МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.
Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа
Диктанти интихобӣ Меҳр Насиба ҳангоми ба ҷое рафтан дар роҳ паррандаяки маҷрӯҳеро дид. Онро ба даст гирифта сила кард. Сонӣ ба хона оварда шуста парвариш кард.
Парранда сиҳат ¸фт. Ӯ ба Насиба одат кард.
“Чириқ-чириқ” гӯ¸н овоз мебаровардагӣ шуд.
Бо меҳр будан чӣ хуб аст. Агар Насиба паррандаро намедид ва бепарво¸на гузашта мерафт чӣ мешуд?
Диктанти санҷишӣ Дӯстони мафтуна Мафтуна духтарчаи сесола аст. Ӯ бо ҳамроҳии модараш ба боғ ча меравад. Мураббия Мафтунаро бо чеҳраи кушод пешвоз мегирад. Дар гурӯҳ ӯ мизу курсичаи худро мешиносад.
Мафтуна мураббияи худро дӯст медорад. Чеҳраи мураббияро бӯсида ба назди дӯстони худ меравад. Бо зочаҳои хурду калон бо забони худ сӯҳбат мекунад. Дастурӯи онҳоро бо рӯймолчааш тоза карда ба нонушта даъват менамояд. (59 калима) Шабпаракҳо Баҳор буд. Офтоб нур мепошид. Дар чаманзор гулҳо шукуфта буд. Дар болои онҳо шабпаракҳо парида мегаштанд.
Онҳо шираи гулҳоро мемакиданд.
Ба болои гули сафед шабапарки сафед нишаст. Дар болои гули зард - шапараки зард. Шабпараки сиёҳ ба болои гули сурх нишаст.
Ногоҳ фароштурук омад. Вай шабпаракҳои сафед ва зардро дида натавонист. Фароштурук танҳо шабпараки сиёҳро дид ва дар як лаҳза ӯро дошт. (63 калима) Замонҳои феъл Диктанти эзоҳӣ Рӯбоҳ ва ангур Рӯбоҳи гурусна ба боғ даромад. Дар боғ ангур пухта буд.
Рӯбоҳ хост аз ин ангурҳои сиёҳи ширин хӯрад. Ток баланд буд.
Қади рӯбоҳ ба вай намерасид. Рӯбоҳ ангурро гирифта натавонист. Вай бо ҳасрат гуфт: “Ангур хом будааст, онро нахӯрданам беҳтар аст, набошад касал мешавам”.
1. Рӯбоҳ ба куҷо рафт?
2. Дар он чо чӣ буд?
3. Рӯбоҳ чӣ хӯрдан хост?
4. Рӯбоҳ ангурро аз чӣ сабаб гирифта натавонист?
5. Рӯбоҳ бо ҳасрату надомат чӣ гуфт?
Феъли замони гузашта Диктанти таъкидӣ Мурғи зирак Шағол чанд рӯз бехӯрок монд. Як рӯз тамоман ноумед шуда рафта истода буд, ки баногоҳ чашмаш ба шохи дарахте афтод. Дарон ҷо як мурғи фарбеҳ нишаста буд. Шағол шодӣ кард ва ба таги дарахт омада, ба шохи дарахт чашм дӯхт.
Мурғ дид, ки душманаш омад. Чӣ кор карданашро надониста монд. Парида фурояд ҳам, дошта гирифтани шағол муқаррар аст. Ноилоҷ мурғ гарданашро дароз карда бо як ҳолати парешон гоҳ ба поён ва гоҳ ба атроф нигоҳ кардан гирифт. Аз ин кори мурғ шағол шубҳа карда пурсид:
-Ҳой мурғи зебо! Барои чӣ ин қадар бо парешонӣ ба ҳар тараф нигоҳ мекунӣ?
Мурғ боз як бори дигар атрофро аз назар гузарониду баъд бо сараш тараферо нишон дода гуфт:
-Ҳу, аз он тараф як тӯда сагон ғавғокунон омада истодаанд.
Метарсам, ки омада маро дошта нахӯранд.
Бо шунидани номи сагони нафаси шағол ба дарун афтид, оҳистекак роҳи гурезро пеш гирифт.
Мурғи зирак бо ин тадбираш халос шуда монд?
Супориш. Феълҳои замони гузаштаро муайян кунед.
Феъли замони ҳозира Диктанти санҷишӣ Рӯбоҳ ва хурмача Пирамарде ба дарави гандум баромад. Ӯ хурмачаро бо ошаш дар буттазор пинҳон карда монд. Рӯбоҳ хурмачаро ёфт. Ӯ сарашро ба даруни он дароварда ошро хӯрд. Ошро хӯрда рӯбоҳ хост ба хонааш равад, аммо сарашро аз хурмача бароварда натавонист. Рӯбоҳ сари худро ҳар сӯ меҷунбонид. Хурма аз сари рӯбоҳ ҳаргиз намебаромад. Рӯбоҳ дар ғазаб шуда, хурмаро ба об ғӯтонд. Хурмача пури об шуд ва рӯбоҳро ҳам ба ҷӯй кашид. Рӯбоҳ дар об ғарқ шуд. (76 калима) Феълҳои ҳаммаъно Диктанти эҷодӣ 1. Шодӣ ба ман китобро дод.
1. Шодӣ ба ман китобро ... .
2. Хоҳарам нохост афтид. 2. Хоҳарам нохост … .
3. Дӯкондор дӯконро во кард.
3. Дӯкондор дӯконро ...
4. Бо мақсади гузаронидан тадбир донишомӯзон дар шаби торик гулхан афрӯхтан.
4. Бо мақсади гузаронидан тадбир донишомӯзон дар шаби торик гулхан ....
Супориш. Ба ҷои нуқта феълҳои ҳаммаъноро нависед.
Феълҳои муқобилмаъно Диктанти таъкидӣ Рафт – нарафт хонд – нахонд омад – наомад гурехт – нагурехт навишт – нанавишт тохт – натохт гуфт – нагуфт меравад – намеравад нишаст – нанишаст нӯшид – нанӯшид дид–надид рехт – нарехт парид – напарид гузошт – нагузошт Пешоянд ва пасоянд Диктанти шунавоӣ Фил Филҳо дар ҷангалзори мамалакатҳои гарм зиндагӣ мекунанд. Фил бузургтарини ҳайвонҳост. Вай хартуми дароз дорад. Хартуми худро то замин дароз карда ба ҳар тараф гардонда метавонад. Бо хартуми худ хӯрок меёбад, шохҳои дарахтро мешиканд, алафро ба даҳонаш мебарад. Инчунин бо хартуми худ чӯбҳои калони вазнинро бардошта метавонад, дарахтҳоро аз реша меканад. Аз даҳони фил ду устухони дароз баромадааст, ки ин дандони ашки вай аст. Фил бо дандонҳояш худро аз душман муҳофизат мекунад. Ӯ алаф, барг, мева ва гиёҳ мехӯрад. Хӯрокашро бо дандонҳои калони паҳни худ мехояд. Фил ҳайвони қобил ва ором аст. Дар Ҳиндустон филҳоро ром мекунанд ва дар корҳои зӯрталаб истифода мебаранд.
нависед. Супориш. Матнро хонед ва ба саволҳои поёнӣ ҷавоб Ба зери пешояндҳо хат кашед.
1. Фил дар куҷо зиндагӣ мекунад?
2. Хартум барои фил чӣ аҳамият дорад?
3. Фил чӣ мехӯрад?
4. Фил чӣ гуна ҳайвон аст?
Ибора Диктанти интихобӣ Гули хушбӯй, рӯзи дароз, китоби шавқовар, хонаи мо, бачагони хушбахт, хулосаи шогирд, сухани ҳақ, деҳқонони мо, роҳбари синф, вазифаи хонагӣ, дӯсти ман, хоб рафтан, ош¸наи дуюм, шаҳри зебо, овози форам, мураббои анҷирин, ҷасурона қадам гузоштан, баландтарин дарахт, боридани борон.
Диктанти таъкидӣ Бунафша Дар ҳавлии Гулнисо бунафшаи аҷибе мерӯид. Онро нигоҳубин намекарданд. Бо вуҷуди ин вай дар лаби ҷӯйча ҳамеша сабзу хуррам рӯида меистод.
Ин бунафшаи оддӣ набуд. Вай муждаи баҳор буд. Барвақт мешукуфт ва баргҳои гулаш калон - калон ва рангаш баланд, хушрӯю латиф буд.
Вай аз аввали баҳор то тирамоҳ мешукуфт. Агар хунук шуда барф намеборид, дар чиллаи зимистон ҳам мешукуфт.
Ҷумла Диктанти эҷодӣ Одамон, деҳа, баҳор, гандум, фил, герб.
Супориш. Бо ин калимаҳо ҷумлаҳо тартиб диҳед.
Баҳор Фасл, дар, баҳор, дарахтон, мекунанд, гул, сабз, мегардад, ҳама, ҷо, булбул, овоз, мерасад, гӯш, ба, мешукуфанд, гулу лолаҳо, шамол, мевазад, форам.
Супориш: Бо ин калимаҳо ҷумлаҳо тартиб диҳед.
Диктанти таъкидӣ Соли хониш ба охир расида истодааст ту дар вақти таътили тобистона ба саёҳати кадом шаҳр меравӣ дар вақти таътил китоб хонданро аз хотир набарорӣ боз машқу супоришҳои китоби забони модарӣ осону шавқовар аст чаро ту машқу супоришҳоро бо душворӣ иҷро мекунӣ дар деҳаи мо 21 март иди Наврӯз баргузор гардида буд Рухшона анорро дӯст медорад тарбузро бо корд майда карданд рӯзи дароз борон борид фасли тобистон омад Супориш. Охири ҷумлаҳоро муайян карда, дар охир аломатҳои китобатии мувофиқро ёфта гузоред.
Орзуи Мӯниса Муниса духтари миёнақадди кулчарӯ буд. Чашму абрувони сип-сиёҳ дошт. Мӯи фатилааш ҳамиша ба пешониаш фаромада меистод. Аммо ҳушёру зирак, маънои гапи аз даҳонатон буромадаро зуд дарк мекард. Аз ин ҷост, ки модараш ӯро:
“Доноякам” гӯён таъриф менамуд. Аз рӯяш мебӯсид. Боғчаи Мӯниса чандон дур набуд. Бинобар ҳамин, ҳар пагоҳӣ модараш ӯро ба боғча мебурду баъд ба кораш мерафт. Мӯниса дасти модарашро дошта ба роҳ медаромад. Ду тарафи кӯча заминҳои хочагӣ буд. Палакҳои харбузаву бодиринг, караму помидор нашъунамо мекарданд. Духтарча роҳравон чизи ба назараш намударо мепурсид. Модар як-як ҷавоб медод. Кӯшиш мекард, ки духтараш ҳама чизро чуқур, васеътар фаҳмида гирад.
Болта Ортиқ Супориш. Матнро хонед, ҳудуди ҷумлаҳоро муайян намуда дар алоҳида номбар кунед.
Ҷумлаҳои хабарӣ Диктанти шунавоӣ 1. Дар ҷӯй об омад. 2. Падарам ба кишти гандум об сар дод. аст. 3. Гандум бо об сабзид. 4. Хӯшаҳои гандум пури аз дона 5. Донаҳои гандум орд карда мешавад. 6. Нонро аз орд тайёр мекунанд. 7. Модарам нонҳои гарму хушбӯ мепазад.
Мактабам Мактабам, нури дидагонам ту, Мактабам, умри ҷовидонам ту.
Мисли модар ҳалиму ғамхорӣ, Мактабам, ёри меҳрубонам ту.
Мактабам, эй макону илму фан, Мактабам, зебу ҳусни ин гулшан.
Меҳри ту дар дилам макон дорад, Мактабам эй рафиқи ҷонам ту.
Гулчеҳра Сулаймонова Шарафи одамӣ Адаб ба одам чун обу ҳаво лозим аст. Некномии одам аз адаб аст. Як нишони беадабӣ ҳурмат накардани дигарон аст.
Пушт ба дигарон карда нишастан аз рўи одоб нест. Дар ҳолати мавҷуд набудани шароит пеш аз нишастан аз дигарон узр хоҳ ва баъд нишин. Дар пеши назари нишастагон бар замин туф кардан, баланд ва бепарво атса додан, даҳонро кушода хамёза кашидан, ба рӯи касе наздик шуда сулфидан, доду фарёд кардан ҳаргиз ҷоиз нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё