МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.
Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа
Диктанти санҷишӣ Тобистони зебо Тобистон ҳама ҷо сабзу хуррам аст. Дар боғ себҳои ҳархела, шафтолую зардолу, ноку ангури ранг ба ранги хушмазза пухтаанд.
Майдони пахта ба чаманзор монанд шудааст. Ниҳолҳои бешумори пахта гул кардаанд.
Тобистони кӯҳистон ба баҳор монанд аст. Растаниҳои гуногуни атрофи чашмаҳо, дараву нишебиҳои кӯҳсор ҳама тару тозаанд. Бӯи хуши райҳон, занҷабил ва пудинаи худрӯй ба димоғ расида, ҳаловат мебахшад. Сӯзанак ва шапалакҳои нақшин беором ҳар сӯ парвоз мекунанд. Аз боғу дарахтзорҳо, бешаҳо хониши паррандагон ба гӯш мерасад. (78 калима) Замонҳои феъл Диктанти луғат 1. Менависанд, пурсид, кор мекунад, мераванд, даромад, менишинад, таъриф мекунанд, такрор мекунам, омад, гирифта истодааст, хиҷолат кашид, сӯхт, кор кард, омада истодааст.
2. Ҳаракат мекарданд, менигарад, нигоҳ кард, нигоҳ карда истодааст, орзу мекунад, қайчӣ кард, намедонанд, нигоҳ карда ист, калон шудед, биё, бисёр овард, мебиёрад, рақсид, мерақсад.
Диктанти таъкидӣ Дар васфи мактаб Эй монда қадам ба роҳи мактаб, Олист мақому ҷоҳи мактаб.
Мактаб сабаби ҳаёт бошад, Мактаб сабаби наҷот бошад.
Мактаб ба ту ақлу ҳуш бахшад, Мактаб ба ту шаҳду нӯш бахшад.
Мактаб ба ту дод илму одоб, Мактаб ба ту дод дурри ноёб.
Бархезу гузор хоби худро, Баргир ба каф китоби худро.
То дар ду ҷаҳон азиз бошӣ, Бо донишу ботамиз бошӣ.
Садриддин Айнӣ Садачаи сари роҳ Аввали баҳор буд. Боборасул имрӯз ҳам барвақт ба боғ баромад. Вай саҳар дар боғ гаштанро нағз мебинад. Аз байни растаи ниҳолҳо якта-якта гӯё шумурда қадам монда мераваду ба ҳар як ниҳол назар мекунад. Боғро хилват ёфта, бо ниҳолҳо гап мезанад.
Боборасул шохаҳои мулоими ниҳолҳоро хам карда, ба димоғаш наздик мебарад. Аз онҳо бӯи баҳор меояд.
Диктанти шарҳдиҳӣ I 1. Мо ба тарафи Бухоро равон шудем. 2. Омўзгор ба мо вазифаи хонагӣ супурд. 3. Суратҳои китоб ба ман завқи беандоза мебахшанд. 4. Фасли баҳор сербориш буд. 5. Аз хунукӣ об ях кард.
II 1. Акрам укаашро эҳтиёткорона аз роҳ гузаронд. 2. Шабнам расми модарашро хеле хушрӯ кашида будааст. 3. Дилафрӯз ба ошхона даромад. 4. Вай вазифаҳояшро мустақилона иҷро мекунад. 5. Зулфия бисёр зирак мебошад. 6. Сиёвуш сарашро ба девор такя кард.
Бибиҷонам Бибиҷонам меояд, Дилу ҷонам меояд.
Аз роҳи дур меояд, Базӯр-базӯр меояд.
Бибиам ояд мо хурсанд, Киссаҳояш пури қанд.
Мавизу мағз меорад, Чизҳои нағз меорад.
Гулчеҳра Сулаймонова Диктанти аз ёд навиштан Ватан Хоки Ватанам сурмаи чашмони ман аст, Рӯи Ватанам оинаи рахшони ман аст.
Нури Ватанам офтоби тобони ман аст, Меҳри Ватанам дар дили ҷӯшони ман аст.
Ашӯр Сафар Нон Зеби дастархони мо, Ҳурмати меҳмони мо.
Обрўю эътибор, Қуввату дармони мо.
Резаҳоятро чида, Ман мемолам ба дида, Дил ҷўш занад беқарор, Нони гармро чашида.
Ҳаловати ҷон аст нон, Қуввати дармон аст нон, Зеби дастархон аст нон, Меҳнати деҳқон аст нон.
Фароштурук Фароштуруки зебо, Марҳамат ба мулки мо!
Дар шаҳру деҳу кўҳсор, Туро будем интизор Дар ҷои офтобрў, Хонача сохтем ба ў.
Зимистон бас хунук буд, Ҷомаи ту хунук буд, Намуда будӣ сафар, Ба ҷойҳои гармтар.
Бобо Ҳоҷӣ Нўъмон Розиқ Тезгӯякҳо Тафдони мо тафс дорад Ҳафт фатири ғафс дорад.
Чой рехтам ба пиёла, Ба пиёлаи Ҳилола.
Ғалтак ғалтиду ғелид.
Диктанти эзоҳӣ Писанди ҳама Акрамҷонро ҳеҷ гоҳ бекор намебинед. Вай ҳама вақт бо ягон кор машғул мешавад. Ҳеҷ кор наёбад, ба саҳни ҳавлӣ баромада, пастию баландиҳои ҳавлиро ҳамвор карда мегардад. Агар модараш хамир кунад, Акрамҷон зуд ба танӯр алав мемонад.
Меҳнатдӯcтии вайро хурду калон меписанданд.
Лаққамоҳӣ Моҳигире аз Сирдарё як лаққамоҳии вазнаш 50 килограммӣ сайд кард. Баъди он ки шиками моҳӣ чок карда шуд, ҳама ангушти ҳайрат газиданд. Аз шиками моҳӣ бисёр тангаҳои хурд ва нишонҳои гуногун баромаданд. Моҳигир ҳамаи онҳоро ба музеи этнографии вилоят бурда супурд.
Чӣ тавр шудааст, ки тангаҳо ба шиками лаққамоҳӣ даромада мондаанд? Ба ин савол худи моҳигир ҷавоб дод. Лаққамоҳӣ чизи ҷилодорро дӯст медорад. Шояд ки вай дар қаъри дарё ҷилои тангаҳоро дида, онҳоро фурӯ бурда бошад.
Аз ҳама тезгард Оҳу ҳайвони тезгард мебошад. Бисёр оҳувон бо суръати 80 километр дар як соат медаванд. Ин ба суръати шамоли тӯфони баҳр баробар аст.
Аммо дар тез давидан оҳу ҷои аввалро намегирад.
Тезгардтарини ҳайвонҳо гепард (силовсин) ном ҳайвони ваҳшист, ки он душмани қаттоли оҳу мебошад.
Гепард як навъ гурбаи бузургҷуссаи дарранда аст. Вай ба паланг монанд аст. Гепардҳо дар як соат то 128 километр масофаро тай карда метавонанд.
Диктанти эҷодӣ I 1. Зоғ, месохт, ҳар сол, лона, шохҳо, дар, баландтарин, дарахт.
2. Одам, дарахт, бекор, бебор.
3. Беҳтарин, дарёст, дамгирӣ, ҷой, канор.
II 1. Темурмалик. Наврӯз. Омўзгор. Дарё.
2. Маҳмуд Торобӣ. Зимистон. Модар.
3. Забони тоҷикӣ. Суруд. Пахта. Шоир.
III 1. Феълҳо чанд замон доранд?
2. Замони гузаштаи феъл ба кадом саволҳо ҷавоб мешавад?
Диктанти озод Дар саҳро 1. Рӯзи якшанбе. Пагоҳӣ осмон соф ва беғубор буд. Шамол набуд, ҳатто барги дарахтон ҳам намеҷунбид. Офтоби оламоро ҳама ҷоро гарм мекард.
2. Ҳамаи коркунон дар саҳро ҷамъ омаданд. Онҳо сардорро интизор буданд.
3. Сардор ҳам омада монд. Бачаҳо ӯро дида салом доданд.
4. Сардор ба саломи бачаҳо ҷавоб гардонд. Сонӣ ба онҳо кор тақсим карда дод.
Мусича 1. Рӯзе ман дар рӯи ҳавлӣ бачаи мусичаро дида мондам. Вай ҷудо ҳам хурдакак буд. Ҳарчанд ки бол мезад, парвоз карда наметавонист.
2. Ногоҳ аз ким-куҷо гурбаи сиёҳ пайдо шуда омад. Ман саросемавор мусичаро ба дастам гирифтам. Гурба роҳи гурезро пеш гирифт.
3. Лонаи мусича дар болои айвон будааст. Норбонро монда, мусичаро ба лонааш гузоштам.
Ангур 1. Шамсия навдаи токро боло бардошт. Ӯ бо дастони хурди фарбеҳаку дандончаҳои тезаш як сари ангурро аз навда ҷудо кард.
2. Вай лӯхтаки сияҳмӯяшро аз болои кундаи ток эҳтиёткорона ба даст гирифт. Чашмони лӯхтак бепарвоёна нигоҳ мекарданд.
3. Шамсия нағз медонист, ки лабони лӯхтак аз ҳамдигар ҷудо намешаванд. Вале бо он бозичаи беҷон гапзанон кардан ӯро хурсанд мекард.
Диктанти санҷишӣ Деҳаи мо Мо деҳаи хурдакаки хурдро хеле дўст медорем. Деҳаи моро аз чор тараф кўҳҳои осмонбўси сар ба фалак кашида печонида гирифтаанд. Баҳору тобистони деҳаи мо зебост. Ҳама ҷо бо қолини сабз рўпўш, дарахтон ғарқи гулу мева. Аз шохсорон навои кабку булбул ба гўш меояд.
Дар кўҳҳои сангистон растаниҳои доруворӣ хеле бисёранд.
Мо, бачагон, моҳҳои июн ва июл растаниҳои доруворӣ ҷамъ намуда, ба дорухона месупорем. Ҳангоми ҷамъоварии растаниҳо, ҳеч гоҳ аз решаашон намеканем. (74 калима) Замони гузаштаи феъл Диктанти луғат 1. Давиданд, донистед, рақсидӣ, донист, гирифта бурд, сохта шуда буд, ҷилва намуд, ошкор сохтам, гирифтанд, гирифтӣ, дод, сохтед, ханда кард, дида шуд, сӯҳбат кардаанд.
2. Бозӣ кард, донистанд, бурд, сӯхтам, фишшос зад, сӯҳбат орост, муроҷиат карданд, сохтӣ, нишон доданд, ҳаракат кардам, ҷавон шуд, қабул кард, ором кардем.
Диктанти таъкидӣ Пахтаи серҳосил Қариб ҳамаи роҳбарони хоҷагӣ омада рафтанд. Рӯзи дигараш боз омаданд. Хуллас, ҳар рӯз омада мерафтанд. Дари дарсхонаи биологияи мактаб тамоми рӯз баста намешуд. Паси ҳам одам даромада мебаромад.
Рӯзи чорум дар мактаб овоза шуд, ки барои дидани пахтаи серҳосил шахсе меояд. Дар ҳақиқат, қариби пешин профессор ҳамроҳи як нафар намояндаи ноҳия омад. Бачаҳо онҳоро дар остонаи мактаб пешвоз гирифтанд. Шодию хурсандии онҳо интиҳо надошт.
Рӯбоҳи маккор Дар поёнии қишлоқи Чинорак ғоре ҳаст. Дар он рӯбоҳе зиндагӣ мекард. Вай ниҳоят маккор буд. Шабона ба деҳаҳои гирду атроф баромада, ба ҳавлии одамон даромада мурғдуздӣ мекард. Мардум аз дасти рӯбоҳи маккор ба дод омада буданд.
Одамон барои дастгир кардани рӯбоҳ чора ҷустанд, вале онро дошта наметавонистанд… Диктанти аз ёд навиштан Вақти кор омад Шамоли навбаҳор омад, Ба деҳқон вақти кор омад.
Ана омад трактор ҳам, Тракторчӣ - амак хуррам.
Суруди шӯх мехонад, Замини кишт меронад… Абдусалом Деҳотӣ Давидему давидем Давидему давидем, Ба сари Чорсу расидем.
Ӯсмаи тар харидем, Пеши арӯс давидем.
Арӯс дар болохона, Домод дар меҳмонхона.
Арӯсба ӯсма кардем, Чашмаша сурма кардем.
(Халқӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё