МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА

МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА ё худ тафсири ишқи гулдухтар ва гулписар
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 14 саҳифа
— Ин ҳунарро дар куҷо ёд гирифтӣ?
— Оигареткаширо?
Дар Москва.
— Ту он ҷо ҳам будӣ?
— Ҳамроҳи Муҳаммад рафта будам. Лекин вай ҷувонмарг маро партофта гурехт...
— Ту, албатта, хеле зиқ шудӣ, ғам хўрда, ба сигарет...
— Что ты! Ман ин хел нозукдил не, аз ҳар хел пустяк зиқ намешам. На ғам мехўрам, на кам мехўрам! Ҳа-ҳа-ҳа...
— Исто, ки... агар намегурехт, бо вай хонадор мешудӣ?
— Никогда! Ба ман пулу чизи афғонбачаҳо маъкул, худашон не... Вайҳо фиребгар...
Медонӣ, як студенткаи мединститут ба афғонбачае расиду чӣ хел боб шуд?
Номи вай духтар Саломат...
— Саломати дароз?
— Ҳа. Мешиносиш?
Бале, нағз мешинохтам ўро. Саломат ҳамшаҳриям буд. Дар зодгоҳ номзад дошт.
Бояд баъди хатми мактаби олӣ тўй мекарданд. Лекин ҳангоми дар курси панҷум хондан ба афғонписаре дил баст. Инро шунида, падару модараш ба таҳлука афтоданд. Вале духтар гапи онҳоро нагирифт. Ба насиҳати омўзгорон низ гўш накард. Таҳсилро нимкора партофта, ба афғонписар расид. Ҳамчун зани конунии ў, ҳамчун табааи Афғонистон ба он мамлакат рафт ва...
— Ба вай чӣ ҳодиса рўй дод?
— Баъди чиллаи арўсӣ Саломат фаҳмидааст, ки вай зани дуюм ё сеюм будааст.
Тасаввур мекунӣ — лишняя жена! Канизак барин гап... Мегўянд, ки баъдтар шавҳараш вайро ба кадом фоҳишахонаи шахсӣ фурўхтааст. Вот такие пироги!
Танноза аз дарахти қади роҳ ду-се олу канда якеро ба ман доду ба худситоӣ даромад.
— Ман бошам, аз Муҳаммад як олам чизу чора рўёнда, боз ба шаҳри худамон омадам!
— Ҳоло мехонӣ?
— Дафъ кун-э! Аз хондан пир шудем-у. Сейчас ман бекор, но чунон бою бадавлат, ки...
— Ҳм... Рўзи дароз аз бекорӣ сигареткашӣ мекардӣ-дия...
— Ин кадар ба сигареткашии ман чақа шудӣ?
Ҷонам, аз ман гумони бад мабар!— Танноза аз роҳгардӣ истода, дастонашро ба миёнам ҳалқа андохту дуди сигорро бо ноз ҳалқа-ҳалқа ба рўям пуф карда, ба худсафедкунӣ даромад: — Ман он қадар хуморӣ не, ҷонам. Барои он сигарет мекашам, ки косметолог фармудааст. Барои нест кардани доғи рўям шуда... Вапше чёрт знает, ки ин доғи калаф аз куҷо пайдо шудааст?
— Зиқ нашав, Танноза! — дарҳол вайро дилбардорӣ кардам. — Ин доғи муваққатӣ... Онро дар тарафҳои мо «гули балоғат» мегўянд. Баъди ду-се моҳ агар даст наковӣ, худ аз худ нест шуда меравад...
— Яъне, ту гуфтанӣ, ки сигарета накашам?
— Ихтиёрат...
— Не, Ҳакимчик! Илтимос, гапатро беибо гуфтан гир. Агар сигареткашии ман лична ба ту маъқул набошад, худи ҳозир аз баҳраш мебароям! Ана, смотри — Танноза сигаретаи дасташро болои асфальт партофта, расо кафмол кард. Баъд аз сумкачааш қуттии навкушодаи «Золотое руно»-ро бароварда, пора-пора дарронд ба ҷўйбори қади роҳ партофт ва саволомез сўи ман нигарист.
— Чаро ин хел кардӣ?
—То ки ба садоқати ман бовар кунӣ! Агар хоҳӣ, худи ҳозир, вот здес дар мобайни ҳамин кўча тамоми сару либосамро кашида, луб-луч бараҳна мешавам...
— Э не-е! — саросема дасти Таннозаро даштам. — Ту мастӣ ё ҳушёр?
— Ман ҳушёр, дорогой мой! Барои он некультурни гап мезанам, ки ба садоқати ман бовар кунӣ! Панятна!
Калимаи охирин гўшамро сахтакак харошид. Умуман, ҳар дафъае, ки вай ҳангоми сухангўӣ калимаи ғайрро истифода мебурд, худро ноҳинҷор ҳис мекардам. Лекин забонам намегашт, ки эрод гирам. Аз он метарсидам, ки меранҷаду ногап мешавад.
Лекин ҳозир...
— Танноза, бигў, ки бо кадом забон ҳарф мезанӣ?
— Бо тоҷикӣ?
А что?
— О... ними гапат русӣ-ку!
_ — Ну и что?
Падумаеш! Забон-забони худам, ҳар чи хоҳам, гуфтан мегирам!
— Гапат маъқул, ихтиёр дорӣ. Ҳеҷ кас забони туро бастанӣ не. Лекин, охир, одоби сухангўиро нигоҳ доштан даркор! ё соф ба забони тоҷикӣ ҳарф зан, ё ки пурра бо лафзи русӣ сухан гўй... Фақат, илтимос: ду забонро бад-баробар ифлос накун...
— Ҳуб шудааст.Лекин азизам, ҳозир омади замон ҳамин хел: фақат ман не, дигару дигарон ҳам чунин сухан мегўянд...
— Дигаронро як сў мону худатро дон, Танноза. Агар хоҳӣ, як мушоҳидаи худро мегўям...
— Ну-ка.
— Ҳангоми ичорашинӣ як ҳамсояи яҳудӣ доштем, вай чудо-о меҳрубон буд. Лекин забонро хоида, омехта аралашбод гап мезад. Як ҷумлаи классикиаш ана ин хел «Мише, Мише! Зани Грише пацан зоидай. Каллаш круглий. Чашмаш-голубой...» Акнун худат хулоса барор: байни гуфтори ту ва ин марди яҳудӣ чӣ фарқ аст?
Танноза гунггулак шуда, беист мижа мезад. Аз фурсат истифода бурда, дигар суханҳои мағорбастаи диламро низ холӣ кардам.
— Боре аз он марди яҳудӣ пурсидам, ки чаро калимаҳои русию тоҷикиро ба ҳам омехта, қасдан, забонро вайрон мекунед?
«Мо, ука, свой родной язык чун зеница ока пос медорем,— ҷавоб гардонд Арон.— Шумо ҳам ука, если можете забони маханотона берегат кунед!» Хўш, ба инаш чӣ мегўй?
— Ҳамааш панятна, фаҳмо, азизам! — Танноза саросема маро ба оғўш кашид.— Мурам, ки дигар ягон калимаи бегона талаффуз намекунам. Ту хурсанд?
— Ҳа.
—Ин хел бошад, гўш дор. Медонӣ, дина шаб як хоби аҷиб дидам. Хоб бинам, дар лаби ким-кадом дарё истодаам. Ин дарё ваҳшӣ будаасту обаш секунд эъ сония ба сония зиёд шуда, маро ба дамаш мекашидааст. Аз тарс гурехтанӣ шуда, он тараф гардам як ҷари бетаг будааст... Ана, дар ҳамин мамент... эъ лаҳзаи саргарангӣ ту аз он тарафи дарё намудор шудӣ. Номатро гирифта, баланд фарёд задам. Маро шинохта, қанот бароварда, ин сў паридию маро наҷот додӣ...
— Зўр-ку!
— Давомаш боз зуртар! Гўш дор: рўзи дигар пеши циганка рафта, фол кушодам.
Вай гуфт, ки ҳамон ҷавони спасат,... эъ наҷот додагӣ, яъне ту — ҷонам, дар бедорӣ ҳам маро аз ҳар бало халос мекардаӣ... Барои ҳамин туро ба свиданӣ фарёд кардам, ҷонам... Барои ҳамин ҷон коҳонда, пастаратса мекунам, ки ба садоқати ман бовар кунӣ...
Ана, решаи гап дар кучо будаасту дилаки Танноза чӣ мехостааст?
Вай мани соддаро боз аллонда, ба дастам сўзан дода, аммо каланд ситонданист! Лекин хаёлаш хом аст, ин карат найрангаш намегузарад!
Бо табассуми заҳромез теғ кашида, ба қаъри чашмони собиқ маҳбубаи хиёнаткори акнун содиқ нигаристам. Бовар доштам, ки нигоҳашро дигар сў мегурезонад. Аммо ин хел нашуд: Танноза се-чор маротиба, сохтакорона, пайдарпай мижа заду чашмакони лиқи обашро калон кушодаю милтас занонда, гиряолуд ба даҳонам нигарист. Шастам шикаст. Гарчанде медонистам, ки гиряи зан дар остинаш асту ашки чашм макри ўст, бо вуҷуди ин гапи дар нўки забонам буда худ аз худ гум шуд.
Боз ба ҳоли духтараки бечора, ки бо айби Исою Муҳаммаду дигару дигар нохалафҳо чандин карат пешпо хўрдааст, дилам сўхт. Фаҳмидам, ки вай акнун пурра ба қадри ман расидааст. Зеро бо сари хаму гардани каҷу чашмони ашкполо узр мепурсад ва гаштаю баргашта мегўяд: «Ман пурра дар ихтиёри ту, Азизуфҷон!
Ҳар чӣ мехоҳӣ-бикун, ҳар чӣ мехоҳӣ бигу. Аз ин пеш ҳар чӣ бад кардам, ҳоло тавба кардам... Дигар то зиндаам ба ту хиёнат намекунам... Саги вафодори даргоҳат мешавам...» Вафодор мешавад?
Гумон... Чуноне ки ҳеҷ вақт аз сафедор бўи гул намеояд, аз Танноза низ асло бўи меҳру вафо ба димоғ намерасад! Ва азбаски «аз маҳбубаи бевафо зани лўлӣ беҳ» гуфтаанд, бояд ин маккораро бо чанд сухани талху тунд шармсор карда, байни роҳ партофта равам...
Чӣ?
Духтараки фиребхўрдаю паршикастаро танҳо партофта равам?
Бо суханҳои қабеҳ лагадкўбу бо ҳақоратборон шип-шилта тараш кунам?
Не! Ин рафтори сазовор намешавад. Бояд оғўш калон кушода, «Таннозаҷон, хуш омадӣ! Агарчӣ сад бор аҳд шикастаӣ, хуш меоӣ. Фақат мазбут бо аҳди нахуст о! Дер ою дуруст о!!» гўям...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё