Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
– Мо бояд қалъаро дар Суномата бунёд намоем! – садо баланд кард Нобунага. – Наход дар байни шумо чунин як одаме набошад, ки иҷрои ин кори муҳимро ба ӯҳда бигирад? Бо шумо чӣ ҳодиса рӯй додааст? Наход, ки ягон кас қадаме ба пеш намонад?
Ягон кас аз ҷойи худ наҷунбид. Ин ҳолат князро ба ғазаб овард.
– Сабил монад! Буздилҳо! Ва шумо шарм накарда, худро одамони Ода меҳисобед?
Ва дар ин ҳолат ман худро дошта намавонистам.
– Ман омодаам ин корро ба ӯҳда гирам, ҷанобам.
Княз Нобунага якбора баргашт, то ки ба ман нигоҳ кунад.
– Ту, Маймун, пештар худро хуб нишон дода будӣ, вале он вақт дар болои сари ту найзаҳо ҳуштак намекашиданд!
Ин дафъа ҳама кор ба ранги дигар сурат мегирад.
Ҷавоби ман саршор аз ҷасорату бебокӣ буд.
– Ман ҳамаашро мефаҳмам, ҷанобам. Ман қодир ҳастам ин супоришро иҷро намоям ва шуморо ба ҳеҷ ваҷҳ дар ҳиҷолат намегузорам.
Ҳушбахтона, дар айёми ҷавонӣ бароям муяссар шуда буд, чанд маротиба ба Суномата биёям ва ин маҳал бароям ниҳоят ошно буд. Баъзан аз бекорӣ, худ ба худ имкониятҳои стратегии онро баҳо медодам, албатта, ҳеҷ вақт интизори он набудам, ки дар ин мавзеъ қалъа хоҳам сохт.
Ва ниҳоят, дар синни сисолагӣ супориши аз ҳама мушкил ва имконияти аз ҳама беҳтарин ҷиҳати корнамоӣ дар пешравии маснади худро ба даст овардам.
Дар қадами аввал ман гурӯҳи кашшофиро барои назорат бурдан аз паси ҷойивазкунии душман ва аз Суномата ба дигар самт ҷалб намудани диққати генералҳои он ба қалъаи Инабаямаи қабилаи Сайто равон кардам.
Баъд аз ин, ман ба ҷустуҷӯи дарахтбурони касбӣ ҷиҳати захира намудани ғӯлачӯбҳо, заврақчиён барои интиқол додани тахтаҳо аз тариқи дарё ба поён, дуредгарон ва бригадирҳо ва ҳамчунин оҳангарон барои тайёр намудани асбобу анҷомҳо машғул шудам.
Шарти калидии ба зудӣ сохтани қалъа, фикр кардам ман, ин банақшагирии ҷиддӣ, тақсимоти меҳнат – саривақт омода кардани қисмҳои алоҳида барои минбаъд бо суръати барқосо васл кардани онҳо ба шумор меравад. Барои ин кормандони ихтисоснок зарур буданд, аз ин рӯ, ман ба нақша гирифтам, ба бригадаҳои махсусгардонидашуда тайёр кардани ҷузъҳои алоҳидаи конструксияро супориш диҳам ва баъд ба чунин фикр омадам, ки барои васли ниҳоӣ, ҳамаи онҳоро ҷамъ кунам. Барои он ки суръати кор тезонида шуда, қолиби истеҳком бардошта шавад, мо дарахтони ҷангали теппаҳои гирду атрофро буридем.
Дар он давраҳо усули васли конструксия аз ҷузъҳои қаблан омодашуда як чизи гушношунид ба ҳисоб мерафт.
Баъди навакак ба таҳияи нақша шурӯъ карданам, дарк намудам, ки барои гузаронидани корҳо дар чунин миқёси калон одамон намерасанд ва ин вазъият бароям кумак кард, ки дар худ яке аз хислатҳои инсонӣ – арзандагиро кашф созам. Ҳанӯз дар даврони оворагӣ, вақте маҷбур будам бо ҳунармандони моҳир ва бо намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ сару кор дошта бошам, сари вақт тавонистам соҳиби доираи васеи дӯстон ва шиносҳо гардам.
Яке аз шиносҳои ман, Короку, роҳбари дастаи номдори роҳзанон буд ва бо ҳаёти торику ноайёни зиндагӣ аз наздик шинос буд. Вақте дар ҷайбам ҳатто як пули сиёҳ надоштам, ӯ маро муваққатан ба шогирдӣ қабул кард. Ин касб пешае набуд, ки модарам мехост, ман бо он машғул шавам, дар ҳар сурат ман дар назди Короку муддати зиёд наистодам, зеро мехостам самураи олиҳиммат шавам ва дар ҷомеа мавқеи баландро ишғол намоям. Аммо акнун он муносибатҳои дӯстонае, ки бароям муяссар гардид, бо ин одам ва аъзои дастаи вай барқарор намоям, бебаҳо баромаданд. Ӯ бо пайравони худ тавонист қариб ду ҳазор сохмончиёнро биёрад, ки онҳо дар сохтмони истеҳком дар Суномата ба мо кумак карданд.
Ба туфайли доштани чунин доираи васеи шиносҳо иншооти қалъа дар моҳи сентябри 1566 ба анҷом расонида шуд. Аз рӯйи ривоятҳо, ман онро дар як шабонарӯз сохтаам. Ин сафсатаи маҳз аст! Кор дар ин сохтмон шаш ҳафтаро дар бар гирифт. Ба ҳар ҳол, дар он рӯзҳо дар амал татбиқ намудани чунин лоиҳаи бузург дар чунин муҳлати кӯтоҳ номумкин ба назар мерасид. Княз Нобунага комёбии маро қадр кард, вазифаи маро то дараҷаи генерал боло бурда, супориш дод, ки ба се ҳазор нафар аскар роҳбарӣ намоям. Ман бо пирӯзӣ ба қалъаи Киёсу баргаштам, вале ҳеҷ гоҳ оғози роҳи хоксоронаи болоравӣ дар мансаб, ҳамчунин он одамонеро, ки дар ин роҳ ба ман кумак карданд ва ба туфайли онҳое, ки ин комёбӣ имконпазирам гардид, фаромӯш намекардам.
Ҳатто баъди ҳамроҳ шудан ба қабилаи Ода ман таҳкими алоқаҳоро бо дӯстони солҳои пешин идома медодам.
Илова бар ин, кӯшиш мекардам бо ҳама самимона муносибат намоям, ҳамеша дар одамон сифатҳои хубро ҷустуҷӯ мекардам ва онҳоро қадр менамудам. Маҳз барои ҳамин, ҳар вақте ба ман кумак зарур шавад, одамон барои ёрӣ ҳозир мешуданд. Ҳамзамон ман як сирри муҳимро барои худ кашф кардам. Шиносоӣ пайдо кардан бо одамон ҳамеша баъди бо онҳо нӯшидани якчанд қадаҳ сакэ осон мегардад. Ҳамин ки бароям маълум мегашт, ки дар кимкуҷое шабнишинӣ дар назар аст, ҳатман кӯшиш ба харҷ медодам, дар он иштирок намоям. Баъзеҳо маро хушомадгӯй меҳисобиданд, вале аксари одамон ба ман самимона муносибат мекарданд.
Агар шумо ният доред, соҳиби пайравони вафодор шавед, “асрори алоқаҳо”– ро аз худ намоед: сармояи аз ҳама арзишманди худро зиёд ва шабакаи шиносойи шахсиро васеъ намоед.
Омодагии ҷиддӣ бинед ва далерона амал намоед Аз болои касе роҳбарӣ накунед, – хоҳ сохтмончиён бошанд, хоҳ аскарон, дар хотир дошта бошед, – ҳар як супориши “иҷронашуда” ду чизро талаб мекунад: омӯзиши ҷиддии масоили дар назди шумо истода ва анҷом додани амалҳои қатъӣ.
Одамоне, ки маро беандеша ва ҳардамхаёл ҳисоб мекунанд, онҳо намебинанд, ки ман чӣ гуна ин амалҳои қатъиро ба таври ҷиддӣ омода месозанд. Дар давраи ҷанг ман ҳамеша кӯшиш мекунам, душманро омӯзам, ҷиҳатҳои бақувватӣ ва заифии онро донам. Танҳо баъд аз таҳлили дақиқ ва ҳамаҷонибаи вазъият, нақшаи муфассали зарба ба душманро тартиб медиҳам. Илова бар ин, дарсҳои гузаштаро фаромуш намекунам. Масалан, баъди генерал шуданам, ду солро ба муҳосираи қалъаи Микки сарф кардам, зеро муҳофизини он захираи зиёди хӯрокворӣ, об ва дигар чизҳои зарурӣ доштанд. Ин таҷриба бароям дарси муҳим гардид ва махсусан дар ҷараёни фаъолият, вақте княз Нобунага ба ман фармони аз одамони қабилаи Морӣ тоза кардани қалъаи Тоториро дод, кумак кард.
Баҳори соли 1581, қабл аз он ки ба қушунҳо фармон дар бораи оғози муҳосираро диҳам, ба гирду атрофи вилояти Тоттори тоҷирони ҷавон ва пухтаро бо супориши бо нархи ниҳоят баланд харидорӣ кардани биринҷ фиристодам. Вақте ба кумондонони нируҳои душман маълум гашт, ки дар шаҳр биринҷ бо арзиши баланд харидорӣ мешавад, онҳо захираҳои шахсии худро ба фурӯш бароварданд. Ҳарисии зиёд монеи он гардид, фикр намоянд, ки чаро тоҷирони шаҳрҳои дигар ногаҳон барои биринҷ нархи афсонавӣ медиҳанд! Баъд аз ин, бо бист ҳазор аскар қалъаи Тотториро ба муҳосира гирифтам. Мо хати дувоздаҳкилометраи девори қаторчӯб, хандақ ва хоктеппаро, ки ҳатто муш ҳам аз онҳо гузашта наметавонист, бунёд кардем. Дар майдончаҳои боло, ки баъди ҳар ҳазор қадам бурҷи сетабақа сохта шуда буданд, гулханҳои ишоратӣ афрӯхтем. Мо дарёҳоеро, ки қалъаро иҳота карда буданд, бо купруки поядор банд кардем, то ки садди роҳи убури заврақҳоро гирем. Нерӯҳои ёрирасони душман кӯшиш карданд ба ҳарбиёни худ кумак расонанд, вале қувваҳои баҳрии мо тамоми соҳилҳои шимолиро муҳосира карда, қалъаро дар ҳолати танҳоӣ гузоштанд. Муҳофизини Тотторӣ маҳкум шуда буданд. Онҳо маҷбур шуда буданд, алаф, аспҳои мурда ва гушти аскарони ҳалокшударо истеъмол намоянд. Мо маҷбур нашудем, ки таслимшавии қалъаро ду сол интизор шавем.
Ба ҷойи он ки душманон беандешона несту нобуд карда шаванд, ман бо истифода аз ҳила ба онҳо ғолиб омаданро авлотар медонам. Дар чунин ҳолатҳо найрангҳоро бофта бароварда, кӯшиш мекардам, онҳоро ба чунин вазъияте рӯ ба рӯ кунам, ки маҷбур шаванд ба музокирот розӣ шуда, шартҳои маро қабул намоянд. Маҳз ҳамин таҷрибаро дар Тотторӣ истифода бурдам. Ман қувваро дар ҳолатҳои истиссноӣ, вақте макру ҳилла нокифоя аст, истифода мебарам, вале доимо кӯшиш мекунам, беҳуда хун нарезам. Агар одам танҳо ба шамшер ва найза умед бандад, ин маънии онро дорад, ки ӯ дасти қавӣ, вале ақли заиф дорад.
Гузашта аз ин, ман ҳеҷ гоҳ аз пирӯзӣ лаззат набурдаам.
Ба ҷойи он ки синаро барҷаста намоям, ман роҳи сабук намудани дарду аламро ҷустуҷӯ мекардам. Кӯшиши бобарори харидани захираҳои озуқаворӣ дар Тотторӣ на танҳо душманони моро, балки деҳқонони маҳаллиро маҷбур кард, гуруснагӣ кашанд. Дарҳол баъди ишғол кардани қалъа, ман ба одамони гурусна зиёда аз панҷоҳ ҳазор килограмм биринҷ тақсим кардам. Ман тарафдори бераҳмӣ нестам. Ҳол он ки озуқавории тақсимшуда барои таъмин намудани риояи қонун аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Агар ман бо истифода аз қувваи дағал ба қалъа ҳуҷум менамудам ва кӯшиш намекардам, ки ҳар як қадами худро ба нақша гирам, ин стратегия фақат теъдоди қурбониёнро аз ҳарду ҷониб зиёд мекард. Дар тиҷорат чун дар ҷанг, сарварони оқил “асрори стратегия”: омодагии ҷиддӣ бинед ва далерона амал намоедро, истифода мебаранд.
Камбудиҳоро ба арзандагӣ мубаддал созед Ҳам сарварон ва ҳам пайравони онҳо бояд тарафи заифии худро эътироф кунанд ва онро ба тавоноӣ мубаддал намоянд. Аз ин комёбии шумо натиҷаи кор вобаста аст, тавре бо ман дар вақти муҳосираи қалъаи Такаматсу рӯй дода буд.
Соли 1582 княз Нобунага ба ман фармон дод, ки қалъаи Такаматсуро забт намоям. Қалъаро панҷ ҳазор самурайҳои қабилаи Симидзу таҳти фармондиҳии княз Мунихару ҳимоя мекарданд, ҳол он ки мо бист ҳазор аскар доштем.
Ба назарам чунин намуд, ки моро ғалабаи осон интизор аст. Вале ҷавоби ради қатъии Мунихару оид ба пешбурди музокирот дар мавриди таслимшавӣ маро бесараҷом кард. Наход ман ҷузъиёти ҳалкунандаро надида мондам?
Ман бо дили нохоҳам дастури ҳамларо додам ва ба зудӣ сабаби нороҳатии худро пайдо кардам: аскарони ман дар мавзеи ботлоқзор дармонданд ва ҷанговарони ашаддии Мунихару ба онҳо талафоти вазнин расониданд. Кӯшиши якуми забти қалъа аз ҷониби мо бо фалокат анҷом ёфт.
Ман, ки аз нокомии ногаҳонӣ ҳайратзада шуда будам, тамоми шаб вазъияти баамаломадаро таҳлил намуда, кӯшиш кардам роҳи ғалабаро на бо қувваи дағал, балки бо кумаки санъати стратегӣ пайдо намоям.
Ба хулосае омадам, ки мавқеи қалъаи Такаматсу онро қариб дастнорас мекунад. Қалъа дар водӣ каме баландтар аз сатҳи баҳр сохта шудааст ва бо об ва ботлоқзор иҳота гардидааст. Аз як тараф онро дарё, аз ду тарафи дигар кулҳо ҷойгир шудаанд, хандақи калони пур аз об ва хуб ҳимояшаванда дастрасӣ ба тарафи чорумро номумкин мегардонад. Тактикаи оддӣ дар ин ҷо ба кор намеояд.
Ногаҳон фикри аҷибе ба сарам омад. Агар фатҳнопазирии Такаматсу ба туфайли об ба даст меомада бошад, яқин аст, ки маҳз об барои забт кардани он ба ман кумак мерасонад! Ман дарк намудам, ки низоми беназири ҳимояи қалъа имконияти истифодаи усули то ҳанӯз номаълум – ғарқ карданро ба рӯйи мо боз менамояд. Ман метавонистам мавқеи судманди ҷуғрофии қалъаро ба проблема барои муҳофизони он ва ба бартарӣ барои худамон мубаддал созам.
Мо омодагӣ ба ҳамлаи обиро бо бунёди сарбандҳо дар гирди қалъа оғоз кардем. Ин иншооте буд бузург бо баланди якчанд метр ва дарозии се километр. Ба мо муяссар гардид, ки деҳқонони маҳаллиро ба ҳамкорӣ ҷалб намуда, ба онҳо барои ин маоши рӯзбайъ бо тангаҳои мисин муқаррар кардем ва илова бар ин, барои ба сарбанд бурда гузоштани ҳар як халтаи пур аз рег бо биринҷ музд додем.
Деҳқонони қаноатманд аз пайи кор шуданд ва барои мо зиёда шашсад ҳазор халтаҳои регро омода ва ҷо ба ҷо карданд. Ба сиёсати дустдоштаи худ дар самти комёбиҳои беқурбонӣ содиқ монда, тавонистам ҳамла ба қалъаро ба лоиҳаи муқаррарии муҳандисии корҳои заминӣ мубаддал созам! Бо кӯшишҳои муштараки аскарон ва деҳқонон ин вазифаи азим дар ду ҳафта иҷро гардид.
Бо бунёди сарбанд, мо самти дарёро тағйир дода, заминҳои гирду атрофро таги об мондем ва бо ин кори худ қалъаи Такаматсуро ба кӯли сунъӣ табдил додем. Баъд аз он ки об таҳкурсии қалъаро фаро гирифт ва муҳофизини он имконияти дарёфт кардани озуқаворӣ ва қувваи низомиро аз даст доданд, базудӣ таслим шуданд. Ман ба княз Нобунага паём фиристода, аз ӯ хоҳиши омаданашро кардам, то ки аз шӯҳрати ғалаба баҳравар гардад.
Сарварони боистеъдод “асрори ивазшавии ҷойи калима”: камбудиҳоро ба арзандагӣ мубаддал созедро, моҳирона истифода мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё