МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА

МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА ё худ тафсири ишқи гулдухтар ва гулписар
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 14 саҳифа
Ва яқин, ки агар бо шарофати ягон олими ҳарфи «ҷ»-ро медонистагӣ ин витамин дар дўкону дорухонаҳо фурўхта шавад, тонна-тоннаашро мехарам ва бебаркаш мехўрам...
Воаҷабо! Худаш чӣ гап?
Пештар ҳама фикру зикрам ба китобхонӣ банд буду ҳатто вақти хўрокхўрӣ ба як даст чумча, ба дасти дигар китоб мегирифтам. Ҳоло бошад...
худи поҳоям маро ба хобгоҳ кашола мекунанд...
Нозим дарро кушода, маро дида қариб буд талхакаф шавад: — Чӣ, боз барои дарзмолкунӣ омадӣ?
— пурсид вай ҳатто «Биё» гуфтанро фаромўш карда.
— Не, ако! ман ҳам пўстамро ғафс карда, бедаъват ба хона даромадам.— Дигар кор дорам...
— Боз чӣ кор дорй?
— бо ваҷоҳат» гирифта лаб турш кард соҳибхона.
— Китоби таърих даркор...
— Чӣ-ӣ?
Аҳмақатро ёфтӣ!!! — писханд зад ҳамшаҳриям.— О агар китоб даркор бошад, ба китобхона равдия!
— Ҳанўз аъзо нашудиям...
— Чӣ, ман ба ҷои ту рафта аъзо мешавам магар?
Ё ки туро пуштора карда он ҷо мебарам?
Ягон ҳамкурси медонистагиат катй раву аъзо шав! Фаҳмидӣ?
Дар вақташ ҳеҷ кас ба мо китоб ёфта додагиш не. Мо худамон илоҷи корро ёфтагӣ! Фаҳмидӣ?
Хайр, рав, ба ту ҷавоб.
Ростӣ гап, чунин «меҳмоннавозӣ»-ро ҳеҷ чашмдор набудам. Аммо ранҷида, дарро аз оқиби худ сахт напўшидам. Ҳатто нагуфтам, ки «дигар асло ба ин остона қадам ранҷа намекунам». Балки буни гўшро хорида оҳиста оқиб гаштаму назди тирезаи долон рафта, бо як ҳаллос ба «суфача»-и он нишастам. Ин ҷо аҷаб тамошогоҳе будааст: ба кадом хона кӣ медарояд ва кӣ мебарояд—ҳамааш оинаи ҷаҳоннамо барин аён аст. Ва ман «аз бекорӣ-мушоҳидакорӣ» гўён, саргарми тамошо будам, ки дари хонаи Танноза тараққас кушода шуду ҷавони куртасурхаке хандон-хандон берун баромад. Ўро дидан ҳамон дилам лав-лав ба сўзиш даромад. Вуҷудам ларзид.
Дар пешониям арақи хунук майса зад. "Ва агар аз қафои он ҷавон фақат Танноза барои гусел берун мебаромад, бегумон, аз тиреза ба пушт мепаридам, Вале ҳамроҳонаш боақлӣ карда, «бачаи бечора ҳайф нашавад» гуфта, баробар «хуш омадед, ака, бори дигар биёед!» гуён ба долон баромаданду ҳоли мани мубтало андак беҳ шуд.
Он ҷавони хуштолеъ бо ҳар кадом духтарон алоҳида-алоҳида дастфишорӣ карда, гаштаю баргашта таъзимкунон: «Хайр, ҷону ҷигарҳо! Саломат бошед!» гуфту ҳар замон ба оқибаш нигариста дилкашол он тарафи долон рафт. Вай рафту андешаҳои гаронборе мисли тумани танги тирамоҳ вуҷуди маро печонида гирифт.
Дар гирди сарам саволу саволчаҳои бисёре давр зада, майнаамро сурох карданӣ мешуданд. Ин куртасурхак кист?
Ба дидани Танноза омадааст ё назди дугонаҳои ў?
Чаро духтаронро, аз ҷумла Таннозаро «ҷону ҷигар» гуфт?
Оё миёни ваю Танноза ягон муносибате ҳаст?
Агар бошад, чӣ бояд кард?
Сўхтаю пухта ба ин саволҳо ҷавоб меҷустам, ки Танноза аз хона баромад. Ин карат худаш танҳо буду дар бағал бухчае дошт. Вай, аз афташ, маро надид. Ё диду нашинохт. Ё шинохту худро ба нодонӣ зада, бе салому бе калом хиромон-хиромон он тарафи долон рафт. Азбаски бо ў ҳамсўҳбат шуда, кӣ будани он ҷавонро донистанӣ будам, даррав аз паяш тохтам. Вай ба қафояш нигоҳ накарда, поён мехамид. Ман чун соя аз қафояш мерафтам. Суръати қадамониро андаке тез карда, дар ошёнаи якум қариб расида будам, ки нохост маро боб кард: ба яке аз хонаҳои канорӣ даромаду дарро сахт пўшид.
Панҷ дақиқа гузашт. Аз Танноза дараке набуд. Даҳ дакиқа гузашт. Вай ҳамоно нопайдо буд... Боз панҷ дақиқаи дигар дандон ба дандон совидам. Аммо бефоида...
Хеле дилтанг шудам. Дар сарам ҳар хел гумону шубҳа пайдо шуд: аз афти кор, он куртасурхак ин ҷост! Ҳар ду, пешакӣ гапро пазонда, ҳоло дар ин хонаи хилват...
Хуллас, як олам шубҳаю гумон думибадум қатор шуду хостам ба ҳамааш яку якбора ҷавоб гирам. Бо қатъият қадам зада, ба дастаки дар панҷа андохтам ва овози омиронае маро аз даркушой боздошт: — Ҳуй бача! Ист!! Ку, ин ҷа биё! Соҳиби овоз дарбони хобгоҳ буд. Ман, ки ягон ҳуҷчат нишон надода, мисли муши пиртак ноаён дарун даромада будам, ба дасти гурбаи сахтчангол афтодагӣ барин дир-дир ларзида, наздиктар омадам.
— Унҷа чӣ кор мекунӣ?
— пурсид Салим-амаки мўйлабсафед бо нўки асояш дари хонаи канориро нишон дода.
— Кор дорам...
— Кор дорӣ?
Ҳи-ҳи-ҳи! Ку, гап зан: чӣ кор дорӣ?
— Дар он хона як ҳамшаҳрам истиқомат мекунад...
— Чӣ мегўй?
Ҳамшаҳрат?
— Ба худо қасам, ки рост... Ҳамшаҳ...
— Номаъқул кардй,,бача! Беҳуда қасам нахўр, ки рост ба дўзах мерай! Унҷа хона нестай, ки ҳамшаҳрат зиндагӣ кунад...
— Хона не?!
— Ҳовва, Унҷа души занакояй...
Баъди ягон ҳафта он бачаи куртасурхакро боз дучор омадам. Ин дафъа дар хобгоҳ не (баъди он шармандагй дигар он ҷо нарафтам), балки дар роҳрави факультет неўл ба нўл шудем. Даррав аз Восид кй шуданашро пурсидам.
— Ин бача ё дар курси сеюм ё чорум мехонад,— андешамандона ҷавоб гардонд вай.— Назар ба донисти ман, кам-кам шеър менависад... Номашро намедонам лекин тахаллусаш, ба фикрам Маънавӣ... Чӣ буд?
— Ҳеҷ гап не... Ҳамту пурсидам...
Восид нигоҳе аҷибе сўям афканду пурсид: — Мабодо-ку ту ҳам шоир не?
— Не. Ман моир?
— Моираш чӣ?
— Шеъри бисёр азёд медонам?
— Ита бошад, зўр-ку! Қанӣ, ягон байт хон чӣ?
Мувофиқи ҳоли худ рубоии зеринро хондам: Ошиқ шудам ноз макун, Бари рутба хол макун. Ман писари камбағал.
Ин қадар пардоз макун!
— Баҳ-баҳ-баҳ. Шеъри зўр гуфтӣ, ҷўра! Исто, ки мабодо-ку ошиқ нашудай?
— Не-е...
— Лекин аз суханат бўи муҳаббат меояд, ҷўра! — ҳамсўҳбати ман кунҷи чашмони пурхандаашро бо дастрўймоли катак-катак пок карда, оҳанги гапашро саҳле тағйир дод.— О, ба ману ту лоақал мурғ нўл намезанаду аллакай ба кӣ ошиқ шудаӣ- а?
Ҳатто аз саршавии дарс як моҳ нагузаштааст...
— Ишқ бо солу ҳусну соат коре надорад, ошно! — худ нафаҳмида мондам, ки ин кашфиёти на он қадар оҳарии фалсафӣ аз кадом ҳуҷайраи майнаам заҳида баромад.— Дар куҷое хонда будам, ки барои ошиқи ҳақиқӣ шудан як нигоҳ кифоя аст!
— Гапи беҳуда! — бо қатъият даст афшонд Восид ва калонгарона илова кард.—Ту ин гапҳои тумтарокн беасосатро ба гўши ҳамшаҳриҳоят — ошиқони навраси Гарангобод об карда рез!
— Яъне, ту гуфтанӣ, ки кас бо як нигоҳ ошик намешавад?
— Фақат одами аҳмақ ба як нигоҳ ошиқ мешавад! Асло аз ёд набарор: барои ба даст овардани дили як духтар баъзан панҷ соли студентӣ камӣ мекунад. Барои ҳамин баъзеҳо дар курси худ такрор ба такрор мондан мегиранд, то оҳубарраи ба дом афтондаашонро пурра ром кунанд... Ошиқи хақиқӣ ана ҳаминҳоянд, ҷўра...
Хостам аз классикони Шарқу Ғарбу Шимолу Ҷануб турнақатор мисол оварда, нодуруст будани ақидаи Восидро исбот кунам. Аммо садои занги мактаб ба ин имкон надод...
Аз байн чанд муддат гузашту сурати Танноза дар газетаи девории «Меъмор» чоп шуд. Саросема зернавишти онро хондам: «Студенткаи курси якуми шўъбаи меъморӣ Танноза Нодирова дили ҳассос, диди расо, дасти гиро ва табъи баланди шоирӣ дорад. Вай пайваста машқи шеър мекунад ва аллакай ба комёбиҳо ноил шудааст. Ҳоло ду рубоии ўро дар гўшаи «Илҳом» чоп карда, ба шоираи навпарвоз пару боли тавоно, осмони софу беғубор ва пешрафту авҷу барор орзу мекунем!».
Рубоиҳоро бо ними нафас хонда, зери лаб «Офарин! Қандата зан!» гуфтаму бори дигар чорчашма шуда, ба сурат нигаристам. Ба назарам чунин намуд, ки зеботарини зебоҳо, хушрўтарини хушрўҳо, маликаи нозанинҳои кулли башар бо табассуми алмудом сўям менигараду гилаомез мегўяд: ҷои сурати ман газетаи деворӣ не, рўи дили шумост!
Нидои дил ҷуръати маро афзуд ва оҳиста суратро аз газета канданӣ шудам. Вале дастам дар ҳаво муаллақ монд, як гурўҳ донишҷўён ба толор даромаданду «Эҳ-ҳе, газетаи нав-ку!» гўён баробар назди «Меъмор» омаданд. Ва ман, лоҷарам, дар гўшае лаб ба дандон газида, рафтани онҳоро интизор истодам. Аммо омад-омади студентон зиёд шуд, ки кам не... Он гоҳ қарор додам, ки пайташро ёфта, оҳиста суратро канда мегирам...
Ҳамин тавр ҳам кардам. Чи шўре дар факультет бархост! Аз ҳама зиёдтар Исо Маънавӣ, ки муҳаррири ҳамин газета будааст, дўғу даранг мекард. «Суратдуздро ёфтан даркор! — мегуфт вай бо овози чирросӣ.
—Ҳар кас ки набошад, вайро аз институт ҳай кардан даркор!» Баъзеҳо фикри ўро тақвият медоданд, баъзеҳо вайро ором карданӣ мешуданд...
— Суратро ту кандӣ?
— пурсид Восид маро ба гўшае кашида.
— Не-е...
— Рут сиё, дурўғ мегўӣ! Аз афтат маълум, ки ин кори ту... Дафтару китобҳоятро гиру зуд аробаатро каш! Муаллим пурсид, «касал шуда рафт» мегўям... Рав, рав!
Агар ков-ков кунанд, дар балои азим мемонӣ...
Дар хона суратро оҳиста аз кисабағали болои дил бароварда, онро мисли дурдонае ба кафи дасти чап гирифта, дур будаю наздик оварда, то сершавии чашмони гурусна баҳузур тамошо кардам. Таннозаи ситорадандон, кулчарў, абрўсиёҳ, мижгондароз бо чашмони фаттони пуршарар якзайл маро менигарист.
Менигаристу табассум мекард. Табассуми Танноза... Оҳ! Дод аз дасти ин табассум!
Маро мекушад он... Валло-билло мекушад...
Аз тамошои ҳусну ҷамоли Танноза нимчасер шуда, суратро ба лаб наздик овардам.
Аввал лабу даҳон, сонй чашму абрувон, сипас рухсораю пешонаи дилбараки хандонро гаштаю баргашта бўсида, баъди суратро ба сандуқи сина зер карда, бо чашмони нимпўш ба симкати шалақи аз доқиёнус монда дароз кашидам ва гармогарм қарор додам, ки аз ҳисоби шикамчарронӣ панҷ сўми ғарибро ихтисор карда, альбоми бахмалӣ мехараму расми Таннозаро ба саҳифаи аввали он мечаспонам. Аммо ба иҷрои ин нақша Шароф халал расонд. Вай башаст дарро кушода, бо овози воҳиманок аз остона фарёд зад: — Ҳаким! Ҳо, Ҳаким!
Ҳақиқатан ҳам одами гунаҳкор буздил мешудааст! Аз фарёди нобаҳангоми Шароф заҳраам дарид: гумон кардам, ки суратдуздии маро фаҳмида, ҳамхонаамро аз паям фиристодаанд.
— Худаш чӣ гап?
— пурсидам бо овози ларзон.— Тинҷӣ?
— Тинҷӣ куҷо?
Хез, ба майлис меравем! —- Чӣ хел маҷлис?
— Майлиси ботантана. Ҳозиракак эълон карданд, ки худи ректор бо мо вомехўрдааст. Зуд бош, то саршавии майлис ягон чиз хўрдан даркор...
Рости гап, маҷлис чӣ хел сар шуд, кӣ чӣ гуфт — намедонам. Чунки ба толор даромадан ҳамон чашмам ба Таннозаю Исо Маънавӣ афтид, ки паҳлў ба паҳлў нишаста буданд. Исо ҳар замон даҳон ба гўши Танноза часпонда, чизе мегуфту хандаи бесадои вай гўшу дили маро мехарошид.
Болои ғазна нишастагӣ барин худро лаҳза ба лаҳза нороҳат ҳис мекардам. Зеро дар вуҷудам ду қувваи муқобил, ду андешаи мухолиф, ду хулосаи ба ҳам зид афтударафт доштанд. Агар ба таъбири классикон гўем —Хайр ва Шарр, агар бо таъбири халқ гўем — Некӣ ва Бадӣ муҳориба мекарданд. Беихтиёр гапи очаам ба ёд омад: «Дар китфи чапи одам Шайтон нишастаасту дар китфи росташ—Раҳмон.
Шайтон ба роҳи каҷ мекашаду Раҳмон ба роҳи рост. Асло ба гапи Шайтон фирефта нашав, бачам!» Номаълум ба китфи рост нигаристам. Раҳмон мегуфт, ки «Зиқ, нашав, Ҳаким онҳо устоду шогирданд, дар боби шеъру сухан сўҳбат доранд». Аммо Шайтон...
Ин шайтони лаин, ки лаҳзае сабру қарор надошт, питир-питир болою поён парида, чиҳое намегуфт! Мегуфт, ки: «Инҳо ошиқу маъшуқанд, ҷуфти мувофиқанд, дар боби муҳаббат сўҳбат доранд».
«Бовар накун, Ҳаким! — солор гапашро давом дод Раҳмон.— Онҳо устоду шогирданд!».
«Не!» — бидиррос зад Шайтон.— Онҳо ош...» Сари вақт маслиҳати очаамро ёд оварда, бо нўки ангуштони дасти рост китфи чапамро се бор пок кардам. Яъне, ба Шайтон маҷоли сухангўй надода, дураш рондам. Худи ҳамон лаҳза таппиши дилу гардиши хун мўътадил шуд ва сухани садри маҷлис ба гўшам даромад. Вай дар бораи «муваффақиятҳои беназири занону духтарони хушбахти советӣ» ду-се саҳифа мадҳия хонду баъд... шоираи навқирони даврон Танноза Нодироваро ба минбар даъват кард.
Танноза аз варақ чашм наканда, чанд шеър хонд. Ҳангоми қироати вай суратгирҳо дар атрофаш парвона буданду баъди анҷоми шеърхонӣ аз мавҷи қарсак қандили шифти толор ларзид. Албатта, аз ҳама пештар, аз ҳама беҳтар ва аз ҳама бештар ман каф мекўфтам. Вале чун дидам, ки Исо гулдастаи зебое ба Танноза тўҳфа кард, дастам дар ҳаво ях баст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё