МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА

МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА ё худ тафсири ишқи гулдухтар ва гулписар
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 14 саҳифа
Танноза пештар «ҷонам» гуфта, ба мағзи ҷонам ҷой гирифта буд. Ин дафъа низ тираш бехато ба нишон расид: «азизам» гуфта, аз сари нав бароям инсони аз ҳамам азизтарин шуд! Ҳол он ки чандсад соат пеш, азбаски бо ман наменишасту намегуфту намехандид, аз дидори номуборакаш дил барканда будаму «Рўи падарат сиё, ки аз ман гаштӣ!» гўён сахт таънаю мазамматаш мекардам ва агар мабодо номашро талаффўз карда монам, тезҳол бо кароҳат даҳон ва забон мешустам. Лек ҳоло... Вай маро «Азизам» гуфту замин ларзид ва ҳамон олиҳаи бахт, ки чанде пеш маро ҷуфтлагад зада, чорхеззанон гурехта буд, аз нав намудор гардид ва ин карат маро танг ба оғўш гирифт.
Танноза маро пайваста ба хўрдану нўшидан муроот мекард. Вале ман хоҳони лату лут не, балки ташнаю гуруснаи дидор ва гуфтори Танноза будам. Аз ин рў, бе ягон гапу ҳарф дар паҳлўяш нишаста, тамоми вуҷудамро ба дурбини Синдбоди дарёгард табдил дода, сар то пои ёри навошноро гаштаю баргашта аз назар мегузарондам. Вай таи чанд моҳи охир анча тағйир ёфта, лоғарандому андаке солор ва сабзинаранг менамуд. Ҳар ҷо-ҳар ҷои рўяш хол-хол доначаҳои сурхчатоб пайдо шуда буд. Аммо, хушбахтона, гули чеҳрааш зайли аввала таровати тозае дошту абрўи сурмасиёҳашро ҳақиқатан ҳам зебанда чину барчин карда буд...
Чун баҳри нигоҳи чашмони мо ба ҳам бархўрд, аз вуҷудам гўё ҷараёни пуршиддати электрикӣ гузашту дар як мижазанӣ меҳри қадимӣ эҳё шуд. Бо забони безабони рубоии зеринро тараннум кардам: Гунҷишки заифи туам, эй мояи ноз, Афтода ба доми ту бо сад аҷзу ниёз.
Ҳарчанд ки мегузориам ришта дароз, Чун даста ба дасти туст, меоям боз...
Бо забони безабонӣ шеър мехондаму Танноза лаҳзае ором нагирифта, беист ҷоғ мезад. Лекин ягон калима гапаш ба гўшам намедаромад. Зеро ҳис карда мешуд, ки вай гоҳ аз боғу гоҳ аз роғ сохтакорона ҳарф мезанад. Бале, сох-та-ко-ро-на! Чаро?
Барои он ки баъди ҳамин қадар дилхунукию ҷудоиҳо мо оштӣ нею балки фақат ҳамгап шуда будем. Яъне, дар байни мо ҳанўз ҳам ҷарии бетаг вуҷуд дошту ба воситаи пулаки ларзоне беҷуръатона равуо мекардем. Ва ҳоло вақти он расида буд, ки ҳисси бегонагиро тамоман аз байн бардорем. Бо чунин мулоҳиза оҳиста ба сари мақсад омадам: — Якта ошча намепазед, Таннозахон?
— Ошу гап! Агар ҷазманд бошед, дукаса дар як зум мепазем. Гўшту сабзии ман ҳамеша тайёр...
— Дукаса не... худатон пазед... Порина аз зиёфати шумо сер нашуда будам...
— Та-ак,— Танноза мазмуни кинояро дарҳол фаҳмид.— Оббо Азизуфҷоне! Шумо ҳоло ҳам аз ман хафа-а?
— Ин нағз не, Азизуфҷон, хафагиро аз дил бароварда партоед. Бад кардам-тавба кардам!
«Забон нарм шавад — дил гарм мешавад» гуфтагӣ барин яхпораи қалби сардгаштаи ман чак-чак ба об, шавӣ сар шуд. Ва аҷаб коре шуд: гарчанде медонистам, ки дили Танноза санг асту меҳр бар он гоҳ-гоҳе метобад, бо вуҷуди ин, лаззати авфро аз интиқом беҳтар шуморидам.
— Осуда бошед, Танноза! — гуфтам бо овози нимларзон.— Одамҳои оқилу доно, «ҷавонӣ бе хатоӣ намешавад!» гуфтаанд.
— Яъне, что было—что было, а?
— боғ-боғ шукуфт Танноза.— «Ба гузашта-салавот», а?
— Ҳа, ба гузашта-салавот...
Ана оштӣ ҳам шудем! Мисли шахсе ки сад ҳазор сўми гумкардаашро ёфтааст, аз шодӣ ба куртаи васеи хонапўшиам намеғунҷидам. Аз насими навбедор маро шамъи ҳаё мурду хирад коҳид. Якуякбора оташи эҳсос фурўзон гардиду ҷунун афзуд. Бо чашмони шарарафкан аз ҷой хеста, дастакони сап-сафеди оҳарии Таннозаро байни панҷаҳоям нармакак фишурдам. Аз тарзи исту нигоҳу ваҷоҳати духтар аён буд, ки вай низ ба бўсобўс тайёр, ҳатто умедвор аст. Рўи Таннозаро ҷониби торикӣ гардондам ва... яке чашмам ба сурати рангаи дар девор овезони Исо Маънавӣ афтод...
Мадорам хушк шуд. Бинои шавқ хароб гардид. Гар чи дил аз ҳаваси гуноҳ пур буд, ба лабам калимаи -«Тавба» қатор омад... «Исо фаҳмад, чи мешавад?
Боз ёронашро ҷамъ карда ба сари ман меорад?» — Ҳо, Азизуф! Ба шумо чӣ шуд?
— мулоимхунукона хандид Танноза.—Тарсидед?
— Аз кӣ?
— Аз янгашка... Аз Назокати назарбаланд...
— Ҳа-ҳа-ҳа... Ана гап-у... О вай ба ман хоҳарак мешад-а!
— Э монед-э! Ман шумо — мардакҳоро очен харашо знаю: аввали шиносшавӣ «ҳамшаҳрӣ», «шогирд», «хоҳарак» гўён то тавонистан худро ба духтарҳо ҷафс мегиред. Аммо патом, вақте ки лаъл ба даст омад, «ҳамшаҳрӣ» — ҳамхона мешаваду «шогирд»— очаи бачаҳо ва «хоҳарак»»—занак...
— Ман аз ин қабил одамҳо не...
— Ин қадар мусичаи уволак нашавед, Азизуф! Не нада! Исо ҳам аввалҳо маро фақат «шогирд» мегуфт. Ҳоло бошад...
Тамоман ғайричашмдошти ман, Танноза яке ба гиря даромад. Сурати рангаи Исоро аз девор канда, порапора намуд.
— Ин падарлаънат яку ним сол любов крутит карда, каллама гаранг кард. Даже шоира шуда, шеър ҳам навиштам... Ну что?
Оқибат чӣ шуд?
Ҳеҷ чӣ, на шоира шудаму, на келини вазир...
— Чӣ??
— Исо ба ман изменят кард! — Танноза боз ҷилави гиряро сар дод. Ва ба духтараки бечора дилам сўхт...
Эҳ, Танноза! Таннозаи берўзӣ.. Чӣ орзую нақшаҳо доштӣ... Ақлат, ки дар чашмат буд, худро келини вазир, маликаи саробўстони дилпазир, савори мошинҳои беназир, оростаи тиллои холису зару зевари нодир тасаввур мекардӣ... Лек афсўс, ки ҳамаи орзуҳояш сароб будааст, бо айби як нохалаф дар ним нафас бухор шуду нопадид гардид...
Ҳа, Исо, туро фиреб дод... Ин шоирчаи гандамағз пару болатро шикаст... Ҳам рўятро, ҳам рўзатро сиёҳ кард... Сад ҳайф! Ҳайфи ту...
Аслан, ҳамааш айби худат! Агар аз аввал ба марҷони сеҳазорсўма ғарра шуда, ишқи камбағалонаи маро пешпой намезадӣ, агар аз аввал ба гапи хушу ваъдаҳои хушки Исо фирефта нашуда, вазни тарозуатро нигоҳ медоштӣ, агар дар пайроҳаи лағжонаки ишқу муҳаббат на сабукборона, балки хирадмандона қадам мениҳодӣ— шояд кор то ба ба ин дараҷаи пастӣ намерасид...
Эҳ, Танноза! Бехабар аз он, ки Исо даъвои нони қоқ дорад, бодро ба дом гирифтанӣ шудӣ! Лекин... магар аз гови нар бо сад ҳазор ҷидду ҷаҳд шир ҷўшидан мумкин аст?
