МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА

МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА ё худ тафсири ишқи гулдухтар ва гулписар
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 14 саҳифа
Назокати ноогоҳ, ки асрори зери пардаро намедонист, албатта аз ин амал ҳеҷ чиз нафаҳмид ва ҳамтуякак пурсид: — Ин келинча ҳамкурсатон-а?
— Келинча?
Чӣ хел «келинча»?
— О, дар қишлоқамон наварўсонро келинча мегўянд-ку! Ман пурсиданӣ, ки ҳамин келинча ҳамкурсатон мешад-а?
— Ҳа, вай ҳамкурси ман... лекин... ҳанўз келинча. не... духтари хона вай...
— Хока! Куҷои вай духтари хона! О, сурмаи чашмоша бинед?... Қошоша бинед...
чунон ҳам маҳин чиндагӣ, ки... аз ришта ҳам бориктар... Магар намедонед, ки фақат занҳои шавҳардида мўяшонро каҷҷак бурида,. кошчинакро истифода мебаранд — Ҳоло ҳамин хел гўй... Лекин... ҳар чи бошад на бошад, Танноза ҳоло келинчак не...
Вай ҳанўз шавҳар накардааст!
— О ким-кадом шоирча кати мегардад-ку!
— Хайр чӣ шудааст. Пой, ки дорад, мегардад-дия! Ғайр аз ин, гаштан дигару шавҳар кардан дигар аст...
— Гапатон туғрӣ, ако. Лекин... ба хаёлам инҳо кимкайҳо зану шавҳар шудагӣ...
— Ҳой Назокат! Ту чиҳо мегўй?
— Он чи ки бо чашми худ дидам, ҳамонро мегўям. Медонед, як ҳамхонаи мо бо ҳамкурсатон Маҳбуба ши-нос. Вай катӣ равуо дорад. Боре Маҳбуба барои саршўӣ ҷурғот талабиду онро гирифта ба хобгоҳ омадам. Ҳарчанд дарро кўфтам, касе накушод. Ночор назди тиреза интизор истодам. Ҳамин вақт ду кас — ана ҳамин кокулдарозу як бачаи кўзаайнакдор шабпаррак барин аз дарун баромаданд...
Хўш, онҳо дарро аз дарун кулф карда, магар чормағзбардорӣ мекарданд?
Назокат таҳдор хандид. Ман ҳам ўро пайравӣ карда, сохтакорона бошад ҳам лабханд задам. Дар авҷи хандоханд Танноза боз аз назди мо гузашт. Ин карат нигоҳаш пурхашм буду чеҳрааш пурғазаб. Аз абрўи каҷаш барфу борон резонда, бори дигар сар то пои Назокатро бо назари номеҳрубонӣ полид.
— Ин кокулдароз барои чӣ манба ало-ало нигоҳ мекунад?
— дар чеҳраи нуронии Назокат ба ҷои табассум. изтироб омад.
Ҳамсўҳбатам забон хоида, сўям нигоҳи аҷибе афканд. Давоми мантиқии саволашро зуд дарк карда, ҳадаҳа ба худмуҳофизаткунӣ гузаштам: — Гумони бад набаред, Назокатхон... Байни мо ҳеҷ гапу коре нашудааст... Мо ҳамту... ҳамкурс...
— Шумо беҳуда девори намкаш нашавед, ако! Ман дар ҳаққи шумо ягон гумони бад надорам... Фақат...
Сўҳбати мо дигар шира набаст. Назокатро то манзилаш гуселонида, бо сари хам ба хобгоҳ баргаштаму беҳолона болои кати шалақ дароз кашидам... Аммо ҳанўз нафасамро рост накарда, дар тиқ-тиқ шуд. Бо дили нохоҳам аз ҷои хеста, коҳилона дарро кушодам ва рў ба рўи худ Таннозаро дидам!
Гўё ки забонамро ғунда газида бошад, бе гапу ҳарф ночунбон меистодам. Танноза ҳам андаке дасту по хўрд, лекин худашро гум накард. Фақат чеҳрааш гоҳе сурху гоҳе сафед мешуд, лабони рангинаш пир-пир мепарид. Якин ки гапи дигаре нўки забон дошт, аммо ваҷоҳати маро дида, аз раъяш гашту омада пурсид: — Соат чанд, Азизуф?
— Ҳашти расо...
— Раҳмат..
- Танноза бо дили кашол қафо гашту худро дубора рўи кат партофтам. Дарҳол баданамро арақи сард пахш кард: ин шайтончаи бекафшу маҳсӣ чӣ ният дорад?
Моку кайҳо боз ногапем, сояи ҳамдигарро аз девор метарошем, пас чаро дари хонаи маро кўфт?
Чаро?
Сўҳбати ширини ману Назокатро дида, ғашаш омаду акнун худашро ширину оши моро шўр карданист?
Ё... кушода шудани кўргиреҳи бахти хоболуди маро дида, аз карда пушаймон шудаасту «Биё, оштӣ шавем, эй ёри ҷангӣ!» гуфтанист?
ё...
Андактар сарриштаи асрор саҳле кушода шуд. Ҳамроҳи Назокат ба пункти алоқаи байнишаҳрӣ рафта, ба хонаи онҳо сим задан хостем. Ҳамон рўз, аз афташ, бо ибораи Танноза «бензини ҳамаи троллейбусҳо бад-баробар тамом шуда буд», ки ним соат зиёдтар интизор истодему лоақал ягон душоха ба назар нанамуд. Он гоҳ бо навбат даст бардошта, маршруттаксиро нигоҳ доштанӣ шудем. Аммо ин кор аз интизорӣ ҳам душвортар будааст: маршруткаҳо яке аз паи дигар ғиррӣ гузашта мерафтанду дасти кутоҳи донишҷўёни бечора дар ҳаво муаллақ мемонд. Ва маҳз дар чунин лаҳзаи ноқулай Танноза қуттии калони картониеро болои китф бардошта, ба истгоҳ омад. Аввал қуттиро; боэҳтиёт ба замии гузошту баъд ба Назокат бо ишораи сар салом дод. Вале бо ман он қадар ширинзабон шуд, ки...
— Хайрият шуморо вохўрдам, Азизуфҷон! — Танноза мекўшид, аз булбули хушилҳон ҳам хушхонтар шавад.— Ана акнун имрўз корам барор мегирад! Ина ман аллакай чандин бор проверка.кардагй, ҷонам! Шумо в самом деле одами шарофатманд...
Таъриф чизи нағз, асали моҳи май барин ба кас мефорад. Аммо дигар ҷиҳаташ ганда даррав, аз будаш зиёдтар, ҷавоб гардондан даркор! Ва агар ҳамсўҳбати. кас зан ё духтар бошад, ҳошокалло ҷавоби болохонадори чор-панҷошёна бояд сохт...
— Шумо заб хоксор-дия, Таннозахон! — гуфтам бо табассуми малеҳ, тамоми иқтидори фабрикаи таърифбофии худро ба кор андохта.—Мушкилкушои мо- шумо! Агар хоҳед, ҳама гуна масъаларо дар як зум ҳал мекунед. Ина, мо ним соат боз ба ягон маршруттаксӣ савор шуда наметавонем. Акнун бо шарофати шумо мошинсавор мешавем...
— Что, магар троллейбус намегардад, ҷонам?
— Не-дия! Ронандаҳои шаҳри мо аҷаб дарди ҳарина доранд: нисфирўзӣ, ҳангоми дамгирии мардум, бетанаффус кор мекунанду бегоҳӣ, ҳангоми корбаро, баробар ба истироҳат мераванд...
— Всё панятна, ҷонам! Рас, ки тралейбус набошад, маршрутка аз одам лиқ-лиқ полни меояд! Ягона выход ҳамин ки дубаробар қимат афтад ҳам, он тарафи роҳ гузашта, ба маршрутка круговой савор мешем! Рафтем, ҷонам!
Саволомез Назокатро нигаристам.
— Ин касро гусел карда бед, борашон вазнин,— гуфт вай бо андаке димоғеўхтагӣ.
— Ман он қадар саросема не. Сонитар, троллейбус ояд, меравам...
Қуттии картонӣ бадвоҳима бошад ҳам, сабукак будааст.
— Чароғи настолнӣ, ҷонам! — бидиррос зад Танноза.— Як дугонем имрўз денражденӣ дорад, ҳамонба падарка мебарам...
Вақте ки Таннозаро ба маршруттаксӣ савор карда, дартоз ин тарафи роҳ, ба истгоҳи троллейбус гузаштам, аз Назокат на пай буду на ҳайдар... Чорчашма атрофро нигариста, хеле мунтазир ҳам истодам. Аммо бефоида: ҳамраҳи ман ғайб зада буд.
Баъдтар маълум шуд, ки вай тани танҳо таксисавор, ба пункти телефони байнишаҳрӣ рафтааст...
— Фаҳмидам, ки дили Танноза ба шумо хеле кашол будааст, барои ҳамин худро дур кашидам,— оромона пурсиши маро ҷавоб гардонд Назокат.— Ба ҳеҷ кас халал расондан, хаскадук шудан намехоҳам...
— Ин гапи хато... асос надорад...
— Хато не, ако! — Назокат заҳролуд табассуме карда качаи таърихӣ — он ангуштари бенигинро пас гардонда худро даррав даруни хона гирифт ва аз дари нимроғ давоми гапаш базўр ба гўшам расид.— Ман аз ҳамкурсатон Маҳбуба таги гапро фаҳмидам... Шод бошед, ако...
Рўзи иетироҳат буд. Ҳамхонаҳоям ҳар кадоме ба ҳар куҷое рафта буданд. Дарзмол дар даст куртаи нимдунбули қатак-қатаки худро моломол доштам, ки касе оҳиста дарро кўфт. Бегумон онро кушодам ва... бо Танноза сар ба сар шудам.
— Мабодо-ку газетаи свежи надоред?
— Кадомаш?
— Манба серавно...
-— Марҳамат, «Тоҷикистони советӣ»...
— Ҳамин газет ҳам эълони кино дорад?
— Албатта.
— Харашо... Як нигоҳ кунам, сонитар мебиёрам. Ладна?
— Бемалол...
Вақти газетаро овардан Танноза дарро бе тақ-тақ кушод.
— Мумкин?
— Марҳамат, дароед!
— Э хайрият-е! Ҳамин калимаро медонистед-ку! А я думала, что шумо ҳанўз ҳам некултурнию то бегоҳ ҳазор бор биём ҳам «Даро!» намегўед...
— Мо акнун он гўсолаи ошолуди порина не, Таннозахон! Канӣ, марҳамат аз боло гузаранд!
— Раҳмат, Азизуфҷон! Ҳозир вақтам танг. Медонед, андак чои қоқ даркор буд...
Даррав ғалладони мизи дарстайёркуниро, ки одатан қуттии чой он ҷо меистод, берун кашидам. Лекин қасд кардагӣ барин, қуттӣ хоб-холӣ буд, лоақал гарде надошт.
— Ие, аҷоиб шуд-ку!" Чӣ хел шуда, як боракак чой пурсидеду... Оббо!
— Ҳеҷ гап не, Азизуф, зиқ нашавед. Ин перви-последни раз не! — айёрона хандид Танноза.— Шумо, ки нав общежит омадагӣ, талбак-талбаки моро намедонед.
Ничево, ягон хонаи дигар меравам...
— Андак истед, Таннозахон! Ман... ҳозир... давида аз магазин меорам!
— Барои мо ҳам мебиёред?
— Албатта.
— Пул оварда диҳам?
— Не-е! Пулам мерасад...
— Ин хел бошад, як буханка хлеб ҳам биёред! Аз свежиш...
— Хуб шудааст!
Ба охири долон нарасида, овози омиронаи Танноза боз баланд шуд: — Азиз-уф! Э-эй Ази-зуф!!
— Лаббай...
— Қанду қаймоқ ҳам биёред...
Фармудаҳои Таннозаро пурраю барзиёд ёфта овардам. Вай расо хурсанд шуд.
Дарҳол дастархон кушода, ба қавли худаш якта чойчаи талхакак дам карда овард ва бо меҳрубонӣ гуфт: — Ну-ка Азизуф, аз боло гузаред! Хезед, азизам!
«Азизам»...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё