МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА

МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА ё худ тафсири ишқи гулдухтар ва гулписар
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 14 саҳифа
Сеюмин рўзи сеюмин ҳафтаи сеюмин моҳи сеюмин тобистони...
Не, нашуд!
Беҳтараш, қиссаро ана ин хел сар мекунем: ин духтараки майдаяки дандонбиринҷро якумин бор расо ҳафт солу ҳафт моҳу ҳафт ҳафтаю ҳафт рўзу ҳафт... Не, боз нашуд!!
«Гапи бисёр—ба хар бор!» гуфтани оқилон ҳақиқатан ҳам дуруст. Мухтасари гап ҳамин, ки...
Соли чанд буд. Мо саду чанд «абўтўраҳо» баъди супурдани имтиҳонҳои қабул студентча шуда, барои гирифтани справка назди дарбачаи нимроғи дари оҳанини факультет навбат меистодем. Танноза, аниқ ёд дорам дар бар куртаи сап-сафеди оҳарӣ, дар сар рўймолчаи симдори озарӣ дошт—аз ҳама дертар барои справкагирӣ омад. Аммо ба думи навбат нею рост ба сари он наздик шуд ва чашмакони аз симоб ҳам беқарортарашро ба чашмони ман лангар андохта, бо овози аз қанду асал ҳам ширинтар пурсид: — Ҳозир навбати шумо-а?
Беихтиёр лаб инҷ карда, бо аломати тасдиқ калла ҷунбондам.
— Илтимос: аз пешатон истам... Ба самолёт билет дорам, дер шуда истодааст...
Аз табассуми латифу нигоҳи ҷодуи тозагул дилаки нотапидаам яку якбора гум зад.
Чашмакони сип-сиёҳ, лабҳои суп-сурхак ва рухсораи сап-сафеди ўро дидаму хоҳ бовар кунед, хоҳ не дар они воҳид Маҷнун барин аз ҳушу хирад бегона шудам ва ба ғур-ғури атрофиён эътиборе надода, гулпариро аз худ пеш гузарондам.
Танноза Нодирова — вай ному насабашро бо овози баланд ба котиба ҳамин хел гуфт —справкаро бепарвоёна ба даст гирифту онро дуқат карда, даруни сумкачаи, ҷигаррангаш гузошт. Вале дартоз сўи аэропорт нарафт аввал аз сумкача ойначаи зарҳалӣ ва рўймолчаи гулдўзӣ бароварда, рўи андак арақшори ба гули шабнамзада монандашро нармак-нармак пок карда, зулфони ситезамасту мижгони дароздасташро саҳле ба тартиб овард. Баъд бо хаёле сўи ман нигаристу боз як табассуми ширин бахшид.
Ин табассум кора кард. Справкаро беёдона ҳамроҳи паспорт ба пушткисаи шим андохта, аз паи Танноза каҷу килеб равон шудам...
Агар кокули Танноза чор ангушти дигар дароз мебуд, бемалол кўчаро мерўфту ба ҷорўбу фаррош хоҷат намемонд. Вай, алббата, инро медонист. Аз ҳамин сабаб, мисли товус хиромида-хиромида, ба нозу карашмаи зебандаю зебанда роҳ мерафт ва магар ба самолёт билет доштанашро фаромўш карда буд, ки эълону эълончаҳои қади роҳро ниму нимкола хонда, сумкачаашро алвонҷ дода алвонҷ дода, майли хотир қадам мепартофт, Чун гулгашт ба охир расид, ба дўкони тарафи рост тоб хўрда, рўзномае хариду лаҳзае қарор истод. Саҳифаи чоруми онро сарсарӣ нигарист ва магар эълони парвози самолётро хонд, ки сўи истгоҳи автобус давид.
Ман ҳам чун соя аз қафояш тохтам. Зеро, аллакай, ду кокули дарози Танноза ба гардани борики ман мазбут печида буд...
Он вақтҳо дар шаҳри Эбнашуд автобуси тамғаи «Львов» намуди асосии нақлиёти одамкашон ба ҳисоб мерафт ва азбаски мисли офтобаки таги абр ҳар замон ҷамолашро нишон медод, доимо лабрези одам буд. Кадом як амаки шофмўйлабро аз қафо ба оғуш кашида бо мадади ҷавони чорпаҳлўе худро даруни автобус гирифтам. Аммо, бовар кунед, аз карда сад бор пушаймон шудам: зеро дар дохили автобус на ин ки ҷои поймонӣ набуд, балки ҳатто барои нафаскашӣ ҳаво намерасид! Бо вуҷуди ин пушту паҳлўи пассажирҳоро кифтакзанон, дар суроғи Танноза ба пеш ҳаракат кардам. Вале имкони пешравӣ набуд. Ба ин аҳвол як истгоҳ тай шуд ва ҳамин ки автобус истод, он ҷавони чорпаҳлў ва ду-се каси дигар фаромаданду андаке нафаси сабук баровардам. Аммо шодиям дарҳол аз биниям баромад: марди кулоҳбасаре, ки латтачаи сурхак дар бозу дошт, аз дари оқиб даромадан ҳамон остинамро кашид ва омирона гуфт: — Э бача, қарор биист! Ку билетат?
Аз тарс вуҷудам ларзид. Филҳол таъкиди Нозим (вай ҳамшаҳриам, аз ман се курс болотар мехонад) ба хотирам омад. «Ба автобус, ки савор шудӣ, даррав билет гир!— гуфта буд вай рўзи пешвозгирӣ дар аэропорт.—Вагарна ба ҷои панҷ тин панҷ сўм ҷарима медиҳӣ. Қоидаи шаҳр ҳамин хел».
Вой бар ману вой бар ман! Маълум мешавад, ки ба ҷустуҷўи Танноза саргарм шуда, қоидаи автобуссаворшавиро вайрон кардам! Ва акнун бо ду дасти адаб ҷарима бояд дод! Аммо, чӣ қадар?
Наход, ки панҷ сўм гирад?
Не-е...о, ин бори аввалку... Дар олам «сарзанишу огоҳӣ» гуфтанӣ гапҳо ҳаст.
— Амакҷон, мебахшед...
— Ман бахшӣ не, ки бахшам! Ман кантарол! Пула барор!
— Амакҷон, ин бори аввал шуд. Мурам ки дигар асло бе билет савор намешам...
— Ҳамаи шумо, тоқипўшҳо ҳамин хел, ба даст, ки афтидед, мусичаи уболак шуда, ҳазору як хел қасам мехўред. Лекин рўзи дигар боз бебилет катайса мекунед... Так что, найрангат намегузарад, ҷўра. Минг-минг накарда, пула барор!
Дидам, ки намешавад, ба сипоҳигарӣ гузаштам: — Чӣ, мана аз пул тарсондед?! Ҷарима чанд сўм?
Назоратчӣ аз афташ, аллакай маро бахшида, чунин пурсишро интизор ҳам набуд, ки сўям нигоҳи аҷибе афканд: -Ту аввал сўма барор! Чӣ қадар буданша баъд мефаҳмӣ...
Ҷаҳлоҷаҳл ба пушткисаи шим даст бурдам. Он ҷо дар қабати ҷилди паспорт, ки вазифаи ҳамёнро иҷро мекард, чанд панҷсўмаю ду-се даҳсўмаи нимдошт мехобид.
Хостам яктояшро гирифта...
Иеъ... Худаш чӣ гап???
Дар пушткиса на справка буд, на паспорт ва на... пул!!!
Дуди ҷигарам ба фалак печид.
— Нест, амак! Пулам нест...
— Чӣ???
— Пуламро дузд бурдааст... Вой пулакам!!! Назоратчии сангдил, албатта, ба сухани ман бовар накард. Лекин ҳунгосзанон гиристани маро дида, аз шасташ гашт.
— Ҳеҳ гаранг! — болои сўхта намакоб пошид.— О пула эҳтиёт карда натонӣ, номаъқул карда, ба автобуси пуродам савор мешӣ! О кисабур-ку ту барин қишлоқии тоқипўшро бинад, кана барин мечаспад. Эҳ гўсола... Чаққон фурою дузда даст гир! Шофир, ҳуй шофир! Қарорбиист, ин бача фурояд...
Ронанда, албатта, автобусро то истгоҳ нигоҳ надошт. Ман ҳам ба фуромадан шитоб накарда, бо умеди ёфтани кисабур аввал атрофиёнро алоало нигоҳ кардам: не инҳо дузд не! Аксарият галстук доранду шляпа пўшидаанд. Яъне, ҳамаашон интеллигент: ба қавли тағоям, на дар киса пули чашмрас доранд, на ба пули кас ҳавас доранд! Яқин, ки дузд кайҳо думро хода карда гурехтааст...
...Боре, дар овони хурдсолӣ, ҳангоми бозорравӣ панҷоҳтинаеро афтонда будам. Ва ҳамон рўз роҳи хонаю бозорро қадам ба қадам сўзанков кардам. Охиру охирон тангаи исқот шарм дошт магар, ки аз таги хокрўбае «чеҳра» намоён кард...
Азбаски ҳоло дигар илоҷе набуд «бахт аз таваккал» гўён, роҳи пиёдагарду даруни ҷўйбори шакарнамро синчакунон ба тарафи истгоҳи саворшудаам ақиб гаштам.
Дар ин асно дилаки ларзони маро гургони гурусна тала мекарданд. Ҳазл не, охир: бо азобе имтиҳонҳои дохилшавиро супорида, студент шуда, аммо ҳанўз ба партаи мактаби олӣ нанишаста, справка — ин, ҳуҷҷати ба оби тилло навишташударо гум кардан — ин мурғи бахтро аз даст раҳондан аст! Агар ректори институт «справкаро, ки гум кардӣ, худат ҳам гум шав!» гўяд, чӣ кор мекунам?
Сарамро ба кадом девор мезанам?
Ба падару модар ва дигар кунҷковҳои деҳа чи ҷавоб медиҳам?
Дарвоқеъ, бе пулу бе паспорт дар ин шаҳри мусофирӣ чӣ кор мекунам?
Э вой-е...
Аз ков-кови беҳуда монда шуда, беҳолона ба хараки қади роҳ нишастам ва бо хаёле ба ахлотқуттӣ нигаристам. Ура-а! Ёфтам!!! Паспорт ёфт шуд! Гарчанде дар дохили он лоақал як сўми зардакро надидам ва. гарчанде ки кадом беинсоф ба болои справка нос туф карда буд, бо вуҷуди ин, шодию хурсандии онвақтаи ман ҳадду канора надошт. Паспорту справкаи ғаҷма-ғачро бўидаю бўсидаю ба дидаҳом молида, дастафшону пойкўбон ба рақс даромадам. Агар он лаҳза назоратчии автобус аҳволи маро медид, бе ягон шакку шубҳа гумон мекард, ки ҳамроҳи пул ақламро ҳам гум кардаам...
Ҳамон рўз Таннозаро дигар дучор наомадам. Аз ин ҳол ҳатто хурсанд ҳам шудам.
Зеро, агар даҳанялагии маро шоҳид мегардид, бегумон, аз лаҳзаи аввал ақидааш дар бораи ман нохуб мешуд...
Рўзи якуми дарс каллаи саҳар ба факультет расида омадам. Азбаски ҳамаи синфхонаҳо торик ва беодам буд, амонатан назди дарбон нишастам. Вай хоболудона ғур-ғуркунон соаташро аз киса бароварда, дуру дароз синча карду коҳилона гуфт: — Чӣ ин қадар барвақт омадӣ?
То саршавии дарс ду соати дигар аст-а...
— Шаб аз шодӣ хобам набурд, амак.
— Ҳа-а.. Маълум.. Яъне якум курс?
Нос дорӣ?
— Неъ.
— Ин хел ки бошад, маҷбур аз носи худ мекашам.. Хай, ҷўйа, бигў, ки дай кадом шўъба мехонӣ?
— Меъморӣ.
— Меъмойй?
О, ақл дойӣ?
Дайси шўъбаи меъмойй сменаи дуюм-у...
— Наход?
— Ҳа-а... Лекин тоза ҳам каллакаду будаӣ, бача йав, соати ду биё!
Аз шарм лолахасак шуда, пойро ба даст гирифта гурехтаму расо соати якуним ба дарсхона омадам. Ин дафъа чашми дарбонро хилват карда, оҳиста аз наздаш гузаштам ва бе ҳеҷ фикру хаёл рост ба синфхонаи. рақами «I» раҳсипор шудам.
Зеро саду панҷоҳ фоиз бовар доштам, ки студентони курси якум дар аудиторияи якум дарс мехонанд. Ҳу, дар мактаби миёна ҳаст-ку: ба дари синфи сеюм рақами «3», ба дари синфи даҳум рақами «10» часпондагӣ, айнан ҳамин хел...
Партаи пешро интихоб карда, ба назди худ ҳеҷ касро нишастан намондам. Нақшаи кашидаам чунин буд: ҳамин ки Танноза аз остона дарояд, филҳол вайро ба паҳлўи худ даъват мекунам! Аммо вақт мегузашту аз он духтараки куртасафеди кокулдарози сурхиналаби пистадаҳон дараке набуд. Ана, занг ҳам ҷаррангос зад, муаллим ҳам ба синф даромад, лекин...
— Муаллимҷон, мебахшед, даромадан мумкин?
— пурсид овози маҳини гўшнавозе. Гумон кардам, ки нозукниҳоли ман омадааст. Ба тану ҷонам дармон даромад. Сабук нафас бароварда, ба дидани Танноза ва ҷеғ задани ў омода шудам.
Вале.. Тарбузи умед тараппас аз бағалам афтид: ба синфхона як духтараки қаддарози филпайкари ҷингиламўи тамоман ношиносе ворид шуд ва бе ҳеҷ пурсишу гапу калоча паҳну шапал шуда, паҳлўи ман нишаст. Вай нишасту муаллим аз ҷой хеста, паси минбар гузашт ва дафтари синфро кушода, ҳозиру ғоибро сар кард.
— Абророва...
— Ҳамин ҷо!
— Бобоев...
— Ман!
— Воҳидов...
— Ҳо!
— Шокирова...
— Лаббай!
Дар синфхона мусобиқаи ғайриоддие ба амал омад: Ҳар як студент кўшиш мекард, ки вақти ҷавоб калимаи обнорасидаеро истифода барад. «Навбати ман расад, рост истода, аскарбачаҳо барин «я» мегўям» — худ ба худ қарор додам. Аммо чӣ шуду чӣ моид, ки... ба ман навбат нарасид! Парида аз ҷой хестам: — Муаллим! О ман канӣ?
— Ана шумо! — бадоҳатан ҷавоб гардонд омўзгори дандонсадаф бо ангушти ишоратиаш маро нишон дода. Ҳама баробар хандиданд.
— Ин хел не, муаллим! — бо азобе ҳаяҷони худро фурў нишондам.— Ман пурсиданӣ, ки чаро номи маро нахондед!
— Ман номи ҳеҷ касро нахондаам, писар! Ман фақат фомилияҳоро хондам! — ҳозирҷавобии муаллим боз мавҷи хандаро ба амал овард. Фақат ғаши дили ман: дучанд шуд.
- Ман «ном» гуфта «фамилия»-ро дар назар дорам! — гуфтам сахт карда.
— Ҳаминро барвақттар фаҳмонед, намешавад?
Ай-я-я, писари нағз! Хўш, фомилятон чист?
— Азизов.
— Азизуф... Азизуф... о ин хел фомил дар журнол нест-ку! ..
— Нест?
Чува?
— Надонам... Шумо-ку мабодо озодхон не?
— Не. Ҳамаи имтиҳонҳоро ба баҳои чору панҷ супоридагӣ ман! Ана, справка дар кисаам!
-Ачоиб ку... Наход дар журноли мо саҳв рафта бошад?
Ку, писари нағз. Ҳамон коғазакатонро як бинам... Муаллим ба спарвкаи аз таъсири нос зардшуда бокароҳат нимнигоҳе карду қаторҳои дандони садафро боз ба шогирдон намоиш дод: -Дидед, писар, саҳв дар журноли мо не, балки дар-каллаи шумо будааст!
— Чӣ хел?
— Ана ин хел, мувофиқи ҷадвали дарсӣ имрўз дар ин аудитория мана инҳо — студентони гурўҳи нақшакаши дарс мехонанд. Аммо аудиторияи гурўҳи шуморо, рафиқ меъмор, фақат ҷадвали дарсӣ медонад! Канӣ, ба ошенаи дуюм каҷу килеб шагом марш!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё