Зеҳн
МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.

Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа

Таҳсилот
Аз аввал хондан

Донак чашмонашро молида –молида аз хоб бархост. Ба берун нигаристу ҳайрон шуд. Чи манзараеро дид! Гирду атроф ҳама сабзу хуррам. Офтоби саховатманд нур мепошид. Замин нафаси сабук мегирифт. Ҷо-ҷо майсаю себаргаҳои навруста ва гулҳои сиёҳгӯш ба назар мерасиданд.

-Оҳ, чӣ хел зебо будааст баҳор. Чӣ хел хуррам аст зиндагӣ, - нидо баровард Донак ва аз шодӣ ба рақс даромад.

-Хӯш, Донаки азиз, акнун метавонӣ қад кашӣ. Марҳамат, ҷаҳд бинамо. Ин тарафаш акнун ба худат вобаста. Худатро эҳтиёт бикун.

-Раҳмат, раҳмат, эй хоки азиз! Эй замини пурсаҳо, - гуфт миннатдорона Донаки Олу ва рӯ ҷониби Офтоб қад кашидан гирифт.

Замин ба донак ғизо медод. Хуршеди оламоро қуввату дармонаш мебахшид. Обаки зулол ташнагиашро мешикаст.

Донак рӯз ба рӯз қувват гирифта, ба як ниҳолаки мавзунқад табдил ёфт (аз маҷаллаи “Машъал”, эҷоди Раҳмат Зайдулло).

Супориш: Порчаи аз афсонаи “Донаки олу” интихобкардаро хонед ва аз рӯи мазмуни он саволҳо тартиб диҳед.

Барфи охирин Пагоҳӣ ҳаво хунук шуд. Дар осмон абрҳои сиёҳ давр мезаданд. Баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ ҳаво тамоман торик шуд.

Буғҳои майдаи сафед якбора ҳаворо фаро гирифтанд. Аз як тараф шамоли хунуки сахт хеста, абрҳоро ба ҳар сӯ бурд.

Абрҳо ба борон мубаддал шуда, зуд-зуд ба зарраҳои барф иваз шудан гирифтанд. Пас аз фурсате рӯи замин сафед шуд. Аз ин суръати боридани барф гумон кардам, ки дар як шабонарӯз ғафсии ӯ аз якуним метр зиёд мешавад. Лекин баъд аз ним соат боридани барф суст шуд. Муддате нагузашта, ҳаво соф ва беғубор шуд.

Пешвандҳо Диктанти худамро месанҷам Боақл, баақл, беақл, ботартиб, батартиб, бетартиб, боинсоф, баинсоф, беинсоф, бақувват, беқувват, боқувват, базеб, безеб, баобрӯ, беобрӯ.

Супориш. Пешвандҳоро муайян кунед.

Диктанти таъкидӣ I Ӯ бачаи (бо) ғайрат аст. Ҳамеша (бо) ғайрати калон кор мекунад. Рафиқам сухани (ба) маънӣ гуфт. (Бе) маънӣ сухан таъчсир надорад. Шумо (ба) маънии шеър диққат диҳед.

Парисо (бо) одоби худ моро мафтун кард. Шӯълаи чароғ (ба) нур буд. Офтоб (бо) нури худ оламро равшан мекунад.

II Ӯ ба ман рафиқи (ҳам) дам аст. Бо (ҳам) синфонам ба тамошои боғи ҳайвонот рафтем. Фарруху Гулрух (ҳам) соя мебошанд. (ҳам) хонаи Фирдавс ба хонаи дигар кӯчидааст. Мо ба корҳои (ҳам) дигар ёрӣ мерасонем. Мо бо омӯзгор (ҳам) сӯҳбат шудем. Ба модари фарзандаш аз олам гузашта (ҳам) дардӣ баён кардем.

Диктанти биноӣ Чизи аз ҳама калон Дар байни ҳайвонҳои обӣ ва хушкӣ аз ҳама калон кит аст.

Хусусан кити кабуд ниҳоят калон мешавад. Агар фили аз ҳама калонро ба пеши кит оварда монем, фил нисбаьт ба он монанди гурба менамояд.

Фараз кунем, тарозуе бошад, ки ба як паҳлуяш китро гузорем, дар он вақт ба муқобили кит 35 ва ҳатто 40 филро гузоштан лозим меояд.

Кити нав таваллуд шудагӣ 8 метр дарозӣ ва 2 тонна вазн дорад. Кит дар уқёнус зиндагӣ мекунад.

Диктанти санҷишӣ Мӯрчаи сиёҳак Дар канори қишлоқ мӯрчаҳои хурд, калон ва сиёҳу зард ҳамсоя буданд. Рӯзе мӯрчаи хурдараки сиёҳак донаи гандум ёфт. Вай зӯр зад, зӯр зад, аммо донаи гандумро бардошта натавонист. Мӯрчаи сиёҳак ёронашро ба ёрӣ даъват накард. Вай мехост, ки худаш танҳо донаи гандумро ба хонааш бардошта барад ва ҳама ба ӯ таҳсин гӯянд. Дар ин вақт мӯрчаи калони зард омад ва донаи гандумро бардошта бурд. Мӯрчаи сиёҳак худ ба худ гуфт: – Афсӯс, ҷӯраҳоямро ба ёрӣ чеғ назадам! (78 калима) НАМУНАҲОИ ДИКТАНТ СИНФИ ЧОРУМ Диктанти луғат Аброр, асрор, ангур, ангишт, бозаргонӣ, бозёфт, боғбон, баҳор, воиз, вайрона, Гулчеҳра, Гулгун, гардун, гаҳвора, дониш, давр, деҳқон, ёрирасонӣ, захм, зардолу, занҷир, иқтисод, ибрат, кордон, комил, Кова, картошка, лола, либос, лабханд, меҳнат, Малика, Меҳрубон, нигоҳ, Норин, некӣ, оҳиста, ободонӣ, охир, парвона, паст, писар, панҷшоха, ранг, раҳмдил, равон, ронанда, сафед, Самарқанд, салом, сарвар, сӯм, сокин, Тошканд, тилло, такаббур, умр, Ургут, узв, устувор, Фарғона, фарҳанг, фаровонӣ, Фирдавсӣ, фош, хабардор, хуршед, Хуросон, шиша, шаршара, шоир, шаҳр, Ӯзбекистон, ҳиммат, ҳаcсос, ҳунар, Ҷануб, ҷайб, ҷорӯб, ҷарӣ.

Ҷумлаҳо барои таҳлил I 1. Алӣ аз мактаб омад. 2. Бачаи ростқавл асло дурӯғ намегӯяд. 3. Як сол дувоздаҳ моҳ аст. 4. Зариф аз ҷояш хеста ба устодаш салом дод. 5. Поезд оҳиста ба роҳ даромад. 6.

Баҳори имсола серборон омад. 7. Аҳмад пулашро гум кард.

II 1. Офтоб баромад ва ҳаво гарм шуд. 2. Сарвар хоҳарчаашро аз боғча гирифта омад. 3. Акрам амак вайро сахт танбеҳ дод.

4. Дуздӣ одати бадтарин аст. 5. Ҳамеша сухани ростро гӯй. 6.

Падарам ба ман китоби ранга овард. 7. Аз дасташ чойник афтид ва шикаст. 8. Ҳошимҷон аз хониш баҳои аъло гирифт. 9. Бибиҷонам аз деҳот омад.

III 1. Пахтаҳо сап-сафед кушода шудаанд. 2. Салим ҷойҳои даридаи китобро таъмир кард. 3. Гурбаи зард сагро дида гурехт.

4. Деҳқонон иди ҳосилро гузаронидаанд. 5. Ман ба бародарам мактуб навиштам. 6. Шаҳло рӯи ҳавлиро рӯфт ва об зад 7. Дар боғи мо гулҳои сафед ва сурх бисёр шукуфтааст. 8. Имсол борон борид. 9. Дӯкондор дафтар ва китобҳо овардааст.

IV 1. Аслиддин барои сагчааш хона сохт. 2. Таҳсил ба охир расид. 3. Давлату Толиб борхалтаҳои худро ба пушт гирифтанд.

4 Офтоби оламтоб ҳама ҷоро метафсонд. 5. Ҳамаи бачагон якбора хандиданд. 6. Нодир сари хам менишаст. 7. Аз назди ҳавлӣ наҳри калоне мегузашт. 8. Дар қуллаи кӯҳ каргасе нишаста буд.

Диктанти эзоҳӣ Рӯзи таваллуд Дар хонаи Нодира Сафарова ҳамсинфҳо ҷамъ омаданд.

Имрӯз вай ёздаҳсола шуд. Дугонаҳо ба ӯ бозичаҳо ва китобҳо тӯҳфа карданд. Модараш Дилбар хола рӯи столро бо хӯрокҳои болаззат оро дод.

Баъд аз хӯрок бачаҳо ба бозӣ сар карданд. Онҳо шеър хонданд, суруданд ва рақсиданд.

Диктанти аз ёд навиштан I Мӯрчаҳо ҳашар доранд, Ҳашар аз саҳар доранд.

Дар байни онҳо зинҳор Набошад каси бекор.

II Ҳар кас нахонад, Ҳар кас надонад, Номаш нодон аст, Кораш вайрон аст, Ақлаш ҳайрон аст.

Миршакар Мирсаид Диктанти санҷишӣ Нон – неъмати ҳаёт Мӯйсафедон нонро неъмат, мӯъҷиза меноманд. Дар ҳақиқат, нон асоси зиндагии инсон аст.

Дар мамлакати мо касе гурусна ва мӯҳтоҷи нон нест. Ҳама серу пур. Нон фаровон аст ва сол аз сол фаровонтар мешавад.

Аммо ин чунин маъно надорад, ки нонро беқадру исрофу хор кардан мумкин бошад. Хурду калони мардуми мо ба қадри нон мерасад, онро азиз медорад, ҳурмат мекунад. Барои он ки нон нон шавад, чӣ қадарҳо вақт, меҳнат ва қувва сарф мегардад. (76 калима) Диктанти эҷодӣ Китоб – сарчашмаи дониш.

Меҳнат бахт аст.

Хоксорӣ – зиннати инсон.

Диктанти таъкидӣ Ресмон Модаркалони Нафиса хеле пир шуда мондааст. Ӯ ба чашмаш ду айнак монад ҳам, ба сӯзан ресмон гузаронида наметавонад. Ба ошхона даромада печкаро ҳам даргиронда наметавонад. Лекин ӯ афсонагӯи моҳир аст.

Вақте ки Нафиса ба сӯзани модаркалонаш ресмон гузаронда дод, пиразан шод гашта чашмонаш дурахшиданд. Модаркалон бо навозиш сари Нафисаро сила карда “ умри дароз бин” гуфт.

Жола Бегоҳ аз тарафи шимол абри сиёҳе баланд шуд ва дар андак фурсат тамоми осмонро фаро гирифт. Момоқулдуроқ ва чақмоқ сар шуд. Жола ҳам омад. Жолаҳое омад, ки ҳар як кадомаш тухми мусича барин буд. Дар мобайни панҷ дақиқа барги дарахтон рехта кӯрпа барин шуданд. Палакҳои харбуза ва бодринг ғалбер барин шуданд. Дар як дам жола ба борон мубаддал шуд.

Рӯзҳои ҳафта Алӣ сесола асту рӯзҳои ҳафтаро ҳанӯз намедонад. Зеро ӯ ба мактаб намеравад. Як рӯз Алӣ аз падараш пурсид:

- Рӯзҳои ҳафта чанд рӯз аст?.

Падараш гуфт:

- Писари хубам, ман ба ту шумораи рӯзҳои ҳафтаро намегӯям. Фақат номи рӯзҳоро мегӯям. Рӯзи аввал якшанбе ном дорад, рӯзи дуюм – душанбе, рӯзи сеюм – чоршанбе, рӯзи панҷум – панҷшанбе, рӯзи шашум – ҷумъа ва рӯзи охирин - шанбе ном дорад.

Ёрдамчиёни хурдсол Имсол падарам ҳам дар заминҳои хоҷагии фермерамон пахта корид. Вай аз “ тиллои сифед” ҳосили бисёр ғундоштан мехоҳад. Ҳозир ҳамаи пахтаҳои заминамон сап-сафед шукуфтааст. Падару модарам, хоҳари калониам Гулсун ва бародарам Фирдавс аз пагоҳӣ сар карда ба пахтачинӣ шурӯъ карданд. Ману додарчаам Дилшод низ ба онҳо ёрӣ додем. Мо пахтаҳои гирду атрофи замин ва роҳро чида ба як ҷо ҷамъ овардем. Падарам аз ин кори мо хурсанд шуда, “Офарин ба шумо” гуфт.

Феъл Диктанти луғат 1. Андохт, мебардорад, муроҷиат кард, муқоиса кунед, хабар гирам, баромад, ҷудо кунед, хӯр, фаҳмиданд, халос шуд, мегирифт, афтонд, дидам, навишта шудаанд, пурсид.

2. Мегӯяд, мерӯбад, хӯрд, ҷавоб дод, рафта истодааст, бардошта мебарад, парешон шуд, меравад, омад, каҷ шуд, мепартофтанд, мехонам, дод, нигоҳ кард, пӯшонд.

3. Фаҳмонд, сиҳат мешавад, хунук шуд, пухт, рехт, мебурад, сиёҳ мешавад, бурд, нигоҳубин мекунад, мерезад, ёрӣ дод, рақсид, табассум кард, мекашонад, пир мешавад.

Диктанти озод Дар қуллаи кӯҳ 1. Дар рӯи замин кӯҳҳое ҳастанд, ки якчанд километр баландӣ доранд. Дар болои ин хел кӯҳҳо барфи доимӣ хобидааст ва ҳеҷ об намешавад. Кӯҳҳое ҳам ҳастанд, ки ҳафт, ҳатто ҳашт километр ва аз он ҳам зиёдтар баландӣ доранд.

Одам ба ҳамин гуна кӯҳҳои баланд баромада метавонад.

2. Рӯзе якчанд кас ба қуллаи кӯҳи баланди сербарф баромаданӣ шуданд. Онҳо чӯбҳои дароз, ресмон, нардбон, мисрон ва хӯрокворӣ тайёр карданд. Бо худ инчунин либосҳои зимистонӣ гирифтанд. Оқибат ҳама тайёр шуда ба роҳ даромаданд.

Диктанти интихобӣ Гиёҳҳои шифобахш Валериана ва дигар доруҳои дарди дил аз растаниҳое тайёр карда мешаванд, ки дар дашту ботлоқ, дар ҷангалу баҳрҳо мерӯянд.

Йодро аз обсабзаҳои баҳрӣ ҳосил кардан мумкин аст.

Гули барфак бӯи хуши фараҳбахш дорад. Агар одами дилаш дарднок якчанд қатра доруи гули барфак хӯрад, ҳамон дам дилаш осоиш меёбад.

Дар мамлакати мо ин гуна гиёҳҳои аҷоиб, гулҳо ва обсабзаҳо хеле бисёр ёфт мешаванд.

Диктанти эзоҳӣ Гиёҳҳои дорувор Олимон аз куҷо донистанд, ки орди пиретрум ҳашаротро мекушад? Онҳо аз модарон ва бобоёнашон дониста гирифтаанд.

Садҳо сол занон ин гиёҳи бӯйнокро аз замин чида хушк мекарданд. Онро ба рӯи ҷойхобу либосҳояшон мепошиданд..

Дар илми тиб хели бисёри гиёҳҳои дору маълум аст.

Онҳоро ҳеҷ кас намекорад, худашон рӯидан мегиранд. Фақат онҳоро ғундошта дору тайёр кардан лозим аст.

Диктанти аз ёд навиштан Дар вақти таҳсил Дар вақти таҳсил Ту аз таҳти дил Хону хону хон Дону дону дон!

Асбоби хониш Карда созу соз, Рӯ сӯи мактаб Тозу тозу тоз! Аминҷон Шукӯҳӣ Диктанти таъкидӣ Савғо Сабоҳ чашмам во кардам, Наздам сабадча дидам.

Хуршед сӯяш мекашид, Сайри кӯяш мекашид.

Давидаму давидам, Ба кӯҳи Қу расидам.

Аз зери санг, лаби ҷӯ, Чидам як тоқӣ ҳулбӯ.

Назди марғзори серзуф, Кардам каме таваққуф.

Хеле фаровон чидам Ҷағ-ҷағу юғон чидам.

Чидам ҳама ину он, Аз файзи навбаҳорон Гӯям ба ту ташаккур, Эй хуршедаки пурнур!

Барам ба бобом савғо, Ба дардаш бахшад шифо!

Зебунисои Тоҳириён Иди Наврӯз Дар сарзамини мо иди Наврӯзро 21 март пешвоз мегиранд.

Дар ин рӯз ҳама ба дидорбинии ҳамдигар мешитобанд. Аз аҳволи пирон ва дармондагон хабар мегиранд. Қаҳриҳо оштӣ мешаванд.

Дар иди Наврӯз сумалак ва ҳалим мепазанд. Ин таомҳо серғизо ва шифобахш мебошанд. Дар сайргоҳҳо бозиҳои гуногуни миллӣ ташкил карда мешаванд. Рақсу суруд дар авҷ мешавад. Наврӯз ба хонадони ҳама шодию фараҳ меорад.

Гунаҳкор Сайфиддин ва Саид ном ду бародар буданд. Ҳар ду дар як мактаб мехонданд. Сайфиддин ҳамеша чизҳои худро парешон мекард. Рӯзе дафтари худро ба рӯи хона бепарвоёна партофта буд. Саид дафтари бародари худро сиёҳ кард. Пагоҳӣ ба мактаб омўзгор дафтари Сайфиддинро айбнок дида ҷазо дод.

Диктанти шарҳдиҳӣ I 1. Нигора ба бобояш об дод. 2. Алишер вазифаи хонагиро мустақилона иҷро кард. 3. Падарам ба ман ва бародарам компютер харид. 4. Дар роҳ ду сагро диданд. 5. Модарам бо аломати тасдиқ сарашро ҷунбонд. 6. Буд-набуд, дар замони пеш як марди ҳезумкаш буд.

II 1. Пагоҳӣ офтоби дурахшон қабати тунуки яхро об кард.

2. Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадими мардуми тоҷик мебошад. 3.

Дасти одам аз ӯҳдаи ҳамаи корҳо мебарояд. 4. Рӯбоҳ ва шағол ба ҳам ҷӯра шуданд. 5. Гулнор як бибии меҳрубон дошт. 6. Ору шаҳди гулҳоро мечинад, санҷоб мағз меғундорад.

пешина
аз 20
навбатӣ