Зеҳн
МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА

МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА ё худ тафсири ишқи гулдухтар ва гулписар

Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 14 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Нависонавис ҳеҷ ҷо намегурезад! Рафтем, Таннозахон.

Духтар фаҳмид, ки маро аз райъ гардонда намешавад, гиреҳро аз абрў гирифта, ба гўшае ниҳод ва гуфт: — Агар розӣ бошед, ду-се истгоҳ пиёда қадам мезанем...

Маслиҳати Восид дарҳол ба ёдам расид: ҳангоми бо духтар дар кўча роҳ гаштан писар бояд аз тарафи чап қадам занад! Аз одоби муошират хабардор будани худро нишон доданӣ шуда, ноаён ба паҳлўи чапи Танноза гузаштаму кавалерча шуда, бадбаробараш қадам мезадам ва чорчашма атрофро менигаристам: ку Шарофи мулоимшипитак, ки маро ҳамроҳи Танноза дида қоил шавад! Аммо, қасд кардагӣ барин ягон оянда ё раванда заррае ба мо нимнигоҳе намекард. Одамон, саргарми фикру андешаҳои арҳам-дарҳам, дар кўчаҳои пурпечутоби зиндаги ҳар сў шитоб доштанд.

Не-не — гапам хато шуд: ҷавони дар сар шляпаи сафед пўшидае, ки дар он тарафи кўча қадам мезад, моро дид. Лекин аҷоиботи корро бинед, ки Танноза ўро шинохта, аз шодӣ боғ-боғ шукуфту «Э-ҳей, ман ин ҷо!» гўён, дасти чапашро беист алвонҷ додан гирифт. Ҷавон зуд самти ҳаракаташро тағйир дод ва роҳи сермошинро миёнабур, карда, ҷони ронандаҳоро ба ҳалқумашон оварда, баъзеи онҳоро ба тормоздиҳӣ водорӣ намуда, сўи мо чорхез зад.

Ҷавони кулоҳбарсар чун наздик омад, фаҳмидам, ки зарбулмасали «омад ба сарам ҳар он чӣ метарсидам»-ро ман барин ягон ошиқи ношуд бофтааст. Зеро дар назди мо ҳамон Исо Маънавии овозадор меистод, ки рўзи гум шудани сурати Танноза аз ҳама зиёд доду вой карда буду аз ин рў чашми дидан надоштамаш... Аммо вай ба ман аҳамияте надода, рост назди Танноз омад.

Айнаки сиёҳро, аз чашм гирифт ва бо дағдағаи зиёд гап сар кард: — Ҳелло шогирд! Настраенӣ чӣ хел?

— Шаштаранг!

— О, кей! — бо овози баландтар хигоб кард шоири ношуд, ки даруни оинаи чашмаш сад ҷин рақс мекард.— Апаздат накардам?

— Камтар...

— Пардон! Зато, Танечка ба видео билет дастават кардам!

Исо аз зери забони чарб забончаи иловагӣ бароварда, торафт часпонак мешуду мани говриш забони сап-сафед ба хоки тира молида, кунда барин карахт меистодам. Исо-ку маро бо пушти сараш медид, Танноза чӣ?

Ҳоҳ бовар кунед, хоҳ не —вай маро тамоман фаромўш карда буду узрхоҳӣ он тараф истад, ҳатто «Хайр» ҳам нагуфта, дастибадаст бо Исо ҷониби видеобар рафт.

Дуд аз димоғам баромад. «Тамом!» гуфта, беҳолона болои харак нишастаму чунон оҳе кашидам, ки чанги он ба осмон хест.

...Тамом! Қиссаи ошиқбачаи берўзӣ пеш аз мўҳлат ба охир расид! Меваяки хому хатали ишқи аввали вай чун ғўраи сармозада тараппае ба замин ғалтид ва тит гардид... Мурғи бахти парвознаомўхтааш ба чанголи шағол афтид...

...Тамом! Танноза аз даст рафт... Вай тўтии дастомўз шуд. Ба ман не, ба Исо Маънавӣ...

Фарёд, ки ёр гашта ёри дигарон, Ёри дигарону ғамғусори дигарон...

Акнун чӣ бояд кард?

Рафта бо Исо занозанӣ кунам?

Не: ин кўҳчигар мисли шутурговпаланг бақувват аст, зўрам намерасад...

ё... Восиду Шарофу Шоҳвалиро ба худ шарик гираму чоркаса Исоро бо усули «хармурд» бикўбем?

Не, ин ҳам кори намешудагӣ: гумон аст, ки онҳо ба шоиршаппӣ розй шаванд...

ё ки дав-давон рафта, аз дасти Танноза кашола карда, назди худ биёрам?

Фикри маъқул, лекин... Яқин ки вай дасти маро бо кароҳат аз худ дур мекунад. Зеро агар дар ягон кунҷи дилаш нисбат ба ман ягон зарра меҳр мебуд, маро бо пушти сараш намедид...

Ҳа, вай савлаткунон ба видеобар рафту дари ишқро ба рўям пўшид. Сахт пўшид!

Зимнан, аҷаб кори сара кард ў! Зеро ман алҳол на ба мубориза тайёраму на ба мудофиа ва на ба ишқи Танноза сазовор... Рост-дия, аслашро гирем, ман куҷою ошиқӣ куҷо?! Як бачаяки соддаи қишлоқӣ бошам; ба қавли баъзеҳо, ҳатто аз саргини хар пешпо хўрам; «Ғўзапоя», «Сағираи ошолуд», «Гўсолаи ношуд» номанд маро...

Аммо, Танноза тамоман аз олами дигар аст! Фақат як мижгони қатораку чашмҳои фаттонаш саду даҳ дилро ба якборагӣ ғорат мекунад... Ҳатто мурғакони ҳаво дар ҳаваси донаи вай аз боло ба поён ва аз поён ба боло беист қанотак мезананд...

Хулласи калом, гули якдона аст Танноза! Ва гарчанде вай гавҳараки чашми ман аст, лек... чӣ кунам, ки ғубори хотири ўям... Бинобар ҳамин, алҳол, ошиқи лоиқи вай нестам...

Бале, алҳол ҳақиқат чунин аст ва ҳоҷати баҳсу мунозира нест! Ҳоли ҳозир ман бояд заҳри ҳалоҳилро чун пораи асал фурў диҳам... Аммо баъдтар... Вақте ки меъмори обрўманд, марди бузургвор мешавам, он гоҳ ба Танноза бо имои бурут салом медиҳам он гоҳ вай аз алам ҷаз-ҷаз сўхта, биҷҷй мешавад! Лек он вақт пушаймонӣ зи ҳасрат пушти дасту лас газиданҳояш суде надорад...

Ана ҳамин хел: оянда азони ман аст! Имрўз бошад, аз ноилоҷӣ, маҷбуран, қафо мегардам... Хайр, ишқи номуроди ман... Алвидоъ, Танноза...

Вақте ки таълими фанни нав — забони русӣ оғоз ёфт вазъияти ман ҳам тағйир ёфт.

Чӣ ҳоҷати пинҳон доштан: азбаски муаллимаи мактаби миёнаамон ин фанро бо забони тоҷикӣ мегузашт, дониши ман аз забони русӣ он қадар мазза надошту гўё дар канори рўди бузург лабташна меистодам. Ва чун дидам, ки дар мактаби олӣ ҳам омўзгори ин фан тоҷикзанак аст, дуд аз димоғам баромад. Лекин, ҳайрият ки занак аз занаку муаллима аз муаллима фарқ мекардааст! Зарофат Шокировна хатто ним калимаи тоҷикй ногуфта, чунон бо лафзи русй ширину буррою шево ҳарф мезад, ки гумон мекардед, динаякак аз ягон шаҳри Сибирь омадааст!

Вай рўзи аввал дарс нагузашта, бо ҳар кадоми мо алоҳида-алоҳида сўҳбат орост.

Чун номи маро бо забон гирифт, бо даҳони пур «Я» гуфтам. Зарофат Шокировна завқида ким-чӣ пурсид. Нафаҳмидам ва «Не знай, оҷатилниса» гуфтам. Баъзеҳо хандиданд. Аммо муаллима ҷиддияташро гум накарда, дигар савол дод.

— Не понимай, оҷатилниса, — чунин буд ҷавоби ман. Ҳамкурсон дилвасеям боз қиқиррос заданд. Аммо муаллимаи дилтанг таассуфомез ба чапу рост калла ҷунбонда, маҷбуран бо лафзи тоҷикӣ пурсид, ки «дар мактаби миёна имтиҳони забони русиро ба баҳои чанд супурдаам?» «Аъло» гуфтам бо ғурур. Зарофат Шокировна хеле асабӣ шуд ва сўхтаю пухта хеле бо алам гап зад. Аз суханони ў ҳамин қадар фаҳмидам, ки муаллимаи беинсофу директори бевиҷдони мактаби моро суд кардан лозим будааст.

— Очатилниса!—гуфтам бо овози гиряолуд.— Я хочу узнат руски язик. Многа хачу!

Ваҷоҳати Зарофат Шокировна андак кушода шуд. Зери лаб «хорошо» гуфта, шариқдарсонамро як-як аз назар гузаронд. Нигоҳаш дар рўи Танноза, ки навакак бо забони русӣ бидиррос гап зада буд, лангар партофт.

Баданам ваҷаррос зад. Наход муаллима маро ба ў вобаста кунад?

Охир, ҳар дуи мо ногап-ку... Аниқтараш, ман бо вай ногап. Баъде ки маро пушти сар партофта, ҳамроҳи Исо Маънавӣ рафт, вайро садқаи салому алейки худ кардаам. Масалан, ҳамин пагоҳӣ ба синф дароям, Танноза танҳо нишастааст. Маро дида, ҳу вақтҳои пеш барин ширин табассуме кард. Ҳатто аз ҷояш нимхез шуда, барои дастфишорӣ омода гардид. Ва агар мани гардантахта «салом» мегуфтам, оби тира аз нав софу беғубор мешуду Танноза, бегумон, маро боз «ҷонам» мегуфт. Лекин ғурур чашмамро кўр кард ва ўро «надидам». Лекин...

...Ҳоло нигоҳи муаллима дар рўи Танноза лангар партофтааст. Наход...

Бале, Зарофат Шокировна Таннозаро вазифадор кард, ки маро ба шефӣ гирад.

Бисёр мехостам, ки духтарак ҷавоби рад гўяд, аммо вай хандиду. «Мо боре дар ин хусус гап-гап карда будем»—гуфт. Муаллима хурсанд шуд ва маро фармуд, то рафта ба паҳлўи Танноза шинам.

Чӣ бояд кард?

Сар хам карда, пеши маккора равам?

Не! Бо ин шайтонзода ҳаргиз ҳамнишаст намешавам!

Қавлам, ки қатъй буд, худро ба кундфаҳмӣ зада, сархам, бо нўки нохун ба парта хаткашон, рост меистодам. Аз ин ҳол муаллима хулосаи дигар бароварда, бо забони тоҷикй ба ман муроҷиат кард: — Рав, Азизов, назди Танноза шин! Вай русиро об карда хўрдагӣ, ба ту нағзакак ёд медиҳад. Рав, тез бош!

Ҳолати истамро тағйир надода, ҳамоно роли кару гунгро мебозидам. Муаллима ба шўр омад.

— Ай-я-я! О ин бача тоҷикиро ҳам намедонад-ку! Ба пеши Танноза гузашта шин мегўям! Агар гапи маро нагирӣ, аз дарс баромада рав! Дигар асло набиё, ба имтиҳон ҳам...

Қофия беҳад танг омад ва бо дили нохоҳам дафтару китобҳоро бардошта, назди Танноза гузаштам. Муаллима бо рўймолча арақи сару гарданашро пок карду оҳи сабуке кашид. Лекин... ман ба парта нишастаму... Танноза бо итоб хест ва намоишкорона ба партаи қафо гузашт. Зарофат Шокировна аз нав рангаш канд.

Хайрият ки ҳамин Восид ҳамкурси мо будааст! Вай даррав ба миён даромада, шоҳини тарозу шуду вазъиятро мўътадил гардонд ва ба муаллима қавл дод, ки маро ба шефӣ мегирад. «Ана ин гапи дигар!» гуфтаму даъвати ҳеҷ касро интизор нашуда, чаққон паҳлўи Восид гузаштам... Вай аз байни дафтар варақеро канда, саросема хаткашак карду бо кафи даст, эҳтиёткорона тарафи ман лағжонд. Дар хатча бо ҳарфҳои калон-калони чопи «Ту хари аблаҳ!» навишта шуда буд.

— Чаро ин тавр навиштӣ?

— ҳангоми танаффус Восидро аз ҳалқаи ҳамкурсон дуртар кашида, оҳиста пурсидам.

— Рост-дия! Ту аблаҳ! Аҳмақ! Ношуд ту... Гўшдарози ҳақиқӣ ту! — Восид беист заҳр мечакконд.— Кай бо духтарҳо дурустакак муомила карданро ёд мегирӣ-а?

— Гап зан, охир! Ҷавонмардӣ, ҷентельмениро кай ёд мегирӣ?

— Оста-секин ёд мегирем. Вақту соаташ расад...— нимғурма овоз баровардам. Ин узри бадтар аз гуноҳ шуд.

— Хуш, он вақту соати муборак кай мерасида бошад?

— писханд зад Восид.— Баъде ки поят даруни гўр ғўтад, сонӣ?

— Ин қадар тез нашав, ҷўра! — дигар тоқат карда натавониста, аз муҳофизат ба ҳуҷум гузаштам.— Коре, ки ман кардам — тўппа-тўғрӣ!

— Чӣ?

Чӣ гуфтӣ?!

— Кори кардагиам хато не. Зеро одамҳои калламағз гуфтаанд, ки ҳар кас бояд сазовори амалаш мукофот гирад!

— Баҳ-баҳ-баҳ! Аз ин гап расо кайф кардем-да! Умуман, ту анча пеш рафтаӣ, ҷўра!

Ҳамаи гапҳоят китоби... Лекин... оё маънии гапатро худат медонӣ?

— Маънияш ҳамин, ки... Танноза духтари сабукрафтор... Аз вай парҳез кардан даркор...

— Ҳой! Ақлат дар ҷояш ё инхелак шудаӣ?

— Восид нўки ангушти ишоратиро ба чаккааш гузошта, онро мехтоб барин ду-се бор ба чапу рост давр занонд.— О пештар гапу корат дигар хел буд-ку! Таннозаро, ба фикрам, аз нишолло ҳам зиёдтар дўст медоштӣ, дар паҳлўяш нишастан мехостӣ... Ҳатто сураташро аз газетаи деворӣ канда гирифтӣ...

— Болои сўхта намакоб напош, ҷўра! Пештар чунин буд... Ҳозир бошад... ин мирғиндӣ садқаи ишқу муҳаббат шавад!

__ — Ишқу муҳаббат?

Яъне ту ошиқу вай маъшуқа?

Оё муносибати шумоҳо ба ҳамин дараҷа расида буд?

— Ҳа.

— Аҷоиб-ку! Ягон далели сара дорӣ?

— Набошад-чӣ! Навакак худат гуфти-ку: Таннозаро ман оидқан дўст медоштам!

— Вай чӣ?

— Ба фикрам, вай ҳам...

— Вай ишқашро рўирост изҳор карда буд?

— Не...

— Ягон хел ишора карда буд?

— Ҳа.

— Чи хел?

— Боре гуфта буд, ки агар костюми сиёҳ пўшида, галстуки гулдор бандам— аз ҳама хушрў мешавам...

— Ҳамааш ҳамин...

— Ҳа-ҳа-ҳа! Ҳе, ошиқ нашуда мур-е! О магар ишқу муҳаббат чунин мешавад?

Ин ишқ не, ҷўра, сароб ин! Мефаҳмӣ: муҳаббати ту буду шуд маҳсули хаёли туст! Ҳа- ҳа-ҳа! Танноза аз ту мегуфтагӣ духтарҳои ошолуд не. Ҳар касеро хоҳад — ба лаби об ташна бурда, ташна мебиёрад. Асло аз ёд набарор: вай ба мардон дом мениҳад, на мардон ба вай! Бинобар ин ҷимакак рафта, ба паҳлўяш шин! Бо вай баҳудаю баҳуда сарбасар нашав...

пешина
аз 14
навбатӣ