"Не, Танноза... Яъне ки ҳамааш айби худат шуд! Фақат худат гунаҳкорӣ...
Тавба! Ман чиҳо мегўям?
Чаро духтараки паршикастаи дилкўрро бо. ҷувози сухан саркўб мекунам?
Оё ин рафтори. ҷавонмарди асил аст?
На! Ин ҷентельменӣ не, балки пастию ҳақирист!. Дар чунин лаҳзаи сахт. Таннозаро сарзаниш кардан, ўро бо санги таънаю маломат кўфтан-номардист! Бобои Рўдакӣ гуфтааст-ку: Мардӣ набувад фитодаро пой задан, Гар дасти фитодае бигирӣ-мардӣ!
...Сари хамгаштаи Таннозаро оҳиста боло бардошта, мўи; анбаринашро маҳин сила кардам ва дар дил «Ирҳам-турҳам». гуфтам... Ин мақоли арабист. Яъне: раҳм кунӣ раҳм мебинӣ..
Ҳамин хел ҳам шуд: Танноза нами чашмони шаҳлояшро бо пушти даст пок карду гиряолуд хандид. Баъд рў ба рўям нўкипо истода, бо як чолокии ҳайратангез дастонӣ нозукашро ба гардани на он қадар ғафси ман ҳалқа андохт. Аввал аз ду рухсораам гармакак бўсид. Баъд лаб ба лаб ниҳод. Мебўсиду «Азизуфҷон! Мурам ба шумо» мегуфт. Гиряолуд механдиду боз мебўсид ва «Шумовӣ-мурам, Азизуфҷон!» мегуфт...
Агар ошиқ дубора ошиқ шавад, аҷаб шўху густох мешудааст! Пагоҳӣ, ҳанўз дарс сар нашуда, ручкаи Шоҳвалӣро оҳиста дуздидаму ба сумкаи Шароф андохтам: ;Муаллим наомада пештар Шоҳвалӣ бесаранҷом шуд: — Бачаҳо! Ручкаи маро ки гирифт?
Ҳама ҷим, машғули кори худ буданд.
— Ҳар кӣ гирифта бошад, ба нағзӣ гардонда диҳад! Вагарна..
.. Дўғи Шоҳвалӣ ба ягон кас дупула таъсир накард. Дидам, ки пайташ омад, ба оташи ҷаҳли вай равған рехтам: -Ҳар-касе ручкаи Шоҳвалиро гирифта бошад, диҳад! Агар не, ковак-ковак мекунем!
— Ков-ковак! Ков-ковак!! — берабт нидо карданд ҳамкурсон. Давоми ҳодисаро аллакай медонед: ҳарифони дерина мисли ду бедона дарҳол ба кашуфархаш даромаданду нисфи дарс исқот шуд...
Дар танаффус Шароф ба тарзи дигар аз ман қасос гирифтанӣ шуд. Аз кисааш расми рангаеро бароварду бо овози сурнаймонанди худ писаронро фарёд кард: — Ин сў нигоҳ кунед, бачаҳо! — вай расмро болои сар бардошт.—Ана ҳамин шаш духтарак — шаш ҳамсинфи ман. Худамон барин студент, дар шаш мактаби олии шаҳр мехонанд. Лекин... ҳамаашон бесоҳиб. Яктоӣ хуш кунед, худам миёнчӣ мешавам!
Писарҳо баробар -Ку бинем! — гўён тарафи Шароф тохтанд ва суратро аз даст ба даст гузаронда, ҳар кадоме духтареро интихоб карданд. Ман, албатта, аз ҷои худ наҷунбидам. Вале ин шасти Шарофро гардонда натавонист.
— Ҳой ҷўраҳо! О шумо чӣ кор кардед?
— Шароф дили маро лав-лав сўзонданӣ шуда, аввал бардурўғ тааҷҷуб карду баъд кинояи коғазпече сўям ҳаво дод: — О ба Азизуф духтар намондед-ку! Мебахшӣ, Каримчик: ба ту ягон духтари очаш мучӣ накарда ёфтанӣ будам нашуд-дия...
— Худат маро мебахшӣ, Шарофча! — маънии кинояи ўро дафъатан фаҳмида, зуд ба ҳуҷум гузаштам,— Медонӣ, ман аз ҷои худ нахеста, як духтараки очаш мучи нокардаро интихоб кардам!
— Наход?
— ин дафъа Ҳамдам ростинчак ба тааҷҷуб афтод ва суратро бори дигар боло бардошта, пурсид: — Ку бигў, кадомашро хуш кардӣ?
Дар байн будагиашро?
— Не. Ҳу ана ваяшро...
Аксарият, ки баробар маро менигаристанд, якбора баланд хандида чапак ҳам заданд. Зеро, ман бо ангушти ишоратӣ расмро не, балки... Таннозаро нишон медодам!
Аммо Шароф ҳам суст наомад. Мад кашида: «Шинохтани хар—шўраю янтоқ» гуфт.
Аз ин гап фақат Маҳбуба ба ваҷд омад ва «яку нол» гуфта, каф ба ҳам кўфт. Ростӣ гап, чунин зарбаи ногаҳониро ҳеҷ умедвор набудам. Хун ба сарам зад. Лекин Танноза зуд аз оринҷам дошт.
— Не нада, Азизуф! — гуфт вай бо як тамкини ҳайратангез.
— Бо ҳар нокас баробар нашавед.
Бо табъи хира китобу дафтарҳоро ғундошта, бо имои чашм Таннозаро ба рафтан даъват кардам.
— Ҳой гурезпочакҳо! — овоз баланд кард сардори синф Восид.— Дарсро партофта, куҷо меравед?
- Ба ЗАГС!
-Ин гапи нимшўхию нимҷиддӣ боз ба аксарият маъқул шуд. Баъзеҳо «роҳи сафед» талабиданд, баъзеҳо «бахти сафед»...
Мо, албатта, барои қайди никоҳ ба идораи ЗАГС нарафтем. Балки аввал ба ресторани «Ғалаба» рафта, комҳоро ширин карда, баъд ҳамроҳ ба хобгоҳ омадем.
«Пойгаҳи хилват — гурбаро давлат» гуфтаанд. Агар ин маталро ба ман барин ду-се карат дилдодаҳо нисбат диҳем «Хонаи хилват-ошиқро савлат» мешавад. Яъне, чун дидам, ки шариконам ба ҳар тараф парокандаанд, чаққон пеши Танноза рафта, хоҳиш кардам, ки вазифаи хонагии дарси забони русиро ҳамроҳ тайёр кунем.
Маълум шуд, ки Танноза ҳам маътали як зарра илтифот будааст: «Ба ҷонам» гуфта, давон хонаи мо омад...
Аввал ба чорпои бе пуштмонаки хоксоронаи студентӣ нишаст. Аммо зуд «Табуреткаи шумо аз санг ҳам сахттар будааст-ку!» гўён болои кати мулоим гузашт.
Ман ҳам бе ҳеҷ истиҳола ба паҳлўяш нишастам. Ҳадия: пештар бачаи сарнодону понодон будам ман ва киса пури мағзу рўзадор мегаштам... Аммр ҳоло... Мисли «ду карат ду-чор» нағз медонам, ки шарбати ишқ Доруи_ мардон асту осудадилон ба гирифтани рутбаи ошиқӣ сазовор нестанд...
Танноза ҷумлаи аввалро пурра хонду бо кунҷи назар оҳиста маро нигарист.
Азбаски дар дил «Кокулдарозам! Қаддат ба ҷонам бизанад!» гуфта, пайваста ўро наззора доштам, ду нигоҳ ба ҳам бархўрд ва оташаке парид. Париду зуд хомўш шуд...
Танноза ҷумлаи дуюмро бо овози саҳле ларзон хонд ва боз оҳиста сар бардошт. Боз нигоҳҳо ба ҳам бархўрданд...
Оҳ-ҳ! Чашмон... Чашмони фаттон... Ситораҳои рахшон... Аҷаб ҷозибае доранд, ин наргисакони сиёҳмасти дилрабои Танноза...
Ҳуш аз сарам парид... Пироҳани сабрам ҷиғғӣ дарид... Хуни ҷавониям ҷўшид...
Худро дошта натавониста, Таннозаро сахт ба оғўш гирифтанӣ будам, ки дарро тараққас кушода, Шароф бе пўш-пўшт ба хона даромад. Моро паҳлў ба паҳлу дида, «Эъ мебахшед!» гўён пои қафо... нарафт! Балки бо чашми ҳақорат. маро нигаристу пичинг зад: — Ин ҷо хобгоҳ! Ҳарамсарои амир Олимхон не...
Ранги Танноза сап-сафед канд ва парида аз ҷой хест. Ҳарчанд зораю илтимос кардам, ба духтараки ранҷида дигар зўрам нарасид: вай бо ҳавосу мўи парешон бадар рафт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё