МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА

МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА ё худ тафсири ишқи гулдухтар ва гулписар
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 14 саҳифа
Андактар, баъди фурў нишастани ғубори ҳаяҷон ва мўътадил шудани таппиши дил китоби забони русӣ дар даст, пилевида, хонаи Танноза омадам ва саҳл кебида, бо нўки калид дарро тиқ-тиқ задам. Ба пешвозам Маҳбуба баромад ва маро дидан ҳамон, маҷоли гапзанӣ надода, гуфт: — Таннозахон нестанд. Он кас дар ошхона...
Маълум, ки Танноза навбатдор будаасту камаш то соати дувоздаҳи шаб ба пухтупаз, руфтурўб ва шустушўй овора мешудааст. То ҳадди имкон худро ғамолуд нишон дода, бо чеҳраи пурчин, ба ошхона омадам ва бо овози ҳазин гуфтам: — Тарҷума нимкола монд, Танноза... Пагоҳ аз афташ, якта дуи каллакалон мегирам.' — Зиқ нашавед, Азизуф! — Танноза бепарвоёна бо нуки кафгир аз рўи дег андаке обу биринҷ гирифта, намаки ош ва сахтию мулоими донашро санҷиду пурноз табассуме кард.— Асло зиқ нашавед, Азизуф, кори саркардаи ман ҳеҷ вақт чала намемонад! Аввал оша хўрем, баъд ягон илоҷ меёбем... Равед, дастам холӣ шавад, худам фарёд мекунам...
Танноза бо як даҳан гапи нағз, бо як ишораи абрў ба аспи оташнаъл саворам кард.
Аз хурсандӣ мисли гули шоҳаншоҳӣ варақ-варақ шукуфта, як байти шодмониро бо оҳанги рубоёти мастчоҳӣ гаштаю баргашта замзама мекардам: Ин бега чӣ бега аст, ки ваъдам додӣ, Поҳом ба замин намерасад ай шодӣ!
Ёре...е...е...
Вақте ки соат ба вақти Душанбе аз ёздаҳи шаб якуним ваҷаб гузашт, дарстайёркунии мо бетантана оғоз ёфт. Азбаски аллакай кулли студентон ғарқи хоби ноз буданду дар хонаи мо низ ҳамаи шербачаҳо пасту баланд хуррок мекашиданд, ноилоҷ ғуслхонаро ба қироатхона табдил додем.
Танксза ба суфачаи тиреза нишасту пойҳояшро кашол карда, китоб ба даст гирифт.
Ман дар паҳлўи чапи вай рост истода, бо як даст ба девор такья карда, оринҷи дасти дигар болои рони ў гузоштам ва бо тамоми ҳастӣ даҳони танги тунгашро нигаристам, «Муаллима» саросема нашуда, ҷумлаи авваларо ба овози ҷарангос қироат кард. Баъд маънояшро нукта ба нукта фаҳмонд. Сонй фармуд, ки онро бо овози: баланд хонам. Забонам, ки намегашт, аксар калимаҳоро нодуруст талаффуз кардам. Шояд азҳамин сабаб бошад, ки шўълаи шавқи Танноза хирасўз шуду «танаффуси мусиқӣ» эълон кард ва китобро кўрпача карду болояш нишаст.
Чашмони хоболудашро базўр кушода, хамёзаи дурмадарозе кашиду беибо китфам сар монд ва хаёломез гуфт: — Имрўз хуб интиресни шуд-а?
— Ҳа-а... Аҷаб коре шуд.....
— Баъди рафтани ман Шароф чӣ гуфт?
— Ҳазор бор узр пурсид! — ҷавоб гардондам зарбулмасали «дурўғи маслиҳатомез- беҳ аз рости фитнаангез»-ро ба ёд оварда..
— Шумо чӣ гуфтед?
— «Мемурӣ тақ-тақ кунӣ!» гуфта хеле сиёсат кардам.....
— Вай чӣ гуфт?
— «Магар одам дари хонаи худашро тақ-тақ мекунад?» гуфт. Боз гуфт, ки «дарро аз дарун қулф карда шиштан даркор буд!» —- Гапаш правильна! Э, Азизуф, равед, кручоки дари умивалника маҳкам кунед!
Мабодо ягон кас ояд, боз пазор мешем...
Амри Таннозаро иҷро карда, саволомез сўяш нигаристам.
— Шинед!
Ба паҳлўяш нишаста, боз сўяш саволомез нигаристам.
— Гап занед, Азизуф...
— Чӣ гўям?
— Ҳар чӣ ки хоҳед. Масалан, гўед, ки ҳоли ҳозир дар бораи ман чӣ ақида доред?
Аҷаб саволи дандоншикан! Чӣ гўям?
Дафтари хаёлот худ аз худ варақгардон шуд.
Бо як нигоҳ дил бохтан, бо як сухан ояти ишқ бофтан, шармидану лағжидан ва ранҷидану бахшиданҳоям турнақатор аз мадди назар бигзашт... Ва агар ҳамаи инро ба як паллаи тарозуи бобоӣ ва меваи сармозадаи ишқи аввали маро ба паллаи дигар гузорем, баробарвазнӣ ба амал меояд. Ҳатто, шояд, паллаи дуюм вазнинтар ҳам шавад. Зеро ошиқро ҳамеша чашмаш кўр аст ва аз ин рў, ошаш шўр аст.
— Агар дар ҳаққи шумо ақидаи бад медоштам, магар ин ҷо менишастам?
— Ҳу шайтон-э! Аз ҷавоби руирост мегузарезед-а! Росташро гўед,, ба фикри шумо ман духтари нағз ё ганда?
Танноза калимаи охирро лакнатдор талаффуз кард. Аз афташ,. чизи дигар гуфтан мехосту сари вақт забонашро дошт.
— Ақидаи ҳар кас-ҳар хел... Масалан, Восид...
—) Ман ба мнени дигаро интересават намекунам. Лична мнени шуморо донистан мехоҳам. Росташро гўед! Намеранҷам. Чесни комсомолски, ба Худо!
— Каллаи ман давоми гардани худам аст.
— Ин чӣ гуфтагиатон?
— Ман ҳам ба гапи мардум кор надорам. Ақидаам дар ҳаққи шумо—нағз... Чунки шуморо... туро... нағз мебинам...
— Неужели?
Шумо чӣ хел доказат мекунед, ки мана нағз мебинед?
Боз саволи миёншикан. Воқеан, ишқу муҳаббатро чӣ хел исбот мекунанд?
Ба пеши пои маҳбуба сар мондан... Чанги домон бо мижгон рўфтан... Моҳу ситора, тамоми олам ё лоақал Самарқанду Бухороро бахшидан. Не, пеш вақт, дар қадимулайём чунин буд. Ҳоло чӣ?
Танноза чӣ мехоҳад?
Илтиҷоомез сўяш нигаристам.
— Фаҳмидам! — зангўласон хандид Танноза.— Фаҳмидам, ки дар ин ҷо исбот карда наметавонед. Рафтем ба хонаи мо! ..
— Он ҷо... духтарҳо...
— Парво накунед, онҳо одат кардагӣ. Як ман не, дигарҳо ҳам шабу нимшаб любовь крутит мекунанд. Имшаб — навбати ман!
Даст бар сар задам. Худоё, ба тоҷиқдухтарони мо чӣ шудааст?
Дар деҳа, назди падару модар ва хешу ақрабо ҳар кадоме олиҳаи сарбамўҳранд. Аз хати кашидаи волидон ними нохун берун намебароянд. Фақат бо ишораи дасту сар салому алейк мекунанд. Фонди луғавиашон асосан аз ду калима «ҳа» ва «не» иборат аст. Онҳо бо овози баланд намеханданд — ин айб аст, фақат бо нозу адои хосса табассум мекунанд. Атру ғоза, сурхию сиёҳиро тамоман истифода намебаранд — ин ҳам айб аст. Фақат бо ҷурғот сар мешўянду ҷудо агар ҳиммат кунанд, ба даст ҳино монда, гоҳ-гоҳе усма мекашанд — ин ҳам бо иҷозаи модар. Аз равғанҳои молиданӣ фақат вазелинро истифода мебаранд, то дастони меҳнатиашон дар аснои алафдаравӣ, ҳосилғундорӣ ва пахтачинӣ торс торс накафад... Онҳо шабу рўз поҷомаи дароз мепўшанд, зеро волидон таъкид кардаанд:буҷулаки пои духтарро марди номаҳрам набояд бинад! Онҳо баҳору тобистон куртаи доманвасеъ ва остинфарох мепўшанд, зеро волидон таъкид кардаанд, бозувони духтарро марди номаҳрам набояд бинад...
Оре, дар деҳот қонунҳои нонавишта то ҳол решаҳои бақувват доранд. Аммо дар шаҳр... Дар шаҳр чӣ бисёр?
Кино бисёр, видео бисёр... Пушти ҳар дарахте, болои ҳар хараке ошиқу маъшуқаи бешарму ҳаё бисёр... Аммо чашми назоратгар тамоман камёфт аст. Ин ҷо дидаи борикбини модар нест, теғи нигоҳи падар нест...
ва духтари деҳотӣ дар шаҳр чун мурғи аз қафас раста, худро сабукпар ҳис мекунад, аз нашъаи озодӣ сармаст мешавад, майли хотир ҳар сў парвоз мекунад. Волидони пушти кўҳу ағба аз ин ҳол хабар надоранд... Зеро солҳои сол ба онҳо гаштаю баргашта таъкид кардаанд, ки барои бача мактаб хонаи дуюм аст, аз ин рў онҳо бо дили пур изни духтари хеш ба дасти омўзгори мактаби олӣ месупоранд. Онҳо аз куҷо донанд, ки ин омўзгор фақат лекцияхониро медонаду маошу имтиҳонгириро.
Дигар вақт вай бо оилаи худ саргардон аст, то метавонад духтари худро чун гавҳари чашм нигоҳбонӣ мекунад. Ва агар аввалин имконият даст диҳад, ягон гўлдухтари деҳотӣ — шогирди худро маъшуқа мехонад...
Маҳбуба — ҳамхонаи Танноза аз ҳамин тоифа аст. Вай се-чор моҳи аввали таҳсил роҳгардии худро гум накард, одмиёна либос мепўшид, ба ҷавонҳои шўху шаттоҳ рўи хуш намедод. Баъд ба духтарони шаҳрӣ тақлид карду пойҷомаро дур афканд.
Ба лабонаш сурхӣ молид. Чашму мижгон сурмасиёҳ кард. Боми чашм нилобӣ намуд. Вақте ки имтиҳонот оғоз ёфт, аз санҷиши нахустин нагузашт. Ҳамон рўз аз назди муаллим Воҳидзода гирён баромад. Аммо баъди се рўз чеҳрахандон дидамаш: ҳамроҳи Воҳидзода бо табъи хуш ба ресторан даромаданд. Баъди ин Восид онҳоро дар чорбоғ нўлбанўл дидааст... Худи Маҳбуба низ бо Воҳидзода муносибати маҳрамона доштанашро аз дигарон пинҳон намедошт. Ҳатто фахр мекард. Миёнҷй шуда. ба се-чор кас баҳои хуб ҳам рўёнд... -: Кадом рўз Маҳбуба ҷинсипўш омад. Мўди охиринаш — «Техас», чандин кисаю кисача; занҷирчаҳо, нишону тугмаҳои фирмавӣ дорад. Духтарон- ба роҳгардию савлати вай бо ҳасад нигариста, зери лаб мегуфтанд, ки онро Воҳидзода тўҳфа кардааст. Баъд миш-миш шуд, ки Маҳбуба бо чор афғонбача шабро дар як хона рўз карда, ҷинсӣ «мукофот» гирифтааст.
Маро чизи дигаре ба ҳайрат гузошт: Маҳбуба ба гапу калочаи мардум заррае эътибор намедод. Балкӣ «Духтарони Аврупо бонуҳои Амрико ҳар чӣ хоҳанд — мекунанд, ҳар чӣ хоҳанд —-мепўшанд, мо аз- онҳо чӣ камӣ дорем?» гуён гапгузаронӣ мекард...
Аз афташ, Танноза низ духтарони- амрикоиро бо як нўл заданист. Ватарна маро нимишабӣ ба хонааш даъват намекард!
Танноза аз оринҷам кашида, маро аз бандихаёлоти гаронбор халос кард.
- Рафтем, азизамл.
— Вазифаи хонагӣ чӣ -мешавэд?
Пагоҳ ба: муаллимаи забони русй чӣ ҷавоб мёдиҳам?
— Пагоҳ дарси русӣ намешавад,-оромона ҷавоб гардонд Танноза.— Муаллима якмоҳа ба курс павишени меравад. Рафтем!
- Инчӣ-хел мешавад?
Беҳтараш...ҳамин ҷо... дарс... -— Э монед-е, Азизуф! Тоза ҳам лапашан будед-ку! Хайр, ман рафтам.
— Хайр.' Танноза дилкашол'рафт.
Ман дилхиҷил мондам.
Рўзи дигар нимӣ гапи Танноза ҳақ баромад: ҳақиқатан ҳам Зарофат Шокировна ба машғулият наомад. Лекин дарс шуд. Як муаллимбачаи қоматбаланди хушбуруте баъди саломуалейк маълум кард, ки азин пас моро аз ҳаллоҷӣ мегузаронад.
Ҳоҷиев низ мисли аксар муаллимони ҷавони мактабҳои оли духтарпараст, бо ибораи халқӣ гўем — «наркуши модапарвар» будааст: сар то пои ҳар кадоми духтарро чорчашма мўлоҳиза карда, онҳоро ба ҷону ҳолашон намонда, ба паҳлўи худ мешинонду китобу газета хононда, якояк-бо нимовоз сўҳбат меорост. Ана ҳамин хел ин шаввоз соати дарсро ба охир расонду набурдаю наоварда чунин хулоса баровард: — Дар байнатон Маҳбубахон аз ҳама зўри зўр будааст. Маладес! Баҳояш — «аъло»!
Лекин дониши дигарон ун қадар маза надорад...
Аз ин баҳои ғайричашмдошт ҳама ҳайрон шуданд. Ҷони Танноза, қи қаблан гули сари сабади курс, беҳтарин донандаи забони русӣ ҳисоб меёфт, ба лаб омад ва тоқат карда натавониста, луқма партофт: — Ҳусни расо баҳоя «аъло» гирифт!
Азбаски ин пичинг дар таркиби худ аз танқид дида, бештар таъриф дошт, Маҳбуба ғоз барин сар кашида, қаду қомати расо ва баёзи гардани зебояшро бори дигар ба мо, не, аниқтараш — ба Ҳоҷиев намоиш дод. Аз ин амал ҷигари гарми Танноза бештар аланга гирифт: — Ба ҳоли ин хел «аълочӣ» мебояд гирист...
— Ҳа, Таннозахон! Ба шумо чӣ шуд ҳаминтованда?— Маҳбубаи баландпарвоз аз боло сўи Танноза нимнигоҳе афканда, бо тамоми. ваҷоҳати худ маълум намуд, ки ба гардондани ҳуҷуми ҳама гуна нотавонбинҳо ҳозир ва қодир аст.— Чаро булбулакатон ин қадар базавқ мехонад?
— Булбулаки ман беадолатиро чашми дидан надорад...
— Чи хел беадолатӣ, бону?
Дурусттар гап занед-чӣ?
Гулхани баҳси дугонаҳои ҷонӣ торафт баландтар забона мезад. Вале ҳамкурсон парвои сўхтор надоштанду худро ба нодонй зада, хапу дам, машғули кору боре менишастанд ва чӣ тавр анҷом ёфтани машмашаро пурсаброна интизорӣ мекашиданд: кӣ ғолиб мебарояд ба онҳо фарқе надошт...
Тоқатам тоқ гардиду сўхтори калонро пешгирӣ карданӣ шуда, хостам ба оташи ҷаҳли Танноза об резам: — Танноза, ҷанҷол лозим не... Ҳар дуятон дугона, ҳамхона... Нағз намешавад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё