МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА

МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА ё худ тафсири ишқи гулдухтар ва гулписар
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 14 саҳифа
Сухани марди ситорагарм Темурмаликро хуш омад, ки бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд ва гуфт: -Ҳаббазо эй мардуми ҳушманд! Дуруст гуфтед. Лек, менамояд, ки худ аз аҳли Ворух наед?
-Ҳақ асту рост! Мўҳтарам саркарда! Ман аз Ворух наям, бо шарофати Шумо ва дўстонам ин ҷо омадаям. Ман шоирам, аз Исфара. Сайфи Исфарангӣ манам...
-Хеле хуб!-дили Темурмалик аз шодӣ ба ҷўш омад. –Агар шоиред ва агар Сайфи Исфарангӣ шумоед, пас дар ситоиши ин макон, дар васфи ин боғи афсонавӣ бадоҳатан шеъре бихонед.
-Ба чашм, саркарда! Ба чашм!
Сайфи Исфарангӣ чанд қадами дигар пештар ниҳода, дар мобайни маърака қарор истод ва бо чашмони шарарафкан лаҳзае атрофро нигаристу дасти чап боло намуд ва мисли булбул ба хониш даромад: Парда бардор, ки сури чаман аст, Бод дар айни нисори суман аст.
Боғ чарх асту минаро майдон, Шох ҷавзову шукуфта паран аст.
Наварўсони бароростаро, Тоҷи пироя аз дурри Адан аст.
Камари ғунча зи шохи миност, Кулаҳи лола зи мушки Хутан аст.
Об дар ҷўй равад чун симоб, Абр гўй, ки гули настаран аст.
Бар замин хаймаи тардомани гул, Сояпардозтар аз норван аст.
Ҳама тан ғунча ақиқ аст магар, Дар дами бод ҳавоси Яман аст.
Темурмалик аз ҳама пеш, бо шавқ, каф ба ҳам зад. Ин чунин маъно дошт, ки шеъри Сайфи Исфарангӣ ба ў писанд афтодааст ва шоир ҳақ дорад, то дами бозгашт ҳамроҳи ҳоким бимонад...
Чун сайри зардолу анҷом ёфт, мавсими нағмаи чангу захмаи рубоб фаро расид ва ҳар дилеро ҳаваси рўи гуле дар сар афтид. Темурмалик низ кулоҳу ҳуллаи нав ба сар карда, бо роҳнамоии мири маҷлис ба мистабаи Чилмурғон омад. Коҳи мулавван пас аз кофуру уду шакар сўхтан басо хушбўю дилангез шуда, барои маҷлиси соҳибдилон пурра омода буд: хизматгузорони шигарфу чобук аз гулу ёсуману хайрии алвон неъмати фирдавс офарида ва аз ҷомаи заррину фаршҳои навоин тахтҳо густурда буданд. Каҷкулоҳони мўпарешон, ки чеҳраи ҳар яке чун маҳи дуҳафта дурафшон буд, ба истиқболи Темурмалик саф ороста, бо таҳнияти бисёр ба тахти пешгоҳ баровардандаш.
Мирони вилояту шоир Сайфи Исфарангӣ ба як саф нишастанду деҳхудои Ворух ва арбобу шиҳнаи ў дар сафи дигар ҷо гирифтанд. Аммо Ғиёсиддини Нозўру Бобошарифи деҳқон ва дигару дигарон ин ҷо ҳузур надоштанд. Зеро дари мистаба барои барзгару тешаварон алмудом пўшида буд...
Баъде, ки ҳама бузургон ҷо ба ҷо нишастанд, маҳи рудзон руд пардохт ва аз «Ушшоқ» навое омода сохт. Надимони озода ва латифрўй нону коку калича оваранд, ғуробаю риштаугрою оши наргисӣ кашонданд, гулоби Балху анўша фаровон карданд ва назди меҳмонон нишаллою гулоҷию ҳамсатулҳалво ба тарзи лавзина, машкуфӣ, бодомӣ, залеб ва давомушк вогузоштанд. Дар мистаба ною нўш ва рақсу хурўш оғоз ёфт...
Он айём овозхону гўяндаҳоро қаввол мегуфтанд ва чун шаби қадр ба пардаи боло расид, мири маҷлис қавволонро фармуд, ки суруди ошиқона хонанд. Садои санҷу чантур чангу чағона, дафу доира, ною рубоб ва уду барбат ба ҳам омехта, дили раққосаҳои шўху шангро ба хурўш овард ва онон дар ҳавои «Ганҷи бодовард», ки лаҳне аз оҳанги сигонаи Борбад аст, рақси дастбандро бо латофати хосса иҷро карданд.
Темурмалик ба ҳар қадре, ки май мехўрд, дар ниҳодаш завқи тараб кардан фузун мешуд. Маҳз дар чунин лаҳзаи шодкомӣ яке чашмаш ба маҳинпардаи хоссае афтод, ки паси он гулдухтаре нишаста, беист ўро наззора мекард. Дили Темурмалик ба таппиш даромад: кист он парипайкар?
Дар чунин лаҳзаҳо Шоҳмуроди Кўҳистонӣ аниси беҳтарини ўст. Ин ҷавонмарди қоматбаланди говҷигар, ки худ аслан аз Бадахшон аст, дўсти санҷидашудаи Темурмалик буда, ҳар супориши ҳокимро зуд ва бекаму кост иҷро мекунад. Ва ҳоло низ ҳокими беқароршуда бо ишораи сар Шоҳмуродро наздаш хонд ва фармуд, то кӣ будани зебосанами паси пардаро дақиқ муайян кунад.
-Ин зебосанам Нигина ном дошта, зодаи ҳамин деҳа, духтари Абдулсайиди барзгар аст, -ба гўши ҳоким пичиррос зад Шоҳмурод. –Вай беҳтарин раққосаи дарбори ҳазрати султон Муҳаммади Хоразмшоҳи воломақом буда, ин ҷо ба аёдати волидайн омадааст. Лекин... вай кабўтари ҳарам аст.
Темурмалик моҳияти масъаларо фаҳмид: кабўтари ҳарам парандаест, ки шикори он манъ аст... Яъне ин шаб Темурмалик, бо вуҷуди ҳокими вилоят буданаш, ҳақ надорад Нигинаро ба рақс даъват кунад... Бинобар ҳамин вай ҳаяҷони худро бо азобе фурў нишонда, ба давраи раққосаҳо нигарист. Лек, тамошо куҷо?! Нигоҳҳо...
Нигоҳҳои мардафкани маликаи паси парда сабру қарор ва дили ў рабуда буд....
Мушкилотро худи Нигина осон кард. Бо амри вай мири маҷлис бо овози баланд эълон намуд, ки ситораи дарбори волоҳазрат барои надимони содиқи султон рақси дилошўбе ҳадя мекунад.
Эълонро шунида, мутрибон дарҳол пардаи дигар гирифтанд ва дар фазои мистаба оҳанги «Кини Сиёвуш» танин андохт. Бо ҳавои мусиқор рухсораи латифи Нигина оҳиста-оҳиста, чун моҳпора аз пардаи рақиқ падид омад. Вай чаммона-чаммона роҳ гашта, ба мобайни давра расиду ба шаст сари зону нишаст. Ҳамон замон сар ба зер афканд ва бо ҳаракати латифе ҳиҷоби зардфон ба пушт партофт. Кулолаи қиргуни вай, ки бо лаълу ёқути рахшон оро ёфта буд, дар они воҳид парешон шуд ва ҳарири танаш чу гули сапеде зери баргу бунафша пинҳон гардид. Тавқи заррину дастпонаи марворид ва гўшвораи нуқрафомаш низ зери ҳиҷоб монд. Бад-ин минвол Нигина душвортарин рақси айём-рақси «Бисмил»-ро оғоз кард...
Нигина бо тамоми ҳастӣ мерақсиду Темурмалик лаҳза ба лаҳза мафтуну шайдои вай мешуд. Умуман ҳокими Хуҷанд-ин ҷавонмарди бисту ҳафт-солаи паҳлавонҷусса, ки чеҳраи дилкаш, абрўвони паҳну пайваст ва мўйлаби сип-сиёҳи хушнамуде дошт, моҳталъатони хуршедваши бисёре дида, ҳатто ба шаҳри Халлух- ба макони гулрухони ҳурнажод сафар ҳам карда буд. Вай нозанини нозанинҳо- Салмои арабдухтро низ медонист. Аммо ба чунин ҳусну латофат нозанини бунафшазулфу наргисчашм ва симтану насринбарро, ки ранги рухи аз лола басо латифтаре дошт, то ҳол надида буд. Аз ин рў, бо имони комил ба Шоҳмуроди Кўҳистонӣ мегуфт, ки дар ҳеҷ давру макон ҳеҷ модар ба чунин ҳусну ҷамол духтар назодааст...
Чун базми рақсу тарона поён ёфт, вақти ошиқнавозӣ ва рақси паҳлў фаро расид.
Аммо Темурмалики дилбохта мисли масте, масти беҳад бодахўрдае ақли саргардон дошту орази гулбўи арақкардаи Нигина, наргиси масту абрўи шўх чеҳраи меҳрафзою соиди симини он лўъбати некномро пайваста, пеши назар меовард.
Лекин забони гўёи ҳокими муқтадирро маҷоли нутқ намонда буд ва наметавонист дар васфи ҳусну таркибу ҳунари Нигина сухане бигўяд.
Темурмалик гармогарм қарор дод, ки Сайфи Исфарангиро фармояд, то дар васфи ин бути ошиқкуш шеъри обдоре гуфта, аз номи ҳоким номаи ишқолуда нависад.
Вале, бо мулоҳизаи он, ки агар шоири ноозмуд сирро фош кунад, ба ғазаби азими султон гирифтор хоҳад шуд, аз раъяш гашт ва ба дўсти санҷидааш Шоҳмуроди Кўҳистонӣ рў овард. Баъди машварати кўтоҳ аз ҷузъгир найқаламу қоғази хушбўи абрешимӣ бароварду бо хатти зебои насх ҳамагӣ чор сатр шеър навишт: Маро то нуқра бошад мефишонам!
Туро то бўса бошад меситонам!
Бигўям, то бидонад душману дўст: Ки ман мастию мастурӣ надонам!
Пас аз чанде Шоҳмурод бо лаби пурханда аз манзили Нигина баргашт ва худи ҳамон коғази абрешимиро ба ҳокими вилоят баргардонд. Темурмалик бо дасти ларзон лўларо кушод ва оҳи сабуке кашид: дар кунҷи рости варақ ҷавобияи Нигина ба чашм мерасид. Он низ ҳамагӣ аз чор мисраъ иборат буд: Ҳанўз наргиси сероби ман надида ҷаҳон, Ҳанўз савсани озоди ман надида чаман.
Ҳанўз ночида аз бўстони ман кас гул, Ҳанўз ношуда сер ин лабони ман зи лабан...
Темурмалик ҷавобияро гаштаю баргашта хонд ва аз он, ки Нигинаи шакарпосух ишқи ўро рад накарда, балки вайро умедвор сохтааст, хеле хурсанд шуд. Лек вай он лаҳза намедонист, ки: Зи ошиқ зортар зоре набошад, Зи кори ў батар коре набошад...
1.Сайфи Исфарангӣ-соли 581 ҳиҷрӣ (1175мелодӣ) дар Исфара таваллуд ёфта, бештари умри худро дар Бухорову Самарқанд гузаронда, соли 666 (1260) вафот кардааст.
АЗ МУАЛЛИФ Давоми қисса боз ҳам шавқангез аст. Вале мо алҳол дар ҳамин нуқта таваққуф мекунем. Зеро ҳанўз на ҳамаи лаҳзаҳои ҳаёт ва фаъолияти Нигинаи Ворухӣ равшан аст. Бинобар ҳамин аз санъатшиносону муаррихон ва хонандагон хоҳиш аст, ки дар ин кори наҷиб ҳиссагузорӣ карда, агар дар бораи раққосаи беназири тоҷик Нигина бинти Абдулсайид ҳуҷҷате, санаде ё маълумоте дошта бошанд, лутфан, ба идораи ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ё ба унвони муаллиф бифиристанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё