МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.
Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа
Матни диктантҳои эзоҳиро аз китобҳои дарсӣ низ интихоб намудан мумкин. Дар ин ҳолат донишомӯзон аввал матни диктантро менависанд, сони китобҳои дарсиашонро кушода навиштаҳояшонро бо матни китоб муқоиса карда мебароянд.
Хатоҳои худашон ёфтаро ислоҳ мекунанд, лекин на ҳамаи донишомӯзон хатоҳояшонро ёфта метавонанд. Аз ин рӯ лозим мешавад, ки бо ин гуна донишомӯзон дар алоҳидагӣ кор гирифта барем.
Мисли дигар намудҳои диктанти таълимӣ диктанти эзоҳӣ низ дар қисми муайяни дарс гузаронида шуданаш мумкин. Ин намуди диктантро дар синфҳои III-IV тез-тез гузаронида истодан ба мақсад мувофиқ аст.
Таъкид кардан лозим аст, ки дар таълими имло баъзан тарзи дигари диктанти эзоҳӣ низ кор фармуда мешавад. Онро шартан диктанти “Худамро месанҷам” меноманд. Дар ин диктант донишомӯзон орфограммаи заруриро (агар ин диктант санҷишӣ набошад) ишора мекунанд. Дар бисёр маврид ин намуди диктант ҳамчун диктанти санҷишӣ гузаронида ва таҳлил карда мешавад.
5. Диктанти эҷодӣ. Диктанти эҷодӣ баҳри мустаҳкам намудани малакаҳои қоидаҳои ёд гирифташуда ва онро дар хат тадбиқ намудан ба кор бурда мешавад. Ин намуди диктант хелҳои гуногун дорад.
1. Диктанти эҷодие, ки калимаҳои додашуда ба як мавзӯъ дахл доранд. Масалан, ба донишомӯзон доир ба мавзӯи муайяне калима ва ибораҳо пешкаш карда мешаванд. Онҳо бо ёрдами калима ва ибораҳои додашуда матн ё ҳикоячае месозанд.
Масалан, доир ба мавзӯи “Иди истиқлолияти Ӯзбекистон” чунин калимаҳо ба донишомӯзон пешкаш карда мешаванд:
А. Ӯзбекистонро, мо, мегирем, ҷашн, истиқлолияти, иди.
Б. Ӯзбекистони, зиндагӣ, дар, мустақил, мо, мекунем.
Аз калимаҳои болоӣ донишомӯзон чунин ҷумлаҳои алоқанок тартиб медиҳанд: Мо иди истиқлолияти Ӯзбекистонро ҷашн мегирем. Мо дар Ӯзбекистони мустақил зиндагӣ мекунем.
2. Диктанти эҷодие, ки донишомӯзон дар он аз калимаю ибораҳои ҷудогона ҷумлаҳо тартиб медиҳанд. Масалан: Сарҳад.
Ватан. Таомҳои наврӯзӣ.
Донишомӯзон ҳар як калимаю ибораи додашударо ҳамчун асос қабул намуда бо ёрдами онҳо ҷумлаҳои мустақил тартиб медиҳанд:
- Сарҳади ватани мо мустаҳкам аст.
- Мо Ватани ҷонаҷонамонро дӯст медорем.
- Модарам дастурхонро бо таомҳои наврӯзӣ оро дод.
Дар ин кор омӯзгор ба шогирдонаш маслиҳатҳо медиҳад, то ки онҳо супоришро дуруст иҷро намоянд.
Таъкид намудан лозим аст, ки диктанти эҷодӣ донишомӯзонро барои навиштани иншо тайёр мекунад.
Диктанти эҷодӣ дар синфҳои I-IV васеъ истифода бурда мешавад. Донишомӯзонро аз давраи алифбо сар карда ба навиштани диктанти эҷодӣ тайёр кардан лозим.
3. Диктантҳои эҷодие, ки мувофиқи талаби он донишомӯзон ба саволҳои ба як мавзӯъ дахлдошта ҷавоб менависанд. Барои гузаронидани ин намуди диктант оиди мавзӯи гузашташуда дар тахтаи синф янчанд савол навишта мешавад. Донишомӯзон аввал ба саволҳо даҳонакӣ ҷавоб мегардонанд, сонӣ ҷавобҳояшонро ба дафтарашон менависанд. Масалан, дар синфи сеюм баъди гузаштани мавзӯи “Сифат” бо саволҳои зерин ба донишомӯзон муроҷиат карда мешавад:
1. Сифат ба кадом саволҳо ҷавоб мешавад?
2. Шумо кадом рангҳоро дӯст медоред?
3. Ранги либосҳои пӯшидаатон чӣ хел аст?
Диктантҳои эҷодиро баъди ҳар як мавзӯъ гузаронидан ба мақсад мувофиқ аст.
6. Диктанти аз ёд навиштан. Ин намуди диктант барои ҳамаи синфҳои ибтидоӣ хос аст. Омӯзгор барои диктант як порчаи хурди шеърие, ки ба синнусоли донишомӯзон мувофиқат мекунад, интихоб менамояд. Матни интихобшуда ба тахтаи синф навишта мешавад. Омӯзгор аввал худаш матнро ифоданок хонда медиҳад ва калимаҳои душворфаҳми таркиби онро як-як шарҳ медиҳад. Дар ин ҷараён баъзе қоидаҳои имло ба хотир оварда мешаванд. Сонӣ омӯзгор матнро ба ду-се нафар донишомӯз мехононад ва ба шогирдонаш супориш медиҳад, ки матнро аз ёд кунанд. Барои иҷрои ин кор якчанд дақиқа вақт ҷудо карда мешавад. Баъди аз ёд кардани матн болои он пӯшонда мешавад. Донишомӯзон матнро аз ёд ба дафтарашон менависанд ва барои он ки дурустии навиштаҳояшонро санҷида бароянд болои матн кушода мешавад. Донишомӯзон навиштаҳояшонро бо он муқоиса карда, хатоҳояшонро муайян мекунанд. Аз усули гузаронидани диктант аён мегардад, ки донишомӯзон матнро аз рӯи диктаи омӯзгор не, балки аз ёдашон менависанд. Аз ин рӯ диктант “Аз ёд навиштан” ном гирифтааст.
Намуди мазкури диктант барои инкишоф додани нутқи шифоҳию хаттии донишомӯзон ва мустаҳкам кардани хотираи онҳо ёрдам медиҳад.
Дар “Маҷмӯаи диктантҳо ” барои диктанти аз ёд навиштан матнҳо дода шудааст. Омӯзгор аз матнҳои китоби дарсӣ низ барои ин намуди диктант истифода бурданаш мумкин. Дар ин ҳолат матн ба тахтаи синф навишта намешавад. Матнро барои аз ёд кардан ба хона ҳам супориш додан мумкин.
Ҳангоми гузаронидани диктанти “Аз ёд навиштан” супоришҳои иловагӣ низ дода мешаванд.
7. Диктанти интихобӣ. Ин намуди диктант барои мустаҳкам намудани қоидаҳои грамматикӣ ва имлоии гузашташуда ва муайян намудани дониши донишомӯзон оиди ин ё он мавзӯъ ёрмандӣ мерасонад. Мувофиқи талаби ин диктант донишомӯзон аз диктаи омӯзгор калимаҳои ҷудогона ва ё ибораҳои алоҳидаро интихобан менависанд. Диктанти интихобӣ чунин гузаронида мешавад: омӯзгор аз “Маҷмӯаи” диктантҳо матнеро интихоб мекунад, ки дар он оиди қоидаи гузашташуда калимаю ҷумлаҳо мавҷуданд. Матни интихобгардида пеш аз оғози дарс ба тахтаи синф навишта монда мешавад. Омӯзгор матнро як бор мехонад. Калимаҳои ба қоидаи гузашташуда дахлдор муайян карда мешаванд, қоида боз як бор ба хотир оварда мешавад. Сонӣ матн аз тарафи як донишомӯз хонда мешаваду диққати бачаҳо ба тахтаи синф ҷалб карда мешаванд. Баъди ин навиштаҷоти тахтаи синф бо парда пӯшонида мешавад ва омӯзгор ба донишомӯзон чунин мегӯяд:
– Ман ҷумлаҳои дар тахтаи синф навишташударо як-як мехонам. Шумо ба талаффузи ман бо диққат гӯш мекунед ва аз он ҳамон ҷумлаҳоеро навишта мегиред, ки дар онҳо оиди қоидаи номгирифтаамон калимаю ибораҳо мавҷуд бошанд.
Ҷумлаҳои ин гуна калимаю ибораҳо надоштаро наменависед.
Баъди навишта шудани диктант омӯзгор диққати донишомӯзонро ба тахтаи синф равона сохта, ба зери калима ва ибораҳои даркорӣ хат кашида мебарояд. Сонӣ донишомӯзон навиштаҳояшонро бо матни дар тахтаи синф навишташуда муқоиса мекунанд, бо ёрдами омӯзгор диктанташонро боз як бори дигар санҷида мебароянд ва хатоҳояшонро ислоҳ мекунанд.
Масалан, дар синфи сеюм баъди гузаштани мавзӯи “Исмҳои хос” барои мустаҳкам намудани қоидаҳо ва санҷидани дониши донишомӯзон аз рӯи матни зерин диктанти интихобӣ гирифтан мумкин:
Ҳашар Мактаби мо дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ ҷойгир аст.
Мо имрӯз бо роҳбарии устодамон Фарзона Каримзода ба ҳашар баромадем. Ман ва Исмоил бо сатил об кашондем. Гулшан, Наргиза ва Дилбар ба ҳавлии мактаб об зада, рӯфтанд. Шариф ва Рустам дарахтҳоро сафед карданд. Озодаю Саид хастӯдаҳоро ба ахлатҷо бурда партофтанд. Дар як дам саҳни мактабамон тозаю хушрӯ гашт. Мо аз кори кардамон хеле шод гаштем.
8. Диктанти озод. Ин намуди диктант барои инкишоф додани нутқи даҳонӣ ва васеъ намудани қобилияти фикрронии донишомӯзон ёрмандӣ мерасонад. Омӯзгор аз китоби дарсӣ ва ё аз китоби “Маҷмӯаи диктантҳо” матни даркориро интихоб мекунад. Онро ба қисмҳо тақсим менамояд. Қисми якумро хонда каме меистад. Донишомӯзон мазмуни онро озодона менависанд, баъд ҳамин тавр қисми дуюми матн хонда мешавад. Масалан, омӯзгор барои диктанти озод матни зеринро интихоб мекунад ва онро ба ду қисм ҷудо карда мехонад:
Мунира ва Мастура
1. Донишомӯзони синфи сеюм Мунира ва Мастура ба автобус савор шуданд. Онҳо ҷой гирифта нишастанд. Дар автобус дигар ҷои холӣ набуд.
2. Дар истгоҳ ба автобус кампире савор шуд. Мунира худро чунин нишон дод, ки гӯё кампирро надида бошад. Мастура аз рафтори дугонааш шарм кард. Ӯ зуд хеста ба кампир ҷой дод.
Агар дар матни диктант калимаҳои мураккаб ва душворфаҳм мавҷуд бошад, омӯзгор онҳоро дар тахтаи синф менависад ва маънояшро ба шогирдонаш мефаҳмонад.
Диктанти эҷодӣ ҳарчи бештар гирифта шавад ҳамон қадар фоиданок аст. Вай донишомӯзонро ба эҷодкорона фикр кардан ва мустақилона хулоса баровардан ёд медиҳад.
9. Диктанти хомӯш (бесадо). Ин навъи диктант низ яке аз шаклҳои паҳншудатарини кори хаттии таълимӣ мебошад. Барои он диктанти хомӯш меномем, ки ҳангоми гузаронидани он на омўзгор ва на донишомӯз гап назада, хомӯшона амал мекунанд.
Усули гузаронидани диктанти хомӯш ин тавр аст: омӯзгор предметҳои ҷудогона, агар имконият бошад, расми онҳоро оҳиста-оҳиста нишон додан мегираду донишомӯзон навиштан мегиранд. Баъзан дар вақти навиштан донишомӯзон супоришҳои иловагии дигарро низ ба ҷо меоваранд. Масалан:
омӯзгор исмҳои ҷондору беҷонро гузашта истода таъкид менамояд, ки ба диктанти хомӯш тайёр шаванд.
– Ман, -мегӯяд омӯзгор, расмҳоро нишон додан мегирам, шумо предметҳои ҷондорро дар як тараф ва предметҳои беҷонро дар тарафи дигар навишта гиред. Омӯзгор гоҳ асли предмет (дафтар, қалам, китоб…) ва гоҳ расми онҳоро (оҳу, товус, компутер…) нишон медиҳад. Ин хели кори хаттӣ шавқовар буда, рағбати таълимии донишомӯзонро бедор мекунад.
II. Диктанти санҷишӣ. Ин навъи диктант бо мақсади муайян намудани дараҷаи дониши донишомӯзон доир ба қисми муайяни мавзӯъҳо гузаронида мешавад. Барои гузаронидан ва санҷидани он соатҳои алоҳида ҷудо карда мешаванд. Диктанти мазкур воситаи муҳими ба ҳисоб гирифтани саводнокии донишомӯзон буда, пас аз омӯзонидани мавзӯи бутун, дар охирҳои ҳар як чоряк ва соли хониш гузаронида мешавад.
Ташкил кардан ва гузаронидани диктант кори басо масъулиятнок буда, як қатор тартибу қоидаҳоро тақозо мекунад. Ин талаботро ба тариқи зер номбар кардан мумкин аст:
Интихоби матни дуруст ва ба савияи донишу хусусиятҳои синну соли донишомӯз мувофиқаткунанда аввалин комёбиҳои омӯзгор мебошад. Матн, пеш аз ҳама, аҳамияти муайяни таълимию тарбиявиро бояд доро бошад, сониян ҳаҷми он ба талаботи Стандарти давлатии таълим ва дастури забони тоҷикӣ мувофиқат кунад. Дар Стандарти давлатии таълим миқдори калимаҳои диктанти санҷиш дар синфҳои ибтидоӣ чунин аст:
Синфҳо Миқдори калимаҳо дар нимсолаҳо Нимсолаи якум Нимсолаи дуюм Синфи I 20 – 25 Синфи II 25 – 30 35 – 45 Синфи III 45 – 55 55 – 65 Синфи IV 65 – 70 75 – 80 Бояд ба хотир дошт, ки ба миқдори калимаҳои муқарраргашта сарлавҳаи диктант ва пешоянду пайвандакҳо низ дохил мешавад. Матни диктант аз “Маҷмӯаи диктантҳо” ва китобҳои бадеӣ интихоб шавад беҳтар аст.
Санҷиш, баҳогузорӣ ва таҳлили диктант Яке аз вазифаҳои омӯзгор дар он аст, ки вай диктанти гирифтаашро дар муддати то як ҳафта санҷида, дар вақташ баҳои онро эълон намуда, дарси таҳлили диктант гузарониданаш лозим. Агар ин кор тӯл кашад шавқу рағбати донишомӯзон ба донистани натиҷаи диктант суст мешавад.
Ҳангоми санҷидани ҳама гуна корҳои хаттӣ дар баробари ба ҳисоб гирифтани хатоҳои имлоӣ ва аломатҳои китобатӣ ба сифати хати донишомӯзон низ эътибор додан лозим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё