Зеҳн
МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА

МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА ё худ тафсири ишқи гулдухтар ва гулписар

Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 14 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Не, мешай!!! — бонг зад Танноза сўи ман ва дурусттар дасту остин барзада, ба таки манаҳи Маҳбуба рафт. Фаҳмидам, ки боз хато карда, ба оташи даргирифта об нею як сатил равған рехтаам...

— Ҳой духтар! Боз чӣ «дурусттар» гап занам?

А?

то что аён аст, ҳоҷати баён нест!

Панҷи муфт гирифтанат бас не, ки боз комамро мехорӣ?

— Чӣ хел муфт будааст?

О ман ба ҳамаи саволҳои муаллим дуруст ҷавоб гардондам- ку!

— Инро ба касе гўй, ки русиро надонад! Шукр, мо андак-мундак савод дорем, нағзу гандая фарқ карда метавонем...

— Вақ-вақи беҳуда чӣ лозим, Танноз?

Агар ман хато ҷавоб мегардондам, муаллим аҳ баҳои «панҷ» намемонд...

— Муаллим не, муаллима никогда «панҷ» намемонд!—Танноза, ки аллакай хеле тасфида буд, чоҳро торафт чуқур мекофт. — Чунки барои муаллима ҳусну ҷамоли зебо дупула қадр надорад! Аммо ин муаллимча...

— Уҳ-ҳу... Алами баъзеҳо ҷо-о зўр-ку! О то имрўз ҳамин қадар баҳои «панҷ» гирифтӣ, мо хап шиштем-ку...

— Баҳои ман ҳақку ҳалол буд!

— Чӣ?

Яъне баҳои ман — ҳаром?

Ҳой бева! Номаъқул кардӣ! Ба даҳонат нигоҳ карда, гап зан, ки...

Гапи Маҳбуба тамом нашуда, Танноза, ки чун гурбаи мошӣ ҳайбат дошт, бо як ҷаҳиш аз банди кокули ҳарифаш сахт кашиду бо шиддат тарафи худ кашид: — Худат номаъқул кардӣ, нокас! Бева худат! Худфуруш ту!!!

— Худат худфурўш! — Маҳбуба низ чолокона ба зулфи Танноза панҷа зад.

Духтарон ҳадаҳа назди ҷангараҳо омада, ҳардуро ором карданӣ шуданд. Маҳбуба дарҳол сар фуровард. Вале Танноза ба ҳеҷ кас тан надода, бо тамоми овоз «беномус!» гўён чиррос заду яке дудаста шикамашро дошта, ба ҷояш нишаст. Дар як он ранги рўяш аз рўймолчаи тибиташ ҳам сафедтар шуд. Хеле печутоб хўрду бемадорона рўи фарш дароз хобид...

Шамол барин сўи телефон тохтам.

Рўзи дигар аз ҷуфти охирин гурехта, ба пули аз Восид қарз гирифтаам нони гарми танўрию андак ҳалво харида, ба аёдати Танноза омадам. Ҳамон рўз мо ҳамгап шуда натавонистем. Зеро духтурҳо аз палата баромадани ўро қатъиян манъ карда буданд...

Рўзи дуюм ангуру себу анор овардам. Ин карат низ ўро аз паси тиреза дидам.

Бад-ин минвол як ҳафта гузашт. Оқибат Танноза базўр-базўр қадамзанон берун баромад. Муддате дар саҳни шифохона сайру гашт кардем...

Баъди як ҳафтаи дигар саёҳати мо хеле давом кард. Акнун ба рўи Танноза сурхӣ дамида буд, аммо ҳанўз паст-паст, лекин меҳрубонона ҳарф мезад. Чӣ хел гузаштани машғулиятҳо, навигариҳои факультетро дониста, баъд номаълумакак пурсид: — Касал шуда, ин ҷо омадани маро ба Муҳаммад хабар додед?

— Кадом Муҳаммад?

— Ҳу афғонписар ҳаст-ку, дар университет мехонад. Ба хонааш меҳмон шуда будем...

...Шаби дўстии интернационалӣ дарҳол пеши назарам омад. Аҷаб базми нишотафзое буд он! Ҷавонҳои хушбурут ва хушлибоси афғон ба Аҳмад Зоир тақлид карда, бо шавқу шўр суруд мехонданду духтарони факултети мо беист арғушт мерафтанд. Ҳатто кор то ба ҳамин дарҷа расид, ки Маҳбуба сарчархак шуда, ба замин афтид.

Танноза низ гули сари сабади он маърака буду дар байтбарак ҷои якумро гирифт.

Муҳаммад-шоири ҷавони афғон дар миёни донишҷўёни университет ғолиб баромад.

Баъди шабнишинӣ Танноза моро бо ҳамдигар шинос кард.

— Ба хобгоҳи мо меҳмон шавед! — меҳрубонӣ кард Муҳаммад ҳини хайрбод.— Видео ҳаст, чизҳои аҷоибро тамошо мекунем...

Намедонам, ки ин таклиф нўкизабонӣ буд ё аз таҳти дил, бо исрори Танноза мо як бегоҳи истироҳат ба хонаи Муҳаммад меҳмон шудем. Рости гап, ба утоқи ў қадам ниҳодан ҳамон ҳангам канд, хона ончунон оростаю пероста ва муҷаҳҳаз буд, ки гумон мекардед манзили вазири беор аст ё пивофурўши бозор! Азбаски байни хонаи донишҷўи тоҷик ва ҳуҷраи донишҷўи афғон фарқ аз замин то осмон буд, худро хеле ҳақиру нотавон, ҳатто мусофири мулки бегона ҳис карда, оҷизона ба лабаки креслои мулоими бахмалпўш нишастам. Танноза баҳузур ба диван ғўта зад.

Муҳаммад баъди пазироӣ аз болои телевизори наппа нави рангаи японӣ, ки «Панасоник» ном доштааст, пардаи гулобиро боло афканда, тугмаи видеомагнитофони гулнақшро пахш намуд.

...Духтараки амрикоӣ ба каютаи ҷавони юнонӣ даромаду курта бадар кард ва синаҳои ҳандалакмонандашро ҷунбон-ҷунбон ҷавонписарро бағали худ гирифт.

Баъди лаҳзае ҳарду лучи модарзод шуданду ҳамдигарро гарм ба оғўш гирифтанд.

Оҳувоҳу леслесаку макидану ҷафидани онҳоро дида, бетоқат шудам ва бо гўшаи чашм Таннозаро нигаристам. Вай бо чашмони шаъшаапошаш ба экран менигарист, мафтуни киношаҳват буд... Муҳаммад бошад, бепарвоёна сурудеро зери лаб замзама карда, мизи мудаввари ялаққосиро бо ҳазору як лату лут оро медод.

Ҳамон шаб аввалин маротиба машрубот ба даҳон бурдам. Зеро ҳарчанд рад кардам-нашуд. Танноза кадаҳи лолафом ба каф гирифта, бо табассуми пурноз «Гиред, Азизуф, қадаҳи аввал ба саломатии шумо!" гуфт...

Муҳаммад ҷаққон ҷомҳои булўриро паҳлўи ҳам ҷафс гузошта, аз чанд шиша андак- андак ба ҳар қадаҳ машруботи ҳарранга рехт ва ҳавои даҳон кард, ки ҳеҷ кадом ҳамдиёраш мисли ў «коктейли афғонӣ»-ро сохта наметавонанд. Ин карат бо пешниҳоди Муҳаммад ба саломатии Танноза қадаҳ бардоштем. Акнун бо дилу дидаи гарм, бошавқ телевизорро менигаристам, вале афсўс, ки ноаён хобам бурдааст...

Рўзи дигар Танноза чоштгоҳи маро бедор кард. Вай чашмони аз бехобӣ варамида, лабони парсингбаста ва ҳавоси парешон дошту базўр-базўр роҳ мегашт. Ранги рўяш аз дока ҳам сафедтар буд. Вале... Ҳамаи ин дарди бахайр — вай кокул надошт!

Кокулаш, ҳамон кокули овозадори то буҷулаки пой кашолааш... думбурида буд...

Дарҳол суханони модар маро ба ёд омад: «Кокули духтар номуси вай аст! — таъкид карда буд вай боре ба хоҳарам.— Инро асло аз ёд набарор! Замонҳои пеш ва ҳозир ҳам, агар духтари ҳури покро бадном карданӣ шаванд, бадхоҳон бо сад макру фиреб кокули ўро мебуранд... То зиндаӣ, фаромўш накун, ки духтари кокулбурида — духтари номусдарида аст...» — Танноза, кокулат канӣ?

— пурсидам беҳолона, охирин қуввати худро ҷамъ карда.

— Ҳамин пагоҳӣ қайчӣ задам. То ки Муҳаммад дигар «мўдарози ақлкўтоҳ» гуфта, масхара накунад...

— Кори нағз накардӣ... Ҳайфи кокул... Оббо... ...Ин ҳодисаро ба ёд оварда, бори дигар оҳ кашидам.

— Ҳа, Азизуф, ба шумо чӣ шуд?

Чаро оҳ мекашед?— нидои Танноза риштаи хаёлоти ногуворро канд.— Шунидед, чӣ гуфтам?

-А?

— Гуфтам, ки Муҳаммадро воқиф кунед. Магнитофону чанд кассетаи Аҳмад Зоҳир биёрад...

Баъди ҷустуҷўи зиёд Муҳаммадро дар назди хобгоҳи духтарони омўзишгоҳи тиббӣ ёфта, бемор шудани Танноза ва дар куҷо хобиданашро гуфтам.

— Ӯ сахт мариз аст?—фориғболона пурсид афғонписар, ки беист тирезаи болоро менигарист.

— Бале.

— Сад дареғ! Ба вай салому пайғоми маро расонед. Иншооллоҳ, ба аёдаташ меравам...

Баъди чанд рўз ҳамроҳи Шароф касалбинӣ рафтем. Танноза дар палата набуд. Дар саҳну харакҳои пеши шифохона ҳам ба назар нанамуд. «Шояд ба қабули духтур рафта бошад?» гўён Шарофро назди даромадгоҳ «посбон» монда, худ барои аз тирезаи қафо нигаристан ба пушти бино гузаштам ва... э кош ин ҷо намегузаштам ва ҳеҷ чизро, намедидам! Зери чинори пир Танноза ва Муҳаммад...

Дар як он баданам тасф бароварду дилам лав-лав ба сўзиш даромад ва дудам ба фалак печид. Олам ба назарам тираю тор шуд. Худро дошта натавониста, ба замин каллапо уфтодам...

Тахмин баъди яку ним моҳ ба аёдати ман иҷозат шуд. Аз ҳама пеш Восид расида омад. Сипас Шарофу Шоҳвалӣ аз ҳолам хабар гирифтанд. Баъд Нозиму Наҷмия, Ҳамдам ва дигару дигарҳо ба аёдат расиданд, Назокат ҳам омад, Маҳбуба ҳам...

Аммо Танноза не...

Ва хайрият, ки наомад! Зеро...

Бобоям ҳар замон мегуфт, ки «ҳаргиз ба шер савор нашав ва асло ба сайди рўбоҳ нарав! Зеро шер сахт метапонаду рўбоҳ ҳама вақт меаллонад!». Мани зиндагинодида то дирўз ба дурустии гапи бобоям шубҳа доштаму баҳри ду абрўи Танноза ҷон додан мехостам! Ҳатто чанде пеш ояти ишқ бофта, аз Парвардигори муҳаббат сидқан илтиҷо карда будам, ки меҳри ҳамаро ва дилу хаёламро зи дидаи Танноза асло берун маяфканад... Аммо... Дод аз дасти фариштаи ҷафопешаи муҳаббат! Ин олиҳаи гандапар гиреҳи мушкили маро ҳеҷ накшод, ки накшод!

Баръакс, чун дид, ки дили ғамдидаи ман доғе дорад, ҳазору як ранҷу озори дигарро рўи он ниҳод...

Пас аз ин ҳама номардиҳо даст ба ҳам суда «Оббо!» гуфтаму ангушт ба дандон газидам ва бо овози пурҷароҳат байти ҷудоӣ хондам: Гар моҳ шавӣ, ба осмон кам нигарам!

Гар сарв шавӣ, ба бўстон кам нигарам!

В-ар мояи ҷон шавӣ, ба ҳеҷат нахарам!

Ёдат накунам дигар ва номат набарам!

Баъди аз шифохонаи дилкасал баромадан фаҳмидам, ки Танноза дигар ҳамрохи мо таҳсил намекардааст.

— Аҷаб шармандагие шуд! — гуфт Восид дуди сигаретаро фиғона занонда.— Аз ҳоҷатхонаи духтаронаи хобгоҳ тифли се-чормоҳа ёфтанд. Азбаски гунаҳкор яктою гумонбар чандто буд, даррав духтур ҷеғ зада, ҳамаи духтаронро муоина карданд.

Баъде ки ҳакиқат аён шуд, бо қарори махсуси ректорат Танноза аз донишгоҳ хориҷ гардид...

Гапи Восидро ҳоҷати шарҳу эзоҳ нест. Зеро, дўстон, аз худатон гап намемонад. Ман нагўям ҳам аллакай худатон пай бурдед, ки ишқи аввали маро сармо зад.

Муҳаббати нахустину самимии ман думбурида шуд...

Тамом, вас...

Ҳохиш мекунам, ним нафаси дигар сабр кунед. Мешунавед, телефон занг мезанад.

Шояд ягон одами даркорӣ бошад?

— Алё! Лаббай! Азизуф гўш мекунад... Привет! Чӣ?

Не, нашинохтам. А?

Шуд, шуд!

Шинохтам! Шумо... ту... Та...

Донистед, кӣ ба ман занг мезанад?

Бале, Танноза!

Вай маро ба мулоқот мехонад! Бовар накунед, марҳамат, худатон шунавед: — Соати ҳафт дар ресторани — «Ду гул» ждат карда меистам. Абизателна биё, хуб?

— Хуб...

Ҳамсўҳбати ман хайрухушро насия монда, риштаи сўҳбатро қайчӣ зад. Бо сару рўи арақшор, дуздида-дуздида ҳамкоронро нигаристам. Ҳама худро ба нодонӣ зада, шоҳмотбозиро давом медоданд. Фақат Восид бо табассуми тамасхуромез дурмадароз сўям нигариста, маънидорона гулў афшонду аз нав кроссворд ба даст гирифт. Ман низ бо чунин оҳанг сулфида ва ба ин восита андаке сабуктар шуда, оҳиста худро ба долон гирифтам. Он ҷо сигарета аз паи сигарета дуд дода, ҳаяҷони ногуворро андак фурў нишондам.

Ёдам омад, ки дар давоми ду соли охир Таннозаро ҳамагй ду бор дучор омадаам.

Маротибаи якум вайро ҳамроҳи ҷавонмарди олуфталибосе дар кўчабоғи ошиқон вохўрдам. Баъди салому ҳолпурсии нўкизабонӣ ду-се ҷумлаи берабт радду бадал кардем. Дар омади гап Танноза шарикашро нишон дода, гўё, ки дар байни мо ҳеҷ гапу ҳодисае нашуда бошад, бепарвоёна гуфт: — Шинос шавед: ин кас Орифзода. Кандидат ба кандидати наук. Боз кандидат ба почогӣ. Яъне дафъаи дигар вохўрем, бемалол язна гуфта, муроҷиат кунед...

Дафъаи дуюм ўро дар видеобари «Булбул» дидам. Вай ҳамроҳи як ҷавони аз худаш ду баробар қоматбаланд, ки риши ҷорубию мўйлабҳои якваҷабӣ дошт, хеле рақсид. Сипас ҳар ду ба кабинаи хилват гузаштанд... Хайрият, ки Назокат рў ба рўям менишасту онҳоро надид. Вагарна, барои мазоҳу масхараи «ошиқи ноком» боз як мавзўи нав пайдо мешуд...

пешина
аз 14
навбатӣ