МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.
Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа
Диктанти интихобӣ 1. Ҳамроҳи онҳо сайру гашт мекунем.
2. Дили каси бемор нозук мешавад.
3. Вазира ба сӯҳбати онҳо халал намерасонад.
4. Хирсчаю гурбача ва мурғобию сагбача ҳайрон монда буданд.
5. Модари дилсӯз ба фарзанди дилбандаш Султон Валад насиҳат кард.
6. Пастию баландиҳои роҳи худашон мегаштагиро нағз медонанд.
Ҷумлаҳои саволӣ 1. Бе кӯрпаю болишт чӣ хел хобаш мебурдааст?
2. Ту чандто мисол интихоб кардӣ?
3. Таърифи ҷумларо кӣ ба ман мегӯяд?
4. Баҳои панҷ ба чӣ гуна ҷавоб гузошта мешавад?
5. Дар оянда кадом чашнро пешвоз мегирем?
6. Як сол чанд шабонарӯз аст?
7. Мо кадом рӯз дам гирифта ба мактаб намеоем?
Диктанти таъкидӣ I 1. Барои чӣ ман ба бозии инҳо ҳамроҳ шудам? 2. Имрӯз кӣ ба дарс наомадааст? 3. Чаро ту вазифаи хонагиро тайёр накардаӣ? 4. Рӯзи истироҳат ба сайри кадом боғ рафтаӣ? 5.
Дар синфатон чанд нафар донишомӯз мехонанд? 6. Шумо бо ин аҳвол бачагону набераҳои худро чӣ хел тарбия мекунед?
II 1. Об ба заминҳои пахта мерафт.
2. Шохи дарахти мевадор хам мешавад.
3. Дили модар хеле ҳассос ва нозук аст.
4. Ифтихор аз фарзанд хушбахтии падару модар аст.
5. Яку якбора рӯи офтобро абри сиёҳе гирифт.
Ҷумлаҳои хитобӣ Диктанти таъкидӣ Кам хӯрдану хуфтану гуфтанро одат кун. Ба девонаву маст сухан нагӯй. Беандеша дар кор машав.
Бо оқилон биёмез ва аз ҷоҳилон бипарҳез! Хок бош, на санг! Хуш омадӣ, пардаи чашм пайандози ту бод! Ҳар рӯзатон наврӯзу наврӯзатон пирӯз бод!
Дар рӯзҳои нек, дар айёми корат дӯстро фаромӯш макун!
Поси хотири дӯстиро нигаҳ дор! Нисбат ба дӯст дурандеш ва мулоҳизакор бош! Ҳар гоҳ дасти ёрӣ ба дӯст дароз кун! Барои аз нуқс покиза кардани якдигар кӯшиш кунед. Риштаҳои ҷони худро бо ҷони дӯсти дилхоҳ пайванд кун. Домани умеди дӯст аз дасти вафо сар мадеҳ.
Панд Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодонӣ намонем.
Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ба кор ор илме, ки омӯхтӣ, Макуш машъалеро, ки афрӯхтӣ.
Садриддин Айнӣ Пирoнро азиз доред!
Дар дами пирӣ пиранро азизу мукаррам доштан, онҳоро навозиш кардан лозим аст. Дар дохили нақлиёт ба пирон ҷой додан, аз дасти анҳо бори вазнинро гирифтан, хоҳишу илтимосҳои онҳоро баҷо овардан рафтори хуб аст. Пирон одамони рӯзгордида ва таҷриба андӯхтаанд. Ҷавонон ба маслиҳати oнҳо эҳтиёҷ доранд.
Диктанти шунавоӣ Қадри устод бидон!
Дар бинои илму дониш ва фазлу камол хишти аввалро устод–омўзгор мениҳад. Дар кӯчаву бозор ва дар мактабу ҷои кор пеши роҳи устодро бурида нагузаред. Худро ба канор гирифта ба ӯ роҳ диҳед. Вайро гусел карда, баъд қадам ба пеш гузоред. Дар иҷрои супоришҳои устод танбалӣ ва саркашӣ накунед. Гуфтор ва панду таълимии устодро бо хурсандӣ қабул кунед. Аз устоди сахтгир ва серталаб наранҷед. Дар овони пирии устод аз ҳоли вай хабар гиред. Бо чароғи лутфу эҳсони худ хонаи дили ӯро мунаввар созед.
Эҳтироми падару модар Ҳар рӯз пас аз бархестан аз хоб бо забони нарм ба падару модарат салом деҳ. Падару модар туро азизтар аз ҷону дил медонанд. Дар айёми пириашон ту асои дасту соябони онҳо бош. Хизматашонро бо дилу ҷон ба ҷо ор. Падару модарро ҳурмат намудан ва хизматашонро ба ҷо овардан ҳамеша сарбаланд мегардонад.
Меҳмоннавоз бош!
Дар назди меҳмон бо чеҳраи пурғубору ғамгин манишин.
Вақти хӯрдани таом ба сӯи меҳмон чашм дӯхта, ҳар як ҳаракати ӯро зери назар гирифтан хуб нест. Истеъмоли неъмати сари дастурхонро ба ихтиёри худи меҳмон гузар. Бо мулоҳиза сухан бугӯ. Аз дӯстони наздик шиква макун. Зиёд гап назан. Касони бадхӯву ғаразагӯӣ, суханчинони бадтинату лофзанонро назди меҳмон даъват макун. Вақти гусел ба ӯ барои ташриф оварданаш миннатдорӣ изҳор кун.
Диктани шунавоӣ Суманак Калимаи “ суманак”, ки дар забони бостонии мо дида мешавад, имрўз дар лаҳҷаву шеваҳои тоҷикӣ ба шакли “ суманак”, “сумалак”, “саманӣ” ва ғайри ҷорӣ аст. Дар забони санскритии ҳинди бостонӣ низ “ суманӣ” буда, ба маънии гандум далолат мекунад. Суманӣ ё суманак аз гандум сохта мешавад. Гандумро сабзонда, аз шираи он суманак тайёр кардан аз одатҳои бисёр дилкаши Наврӯз аст. Сабзонидани гандум дар эътиқоди гузаштагони мо рамзи умри бобаракату сабзу ширинро далолат намудааст.
Тозагӣ - гарави салoматӣ Яке аз воситаҳои саломат ва тандурустии одамӣ гармоба (ҳаммом) аст, ки рагу пайро мулоим ва аъзоро солим мегардонад. Гармоба воситаи тарбияи бадан ва рафъи дарду иллат ва заъфи пайкар буда, ба кас сабукию офиятмандӣ мебахшад.
Ба гармоба бояд начандон сер ва начандон гурусна рафт.
Чашмонаш сиёҳ мезанад. Ранг аз рухаш мепарад. Пайкарашро ҳолати нагуворе фаро мегирад.
Бисёр падар ва модарон фарзадони хурдсоли худро пешандоз карда, ҳамроҳ ба гармоба мебаранд. Ин, албатта, кори хуб аст, зеро “ тозагӣ гарави саломатӣ” гуфтаанд.
Ҳавапаймо Бегоҳ буд. Ҳавапаймо моро ба фурудгоҳи Самарқанд расонд. Баъд аз чанде фурсат мошини мо ба сӯи Панҷакент раҳсипор гардид. Вақте ки ба Самарқанд ва аз деҳаҳои хурраму дашту саҳроҳои паҳновар гузашта, ба сӯи Панҷакент мешитобидем, аз дур, аз чапу рост теппаҳо, кӯҳҳо намоён мешуданд. Офтоб андак-андак дар паси уфуқ пинҳон шуда, фазои гирдогирди худро тиллоранг мекард.
Мужда Дар хонаҳо сабзонидани гандум барои суманак пухтан муждаи баҳор аст. Ин мужда дар одамон эҳсоси наҷиб ба вуҷуд меорад. Онҳоро ба меҳнат, сабзу ширин ва баракат гузаронидани умр даъват мекунад. Маросими сабзонидани гандум барои суманак, андешаҳои некбинонаи гузаштагони моро нисбат ба ҳаёт ва оянда намоиш додааст.
Одоби салому алейк “Ассалому алейкум” маънои “ саломат ва тинч бошед” -ро дорад. Ҷавоби он “ваалайкум ассалом” буда, “саломат бошед” - ро ифода мекунад. Саломатӣ ва осудагии якдигарро хостан, орзу намудан нишонаи дӯстӣ аст.
Салому алейк бо овози шунаво, самимона ва бо чеҳраи кушод гуфта мешавад. Ба саломи дӯст ҷавоб гардондан шарт ва ҳатмист. Ба касе, ки рост истодааст, аз ҷой нахеста, даст ба вохӯрдӣ дароз кардан низ аз рӯи ҳурмат нест.
Диктанти санҷишӣ Ӯзбекистон ватани мо Мо дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунем. Дар ҷумҳурияти мо шаҳрҳои зебо ва деҳаҳаои барҳаво бис¸р аст. Дар ҷумҳурияти мо халқҳои гуногун аҳлона зиндагонӣ мекунанд. Аз мағозаҳо маҳсулоти лозимаро дар¸фт карданамон мумкин аст. Дар мактабҳо омӯзгорони бомаҳорат бис¸ранд. Барои ривоҷу равнақи Ӯзбекистон ҳиссаи омӯзгорон хеле зи¸д аст. Халқи мо Ватани худро дӯст медорад. (55 калима) Ҷумлаҳои амрӣ Ҷангал Сайри ҷангал аҷаб кайфият дорад! Кас ба атроф нигоҳ мекунад. Ногоҳ чизе аз пеши кас давида мегузарад. Боз ин гург набошад? Ё саге аз паси шикоре давид-мӣ? Ҳа, ин саги шикорӣ будааст! Ин чӣ шиғир-шиғир аст, ки хомӯшии ҷангалро вайрон кард? Ин садои чормағз шикастани санҷоб мебошад. Саг санҷобро дида ба ав-ав даромад.
Супориш. Матнро хонед, ҷумлаҳои хабарӣ, саволӣ ва хитобиро муайян карда дар алоҳидагӣ нависед.
1. Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ.
2. Биҳишт зери қадами модарон аст.
3. Ҳақро бигӯ, агарчи талх бошад.
4. Фазилати инсон зери забонаш нуқуфта аст.
Супориш. Пандҳои аз китоби “Панҷсад ҳадис” интихоб кардаро хонед, мазмунашро фаҳмонед. Гӯед, ки кадоме аз онҳо ҷумлаҳои хитобӣ ба шумор меравад.
Диктанти худамро месанҷам Тест 1. Ҷумлаҳое, ки бо оҳанги пурсиш гуфта мешавад, чӣ ном доранд?
а) хабарӣ б) саволӣ в) ҷумлаҳои хитобӣ 2. Дар охири ҷумлаҳои саволӣ чӣ гуна аломати китоби гузошта мешавад?
а) вергул б) савол в) ду нуқта 3. Ҷумлаҳое, ки амру фармоишро ифода мекунад, чӣ ном доранд?
а) хабарӣ б) саволӣ в) ҷумлаҳои амрӣ 4. Дар охири ҷумлаҳои амрӣ ва хитобӣ чӣ гуна аломати китоби гузошта мешавад?
а) нуқта б) савол в) хитоб 5. Мубтадо, хабар, муайянкунанда, хабар, ҳол дар якҷоягӣ чӣ ба шумор мераванд?
а) калима б) ибора в) аъзоҳои ҷумла 6. Сараъзоҳои ҷумла дар кадом банд навишта шудааст?
а) мубтадо, хабар б) муайянкунанда в) пуркунанда, ҳол 7. Чӣ фикри тамомшудаи том (ҷамъ)-ро ифода мекунад?
а) калима б) ибора в) ҷумла 8. Дар охири ҷумлаҳои хабарӣ чӣ гуна аломати китоби гузошта мешавад?
а) нуқта б) савол в) хитоб Аъзоҳои ҷумла Донаки олу Як субҳ ғайричашмдошт Хок Донакро таккон дод:
-Хез, хез, хоболуд. Баҳор омад, баҳор!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё