Зеҳн
МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА

МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА ё худ тафсири ишқи гулдухтар ва гулписар

Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 14 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Мавҷи хандаю чапак маро мисли киштии пачақ шуда аз синфхона берун афканд.

Муддате дар долони дарозу тангу торик пакар истода, баъд пурсида-пурсида ҷадвали дарсиро ёфтам. Онро чорчашма хонда, фаҳмидам, ки донишкадаи олӣ аз мактаби миёна саҳле фарқ Доштааст! Яъне дарсхонии мо – якум курсҳо аудиторияи наваду нуҳум будааст...

Бо дасту дили ларзон дари ин аудиторияро аввал рақ-тақ задаму баъд оҳиста нимроғ карда, беҷуръатона иҷозати воридшавӣ пурсидам. Хайрият, ки муаллимаи ресмонабрў баинсоф будаасту бо лабханд «Дароед!» гуфт Андаке шердил шуда, ду- се қадам пештар гузоштам. Аммо, азбаски моргазида ҳамеша аз ресмони ало метарсад, оҳиста пурсидам: — Муаллима, меъморҳо ҳамин ҷоянд?

Не, писар! муаллима сар то пои маро кунҷковона муоина карду бо табассум суханашро давом дод — Меъморҳо не, архитекторҳо ин ҷоянд— «Мебахшед» — гўён саросема қафо гаштам ва... аввал қиқир-қиқири ягонаю сонӣ қоҳ-қоҳи коллективона баланд гардид. Музтарибҳол шудаю худро гум карда, бо чашмони чалақ-палақ хандандаҳоро нигаристам. Нигаристаму чеҳраам мисли гули қоқу ба якборагӣ шукуфт: дар партаи аз ҳама охир Таннозаро дидам, ки ҳамранги ҷамоат аз таҳти дил қоҳ-қоҳ механдид! Ўро дидаму дилу ҷигарам бутун шуд ва ақли хирагаштаам равшанӣ ёфт: дарҳол ба ёдам омад, ки «меъмор»-и тоҷикӣ ба русӣ «архитектор» мешавад...

Ба партаи аз ҳама қафо нишаста, дарҳол гули хандони худро нигаристам. Ва чун нигоҳи чашмони мо ба хам бархўрд, ниммадҳуш шудам. Гардиши хун тезтару таппиши дил бештар гардид. Ба паҳлўяш нишаста «Ман бандаи як хандаи ту! Сад ҷону танам ҷудо-ҷудо садқаи ту» гуфтан мехостам. Бинобар ин ҳангоми танаффус, вақте ки ҳампартаи вай аз синфхона берун баромад, зуд китобу дафтарҳоямро бардошта, ба паҳлўи Танноза гузаштам. Аммо ҳанўз осуда нафас набароварда, он ҷавони қадбаланди куртасиёҳ дев барин болои сарам ҳозир шуду сипоҳона: «Аз ҷои ман хез!» гуфт. Гарчанде аз ваҷоҳати ҷангҷўёнаи ў ҳаросида, аллакай аз зин фуромада будам, ба ҳар ҳол, пои ларзонро дар узангу нигоҳ доштанӣ шуда, андаке истодагарӣ кардам: —: Ин ҷои ту не. Ин партаи давлат...

— Наход?

— ҷавон мулоимхунукона хандид.

— Ҳа-дия! Ин ҷойро... ба ту васиқа кардаанд магар?

— Оҳ-ҳо, анча маҳмадоно менамоӣ-ку, гўсола! — ҷавон чолокона ба пешонаам пуштнохун зад. — Як дақиқа берун баро, гап дорам!

Аз ин даъвати таҳдидомез гурдаам ларзиду ҷигарам ба тахтапуштам часпид. Лекин сир бой надода, гуф-там: — Натарс, ман туро намешапам! Агар ин гапро дар танҳоӣ гўям, ба ту фоида мешавад...

— Ман наметарсам! — гуфтам худро ҳаддалимкон ба даст гирифта. Лекин овози сабил меларзид.— Гапат бошад, ҳамин ҷо гуфтан гир...

— Ҳамин хел?—ҷавон боз мулоимхунукона хандид.— Ин тавр бошад, гўш дор: аввал тугмаҳои шиматро гузарон, баъд назди духтар шин.

Гулдурроси хандаи ҳамкурсон, ки маро ҳалка гирифта, баҳсу ҷавобро бошавқ гўш мекарданд, синфхонаро ларзонд. То буни гўш дар ботлоқи шарму хиҷолат ғўтавар шуда, шикастадил сар ба девор задам... Аз ин қадманор, гарчанде ки эродаш дуруст буд, сахт ранҷидам. Аммо вай ҷавони дарёдил будааст. Рўзи дигар аввалин шуда, барои вохурдӣ даст дод ва дуди сигаретро аз оинаи шикаста ба берун пуф карда„ гўё ки мо шиносҳои дерин бошем, ормона пурсид: — Сигор мекашӣ?

— Не.

—Нос чӣ?

— Не.

— На-ғз. Аз куҷо мешӣ?

— Аз Гарангобод...

— Уҳ-ҳу... тоза ҳам кайф кардем-ку. Райони аз ҳаша дурдасти республика-а!

Хонаатон дар маркази район?

— Не. Деҳаамон дар қабати кўҳҳо пинҳон шудагӣ. Аз маркази район қариб сад километр дуртар...

— Ҳамааш маълум...— асрорангез мад кашид Восид ва тирезаро калонтар кушоду пасмондаи сигаретаро бо ангушти ишоратӣ «ҳуппоқ зада», ба берун фирронд бо оҳанги аввала гапашро такрор кард: — Ана акнун ҳамааш маълум...

— Чӣ маълум?

— Ҳозир мефаҳмӣ. Аввал бигў, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунӣ?

— Не. Иҷоранишин...

— Ҳм-м... Дар хонаатон дарзмол ҳаст?

— Ҳа.

— Пас, чаро шиму куртаи ғаҷ-маҷ пўшида кўча мебароӣ, бо чунин аҳвол ба мактаб меой?

Магар намедонӣ, ки шаҳриён, алалхусус духтарҳо бачаи гандалибосро назару писанд намекунанд...

Рости гап, то ин лаҳза ба ин ҷиҳати масъала аҳамияти казоӣ намедодам. Зеро дар Гарангободи мо либоси дарзмолкарда пўшидан он қадар расм набуду дар ҳафт маҳаллаи деҳаамон фақат Надя ном русзанаке, дар мактаби мо аз фанни забони немисӣ дарс мегуфт, дарзмоли дастадарозе дошт. Вай ҳар рўзи бозор аз рўймолчаи якваҷабӣ то ҷилди болишту кўрпа — ҳамаро ба тағораи оби ҷўш андохта, фалла мекарду ким чӣ хел ордак пошидаю кафккунонда, топ-тоза мешуст. Баъди хушк шудани шустаниҳо вай ба даруни дарзмол як белча ангишти лухсида андохта, ним рўз зиёдтар моломол мекард. «Ҳамин Надя аҷоиб занак-дия! — мегуфт модарам ба кампири ҳамсоя.

— О, вай нағз медонад, ки баъди як-ду бор корбаст кардан ин ҳама либосу ҷилду кўрпаҳо қату пату ғаҷу маҷ мешаванд. Бо вуҷуди ин ангишт пуф кардаю об суф карда, ҳам худашу ҳам газмола азоб метияд». «Рост, ҳамсоя! — гапи модарамро бо каллаҷунбонӣ тасдиқ мекард кампири Солеҳа.— Ин занак ҷо-о тозаю озодаю фасонча, лекин ҳам қувваи дасташу ҳам ангишти зархарида беҳуда исроф мекунад. Боз ин уттии сабилмондааш ҳамин кадар тасфон, ки... Кадом рўз ба ҷои силиқаш базўракак даст расонда, қариб буд аз як ангушт маҳрум шавам...» Ҳисси кунҷковиам боло гирифту гапи кампири Солеҳаро санҷиданӣ шуда, боре — пинҳонӣ аз Надя, ба таги дарзмол оҳиста даст бурдам. Ҳамон замон нўги ангуштам ҷаззӣ сўхт — мисли он ки замбўри сиёҳи бемурувват неш зада бошад!

Оҳу воҳи маро шунида, акоям Рустам (вай чанде пеш аз аскарӣ омада буд) зуд ба нўки ангуштони сиёҳшудаи ман лой молид. Сонӣ таҳпурсӣ карда, аз таки кор воқиф шуду гўши маро сахтакак тофт.

— Ҳа-ҳай-ҳай! Хайрият, ки он утуг электрикӣ набудааст. Вагарна сип-сиёҳ сўхта, аланга гирифта, биҷҷӣ мешудӣ... Дигар ба утуг аҳ лелак нарасон!

— Хуб шудааст! — гуфтам баодобона ва дар дил ба худ қавли қатъӣ додам, ки то зиндаам асло дарзмол ба даст намегирам...

Аҷоиб махлуқе будааст, инсон: пагоҳӣ бо ҳамин сару либос ба мактаб рафта, дар кўчаи марказии шаҳр бо карру фар мегаштам. Вале баъди гапи Восид худро лаҳза ба лаҳза ноҳинҷор ҳис мекардам. Ба назарам чунин менамуд, ки ҳама писхандомез либоси ғаҷма-ғаҷи маро менигаранд. Ана акнун фаҳмидам, ки чаро Танноза худро ба ман наздик намегирад...

Ҳамдеҳаам Нозим—ҳамоне, ки дар курси чорум таҳсил мекунад—мақсади маро фаҳмида маънидорона чашмак зад: — Чӣ, аллакай свиданӣ мерӣ?

— Свиданияш чӣ, ака?

— Худатро ба гўлӣ назан! Аз чашмакот маълум, ки аллакай ба ягон кокулдароз ошиқ шудаӣ...

Аз ин гап як қад паридам: наход ў аллакай аз сирру савдои дили ман воқиф аст?

Агар чунин бошад, ҳама корро бало мезанад. Вай аз пеши худ як олам гапу калоча зам карда, дар деҳа овоза паҳн мекунад, ки...

— Не, ако, ман ҳеҷ гуна ошиқ-пошиқ нестам. Муаллим тарзи либоспўшиамро танқид кард... Бемаданият гуфт...

— Дуруст гуфтааст, хуб кардааст! О, ту акнун гўсолаи лойолуди қишлоқӣ нестӣ, студенти мактаби олӣ шудаӣ! Бояд сару либоси озода пўшида, културнӣ шавӣ!

Маъқул?

— Ҳо.

— Боракалло! Маъқул ки бошад, ин тоқиатро дигар напўш!

— Кўҳна шудааст?

— Не, тоқиат нав, лекин... медонӣ, одами културни, яъне шахси маданӣ набояд тоқӣ пўшад!

— Оъ... Дар деҳаамон-ку ҳамаи мардҳо тоқӣ мепўшанд. Магар ҳамаи онҳо бемаданиятанд?

— Деҳа дигару пойтахт дигар! Баъзан гапҳои шоирона мегўию лекин чизҳои оддиро намефаҳмӣ! Каллаварам: «Шаҳри якчашма рав — якчашма шав» гуфтаанд.

— Дар шаҳр ҳам тоқипўшҳо бисёр-ку...

— Ту, Ҳакимча, тоза ҳам маҳмадоно будаӣ! Ин одамони тоқипўш ё қишлоқиянду аз думи хар кашолаянд ё ту барин динаякак аз кўҳистон фаромадагӣ. На маданият доранд, на аз сивилизация хабар доранд!

—Истед, ако. Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнй, Боқи Раҳимзода ҳамеша тоқӣ бар сар мегаштанд. Магар онҳо бемаданият буданд?

— Ту дар бораи гузаштаҳо гап назан, арвоҳашон парешон мешавад. Аз зиндаҳо мисол биёр. Кадом калоншаванда ё шахси андак мансабдорро дидй, ки тоқй пўшида бошад?

— Масалан, артистҳо, ҳофизони радиою телевизион...

— Онҳо аз ҳисоб берун, Ҳаким. Барои он ки дар саҳна тоқӣ пўшида, артист ё ҳофизи халқӣ мешаванду баъд ҳар рўзи худо ҳар хел шляпа мепўшанд. Гапам дуруст?

— Ҳо...

Дар ҳақиқат, гапи Нозим то андозае ҷон дорад: дар Эбнашуд одами тоқипўш хеле кам, ангуштшумор аст. Масалан, дар институти мо аз ректор сар карда, то хурдтарин ходими илмӣ — ҳама шляпа доранд. Дар дигар мактабу идораю вазоратҳо, низ аҳвол ҳамин хел... Ҳол он ки дар деҳа мардум ба ҷои ибораи «Агар мард бошӣ» аксар маврид «Агар дар сар тоқӣ дошта бошӣ» мегўянд. Модарон бошанд, тоқиро «тоҷи сари тоҷикон» меҳисобанд. Лекин... тоҷикони пойтахт тоҷ надоранд! Чаро?

Магар пойтахти Тоҷикистон ба қитъаи Аврупо дохил асту деҳоти он ба қитъаи Осиё!?

Рости гап, пештар ба ин масъала диққат намедодам. Лекин баъди суханҳои имрўзаи Нозим ақлам анча пухта шуд. Маълум мешавад, ки агар тоҷик калламағз (културнӣ) шудан хоҳад, бояд тоқиро аз сар дур афканад! Солҳои студентӣ сарлуч гардаду маълумоти олӣ, ки гирифт, яъне интеллигент шудан пас, бояд шляпа пўшад... Баъд ошро бо чумча хўрад... Баъд фарзандашро ба мактаби...

Тавба! Ба қавли Афандӣ «бандаҳои бешуморатро гардам, Худо!» Дар ин дунёи чоррўза одамизоди шири хомхўрда барои дупула мансаб, барои ҷоҳу ҷалоли бебақо чӣ корҳое намекунад! Аз деҳа, ки пояш канда шуд, ҳамон замон аз сару либоси урфӣ ҳазар мекунад, расму таомули аждодонро пушти по мезанад, бо дасти худ суннати бебаҳо мешиканад. Худоё, оқибати ин ҳама тақлидкорӣ ва кўрдилӣ чӣ мешуда бошад?!

Сукути дурмадарози ман ба Нозим нафорид.

— Чи ин қадар дурмадароз ба сукут рафтй?

Ё гапҳоям маъқул нашуд?

— Маъқул...

— Боракалло! Ин хел ки бошад, ма докаро тар карда биё, худам дарзмолкуниро ёд медиҳам!

Латтаро тар карда, бозгашт меомадам, ки Таннозаи мўрчамиён аз ошхона баромад.

Вай кокулонашро гирди сар ҳалқа печонда, чунон хилати гулдори рангибаранге пўшида буд, ки ҳанги кас меканд. Кафшчаҳои гулпошнаи импортияш ғарҷ-ғарҷ садо мебароварду ҳар ҷо ки пой ниҳад, хоки қадамаш ба дидаҳо бардоштан мехостам. Ва ҳар қадаре, ки ў ба ман қарибтар меомад, дук-дуки дилам торафт баландтар мешуд.

Ана, Танноза бо мани ҳайкалшуда рў ба рў шуд. Шинохт маро ва ширин табассуме ҳадя кард. Сад фоиз бовар доштам, ки қарор истода, саломам медиҳад, аҳвол мепурсад, ба меҳмонӣ даъват мекунад. Аммо куҷо: ба меҳмонӣ даъват кардан як сў истад, лоақал саломи хушку холӣ ҳам нагуфт. Ба тоқии сарам бо кароҳат нигариста, худ аз худ абрў чин карду бо ғурури оламгире аз паҳлўям ҷиму им гузашта рафт.

Аз ин амал сахт озурда шудам. Ҷаҳлоҷаҳл тоқиро аз сар гирифта, зери пой афкандам на бо кафи пой зада-зада пачақ кардаму аз тиреза ба дуриҳои дур ҳаво додам...

Рўзи дигар Восид маро аз пешу пушт расо синча карда қаноатмандона «Ана акнун кариб ба студент монанд шудаӣ!» гуфт. Аз ин таъриф ёзида, дар они воҳид ба назди оинаи қаднамо расидам. Худро гаштаю баргашта тамошо карда, ба чунин хулоса омадам, ки ана акнун ба Танноза ҷуфти сазовор шудаам! Яъне, ҳоло ҳукуқи бебаркаш дорам, ки бо вай сўҳбат оғоз кунам!

Азми ҷазме дошт дили ман. Лекин ба синфхона даромадан ҳамон шастам шикаст: Таннозаю Одина байтбарак доштанд. Оббоо... мудом ҳамин хел будааст-дия: дастам намак надораду пешонаам доим шўр...

Китобаткунандаи қисмату сарнавиштро маломаткунон як парта қафотари онҳо нишастам. Ба ҳаминаш ҳам шукр: акнун ману Танноза якуним ваҷаб дур аз ҳам ниишастаему агар ҷуръат пайдо шавад, як-ду ҷумла радду бадал кардан мумкин аст! Ҳа, агар ҷуръат пайдо шавад... Аммо, канӣ ҳамон ҷуръат?

Ба пичир-қичири Таннозаю Одина бо ҳаваси пуралам нигариста, хаёлан, бо олимҳо дастбагиребон шудам. Норозигии ман аз он буд, ки ин мардуми калламағзи айнакӣ аз ҳарфи «а» то «я» ҳазору як хел витаминро фикр карда баровардаанду аммо азбаски ҳарфи «ҷ»- ро намедонанд, то ҳол витамини «ҷ» (яъне доруи «ҷуръат»)-ро ихтироъ накардаанд.

пешина
аз 14
навбатӣ