Зеҳн
МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА

МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА ё худ тафсири ишқи гулдухтар ва гулписар

Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 14 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ё тавба! Чиҳо мегўям а?

Аз афташ, ин шайтондухтар ба ман май гирон додаасту...

Вагарна, чаро арҳам-дарҳам сухан мегўям!?

Ман мастам магар?

Не...

Пас, ман ҳушёрам?

Не...

Худоё! Чӣ кор кунам?

Ҳамсўҳбати зираки ман фаҳмид, ки вақти амал расидааст, худро дубора ба ман ҷафс гирифта, мулоим пурсид: — Ҳаким, ҷонам бо Маҳбуба ҷанҷол"карданамон ба ёдат ҳаст?

— Ҳо...

— Ёд дорй, пеш аз ҷанҷол як га.пи нағз гуфта будӣ...

— Ман ба ту гапи нағз бисёр гуфтаам...

— Лекин инаш сами лучши... эъ, нағзи нағзаш буд! Жаль что, ҳамон вақт беақлӣ карда, гапро ба шўхӣ бурда будам... Ба ёдат омад?

— Маслиҳати ЗАГС-равӣ?

— Худди худаш! Точна ёфтӣ! Вақти аз синф баромадан бо овози баланд «Ба ЗАГС меравем» гуфта будӣ...

— Рост, он вақт ҷиддан ҳамин хел ният доштам....

— Ҳозир чӣ?

Ҳозир ҳамон гапатро павтарит... эъ такрор карда метавонӣ?

Ҳис кардам, ки лаҳзаи ҳалкунанда фаро расиду такдири Танноза бо як калима гапи ман вобаста аст.

— Албатта метавонам! — каллаамро сахтакак афшонда, аз ҳуҷайраҳои косахонаи сар охирин қатраҳои шаробро дур афкандаму то ҳадди имкон худро ором гирифта, ботантана гуфтам: — Ина гўш доред, Таннозахони азиз! Марҳамат карда, пагоҳ ба идораи ЗАГС биёед!' — Ба ростӣ! — Танноза ба гўши худ бовар накарда, дубора пурсид: — Ту ҳушёр, а?

Ҷиддӣ мегўӣ ё шўхӣ мекунӣ?

— Ҳозир вақти шўхӣ не, Таннозахон! Хўш, пагоҳ ба ЗАГС меоӣ ё не?

— Албатта, меоям! — Танноза гулоби дидаҳояшро мисли кўдакон бо пушти даст пок карда, саросема гапашро давом дод.— Пойамро монда, ба сарам давида меоям!

Фақат гўй, ки соати чанд оям?

— Пагоҳ расо соати дувоздаҳ дар назди бинои ЗАГС вомехўрем. Хуб?

— Хуб шудааст, ҷонакам! Ҳазор бор хуб шудааст, Азизуфҷонакам! Тува мурам, Азизуфҷонаки ширинакам!!! гўён Танноза худро ба оғўши ман ҳаво доду чашму рўю биниямро ба лесидан даромад...

Рўзи дигар, зеботарин гулдаста дар даст, расо соати дувоздаҳ назди идораи қайди ақди никоҳи гражданинҳо омадам. Таннозаи оростаю пероста ханда бар лабу сумкача дар бағал аллакай назди даромадгоҳ интизор меистод. Маро дида, варақ- варақ шукуфт ва лабамро бо лабаш сурхак карда, бўи сигоролуд пурсид: — Ман аз саросемагӣ қаламро фаромўш кардаам, ҷонам. Ту барои аризанавиӣй ручка овардӣ?

— Ҳо. Ручкаи тиллоӣ овардам.

— Харашо, рафтем!

— Андак ист!

— Зачем?

— Ҳозир, баъди панҷ дақиқа, бояд Назокат ояд...

— Назокат?

Кадом Назокат?

— Ҳу як духтараки кўтоҳкокул буд-ку, дар омўзишгоҳ мехонд...

— Ҳа-а, ба ёдам омад, туро ба ман партофта, худаш таксӣ катӣ гурехта буд... Ҳамон?

Вай барои чӣ меояд?

Шоҳид мешавад?

- Не Танноза: Ману вай барои хонадоршавӣ ариза менависем! Шоҳид ту мешавӣ...

*** 25.Баъди чопи охирин маҷмўаи худ-«1001 лабханд» ҳафт сол хомўш будам. Шаҳр ба шаҳру диёр ба диёр гашта, рўзу ҳафтаҳои зиёдро дар китобхонаю музею харобаҳои Гурганҷи бостонӣ, Самарқанду Бухоро, Маскаву Машҳад, Санкт-Путербург, Оренбург, Қўқанд ва Хуҷанд гузаронда, барои навиштани романи таърихии «Темурмалик ва Нигина» мавод ҷамъ меовардам, ки таҳкурсии он 6 марти соли 1986 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» гузошта шуда буд.

«НИГИНАИ ВОРУХӢ» Гулдухтарони тоҷик...

Онон аз қадимулайём ҳунарманду ҳушманд ва хушгиланд...

Робияи Балхӣ гули сари сабади онҳост. Номи вай дар саросари олам маълуму машҳур аст...

Дўстдорони шеъру адаб номи Меҳсатии Хуҷандиро низ накў медонанд...

Зебуниссо ҳам дар осмони беканораи назми олӣ наҷми дурнамоест...

Дар олами санъат чӣ?

То ба ин қарибиҳо дар ҷавоби ин савол ҳамагон китф дарҳам мекашиданд.

Дар арафаи ҷашни муборак-иди байналхалқии занону духтарон бозёфти пурарзише падид омад: беҳтарин раққосаи Мовароуннаҳри то давраи истилоҳи муғул, ситораи дурахшони санъати он замону он макон низ тоҷикдухтар будааст...

Вай кист?

Куҷоист ?

«Маданияти Мовароуннаҳр, Хуросон ва Хоразм... пештар аз ҳуҷуми Чингиз ба авҷи аълои худ расида буд,-навиштааст устод Садриддин Айнӣ дар очерки таърихии «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»-Дар ҳар кадоми шаҳрҳо ва деҳаҳои калони ин сарзаминҳо, мадрасаҳо ва китобхонаҳо буда, дар ин ҷоҳо олимон ва толибони илм гирд омада буданд... Як қатор шоирони олим ва адибони ҳаким ва философ, ки ба таърихи адабиёти форс-тоҷик зиннати ҷаҳонӣ бахшидаанд, дар ҳамин ҷоҳо тарбия ва нашъунамо ёфтаанд. Дар ин давра санъати мусиқӣ, наққошӣ ва рассомӣ ҳам хеле ривоҷ гирифта буд...» Ин маънӣ дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ низ тасдиқ шудааст. Аз ҷумла, Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари безаволи худ чунин менависад: «Таърихи Осиёи Миёнаро истило кардани муғулҳо дар асарҳои се ҳамзамони ин воқеаҳо Ибни Асир, Ҷувайнӣ ва Насавӣ ҳаматарафа тасвир шудаанд».

Номи пурраи Насавӣ-Шаҳобиддин Муҳаммад Ан-Насавӣ буда, вай муаллифи «Сират-ус-султон Ҷалолиддин»... мебошад. Ў дар ин асари таърихии худ роҷеъ ба адабиёту санъати он давра маълумоти муфассал дода, ба таври эътимодбахш нишон медиҳад, ки ахтари тобони санъати Мовароуннаҳр, Хуросон ва Хоразм, «раққоса Нигина бинти Абулсайид аслан аз деҳаи Ворух, тобеи ҳокими Хуҷанд аст».

(Ин маълумот дар романи адиби ўзбек Мирмўҳсин «Темурмалик» низ айнан оварда шудааст).

«Деҳаи Ворух-навишта шудааст дар Энсиклопедияи Советии Тоҷик-маркази Совети қишлоқи Ворух ва колхози «Правда», райони Исфара, вилояти Ленинобод аст. Аҳолии он 14500 нафар (с.1976), тоҷикон мебошанд».

Чӣ тавре ки дар урфият мегўянд, аёнро ҳоҷати баён нест. Бо вуҷуди ин ба таври махсус таъкид кардан лозим меояд, ки Нигина бинти Абдулсайид раққосаи беҳамтои тоҷик буда, дар асрҳои XII-XIII умр ба сар бурдааст. Вай бо санъати аълои худ дар Мовароуннаҳр писанди хосу ом буд ва бо номи Нигинаи Ворухӣ шўҳрати беандоза дошт...

Охирин рўзи моҳи саратони соли 612-уми ҳиҷрӣ (1216-и милодӣ) буд. Деҳхудои Ворух Валихоҷа дар сояи Маҷнунбеди кокулпарешони лаби оби равон, болои чор рахт кўрпачаи зеҳзаррин каҷпаҳлў зада, бо ҳаловати хосса чои санҷидӣ менўшид ва кору бори канизону ғуломони ҳалқабаргўшро бо кунҷи чашм наззора мекард. Ин зархаридони сарпаст бешавқуну мағал, аммо тунду чолок амал намуда, кохи чаҳорпўш-мистабаи Чилмурғонро, ки ҷои ҷамъомад ва хурсандии амирзодагон ва ашрофон буд, барои базми фардо омода месохтанд.

Бале, пагоҳ-дар нахустин рўзи моҳи асад дар ин ҷо, аз рўи анъана, бояд базми ҷамшедӣ ороста шавад. Базме, ки ҷашни ҳарсолаи ворухиён-сайри зардолуро ҷамъбаст мекунаду дар он ҳокими вилоят шахсан ширкат меварзад. Филҷумла, имсол ҳокими ҷавони Хуҷанд Темурмалик ибни Маҳмуд бори аввал ба Ворух қадам ранҷа мефармояд. Вай меҳмони мўътабар, аммо нозук асту ўро бо тайёрии мукаммал ва сазовор истиқбол бояд кард. Аз ин ҷост, ки Валихоҷа ташвишҳои дигарро ба дўши дигарон монда, омодагии мистабаро худаш мўшикофона назорат мекунад...

Темурмалик ва аҳли рикоби ў чун ба тангнои Ворух расиданд, созандаҳо таблу бўқу кўс ва санҷ заданду карраною испедмўҳраро бод бардамиданд ва аз танини он чор кўҳи атроф биларзид. Пас аз лутфу марҳамати болониҳоя, хушгўӣ ва пазироиҳои мутантан Темурмалик ба тахти равони ороста нишаст ва ҳамагон ба маркази деҳа равон шуданд. Тамоми роҳ дуҳулзан пешопеш рафта, бар табира даввол мезаду аз ҳафтсола то ҳафтодсола саркардаи болонишинро бо тавозўъ «хайрамақдам!» мегуфтанд...

Пас аз андаке истироҳат, вақте ки Темурмалику ҳамроҳонаш нимкосагӣ кангар (оши сиёҳалаф) тановул карда, кўфти роҳ бароварданд, сайри зардолу оғоз шуд.

Меҳмонони олиқадр бо роҳбаладии Ғиёсиддини Нозўр (боғбон) аз тарафи офтобшинам ба боғи Чилмева даромаданд. Ин саробўстон дар қарибии Шахи Сурх, қад-қади сои Умар доман паҳн карда буду аз бурсу урс ва бухрак (сарву бодоми кўҳӣ) садди сабзи ногузаштанӣ ва аз зардолую шафтолую себу мурўд, мувофиқи номаш, чил навъ шаҳдмеваи шаккаррези хўрданӣ дошт. Фақат аз як худи зардолу дар ин ҷо даҳ хели ширинтаринаш: қандақу хурмоӣ, дарафшаку биникорӣ, ширпайванду маҳтобӣ/, қурутаку ҷавзоӣ ва худрезаку мирсанҷалӣ месабзид.

Темурмалик дар байни растаҳои дарахтони тиллоранг оҳиста-оҳиста қадам зада, шохаҳои пурмеваро бо эҳтиёти том хам мекарду аз ҳар навбовае донае ба даҳан меандохт ва Ғиёсиддини Нозўрро пайваста ниёиш мегуфт. Чун дастаи сайргарон ба мобайни боғ расиданд, бо ишораи деҳхудо чор ҷавони хушлибос дар чор зарфи заррин аз зардолую шафтолую харбузаю бодиринги наврасида чор навъи беҳтарин-мирсанҷалию калвандаю шамимаю толонаи тииб пеши ҳоким оварданд.

Дар ҳамин асно аз ҷониби рўди Карафшин боди муаттаре вазида, гесўи дарахтони боғи биҳиштиро шона зад ва бўи насрину суману қаланфур ва хайрию нилуфари бўстонафрўзро ба машоми ҳозирин расонд. Аз омезиши хушбўиҳо Темурмалик сармаст шуд. Ангушти хитоб боло кард ва гуфт: -Ҳаббазо! Эй мардуми пок, ҳаббазо! Қаблан шунида будам, ки Ворух дар қаламрави мо беҳин макон аст. Алҳол бовар кардам, ки дар ҳақиқат чунин аст!

Атрофиён-ҳокиму уламо ва сўфию деҳхудоҳои бонуфузи Ворух баробар таъзим намуда, сухани хуши Темурмаликро сипосгузорӣ карданд.

-Биҳамдуллоҳ, дуруст гуфтед, ҷаноби саркарда!-яке аз таъзимгарон-марди нуронии тахмин чилсола, ки тарзи либоспўшиаш аз дигарон фарқ мекарду минҷумла, ҷуббаи гулнақши самарқандӣ дар бар дошт, қадаме пеш ниҳод ва дубора таъзим карда, каломашро давом дод: -Гапи Шумо комилан ҳақ асту рост, саркарда:-дар ҳақиқат аз хоки Ворух фақат гули хушбўй мерўяд.

пешина
аз 14
навбатӣ