Зеҳн
МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.

Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа

Таҳсилот

Донишомӯзони синфҳои ибтидоӣ аз давраи саводомӯзӣ сар карда малакаи дуруст, бехато, тез ва зебо навиштанро бо оҳистагӣ, зина ба зина аз бар мекунанд. Баҳри самаранок шудани қадамҳои аввалини донишомӯзон дар ин ҷода як қатор тадбирҳо ва тартибу қоидаҳо ҷорӣ карда мешаванд, ки онҳоро пеш аз ҳама омӯзгорон донистанашон ва роҳу усулҳои ба амал тадбиқ намудани онро омӯхтанашон лозим.

Таҷрибаи омӯзгорон ва методистони пешқадам гувоҳӣ медиҳад, ки диктант ҳамчун шакли самарабахши машқҳои имлоӣ аҳамияти калонро соҳиб мебошад. Онҳо ҳамчун машқҳои таълимӣ дар дарсҳои забони модарӣ гузаронида мешаванд. Аз ин рӯ омӯзгорон аз ин қабил диктантҳо ҳангоми фаҳмонидани мавзӯъҳои нав, дар дарсҳои такрору мустаҳкамкунӣ ва ҳосил намудани маҳорату малакаҳо самаранок истифода бурда меоянд.

Дастуруламали мазкур ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Онҳо ҳангоми интихоби матнҳои диктант, роҳу усулҳои гузаронидани он аз ин васоити таълим истифода бурданашон мумкин.

Дастуруламал аз ду фасл иборат мебошад. Фасли якум ва матни диктантҳо барои синфи якум аз тарафи Ю.Азимов, матни диктантҳо барои синфи дуюм аз тарафи Т.Чориев ва Ҷ.Эшонқулов, матни диктантҳо барои синфи сеюм аз тарафи Т.Чориев, матни диктантҳо барои синфи чорум аз тарафи Ю.Азимов ва З.Умуров навишта шудааст. Дар фасли аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими саводомӯзӣ, хониш ва шаклгирии маҳорату малакаи нутқи хаттии донишомӯзон, методикаи ташкил намудану гузаронидан, санҷидан ва таҳлили диктантҳо сухан ронда мешавад. Дар фасли дуюми он маҷмӯаи диктантҳо – машқҳои имлоӣ дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастури забони модарӣ ва мавзуоти китобҳои дарсии забони модарӣ барои синфҳои ибтидои интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудааст. Матнҳои тавсияшуда аз ҷиҳати ҳаҷм ва мураккабӣ ҳар хел мебошанд.

Онҳо мувофиқи талаботи Стандарти давлатии таълим ва дастури забони тоҷикӣ навишта ва созмон дода шудаанд.

Навъҳои диктант мувофиқи тартиби мавзӯъҳои дар дастур ва китоби дарсӣ овардашуда ҷойгир карда шуд. Дар охири баъзе матнҳо, хусусан, диктантҳои санҷиш супоришҳои иловагӣ дода шудаанд. Онҳо барои санҷиши дониши донишомӯзон оиди мавзӯъҳои муайян, такрору мустаҳкамкунӣ, ҳосил намудани маҳорату малакаҳои донишомӯзон пешбинӣ гардидааст. Барои давраи саводомӯзӣ мувофиқи тартиби ҳарфҳои китоби “Алифбо” калимаҳо интихоб шудаанд.

ФАСЛИ ЯКУМ Диктант - як навъи машқи имлоӣ Яке аз навъҳои машқҳои имлоие, ки баҳри баланд бардоштани саводнокии донишомӯзон хизмат мекунад, диктант мебошад. Ҳангоми гузаронидани диктант ба ҳисоб гирифтани имкониятҳои донишомӯз, интихоби матни мувофиқ, роҳ ва усулҳои самаранок ташкил кардани он аҳамияти калон дорад.

Аз ин ҷост, ки ҳангоми гузаронидани диктант масъулият ва эҷодкории омӯзгор бояд бештар гардад.

Диктантҳо аз рӯи мақсадашон ду навъ мешаванд: таълимӣ ва санҷишӣ.

I. Диктанти таълимӣ. Барои ин навъи диктант соати алоҳида ҷудо карда намешавад, чунки он баҳри мустаҳкам кардани мавзӯъ дар як қисми дарс гузаронида мешавад.

Дар синфҳои ибтидоӣ аз хелҳои зерини диктанти таълимӣ истифода бурдан мумкин:

1. Диктанти луғат.

2. Диктанти таъкидӣ.

3. Диктанти шарҳдиҳӣ.

4. Диктанти эзоҳӣ.

5. Диктанти эҷодӣ.

6. Диктанти аз ёд навиштан.

7. Диктанти интихобӣ.

8. Диктанти озод.

9. Диктанти хомӯш (бесадо).

Дар поён дар бораи баъзе хелҳои диктанти таълимӣ, ки дар синфҳои ибтидоӣ гузаронидани он ба мақсад мувофиқ аст, мухтасаран маълумот медиҳем.

1. Диктанти луғат. Аз мақсади дарс омада баромада омӯзгор метавонад аз рӯи калимаҳои ҷудогона диктант гирад.

Ин ҳол, хусусан, ҳангоми мустаҳкам кардани қоидаҳои имло самаранок аст. Дар синфи якум дар давраи саводомӯзӣ, дар ҷараёни омӯзиш ва мустаҳкамкунии ҳарфҳо гузаронидани намуди мазкури диктант натиҷаҳои хуб мебахшад.

Диктанти луғат аз рӯи матни тайёр, расмҳо ва ё предметҳои гирду атроф гузаронида шуданаш мумкин. Агар диктант аз рӯи матни тайёр (маҷмӯаи калимаҳо) гирифта шавад, аввал маъно, талаффуз ва навишти онҳо ба донишомӯзон бо усули сӯҳбат ва қиёс фаҳмонида мешавад. Сонӣ ҳар як калима алоҳида-лоҳида талаффуз карда, нависонда мешавад. Агар диктант аз рӯи расм гузаронида шавад, омӯзгор ба донишомӯзон таъкидкунон мефаҳмонанд, ки номи ҳар як расми нишондодаи ӯро навишта гиранд. Номи расм (калима)и аввал бо ҳарфи калон навишта мешавад. Калимаҳои сонӣ бо ҳарфи хурд навишта шуда, баъди ҳар яки он вергул гузошта мешавад.

Баъди навиштани номи расми охирин нуқта мегузорем. Ин тартибу қоидаҳо ба донишомӯзон соддаю фаҳмо карда гуфта мешаванд.

Диктантро аввал худи донишомӯзон дар қиёс бо дафтари луғаташон санҷида мебароянд. Усули ҳамдигарсанҷиро низ ҷорӣ намудан мумкин. Дар охир худи омўзгор диктанти донишомӯзонро санҷида мебарояд. Дар ин ҷода боз усулҳои гуногунро ба кор бурдан мумкин аст. Ин ҳол ба эҷодкории худи омўзгор вобаста мебошад.

Дар Стандарти давлатии таълим ҳаҷми диктанти луғат дар синфҳо чунин нишондод шудааст:

Синфи I – то 6 калима.

Синфи II – 8-10 калима.

Синфи III – 10-12 калима.

Синфи IV – 12-15 калима.

2. Диктанти таъкидӣ. Ин навъи диктант дар синфҳои ибтидоӣ хеле машҳур буда, бо се тарз гузаронида мешавад:

биноӣ, шунавоӣ ва биноӣ – шунавоӣ. Дар баъзе адабиётҳои методӣ ҳар як тарзи гузаронидани диктанти таъкидӣ ҳамчун диктантҳои мустақил ба қалам гирифта шудааст.

Диктанти мазкур барои он таъкидӣ ном гирифтааст, ки бо ёрдами он ғалатҳои нутқи хаттии бачаҳо пешгирӣ карда мешавад. Онҳоро таъкид мекунем, ки дар навишти имлои ин ё он калима ба хато роҳ надиҳанд.

Мувофиқи таъкиди методисти забардасти тоҷик М.Лутфуллоев яке аз навъҳои ин диктант барои он “биноӣ” номида мешавад, ки пеш аз ҳама калимаҳо ба воситаи ҳиссиёти биноӣ (чашм) дида мешаванд. Донишомӯзон тарзи навишти калимаҳоро бо чашми худ мебинанд ва ҳамон калимаҳо таҳлили орфографӣ карда мешавад. Диктанти биноиро аксар вақт бо чунин усул мегузаронанд: Омӯзгор аз “Маҷмӯаи диктантҳо дар синфҳои ибтидоӣ” ё манбаи дигар якчанд калима ва ё ҷумла интихоб мекунад ва онҳоро дар тахтаи синф менависад. Сонӣ бо ҳамроҳии донишомӯзон таҳлил гузаронида, ба имлои калимаҳои зарурӣ диққати онҳоро менигаронад. Баъди ин кор болои матни интихобшуда пӯшонда мешавад. Омӯзгор талаффуз мекунад, донишомӯзон менависанд. Бо ба охир расидани талаффузи омӯзгор болои матн кушода мешавад. Донишомӯзон диктанташонро бо матни дар тахтаи синф навишташуда муқоиса карда, хатоҳояшонро ислоҳ мекунанд.

Методистони соҳибтаҷриба тавсия медиҳанд, ки омӯзгор бояд ҳангоми талаффуз дар байни партаҳо гашта, ба тарзи навишти шогирдонаш диқкат диҳад. Бо ин роҳ омӯзгор дониста мегирад, ки донишомӯзон дар навишти кадом калимаҳо хато мекунанд. Вай роҳҳои ислоҳи онро низ ҷустуҷӯ мекунад.

Омӯзгор диктанти таъкидиро бо усули дигар ҳам гузарониданаш мумкин. Вай калима ё ҷумлаҳоро аз китоби дарсӣ интихоб мекунад ва дар натиҷа эҳтиёҷи онро ба тахтаи синф навиштан намемонад. Баъди таҳлил донишомӯзон китобҳояшонро пӯшонда мемонанд. Омӯзгор талаффузашро тамом карда ба шогирдонаш мефармояд, ки китобҳояшонро кушода навиштаҳояшонро бо матни даркорӣ муқоиса кунанд.

Дар диктанти таъкидии шунавоӣ матн дар тахтаи синф навишта ва ё аз китоби дарсӣ нишон дода намешавад. Вай даҳонӣ таҳлил карда шуда аз рӯи талаффузи омӯзгор навишта мешавад. Масалан, омӯзгор аз “Маҷмӯаи диктантҳо дар синфҳои ибтидоӣ” матнеро интихоб карда, калима ва ё ҷумлаҳои онро алоҳида-алоҳида ду-се бор мехонад. Донишомӯзон низ калима ё ҷумлаҳоро бо навбат ду-се бор такрор мекунанд. Ин усул барои ба хотири донишомӯзон нақш бастани калимаи зарурӣ ёрдам медиҳад. Баъди ин кор омӯзгор оҳиста мехонад, донишомӯзон навишта мегиранд.

Омӯзгор ҳангоми гузаронидани диктанти таъкидии шунавоӣ аз хониши донишомӯзон низ истифода бурданаш мумкин. Вай ҷумлаҳои интихобкардаашро ба донишомӯзон мехононад.

Донишомӯзе ҷумлаи якумро хонда калимаҳои таркиби онро як- як таҳлил мекунад. Масалан, ҷумлаи “Ман ба мактаб омадам” бо усули даҳонӣ чунин таҳлил карда мешавад:

Ман – ҷонишин.

Ба – пешоянд, аз калима ҷудо навишта мешавад.

Мактаб – исм, бо ҳарфи хурд навишта мешавад.

Омадам – феъл, ҳаракати предметро мефаҳмонад.

Омӯзгор метавонад ҷумларо ба як донишомӯз хононда, таҳлили онро ба донишомӯзи дигар супорад. Баъди таҳлили пурра донишомӯзон ҷумларо навишта мегиранд. Ин усул барои инкишофи нутқи даҳанакии донишомӯзон низ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ диктанти таъкидии шунавоиро бо мақсади инкишоф додани нутқи шифоҳӣ ҳам гузаронидан мумкин аст.

Омӯзгор баъзан дар як дарс аз диктанти таъкидии биноӣ ва шунавоӣ низ истифода бурданаш мумкин аст, ки он характери диктанти таъкидии биноию шунавоиро мегирад. Ин намуди диктант ҳамон вақт самара медиҳад, ки ҷумлаҳои интихобкардаи омӯзгор бо ҳамдигар алоқаи мантиқӣ надошта бошад.

М.Лутфуллоев сохти умумии лаҳзаҳои ташкил ва гузаронидани диктанти таъкидиро дар ҷараёни дарс ба таври зерин тавсия медиҳад:

1. Такрори қоидаи мавзӯи гузашта.

2. Фикр кардани мисолҳои мувофиқ аз тарафи донишомӯзгон.

3. Талаффуз намудани ҷумлаҳои мувофиқе, ки донишомӯзон ёфтаанд, ё худ омӯзгор тартиб додааст:

а) аз тарафи омӯзгор хондани ҳамаи матн (агар ҷумлаҳои он бо ҳам алоқаманд бошанд);

б) хондани як ҷумла;

в) аз тарафи ду-се донишомӯз такрор кардани ҷумла;

г) таҳлили грамматикӣ-имлоии калима;

ғ) навиштани ҷумла аз тарафи донишомӯзгон;

д) фавран санҷидани ҷумлаи навиштаи бачаҳо дар синф.

Бояд таъкид намуд, ки диктанти таъкидӣ барои аз худ намудани имлои ин ё он мавзӯъ, мустаҳкам намудани қоида ва имлои маводҳои гузашта, такрори имлои ҳамаи мавзӯъҳои гузашта ва инкишоф додани нутқи шифоҳии донишомӯзон аҳамияти калон дорад.

Таҷрибаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки аз диктанти таъкидӣ дар ҳамаи синфҳои ибтидоӣ истифода бурдан мумкин аст.

Ҳангоми гузаронидани диктанти таъкидӣ дар синфи якум то аввали нимсолаи дуюм таҳлили овозӣ – ҳарфӣ ва ҳиҷоӣ гузаронида мешавад. Донишомӯзон таркиби калимаҳои менавиштагиашонро аз овозҳои алоҳидаи (садоноку ҳамсадо) он то ҳиҷоҳои таркиби он меомӯзанд. Ин қабил шиносоӣ ғалатнависии донишомӯзонро кам карда, малакаи имлоӣ, яъне бехатонависиро шакл мегиронад.

3. Диктанти шарҳдиҳӣ. Омўзгор ҷумла ё 7-8 калимаи мувофиқро пешакӣ дар тахтаи синф навишта мемонад ва болояшро бо парда ё қоғази сафед мепӯшад. Ҷумла ё калимаҳои интихобшударо дар варақ навишта ба ду-се нафар донишомӯз медиҳад. Донишомӯзоне, ки ҷумлаҳоро мегиранд, вазифаи нотиқиро иҷро менамоянд. Онҳо бо тартиб аз ҷои нишасташон аввал ҷумлаҳоро хонда баъд калимаҳои онро шарҳ додан мегиранд ва дар айни замон менависанд. Дигарон ба шарҳи рафиқашон гӯш дода, низ навиштан мегиранд. Масалан, донишомӯзи синфи якум калимаи “Ӯзбекистон”-ро ин тавр шарҳ медиҳад: Ӯз бе кис тон - аз чор ҳиҷо иборат (Ӯз-бе-кис- тон). Ҳиҷои якум - ӯз, ҳиҷои дуюм - бе, ҳиҷои сеюм - кис, ҳиҷои чорум - тон. Ҳиҷои аввал - Ӯз; ман ба навиштан сар кардам, ҳиҷои дуюмро менависам “бе” ва ғайра.

Омўзгор бошад дар байни партаҳо гашта, кӣ чӣ хел хатоӣ мекунад, зери чашм менамояд. Баъд аз он ки ҳамаи калимаҳо ба ҳамин минвол навишта шуданд, омӯзгор пардаи тахтаи синфро як тараф карда ба бачаҳо мефармояд, ки чизи навиштаашонро бо навиштаҷоти тахтаи синф муқоиса кунанд ва хатоҳояшонро ислоҳ намоянд. Дар ин вақт омӯзгор ҳамон донишомӯзҳоеро, ки зери чашм карда буд, ба назди тахтаи синф даъват намуда, имлои қоидаи гузаштаро боз ҳам мустаҳкамтар менамояд.

Чи тавре ки дидем, дар ҳамин дарс шарҳдиҳӣ гузаронида шуда, дар ҳамин дарс санҷида шуд.

Аз ин ҷиҳат ва мақсаду вазифаҳои худ диктанти шарҳдиҳӣ аз диктанти таъкидӣ фарқе надорад. Вале аз ҷиҳати усули гузарониданаш андаке фарқ мекунад:

1. Бачаҳое, ки калима ё ҷумлаҳоро мегиранд, аз ҷои нашасташон шарҳу эзоҳ додан мегиранд.

2. Ҳар як калима баъди шарҳ додан фавран навишта мешавад, ки ин боиси кам рӯй додани хатоҳо мегардад.

3. Омӯзгор матнро пешакӣ дар тахтаи синф навишта монда, болои онро танҳо дар охир баъди навиштани бачаҳо мекушояду халос, дар диктанти таъкидии биноӣ бошад, болои матн ду бор кушода мешавад: бори якум барои таҳлил, бори дуюм барои санҷишу муқоиса.

4. Дар диктанти шарҳдиҳӣ масъулиятнокию ҷавобгарии бачаҳо зиёдтар мушоҳида карда мешавад.

Диктанти шарҳдиҳӣ ду хел мешавад: пурра ва нопурра (интихобӣ). Дар шарҳдиҳии пурра ҳамаи калимаҳои ҷумла ҳартарафа ва дар шарҳдиҳии нопурра танҳо имлои ягон мавзӯи муайян (дар айни замон мавзӯи гузашта истода) шарҳ дода мешавад. Ҳаминро ҳам дар назар доштан лозим, ки дар вақти интихоби матни шарҳдодашаванда миқдори орфограммаҳои зарурӣ ва донишу таҷрибаи аҳли синфро ба назар гирифтан даркор.

4. Диктанти эзоҳӣ. Ин намуди диктант барои ҳамаи синфҳои ибтидоӣ хос аст. Диктанти мазкур бо мақсади фаҳмонидани калимаҳои имлояшон душвор гузаронида мешавад. Матни интихобшуда ҷумла ба ҷумла бо талаффузи омӯзгор ба донишомӯзон нависонда мешавад. Имлои калимаҳои таркиби он ба хотир оварда мешавад. Баъди диктантро навишта шудани донишомӯзон вай санҷида мешавад. Хатоҳои донишомӯзон бо тартиби зерин ислоҳ ва эзоҳ дода шуданаш мумкин:

а) хатои навиштаҷоти ҳамдигарро худи донишомӯзон эзоҳ медиҳанд;

б) хатои донишомӯзро омӯзгор даҳанакӣ эзоҳ медиҳад;

в) хатои донишомӯзонро омӯзгор ба тахтаи синф навишта нишон медиҳад.

Бо ҳамин усул хатоҳои диктанти донишомӯзон ёфта ва ислоҳ карда мешаванд. Бо ин кор саводнокии имлоии донишомӯзонро муайян намудан ва камбудиҳои онро бартараф кардан мумкин.

аз 20
навбатӣ