Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
ДАР ВАЗЪИЯТИ ДУШВОРУ ХАТАРНОК ЧӢ ГУНА БОЯД АМАЛ КАРД
Ба шумо ягон вақт дар замони бӯҳронӣ зарурат пеш омада буд, ки сарвариро ба ӯҳда гирифта бошед? Дар ҳаёти худ ман чанд маротиба ба вазъиятҳои душвор рӯ ба рӯ шуда будам, вале тавре маълум гардид, онҳо дар ман сифатҳои беҳтаринро бедор мекунанд. Ин фасл нишон медиҳад, ки чӣ гуна бӯҳрон метавонад қобилияти сарвариро инкишоф диҳад.
Барои он ки ҳамаро бурд кунед, бо ҳама чизатон таваккал намоед Сарвар ҳамеша маҷбур мешавад таваккал намояд, баъзан ин маънои онро дорад, ки барои комёб шудан ҳама чизро гузоштан зарур аст. Ман на якбору ду бор ба чунин ҳолати ногувор афтода будам, аммо фармондиҳии қушуни аз паси қуввваҳои асосӣ ҳаракаткунанда дар вақти ақибнишинии княз Нобунага аз Канэгасака ниҳоят кори хатарнок будааст, ба ин андоза ман ҳеҷ гоҳ бо марг рӯ ба рӯ нашуда будам.
То соли 1570 княз Нобунага ба мақоми ноиби сёгун комёб шуд ва қароргоҳи асосии худро дар Киото, пойтахти Ҷопон ташкил намуд. Дар ҳаштод километр ба шимолу шарқ аз Киото вилояти Этидзэн, мулки қабилаи Асакура воқеъ гардида буд. Ба монанди бисёр қабилаҳои дигар, қабилаи Асакураро ҷангҳои дохилӣ азоб медоданд, сарвари шаҳватпарасти он Ёсикагэ ба фисқу фасод ва бадмастӣ фурӯ рафта буд. Ба назар чунин мерасид, ки Этидзэн барои истило кардан, пухта расида буд.
20 апрели соли 1570 артиши мо аз Киото ба роҳ баромада, баъд аз панҷ рӯз қалъаи мутааллиқ ба Асакура, Канэгасакаро ба муҳосира гирифт. Мо медонистем, ки ҳимоятгарони қалъа ба дом афтодаанд ва ба муддати тӯлонӣ аз худ ҳимоя карда наметавонанд. Дер ё зуд қалъаи онҳо шикаст мехӯрад.
Эътиқоди қатъӣ оид ба он ки беҳтарин ғалабаҳо, пирӯзиҳои беқурбонӣ мебошандро, риоя намуда, ба княз Нобунага исроркорона тавсия додам, ки оид ба шартҳои таслимшавӣ бо сардори қалъа Кагэтсунэ музокирот анҷом диҳад. Аммо Кагэтсунэ якравӣ нишон дода, аз вохӯрӣ бо мо даст кашид. “Бисёр хуб”, – фикр кардам ман. – Агар ӯ ба назди мо намеояд, ман ба пеши вай меравам”.
Танҳо ва бе силоҳ рафтан ба лонаи душман, хатарнок буд. Кагэтсунэ метавонист ба аскаронаш фармон диҳад, ки маро аз байн баранд. Вале ман дарк кардам, ки имконияти бештари бовар кунонидани ӯ ба таслимшавӣ бароям он гоҳ пайдо мешавад, агар ба қалъа ворид шавам ва бо вай сӯҳбати як бо як анҷом диҳам.
Ҷасорати амали ман Кагэтсунэро дар ғафлат дарёфт ва ба ман муяссар гашт, ки бо додани кафолати бемамоният тарк кардани одамони вай аз Канэгасаки, ӯро ба таслимшавӣ моил кунонам. Мо ҳисоб кардем, ки ғалаба аллакай дар дасти мост ва корҳои омодагиро барои бозгашт ба Киото оғоз намудем. Аммо тақдир нақшаҳои дигар дошт.
Дар роҳ ба Этидзэн мо сарзаминеро гузаштем, ки онро Нагамаса, додараруси княз Нобунага идора мекард.
Пайвандҳои оилавиро кафолати боэътимоди иттиҳоди ду қабила ҳисобида, умед бар он бастем, ки бозгашти мо бехатар анҷом хоҳад ёфт. Вале ногаҳон хатрасони тезгарди мо паём овард, ки Нагамаса – собиқ иттифоқчии мо – пинҳонӣ бо Асакура ҳамроҳ шуда, ба мо хиёнат кард!
Моро зарур омад, ки роҳи дигари бозгашт ба хонаро пайдо намоем, зеро акнун дар як вақт ба мо ду артиш ҳамла карданӣ буданд. Масъалаи оид ба таслим кардани қалъаи душман худ аз худ аз байн рафт.
Ин хабар дар ҷараёни шӯрои ҳарбӣ расонида шуд.
Баъди хондани паём, княз Нобунага бодбезакро аз дасташ раҳо кард ва он ба замин афтид. Ин лаҳза рангу рӯяш сафед шуд, нигоҳашро ба осмон нигаронида, дар давоми якчанд дақиқа хомӯшона ба ким–куҷои боло зеҳн монда назар духт. Генералҳое, ки аз ду тарафи вай нишаста буданд, нооромона бо якдигар гӯшакӣ карданд.
Аз ин пештар мо ҳеҷ гоҳ надида будем, ки ҷаноби мо аз сухан гуфтан маҳрум шуда бошад.
– Ба мо хиёнат карданд, – ниҳоят хомӯширо вайрон карда гуфт ӯ. – Ман ба Киото бармегардам. Кӣ ҳимояи ақибгоҳи моро ба ӯҳда мегирад?
Хоҳишмандон пайдо нашуданд. Ҳама хуб медонистанд, ки ҳимояи ақибгоҳи артиши ақибнишиникунанда – супориши аз ҳама хатарнок буда ва он ба эҳтимолияти аз ҳама баланди ҳалок шудан, алоқаманд аст.
Княз Нобунага нафрати худро пинҳон надошта, вассалҳои хомӯшмондаро аз назар гузаронид. – Агар ихтиёриён пайдо нашаванд, – наъра зад ӯ – ман инро худам иҷро мекунам!
Ман парида аз ҷой бархостам ва гуфтам:
– Ҷанобам, шарафи фармондеҳии арергардро ба ман бовар кунед.
Княз Нобунага ба ҷониби ман баргашт.
– Фармондиҳиро ба ӯҳда бигир, Хидэёсӣ. Фақат моро дучори вазъияти ногувор накун. Ӯ маро кам бо исмам ном мегирифт, бинобар ин, вақте вай ин корро кард, бароям маълум гашт, ки ӯ дигар умеди бо ман вохӯрданро надорад. Бо вуҷуди он ки ман ҳам шубҳа доштам, ки зинда мемонам, ҷавобам қатъиёна садо дод.
– На, шуморо дар ҳолати ногувор нахоҳам гузошт, гуфтам ман. Нимашаби ҳамон рӯз княз Нобунага барои он ки бо суръати баланд ҳаракат кунад, бо дастаи на он қадар калони самурайҳои яккачин қароргоҳро тарк кард.
Қувваҳои асосии Ода баъди чанде аз паси вай рафтанд ва ман бо ҳафтсад нафар одамон барои ҳимояи ақибгоҳи артиш аз якчанд ҳазор аскарони душман, ки аллакай ба мавқеи мо наздик шуда истода буданд, мондам. Аз рӯйи ҳисобу китоби ман, онҳо бо фаро расидани субҳ бояд ба ин ҷо ҳозир шаванд, бинобар ин, барои тартиб додани нақша ман ҳамагӣ якчанд соати қиматбаҳо доштам.
Чӣ гуна онҳоро бояд нигоҳ дошт, ки княз Нобунага ба ҷойи амн рафта расад? Дили ман ончунон мезад, ки гӯё мехост аз қафаси сина бурун равад, вале зарур буд оромиро нигоҳ дорам ва ҳарчӣ зудтар андешаи илоҷи корро кунам. Ман суханони Сун – тсзӣ, стратеги барҷастаи ҳарбии Чинро ба хотир овардам: “ Ҳама усулҳои пешбурди ҷанг дар заминаи фиреб ба роҳ монда шудаанд”. Ва дафъатан дарк кардам, ки чӣ корро бояд анҷом диҳам. Қабл аз он ки дигар генералҳо қароргоҳро тарк намоянд, аз онҳо хоҳиш намудам, ливоҳои ҷангиро ба ман супоранд. Ин парчамҳои ороишдодашуда ба гули нишони Нобунага, зебо буданд ва онҳоро бо дигар чиз фарқ карда натавонистан, имкон надошт. Ман ба одамони худ фармон додам, ки онҳоро дар қуллаҳои дарахтон ончунон овезанд, ки дар гирди мавқеи мо ҳалқаро ташкил диҳанд. Сипас, амр додами, ки дар гирди қалъаи Канэгасака садҳо гулхан афрӯзанд.
Ранги зарди сурхтоби ларзанда ливоҳои дар шамол алвонҷдиҳандаро мунаввар мекард ва аз дуриҳо ин манзараро метавон ба гулханҳои қароргоҳи ҷойгиргардидаи артиши бузург қабул кард.
Ҳиллаву найранг кор дод. Вақте пойкӯбии сумбҳои асп ба мисли гулдуроси раъду барқ ба гӯши мо расид, душманон ногаҳон истоданд. Онҳо қарор доданд субҳро интизор шаванд, то ки қабл аз оғози ҳамла теъдоди қувваҳои моро аниқтар муайян намоянд. Офтоби рахшони субҳ барояшон кумак кард, дарк намоянд, ки монеаи дар садди роҳи онҳо истода, артиши мавҷуднабуда будааст.
Аз найранги ман ба хашму ғазаб омада, аскарони пиёдаи Асакура бо доду фарёд ба мо ҳамла карданд. Вале тӯҳфаҳои ман бо ин анҷом наёфтанд.
Ман сесад аскарро дар камингоҳ пинҳон карда, чорсад аскари боқимондаро ба ду гурӯҳи баробар тақсим кардам.
Пешоҳангон иборат аз дусад нафар аввалин мавҷи ҳуҷумкунандагонро ба худ қабул намуда, баъди чанде ақибнишинӣ карданд. Ягон чизи дигарро ман интизор набудам. Дастаи дуюм иборат аз дусад нафар низ ба зудӣ поймол шуд.
Аскарони душман аз фикри он ки роҳ кушода шудааст, рӯҳбаланд гардида, худро гум намуда, ба мо ҳуҷум карданд. Вале бо ишораи ман сесад тирандози дар камингоҳ дарозкашида, фарёди гушкаркунандаро баланд карда, душманро найзаборон намуданд. Ин кор ҳарорати душманони моро сард намуд ва онҳо ақибнишинӣ карданд ва ба мо имконият фароҳам омад, ки ба аспҳо нишаста, ҷон ба саломат барем.
Мо танаффуси кӯтоҳе ба даст овардем, вале марг ҳамоно ба мо наздик мешуд. Барои он ки ба Киото бирасем, зарур буд аз сарзамини боз як ҳариф – роҳиб–ҷанговарони машҳури маҳзуни мазҳаби беғарази (Икко–икки) гузарем.
Рӯҳониёни ин сектаи деҳқонон издиҳоми ҷандапӯш, вале бадхашми ҷанговаронро намояндагӣ мекунанд, ки аз ҷониби бемори рӯҳӣ, вале собиқ роҳиби харизматикӣ идора карда мешавад. Муътакид бар он ки дар он тарафи қабрҳо онҳоро биҳишт интизор аст, онҳо аз марг тарс надоштанд ва бераҳмона қабилаи Одаро бад медиданд.
Мутаассибони ташнаи хун, ки ба мо якбора ҳуҷум карданд, ба шабаҳҳои аз дузах бархоста монанд буданд. Вале тирандозони моҳири ман бо чунин суръат ва дақиқияте найзаборонашон карданд, ки бисёре аз ин девонаҳо қабл аз ба замин афтидани ҷасадҳои онҳо, аллакай мурда буданд.
Онҳо ба биҳишт ворид шуданд ё не бароям маълум нест.
Ба таври аниқ ҳаминро метавон гуфт: онҳо ин ҷаҳонро тарк карданд, мо бошем, зинда мондем.
Бори дигар маргро фиреб дода, мо тавонистем ба Киото расем, ки дар он ҷо одамон ва аспҳо аз бемадорӣ ҳамон лаҳза ғарқи хоб шуданд. Асабҳои ман таранг шуда, аз ҳадди эътидол гузашта буданд: ман худро мисли гурбае ҳис мекардам, ки тамоми нуҳ ҳаёти худро сарф кардааст ва интизори дарёфти ҳаёти даҳумаш аст!
Ба ӯҳда гирифтани ҳимояи ақибгоҳи артиш ҳангоми ақибнишинӣ аз Канэгасакӣ, ман беақлона рафтор кардам.
Вале, ба туфайли зиракии худ ва барори кор ба ман муяссар гардид, ки ба комёбӣ ноил шавам. Ман дар ҳама кор таваккал кардам, ба мақсадам ноил гардам ва ба қабилаи Ода исбот сохтам, ки суханҳои ман аз амали ман фарқ на мекунанд.
Одамоне, ки ман идораашон мекардам, бовар доштанд, ки агар онҳо аз пайи ман раванд, метавонанд мавқеи худро беҳтар намоянд. Княз Нобунага хабарро дар бораи бозгашти ман бо хушнудӣ қабул намуд. Аммо баъзе генералҳои ӯ, ки аз асилзодагии худ ифтихор мекарданд, – шуҷоат ва комёбии маро бо буғзу адовати шадид пешвоз гирифтанд. Ба назари онҳо, ман якумр деҳқони беаслу насаб хоҳам монд. Вале ман нафрати онҳоро ҳамчун мукофоти ногузир барои имтиёзи сарвар шудан, қабул намудам.
Дар муқоиса бо хатаре, ки ман ба он рафтам, муносибати такаббуронаи ҳарифон ночиз буд ва қобили диққат ҳисоб намерафт.
Бузургии сарвар ҳамчунин аз омодагии вай дар бартараф кардани монеаҳо иборат аст. Барои он ки дар корҳои хатарнок комёбӣ ба даст оварда шавад, зарур аст аз “асрори худро дареғ надоштан”: яъне барои он ки ҳамаро бурд кунед, бо ҳама чизатон таваккал намоед, истифода баред.
Аввалин шуда аз паси кор шавед, то ки онро аввалин шуда анҷом диҳед Ман дар бораи зарурияти бо қатъият муносибат кардан ба ҳар як вазифа фикру андешаҳои худро баён карда будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё