Зеҳн
Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.

Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа

ҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

МУҲОРИБА БО ОТАШ

Ин воқеа тобистон ба вуқӯъ омада буд. Механизатори иттиҳодияи «Тоҷикселхозтехника»-и ноҳияи Данғара Талбак Лолаев бо трактори таъмиркардааш дар ғаллазори хоҷагии ба номи Ленини ноҳия машғули меҳнат буд. Ҳамроҳи ӯ ронандаи базаи махсуси автомобилии рақами 2-и шаҳри Душанбе Холмурод Муҳиддинов низ кор мекард. Онҳо аз тарафи иттиҳодия барои ёрӣ расонидан дар мавсими дарав фиристода шуда буданд.

Дар бадали давраи кории 5 солу 9-моҳаи худ Талбак дар дарави нахустини ғалла иштирок менамуд. Ӯ бо трактори соғудори худ хошок ва ғалла мекашонд. Ногоҳ дар ғаллазори наздики коргоҳи Талбак ва дӯстони ӯ минтақаи Сурхдара аз шарораи тасодуфие сӯхтор ба амал омад. Дар гирду атроф ғаллазори тиллогини нопайдоканоре доман густурда буд. Оташ ҳар лаҳза метавонист, ки ғаллазорро ба дами худ фурӯ барад. Талбак аввалин шуда ба оташ дарафтод, сонӣ Холмурод ва дигар деҳқонону механизаторон бо оташ ба муҳориба даромаданд. Сӯхтор ғаллазори атрофро фаро гирифта натавонист. Дар мубориза бо оташ Талбак Лолаев ҳалок гардид, дӯсти ӯ Холмурод сахт осеб дид...

Талбак Лолаев моҳи феврали соли панҷоҳу ду дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Ӯ дар зодгоҳи худ синфи 8-умро хатм намуда, сонӣ дар омӯзишгоҳи ҳунарҳои техникии рақами 13-и шаҳри Қӯрғонтеппа касби булдозерронӣ ва идора кардани дигар навъҳои тракторро омӯхтааст. Баъд ӯ дар қисми ҳарбӣ қарзи мардонагии худро дар назди Ватан иҷро намудааст. Рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») дар бораи корнамоии Талбак ба хонандагони худ нахустин шуда хабар дода буд.Талбак Лолаев барои ин корнамоии худ ба мукофоти олии ҷангии ҳукуматӣ сазовор гардид. Ба идораи рӯзнома, созмони ҷавонони ноҳияи Данғара, ба модар, бародарону хоҳарони ӯ аз номи ҳамсолону ҳамзамонони мо даҳҳо адад мактубҳо омадаанд. Ҳамдиёрони мо, ҷавонон мехоҳанд, ки ба кори ҷамъияту халқ мисли Талбак Лолаев содиқ бошанд! Онон хоҳиш доранд, ки дар бораи ин қаҳрамони бистучорсола бештар маълумот пайдо намоянд.

Бист гектар ғаллазор ва чарогоҳи ба коми сӯхтор фурӯ рафта, ки дар миёни баҳри тиллоранги ғаллазор ҷазираи сиёҳеро мемонад, он рӯз набардгоҳи одам ва оташ буд. Дар он набард, дар он муборизаи шадид одам ғолиб омад, оташ мағлуб шуд. Вале Талбак, Холмурод ва дигар хомӯшкунандагони сӯхтор намедонистанд, ки майдони оташгирифта чанд гектар аст. Барои онҳо муҳимаш он буд, ки оташро фурӯ нишонанду нафаси сӯзони онро ба ғаллазори дигар паҳн шудан намонанд.

Онҳо медиданд, ки дар атроф ғаллазори доманфарохе пухта расидааст; бинобар ин тамоми фикру зикрашон, ҳамаи қуввату тавоноӣ, ҳарорати дилашон ба фурӯ нишондани оташи авҷ гирифта ва наҷот додани гандумзори сесаду панҷоҳгектараи минтақаи гирду атроф банд буд.Ин сесаду панҷоҳ гектар ҳам сонӣ маълум шуд. Онҳо ҷисму ҷони худашонро ба дами аждаҳои оташ батамом гузоштанду ҳамин сесаду панҷоҳ гектарро аз талафот раҳоӣ доданд. Вале агар Талбак, Холмурод ё ягон нафар аз ҳамкорони онон, ки дар лаҳзаи душвор дӯш ба дӯш истода, нони муқаддасро аз хоку хокистар шудан ҳифз мекарданд, агар ба мисли муаллифи як мактуби ба идораи рӯзнома омада хаёл менамуданд, оё ҳамин сесаду панҷоҳ гектар ғаллазор наҷот меёфт?

-Албатта, ин мардонагии ҳақиқист, - навиштааст муаллифи мактуб,- вале онро магар маҳз дар ҳамин ҷо нишон додан лозим буд? Магар ҳаёти худро барои бист гектар ғаллазору чарогоҳ зери хавфу хатар гузоштан зарур аст? Чи тавре ки маълум гашт, ин фидокорӣ бо фавти яке аз хомӯшкунандагони сӯхтор анҷом ёфт. Охир, барои мо ҳаёти инсон аз арзиши ҳосилоти бист гектар замин бартару болотар аст-ку? Ҳамин бист гектари сӯхта соли дигар ҳосил хоҳад дод, вале одамро аз куҷо меёбӣ? Дили наздикони ӯро чӣ сон тасалло медиҳӣ? Дар мактуби дигар сатрҳои зайлро мехонем:

– Корнамоии Талбак Лолаев ҷасорати Анатолий Мерзлови рязаниро, ки чанд сол пеш аз ин ӯ ҳам маҳз дар ҳифзи сӯхтори ғаллазор нишон дода буд, ба хотирам овард,- навиштааст ёвари механик аз ноҳияи Фархор Ҷавшан Сатторов,- чи мувофиқати аҷиби касбу кор ва омолу рафтор, ки Анатолий ҳам тракторрон буд. Дар байни ин ду ҳодиса ҳақиқатан ҳам пайванди мантиқӣ вуҷуд дорад: корнамоии намояндаи як халқро намояндаи халқи дигар такрор кардааст. Чӣ хуб, ки Анатолий Мерзлов танҳо нест! Албатта, Анатолий ва Талбак ҳаргиз мурдан намехостанд.

Онҳо ҳаётро дӯст медоштанд ва бо нишонаи марг-оташ мубориза бурданд: ҳам дар ғаллазор, ҳам дар беморхона. Матонату мардонагии Анатолий, Талбак ва рафиқи ӯ Холмурод ба муқобили туғёни оташ, ки мехост нони ҳалоли халқро нобуд созад, барои ҳар як ҷавонмард дарси ибрат аст. Ман аминам: ҳар як фарди поксиришти Ватани азизи мо дар чунин вазъият айнан ҳамин тавр рафтор мекард. Аз корнамоии неки халқи мо дар ин мавзӯъ мисолҳои зиёде овардан мумкин аст. Ҳамаи ин натиҷаи муҳаббати бепоён ба Ватани маҳбуб, дӯстию рафоқат ва ҳамдастии одамони мост».

Ҷавшан Сатторов ҳақ аст: Талбак ҳаргиз мурдан намехост. Ӯ ҳаётро дӯст медошт: зеро ба модари пираш дар зиндагӣ дастёру мададгор буд, чанд моҳ пеш ба зеботарину баодобтарини духтари Данғара Татяна Нақшова хонадор шуда, ҳоло интизори фарзанд таваллуд кардани вай буд, ба додарону хоҳаронаш барои дар ҳаёт мавқеъ ёфтани онон ёрӣ расондан мехост... Ӯ зиндагиро дӯст медошту моли халқ, ҳаёти рафиқашро аз ҳаёти худ авлотар мешумурд. Ҳикояти муовини раиси ноҳияи Данғара Сафар Воҳидов низ дар ҳамин хусус гувоҳӣ медиҳад.

– Вақте ки сӯхтор хомӯш карда шуду деҳқонон Талбаки беҳушро аз миёни хокистару оташ бардоштанд, ӯ зуд ба ҳуш омада ба пои худ истод. Аввалин суханоне, ки баъди корнамоиаш мардум аз Талбак шунидан, инҳо буданд:

– Ба Холмурод ёрӣ диҳед, аҳволи ман хуб аст. Ва барои нишон додани он ки дар ҳақиқат аҳволаш гӯё чандон бад нест, ӯ бе ёрию мадади касе ба асп савор шуда ба сари марза баромад. Талбак бо Воҳидов шинос буд. Бинобар ин ба мошин савор шуда истода аз ӯ пурсид:

– Ако, ман намемурда бошам? Ин суханонро аз рӯи буздилӣ нагуфт, не, балки Талбак ҷавони нотарс, боқувват буд, ӯ ба қувваи худ бовар дошт. Ва ҳоло мехост, ки шахси дигар низ инро тасдиқ намояд... Қудрати Талбакро модараш ҳам вақти сӯҳбат канда-канда ишора кард:

– Вай...бақувват... тоза... ҷавон буд. Зимнан, барои ман аз Ниҳолбӣ-хола дар бораи писараш чизе пурсидан, бо ӯ сӯҳбат кардан хеле душвор буд. Ҳанӯз ба назди модар наомада худро танбеҳ медодам, ки бо саволҳоям ҷароҳати дили ӯро аз нав хуншор мекунам...

...Талбак фарзанди дуюми Ниҳолбӣ-хола буд. Духтари калониаш Маҳбуба баъди хатми омӯзишгоҳи тиббӣ дар беморхонаи ноҳия хоҳари шафқат шуда кор мекунад. Додари Талбак- Қурбон моҳи май аз аскарӣ омада, ҳуҷҷатҳои худро барои дохил шудан ба мактаби милиса супурдааст. Қодир дар як мактаби ҳунаромӯзӣ таҳсил мекунаду Назирамоҳ, Муҳаббат ва Зулфия дар мактаби миёна мехонанд. Падари Талбак- иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи мукофотҳои ҳукуматӣ Лола Мирзоев бар асари ҷароҳатҳои ҷанг соли 1972 фавтидааст...

– Талбак гунҷишко ворӣ ҳелча сохт, – мегуфт модар бо ҳасрату андӯҳ, – ҳелчааш нимкола монд, – душвор буд ба Ниҳолбӣ-хола дар бораи писараш сухан рондан. Ба гумонам дудҳои оташе, ки пайкари ҷигарбанди ӯро сӯхта ҷароҳатдор карда буд, ҳоло аз димоғи модар мебаромаданд. Ғами модар он қадар амиқу гарон буд, ки гуфтугӯ боз бо як шахси дигар дар хусуси писараш ин ғамро коста наметавонист – зеро ғуссаи модар ҳам вақти дар бораи фарзанд сухан гуфтан, ҳам вақти бо ёди ӯ хомӯш будан бо ҳамон қудрату дарду ҳасрат дар ниҳодаш вуҷуд дошт. Ба тоза кардани ҷароҳати дили модар ҳоҷат набуд. Талбак, чи тавре ки модар гуфт, барои ба анҷом расонидани хонаи худ фурсат наёфт, ба вай дидани дидори фарзандаш ҳам муяссар нашуд.

Ӯ боз бисёр корҳоро иҷро карда натавонист. Аммо Талбак дар зиндагӣ вазифаи худ, қарзи ватандӯстии худро анҷом дод, дар лаҳзаи ҳалкунанда мавқеи мувофиқ пайдо намуд. Ӯ ҷасорати олӣ ва қаҳрамонӣ нишон дод.Ниҳолбӣ-хола бо вуҷуди шикастаҳолӣ дар худ қудрату матонат пайдо карда, арӯси хонадон Татянаро тасаллӣ медиҳад. Писараш Қурбон ҳам маҳз бо исрори ӯ барои таҳсил ба мактаби милиса рафтааст. Модар ба дигар фарзандонаш ҳам супориш медод, ки сохтмони хонаи чаламондаи Талбакро давом диҳанд. Фақат шахси қавииродаи матин чунин рафтор карда метавонад. Файласуфе фармудааст: шахси қавииродаю матин на он аст, ки овозаш намеларзаду аз дидагон ашк намефишонад. Балки шахси матин он аст, ки дар лаҳзаи душвори ҳаёт наметарсад ва пеши бадбахтӣ сар фуруд намеорад.

Ман бо модар сӯҳбат мекардаму аз шахсияти ӯ, аз муносибаташ ба корнамоии фарзанди фавтидааш лаҳза ба лаҳза шахсияти он ҷавони бисту чорсола пеши назарам возеҳ мегашт. Модар дар хусуси фарзандаш хотираҳои худро нақл намуда, гоҳе чашмонаш пурнам мешуданду донаҳои сиришк ба чеҳрааш шорида мефаромаданд ва гоҳе ба муддати зиёд хомӯш гашта, чизеро ба ёд оварда, базӯр табассуме мекард. Маълум буд, ки модар фақат марги писарашро не, балки тамоми лаҳзаҳо, ҳамаи роҳи зиндагии ӯро чун китобе дар худ фароҳам овардааст ва онро ҳоло саҳифа ба саҳифа, ҳарф ба ҳарф ёд меорад, ҳам дақиқаҳои душворро, ҳам сонияҳои некро аз овони тифлии ҷигарбандаш... Ҳар кас ба ҳавлӣ дарояд, ҳамсари Талбак-Татяна ҳатман ба қафои шахси воридгашта менигарад.

Ман ба ин ҳавлӣ ду маротиба ворид шудаам, ду маротиба ҳам ҳамин ҳолат рӯй дод. Вақте рӯи шаҳсуфаи ҳавлӣ нишастанам ҳамсояи Ниҳолбӣ-хола мӯйсафеди ҷелаки тики сурх дар бар дошта бо чанд нафар мардони солхӯрда омаданд. Дар ҳамин ҷо ҳам Татяна беихтиёр ба қафои воридшудагон нигарист, бо умеде нигарист, ки аз ақиби меҳмонон ҳамин лаҳза шояд Талбак ҳам ба хона дарояд. Татяна ба ин фоҷиа ҳеч бовар карда наметавонад, ӯ мехоҳад, ки мӯъҷизае рӯй диҳад...

Хоҳари Талбак – Маҳбуба гаштаю баргашта афсӯс мехӯрд, ки ҳангоми аз майдони сӯхтор баромадани Талбак касе ба вай оби сард нӯшондааст. Духтарак аз куҷое шунидааст, ки ба шахси аъзои баданаш сӯхта оби сард додан зарарнок аст.

– Ҳаминро ба ӯ намехӯронданд, шояд зинда мемонд,- ҳасрат мекунад Маҳбуба...

Дар оила Талбакро ҳамаи хурду калон дӯст медошт, ӯро ҳамсояҳо, ҳамкорон, рафиқонаш эҳтиром менамуданд. Ӯро барои муносибати хубаш бо одамон ва ба кор, ба додару хоҳаронаш, ба зани ҷавону рафиқонаш чунин дӯстдорӣ ва эҳтиром мекарданд. Барои меҳнатдӯстӣ, кордонӣ, ҳисси вазифашиносӣ, масъулиятнокӣ ӯро ҳурмат менамуданд. Роҳбари ноҳияи Данғара Нуриддин Маҳмудов ҳам барои ҳамин хислатҳои некаш Талбакро дӯст медошт. Як бегоҳӣ, вақте ки Талбак бо трактори соғудораш аз кор бармегашт, шахсе ӯро нигоҳ дошт. Талбак ин шахсро шинохт, ӯ Маҳмудов буд.

– Ҳамин бедаро ба фермаи хоҷагии ба номи Ленин бурда месупорӣ ва аз мудири он коғаз меорӣ,- бо ишора супориш дод Маҳмудов.

Ин беда ва дигар хӯроки чорво аз дасти тороҷгарони моликияти ҷамъиятӣ баргардонида шуда буданд. Талбак хӯрокии чорворо ба ферма овард. Ҳамон бегоҳӣ мудири фермаро дар коргоҳаш пайдо накард. Талбак аз кор мондаю хастаҳол омада бошад ҳам, мудирро ҷустуҷӯ намуда, аз кадом як тӯйхонае пайдо кард ва худи ҳамон шаб коғазро ба дасти роҳбари ноҳия супурд. Ана, ҳамин хел одам буд, Талбак, то як корро ба субуташ нарасонад, намемонд. Барои он намемонд, ки вай аз овони тифлӣ дар ҳамин рӯҳия тарбия ёфта буд. Талбак дар оилае тарбия ёфт, ба камол расид, ки ба аъзои он бо садоқат ва виҷдони пок меҳнат кардан русуми зиндагӣ, қонуни ҳаёт гардидааст. Аз бародарони падари Талбак-Лола Мирзоев ду нафар-Қӯзӣ, Александр, худи ӯ ва писари бародари калонаш- Азиз, яъне ҷумла аз ҳамин хонадон чор кас дар ҷанги зидди фашистон иштирок карда, хушбахтона ҳар чорашон зиндаю саломат ба зодгоҳ баргаштаанд.

Бинобар ин Талбак аз падари худ, аз амакаш- Александр Мирзоев, ки барои шуҷоату далериаш бо нишони Шараф ва дигар медалҳо мукофотонида шудааст, инчунин аз дигар хешовандонаш дар хусуси қаҳрамонӣ, ҷоннисорӣ ва мардонагии аскарони шӯравӣ бисёр ҳикояҳо шунидааст. Хизмат дар сафи Артиши Шӯравӣ низ барои Талбак мактаби ҳақиқии тарбия гардид. Хизмати шоистаи Талбакро аз ҳамин ҳам донистан мумкин аст, ки рӯзномаи «Красная звезда» соли 1972 дар бораи ӯ ва рафиқонаш навиштааст: «Аскарони қаторӣ А. Сердюк, В. Томилин, Т. Лолаев дар шароити душвортарини обу ҳаво низ ба таври намунавӣ хизмат мекунанд». Ҳамин вақт Талбак дар самти шимол, дар минтақаи сард хизмат менамуд.

Дар рӯзномаи дигари ҳарбӣ низ ду сурати ӯ дарҷ гардидааст. Ин ҳамаро мушоҳида намуда, аз хотир фаромӯш кардан лози нест, ки ҳарбиён ба кас беҳуда баҳои баланд намедиҳанд. Ҳамаи инҳо замина тайёр карданд, ки Талбак дар ҳар лаҳза барои корнамоӣ ва шуҷоат ҳозир бошад. Ӯ бо рафтори шоиста ва далериаш ба анъанаҳои қаҳрамононаи аскарон садоқатманд буданашро исбот кард ва дар замони осоишта ҳам мисли аскарони ҳақиқӣ шуҷоат нишон дода, ба мукофоти ҷангии ҳукуматӣ шарафманд гардид. Соли шасту нӯҳум яке аз муҳофизони далери ҷазираи Даманск Павел Ковалёв, ки барои шуҷоаташ ба нишони Байрақи Сурхи Ҷангӣ мушарраф гардидааст, меҳмони шаҳри Душанбе шуда буд. Ӯ ба сифати ронандаи мошини зиреҳпӯши Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ лейтенанти калон Иван Стрелников ҷасурона хизмат кардааст, далерию қаҳрамонии ҳамсилоҳони худро бо чашмонаш дидааст.

Ҳамон вақт ӯ дар бораи корнамоии Иван Стрелников, хусусан сержанти хурд Юрий Бабанский, ки баъд аз кушта шудани командир дар лаҳзаи ҳалкунанда қарори қатъӣ қабул намуда, аскаронро аз қафои худ ба ҳуҷуми ҷавобӣ бурдааст, нақлҳои фаромӯшнашуданӣ мекард. Ҳоло дар бораи фидокорию ҷоннисории Лолаев андеша ронда, қаҳрамонии муҳофизони шуҷои ҷазираи Даманск, тақрибан ҳамсолони Талбакро ба хотир меорем (зимнан, мо онро ба ҳеч ваҷҳ набояд фаромӯш кунем) ва дар миёни ин ду корнамоӣ низ пайванди мантиқие мебинем, ҳарчанд ки воқеаҳо дар шароити гуногун ба вуқӯъ омадаанд...

Дар ҳаёти одамизод лаҳзаҳое пеш меоянд, ки дар чунин лаҳзаҳо Ватан ба мафҳуми аниқу саҳеҳи мушаххас бадал мешавад. Дар саҳифаҳои таърихи қаҳрамононаи мамлакатамон дар корнамоиҳои фарзандони шарифи он чунин лаҳзаҳоро бисёр мушоҳида кардаем. Вақте ки Туйчӣ Эрйигитов дами тирҳои оташфишони душманро бо сандуқи синааш пӯшонда, ҷони ҳамсилоҳонашро халос кард, ҳамин барои ӯ мафҳуми Ватанро дошт, вақте ки Талбак Лолаев ба муҳофизати нони халқ дидаю дониста худро ба ҳалқаи оташ зад, ҳамин бист гектар замин барои вай маънои бузургии Ватанро ифода менамуд.

Албатта, ҳоло мо саҳеҳ баён карда наметавонем, ки Талбак дар ҳамон дақиқаҳои муҳориба бо оташ чӣ фикру хаёл дошт. Лекин ба ҳамин чиз қатъиян аминем, ки он қитъаи оташгирифтаи сарзамини азизаш барои Талбак қисмати ногусастании тамои арзу тӯли Ватан буд. Он матонату устуворӣ ва он пуртоқатию пурбардоштӣ, ки Талбак Лолаев баъди сӯхтани аъзои баданаш бо марг мубориза мебурд, гувоҳӣ медиҳанд, ки ин қаҳрамонии ӯ хоммеваи бебокии бачагона ё худ ҷаҳиши яклаҳзаина набуд. Хоҳари шафқат Маҳбуба, ки се рӯз дар сари болини бародараш парасторӣ мекард, ягон ҳарфи шикояту пушаймонии Талбакро нашунидааст. Табибони дигар ҳам ба ин шаҳодат медиҳанд.

Оре, шахсе ҳаёти худро бе калавиш, бе дудилагӣ зери хавфу хатар гузошт, ки ӯ қалби матин дошт ва дар лаҳзаи зарурӣ вазифаи асосиашро дуруст фаҳмида, ба иҷрои он бо устуворӣ шурӯъ намуд. Ва ӯ боварии комил дошт, ки ҳамин вазифаашро ба хубӣ анҷом медиҳад, ба офати табиӣ ғолиб меояд. Агар дар ҳамин лаҳзаи зарурӣ ба ҷои Талбак ва Холмурод шахсоне мебуданд, ки ба мисли муаллифи он мактуб ҳаёти одамиро, ҳаёти худро аз тамоми дигар чизҳо афзалтар медонистанд, онро бо дили ларзону парешон эҳтиёт карда мегаштанд, пас ҳодиса чӣ ранг сурат мегирифт?

Магар чунин шахс, агар пиндорем, ки вай аскар бошад, вақти зарурат ба майдони набард рафта, мулкашро муҳофизат карда метавонад? Яқин аст, ки ин тоифа одамон рӯзи душворӣ на ҳаёти шахси дигареро ҳифз карда тавонанд ва на ҳаёти худро... Ҳамчунин аз мактуби саркори хоҷагии «Роҳатӣ» Ятимхон Сиддиқов чанд сатреро иқтибос карданием. «Мо бо тамоми аъзои бригадаамон аз корнамоии Талбак Лолаев воқиф гашта, хеле мутаассир шудем. Шояд барои зинда мондани Талбак хун лозим мешуд. Дар ин ҳолат ҳар як узви бригадаи мо тайёр буд, барои саломатии ин қаҳрамон хун диҳад, ҳаёти ӯро ба нақди ҷон бихарад. Вале, афсӯс...

Талбак барои дони гандум, шиками сери мардум, ғаллазори Ватан ҳаёти худро қурбон кард. Ӯ ба Ватан ва ба худ содиқ монда, бо корнамоию шуҷоати бемислаш дар хотираи мо ҷовид хоҳад буд. Агар лозим шавад, ҳар яке аз мо тайёр ҳастем, ки барои халқу ҷамъият ҷасорати Талбак Лолаевро такрор намоем. Ташаккур ба Шумо, Модар, ки чунин фарзандро тарбия кардаед». Садоқат ба Ватан ва ба худ. Сиддиқов хеле дуруст навиштааст, маҳз ҳамин суханон моҳияти асосии корнамоии Талбак Лолаевро ифода менамоянд.

Талбак барои ҳамин чунин корнамоӣ кард, ки дар он порчаи замин як қисми моликияти халқро дид ва ин барояш аслан маънои Ватанро дошт. Ӯ ба дилу виҷдону рӯҳияи худ садоқатманд монда, ба тарзи дигар рафтор карда натавонист ва барои Ватан, ҳифзи нони он ҷони ҷавони худро фидо намуд. Ва мо ҳам ба бузургии дили Модар сано мегӯем, ғам махӯр Модар. Фарзандат дар симои даҳҳо, садҳо ҷавононе, ки мактабҳо, омӯзишгоҳҳоро хатм намуда, соҳибони замин мешаванд, дар мавҷҳои ғаллазори тиллогуне, ки ҳар сол дар саҳро сар ба истиқболи офтоб мекашанд, зинда аст! Фарзанди ғолибат ҷовидонӣ зинда хоҳад монд, Модар!

пешина
аз 29