Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
Вале орзуи самурай шудан чун пештара аз дурнамои ноил шудан ба маҳорати баланд дар касбҳои аҳли табақаи поёнӣ, бештар ҷалб мекард. Бинобар ин, ман ба Сунпу1, ба қасри сулолаи Имагава, сулолаи тавонои самурайҳо, ки се вилоятро дар соҳили Укёнуси Ором идора мекард, раҳсипор гаштам. Барои ба он ҷо расидан, маро зарур омад, ки чанд ҳафта бо роҳҳои беҳадду канори Баҳри шарқӣ – роҳи асосии нақлиётӣ, ки Ҷопони ғарбӣ ва шарқиро мепайвандад, қадам занам. Дар ҷараёни қадамзамзанӣ дар ин роҳ, ман такрор ба такрор андешаи чӣ гуна аз княз Имагава илтимоси худро барои ба кор гирифтан дар майнаи сарам чарх мезанондам.
Як замоне, вақте ман дар болои пул истироҳат доштам, аз паҳлӯям вассали қавми Митсусита савори асп гузашта рафт. Ӯро Наганори2, ном мебурданд ва вай вазифаи мудири қалъаро ба ӯҳда дошт. Баъдтар вай ҳикоят кард, ки 1. Сунпу ба вилояти Сидзуока мутобиқат мекунад.
2. Аз рӯйи анъана қабул шудааст, ки аввалин самурае, ки Хидэёсӣ хизмат кардааст, Матсусита Юкутсуна будааст, аммо аз рӯйи ақидаи нависанда Киямӣ, далелҳои асоснок имрӯз имкон медиҳанд исбот намоем, ки аввалин ҷаноби Хидэёсӣ Матсусита Гэндаэмон Наганорӣ буд.
вақте маро аввалин бор дид, нафаҳмид, ки ман кӣ ҳастам:
одам шабеҳи маймун ё маймуни ба одам монанд!
Ҷавон, ту аз куҷоӣ? – аз боло ба поён нигоҳ карда пурсид Наганорӣ.
Аз деҳаи Накамура, ки дар вилояти Овари воқеъ аст, – ҷавоб додам ман, – ба ҷониби шарқ барои дарёфти кор ба мулки самурай равонам.
– Наганорӣ қоҳ–қоҳ зада хандид.
– Кӣ чунин паканаи лоғарро ба кор мегирад?
– Шумо ҳам на он қадар ба ҷаноб шабоҳат доред.
Он чи ки шакли зоҳирии ман ба шумо маъқул нашуд, ҳанӯз маънои онро надорад, ки он ба дигарон маъқул намешавад!
Баъди шунидани мазаммати истеҳзоомези ногаҳонӣ, вай дубора қоҳ–қоҳ зада хандид ва баъд пурсупоси маро идома дод. Ман тавонистам диққати узви сулолаи обрӯманди самурайро ба худ ҷалб намоям!
Наганорӣ маро ба қалъаи Матсусита бурд ва ба дигар вассалҳо ҳамчун “писарбачаи ширинкор“ муаррифӣ намуд. Намуди зоҳирии ман хандаи пуравҷи онҳоро ба амал овард ва дар ин миён ҳарисона хурмою меваи шоҳбулутро хӯрда, ба тарафи ман мепартофтанд. Онҳо низ маро Маймун гуфта ҷеғ мезаданд. Ба зудӣ ҳама бошандагони қалъа медонистанд, ошпазҳо бошанд, дар як рӯз ду маротиба то сер шуданам ғизо медоданд.
Маҳз ба ин минвол ҳаёти ман дар қабилаи Матсусита оғоз ёфт. Матсусита вассали қабилаи Имагава ба шумор мерафт, ки онро генерали номдор ва ҳомии санъати ҳарбӣ Ёсимото идора мекард. Дар ибтидо маро ба вазифаи дорандаи шиппак, ки дар давоми рӯз аз паси ҷанобаш ба ҳама ҷо меравад, пойафзолашро мепӯшонаду мекашад ва ҳамзамон дигар супоришҳои зиёди кучакро иҷро менамояд, қабул карданд. Баъдтар мақоми маро то вазифаи камердинер баланд карданд. Дар ин вазифа ман аз болои ҳолати гардеробҳои ҷанобҳо назорат мебурдам ва дар пӯшидан ва кашидани либос ба онҳо ёрӣ мерасонидам.
Дар ниҳояти кор ба ман супориш дода шуд, ки мудирии анборҳоро ба ӯҳда гирам.
Бинобар сабаби он ки ман кори худро ба таври олӣ анҷом медодам, маро хизматгори арзишманд меҳисобиданд. Княз Матсусита дар робита ба ин, лоиқ донист, ки ман насаби авалини худ – Накамура ки аз номи шаҳри зодгоҳиям бармеояд, дошта бошам.
Ман фавқулодда аз нақши нигаҳдори анбор ифтихор мекардам. Ман саги посбониро ба ҷойи кор оварда, тамоми кӯшиши худро ба таъмини амнияти амвол равона кардам.
Баробари ба ин вазифа таъин намудани ман ҳодисаҳои дуздие, ки пеш рух медоданд, тамоман қатъ гардиданд.
Ин кор ва дигар вазифаҳо ба ман маъқул буданд, на танҳо барои он ки аз нодории таҳқиромез халос шудам. Ҳар як супориши навро агар қабеҳ ҳам бошад, онро як зинаи боло ба мансаби навбатӣ меҳисобидам. Бинобар сабаби он ки ман аз ҷиҳати ҷисмонӣ ягон бартарие надоштам, қарор додам, ки ягона роҳи фарқ кардан ин тамоми маҳорати худро дар кор нишон додан аст.
Дар он замон деҳқонон ва шаҳрвандони табақаи поёнӣ аксаран насаб надоштанд, фақат ном доштанду халос. Доштани насаб нишонаи мавқеи соҳибимтиёзӣ шуморида мешуд, бинобар ин, тағйр ёфтани вазифа ва ё мақоми иҷтимоӣ аксаран ба иваз шудани насаб оварда мерасонид.
Барои мисол, Хидэёсӣ баъди таваллуд номи Хиёсиро гирифта буд (баъзе муҳаққиқон чунин меҳисобанд, ки номи аслии вай Хийсимару буд), вале дар марҳилаҳои гуногуни пешравӣ дар мансаб ӯ бо номҳои Токитиро, Накамура Токитиро, Киносито Токитиро, Хасиба Тикудзэн, Ками Хидэёсӣ ва Тоётоми Хидэёсӣ машҳур буд. Тез-тез иваз шудани ном ҳатто хонандагони ҷопониро парешонҳол мекунад, бинобар ин, дар китоб ман танҳо номи Хидэёсиро истифода бурдам.
Аммо одамони бегонаро, ки дар муҳлати кутоҳ соҳиби мансаб мешаванд, касе дӯст намедорад. Боре хизматгори ҳасуде маро ба дуздидани кадом чизи кучаке аз анбор гунаҳгор кард. Дигарон бошад, ба ин гуноҳ айбҳои дигарро илова карданд ва дар ниҳояти кор Наганорӣ ба ман гуфт, ки ту нафрати тамоми хизматгорони Матсуситаро ба худ равона кардаӣ. Барои ман раҳмаш омада буд, вале ӯ наметавонист ба хотири ман тамоми нотавонбинонро аз кор хориҷ кунад. Бинобар ин, ӯ маҷбур шуд аз баҳри ман гузарад.
Вақте ман эътироз карда, қасам хӯрдам, ки гуноҳ надорам, Наганорӣ хашмгин шуда, маро беҳайё номид. Ман сахт гиря кардам ва қалъаи Матсуситаро тарк намудам. Дар ин замон ман ба 18 солагӣ қадам ниҳода будам. Аз кор хориҷ шудан барои ман изтироби сангин буд, вале маъюсӣ ба зудӣ ғайб зад. Ман бовар доштам, ки ҳатман ягон нафар ба хизматҳои ман баҳои сазовор медиҳад. Илова бар ин, ба дарки он ноил гаштам, ки хафа шудан аз гардишҳои тақдир беҳӯда аст. Ягона чизе, ки дар чунин ҳолат метавонад фоида биоварад, ин дарси ибрат гирифтан аз таҷрибаи рӯзгор аст.
Чандин сол баъдтар, вақте ба комёбиҳои назаррас ноил шудам, барои фикр кардан вақт ёфтам ва ба худ гуфтам, ки чӣ гуна метавонам одамонеро дар наздашон худро қарздор ҳисоб мекунам, онҳоеро, ки дар ҷавонӣ ба ман кумак кардаанд, ба таври шоиста сипосгузорӣ намоям. Қарор додам Наганорӣ, вассали қабилаи Матсуситаро, ки маро ба кор қабул карда буд ва баъд маҷбур шуд аз кор хориҷ намояд, пайдо кунам. Мехостам ба ӯ барои дастгирияш дар оғози фаъолиятам сипосгузории амиқ баён намоям.
Чун худи ӯро пайдо накардам, писари вай, Юкутсинуро бо замини калон сарфароз кардам ва ба вай унвони князро додам. Ман ҳамаи он корҳоеро, ки аз дастам меомад анҷом додам, то ки ба кори хуб, бо амали нек ҷавоб диҳам.
Коршоямии аз ҳад зиёд ба онҳое, ки чизе надоранд, имконият медиҳад, ки аз онҳое, ки соҳиби имтиёзу мавқеъ мебошанд, пеш гузаранд. Ин аст “асрори ҷидду ҷаҳд“:
сарварон аз дигарон дида, бояд бештар меҳнат кунанд.
Дар лаҳзаҳои мушкил ҷасурона амал намоед Баъди аз даст додани ҷойи кор дар қабилаи Матсусита, ба худ қавл додам, ки интихоби ҷаноби оянда, танҳо дар асоси қарори бошууронаи худам анҷом хоҳад ёфт, на ин ки чун пештара зимни вохӯрии тасодуфӣ, ки пештар дар болои купрук ба амал омада буд. Аммо барои амалӣ кардани ин фикри худ бояд ба хизмати кӣ ҳозир шавам?
Дар вилояти Оварӣ, ки дар он ҷо таваллуд ёфтаам, князи ҷавон Ода Нобунага ҳукмронӣ мекард. Дар даврони ҷавонӣ падарам дар артиши падари вай Нобухиде хизмат мекард. Барои ҷасорат дар муҳорибаҳо вассалҳо ба княз Нобунага тахаллуси “оташаки ҷанг” дода буданд. Шӯҳрат ва ҳамчунин мушоҳидаҳои худро ба назар гирифта, қарор додам, ки княз Нобунага ба ман на танҳо кордиҳандаи муносиб, балки устоди сазовор хоҳад буд.
Баъди он ки ман ӯро ба ҳайси ҷаноби нав интихоб намудам, мушкилӣ ба миён омад: диққати вайро чӣ гуна ба худ ҷалб намоям? Ман саропо одами боғайрат будам, вале ман ягон гуна шаъну эътибор, аз қабили унвони сулолавӣ ва шуҳрати ҷанговариро надоштам. Ягона соҳаи фаъолият, ки ман худро дар он дилпурона ҳис мекардам, – тиҷорат буд. Ба ҳайси савдогари ботаҷрибаи оворагард ман ба таври хеле хуб арзиши аслии бозории молу хизматрасониҳоро медонистам. Ба ғайр аз ин, кайҳо дида будам, ки самурайҳое, ки ин гуна чизҳоро барои ҷалби диққати худ нораво медонистанд, аксар вақт қурбонии оҷизи савдогарони ҳиллагару маккор, ки бе душворӣ онҳоро фиреб медоданд, мешуданд. Ба туфайли камбағалии худ медонистам, ки ҳар як тангаро чӣ гуна метавон сарфа кард. Э кош, воситаи таъсир кардан ба ҷаноби Нобунага вуҷуд дошта бошад!
Ман қарор додам, ки бо хоҳиши худ оид ба ҷудо намудани ҷойи кор дар ташкилоти вай ба княз муроҷиат намоям, зеро умедвор будам, ки чунин шахс бояд дар одамҳо ҷасуриро қадр намуда, сифатҳои корчаллониро аз сулолавӣ дида баландтар гузорад. Ман ҳақ баромадам! Барои он ки корам бештар омад кунад, бо хизматгори қалъаи Ода шинос шудам ва ҷиҳати амалӣ гаштани нақшаам – дар бораи ба куҷо ва кай рафтани княз Нобунага ба ман хабар доданаш ба ӯ сад тангаи мисӣ (тамоми пулҳои дар ихтиёр доштаамро) додам. Ин маблағгузорӣ беҳтарин дар ҳаёти ман ба шумор рафт.
Шоми баҳори соли 1554, дар сарҳади вилоятҳои Оварӣ ва Мино ман дар паси буттаи назди дарвозаи бузурги хонаи яке аз оилаҳои асилзода, ки княз Нобунага тез-тез меҳмон мешуд, пинҳон шудам. Ин кӯшиши сеюми ман буд, ки омадани князи ҷавон ва аҳли рикоби вайро поида меистодам. Маротибаи аввал аспи вай қабл аз он ки ман ба паҳлӯи роҳ парида бароям, бо суръати баланд гузашта рафт. Дар дафъаи дуюм, ман номашро гирифта, ҷеғ задам, вале борони сахти ногаҳонӣ сухани муборакбодии маро пахш намуда, сару рӯ ва либосҳоямро тамоман тар кард.
Он бегоҳ бахт ба рӯйи ман хандид. Вақте княз Нобунага аспи даванди худро дар назди дарвоза нигоҳ дошт, ман парида ба роҳи ифлос баромадам ва чунон паст таъзим кардам, ки абрувонам ба замин расида буд, хитоб кардам:
– Ҷаноби Нобунага ман ба шумо хизматгузории худро пешниҳод менамоям!
Сарвари қабилаи Ода ба ман бо нигоҳи ҷиддӣ назар афканд.
– Аз ин мебарояд, ки ту мехоҳӣ ба ман хизмат кунӣ?
– беэътиноёна пурсид ӯ.
– Бале, чунин аст, ҷаноби Нобунага, тасдиқ кардам ман. – Мехоҳам.
– Ин маймуни майдаяк фикр мекунад, ки метавонад шахси фоидаовар шавад, – андешамандона гуфт ӯ.
– Аниқтараш ин фақат андешаронӣ буд на савол, вале ман ба ҳар сурат ҷавоб додам. Ман сари худро бардошта, рост ба чашмони вай нигоҳ кардам.
– Бале, ҷаноб. Фикр мекунам, ки метавонам, – бо эҳтиром, вале бо оҳанги қатъию дилпурона нидо кардам.
Генерал мағрурона сарашро боло кард.
– Дар ин сурат, маро хотиррасон намоед, – ба надимони худ муроҷиат карда гуфт, ки – ҳамасола барои нигоҳ доштани ҳар як нафари шумо ман чӣ қадар харҷ мекунам?
Нобунага интизори он нашуд, ки касе аз онҳо ҷуръат карда, ҷавоб медиҳад. – Як одам дар як сол яксаду панҷоҳ килограмм биринҷ истеъмол мекунад. Ҳамчунин ба ин мисо1, намак, сабзавот, лубиё, моҳӣ ё гушти сайд як маротиба дар даҳ рӯз, хароҷот барои нигаҳдории ошхона ва овардани маводи хӯрокворӣ аз рӯйи ҳисоб бо биринҷ ба сари ҳар нафаре, ки ман кироя мекунам, яксаду биступанҷкилогаммӣ илова намоед. Ба болои ин, боз арзиши ду баста либос дар як сол, як миқдор пули майда барои даъвати хонумҳо ва истеъмоли машруботро илова намоед, дар маҷмуъ ҳатто чунин хурдакак ба мисли ин маймун, ки 1. Мисо – ин хамираи лубиёи соя мебошад. Биринҷ ва шурбои мисо асоси ғизои ҷопониҳоро ташкил медиҳад. Имрӯз ҳам аксарияти ҷопониҳо дар як рӯз ду ва ҳатто се маротиба шӯрбои мисоро истеъмол мекунанд.
дар пеши пойи ман дар даруни лой хазида истодааст, дар як сол чорсаду биступанҷ килограмм биринҷ хоҳад гирифт!
Суханони ӯ бисёр аскарони пиёдаро маҷбур кард, ки чашм ба замин дӯзанд. Ин ҳарфҳои ба ҳама шинос маънии онро дошт, ки кайфияти сарвари онҳо хуб нест.
– Ту дар бора чӣ гуфтанӣ дорӣ, Маймун? – нешдорона гуфт княз Нобунага. – Оё хизматрасониҳои ту метавонанд ин ҳама хароҷотро талофӣ кунанд?
– Бале ҷаноб, – бе дудилагӣ ҷавоб додам ман. – Хизмати ман ин хароҷотро ду баробар... на, балки се баробар талофӣ мекунад.
– Чӣ гуна ту ин корро анҷом доданӣ ҳастӣ? – лаҷоми аспро фушурда, наъра кашид генерал.
Ҷавоби ман дилпурона садо дод.
– Аз ҳисоби сарфакорӣ, ҷаноби ман. Ман ба ҷойи се кас кор хоҳам кард.
Аз ин рӯз санаи расмии хизмати ман дар назди княз Нобунага оғоз гардид. Дар рӯзҳои аввал ман хизматгори оддӣ будам, вале дар ин вазифа дер кор накардам.
Як амали ҷасурона тақдири маро тағйир дод ва метавонад қисмати шуморо низ тағйир диҳад. Ба одаме, ки баъди бист сол гузаштаро ба ёд оварда, аз истифода набурдани ягона имконияташ, ки метавонист зиндагиашро дигар кунад, ниҳоят дер афсӯс мехӯрад, монанд нашавед. Он ягона имкониятро бо ду даст дошта гиреду ҳаргиз сар надиҳед!
Барори кор ҷасуронро ҳамроҳӣ мекунад. Сарварон бояд бидуни тарс “асрори боҷуръатиро“ истифода баранд: дар лаҳзаҳои мушкил ҷасурона амал намоед.
Тамоми ҳастиятонро ба сарвар бубахшед Ҳамроҳ шудан ба қабилаи Ода марҳилаи қатъӣ дар роҳи ташаккулёбии ман ҳамчун сарвар ҳисобида мешавад.
Княз Нобунага бароям имконият фароҳам овард, ки ба комёбӣ муваффақ шавам, зеро вай ба судмандии ман дар корҳои ба ҷанг алоқаманднамуда, баҳои баланд дод. Ман шахси дар ҳама кор ҳозири вай, яъне одаме шуда будам, ки метавонад тамоми супоришҳоро иҷро намояд.
Дар рӯзҳои аввали хизмати худ дар назди княз Нобунага ками андар кам бароям муяссар мегашт, ки шаб орому осуда хоб равам. Хизматгор ҳамеша бояд омода бошад, ки дилхоҳ супориши ҷанобашро иҷро намояд. Маро зарур буд пешбинӣ намоям, ки кай ба сари вай (шаб ё рӯз) хоҳиши рафтан ба шикор бо лочин ё сайругашт бо асп меояд, то ки қаблан тамоми чизҳои заруриро омода намоям. Гузашта аз ин, вай саисхонаи калон дошт ва ман бояд донам, ки имрӯз хоҳиши зин задани кадом аспро дорад ва пагоҳ кадомашро мехоҳад савор шавад. Зарурияти зикр кардани он нест, ки феъли княз Нобунага аспи нари ваҳширо ба ёд меовард!
Вазифаи ман ниҳоят серташвиш буд, вале чандин баробар кӯшишҳои сарфшударо талофӣ мекард. Ба ғайр аз хизмат кардан ба княз Нобунага, ман метавонистам аз болои оилаи калони Ода ва намояндагони обрӯманди дигар оилаҳо назорат барам. Бароям мушарраф гардид, ки ба ҷараёнҳои сиёсӣ ва дасисаҳои он, ки дар асри ҷангу ҷидолҳо ба таври васеъ паҳн гардида буд, дахолат дошта бошам. Вале, аз ҳама муҳим он буд, ки ба туфайли меҳнати пайваста, бароям муяссар гардид худро шоистаи боварии сарвар нишон диҳам. Ман ҳамеша кӯшиш мекардам, назар ба дигарон се маротиба зиёд кор кунам!
Ҳамчунин ба мисли бисёре аз атрофиён ба Нобунага низ маъқул буд маро Маймун ном барад ва вақте синну солам аз чил гузаша буд, Калламуши кал гуфта садо мекард. Шакли зоҳириам ҳамеша маро шарм медоронд, вале сарварон бояд камбудии худро ба афзалияти худ табдил дода тавонанд. Дар яке аз рӯзҳо ҳангоми шикори княз Нобунага бо шоҳин паррандаи ваҳшӣ аз дасти миршикор бадар рафта, дар болои нӯги дарахти баланд печида дармонд.
– Маймун, – фармон дод Нобунага, паррандаро озод намо!
Ман ҳеҷ гоҳ аз иҷрои супоришҳои унвони аз ман баландтар саркашӣ намекардам ва ифтихор аз он дорам, ки ҳамеша онро бо омодагӣ ва хушнудӣ анҷом медодам.
– Итоат мекунам, ҷанобам! – гулӯ дарронда аррос задам ман. Баъд аз ин, ба шимпанзе тақлид намуда, дағалона ба ҷониби дарахт қадам зада, ба танаи дарахт ҷаспида боло баромадан гирифтам. – Ман маймуни кучаке ҳастам, ки ба зудӣ ҳамаи гуна супоришҳоро иҷро менамояд!
Аз ишваю ноз ва карашмаи ман хандаи баланди княз Нобунага ва тамоми атрофиён ба гирду атроф паҳн шуд.
Шухтабъӣ ва омодагии ҳамешагии расонидани хизмат – сифати ивазнашавандаи ҳар нафаре мебошад, ки кӯшиш дорад сарвар шавад.
Боре, дар яке аз рӯзҳои сарди зимистон дар назди хаймаи ситод дар даст шиппакҳо интизори княз Нобунага будам. Сарфи назар аз он ки бениҳоят хунук хӯрда будам, барои он ки шиппакҳо гармии худро нигоҳ доранд, онҳоро ба оғӯш гирифта будам. Вақте ҷаноби Нобунага аз хайма берун баромада дид, ки ман чӣ гуна барои бароҳатии вай ғамхорӣ мекунам, ниҳоят мутаассир гашт. Баъд аз ин, ман сазовори вазифаи баландтар гаштам.
Садоқат ба дигарон, садоқати онҳоро ба шумо ба вуҷуд меорад. Танҳо касе, ки худаш ба каси дигар вафодор аст, метавонад ба унвони сарварӣ талабгор бошад. Агар шумо барои он ҷидду ҷаҳд карда истодаед, ки одамон аз паси шумо раванд, “асрори вафодорӣ“-ро ёд гиред: тамоми ҳастиятонро ба сарвар бубахшед.
Сардорон, зердастон ва самурайҳо Одамони беор ба ин андешаанд, ки сипосгузорӣ, меҳнати суботкорона, қатъият ва вафодорӣ мафҳумҳои оддӣ мебошанд ва онҳо сазовори таваҷҷӯҳ нестанд. Аммо шумо оламро ба мушоҳида бигиред. Шумо ҳатман хоҳед дид, ки одамони ношукр, маъмулан бадбахт мебошанд. Шумо боз ҳам мебинед, ки меҳнати собитқадамона шарти аз ҳама асосии комёбӣ мебошад, барори кор бошад, ҷасуронро ҳамроҳӣ мекунад. Шумо ҳамчунин мушоҳида хоҳед кард, ки вафодорӣ ба волидайн, сардорон ва зердастон садҳо баробар талофӣ мешавад.
Шояд баъзеҳо фикр намоянд, ки ин принсипҳои оддиро бояд танҳо пайравон риоя намоянд, на ин ки сарварон.
Вале онҳое, ки ҷидду ҷаҳд доранд, дигаронро аз паси худ баранд, бояд хизматгузориро ёд гиранд. Ҳамзамон онҳое, ки ният доранд аз болои дигарон фармонравоӣ кунанд, худро идора карда тавонистанро бояд ёд гиранд. Бинобар ин, риоя кардани принсипҳои сарварӣ ҳам ба сарварон ва ҳам ба зердастон манфиатнок аст.
Сипосгузорӣ, вафодорӣ, меҳнати суботкорона ва қатъият дар амал. Ин калимаҳо ба осонӣ рӯйи забон меоянд.
Аммо ин принсипҳо рӯҳи самурайро обутоб ва асоси сарвариро ташаккул медиҳанд. Аз онҳо пайравӣ намоед ва тавре ман кардам, шумо ҳам ҳаёти худро тағйир хоҳед дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё