Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.
Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа
ҲИКМАТИ ҶОМАИ САРКОР
Бародарон Бобоқул, Нормурод, Сангинмуроду Турсунмурод ҳамроҳи падар ва модар дар мавзеи Сорбон-қалъа ба ободонии замини пуршебу фароз ва найзор ҳиммат намуданд. Фарзанди хурдсоли хонадон Хуррам ба бародарону волидони худ дастёрӣ мекард.
– Ризқу рӯзии мо дар ҳамин хокдон,- гуфт Тағой-амак ба писаронаш,- дасти ман не, дасти бобои деҳқон... Ӯ бо ҳамин суханони муқаддас ниҳоли аввалини самаровар бар чорбоғи ояндаи худ биншонд. Фарзандони Тағой-амак дастони ҳамдигар гирифта, бо похсадевор хона сохтанд. Писарони калонӣ бо навбат арӯсони худро ба хонаи навобод фуроварда, дили падару модар шод мекарданд.
– Худовандо, бачаҳои маро аз чашм бад дур нигаҳ дор,- пичиррос мезад модар ва барои ҳар як фарзанд кӯрпа медӯхт. Модар пағаҳоеро, ки дар киштзорони ангора мерехтанд, бо ҳавсала чида аз пунбадона тоза мекард ва ба кӯрпаю ҷомаҳо истифода мебурд.
-Ҳосили нияти ман барои фарзандон ва набераҳоям,- мегуфт модар кӯрпаи дӯхтаашро дар чашми офтоб густурда,- баччаҳоям дар он хобида калон мешаванд. Ғӯза бисёр шавад, кӯрпаю ҷомадӯзӣ ҳам осон мешавад. Барои ҳар як ҷигарбандонам ҷомаю кӯрпа медӯзам, барои дигарон ҳам медӯзам. Писарони калонии Тағой-амак Бобоқул дар хоҷагӣ мудири ферма ва Нормурод мудири мағозаю муҳосиб шуда кор мекарданд. Аммо онон ҳар як лаҳзаи фориғ аз кори расмӣ ҳамроҳи падар дар киштзор заҳмат мекашиданд. Ҳафт пушти падар, ки деҳқон буданд, ӯ ба фарзандон ҳам аз овони хурдсолӣ шуғли деҳқонӣ омӯхта буд.
-Насибаи аҳли аёли худро аз замин ёбед,- панд медод Тағойамак,- раиси колхоз шавед ҳам ва ё ба мартабаҳои аз ин калонтар соҳиб гардед ҳам, зинҳор касби деҳқониро фаромӯш накунед. Вале деҳқон шудан, пахтакориро нағз омӯхтан чандон осон набуд. «Ин малака фақат бо зӯри бозу ва арақи тахтапушт муяссар мешавад» таъкид менамуд марди деҳқон ба авлоди худ.
Ҳоло дар атроф заминҳои кашфнашуда бисёр буда, ҳама ҷоро шӯразору хористон фаро мегирифт, ки одамизод қадам ниҳодан наметавонист. Аз шиварзорони андаке дур бӯи нохуше медамид, хомӯшакҳо мисли чанги сиёҳ дар ҳаво печида, на ба инсон оромӣ медоданду на ба чорво. Деҳқонон аз ҷиҳати озуқа, либосворӣ, шароити хуби зиндагӣ танқисӣ мекашиданд. Хуррами ҷавон ба ҳамин васила дар арсаи ҳаёт, дар ҷодаи деҳқонӣ нахустин қадамҳои мустақилона мениҳод. Лаҳза ба лаҳза сабақҳои волидайн ва бародаронро меомӯхт.
Хоҷагие, ки дар деҳаи Арабхона ташкил ёфта буд, акнун андаке қомат афрохта, аз ҷиҳати иқтисодӣ мустаҳкам мешуд. Ва чорбоғе, ки Тағой-амак бо дастони худ обод кард, нав ба ҳосил даромада, коми фарзандони ӯро лаззатбор намуда буд, ки ҷанги хонумонсӯзи зидди фашистони гитлерӣ оғоз шуд. Чор нафар писарони баору номус ва покниҳоди Тағой-амак яке пайи дигар ба майдони ҷанг сафарбар шуданд. Рӯзе, ки бародари калонӣ Бобоққул ба аскарӣ мерафт, лаҷоми аспи ҷирани худро ба дасти Хуррам дода гуфт:
– Додари азизам, илоҷе ёбу нақши суми ҳамин аспро аз ҳавлӣ гум накун, шарофати ин дигар хел аст.
– Хуб акаҷон, – ҷавоб дод Хуррам дасти рост пеши бар гирифта,- аспи шуморо то сиҳату саломат аз ҷанг омаданатон нағз нигоҳубин мекунам. Аммо Бобоқул аз майдони муҳориба барнагашт, бародари дуюми Хуррам Нормурод ҳам ҷони ҷавони худро дар роҳи озодии Ватан нисор кард. Пас аз чанде Тагой-амак низ ба ҷабҳаи кор дар муассисаҳои ҳарбӣ даъват гардида, ӯ низ аз заҳмату шароити вазнин талаф ёфт. Хуррам ҳамроҳи модар, хоҳар ва ду нафар янга ба кори хоҷагӣ баромад. Дар ин вақт ӯ ҳанӯз шонздаҳро пур накарда буд. Аммо Худованди меҳрубон аз даргоҳи табиати бахшоянда ба ӯ ақлу фаросати комил, сиҳатии хуб ва зӯру тавоноии таҳамтанӣ ато фармуда буд, ки баробари мардони калонсол меҳнат карда метавонист.
Ҳамон солҳо дар ноҳияи Қубодиён меҳнати пурмашаққати деҳқонон охирҳои фасли зимистон пеш меомад. Зеро дар ин айём ба кишти баҳорӣ тайёрӣ дида, деҳқонони хоҷагиҳо Наҳри Калонро, ки ба саросари ноҳия оби ҷонбахш медиҳад, бо белу каланд аз гилу лой тоза мекарданд. Дар фасли зимистон якчанд муддат барои тоза кардан оби Наҳри Калонро мебастанд, то гилу лойи он хушк шавад. Ҳар як хоҷагӣ ҳиссаи кори худро анҷом медод.
Тартиби кор чунин буд, ки як нафар ҷӯйкоб дар қаър истода, хокро бо бел ба соҳил, ба пеши пойи шахси дигар мепартофт, дар навбати худ он шахс хокро ба берун ҳавола мекард. Вале Хуррам ин корро бе ёрии шахси дигар иҷро менамуд, яъне хеле бақуввату тануманд, ки буд, хокро аз қаъри наҳр бурида гирифта, якбора ба берун ҳаво медод ва бар ивази ду-се нафар меҳнат мекард. Аз ҳамон вақт боз халқ барои паҳлавониаш бо ҳурмати зиёд ба номи ӯ сифати «полвон»ро илова карда, Хуррам-полвон мегуфтанд. Рӯзе Хуррам-полвонро раиси хоҷагиашон Саймурод Ҳаитмурод ба назди худ даъват намуд.
– Додарам, худат медонӣ, ки аз хоҷагиамон яксаду дувоздаҳ кас ба ҷанг рафта, ҳоло ягон нафар барнагаштааст, – гуфт Саймуродраис пас аз пурсупос, – шукр, ки ту шонздаҳро пур кардаӣ, аз ту акнун умедамон калон. Сардори звено мешавӣ. Хуррам-полвон розӣ шуд. Ӯ дар дил азм дошт, ки ҳам ба ҷои бародарони дар ҷанг шаҳидгашта меҳнат мекунад, ҳам ба ҷои худаш. Дар звено ҳамагӣ чор нафар зан буданд, ки ҳамроҳи Хуррамполвон панҷ нафар узви хоҷагиро ташкил медоданд. Аммо ҳамин панҷ нафар аъзо ҳам дар минтақаи мушкилписанд аз ҳар гектар 23 сентнерӣ ҳосил рӯёниданд.
Ҳамаи аъзои звено ба ҳар сад рӯзи меҳнат сездаҳ рӯзи меҳнат мукофот гирифта, соҳиби як миқдор ғаллаю газвор, рӯғану чой, шакару собун шуданд. Хуррам-полвон мувофиқи сабақомӯзии падар аз овони хурдсолӣ мустақилона кор мекард, тамоми истеъдод, ғайрат ва сайъу кӯшиши худро ба меҳнат сарф менамуд. Бо ҳар як узви звенояш самимона муносибат карда метавонист. Ана, бо ҳамин сифатҳо масъулияти роҳбарии Хуррам-полвон оғоз гардид. Пас аз якчанд соли сардори звено буданаш ӯро мироби хоҷагӣ таъин намуданд.
-Он солҳо об бо хуни одам баробар буд, – ба хотир меовард Хуррам-полвон ҳамон давраи кори худро, – аз ҳудуди деҳаи Бошқалъа, аз дарвозаи об то киштзори хоҷагиамон лаб-лаби Наҳри Калон обро посбонӣ мекардем. Баъд бо талаби халқ Хуррам-полвон сардори бригада интихоб шуд. «Ҷавон бошад ҳам, корро нағз медонад», гуфтанд деҳқонон дар бораи ӯ.
– Дар ин вазифа қариб панҷоҳ сол кор кардам,- ёдоварӣ менамуд Хуррам-полвон, – вале ягон сол набуд, ки ман бо аъзои худ нақшаро пур накарда бошам. Ба Худо ҳазорон бор шукр, ки ба шарофати меҳнатам соҳиби обрӯю эътибор ва шаъну шӯҳрат гардидам. Ҳукумат бо ду нишони Байрақи Меҳнат, нишони Дӯстии Халқҳо, унвони Устоди пахта, бисёр медалҳо ва дигар мукофотҳо сарфарозам намуд...
...Роҳбарони аввалиндараҷаи ноҳия ба дигар корҳо мегузаштанд, раисони хоҷагӣ пай дар ҳам иваз мешуданд, вале Хуррамполвон ҳамон сардори бригада, яъне саркор буду ҳар сол, дар ҳар гуна шароити обу ҳаво супоришҳоро барзиёд иҷро мекард. Зеро ӯ табиати замин, сиришти хоки ҳосилхезро дониста, мувофиқи он амал менамуд. Солҳое буданд, ки баъзе саркорон пеш аз кишт ба замин об мемонданд ва ё баръакс пунбадонаро мекиштанду аз болояш обро сар медоданд. Аммо Хуррам-полвон аз бӯю нафаси замин, аз ҳарорати хок саҳеҳ муайян мекард, ки донаи умедро кай ва бо кадом усул ба дили хок ниҳодан мумкин аст.
-Хоки маҳин шудгоршударо ба каф гирӣ, гармиашро ҳис кунӣ, худи замини муқаддас мегӯяд, ки «ман ба обу тоб омадаам, акнун тухмиро бикор, то ҳосили фаровон диҳам, хонаатро аз ғалла пур кунам», -аз таҷрибаи бисёрсолааш ҳикоят менамуд Хуррамполвон. - Аммо деҳқони асил медонад, ки ҳар сол табиату шароити хосаи худро дорад. Ман ин қадар вақт дар замин кор карда, то ҳол надидаам, ки як сол ба соли дигар монанд бошад.
Не, ин тавр нашудааст. Деҳқон ҳам мувофиқи талабот бояд ҳар сол усули корашро тағйир диҳад. Солҳои тӯлонӣ бригадаи Хуррам-полвонро мактаби таҷрибаи пешқадам меномиданд, ки ҳақиқатан ҳам бригада ба ин ном сазовор буд. Ҳар навъи нави пахта ё ғалладона бошад, дар замини бригадаи ӯ кишта, хулосаю баҳои даркорӣ мебароварданд. Боре ба полвон супориш доданд, ки тухмии пахтаи навъи «Аш-25»-ро кишта, фикру ақидаашро ба олимон бигӯяд.
-Чигиташ хурд мешудааст,- зикр мекард Хуррам-полвон,мувофиқи қоида пас аз ҳар обмонӣ ду бор ғизо медодем. Дар замини мо ин навъи пахта хеле нағз ривоҷ кард, ниҳолҳо сершох гардида, то 3000 дона кӯрак бастанд...
Ихтироъкори ҳамин навъро аз Туркманистон даъват намуданд, ӯ ривоҷу ҳосилбандии навъи худро дида ҳайрон мешуду мегуфт: «Дар ҷойҳои мо ниҳолон кӯтоҳ мешаванд ва ин қадар ҳосил намедиҳанд». Сонӣ ӯ пахтазори моро ба навор гирифта, ду бех ниҳолро ҳам бо ҳосилаш бо худ бурд. Мехост, ки дар ватанаш бо телевизион намоиш диҳад. Вақти хайрухӯш такрор ба такрор дуои нек мекард, ки «илоҳо, тӯйи фарзандонатро бубинӣ»...
Аз ҳамон пахтаи ашқободӣ дар 76 гектар кошта будем, аз ҳар гектар 44-сентнерӣ ҳосил гирифтем. Агар ҳосилро то охир мечидем, аз 50-сентнерӣ ҳам мегузашт... Ҳамин тавр корҳои анҷомёфтаро иброз медошт ин марди деҳқон. Вақте ки Хуррам-полвон мувофиқи синну сол ариза навишта, ба идораи хоҷагӣ омад ва ба аҳли раёсат изҳор намуд, ки акнун ҷавонон бояд ба арсаи меҳнат мустақилона бароянд ва ихтиёри роҳбариро ба даст бигиранд. Аъзои бригадаи ӯ ва бисёр фаъолони хоҷагӣ ба ин хоҳиши саркор муқобил баромаданд.
-Мо медонем, ки Хуррам-полвон ҳоло аз ӯҳдаи сарварии бригада баромада метавонад, – гуфтанд бо як овоз ҳамкорони ӯ,- агар ҳақиқатан ҳам вай хастаю монда шуда бошад, пас дар бошишгоҳи саҳроӣ як ҷомаашро овехта монаду худаш дар хона истироҳат кунад. Мо ба ҷомааш итоат карда, мувофиқи маслиҳати Хуррамполвон корро пеш бурдан мегирем... Саркор аз ин ҳурмати самимонаи ҳамкорони худ хеле мутаассир шуд ва аризаашро аз идораи хоҷагӣ бозпас гирифта, якчанд соли дигар меҳнат кард.
– Ба қарибӣ илтимос карда, ба нафақа баромадам,- гуфт саркор,писарам Амонқулро ба ҷои худ тавсия намудам. Хайрият, нағз кор кардан дорад... Чанде пеш як гурӯҳ деҳқонони солхӯрда дар меҳмонхонаи Хуррам-полвон ҷамъ шуданд.
– Хоҷагии мо аз хоҷагии ба номи Телман бо он мақсаде ҷудо шуда буд, ки ба халқ нон диҳем,- арзи муддао кард яке аз онҳо,вале ҳоло мо ба вазъияте расидем, ки хоҷагиамон идора надорад. Барои идора хонаи як деҳқонро иҷора гирифтаем, дар муддати кӯтоҳ се нафар раиси хоҷагиамон ҷои якдигарро иваз намуданд. Баъзеҳо «командир будем» гӯён вазифаро банд мекунанд, вале аз ӯҳдаи иҷрои он баромада наметавонанд. Охир на ҳар командир роҳбари хоҷагӣ шуда метавонад. Бинобар ин аз шумо хоҳиш дорем, ки роҳбарии хоҷагиро ба зимма гиреду онро аз ҷиҳати иқтисодӣ мустаҳкам намоед...
-Бародарон, барои бовариатон ҳазорон бор ташаккур,- арзи миннатдорӣ кард Хуррам-полвон,- ҳоло вазифаи раисӣ ба ман вазнинӣ мекунад, лекин ба раис маслиҳат дода метавонам. Ҳамаи қитъаҳои хоҷагиро панҷ панҷаам барин медонам ва барои ба по рост кардани хоҷагиамон ягон маслиҳату машваратамро дареғ намедорам. Шумо як раисе ёбед, ки маслиҳати дурустро фаҳмида қабул кунад.
Боварӣ дорам, замине, ки дар ҳудуди хоҷагии мо ҳаст, тамоми халқамонро хӯрондаю пӯшонда метавонад. Охир ман ягон сол бо аъзои бригадаи худ аз чил сентнерӣ камтар ҳосил нагирифтаам. Дар масъалаи рӯёндани ҳосили ғалладона ҳам киштзори мо бемонанд аст. Мо худ борҳо аз ҳар гектар 37-сентнерӣ гандум ва 100-150 сентнерӣ ҳосили ҷуворимакка ғундоштаем. Ҳоло ҳам ҳамин замин дар ҷояш истодааст, тағйир наёфтааст. Баъзеҳо мегӯянд, ки пеш ба замин тез-тез ғизо дода мешуд, нуриҳои кимиёвӣ зиёд буд. Имрӯз ҳам чунин ғизодиҳиро ташкил намудан имкон дорад.
Дар киштзорамон пиёз рӯёнидаем, пахта, ғалла, харбузаю тарбуз дорем. Ана, бар ивази ҳамин маҳсулоти хушсифатамон нуриҳои кимиёвӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, сӯзишворӣ, рӯғаниёт, воситаҳои техникӣ дарёфт намудан мумкин аст... Ин суханони саркори пуртаҷриба ба деҳқонон писанд омаданд ва ин маслиҳату машварат гувоҳӣ медиҳад, ки Хуррам-полвон пахтакори оддӣ нест, балки ӯ деҳқон- мутахассиси дорои андешаҳои пурқиммат ва фарох буд...
Хуррам-полвон аз роҳи тайнамудаи рӯзгори худ қаноатманд аст, зеро ӯ як умр ҳамроҳи халқ нони ҳаққу ҳалолро чашида, мувофиқи боварию эътимоди одамон зиндагӣ кардааст. Унвони паҳлавониро ғайр аз арсаи меҳнат дар майдони гӯштингирию бузкашиҳо низ нишон дод ва қувваозмоӣ карда, борҳо комёб гардидааст. Вақте ки дар тӯйи мулло Қутбиддини чашмаҷонӣ Нор-полвон бакавулӣ мекард, аз тарафи кишвари ҳамсоя Холбурӣ ном паҳлавони гарданкаше омада, аксари гӯштингирони қубодиёнию шаҳритусиро ба тахтапушт афканд ва номвари комил гардид. Дар ҳамин дам Хуррам-полвон ба майдон баромада, як даст гӯштӣ гирифту ин паҳлавонро бар замин зад ва боиси обрӯю эътибори тамоми паҳлавонони диёри худ шуд.
Хуррам-полвон дар бузкашии мавзеи Шағолаки адири Хоҷа Ғозиён ҳам бо аспи Абдулло-раис бисёр мукофотҳоро ба даст оварда буд. Бо аспи ҳамин шахс ва бо аспи худ солҳои дароз ӯ дар бузкашӣ пешдастиро соҳиб мешуд. Зимнан тибқи савганди ба бародар додааш вай нақши суми аспи ҷиранро аз ҳавлӣ гум накард. Хуррам- полвон сарчашмаи ҳаёти худро нағз дар хотир дорад, ки он аз ниҳоли аввалини чорбоғи падар ва пағаҳои барои кӯрпаю ҷома чидаи модар оғоз гардида буд. Инро ӯ ба фарзандон ва набераҳои барӯманди худ ҳикоят мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё