Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
“Шикори шамшерҳо”, ки соли 1588 эълон шуда буд, ба чорабиние мубаддал гашт, ки онро ман барои таҳкими ягонагии миллат шурӯъ карда будам. Дар асри ҷангҳо ҳокимони феодалӣ, ки барои нигоҳ доштани артиши доимоамалкунанда маблағ надоштанд, аксар вақт ба сифати аскарони пиёда деҳқононро ба хизмат мегирифтанд. Ва он аскароне, ки ҷанобҳояшон шикаст мехӯрданд ё муфлис мешуданд, силоҳҳои худро пинҳон намуда, боз аз нав ба кори деҳқонӣ бармегаштанд. Ин таҷриба барои нигоҳ доштани шӯълаи пай дар пайи ҷанги дохилӣ кумак мекард.
Бо мақсади пешгирӣ кардани бозгашт ба бесарусомонӣ ва хунрезӣ, ки зиёда аз сад сол идома дошт, ман ба амалдорони худ фармон додам, ки тамоми шамшерҳо, камонҳо, найзаҳо ва мушкетҳоеро, ки дар ихтиёри деҳқонон қарор доштанд, мусодира намоянд ва ба шахсони мулкӣ доштани тамоми намудҳои силоҳро манъ кардам. Аслиҳаи мусодирашуда дубора гудохта шуда, оҳани он барои сохтмони муҷассамаи бузурги Буддо дар Киото истифода мегардид.
“Аслиҳаи шумо беҳӯда гум намешавад, – ба зердастони худ эълон кардам дар фармони худ. – Он барои эъмори муҷассамаи Бузурги Буддо истифода мешавад. Тавре мебинед, ман манфиатҳои шуморо на танҳо дар ин дунё ҳимоя мекунам, – ман тамоми корҳоро анҷом медиҳам, ки хушбахтии шуморо дар он дунё ҳам, ки дар оянда ҳамаи моро интизор аст, таъмин намоям!” Дар матни ин фармон дар байни табақаҳои низомиён ва ғайринизомиён сарҳади аниқ муайян карда шуда буд.
Дар сад соли охир нофаҳмӣ дар масъалаи мақоми иҷтимой кишварро ба майдони бузурги муҳорибаҳо мубаддал карда буд. Илова бар ин, фармони боло сиёҳкунандагони маро ба вазъияти ноҳинҷор рӯ ба рӯ кард.
Пас аз фармон дар бораи “шикори шамшерҳо”, ман фармони гузаронидани барӯйхатгирии умумии аҳолиро имзо кардам ва қонуне баровардам ва тибқи он аз деҳқонон талаб карда мешуд, ки онҳо ронинҳоро аз деҳаҳои худ берун намоянд. Ба ғайр аз ин, ман амр кардам, ки кадастри умумиҷопонии замин тартиб дода шавад. Қабл аз ин, ҳангоми гузаронидани ҳисобу китоби заминҳо меъёрҳои умумимиллӣ истифода намешуданд, бинобар ин, натиҷаҳо дақиқ намебаромаданд. Як қисмати ин барнома ба омӯзонидани сокинони кишвар ба усули якхелакунонии гузаронидани ченкунӣ бахшида шуд, ки ба туфайли он мардум имконият пайдо карданд, дар байни худ бо забони умумии иқтисодӣ сӯҳбат намоянд.
Гузашта аз ин, ман инфрасохтори кишварро таҷдиди назар карда, шабакаи самаранокии роҳҳо ва каналҳоро ташкил кардам. Беҳбудӣ дар бахши воситаҳои нақлиёт ва корҳои обёрӣ ҷараёни рушди саноатро тезонид. Барои кӯшишҳоям дар самти ба марказҳои муҳими низомӣ ва тиҷоратӣ табдил додани минтақаҳои бузурги Ҷопон, маро аз ҳама бузургтарин сохтмончӣ дар таърихи Ҷопон номиданд.
Сад ҳазор коргар дар бунёди қасри Дзюракутэй, қароргоҳи бузург ва бошукӯҳи ман, ки ба дурдонаи ансамбли меъмории Киото мубаддал гардид, кор мекарданд. Баъд аз анҷом ёфтани корҳо ман император ва тамоми аъзои оилаи ӯро ҷиҳати иштирок дар тантана, ки он панҷ рӯз идома ёфт, даъват намудам. Чунин тантана дар пойтахт зиёда аз сад сол боз баргузор нагардида буд. Тантанаи олӣ барои шаҳрнишинон, ки аксарияти онҳо аз ин пеш ҳеҷ гоҳ императори зиндаро надида буданд ва онро бути беҷисм меҳисобиданд, ҳодисаи фаромӯшношуданӣ гардид.
Ба ғайр аз ин, ман ба навъҳои гуногуни санъат шавқ доштам ва ба ҳайси ташкилкунандаи саҳнаҳои театрӣ ва маросимҳои чойнӯшӣ баромад мекардам. Дар яке аз рӯзҳо дар ҷангали санавбари Китано ман калонтарин маросими чойхӯрӣ дар дунёро баргузор намудам. Ба ҷойи он ки ба меҳмонони интихобшуда даъватномаҳо фиристода шаванд, ман дар тамоми Киото ва якчанд шаҳрҳои дигар эълонномаҳо овезон карда, тамоми хоҳишмандонро ба ин тантана даъват намудам. Дар ин чорабинии даҳрӯза ҳар касе, ки хоҳиш дошт, метавонист иштирок намояд, ба фикри ман, дар он тамоми сокинони гирду атроф ширкат варзиданд. Ман бо дасти худам аз якчанд ҳазор меҳмони дар ид иштирокдошта, ба зиёда аз ҳаштсад нафар чой омода кардам. Шумо тасаввур карда метавонед, ҳаловати он одамонеро, ки ба онҳо пуриқтидортарин шахси кишвар хизмат расонидааст.
Баъзеҳо маро барои гузаронидани ин чорабиниҳо мазаммат карда, ба исрофкорӣ гунаҳкор намуданд. Вале ин мунаққидон фаромӯш карда буданд, ки се насли гузаштаи ҳамватанонамон азобу уқубати ҷангҳои асрро паси сар кардаанд, зеро он вақт дар бораи сулҳ танҳо орзу кардан мумкин буд. Ба андешаи ман, барқарор намудани фазои хушу хурсандӣ дар ҳаёти ҷомеа, дар раванди эҳёсозии миллат саҳми муҳим гузошт ва барои сокинони тамоми кишвар аломати он гардид, ки ниҳоят замони бесарусомонӣ ба охир расид.
Ҳамчунин, дар ҳамон солҳо ман ислоҳоти пулиро баргузор намудам ва ба тиҷорати одамон, ба ин тиҷорати нафратангезе, ки ба он дар ҷануби Ҷопон капитанҳои киштиҳои португалӣ бо ризоияти пинҳонии мубаллиғони иезуитӣ машғул буданд, хотима додам.
Бо ин навовариҳое, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҷорӣ кардаам, аз ғалабаҳои ҳарбӣ дида, бештар ифтихор мекунам.
Идора кардани давлат назар ба ҷангидан, душвортар аст.
Бо вуҷуди он ки дар сурати зарур будан ман ҳеҷ гоҳ аз буридани якчанд сар канорагирӣ накардаам, аз вайрон кардан дида, бунёд намудан бароям бештар маъқул буд!
Ман мутмаинам: бо гузашти солҳои зиёд муаррихон ба чунин қарор хоҳанд омад, ки амалҳои ман дар гузоштани заминаи давлати муосири Ҷопон кумак карданд.
Баъзе ҳокимон танҳо дар бораи фатҳи кишварҳои нав фикр мекунанд ва ба ниёзмандиҳои халқи худ беэътиноӣ менамоянд. Ман боварӣ ҳосил кардам, ки маблағгузорӣ ба рушди ҷомеа аз ҳама гуна ҷанг фоидаи бештар меорад.
Сарварони масъул бояд “асрори судмандӣ”: қарзи худро дар назди ҷомеа адо намоедро, татбиқ намоянд.
Монеаҳои ноаёни ҳокимият То соли 1590 ман ҳокими Ҷопон шудам. Ҳокимияти ман, ки аз ҷониби худи император тасдиқ карда шудааст, аз як кишвари галаҷазира то дигараш васеъ гардида буд.
Ниҳоят ба ман амалӣ гардонидани орзуи дерина муяссар гардид: ман кишварро муттаҳид сохтам. Ба ивази ҷангҳо ва хунрезиҳои беохир ислоҳоти ҷамъиятӣ омаданд. Аз ин лаҳза сар карда, рӯзҳои ман нисбатан ором сипарӣ мешуданд.
Вале бо мурури тақвият гирифтани ҳокимият сарварон хоксориашонро гум мекунанд. Вақте шумо ба мақсадатон ноил мегардед ва барои ба пеш рафтан ба шумо ҷанг кардан зарур нест, шумо метавонед он чизи зарурие, ки барои он мубориза бурда будед, аз мадди назар гум кунед.
“Ҳокимият фосиқ мекунад – ин одоби муошират мебошад, ки онро бо осонӣ талаффуз кардан мумкин аст, зеро на ба ҳар кас муяссар мегардад, ки васвасаи ширини ҳокимияти беҳудудро бевосита худаш чашад. Вале оё шумо, хонандагони гиромӣ, дар сурати дода шудан ба эҳсосоти мастӣ ва афзалияти беҳудуд, метавонед ҷӯшу хурӯши на он қадар баландро фурӯ нишонед ва аз роҳи дуруст берун наравед? Дар ниҳояти кор, тавре мегӯянд, аз қисмат ҷойи гурез нест, ман низ аз ин роҳ берун рафтам ва чун рӯзҳои умрам кам мондаанд, суханҳои охирини худро барои огоҳ кардани Шумо дар бораи монеаҳои ноаёни ҳокимият, истифода мебарам.
ОГОҲӢ БА САРВАРОН Ривоятҳо дар бораи комёбиҳо ба шахс илҳом мебахшанд, аммо муваффақият аксар вақт аз вазъият вобаста мебошад. Нокомӣ бошад, қодир аст ба ҳамаи мо дарси ибрат нишон диҳад. Сарварони самаровар вазифадоранд бо сипосгузории тамом ҳам комёбӣ ва ҳам нокомиро қабул намоянд ва кӯшиш намоянд аз онҳо ба худ дарсҳои арзишманд бигиранд!
Чиз ё амали барзиёдро ба худ раво набинед Доштани имконияти анҷом додани ҳама гуна коре, ки дилат мехоҳад, ҳавасангез аст, вале ман дар таҷрибаи худ боварӣ ҳосил кардам, ки чашм пӯшонидан ба нозунузҳои зиёд на хушбахтӣ, балки бадбахтӣ меорад.
Дар айёми ҷавонӣ ман худро аз ҳақам маҳрумшуда мешуморидам. Тақдир ба ман тани бемадор ва башараи бадафт ҳадя намуд – маҳз бо ҳамин сабаб лақаби тағйирнопазири ман пайдо шуд. Ман ҳамеша мехостам ба занҳо маъқул шавам, вале қариб ҳамаи онҳо маро хунукрӯй меҳисобиданд. Аммо бадии кор боз дар он буд, ки ман аз деҳа будам ва ягон касбе надоштам, ки дар таъмин намудани зиндагии арзанда кумак расонад, бинобар ин, аксар вақт аз ҳад зиёд ниёзманд будам. Одати назорат бурдан аз болои он ки пайравонам ҳамеша сер бошанд, маҳз ба он хотир аст, ки ман бахубӣ медонам авзои одамонеро, ки якчанд рӯз ҳатто як пиёла биринҷро надидаанд!
Агарчӣ бо гузашти айём дар мавриди камбудиҳои худ ғам намехӯрдам ва ҳатто аз онҳо суд бардоштанро ёд гирифта будам, ман ҳеҷ гоҳ натавонистам чигунагии ҳиссиёти одамро бе ғизо, бе сарпаноҳ ва пули сиёҳе дар ҷайб фаромӯш созам. Дар ниҳояти кор, баъди аз ҳама пуриқтидортарин одами Ҷопон гаштанам, ба баровардани қусури вақти аздастрафта шурӯъ кардам. Ман аллакай соҳиби зани зебо будам, вале мехостам бисёртар дошта бошам, – ниҳоят зиёд бошад. На танҳо як зан, балки як ҳарамсарои бузург. Барои он ки шумо тасаввур карда тавонед, ки то чӣ андоза ман дар ин самт ба комёбиҳо ноил гаштам, таваҷҷӯҳ намоед: як замоне танҳо дар қалъаи Осакои ман сесад канизак зиндагӣ мекарданд.
Ин рафтори ман як узри сафедкунанда дорад. Ман ҳамсари худ, Нэнэро ниҳоят дӯст медоштам, аммо вай наметавонист соҳиби фарзанд шавад. Тағйирёбии рафти ҳодисаҳо баъд аз марги Нобунага ба таври возеҳ ба ман нишон дод, ки вақте сарвар вориси комилҳуқуқ надошта бошад, чӣ бесарусомониҳое ба миён меоянд. Бинобар ин, барои ман баъд аз сари худ мондани писар ниҳоят муҳим буд, то ки идораи киштии давлатиро ба вай бовар намоям.
Маҳз ба ҳамин хотир, ин қадар канизакҳо нигоҳ дошта мешуданд. Ба намояндагони дигар фарҳангҳо ин амал метавонад аҷоиб намояд, аммо Нэнэ ба баъзе аз маъшуқаҳои ман ба мисли модар муносибат мекард ва онҳоро он қадар дӯст медошт, ки гӯё духтарони худаш бошанд.
Воқеан, агар то охир ростгӯй бимонем, сабаби асосие, ки ба хотири он ман сесад канизак ё маъшуқаро дар қалъа нигоҳ медоштам, аз он иборат буд, ки дар мақоми доштаам, ман метавонистам инро ба худ раво бинам.
Ба мисли писарбачае бо киссаҳои пур аз тангаҳо, ки ба мағозаи шириниҳо ҳозир шудааст, ман ба исрофкории аз ҳад зиёд дода шудам, ки баъзан барои ман оқибатҳои фалокатовар доштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё