Зеҳн
Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.

Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа

ҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

ПАДАРИ ХАЛҚ

Боре ман ба ноҳияи Айнӣ ба сафари хидматӣ рафта, дар деҳаи зебоманзари Анзоб бо деҳқони куҳансол амаки Файзиддин мулоқот намудам. Деҳқони солхӯрда ҳофизаи қавие доштааст, дар бораи раисони собиқи хоҷагӣ ҳикоя кард, ки соли панҷоҳу ҳафт дар муддати ҳашт моҳ дар колхоз ду раис яке дигареро иваз намуда, бо усули булаҷабе «роҳбарӣ» карда будаанд.

Хоҷагиро вайрону валангор намуда, деҳқононро қашшоқу бенаво кардаанд ин раисон. Ба ҳадде ки дар анбори колхоз ба миқдори як тоқӣ ҳам ғалладона намондаасту дар фермаҳо хасу хошок адо шуда, говҳо аз лоғарӣ ба пойҳои худ рост истода наметавонистаанд. Чунки ин роҳбарон андешаи фардоро накарда, бо ғорату мардумфиребӣ шуғл варзидаанд. Хайрият, ки дар ҳамон давра роҳбарияти ноҳия оқибат ба хулосаи дуруст омада, шахси арзанда, роҳбари содиқу кордон, ғамхори халқ Раҳим Аслиддиновро ба вазифаи раиси хоҷагӣ пешбарӣ намудаанд.

Бобои Файзиддин ҳикояти худро хотима дода, ба таври ҳикматомӯз гуфт: «Раиси мо Аслиддинов барои одамон, барои давлат кору зиндагӣ мекунад...» Маълум аст, ки хусусан дар деҳот роҳбаронро бе ҳеч асос мадҳу ситоиш намекунанд, неку бади омоли онон ҳамчу оина равшан аст, барои гуфтани суханони боло мӯйсафед бояд солҳо мушоҳидаю андеша карда бошад. Вақте ки сӯҳбати бо деҳқони солхӯрда анҷомдодаи худро ба раис ҳикоя кардам, дар чеҳраи роҳбари хоҷагӣ табассуми ҳазине пайдо шуд.

– Магар Файзиддин-бобо қиссаи мӯзаи аскариро нагуфт,- ишора намуд раис.

...Дар ҳамон шаби зимистоне, ки Аслиддиновро раис интихоб намуданд, ӯ пас аз маҷлиси ҳисоботию интихоботии деҳқонон рост ба хонаи худ нарафт, бо пайраҳаи санглох ба фермаи хоҷагӣ омад. Раиси ҷавон шунида буд, ки баъзеҳо хӯроки чорвои ҷамъиятиро медузданд. Ӯ, ки ҳоло таҷриба наандӯхта буд, фаъолияти раисиро ҳамин навъ оғоз намуд, мехост бо чашми худ тороҷгарони моликияти колхозиро бубинад. Ҳамин тавр хӯроквории чорворо зери назорати қатъӣ гирифт ва ҳар гуна ему хӯрокаеро, ки пайдо менамуд, тавассути ягона мошини боркаши хоҷагӣ худаш ба ферма мебурд. Аз киштзори хоҷагӣ ҳам якчанд гектар лаблабуи барои хӯроки чорво киштаю зери барфу яхмондаро «кашф» намуд. Деҳқонон бо мисронҳо яхҳоро шикаста канданд ва лаблабуро ба чорво доданд. Баҳорони соли аввали кораш бошад, хоҷагӣ нақшаи ба давлат ширсупориро шурӯъ намуд.

Вале ҳанӯз ҳам деҳқонон ба кори хоҷагӣ чандон дилкашолию дилчаспӣ надоштанд, зеро муомилаи раисони пешина ба кори ҷамъиятӣ одамонро дилсард карда буд. Раиси нав дар фикри он шуд, ки халқро дилгармие бубахшад, эътиқоди онҳоро ба заҳмати дастаҷамъӣ зинда гардонад. Раис нағз медонист, ки фақат ғамхорӣ ба эҳтиёҷоту ниёзмандиҳои онон калиди дили одамон хоҳад шуд. Бо ҳамин ният раис ба қабулгоҳи якчанд роҳбарони ноҳия сар кӯфта, барои деҳқонон либосҳои гарм ва пойафзолҳои бадошт пайдо намуд.

Рости гап, он вақтҳо ба даст овардани инҳо хеле мушкил буд. Раис либосу пойафзолро мувофиқи зарурияти ҳар шахс ба истеҳсолот тақсим намуда, як ҷуфт мӯзаи аскаридӯхтро барои худаш нигоҳ дошт. Ин мӯзаро ҳоло ба хонааш набурда буд, дар даруни ҷевони идорааш меистод. Амаки Файзиддин аз воқеа хабардор шуда, ба идораи раиси ҷавон ворид мешаваду бидуни истиҳола арзи дилашро изҳор менамояд: «Албатта, ба деҳқонони оддӣ аз раиси нав ҳам ягон файзу барака намерасад».

Ва ба қафо баргашта аз идора баромаданӣ мешавад, ки раис вайро бозмедорад ва ҳеч чиз нагуфта мӯзаро аз ҷевон бароварда медиҳад. Амаки Файзиддин мӯзаро гирифта бошад ҳам, раис боз чандин сол мушоҳида менамуд, ки ин одам ба сӯи ӯ нигоҳҳои шубҳаолуд мефиканд. Бале, ҳисси нобоварӣ ба лаҳзае, яъне хеле осонакак пайдо мегардаду аз дил сутурдани он бошад, басо душвор аст. Мӯзаи аскарӣ ҳамин тавр қиссае дорад. Оре, раиси ҷавон ба ҳамин навъ хоҷагиро бо мушкилот ва зина ба зина ба пеш мебурд. Ғамхорию муносибати беғаразонааш ба одамон ва хусусан фидокорона меҳнат карданаш оҳиста- оҳиста деҳқононро дар атрофаш сарҷамъ намудан гирифт. Соли аввали ҳосилғундорӣ ғалабаи нахустини хоҷагӣ буд бо роҳбарии раис Раҳим Аслиддинов. Ҳарчанд ки ҳамон сол андак хушксолӣ омад, колхози ба номи Орҷоникидзе дар ноҳия ҷои аввалро ишғол намуда, дар ҳамон давра аз ҳар гектар ҳосили рекордӣ- шонздаҳ сентнерӣ ғалла ба даст овард.

Деҳқонон нахустин бор барои меҳнати худ ғалла гирифтанд. Ин воқеаи хеле хурсандибахш буд, одамон самараи меҳнати вазнини деҳқониро бо фараҳу миннатдорӣ чашиданд. Вале ба раиси хоҷагӣ ин хеле гарон афтод, ба ӯ барои бо ихтиёри худ тақсим карда додани ғалла ҷазои ҳизбӣ доданд. Бо вуҷуди ин Аслиддинов аз ҷамъбасти меҳнати деҳқонони хоҷагӣ дар соли аввал хушҳол буд, раис аз он ҷиҳат мамнун гашт, ки боварии мардум ба кори дастҷамъӣ ва умум барқарор шуд. Воқеаи дигари хурсандибахши ҳамонсола он буд, ки раис Р. Аслиддинов дар баробари раисони машҳури ҷумҳурӣҚаҳрамонони меҳнат С. Ӯрунхоҷаев, А. Самадов, М. Маҳмадалиев ва як қатор пешқадамони истеҳсолот дар ҷаласаи умумииттифоқии ҷуворимаккапарварон ширкат варзид.

-Ин машварати мӯҳташам дар ҳаёти ман гардиши бузургеро ба амал овард,- ёдоварӣ менамуд Р. Аслиддинов.- Барои мустақилона роҳбарӣ намудан ва устуворона амал кардан дастури нотакрору ибратбахше дод. Сабақи дигари ин машварат дар он аст, ки афзалиятҳои ҷуворимаккапарвариро хеле возеҳ ташреҳ намуд. Олимон, роҳбарони номдор аз кашфиёту таҷрибаҳои худ маълумот ва панду андарзи беназире доданд.

Барои хоҷагиҳои чорводор парвариш кардани ин зироат хеле зарур будааст, самара мебахшидааст. Албатта, колхози ба номи Орҷоникидзе киштзорони бисёри обӣ надорад, вале аз он қитъаҳое ҳам, ки мавҷуданд, босамар истифода бурда, захираи фаровони хӯроки чорво таҳия намудан имконпазир мебошад. Дар ин боб киштани зироати ҷуворимакка хеле мувофиқ ва бобаракат аст.

Раис дар машварат бо роҳбарони пуртаҷрибаи хоҷагиҳо мулоқот карда, ин ҳикмати кишоварзиро хубтар омӯхт. Тирамоҳи соли дуюми роҳбарии Р. Аслиддинов колхоз дар баробари дигар зироатҳо аз ҷуворимакка ҳосили фаровоне парвариш намуд. Хоҷагӣ нахустин бор дар таърихи мавҷудияти худ дар фасли зимистону аввали баҳор бо хӯроквории чорво пурра таъмин гардид. Ба колхози муттаҳидгардидаи ба номи Орҷоникидзе таҳти роҳбарии раис Р. Аслиддинов ҳамагӣ ду сол лозим шуд, ки ҳам дар сатҳи ноҳияю ҳам дар сатҳи вилоят ба сафи хоҷагиҳои пешқадам ҷойгир гардад. Ба муносибати ин раисро бо медали «Барои меҳнати шоён» сарфароз намуданд.

– Бо кадом роҳ ин муяссар гардид,- пурсида будам зимни сӯҳбат аз амаки Фазлиддин, – охир ду нафар роҳбар пай дар ҳам кор карда, аз ӯҳдаи ин набаромаданд, ҳамон вақт низ деҳқонони ҳозира буданд.

– Сарриштаи барору баракаи кор дар дасти раис,- ҷавоб дод деҳқони гармию сардии рӯзгор дида,- ҳама гап дар қадрдонию қадршиносии ӯ. Раис инсони шарофатманд, ҷони одам аст, барои вай хурду калон як хел қадру қиммат дорад, албатта, иззати мӯйсафедон барояш махсус аст, ин маълум. Лекин ман борҳо шунидаам, ки раис мегӯяд: инсон гавҳари ноёб аст. Оре, барои вай ҳар як одам гавҳари ноёб аст. Дар деҳоти хоҷагии мо ягон одам нест, ки раис ӯро бо бобою бобокалон ва фарзандону набераҳояш нашиносад.

Пеш аз оғози ягон кор раис ҳатман ба ҳамақидаҳои худ такя менамояд, ҳамфикрону ҳамсангарони раиси мо зиёданд, тамоми хурду калон ва зану марди колхоз ва берун аз ҳудудҳои он аст. Мана, сарчашмаи барорҳои кори вай дар куҷост? «Аспи беҳолу бемадорро фақат гург ба таҳлука андохта метавонад, ба инсон фақат эътиқоду виҷдони пок нерӯ мебахшад», ҳикмати дӯстдоштаи раиси мо ҳамин аст. Мизони ҳақиқат барои ӯ кор ва натиҷаи он мебошад. Ҷиҳати дигари фаъолияти раис ба он вобаста аст, ки ӯ ҳамеша машғули омӯзиш аст.

Ҳар як соҳаи барои кишоварзӣ муҳиму муфидро меомӯзад. Бисёр мутахассисон бар он ақидаанд, ки раис Р. Аслиддинов соҳиби дипломҳои иқтисодшиносию агрономӣ ва зоотехникию инженерист. Ба андешаи ман бар замми инҳо раис боз дипломҳои таърихшиносию омӯзгорӣ ва рӯҳшиносӣ дорад. Ҳол он ки мувофиқи маълумоти шарҳиҳолӣ аслан ӯ соҳиби дипломҳои таърихшиносию агрономист. Бо ибрати донишдӯстию маърифатпарастии раис даҳҳо нафар деҳқонону чӯпонҳои хоҷагӣ соҳиби маълумоти мактабҳои миёнаи махсус ва донишгоҳҳо гардидаанд. Дар хоҷагӣ зиёда аз сад нафар мутахассисони маълумоти олидор машғули коранд, ки аксари онҳо бо кӯмаки колхоз таҳсилоти худро бо муваффақият анҷом додаанд. Боз як усули роҳбарии Р. Аслиддинов дар он ифода мегардад, ки ӯ доим пешомадро возеҳан мебинад ва ба ин васила фаъолияти умумро саҳеҳан ба нақша мегирад.

-Шумо чилу ду сол боз раиси колхоз ҳастед ва аз ин чил сол боз хоҷагӣ дар сафи пешқадамон аст, ин ба шумо чӣ тавр муяссар гардид?- пурсида будам боре аз раис Р. Аслиддинов.

-Ман аз давраи аввали корам ба як қоида сахт риоя мекунам,ҷавоб дода буд роҳбари хоҷагӣ, – ҳикмати олии кишоварзӣ он аст, ки деҳқононро ҳаргиз аз замин ҷудо накунӣ ва дар дили онон ҳиссиёти соҳиби замин буданашонро хомӯш насозӣ. Баъзеҳо хоҷагии дастҷамъиро фаромӯш кардаанд. Инро хусусан дар рӯзҳои мо бисёр таъкид мекунанд ва мегӯянд, ки хоҷагии дастҷамъӣ куҳна шудааст. Шояд кӯҳна шуда бошад, дар бисёр минтақаҳо хоҷагии иҷоравӣ ташкил намудаанд. Мо ҳам ба хоҷагии иҷоравӣ гузаштаем. Гап дар тағйир додани ном нест, балки дар моҳияти масъала аст.

Яъне гурӯҳи деҳқонону чӯпонон дастҷамъона дар замин кор мекунанд ва муваффақияти кор ҳамон вақт таъмин мегардад, ки ин одамон ҳисси соҳиби замин буданашонро гум накунанд. Ҳаминро ман таъкид карданиям, ки хоҷагиҳои дастҷамъонаро барҳам дода, пешрав шудан номумкин аст. Тасаввур кунед, аввал хоҷагиҳои дастҷамъро барҳам дода, заминро ба хоҳишмандон тақсим бикунед, ба ҳамагон замин намерасад. Ва он шахси танҳо низ чун соҳиби замин шавад, барои коркард аз куҷо трактор ё дигар васоити техникӣ, маводи кимиёвӣ меёбад?

Барои ҳамин ҳам даст бар даст ниҳода, бо мадади якдигар кор кардан афзалтар аст. Боз ҳатман бо донишу маърифати кишоварзӣ мусаллаҳ шудан зарур аст. Ва ақидаи ман ин аст, ки дар замин кор кардан усули махсуси истеҳсолот мебошад. Ба ман суханони Қаҳрамони меҳнат, раиси машҳур, шоҳмотбози моҳир Миралӣ Маҳмадалиев писанд омадаанд, ки боре гуфта буд: кори деҳқонӣ ин бозии шоҳмот бо табиат аст.

Зимнан дар ин бозӣ ба ихтиёри табиат ҳамеша мӯҳраҳои сафед ҳастанд ва бозиро ҳам аввал табиат сар мекунад. Хизмати раиси кордон, хирадманд ва дурандеш Раҳим Аслиддинов дар рушди болоравии маърифату ободонии деҳоти хоҷагии иҷоравии ба номи Орҷоникидзе, ноҳияи Айнӣ ва умуман водии Зарафшон хеле бузург аст. Гуфтан мумкин аст, ки роҳбари доно, мудаббир ва соҳибтадбир будан, инчунин обод намудан ва соҳиби маърифат кардани мулку маконро ӯ аз падару бобоёни худ мерос гирифта, ин хислатҳои ҳамидаи инсонии ниёгони хешро басо инкишоф додааст. Аз шаҷараи хонадони раис Р. Аслиддинов маълум аст, ки падару бобо ва бобокалонҳои вай дар зарфи тақрибан дусад сол дар водии Зарафшон аз ҷумлаи саркардагон ва маърифатпарварони қавму қабоили хеш будаанд. Бобои ҳафтумин пушти раис Раҳим Аслиддинов-Арбобхол дар мадраса таҳсил намуда, яке аз соҳибмансабони номвар ва баобрӯи замони хеш гардидааст. Дар водии Зарафшон якчанд масҷиду мадраса бино намуда, тарғибгари илму маърифати бузургонамон будааст. Арбобхол ҳамчун арбоб, яъне роҳбару саркарда бо ҳамроҳи як гурӯҳи калони сарбозони фидоии Зарафшон ба Истравшан рафта, ин шаҳри бостонии тоҷиконро аз ҳамлаи аҷнабиён мудофиа намудааст.

Дар ин ҷанги одилона, яъне агар ба ибораи имрӯза гӯем, зимни расонидани ёрии башардӯстона ба бародарони истаравшанӣ Арбобхол захмин мешавад ва тир дар зери пӯсти сараш дармемонад. Баъди бозгашт модараш ба ҷои захм равғани зағир молида он тирро мегирад ва Арбобхол боз корҳои роҳбарию ободонии хешро давом медиҳад. Ва бобои дигари раис Ҳоҷиқурбон ба зиёрати Маккаи Мукаррамаю Мадинаи Мунаввара рафта, мударрис ва соҳиби масҷид будааст, бобоёни минбаъда ба ин тартиб арзи ҳастӣ кардаанд: Арбобкалон арбоб, Муллоусмон мактабдор, Муллораҳим қозӣ ва падари раис Муллоаслиддин солҳои тӯлонӣ раису саркор будааст. Сокинони куҳансоли ноҳия ҳикоят овардаанд ва дар китоби Абдураҳмони Мустаҷир «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл» соли 1870 навишта шудааст, ки қозӣ Муллораҳим, яъне бобои раис Раҳим Аслиддинов дар дарёҳои Анзоб ва Яғноб чор адад кӯпрук сохтааст, ки дарозии ин пулҳо дувоздаҳ-понздаҳ метр меомадаанд. Қозӣ Муллораҳим чӯбҳои бақуввату бадошт ва дарози дар ин кӯпрукҳо истифодашударо бо маблағи худ харидорӣ намуда, дар корҳои сохтмони пулҳо мардумро ба ҳашар ҷамъ кардааст. Ҳаққи хизмати устоҳо ва ошу нони ҳашариён низ бо маблағи шахсии қозӣ Муллораҳим адо шудааст.

Ҳамчунин нақли накӯкориҳои қозӣ Муллораҳим ва гузаштагону фарзандонаш нуқли бисёр сӯҳбатҳо ва гуфтугузорҳост, ки ҳавлии ӯ дар сари роҳи деҳаи Марғеб воқеъ гардида, меҳмонхонаи он бошад, ба роҳ боз ҳам наздиктар ҷойгир будааст. Дар наздикии меҳмонхона оғил сохта будаанду дар як гӯшаи он алаф ва ҳезум ниҳода ва дар меҳмонхонаи муҷаҳҳаз ҳатман дастархон бо хӯрданиҳо ва чароғ мегузоштаанд, ки меҳмон агар дар бевақтии шаб ояд ҳам, улоғи худро дам дода, худаш ҳам бемалол истироҳат мекардааст.

Ин расм аз гузаштагон мерос монда будааст... Раис Раҳим Аслиддинов анъанаи халқамон, кори неки падару бобоёни худро ба дараҷаи аъло давом додааст, ҳам дар боби меҳмоннавозӣ, ҳам дар боби ободонии деҳот. Ҳавлии раис ҳам бо меҳмонхонааш дар сари роҳ аст. Агар номи меҳмонони ӯро зикр намуданӣ шавем, варақҳои хеле зиёде зарурат доранд ва ин аз ягон ҷиҳат кори имконпазир ҳам нест. Тамоми роҳбарони ҳизбию давлатию ҳукуматии ҷумҳурӣ, кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ, президентҳо, сарвазирон, адибон, рӯзноманигорон, олимон, сайёҳон, роҳбарони хориҷӣ, сафирон, дипломатҳо ва ғайра ба ин хонадон меҳмон шудаанд. Масалан, президенти собиқи Франсия Валери Жескар Дестен, роҳбари ҳизбию давлатии Чехословакия Густав Гусак, собиқ сафири Аёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Эскудеро, котиби КМ ҲКИШ Капитонов бо духтаронаш, роҳбарони ҷумҳуриҳои ҳамсоя Д.А. Кунаев, Ш. Р. Рашидов, раиси Ҳизби коммунисти кишвари Гватемала...

Ин меҳмоннавозию меҳмондориҳо фақат ба хотири нишастану сӯҳбат оростан набуда, балки раиси оқилу доно дар сари ин сӯҳбатҳои гарму самимӣ ягон лаҳза ҳам манфиатҳои хоҷагию ноҳия ва ҷумҳуриро фаромӯш намекард ва бисёр муаммоҳоро бо тадбирҷӯиву хирадмандӣ ба фоидаи халқи диёр ҳаллу фасл менамуд. Ва албатта, ба мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстию бародарии байни халқҳо ва кишварҳо хизмат мекард.

Боре ба раис Р. Аслиддинов хабар доданд, ки роҳбари ҷумҳурии Ӯзбекистон Шароф Рашидов аз ағбаи Анзоб гузашта, ба диёри худ меравад ва ним соат меҳмони хоҷагии шумо мешавад. Раис меҳмони олиқадрро дар мавзеи Шодмондараи ағбаи Анзоб пешвоз гирифта, сӯҳбат меорояд. Сӯҳбати нимсоатаи дастурӣ ба панҷ соат тӯл мекашад. Раис лаҳзаи мувофиқро моҳирона истифода бурда, аз Ш. Рашидов хоҳиш мекунад, ки барои зимистонгузаронии чорвои хоҷагиаш ёрӣ расонад. Масъала ба таври мусбӣ ҳал мешавад ва қариб бист ҳазор сар рамаи гӯсфандони хоҷагӣ дар чарогоҳҳои гарму сералафи ноҳияи Зомини кишвари Ӯзбекистон ба тӯли солҳо бо фароғат зимистонро мегузаронданд.

Ё вақти яке аз сафарҳои котиби аввали КМ ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов мушкилоти роҳсозии байни деҳоти колхозро ҳал намояд, ҳангоми сафари РаҳмонНабиев дар давраи котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон буданаш/ масъалаи хеле зарурии ба деҳаҳои дурдаст интиқол додани сими барқро файсала мекунад. Р. Набиев ба роҳбари ҳамонвақтаи раёсати барқи тоҷик Люлчак супориши қатъӣ медиҳад ва мӯҳлати иҷроро муайян мекунад, ки ҳатман аз истгоҳи барқи обии Фарҳод сим кашида, деҳаи дурдастро чароғон кунад ва иҷрои онро барояш иттилоъ диҳад. Бале, чунин шахси фарзона ва ғамхор будааст, ҳамзамону ҳамдиёри мо раис Раҳим Аслиддинов. Устод Мирзо Турсунзода низ ҳамроҳи шоирони номӣ Боқӣ Раҳимзода ва Убайд Раҷаб борҳо меҳмонони раис шудаанд. Боре ба сарвари нависандагони ҷумҳурӣ касе чунин гуфтааст:

– Устод, шумо фақат ба ҳавлии раис Аслиддинов меҳмон мешавед, охир ба хонаи мо ҳам марҳамат намоед.

– Раис Аслиддинов падари халқ аст, агар дар хонаи ӯ меҳмон шавем, гӯё меҳмони ҳамаи шумо гардидаем, - ҷавоб додааст устод ба он шахс. Ҳақиқатан ҳам раис Аслиддинов ҳамчун падари меҳрубон ва ғамхор ҳамеша дар ғами осоиши рӯзгори мардум будааст. Раис дар боби ободонӣ саъю кӯшиш варзида, ба роҳсозӣ диққати аввалиндараҷа медод. «Роҳ бошад, дигар ҳама чиз мешавад, ҳама иншоотро сохтан, обод кардан мумкин аст, роҳ шоҳраги ҳаёт аст», қайд менамуд ӯ.

Фақат барои пайвастани деҳаи калонтарини Анзоб ва деҳаҳои хурду калони атрофи он Нови Бидев, Истикон, Ушт, Обҷарот, Қӯшқутан, Сари Ирғаё, Лаби Оби Сабих, Роға як кӯрпук ва ҳафтоду панҷ километр роҳи мошингард бунёд гардидааст. Чор километр роҳ ва як кӯпруки шонздаҳметра деҳаи Марзичро бо работи маркази хоҷагӣ васл намуд. Дар роҳи сӯи деҳаи Марғеб кӯҳи баланд ва сахту саҳмгини Қандихӯрак дароз кашидааст.

Ба ривояти халқ номи ин кӯҳ ишорате бар «қанд хӯру аз ин кӯҳ бигзар» будааст. Вале роҳсозони хоҷагӣ бо роҳбарии раис пайкари ин кӯҳро бурида, роҳи ҳашткилометра сохтанд ва ду соҳили дарёи Зарафшонро бо пуле пайвастанд.

– Ҳар як ваҷаби ин роҳ бо мушкилоти зиёд, яъне танҳо бо воситаи таркиш кушода шуд,- зикр намуд раис,- ба мо идораи «Взривпром»-и ҷумҳурӣ ёрии калон расонд. Мо аз мутахассисони ин идора беҳад миннатдорем. Дар бораи шоҳроҳи водии Яғноб, ки хоҷагӣ як қисмати онро ба анҷом расонд, махсус таваққуф намудан зарур аст.

– Маро нангу номуси ватандорӣ ба сохтмони ин роҳ водор кард,- ба ҳикояти худ идома дода буд раис.- Зеро ин гӯшаи афсонавии кишварамон, ки онро музеи табиии зистшиносӣ, таърих, забон, фарҳанги миллатамон меноманд, аз олам канда буда, мардумонаш дар фақру бенавоӣ зиндагӣ доштанд. Аз бисёр кишварҳои ҷаҳон олимон, сайёҳон, кӯҳнавардон омада, изҳори хоҳиш менамуданд, ки водии Яғнобро бубинанд.

Вале мо на ҳамеша имкон доштем, ки ин диёрро ба меҳмонон нишон диҳем. Аз нигоҳи иқтисодӣ ҳам сохтмони шоҳроҳи Яғноб хеле манфиатбахш аст: дар ин водӣ зиёда аз ду ҳазор гектар замини ҳосилхез ҳаст, ки ҳаштсаду сӣ гектари он ҳоло обёришаванда буда, барои кишти картошка басо мусоид мебошад. Як ҳазору дусад гектари он ҳам ба осонӣ обёрӣ мешавад, зеро санглох нест, бо ин мақсад фақат як канал кофтан басанда аст.

Дар оянда водии Яғноб пойтахти ҷумҳуриро бо сабзавот, хусусан картошка ва дигар маҳсулот пурра таъмин карда метавонад. Ҳукумат бояд ба ин масъалаи муҳим таваҷҷӯҳ намояд. Ҳоло то деҳаи Марғеб ҳашт километр ва аз ин ҷо то деҳаи Хишортоби водии Яғноб нӯҳ километр ва боз сохтмони як қисмати ин роҳи мошингард ба анҷом расидааст. Раиси ояндабин ният дошт, ки шоҳроҳи Яғнобро то охир бисозад, ки он ба дараи Ромит мебарояд, аз он ба тарафи рост шоҳроҳи Душанбе, ба тарафи чап, ба ҷониби Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Исфара роҳ кушода мегардад. Ин марди фидокор, хирадманд ва ғамхор ба ҳамин ранг андеша меронд ва кору пайкор мекард. Ӯ талош меварзид, ки иқтисоди хоҷагӣ, ноҳия ва тамоми ҷумҳурӣ пешрав бошад.

Барои ҳамин ниятҳои пок ва созандагӣ ҳамчун фарзанди барӯманди миллат мӯҳтарам ва иззатманд гардида, аз тарафи ҳукумат бо се нишони Байрақи Меҳнат, нишонҳои Инқилоби Октябр, Дӯстии халқҳо, ду ордени Нишони ифтихор, унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва бисёр дигар мукофот шарафёб шудааст. Худи қаҳрамони меҳнат эҳтироми халқро барояш аз ҳама баландтарин мукофот мешумурд. Раис ҳоҷӣ Раҳим Аслиддинов оғози сохтмони нақби Анзобро бо рӯҳбаландии бузург истиқбол намуд. Тавре ки маълум аст, бо пешниҳоди Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони он нақби Истиқлол ниҳода шуд.

Одамияти олӣ ва олиҳимматии беназири раис нақбканонро дар ҳайрат гузошта буд. Ӯ ҳар моҳ сохтмончиёни ин нақби мӯҳташамро аз ҳисоби худ зиёфат менамуд. Аҷоиботи ин амали хайрхоҳонаи раис дар он буд, ки рӯзи зиёфат аъзои оилаи Аслиддинов хизмат мерасонданд ва ба ҳамаи ин кор худи раиси накӯкор роҳбарӣ менамуд. Раис ба роҳбарони сохтмони нақб мегуфт, ки агар мушкилоту муаммое пеш ояд, бидуни истиҳола ба вай муроҷиат бикунанд. Нақбканон аз чунин муносибати самимонаи раис дарёфтанд, ки сохтмони нақб гӯё кори шахсии Раҳим Аслиддинов бошад. Раис кушода шудани нақбро ниҳоят интизор буд, вале сад афсӯс, ки ӯ то ин рӯзи таърихӣ зиндагӣ накард. Раис Раҳим Аслиддинов ҳамеша мегуфт, ки ин нақб дар силсилаи таҳкими истиқлоли Ватанамон- Тоҷикистони азиз боз як ҳалқаи заррини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ хоҳад шуд.

пешина
аз 29
навбатӣ