гӯшту тухмдеҳ, гӯштдеҳ ҷудо мекунанд. Мурғи тухмдеҳ ҳаҷман хурд, тезрас аст. Мурғи гӯшту тухмдеҳ калонҷусса ва мушакҳояш инкишофёфта буда, суст калон мешавад.(39 калима) Диктанти таъкидӣ Рӯдаки софу зилол, Гулмоҳии курташол.
Рӯбаҳи маккор, Шағоли ҷаррор.
Моҳияки ҳафтранг, Давр зада гирди чанг.
Духтари доно Духтари боғайрат Фирӯзаро ҳама ҳурмат мекунад. Ӯ духтари доно ва меҳрубон аст. Корҳои хонаро хуб иҷро менамояд. Ба рӯи матоъ гули сурх, зард дӯхта метавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё