МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА

МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА ё худ тафсири ишқи гулдухтар ва гулписар
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 14 саҳифа
Бо хотири ошуфта аз маҷлисгоҳ баромадам. Не, аз гулдиҳии Исо зиқ нашудам: вай эҳтироми шогирди худро ба ҷо овард. Балки аз гул наовардани худ хафа будам.
Худро ошиқи даҳоняла ҳисобида, санги маломат бар сари хеш мекўфтам. Ва шояд ин ҳолат муддати мадиде давом мекард, агар фикри зерин пайдо намешуд: азбаски Исо шеър хондани Таннозаро пешакӣ медонист ҳатто ўро ба ин амал розӣ ва омода сохта буд, барои ҳамин дастагули зебо овард. Ман чӣ?
На аз шеърхонии Танноза хабар доштаму на бо вай боре дурустакак сўҳбат ороста будам. Ишқи безабон буд ишқи ман! Нигоҳ, фақат нигоҳи поку беолоиш равшангари дили ман буд. Ҳу Мавлоно Румӣ мегўянд-ку: Гарчи тафсири забон равшангар аст, Лек ишқи безабон афзалтар аст!
Бале, афзалтар аст! Ва мантиқан, ошиқи ҳақиқӣ манам! Ошиқи асил!
Аҷоиботро бинед, ки ин маъниро дар хоб дидам. Хоб бинам, дар Гарангободи мо барои муайян кардани ошиқи асил конкурс — азназаргузаронии умумиҷаҳонии дилдодагони наврас гузаронида шудааст. Чун чанд нафар аъзоёни жюрӣ, ки ҳамаашон намояндаи ҷинси латиф буданд, се шабу се рўз майна об карда, тарҷумаи ҳоли ҳар як номзад ба ошиқиро гаштаю баргашта аз ғалбери муҳаббат гузаронда, ҷавобҳои тамоми иштирокчиёни конкурсро бо пурбини адолат муоина карда, оқибат... маро ошиқи асили асри XX ҳисобидаанд! Вақте ки раиси жюрӣ инро эълон кард, аз дасти муфлисони ишқу муҳаббат ба сари ман гул борид. Яке аз гулафшонҳо Танноза буд. Вай бесадо хандида-хандида ба ҷои гулдаста ба ман хомўшона куртаи сурхеро ҳадя кард...
Дар ҳамин асно аз куҷое Восид пайдо шуд (хоб-дия, ҳама гуна афсона дар пеши он об мехўрад) ва ба Танноза эрод гирифт: — Чаро ҳангоми тўҳфасупорӣ сухане нагуфтӣ?
— Изо кашидам! — бо оҳанги нарм посух дод Танноза.— То ҳанўз Ҳакимҷон ман катӣ ягон калима гап назадаасту...
Инро гуфта Танноза бо чашмони гиряолуд қафо гашт. Вайро нигоҳ доштанӣ шуда, ҷонсарак аз ҷой хестам ва лентаи хоби ширин канда шуд.
Бо ҳамин хоб аз чашмонам гурехт. То дамидани субҳ он лаҳзаҳои гувороро гаштаю баргашта хаёлан аз мадди назар гузаронда, «таъбири хоби ман чӣ бошад?» гўён хеле фикр кардам. Оқибат; ба чунин хулоса омадам: Танноза ба ман моил асту аммо қасдан дилашро ба санг табдил додааст, зеро то ҳол аз мани кулўх садое набаромадааст...
Ҷиддан аз паи ислоҳи ин камбудӣ шудам. Ва инак, аз кулўх оташ парид! Ин навигарии муҳимтарин ва асоситарини марҳалаи аввали ишқи ҳакиқии ман тариқи зайл ба амал омад: рўзи мубораки якшанбе каллаи саҳар аз хоб хеста, баъди ноштои на он қадар базарба, ҷониби китобхона чорхез задам. Шитоб кардани ман сабаб дошт: рўзи истироҳат одатан, ҳамаи аъзоёни Ҷамъияти китобдўстони шаҳр ба ин даргоҳ меоянду қатори навбат он қадар дурмадароз мешавад, ки мисолашро на ЦУМ дидаасту на ГУМ... Бинобар ҳамин аз ҳама пеш ба китобхона омадан маро ният буд. Аммо маълум шуд, ки дар олам одами аз ман чаққонтар ҳам будааст: назди дари китобхона аллакай даҳ-дувоздаҳ калламағзи айнакӣ дар навбат меистоданд! Даррав аз думи яке барои ду кас навбат гирифта (рўзи аввали ба китобхона аъзошавӣ Восид ҳамин хел ёд дода буд: як ҷой барои худ, дигараш барои ёру ҷўраҳо), аз бекорӣ ба конспектхонӣ сар кардам...
Як вақт сар бардошта бинам, гўё замини асфальтпўш торс-торс кафида, одами портфельбадаст рўидаасту дар саҳни китобхона ақаллан ҷое нест, ки кас пасмондаи сигор партояд. Аз мурғи саҳархез будани худ қад-қад парида, хоболудонро писхандомез аз назар гузарондам ва дар охирҳои навбати дурмадароз Таннозаро ёфтам. Вай, ки маро надида буд, дилтангона лаб ғунча карда, гоҳ ба соати дасташ менигаристу гоҳ ба қатори одамон...
Инак, лаҳзае ки интизораш будам, фаро расид. Азбаски «дар кори хайр ҳоҷати истиҳора нест» гуфтаанд, духтараки оқибистодаро «Ҳозир меоям» гўён огоҳ кардаму тарафи Танноза ёзидам. Нақшаам чунин буд: «Ассалому алайкум, Таннозахон! Марҳамат карда, аз пеш гузаред! мегўяму аз оринҷаш дошта, назди дари китобхона меорам. Лекин, хайрият, ки ба сохтакорӣ ҳоҷат намонд. Танноза маро дидан ҳамон гул-гул шукуфта, саросема пурсид: —Ба ман ҳам очират гирифтед?
- Ҳа.
— Э, маладес, Азизуфҷон! Рафтем...
Таннозаро аз худ пеш гузаронда, бо карру фарри зиёде атрофиёнро нигаристам.
Зеро он лаҳза аз шодӣ ба куртаи нимдошти худ намеғунҷидам. Ҳа-дия: бо Танноза ҳамгап шудаму акнун ҳамроҳи ин гулғунча паси як миз мешинем, ҳамроҳ ба семинар тайёрӣ мебинем, ҳамроҳ таоми нисфирўзӣ мехўрем, ҳамроҳ... Хулоса, имрўз рўзи фаромўшнашавандаи «ошиқи асил» хоҳад шуд! Ва ин рўзи муборак дар тақвими ишқу муҳаббати бандафақир бо ранги зарҳалӣ сабт мегардад... .
Бале, шодию хурсандии дили маро ҳадду каноре набуд. Аммо... чӣ шуду чӣ монд, ки ба даруни китобхона даромадан ҳамон Таннозаро гум кардам. Тамоми залҳои хониш, буфету толори картотекаҳоро дубораю себора кофтам. Лек ҳайҳот: аз Танноза ному нишоне набуд!
Ноумед нашуда, кофтуковро боз давом додам ва охиру охирон кор ба ҳамин дараҷа расид, ки ходимони китобхона маро ҳамчун «шахси бекорхўҷа, беинтизом, беҳудагард ва халалрасон» ба берун пеш карданд...
Таннозаро бегоҳ дучор омадам. Дар китобхона ё атрофи он не, дар хобгоҳ: ҳамон шаб даври асосии фестивали телевизионии «Дўстон» намоиш дода мешуду азбаски дар хонаи иҷораамон телевизор он тараф истад ҳатто радиоча набуд, ҳамроҳи ҳамхонаам Шароф пилевида ба хобгоҳ омадем. Тамошогоҳ дар як мижазанӣ аз одам пур гашту фестиваль сар нашуда, нафақат ҷои нишаст, ҳатто ҷои ростистӣ нямонд.
— Э бача, ин ҷо чӣ гап?
— «Дўстон» будааст...
— Андак яктараф ист, мо ҳам бинем...
— Беҳуда ҷон накоҳон, духтар. Илоҷи дидан нест...
— Наход?
Оббо...
Азбаски шеваи ёри худ накў медонистам, нагузоштам, ки ў ранҷидахотир равад. Бе ҳеҷ андешаи зиёдатӣ аз ҷой нимхез шуда, соҳиби овозро ҷеғ задам.
— Танноза, ин сў бед.
Вай ҷинқарча барин аз болои сару китфи одамон «парида», ба ҷои ман нишаст.
Гарчанде он шаб «Дўстон»-ро тамошо карда натавонистам, хеле хурсанд будам.
Чунки аз санҷиши нави дарси муҳаббат боз як баҳои «аъло» гирифтам. Ба қавли падарам, агар кор ҳамин хел вадаванг давом кунад, албатта, ягон гап мешад...
Дар семинари нахустин қариб ним соат бе дафтару бе шпаргалка «вазъ» гуфтаму ба тамоми саволҳои муаллим пурра ҷавоб гардондам. Вай хурсандона баҳои «аъло» гузошту бар замми он «Аз Азизов ибрат гиред!» гуфта, сарамро ба осмони бисту ҳафтум расонд.
Баъди ман Танноза ба минбар баромад ва ҳамагӣ се-чор ҷумлаи берабт гуфт. Ҳатто ба ягон саволи муаллим ҷавоб гардонда натавонист. Аз ин рў Қодирӣ ба вай баҳои.ду гузошту маслиҳатомез гуфт: — Нодирова! Ин дафъа ҳамроҳи Азизов ба семинар тайёрӣ бинед!
Баъди анҷоми машғулиятҳо Танноза тозон наздам омад.
— Ба китобхона меравем?
— Ҳа. Лекин...
— Чӣ?
— Лекин... метарсам. -— Аз кӣ?
Аз ман?
«Метарсам аз он, ки дар китобхона боз шуморо гум мекунам» гуфтанӣ будам, вале беихтиёр номи Исо нўки забонам омад: — Исо ҳам мерафта бошад?
— Исо??
Кадом Исо?
Гилаомез тарафи Танноза нигаристам: наход маро масхара кунед?
— Э ҳа, фаҳмидам! — духтарак аз нигоҳи ман рамуз бардошта, саҳле сурх шуд. — Устод Маънавиро мегўед?
Эҳ, Азизуф! Азизуф... Шумо хеле зелёний-дия!
— Зелёнияш чӣ?
— Кабудбар... Яъне одами хом... Ҳозир—як байт мехонам, Танноза дафтари машқи шеър аз сумка бароварда онро аввал варақгардон кард. — Ана, ёфтам. Гўш кунед.
Саноӣ мегўяд: Марди ошиқ кабудбар бошад, Мурғи давлат паридапар бошад!
— Рост, ман хом. Лекин Исо беҳад пухта... Вай...
— Э ҳа: таки гапро ана акнун фаҳмидам! Ин бача рашк мебарад! Ҳа-ҳа-ҳа! — Танноза ханд-хандон бо ду чиллики барфсояш бинии маро пўчиду ҳадаҳа об соф кард: — Беҳуда рашк накунед, Азизуф! Аз ману Исо гумони бад набаред... Исоҷон устоду ман—шогирд. Тамом — вассалом! Ҳар дуямон фақат машқи шеър мекунем... Дигар ҳеҷ чӣ...
— Ба ростӣ?
— Честни слов! Бахудо ки рост, ҷонам! Шунидед?
Танноза маро «ҷонам» гуфт! Ҷо- нам... Як калимаи оддии панҷҳарфа... Аммо аз асали моҳи май ҳам ширину гуворотар аст он! Ин калимаи меҳрафкан дар они воҳид ҳазинонро нишотафзо мекунанду зариронро дидабино мегардонад... Ва акнун шодии маро ба худ тасаввур кунед: ягон духтараки кулўхрўй не, балки санами латифу раъно, маликаи кишвари ҳунс, Таннозаи силсиламўй ва ғолиябўй ин калимаи сеҳрнокро ба забон овард. Он, ки ҳатто дашномаш барои ман аз дуо муқаддас аст, маро «ҷонам» гуфт. Яъне, даричаи тиллоии дунёи ишқу муҳаббатро ба рўям нимво кард...
Аз шодӣ баданам дар пираҳанам нағунҷид ва «чашми дўсту қинғола, гову гўсола, бузу бузғола нарасад» гўён даррав ояти ишқ бофтам ва онро дар дил қироат кардам: -Бисмиллоҳи муҳибу раҳим! Аузу биллоҳи эмин аз рақибони лаин! Ё ҳуббулмалоик! Поко парвардигори ишқ! Иқтидо мекунам ба ту! Илтиҷо мекунам ба ту! Тавалло мекунам ба ту! Муҳаббати навқирони ман, тифли кўчаки қалби ишқолуди маро дар паноҳи худ нигоҳ дор! Дар хирмани андўҳу ғам оташ андоз ва аз ин беш дили даридаи маро ранҷур мадор!
Поко Парвардигори ишқ! Илтиҷо мекунам ба ту: меҳри маро, ин дилу хаёламро аз дидаи Танноза дигар асло берун маяфкан! Бигзор сару ҷону тану имони ман — ҳама ба Танноза фидо бодо!
ё ҳуббулмалак! Мадад намо, то аз ин пас дар роҳи ишқу вафо Маҷнун шогирди ман шавад! Омин! Ё муҳиббу роҳимин!
Ҳамон рўз чанд соати беҳтарини умрам дар китобхона гузашт. Бо Танноза паҳлў ба паҳлў нишаста, ҳар замон ба соидҳои зебояш оринҷ расонда, гоҳ-гоҳ зонуи қоқ ба рони симин зада, аз нигоҳи обдори ёр чашмаи чашм сероб карда, аз бўи муаттари кокулони мушкбор чуқур-чуқур нафас гирифта, пасту баланд шудани синаҳои навдамидаро бо чашми чор дида, чандин карат обу адо шудам. Мо аз ҳар боб сўҳбат ороста, сўи китоб қариб ки нигоҳ намекардем. Ва чун калимаи «семинар»-ро нохост нўки забон овардам, Танноза дастонашро ба ду тараф ёзонда, дурмадароз хамёза кашида хоболудона овоз баровард: — Хеле монда шудам, Азизуф! Ҳамин қадараш бас будағист... Акнун ба хона равем ҳам мешудагист...
— Ихтиёр ба худатон, Танноза. Бемалол рафтан гиред...
— Иеъ... Шумо чӣ?
— Боз камтари дигар меистам. Ақаллан саволи якумро конспект кунам...
— Ба дафтари ман ҳам конспект кунед, Азизуфҷон! Майлаш?
Иродаи нимдунбули ман ба шўълаи нигоҳи чашмони фаттон тоб оварда натавониста, об шуд. Танноза хушҳолона дафтари гулнақшашро наздам гузошту аз ҷой хест: — Хайр, ман меравам...
— Хайр! —гуфтам сар аз болои китоб набардошта.— Саломат бошед!
Танноза зулфини сумкачаашро бо дасти ларзон ба ҳалқа гузаронда, бедимоғ рафт.
Гиреҳи пешонаи ў ба дилам гиреҳ афканд: илтимосашро-ку рад накарда, дафтарашро гирифтам, аммо вай боз аз ким-чӣ норозист...
Ба ин савол рўзи дигар ҳамон Восиди ҳамадон ҷавоб гардонд. Вай маро «каллаварам» номида ба пешониям нармак ҳуппоқе заду пандомез гуфт: - Вақте ки ҳамроҳи духтари мардум ба ягон чой равӣ ҳангоми бозгашт ўро ҳатман гусел кардан даркор! Ё то манзилаш ё то истгоҳ... Фаҳмидӣ кавалери армия.
Аз камбудии ҳаштоду чандуми худ ба инчунин хулоса омадам, ки тариқи васли ёр адаб асту адаб аст! Суханони Восидро ба гўши худ ҳалқа карда, ҳангоми танаффус аз Танноза лутфан иҷозат пурсида, бо мехрубони паҳлўяш нишастам. Ҳамон рўз муаллим Қодири аз конспекти Танноза мафтун шуда, ба ў нопурсида «аъло» гузошт. Шодию хурсандини духтарак ҳадду андоза надошт: - Раҳмат Азизуфҷон! Асло кам нашавед. Азизуфҷон! Ба ҳазор дароед, Азизуфҷон! - дар ин лаҳза Танноза ҳатто аз доя ҳам меҳрубонтар буд.- Агар бо мадади шумо аз имтиҳони Қодирӣ «панҷ» гирам, як умр миннатдор мешавам, Азизуфҷон… Баъди дарс Танноза ба ҷону ҳолам намонда маро боз ба китобхона кашола кард ва қадди роҳ бо ноз гуфт, ки сари қадам ба тилломагазин дароем. Азбаски ин дўкони боҳашамати пур аз лаълу ҷавоҳиротро то ҳол надида будам, бо шавқу рағбати зиёд аз паси Танноза дарун даромадам ва... ҳанўз ду-се қадам. намонда тиллою нуқраю алмосу ҳазору як ялтар-юлтури дигарро дида, ҳам ҳангу ҳам рангам канд. Аммо Танноза бепарво буд. Аз сангпушт даҳ карат сусттар қадам монда халқаю дастпона, занҷираю ангуштарин, марҷону ҳалакҳои хел-махелро дами дарун тамошо мекард.
— Азизуф! Ин ҷо биёед! — Танноза бо чашмони мафтун ба даруни витринаи канорӣ менигарист - Ана ин марҷонро бинед...
Марҷони тиру камон ҳақиқатан ҳам кирои буд: ким-кадом устокалони гулдаст, бемуҳобот ду-се сол обу арақ резондаю нури чашм равонда, сангрезаҳои рангибарангро харошу тарош карда, ба шакли гулу моҳу ситора дароварда, бар болокории он боз саду як гавҳари ноёбро чинубарчину ҳаккокӣ намуда шоҳкории беҳамтое аз худ ёдгорӣ гузошта буд. Ба молшиносии Танноза, ки ба гардани зебояш ҳақиқатан ҳам марҷони боб интихоб карда буд, қоил шуда, оҳиста пурсидам.
— Нархаш чанд будааст?
— Се сўм!- хандон ҷавоб гардонд Танноза ва дарҳол афзуд: — Ба ман тўҳфа мекунед?
— Албатта! Се сўм ҳам гап шуд-у! — гуён даст ба киса бурдам. Танноза бошад, қоҳ- қоҳ хандид: — Телба нашавед, Азизуф! Нархи ин марҷон се сўм не, се ҳазор сўм...
Дастам даруни кисаам ях баст. Забонам ба комам часпид. Сари калоба гум карда, бо чашми нимкоф ба ҳисобу китоб машғул шудам: маоши дусолаи падарам ва нафақаи панҷсолаи момоямро тин ба тин зам кунем ва боз аз ягон ҳамсоя ду-сесад сўм қарз гирем, он гоҳ барои харидани ин марҷон пул ҷамъ мешавад...
— Ҳа, Азизуф, чува карахт шудед?
— овози Танноза маро ба худ овард.—Мегум, ки пулатон намерасад?
— Ҳоли ҳозир не! — гунаҳкорона табассум кардам,—-Лекин баъди даҳ сол... аз ин ҳам зўртарашро тўҳфа мекунам! Умуман... Таннозахон, гўш доред: дар ким-куҷое хонда будам, ки дўстӣ бо лаълу марҷон кор надораду муҳаббат бо сару дандон...
— Эҳ-ҳе... Боз гапи шоирча-ку! Шумо фақат ба гап усто, Азизуф...
Гапи соядори Танноза вуҷудамро ларзонд: ин духтар чӣ мехоҳад?
Наход ки... Не вай ин суханро ҳамту, дар омади гап гуфт. Ё... ўро ба ҳар ҳол, ба меҳмонӣ даъват кунам?
Мерафта бошад?
Агар не гўяд чӣ?
Қаҳр кунад чӣ???
Ҳар чӣ бодо бод: аз духтар, ки ишора шуд, писар набояд хомўш истад!
— Таннозахон, дарвоқеъ, соат чанд?
Вай-вай, ба китобхона меравем, ё...
— Ие, ин касро бинанду... О, шумо чӣ хел кавалер?
Абҷади ишқро намедонед магар?
— Абҷади ишқ?
Инаш чӣ?!
— О барои хотира — напамять ягон чиз харида намедиҳед?
Яксўмаҳои лабдаридаю миёншикаста ва тангаҳои сафедаку зардаки таки кисаро ҷамъ карда, ин сў-он сўро кофта, качаи арзонбаҳое харидем. Аммо Танноза он ангуштарини бенигинро ҳатто аз дастам нагирифт.
— Фу! Ҳиммати баландро бинанду! — гуфт вай пушти бинияшро ғунча карда.— Ин качаро руст карда монед, Азизуф! Ягон вақт ба ягон духтараки бекокули пасмонда тўҳфа мекунед...
Дилхиҷил аз тилломагазин баромада, ҳар кадоме сарбанди хаёлоти худ, оҳиста- оҳиста ҷониби китобхона равон шудем. Он ҷо ҳама корро як тараф монда, аввал ба ў конспект навиштам. Вай дафтарро зуд ба сумкачааш андохту «Хайр, Азизуф, ман рафтам. Кори заруре дорам» гўён аз ҷой хест. Ман ҳам: зуд дафтару китобҳоро ғундоштам.
— Ҳа?
Ба куҷо?
— аз ҳайрат чашмони Танноза гирда шуданд.
— Шуморо гусел мекунам.
— Э хайрият-е! Лекин... ташвиш накашед ҳам мешавад, Азизуф!—ғайричашмдошт пешонаи Танноза боз пурчин шуд.— Маро гусел накунеду беҳтараш, ба худатон конспект нависед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё