МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.
Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа
Дар синфҳои I – II аз болои калима (ҳарф)и хато навишташуда як хат зада, ба болои он шакли дурусташ навишта мешавад.
Дар синфҳои III – IV ба болои калима ё ҳарфи хатонавишташуда шакли дурусти он навишта мешавад, агар аломатҳои китобатӣ гузошта нашуда бошад, гузошта мешаванд.
Аломатҳои китобатии хато гузошташуда ислоҳ карда мешаванд.
Омӯзгорон ҳангоми баҳогузории корҳои хаттӣ ба меъёри зерин риоя мекунанд:
1. Агар донишомӯз бехато, хушрӯй ва хоно навишта бошаду супоришро дуруст иҷро намуда бошад, баҳои аъло гузошта мешавад.
2. Агар донишомӯз аз чор се қисми кори хаттӣ ва супориши иловагии онро дуруст ва бошуурона иҷро карда бошад, баҳои “хуб” гузошта мешавад.
3. Агар донишомӯз аз нисф зиёдтари кори хаттӣ ва супориши иловагии онро дуруст ва бошуурона иҷро карда бошад, баҳои “қаноатбахш” гузошта мешавад.
4. Агар нисфи кори хаттӣ ва супоришоти он дуруст ва бошуурона иҷро нашуда бошад, омӯзгор бо донишомӯз ба тартиби якка кор гирифта мебарад.
Барои диктанти санҷиш меъёри баҳогузорӣ алоҳида муайян карда мешавад:
а) ба диктанти донишомӯзони синфи як баҳо гузошта намешавад. Ба миқдори хатоҳо нигоҳ карда ба тарзи даҳонакӣ “қаноатбахш” ё “ғайриқаноатбахш” гӯён баҳогузорӣ мекунанд.
Сонӣ хатоҳои донишомӯзон нишон дода мешавад.
Диктанти донишомӯзони синфҳои II – IV чунин баҳогузорӣ карда мешавад:
- Агар донишомӯз диктантро бехато ва хоною хушрӯй навишта бошад, ба ислоҳкунӣ роҳ надода бошаду шакли баъзе ҳарфҳоро вайрон карда, баргашта ислоҳ намуда бошад, баҳои аъло гузошта мешавад.
- Агар донишомӯз дар диктант 2-то хатои имлоӣ ва дар истифодаи аломатҳои китобатӣ якто хато карда бошаду шакли баъзе ҳарфҳоро вайрон карда бошад, баҳои "хуб" гузошта мешавад - Агар донишомӯз дар диктант:
-
3-то хатои имлоӣ, дар истифодаи аломатҳои китобатӣ 2-3 хато карда бошад;
-
4-то хатои имлоӣ ва дар истифодаи аломатҳои китобатӣ 2-то хато карда бошад;
-
5-то хатои имлоӣ ва дар истифодаи аломатҳои китобатӣ ба якто хато роҳ дода бошаду ҳусни хаташ ба талаб ҷавоб надиҳад, баҳои "қаноатбахш" гузошта мешавад.
Дар вақти санҷидани диктант хатоҳои зерин ба ҳисоб гирифта мешавад:
- дар калима ҳиҷо ё ҳарф партофта навишта шуда бошад;
- ҳиҷо ё ҳарф якҷоя навишта шавад;
- аломатҳои китобатӣ партофта рафта шуда бошад ё ғалат гузошта шуда бошад;
- шакли ҳарф вайрон карда навишта шуда бошад.
Дар вақти санҷидани диктант хатоҳои зерин ба ҳисоб гирифта намешавад:
- хатоҳое, ки донишомӯз аз рӯи қоидаҳои нагузаштааш содир кардааст;
- дар охири ҷумла нуқта нагузоштаасту ҷумлаи баъдинаро бо ҳарфи калон навиштааст;
- ягон ҳарфро такрор навишта бошад;
- ҳангоми аз сатр ба сатр кӯчонидани ҳиссаи калима як ҳиссаашро дар сатри аввал навишта тире гузораду навиштани ҳиссаи кӯчондашавандаро фаромӯш карда бошад;
- ягон калимаи таркиби ҷумларо такрор навишта бошад ва амсоли инҳо.
Таъкид намуда гузаштем, ки баъди санҷиши диктант дарси таҳлили он гузаронида мешавад. Омӯзгор мувофиқи салоҳдиди хеш таҳлили диктантро ҳар хел ташкил намуданаш мумкин.
Методисти машҳур ва муаллифи чандин китобҳои “Алифбо”, олими варзидаи тоҷик М.Лутфуллоев варианти таҳлили диктантро ба чунин тартиб тавсия мекунад, ки ба фикри мо хеле муфид аст:
Омӯзгор корҳои хаттии донишомӯзонро санҷида дарси оянда таҳлил мегузаронад. Вай дарсро на аз тақсими дафтарҳо (чи тавре ки ҳозир аксарияти омӯзгорон мекунанд), балки аз диктанти биноӣ сар мекунад. Агар дар аввали дарс дафтарҳоро тақсим карда диҳем, диққати донишомӯзон ба баҳою ғалатҳо банд шуда, ба рафти кор аҳамият намедиҳанд. Маводҳои диктанти биноӣ калимаҳое мебошад, ки аксарияти бачаҳо ҳангоми навиштани диктанти санҷишӣ (дарси гузашта) хато кардаанд. Баъди диктанти биноӣ бо ҳамин калимаҳо диктанти эҷодӣ тартиб дода мешавад. Масалан, дар яке аз диктантҳои санҷишӣ бачаҳо дар навишти калимаҳои “тайёр” (таёр), “Аъзам” (Азам), “гирифт” (грифт), “диктант” (диктанд), “диққат” (диқат) хато кардаанд, дарси оянда донишомӯзон ҳамин калимаҳоро аввал дар диктанти биноӣ навишта, баъд бо он ҷумла тартиб дода менависанд, яъне диктанти эҷодӣ мегузаронанд ва чи тавре ки мебинем, донишомӯзон дар 10 - 15 дақиқаи аввали дарс ба ин калимаҳо ду хел амалиёт мегузаронанд. Сонӣ ба ислоҳи хатоҳое мегузарем, ки характери ғайритипикӣ доранд, яъне донишомӯзони ҷудогона хато кардаанд. Акнун дафтарҳоро тақсим кардан мумкин.
Донишомӯзон дафтарҳояшонро аз назар гузаронда, калимаҳои ғалат кардаашонро, ки омӯзгор ислоҳ кардааст, рӯбардор менамоянд ва бо онҳо ҷумлаҳо тартиб медиҳанд.
ФАСЛИ ДУЮМ НАМУНАҲОИ ДИКТАНТ СИНФИ ЯКУМ
Диктанти луғат О. А.
Ҳарфи Л Диктанти луғат Лола, алла, ало, лол.
Нон, ана, нола, лона, нол, он, нолон.
Ҳарфи Н Диктанти луғат I II Лола, ана лона.
III Ана нон.
Ҳарфи М Диктанти луғат I Мо, момо, мон, ном, мола, лом.
II Нома, малла, мола, мана, Амон, амма.
III Олам, алам, малол, амал, намон, ман.
IV Амон, он мола.
V Ана амма.
Ҳарфи Р Диктанти луғат I Анор, арра, рама, ором, ром, нор.
Армон, ор, амр, оро, мор, марра.
II III Анора, мана анор.
Ҳарфи Ш Диктанти луғат I Ош, мош, шона, ошно, Шош, шон.
II Арш, шол, шал, шаршара, мошон.
III Шом, шарм, машом, шамол.
IV Лола, ана шона.
Ҳарфи Х Диктанти луғат I Хор, хоро, хар, хола, хона, хол.
Хом, нахл, хон, хоно, хома, шох.
II IV Шоха, хор-хор, рах-рах.
Ҳарфи Ҳ Диктанти луғат I Моҳ, ҳол, аҳл, роҳ, ҳамроҳ, ҳал, Аҳрор.
Шаҳр, ҳалол, ҳама, ҳашар, шоҳ, раҳм, Раҳмон.
II III Раҳмон, ана моҳ.
Аҳрор, мана хор.
Ҳарфи У Диктанти луғат I Умр, хурмо, уш, урра, олу, муш.
II III Умар, Ашур, Рухшона, Шоҳрух, Мухтор.
Нур, хуррам, шутур, хуш.
IV Мухтор, ана муш.
Ҳарфи Ӯ Диктанти луғат I Хӯша, шӯр, шӯла, шӯх, нӯш, ӯра, хӯш.
II Мӯр, нӯл, хӯр, шӯра, хушрӯ.
III Шоҳрух, хурмо хӯр.
Ҳарфи С Диктанти луғат I Соро, Асрор, Расул, Усмон, Сомон.
II Расм, сӯм, сум, салом, осон, осор.
III Асо, собун, сорбон, осмон, асл, асал.
IV Асар, расм, масал, хос, хӯса, сар.
V Сармо, сол, наср, аср.
VI Сурх, рассом, асрор, сана.
Дада, додар, омад, дос, доира, дору.
Ҳарфи Д Диктанти луғат I Доро, Шодмон, Самандар, Маҳмуд, Ҳомид.
II III Дорад, дутор, дандон, дона, модар, дард.
IV Рӯд, сард, шод, дод, дуд, шодмон, дор.
Диктанти санҷишӣ
1. Об додам.
2. Хоб дидам.
Ҳарфи З Диктанти луғат I Зар, зор, зӯр, озор, аз, зуд.
II Замон, мӯза, сӯзан, намоз, рӯз, рӯза.
III Соз, сӯз, мазза, роз, хӯроз, сӯзон.
IV Ноз, зарра, рӯзона, дарзмол.
V Зол, Заҳро, Шаҳноза.
Диктанти санҷишӣ
1. Шаҳноза намоз хонд.
2. Асрор мӯза дорад.
3. Зардолу зард шуд.
Исм, ин, оина, зин, сир, хирман.
Ҳарфи И Диктанти луғат I Насим, Замира, Хиромон, Зилола, Лазиз.
II III Риш, шир, шира, хирс, хурӯс, ширин.
IV Ирис, сих, ишора, нишон, мошин.
V Мис, сим, зимистон, зилзила, зира, шӯра.
Диктанти санҷишӣ
1. Хоҳари Заҳро зардӯз аст.
2. Шаҳло ширро хӯрд.
3. Мошини Лазиз омад.
Ҳарфи ӣ Диктанти луғат I Ширинӣ, заминӣ, модарӣ, хонагӣ, нонӣ.
II Розӣ, худӣ, сонӣ, самимӣ, ҳамроҳӣ.
III Сардорӣ, номӣ, моҳӣ, ошӣ, Шодӣ.
IV Ҳодӣ, шоҳӣ, сӯрохӣ, озодӣ.
Диктанти санҷишӣ
1. Ҳодӣ моҳӣ дод.
2. Шодӣ мадад расонд.
3. Асрор ширинӣ хӯрд.
4. Шодӣ хоҳар дорад.
5. Мӯниса ба модараш мадад расонд.
6. Озода ботамиз аст.
Комила, Малика, Зокир, Шокир, Акрам, Макка.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё