Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
САРВАРРО ЧӢ ГУНА БОЯД ИНТИХОБ КАРД ВА ХУД ЧӢ ТАВР МЕТАВОНЕД КОРНАМОӢ НИШОН ДИҲЕД
Интихоби сарваре, ки пайравӣ аз он воқеан ҳам судманд аст, ин қарори аз ҳама муҳимми ҳар як ҷавон дар ҷодаи пешравӣ дар мансаб ба шумор меравад. Акнун ман дар бораи он ки вақти ба ҳайси ҷаноб интихоб кардани княз Нобунага аз кадом меъёрҳо истифода бурдам ва кадом воситаҳо ба ман имкон доданд, ки дар ҷараёни хизмат корнамоӣ кунам, ҳикоят мекунам. Асрори маро омӯзед ва шумо ҳам метавонед он кореро анҷом диҳед, ки ман кардам!
Сарвари дурандешро интихоб намоед Агар шумо, чун ман, фаъолияти худро аз сифр оғоз менамоед, бояд донед, ки гарави пешравии шумо дар мансаб метавонад интихоби ҳамон сарваре бошад, ки меарзад ба он хизмат намоед. Ба ман омад кард ва ташкилотеро интихоб намудам, ки онро сарвари ҷавони ояндадори Ода, Нобунага, ки муаллим ва пуштибони ман гардид, роҳбарӣ мекард. Қадру қимати княз Нобунага аз тахминҳои ман баландтар баромаданд. Баландшавии босуръати вай дар ин дунё ба ман имкон дод, ки ҳамроҳи ӯ баланд шавам.
Баъзе одамон зимни андешаронӣ он қадар дур мераванд, ки дастовардҳои маро дар маҷмӯъ ба тасодуфи неке, ки тақдири маро бо княз Нобунага пайваст кардаст, рабт медиҳанд. Вале онҳо некбахтиро бо кори мақсаднок омехта менамоянд. Онҳо дар ҳама чизу амал омади корро мебинанд, вале истодагарӣ ва ҷидду ҷаҳд ва ҳамчунин андешаи солимро дар интихоби сарвар мушоҳида намекунанд.
Барори кор ба ҳама соҳаҳои зиндагӣ таъсир мерасонад, вале муайян кардани мақсадҳо ва сафарбар кардани қувваҳои ҷисм ва рӯҳ барои ба даст овардани комёбӣ, аҳамияти муҳим дорад. Оё ман аз тақдир барои пайдо кардани имконияти ба хизмат дохил шудан дар назди княз Нобунага сипосгузор ҳастам? Албатта! Вале ин имкониятро танҳо як барори кор маънидод карда намешавад. Ман дар бораи он ки кадом нафар имконияти муттаҳид кардани мамлакатро дорад, ҳамаҷониба фикр кардам ва қабл аз он ки княз Нобунагаро аз ҳама довталаби имконпазир ба вазифаи сёгуни оянда шуморам, якчанд номзадро бодиққат баррасӣ намудам. Ана он меъёре, ки ман дар ин кор истифода бурдам. Шумо рафтори боақлонаеро анҷом хоҳед дод, агар онҳоро ҳамчун барои интихоби кордиҳандаи ояндаатон истифода баред.
1. То кадом андоза сарвар ояндабин аст?
2. То кадом андоза вай андешаҳои пешқадам дорад?
3. Ба чӣ сарвар аҳамияти бештар медиҳад – самаранокӣ ё асилзодагӣ?
4. Оё андозаи ташкилотҳои вай ба мақсадҳои шумо мувофиқат мекунанд?
Фаъолияти княз Нобунага ба орзуи таҳти ҳокимияти ҳокими ягона муттаҳид намудани Ҷопон ва хотима гузоштан ба асри ҷангҳо тобеъ шуда буд. Маҳз ҳамин ба кишвар ва мардум зарур аст. Ноустуворӣ ба фардоро метавонанд сокинони дилхоҳ кишвари дунё ҳис кунанд, вале ҳеҷ кас ба мисли деҳқонони ҷопонӣ дар асри хунрезии даҳшатнок сузу гудози онро эҳсос накардааст. Барои ин онҳо асоси заруриро доштанд. Ин ҳақиқатан ҳам рӯзҳои сиёҳ буданд. Сарвар – ин шахсест бо диди равшан, даврони беҳтар, метавонад манзараи ҳаёти ояндаро тасвир намояд ва дар қалби дигарон тухми боварӣ корад. Княз Нобунага маҳз аз ҷумлаи ҳамин гуна одамон буд.
Боз як сифати диққатҷалбкунандаи ҷаноби нави ман ин ҷавонии вай буд. Вақте ман акнун ба хизмати вай дохил шуда будам, ҳаждаҳсола будам, княз Нобунага бошад, нав ба бистуяксолагӣ қадам ниҳода буд, бинобар ин, боварӣ доштам, ки ӯро ояндаи тӯлоние дар пеш аст. Мутобиқати ҷавонӣ ва дурандешӣ яқин гарави комёбист.
То он вақте ки ман ба қабилаи Ода ҳамроҳ шудам, рафтори ҷасурона ва худсару ноустувори Нобунага бисёр одамон, аз ҷумла аъзои ташкилоти худашро маҷбур кард, ки ба мӯътадилии вазъи рӯҳии ин одам шубҳа кунанд.
Бадхоҳон дар байни худ ӯро беақл меномиданд, вале ман медонистам, ки княз ба ҳарчӣ гунаҳгор кардан мумкин буд, аммо на ба беақлӣ. Ӯ қоидаҳои анъанавии рафторро бад медид ва аз замони худаш пеш гузашта буд. Нобунага дар Ҷопон аввалин сарлашкаре буд, ки артиши доимиро таъсис дод. То ин замон сарлашкарон дар ҷамоатҳои деҳот марказҳои доимии сарбозгирӣ доштанд, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ сарбозгирии деҳқононро ба қушунҳои ихтиёрӣ ба роҳ мемонданд. Дар асри ҷангҳо ҳаштод фоизи аскаронро деҳқононе ташкил мекарданд, ки дар ҳаёти кишвар чунин нақши муҳиме мебозиданд, ки сарлашкарон қоидаи нонавиштаи худдорӣ кардан аз муҳорибаҳо дар мавсими кишту кор ва ҷамъоварии ҳосилро риоя мекарданд. Княз ин анъанаро сарфи назар мекард ва ба таври қатъӣ таносуби шумораи деҳқонон ва аскарони касбиро тағйир дод: каме бештар аз ҳаштод фоизи аскарони артиши ӯро ҳарбиёни касбӣ ташкил медоданд. Нигоҳдории артише, ки аз талаботи хоҷагии қишлоқ вобаста нест, омили калидии бартарии ҳарбии вай гардид ва ӯ бо тарзи анъанавии зиндагӣ он чунон истодагарона мубориза мебурд, ки гӯё бо душманонаш онро бурда истода бошад!
Княз Нобунага муаллифи чандин навигариҳо гардид.
Назар ба ҳамзамононаш, ӯ хизматгоронашро аз намояндагони табақаҳои гуногун ва минтақаҳои ҷуғрофӣ интихоб мекард. Дар масъалаи кирояи одамон вай ба маҳорати онҳо афзалият медод, на ба сулола, мукофотро низ аз рӯйи натиҷаи кор медод, на аз руйи унвон. Овозаҳо дар бораи муносибати нави Княз Нобунага оид ба кирояи хизматгорон бисёр одамони бомаҳорати кунҷу канори кишварро ба худ ҷалб намуд.
Ба ғайр аз ин, ӯ нисбати пешбурди ҷанг муносибати неортодоксалиро интихоб намуд ва базудӣ бартарии технологияҳои навро тақдир карда, тактикаи истифодаи оммавии аслиҳаи оташфишонро аз худ кард. Дар муҳорибаи назди Нагасино1 княз се ҳазор нафар тирандози бо милтиқ мусаллаҳро гузошт, – дар он ҳангом истифодаи тирандозии якҷоя дар чунин миқёс ҳодисаи бемислу монанд буд, ҳатто барои Аврупо.
Бесаводӣ ва аслу насаби паст ба ман имкон надоданд, ки дар ташкилотҳои бузурги аз ҷониби князҳои олимансаб идорашаванда ба кор дароям. Вале ман ба вазъияти мавҷуда некбинона назар карда, мулоҳиза намудам, ки дар табақаи андозаи худ ба корманди нав барои ба роҳ мондани муносибати бевосита бо роҳбарият осонтар хоҳад буд. Ман чунин ҳисоб кардам, ки агар тавонам худро ба хубӣ нишон диҳам, дар ташкилоти зудинкишофёбанда ба ман имконияти бештари ба даст овардани мансаб пайдо мешавад.
Ҳар қадаре, ки ман бо княз Нобунага аз наздик шинос мешудам, ҳамон қадар боварии ман ба он, ки вай ҳамон сарвари ояндадоре буд, ки ба он хизмат кардан меарзад.
Шумо мехоҳед болобароии худро бо нордбони мансаб идома диҳед? Дар ин сурат аз “асрори дурандешӣ“ истифода баред: сарвари дурандешро интихоб намоед.
Тамоми қувваро барои иҷрои супориши ҷорӣ равона созед Ман фаъолияти худро дар назди княз Нобунага аз вазифаи барандаи шиппак оғоз намуда будам, чуноне ки дар назди Наганора, аввалин самурай дар ҳамин мансаб хизмат кардам. Вале Нобунага сарвари ғайриоддӣ буд: дар масъалаҳои амалиёти низомӣ, идораи заминҳои ишғолшуда, бурдани музокироти дипломатӣ ё роҳбарии кормандони поёнӣ ӯ ба салоҳиятнокии тобеъони худ бовар дошт ва ба онҳо иҷозат медод, ки уҳдадориҳояшонро ба фикри худашон дар сатҳи хеле хуб иҷро намоянд. Баъди қабули қарор ӯ бо овози омирона фармони кутоҳ дода, ба зини асп парида савор гашта, аз чашми омма дур мешуд. Ҳамзамон ба издиҳоми хизматгорон имкон медод, ки худашон қарор қабул намуда, дар вақти муқарраршуда иҷрои супоришро таъмин намоянд. Дар мавриди мавҷудияти услуби барқосои роҳбарият, нигоҳ доштани суръати муқаррашуда, ниҳоят мушкил буд, ҳатто дар замонҳои ниҳоят беҳтарин ҳам!
Фаъолнокии шабонарӯзӣ тарзи маъмулии ҳаёт дар қалъаи Ода буд, бинобар ин, хонаро барои зиндагӣ дар наздикии дарвозаҳои асосӣ интихоб намудам. Бурёе, ки дар фарши хокӣ паҳн карда шуда буд, бароям вазифаи рахти хобро иҷро мекард, вале истироҳат дар чунин шароит имкон медод, ки тамоми рафтуоӣ ва ҳаракатҳои княз Нобунага назорат карда шавад ва базудӣ тамоми хоҳишҳои вай иҷро гарданд – ҳатто бигузор ин ҳама давутозҳо имконияти истироҳати шабонаро ба орзуи иҷронаванда мубаддал гардонад!
Хизматгорони дигар ба вазифаи ман мағрурона ва бо такаббур муносибат мекарданд, вале ман аз мавқеи худ ифтихор доштам ва барои иҷрои вазифаҳои супоридашуда тамоми ҳастиамро равона мекардам. Тарзи рафтори ман оддӣ буд: тамоми қувваро барои иҷрои супориши ҷорӣ равона соз. Ҳамагуна супориш, ҳатто аз ҳама ночиз, ки аз ҷониби каси болотар аз ту дода шудааст, масъулияту фидокориро талаб менамояд. Қисми зиёди ӯҳдадориҳои ман аз иҷро намудани хоҳишҳои шахсии княз Нобунага иборат буд ва ман бо ҳар роҳ кӯшиш мекардам, ки диққати вайро ба серғайратии худ ҷалб намоям. Масалан, як дафъа субҳи барвақт дар қалъа сухтор ба амал омад. Ман пештар аз садо додани бонги хатар бедор шудам ва дафъатан ба ҷониби саисхона давидам ва шиҳакашии ҳаросони аспҳоро шунидаму дар байни забонаи оташ суробҳои одамони ба воҳимаафтодаро дидам. Княз Нобунага базудӣ либосҳояшро пӯшида, ба ҳавлии дохилӣ фаромад. Дар он лаҳза вақте қаду қомати вай аз дохили дуди ғафс берун омад, ман бо аспи омодашуда дар рӯ ба рӯяш пайдо шудам.
Ҳангоми савори асп будан ва роҳбарӣ кардан ба корҳои наҷотдиҳӣ барой вай қулайтар буд.
Дафъаи дигар княз Нобунага дар ҳавои тумани қабл аз субҳ бо чанд тан аскарон барои анҷом додани ҳамлаи ногаҳонӣ ба дидбони пешоҳанги душман ба роҳ баромад.
Вақте аспи вай дарвозаҳоро резачорпо тохта баромад, ӯ суроби одами танҳоро дар болои асп мушоҳида кард, ки дар паси деворҳои қалъа бетоқатона интизори ҷанобаш буд.
– Кӣ ҳаст дар он ҷо? – бонг зад ӯ.
– Ин манам, Хидэёсӣ! – садои ҷавоб баромад. Ман тавонистам нишонаҳои ҳамлаи омодашударо ошкор намоям ва қарор додам, ки дар ин кор ҷаноби худро ҳамроҳӣ намоям. Аз зоҳиршавии чунин ҷасорат дар хизматгор, ки вазифадор нест дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок намояд, княз дар ҳайрат монда буд, вале ман қотеъона қарор дода будам, ки аз ҳудуди вазифаҳои муқарраршуда берун бароям. Аз интизориҳо берун баромадан – ин шиори ман барои тамоми ҳаёт аст.
Княз Нобунага шикор бо лочинро дӯст медошт ва ҳар вақте дилаш мехост, аз пайи он мерафт. Вақте ки паррандаи хоҳишаш пайдо мешуд, ба ҳавлии дохилӣ ворид мешуд ва паррандаи ваҳширо ба рӯйи дасташ нишонда, фарёд мезад. “Дар ин ҷо ягон кас ҳаст?” Дар чунин ҳолатҳо княз ҳатман ҷавоби маро мешунид: “Ман дар ҳамин ҷо, ҷанобам!” Баъди чанд вақт ҷанобам ба он одат кард, ки Маймун ҳамеша дар паҳлӯяш пайдо мешавад, фақат ӯро садо кардан даркор. Ман ҳеҷ гоҳ имконияти иҷро кардани хоҳиши князро аз даст намедодам, бигузор ҳатто он аз овардани об, тоза кардани пайраҳа аз алафҳои бегона ё кофта пайдо кардани гунҷишки паррондашуда иборат бошад.
Як бегоҳ дар ҷараёни амалиёти низомӣ княз Нобунага бо ҳамроҳии аскарони худ дар қароргоҳи сайёр истироҳат дошт. Ҳама гирду атрофро тумани воҳиманок фаро гирифта буд, чунон ғафс, ки ҳатто дар масофаи дасти дарозкарда чизе дида намешуд. Княз Нобунага медонист, ки аскарҳои аз тарафи шаб посбониро ба ӯҳдадошта, метавонанд беҳолу бемадор шаванд, аз ин рӯ қарор дод ҳушёрии онҳоро санҷад. Ва дар ин лаҳза ногаҳон бохабар шуд, ки касе дидбонгоҳҳоро давр зада, фарёд мекунад: “Посбонҳо хоб нараванд!“, “Посбонҳо хоб нараванд!“ Ин мувофиқати аҷоиб ҳар шаб расо дар соати Асп1 идома меёфтанд. Княз Нобунага, ки ҳисси кунҷковияш бедор шуда буд, қарор дод, кӣ будани дидбони асрорангезро муайян намояд. Албатта, ин ман будам! Ҳушёрии ман ба княз чунон таъсир кард, ки вай мансаби маро баланд кард.
Сарварони муваффақ “асрори худфидоӣ”: – тамоми қувваро барои иҷрои супориши ҷорӣ равона созед–ро ба хубӣ дарк мекунанд.
Қобилияти табии худро истифода баред Одамон бештари вақт ҳайрон мешаванд, ҳол он ки ками аз онҳо ҷуръат пайдо карда мепурсанд, ки барои чӣ ба ин ҳама сифатҳои пасти ҷисмониям тавонистам дар бахши хизмати ҳарбӣ ба ин комёбиҳо ноил гардам. Агар ҳақиқати гапро гӯям, ман аслиҳаро ба тавре, ки зарур аст, истифода бурда наметавонам. Бинобар ин, ба ҷойи он ки шамшерро алвонҷ диҳам ё найзаро ба кор барам, қарор додам, агар бо донаҳои чӯти ҳисобкунаки механикӣ корро ба роҳ монам, аз ман фоидаи бештаре хоҳад буд, зеро дар ин кор истеъдоди баланд доштам. Дар ин маврид ба княз Нобунага пешниҳод кардам, ки ба ман вазифаи таъмин кардани ҳезумро вогузор намояд.
Гумон аст, ки чунин вазифаи ниҳоят дур аз олами самурайҳо ба мисли захиракунандаи ҳезум вуҷуд дошта бошад. Ин мансаби ноаён, назарногир ва эътибори баланд надошта буд. Хизматгорони дигар ба ин касб бо нафрат нигоҳ мекарданд; ба назари онҳо ғамхорӣ нисбати ошхонаи қалъа дарди сар менамуд ва ба он ҷо кормандони ниҳоят кундфаҳмро равон мекарданд.
Вале ман ҳис мекардам, ки метавонам вазъи молиявии хонаводаи Одаро аз ҳисоби кам кардани хароҷоти он беҳтар намоям. Ҷаноби Нобунага аз ҳамзамонони худ бо он фарқ мекард, ки одамонро барои хизматҳои ғайринизомӣ қайд ва бо мукофотҳо мушарраф мегардонид, ҳамчунин кӯшишҳои зердастонро барои инкишофи қобилияти табии қадр мекард. Ман тавонистам дар байни ҷамъи кормандон фарқ кунам, зеро Нобунага арзиши хизматгороне, ки на танҳо бо дастонашон балки бо сарашон нағз кор мекарданд, эътироф менамуд.
Имконияти нишон додани он, ки ман ба чӣ қодир ҳастам, баъди ба қалъаи Киёсу кӯчидани княз Нобунага ва ба мушкилоти ҷиддӣ мубаддал гаштани таъмини ҳезум пайдо шуд. Ҳезум барои омода кардани ғизо, гарм намудани хонаҳо зарур буд, нархи он сол то сод баландтар мешуд.
Аввалин иқдоме, ки ба ҳайси захиракунандаи нави ҳезум оғоз кардам, ин омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳарҷи сӯзишворӣ буд. Нахуст, барои муайян кардани теъдоди ҳезум, ки ҳамарӯза барои омода кардани ғизо истифода мешавад, ба ошхона рафтам.
– Субҳ ба хайр! – бо хушнудӣ ба кормандони ошхона, ки ба шахси бегонаи чеҳраи маймундошта назари нобоварона карданд, салом додам. – Ман омадам, ки ба шумо каме кумак кунам! – бовар кунонидам онҳоро.
Ман ҳамон лаҳза ба шустан ва пухтани биринҷ барои омода кардани шурбо шурӯъ кардам ва дар ҷараёни ин кор теъдоди ҳезуме, ки сӯзонида мешаванд, муайян намудам.
Кормандони ошхона яқин кори худро хуб медонистанд ва софдилона меҳнат мекарданд.
– Офарин, – гуфтам ман. – Ҳамин тарз кори худро идома диҳед. Шумо ягон тарошаи хушкро беҳуда сарф намекунед.
Баъд аз ин, ман ба омӯхтани масъалаи таъмин кардани сӯзишворӣ машғул шудам. Масъули собиқ, ки аз даст додани вазифааш хашмгин буд, маро бо хусумати ошкоро пешвоз гирифт. Ӯ одами қадбаланд ва дарундор буд, як чашмаш намедид. Ҳушҳолона табассум намуда, чунин вонамуд кардам, ки норозогии ӯро мушоҳида накарда истодаам ва то он ҷое, ки имкон буд, ниҳоят боадабона салом додам.
– Салом, муҳтарам. Номи ман Хидэёсӣ. Ба ман супориш додаанд, ба тайёр кардани ҳезум машғул шавам, вале дар ин кор чизеро намедонам. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки маро бо нозукиҳои ин кор шинос намоед?
– Яъне, ту нақша дорӣ оид ба камбудиҳои ман ба княз хабар расонӣ, – ғур–ғур карда гуфт он мард.
– Ман ҳатто дар зеҳнам чунин мақсад надорам! – содиқона барошуфта гуфтам.
– Дар маҷмӯъ, он чизе, ки ба ман зарур аст, – ин донистани он аст ки, шумо чӣ гуна ҳезумро харидорӣ намуда, ба қалъа меоред.
Собиқ таъминкунандаи ҳезум бидуни майлу рағбат маро ба нозукиҳои ин кор шинос кард ва ман фаҳмидам, ки вазъи ин бахши фаъолият ниҳоят бад аст. Аввалан, ӯ ягон нақшаи дақиқи захира кардан надошт ва хариди ҳезумро бетартибона ба роҳ монда буд. Дуюмин, бастани шартномаҳо бо таъминкунанда ба шахсони зердаст вобаста карда шудааст. Бор то ба қалъа расида омаданаш аз дасти якчанд миёнарав мегузаштааст.
“Ҷойи тааҷҷуб нест, ки нархҳои ҳезум ба мисли хамири хамиртурушдор тез баланд мешаванд! – фикр кардам ман.
Магар имкон надорад, ки аз миёнаравҳо даст кашида, ҳезумро мустақиман аз истеҳсолкунандаҳо харидорӣ кунанд?” Зимни ҳаракат ба ҷониби осиёб ва андешидани нақшаи худ оид ба харидории мустақим, ман диққати худро ба дарахтони зиёди хушкшуда, ки ҷангалро ифлос кардаанд, равона сохтам. Ногаҳон фикри аҷибе аз хаёлам гузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё