Зеҳн
МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА

МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА ё худ тафсири ишқи гулдухтар ва гулписар

Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 14 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ва инак мисли раъду барқи фасли тобистон, ки тамоман нобаҳангом аст, Танноза овоз баланд карду маро ба мулоқот хонд. Чаро?

Рўзи корӣ тамом шудан ҳамон зуд тахтаю тиракро ғундошта, таксисвор ба тарабхонаи «Ду гул» расидам. Чун ҳамеша ин ресторан пуродам ва сермағал буду суруди шўхи нофаҳмое чунон баланд садо медод, ки ҳатто дар берун гўшҳоро ба қомат меовард. Дар ҳавои он марду занҳои ширакайф мисли одамони асри ибтидоӣ гала-гала шуда, берабту бенизом дасту по меафшонданд. Пешхизматҳои шўхчашми чобукрафтор ва на он қадар шакаргуфтор беист давуғеҷ доштанду дар ин миён фурсат ёфта, ҳар замон назди мо—ба даромадгоҳ мебаромаданд ва аз байни ҷавонони зиёди навбатинтизор як-ду ситорагармеро хуш карда, ба «кошонаи худ» мебурданд. Азбаски дар навбат Танноза нанамуд, хостам даруни ресторанро нигарам. Вале ҳарчанд илтимос кардам, дарбони дастнигар намонд, ки лоақал ним қадам дарун дароям...

Саргаранг истодам, ки як аврупоидухтари юбкаи ҷинсипўш аз ҳалқаи «раққосон» сўям даст афшонда, ким-чӣ фарёд кард. «Ягон маст-паст будагист» гўён, аҳамият надодам. Вале вай боз даст афшонду бўсаи ҳавоӣ фиристод. Ва дурусттар нигарам, ин духтар... Танноза будааст! Вай баъди анҷоми мусиқӣ аз он сў назди дарбон омаду маро нишон дода, ба пешкисаи ў чизе халонда, гапашро гузаронд ва аз роғи дар маро чолокона ба дарун кашиду ба ҷои салому холпурсӣ аввал ду-се бусаи маҷбурӣ ситонд. Сипас «Рафтем, камтар танц кунем, баъд бафурҷа гап-гап мекунем!» гўён маро ба рақс кашид.

Бад-баробари Танноза даст партофтаю по бардошта, майда-майда ба тамошои ҷуфти худ сар кардам. Ҳамроҳи ман Таннозаи тамоман тағйирёфтае арғушт мерафт. Вай кокулони мушкбўяшро мояи ифтихори давраи қадрасӣ ва расорасияшро аз беху бунаш бурида, мўяшро мисли писарбачаҳо пастакак қайчӣ зада буд. Ба ҷинси обшустааш мос карда, куртачаи тангакаки сап-сафеди аҷнабидўхти бегиребона пўшида буд, ки хол-хол сўрох дошту синачаҳояшро мисли тўбчаи теннис луппӣ берун бароварда, аммо ними китфу бари дўшашро панаҳ намекард. Рўи барги гулашро доғи тираранги сурхчатобе пахш карда, чашми сиёҳи забондарозшудааш аз сурмаи фарангӣ нағмасароӣ мекард. Бар болокории ин, ҳамкурси собиқи ман боми чашму зери мижгонҳо ранг карда, барўяш ним қуттӣ сурхию сафедӣ зада, худро пеш аз мўҳлат ба кампиракҳои дилҷавон табдил дода буд. Фақат ягона нишона аз Таннозаи пешина ҳамон марҷони таърихии сеҳазора— тўҳфаи Исо Маънавӣ — ба чашмонам сўзан барин мехалид...

Ҳини тамошо беихтиёр рубоии ким-кайҳо азхудкардаам ба ёд омад: Эй дода фалак хирмани ҳусн ба бод, Ман бандаи ришам, ки ҷазои ту бидод!

Порина, чунон будӣ, ки кас чун ту набуд, Имрўз чунон шудӣ, ки кас чун ту мабод!

То шалпаршавӣ рақсида, баъд ба яке аз мизҳои канорӣ, ки Танноза пешакӣ банд карда, ҳатто газаку нўшокӣ фармуда будааст, паҳлў ба паҳлў нишастем. Ў фармуд, ки қадаҳҳоро лабрез кунам. «Первий-тост— барои вохўрӣ!» гуфта, бо як бардошт қадаҳро қоқ кард. Ман ҳам ўро пайравӣ карданӣ шудам, вале нашуд... Фаҳмидам, ки бо як дам майро то қатраҳои охирин нўшида тавонистан ҳунар будааст.

Афсўс, ки қадаҳи аввал кафшери сўҳбат нашуд. Сукути собиқ дилдодаҳо анча давом кард. Танноза чўҷабирёнро беист кафша карда, бо чашми чор маро менигарист.

Вале, азбаски то ҳол сарриштаи асрор ба каф наомада буд, гоҳ ба ҳофизону гоҳ ба раққосон чашм дўхта, даҳони ҳамнишасти худро мепоидам.

— Хўш, Ҳакимчик, гап зан! — Танноза аз марҳамати ман умедашро канда, ба даруни қаҳва худаш андаке коньяк рехту бо чумчача хеле фир-фирак карда, се-чор қулт нўшидан пас бо такаббури ночаспон пурсид: — Дар тарафҳои Шумо чӣ навигарӣ?

— Дар тарафҳои мо — ҳама кўҳнагарӣ! — гуфтам забон хоида ва ситарета ба даҳон гирифтани Таннозаро дида, дарҳол гўгирд гирондам.— Кору бор — аз саҳар то шом нақшакашӣ.

— Таак?

Оббо уволаке! Апаздат, ки кардӣ, баҳона мекобӣ-а?

— Не. Бовар кун: барвақт омаданӣ будам. Аммо шеф кори заруре фармуду...

— Ана ҳамин хел-дия, ту уже кор гуфта мемурӣ! Маишат, кайфу сафоро полности фаромўш кардаӣ...

— Гапат маъқул. Ман ҳам медонам, ки Хайём «айши хуш аз умри дарози тиҳӣ беҳ» гуфтааст. Лекин...

— «Лекину аммо» камтар гўй,. Ҳакимчик! — шартӣ гапамро бурид Танноза.— Медонӣ, барои чӣ туро ба свидани фарёд кардам?

— Не-е...

— Аввал гўй, ки ба ишқи аввал, первий любовь, бовар дорӣ?

— Набошад чӣ! Назар ба донисти ман: беҳтарин зарф-зарфи мис, ширинтарин нон- нони гандум, хубтарин ишқ — ишқи аввал аст!

— Маладес! Билло ки маладесӣ ту Ҳакимчик! Ту настояши ҷентельменӣ! — Танноза кайфокайф маро боз бўсаборон кард.— Ишо якта саволча дорам: гуноҳи маро бахшида метавонӣ ё не?

— Ҳа. Лекин...

— Боз «лекин»! Ин калимая як тараф фиррон, ҷонам. Дар ёшӣ, кӣ ошибка накардааст?

Ту ҳам камбудӣ доштӣ, ман ҳам... Аммо учониҳо гуфтагӣ, ки «оқилон аз паи... аз паи...— сабил монад, чӣ буд?

— Нуқат .

— Э-э-э... як калимаи душвор ки... Ана ин хелаш беҳтар: «Оқилон аз паи точка нагарданд!» Туғрй?

— Ҳа-а...

— Ин хел ки бошад, ба ҳамон падражат карда, мегўям, ки «ошиқон аз паи точка нагарданд!» Яъне, мо бояд гуноҳи ҳамдигарро бахшем... Ту согласни?

— Ну, гап, зан, ҷонакам. Лична ман ҳамаи айбу гуноҳи туро бахшидам. Полности.

Ту чӣ?

Тавба! Ана гапу мана гап!! Танноза ҳамаи айбу гуноҳи маро бахшидааст!!

Беихтиёр чистони халқӣ ба ёдам омад: Иру равам — мезанӣ, Уру равам — мезанӣ.

Гуноҳи ман чӣ бошад?

Таппа-таппа мезанӣ?

Хўш гуноҳи мани элакдил чӣ бошад?

Гуноҳи аввалинам ҳамин, ки бо як нигоҳ ўро дўст доштам.

Гуноҳи дуюминам ҳамин ки худро нодида гирифта, каҷгардиҳои ўро бо Исо Маънавӣ бахшидам.

Гуноҳи сеюминам ҳамин ки ҳоло бо ў рў ба рў нишастаам...

Аммо вай... аз рўи мақоли «ҳам ғарӣ, ҳам пешхезӣ» амал мекунад.

Чӣ??

Танноза-ғар?

Бале! Е наузанбилло, ман чиҳо мегўям?

Маст шудаам магар?

Не, сархуш... Пас, чаро бепарда сухан мегўям?

Шарм канӣ?

Ҳаё ку... Маъзарат, дўстон, бубахшед маро...

Лекин, аслаш, ҳамин шарму ҳаё чӣ даркор?

Падару бобоёни мо-ку солҳои сол айб гуфта, ин калимаро ба забон намегирифтанд.

Вонамуд мекарданд, ки гўё дар ҷамъияти мутараққии сусиёлистӣ бадахлоқӣ нест.

Яъне ки ҳама — мавизи бедумчаанд. Аз ҷумла, тамоми тоҷиқдухтарон моҳи беайбанд. Хуш, оқибати ин сирпўшиҳо чӣ шуд?

Балои азим шуд. Эбнашуд касофатшаҳр гардид... Фақат аз як кўчаи мо ходимони милиция соли гузашта шаш фоҳишахонаи рустиро ошкор карданд! Шаш фо-ҳи-ша-хо-на-ро!

Воқеан, фоҳиша кист?

Доғи замон... доғи макон... Ин калимаи китобист. Халқ фоҳиша не, оддиякак ғар ё ҷалаб мегўяд. Ҳол он ки ҷалаб дигару ғар дигар аст.

Аввалӣ ҷаллобӣ мекунаду дуюмӣ ҳамту, барои дилхушӣ ва кайфу сафо бо мардон ҳамнишаст мешавад. Ин қабил сабукпойҳо ба фоҳишахонаҳои шахсӣ намераванд, ҳариф намекобанд. Балки мисли занбўри асал ба гули дилхоҳи худ нишаста, майли хотир нўш меронанд.

Хўш, Танноза кист?

Ғар?

Шояд... Лекин... мутаассифона, вай танҳо нест, яке аз ҳазорон аст. Баъзеи онҳо пирдухтаранд, аксарашон модари бешавҳар. Е худ «мать одиночка...» Турфа иборае! Ба забони тоҷикй тарҷума намешавад, муродиф надорад. Лекин аллакай чӣ қадар тоҷиқдухтарон «мать одиночкаанд»! Кадом рўз ба комиҷроияи район рафта будам. Дар девори он ҷо чашмам ба навбати хонагирҳо афтод. Рўйхати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ — алоҳида, қаҳрамонмодарон-алоҳида, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон-алоҳида, мать одиночкаҳо-алоҳида овехта шуда буд. Дурусттар зеҳн монам, рўйхати охирин аз ҳама дурмадароз асту аз нисф зиёдаш—номҳои маҳаллӣ.

Таҳпурсӣ карда фаҳмам, давлати мо барои модари бешавҳар шудани духтарҳо ҳама гуна шароитро муҳайё сохтааст. Онҳо ёрдампулӣ мегиранд, барои гирифтани хонаю мошин имтиёз доранд, дар навбати аввал ба курорту табобатхонаҳо мераванд. Вале, модари сарсахте, ки фарзандони ҳаққу ҳалол ва шавҳари коргар дорад, аз имтиёзҳо бенасиб аст...

Хулласи калом, ба қавли модаркалонам, «давр-даври худфурўшҳост». Фоҳишаҳо алҳол, гули сари сабаданд. Онҳо бемалол ба «фаъолияти индивидуалии меҳнатӣ» машғуланду бебаркаш ва беандоза даромади муфт меруёнанд. Ва аксарияташон бепарда амал мекунанд. Вале ман ҳайрони онам, ки чаро то ҳол дар кишвари мо фоҳишахонаи давлатӣ нест?

Ва имонам комил, ки агар чунин муассиса кушода шавад, амали рустию гургӣ кам мешавад, хавфи ба касалии ҷинсӣ ё СПИД мубтало шудан хеле аз байн меравад. Ғайр аз ин муҳити маънавии ҷамъият низ то андозае пок мегардад. Боз... фоҳишахона фоидаи зиёди молиявӣ ҳам дорад охир...

...Тавба! Ман чиҳо мегўям?! Аз афташ, сархуш не, маст шудаам. Маст! Вагарна, ин қадар «миҷинг» намешудам! «Мастию ростӣ»-аш ҳамин бошад?

Ё муҳити ғализи тарабхона, тани гарму нафаси сарди бонуҳои нимбараҳна ба ман таъсир карду ба олами бегона ворид шудам?

ё ки ҳамсўҳбатам...

Ҳа, ҳа: ҳамааш айби ҳамин! Агар вай «ҳамаи айбу гуноҳи туро бахшидам» намегуфт, ин қадар ошуфта намешудам. Воқеан, оё вай барои ҳамин гап шуда, маро ин ҷо даъват кардааст?

Ду қадаҳ оби минералиро болои ҳам нўшида, ҷўши ҷунун пасттар кардаму барои фаҳмидани мақсади Танноза гуфтам: — Ман ҳам гуноҳи туро бахшида метавонам...

— Атлична! Всё! Ана, асли қадим ҷура шудем! Давай ба ин муносибат биста-биста бардорем!

Қадаҳҳоро бардоштему мусиқии шўх аз нав баланд шуд. Танноза боз ба ҳолу ҷонам намонда, маро аз ҷой хезонд.

— Хез, Ҳакимчик! Хез-э, дама туро приглашат карсос-а! — беибо хитоб кард вай бо овози мастона.— Хез, гузаштая ба ёд оварда, чорта усул кунем. Сиравно ҷавонӣ аз мо қарӣ-қарӣ мегузарад!

Ба гала ҳамроҳ шуда, то хомўш шудани мусиқй «рақсидем»...

Баъд боз нўшокӣ фармудем...

Ва боз «рақсидем»...

Вақте ки дар тарабхона ғайри мо ҳеҷ кас намонд, Танноза бо дили нохоҳам.аз ҷой хест. Гумон кардам, ки масти аласт шудаасту по ба по дошта наметавонад. Аммо мастӣ куҷо?

Лоақал пинакаш вайрон нашуда буду гурс-гурс қадам монда, аз ман пештар берун баромад, ва таъкид ҳам кард, ки ҳисобу китобро фаромўш накунам...

Ҷои рафтанамон, ки аниқ набуд, мисли шамоли дайду гоҳ ҷониби ғарбу гоҳе тарафи ҷануб рў меовардем. Танноза муддате ба Гугушу Муқаддас тақлидкунон «Сад наво дорад дилам, аммо туро гум кардаам», «Эй моҳи ман, бигу, аз кадом осмон омадаӣ?» гўён берабт замзамаҳо карду баъди хасташавии овоз сигаретаи нав зери дандон гузошт.

пешина
аз 14
навбатӣ