Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
Соли 1591 ман аз Киото, ки ба он ҷо барои нӯшидани чой ва ҳаловат бурдан аз гулкунии ҳарсолаи олуболу рафта будам, бармегаштам. Дар байни издиҳоми тамошобинон дар шафати роҳ зани зебои бистуҳаштсола истода буд. Зебоии вай маро мафтун кард ва қосидро фиристодам, то ки кӣ будани вайро маълум намояд. Бароям тааҷҷубовар он буд, ки вай духтари Сен но Рикю будааст. Сен но Рикю яке аз бузургтарин устодони маросимҳои чойнӯшии қадимии санъати Ҷопон, ки дар он замон зиндагӣ мекард ва ман дар назди вай сар фуруд меовардам, ба шумор мерафт.
Ба ғайр аз ин, ӯ дӯст ва надими ман ҳам буд. Дере нагузашта, ман ба Сен но Рикю пешниҳод кардам, ки духтарашро, ки маро ниҳоят мафтун кардааст, ба ҳайси маъшуқа ба ман диҳад. Ӯ ҷавоб дод, ки ба чунин одами бузург, ноибулсалтанаи император айб аст ҷавоби рад додан, вале шароити феълӣ имкон намедиҳад, ки розӣ шавад.
Духтари вай ба наздикӣ шавҳарашро, ки ниҳоят дӯсташ медошт, аз даст додааст ва то ҳол азодориро идома дода истодааст. Бинобар ин, дар вазъияти ба миёномада вай наметавонад пешниҳоди маро қабул намояд. Оё умедвор шудан мумкин буд, ки ман ҷавонмардӣ зоҳир намуда, ин вазъиятро дарк мекунам?
Акнун эътироф кардани он бароям дардовар аст, аммо вай беҳуда умедвор шуд. Чун ман ба иҷро гардидани ҳама гуна ҳавою ҳавас ва сӯзонидани шаҳвониятам одат карда будам, тӯҳматчии касбиеро пайдо кардам, ки вай бар зидди устоди чойнӯшӣ айбномаи дурӯғин бофта баровард. Ман фикр кардам, ки агар хатари ба зиндон рафтан ба сараш ояд, вай ба иҷро кардани талаботи ман розӣ мешавад ва тамоми айбу даъвоҳо дафъатан аз болои ӯ бардошта хоҳанд шуд. Аммо дар арафаи ба ҳабс гирифтанашон Сен но Рикю ҳамроҳ бо духтари зебояш илоҷи аз ин вазъияте, ки ман барояшон эҷод карда будам, халос шуданро пайдо накарда, худкуширо аз мутеъ шудан авлотар донистанд.
Овоза паҳн шуд, ки гӯё ман ба Сен но Рикю фармони худкуширо додаам. Бо вуҷуди он ки ин овоза дурӯғ буд, он воқеан метавонист ҳақиқат бошад, зеро теғи марговарро шаҳвати маҷнунвори ман равона кард, ин бошад, ҳамон амале ҳисобида мешавад, ки гӯё кордро дар дасти худ нигоҳ дошта будам. Хуни онҳо дастони маро лолагун карданд ва ман ҳеҷ гоҳ наметавонам онро шӯям. Ман на танҳо мояи шаҳвонияти худ – занеро, ки ҳамагӣ мехост вафодориашро ба шавҳари ҳалокгаштааш нигоҳ дорад, балки ҳамчунин дӯсти худ – падареро, ки мехост танҳо фарзанди дӯстдоштаашро ҳимоя намояд, ба қатл расонидам.
Шаҳватпарастӣ ягона камбудии ман нест. Баъди аз рӯйи мақом бо император баробар шудан, мушоҳида намудам, ки ҳар бегоҳӣ сакэ менӯшам ва шиками худро бо ғизоҳои аҷибу ғариб пур мекунам. Ман аз ҳад зиёд хӯрданиҳо ва ғизоҳои ғайриоддие истеъмол мекардам, ки ба аксарияти одамон ҳатто чашиданашон муяссар намегардид.
Барои ман гушти бабр мояи махсуси пуршаҳватӣ гардида буд. Барои он ки ин гурбаҳои калонро дар Корея зинда дастгир карда, ба Ҷопон биёранд, ман маблағи ниҳоят калон сарф мекардам. Мегӯянд, ки гушти тару тозаи бабр қувваи мардиро баланд мекунад, бинобар ин, ман онро ба теъдоди ниҳоят зиёд истеъмол менамудам! Вале ғизои аз ҳад зиёд сероб ва суистифода аз нӯшокиҳои спиртӣ саломатии маро вайрон карданд.
Дар зарбулмасали қадима омадааст: “Касе, ки бар дигарон ғолиб меояд, қавӣ мебошад, аммо нафаре, ки ба худ ғалаба мекунад, пуриқтидор аст”. Аз ин бармеояд, ки ман ҳокимият бар болои як кишварро танҳо барои он ба даст овардам, ки инони қудратро аз болои худ аз даст диҳам.
Ба одаме, ки майлу рағбат ва рафтори бадахлоқонаи худро саришта карда наметавонад, садҳо артиш чӣ даркор аст?
Баланд баромадан ба қуллаи ҳокимият – як қисми кор аст, дигар ва муҳимаш – ин баъди дар он қулла будан, кӯшиш кардан зарур аст, ки аз он сарозер наоӣ. Кӯшишҳои олии сарвар бояд ҷӯшу хурӯши разилонаи ӯро фурӯ нишонад. Ҳеҷ гоҳ “асрори мӯътадилӣ”: чиз ё амали барзиёдро ба худ раво набинедро, фаромӯш накунед.
Аз шӯҳратарастӣ ҳазар намоед Иштибоҳоти хатарноки маро метавон бо як камбудӣ – шӯҳратпарастӣ – ифода намуд. Дар баробари қавӣ гаштани ҳокимиятам, ман ба фасона оид ба бузургиам бовар мекардагӣ шудам. Баъди муттаҳид намудани Ҷопон маро зарур буд ба иҷро намудани вазифаи таҳкими сулҳ қаноат кунам ва кишварро ба сӯи гулгулшукуфӣ ва пешрафт раҳнамун созам. Ба ҷойи ин, ман хостгори ғалабаҳои нави бошарофона берун аз кишвар шудам. Натиҷаи ин шӯҳратпарастӣ бо ҷанги ҳафтсола бо Корея ва Чин анҷом ёфт, ки он бояд бузургтарин нокомӣ дар ҳаёти ман ҳисобида шавад. Кӯшишҳои беақлонаи ҳуҷум ба қаламрави бегона ҳисси бадбинии ду миллати бузурги осиёро нисбат ба Ҷопон ба миён овард. Вақте дар бораи даҳҳо ҳазор одамони бо айби кибру ғурури аз ҳад зиёди ман ҳалок гардидаанд фикр мекунам, аз шарм дарунам месӯзад.
Ба монанди подшоҳони ҳама давру замон, ман сабабҳоеро пайдо кардам, ки моҷарои хориҷии маро сафед мекарданд. Яке аз онҳо зарурияти пайдо кардани чораи саришта кардан бар ваҳшиҳои аврупоӣ ба ҳисоб мерафт.
Испания ва Португалия аз номи дини христианӣ баромад карда, кӯшиш менамуданд тамоми дунёро зери итоати худ дароранд. Якчанд князҳои ҷопонӣ дини христианиро қабул карданд ва ба калисои христианӣ замин ҷудо намуданд ва дар он деҳаҳои аврупоӣ пайдо шуданд. Ман худам шахси диндор нестам ва дар муддати чандин солҳо сиёсати таҳаммулпазириро пеш мебурдам. Аммо вақте христианҳои навмазҳаб ба хароб кардани ибодатгоҳҳои буддоӣ ва маъбадгоҳҳо шурӯъ карданд ва португалиҳо барои фурӯхтан ба ғуломӣ даст ба дуздидани шаҳрвандони мо заданд, ман мазҳаби хашмгин ва мутаассиби онҳоро зидди қонун эълон кардам.
Сарфи назар аз мавҷуд будани чунин бархӯрдҳо, дар ниҳояти кор дар Ҷопон баъди зиёда аз сад соли нооромӣ, сулҳ фаро расид. Таҳти роҳбарии ман кишвар тадриҷан обрӯю эътибори пешинаи худро барқарор кард ва ман эътимод бар он доштам, ки мо дар ягон бахш аз аврупоӣҳо ҳеҷ монданӣ надорем. Агар чунин бошад, пас чаро мо ҳам ба васеъ кардани қаламрави худ шурӯъ накунем? Хоҳиши абадӣ кардани номи худ дар хориҷи кишвар ниятҳои иззатталабонаи маро ғизо медод ва оташи шӯҳратпарастиро баланд мекард.
Ҷанги ҳафтсола боз як сабаби ниҳоят оддӣ дошт: заминҳои нав ба ман барои қонеъ гардонидани дархости самурайҳои беқарори ман зарур буданд. Дар давраи болобардории босуръати хонаи Тоётомӣ, ҳамаи он чизеро, ки садди роҳам мешуд, аз байн мебурдам, дар саховатпешагӣ худдорӣ намекардам ва ба пайравонам боигариҳои бемисл тақсим менамудам аз ҷумла, заминҳои васеъ тӯҳфа мекардам. Чунин талафкории аз ҳад зиёд иштиҳои сардорони ҳарбии беқарори маро авҷ гиронид. Вале, вақте раванди муттаҳидшавӣ анҷом ёфт, дар мамлакат дигар ягон замин барои забт кардан ва дар байни ғолибон тақсим кардан, намонда буд. Ба ҷойи он ки барои ҳалли ин масъала ягон роҳи сулҳомез пайдо карда шавад, ман диққати худро ба нимҷазираи Корея ва аз он ҷо ба Чин равона сохтам.
Дар ҷанг ҳам ончуноне ҳаст, ки дар тиҷорат вуҷуд дорад: вақте ташкилоте, ки ба васеъшавии тез одат кардааст ва ба ҳолатҳои сусткунандаи рушд дучор мегардад, онро зарур аст, самти ҳаракаташро тағйир диҳад. Вале, ман натавонистам барои тағйир ёфтан худро маҷбур созам. Вақте кишвар дар дасти ман буд, маро мебоист ҷилави кӯшиши аскаронамро, ки хоҳиши забти заминҳои навро доштанд, бигирам. Баръакс, шитобкорона бар зидди кишваре, ки тамоман онро намедонистам, забон ва анъанаҳояш бароям нофаҳмо буданд, ҷанг оғоз кардам, халқи сарбаланди он бар зидди артиши ман муқовимат нишон дода, ҷанги ақибгоҳиро оғоз намуданд.
Вале, он чизе, ки шуд, гузашт. Моҷароҳои хориҷии ман ноком шуданд ва бо ягон гуна сабабҳо ин амалҳои маро сафед кардан имкон надорад. Таърих дар ин маврид ҳукмномаи худро мебарорад, вале он ба наздикӣ нахоҳад шуд ва ман дар ин бора огоҳ намешавам. Ягона тасалло бароям умедворӣ боқӣ мемонад, ки ҳикоя дар бораи иштибоҳоти ман ба шумо фоида хоҳад овард, бинобар ин, огоҳиро такрор мекунам: ҳар қадар комёбиҳои зиёд дар ҷодаи сарварӣ ба даст оваред, ба ҳамон андоза бояд ба “асрори таҳаммулу тамкин”: аз шӯҳратарастӣ ҳазар намоед, диққати зиёд диҳед.
Аз худситоӣ худдорӣ намоед Эҳтимол, солҳои камбағалӣ, ки дар айёми ҷавонӣ паси сар кардаам, дар ҷону дили ман тухми худситоӣ коштаанд ва дар даврони камолот неш зада баромаданд. Дар ҳама ҳолат, вақте ман дар қуллаи мартабаи баланди худ қарор доштам, маро кӯшиши ба маърази намоиш гузоштани боигарии худ фаро гирифта буд.
Барои ҳимояи худ бояд гӯям, ки ман маблағҳои калонро на он қадар барои худ, балки аксаран барои дигарон сарф мекардам. Ман зиндагии бофароғат ва пурнеъматро дӯст медоштам. Зимни аз назар гузаронидани гирду атроф ва мавзеъҳои тамошобоб, ҳамеша бо худ ҳамёни вазнини пур аз тангаро мегирифтам ва ба кӯдакони деҳқонон, ки барои дидани фойтуни ман дар ду тарафи роҳ саф меоростанд, тақсим мекардам.
– Нигоҳ доштани пулҳо дар таҳхонаҳо, ин шабеҳи он аст, ки ҷанговари тавоноро дар зиндон нигоҳ дорӣ, – такрор ба такрор гуфтани ин ҳақиқатро ба мушовиронам дӯст медоштам. – Тилло танҳо ҳамон вақт арзиш дорад, ки агар онро харҷ намоянд!
Бисёре аз атрофиён дар ташкилотамон бо гуфтаҳои ман розӣ намешуданд.
– Чунин ақида хазинаи шуморо батамом холӣ мекунад, – эътироз менамуданд онҳо.
Вале ман огоҳиҳои онҳоро ба эътибор намегирифтам ва чунин тарсончакиро нишонаи заифии рӯҳу ҷон меҳисобидам.
Намоиши тантанавии рафтори аҷобатангези ман соли 1589 дар маросими “тақсимоти бузурги тилло” баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ман ба сарвассалҳои худ пулҳои аз ҳад зиёд тӯҳфа кардам. Бо супориши ман се тахти равони калонҷуссаро, ки аз вазнинии сесаду шаступанҷ ҳазор тангаҳои тилло хам шуда буданд, ба маркази майдони назди дарвозаҳои шарқии қасри Дзюракутэйи Киото ғелонида, бароварда монданд. Қабои пурдабдаба дар тан ва бо тамоми ашёи маснади идона ман дар назди ғарами тиллоҳои дурахшанда нишаста будам, Митсунарӣ бошад, номи ҳар як княз ва андозаи маблағи ба вай инъомшавандаро ба забон меовард. Яке аз паси дигар соҳибони мукофот ба пеш баромада, дуқат шуда, таъзим мекарданд ва инъомҳоро қабул менамуданд. Тангаҳо ончунон зиёд буданд, ки вақте ба рӯйи онҳо шуъои офтоб меафтид, тамошобинон барои он ки нобино нашаванд, маҷбур буданд рӯяшонро ба дигар тараф гардонанд. Вазни тангаҳо бошад, ончунон бузург буд, ки соҳибони мукофот маҷбур шуданд бо як дастаи калони хизматгорон онҳоро ба хонаҳояшон баранд. Маросими зикршуда аз субҳ то шом идома ёфт ва дар саросари Киото, ки кӯчаҳои он аз сайёҳон ва бекорхӯҷаҳои кунҷков пур шуда буд, ҳангома ба миён овард.
Баъзеҳо маросими “тақсимоти бузурги тилло”-ро ҳайратангезтарин воқеа дар таърих номиданд. Дигарон қайд намуданд, ки дарёфткунандагони пул бе ин ҳам сарватманд буданд ва маро ба вайрон кардани принсипи аз ҷониби худам эълоншуда “Ба сарватмандон илтифот накунед ва камбағалонро таҳқир нанамоед”, таъна мезаданд.
Худи ман дар даврони ҷавонии нодориям дар бораи чунин сарвар, ки барои писандидаҳо ва азизони худ чунин тақсимоти боигариҳоро ташкил кардааст, чӣ фикр мекардам? Ман ҳамеша чунин меҳисобидам, ки пайравонро барои кӯшишҳои пайвастаашон ҳамеша саховатмандона инъом бояд дод. Вале дар ҳама кор худдорӣ ва таҳаммул зоҳир кардан зарур аст. Баъди сарвари олии Ҷопон шуданам, ман як аҳкомро риоя менамудам, вале дигарашро ба эътибор намегирифтам.
1. Аз рӯйи баҳогузории нависанда Китамӣ, 365 ҳазор рёи тиллоӣ тақрибан ба 150 миллион доллари ИМА баробар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё