Зеҳн
Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.

Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа

ҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

ТЕҒИ «ДӮСТ» ВА ИШҚИ ЗАН

Ба гардани Саттор аз ақиб бо корд заданд. Дасту пойҳои ӯ якбора карахт шуданд. Чун теғ бори дуюм бар гарданаш фурӯ рафт ва он қотили хуношом нӯги кордро дар миёни сутунмӯҳраҳои гардан бераҳмона тоб дод, Саттор аз ҳуш рафт. Сипас қотилон аз дасту пойи Саттор гирифта, аз мошин берун кашиданд ва ба канори роҳ оварда, ба ҷарӣ ҳаво доданд. Саттор бар хоку хун жӯлидаю ғелида ва бар сангҳо бархӯрда, ба қаъри ҷарӣ афтод. Вай дар қаъри зов дар ҳолати нимабеҳушӣ аранге шунид, ки яке аз қотилон мегуфт: «Тамом шуд». Саттор ҳамаи қувваташро ҷамъ карда мехост бигӯяд. «Номардҳо!...» Вале аз чӣ бошад, ки аз гулӯяш ҳеч овоз намебаромад. Сонӣ ӯ дар ҳамон ҳолати нимбеҳушӣ садои мошинашро шунид, ки ғосибон гази онро баланд карда бурданд.

Дигар ӯ аз ҳуш рафт. Чӣ қадар дар он зови барфолудаи сард мондааст ҳеч дар ёд надошт. Дар кӯҳу дара бошад, ин дам оҳиста-оҳиста чодари сиёҳи торикӣ мефаромад... Ин воқеа тақрибан соатҳои шаши бегоҳӣ ба вуқӯъ омада буд. Ҳамон рӯз Саттор соати ҳафту ними субҳ ба коргоҳи худ – базаи таксиронии пойтахт омада, мошинашро ба кор омода намуд ва худ аз муоинаи тиббӣ гузашта, ба кор шурӯъ кард. То соати панҷи бегоҳ рӯзи кории вай ба таври муқаррарӣ ҷараён дошт. Сипас занеро аз назди бозори Шоҳмансур то ба минтақаи мактаби милиса бурд. Аз ҳамон ҷо се нафар мусофир яке дар паҳлӯи Саттор ва ду нафари дигар дар нишастгоҳи ақиб ҷой гирифтанд. Саттор ду нафари онҳоро мешинохт, онҳо ҳамскасбонаш буданду якеро Ҳасан ва дуюмиро Сафар меномиданд. Мусофири сеюм барои Саттор ношинос буд.

– Моро то «Водонасос» бубар! – амри мусофиронро шунид Саттор. Мошини «Волга-ГАЗ-24» дар як они воҳид ба ин минтақа омад. Мусофири сеюм ҳамоне, ки барои Саттор ношинос буд, дар ин ҷо мошинро тарк намуд.

– Ҷӯраҷон, акнун моро ба ГЭС-и Варзоб мебарӣ! – супориш доданд ҳамкасбони Саттор бо оҳанги илтимосолуд. Саттор низ ҷилави мошинро ба ҳамон тараф битофт. Мусофирон дам ба дарун кашида буданд. Саттор эҳсос намуд, ки ваҷоҳати онҳо тағйир ёфтан дорад. Ҳине, ки Саттор ба истгоҳи барқи обии Варзоб наздик шуд, тахмини ӯ дар бораи сиёҳкории мусофиронаш Ҳасану Сафар комилан рост баромад. Яке аз онҳо ба паҳлӯи рост ва дигарӣ аз пушти гардани вай нӯги кордро халонда дӯғ заданд. – Ба пеш, ба тарафи Варзоб ҳай кун! Агар ягон нағма кунӣ... ва ҳар ду ҳам нӯги кордҳояшонро сахттар халонданд. Саттор ноилоҷ монда, мошинро ба пеш рондан гирифт. Ӯ пай бурд, ки дар чашмони ин ду марди бангзада хун ҷӯшида ва имкон дорад, ки аз ҳеч амали разилона рӯ натобанд. Саттор шунида буд, ки боре як таксиронро аз қафо ба гарданаш чилбур партофта буғӣ кардаанд.

Мувофиқи қоида таксии шаҳр то дувоздаҳ километр берун аз шаҳр рафта метавонад, ки ин фосила дар минтақаи Чорбед хотима меёбад. Ҳоло ӯ аз тарабхонаи «Насими кӯҳсор»-и Варзоб ҳам гузашта ба тарафи деҳаи Ҳушёрӣ наздик мешуд. Ва ноомади кор ягон корманди бозрасии давлатии автомобилӣ низ аз пеш набаромад, ки ӯро барои ин қонуншиканӣ нигаҳ дораду ба ҳамин васила ҷонаш аз дами корди ин нобакорон наҷот биёбад. Деҳаи Зиддӣ бо мӯриҳои зиёди дудкаши хонаҳои тунукапӯш намудор шуд. Ин вақт Саттор аз пояи бари роҳ мушоҳида намуд, ки дар километри ҳафтоду дуюм ҳаракат доранд. Айнан дар ҳамин лаҳзае, ки Саттор рақами ҳафтоду дуро бидид, чархҳои мошини ӯ дар барфи роҳ лағжиду мошин дар ҷояш таққӣ истод. Ва дар ҳамин сония яке пайи дигар бар гарданаш зарбаҳои корд расиданд...

Рӯзи дигар марди чӯпоне аз роҳ гузашта Саттори беҳушро тасодуфан бидиду аз деҳа ду-се нафарро даъват карда, вайро аз варта бароварда ба бунгоҳи тиббии Зиддӣ бурданд. Баъд аз чилу панҷ дақиқа Сатторро тавассути чархбол ба Душанбе оварданд. Аз ҳамин сонияҳо давраи дуюми зиндагии Саттор оғоз гардид. Табибон барои аз чанголи марг наҷот бахшидани ҷони ин мард талоши зиёд варзиданд.

Сатторро пас аз ҳабдаҳ соати захмӣ гардиданаш пайдо карда буданду то дар рӯи мизи ҷарроҳӣ хобиданаш боз як соат гузашт. Дар ин муддати тӯлонӣ ӯ хуни бисёреро гум карда буд. Невроҷарроҳи пуртаҷриба ва бомаҳорати шӯъбаи ҳаштуми бемористони Қарияи Боло Раҳмоналӣ Муродов ин амалиёти мураккаби ҷарроҳиро ба зиммаи худ гирифт. Ҷарроҳии мураккаби захмҳои гардани Саттор шаш соат тӯл кашид. Барои ҳамсари Саттор Фотима ин соатҳои ниҳоят тӯлонию вазнин ва ҷонгудоз буданд. Аз ҷарроҳихона аввал табиби чирадаст Раҳмоналӣ Муродов баромад. Фотима дарҳол пай бурд, ки чинҳои ҷабини ӯ кушодаанд. Аз ин дар дили зан як нури умеду эътимод пайдо гардид.

– Ҷарроҳӣ хеле нағз гузашт, худо хоҳад, шавҳаратон боз солҳои зиёде зиндагӣ мекунад, – гуфт табиб ба Фотима.

– Ташаккур ба шумо, мӯҳтарам духтур, – изҳори миннатдорӣ намуд ҳамсари бемор бо чашмони пуроб, – илоҳӣ, бахту саодати фарзандонатонро бинед. Ҳангоме ки хоҳарони шафқат Сатторро бо аробағалтак ба палатаи эҳёгарӣ мегузаронданд. Фотима тозон омада ба чеҳраи рангпаридаи ҳамсари азияткашидааш назар намуд:

– Азизам Саттор, чӣ ҳол дорӣ? Шавҳараш дар ҳоли беҳушӣ буду чизеро эҳсос намекард, вале Фотима бовар дошт, ки дар ҳамин ҳол низ Саттор ӯро мешунавад. Нӯҳ рӯзи аввали баъди ҷарроҳӣ Саттор дар миёни маргу зиндагӣ талош дошт. Ин рӯзҳо барои ҳамсараш Фотима низ айёми вазнинтарин буданд. Вай рӯзону шабон аз бистари бемории ӯ дур намешуд, аз гулӯяш обу нон намегузашту ҳар лаҳзаю ҳар соат ҳамдаму ҳамнафаси шавҳараш буд. Ҳол он ки баъзе хешовандони Саттор ба таври худ «пешгӯӣ» мекарданд, ки миллати Фотима осетин асту акнун шавҳари маъюбу маслуқашро ба ҳоли худ мепартояд.

Чанд сол қабл Саттор аз ҳамсари пештарааш ҷудо шуда, бо Фотима издивоҷ кард ва ҳоло соҳиби як духтари дӯстрӯяке буд. Воқеан ҳам яздони пок Сатторо аз дами марг баргардонд. Тақрибан пас аз бист рӯзи ҷарроҳӣ вазъи сиҳатии ӯ хуб шуд. Вале бар сари ин мард ва ҳамсари азияткашидаи вай имтиҳони дигаре омад. Яке аз хоҳарони шафқат беэҳтиётӣ карда, беморро бо сӯзандоруи нопок муолиҷа намуд ва дар фарҷом Саттор гирифтори бемории зардпарвин шуд. Ба ҷисми бемадори ӯ ин дарди сирояткунанда ниҳоят хатарнок буд, ҳатто табибон мегуфтанд, ки ҷисми бемор ба ин маризии вазнин тоб оварда наметавонад. Вақте ки Сатторро дар бемористони касалиҳои сирояткунанда бистарӣ намуданд, ӯ ба занаш гуфт:

– Фотима, ғам нахӯр. Ман, ки дар Зиддию Қарияи Боло намурдам, дар ин ҷо ҳам намемурам! Дар ин беморхона ӯро Константин Викторович ном духтури хушсалиқа моҳирона тадовӣ намуд.

– Умуман дар ҳамаи шифохонаҳо ҳамсари маро духтурони хуб муолиҷа карданд,-бо миннатдорӣ ёдоварӣ менамояд Фотима. Саттор, ки соҳиби иродаи қавию рӯҳи бешикаст аст, ба ин бемории вазнин ҳам пирӯз шуд. Чи тавре ки янгаи Фотима мегӯяд, вай ин дафъа низ аз чанголи марг наҷот ёфт ва аз қаъри варта хазида баромад. Вале карахтии тарафи росту чапи ӯ намегузашт. Табибон Сатторро муоина намуда, ба хулосае омаданд, ки ба иллати захмҳои гардан тарафи рост тамоман ва тарафи чап қисман фалаҷ гардидааст.

– Агар бо массаж ва варзиш доимо машғул шавед, – гуфт духтур ба Саттор, – дар ҷойгаҳ менишастагӣ мешавед, вагарна фақат дар ҷойгаҳ мехобед. Лекин бояд бигӯям, ки массажу варзиш барои шумо хеле дарднок хоҳад шуд.

– Духтур, барои маслиҳататон ташаккур, – ҷавоб дод Саттор ва бо қатъият илова намуд: – аммо ман ҳатман бо ҳар ду пойи худ роҳгардон мешавам ва мисли пештара мошинҳои «МАЗ»-у «Волга»-ро ҳам ҳай мекунам!

– Илоҳӣ, ҳамин хел шавад. Саттор бо ҳамин қатъият ва матонату устуворӣ ба массажу варзиш пардохт. Дар ҳақиқат массажу варзиш дарднок буд, вале аз ҳамсараш хоҳиш менамуд, ки дастону пойҳояшро молиш бидиҳад, бар алайҳи дард боз ва боз молиш бидиҳад. Ҳамкоронаш дар ду гӯшаи ҳавлии ӯ пояҳои оҳанин насб карда, симҳои ҳалқадор кашиданд, ки он ба тамрингоҳи хубе табдил ёфт. Тамоми рӯзи ӯ бо машқу тамрин мегузашт. Пас аз се соли чунин варзиши гарону дарднок Саттор нирӯе пайдо карда, бо қувваи худ мустақилона дар ҷойгаҳ менишастагӣ шуд. Вай ин варзишро боз се сол идома дода, оҳиста-оҳиста қадам мезадагӣ шуд. Аммо ба ҷои дуртар то ҳанӯз бо ёрии ҳамсараш ва савори аробача роҳӣ мегардид. Ба қабулгоҳи вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Наримон Холович Яъқубов ҳам Саттор бо аробача ва ёрии завҷааш омада, ариза пешниҳод намуд, то соҳиби мошини сабукрави «Волга» шавад.

– Мошинро ҳамсаратон идора мекунад? – пурсид вазир ба аробача нигариста.

– Не, худам, – ҷавоб дод Саттор. Наримон Холович мутаҳайирона китф дарҳам кашида, ба аризаи Саттор имзо гузошт. Дархости ӯро аз ҳисоби мошинҳои кӯҳна қонеъ гардониданд. Пас аз чандин моҳ вазир дар роҳҳои шаҳр Сатторро пушти чанбараки мошин дида, самимона табрикаш намуд. Аммо ин мошинронӣ бо заҳмати хеле зиёд ба Саттор муяссар гардида буд. Зеро аслан ӯ бо як дасти чапи нимфалаҷ мошинро идора мекард. Дӯстон ва ҳаққу ҳамсояҳо ин матонату устувории Сатторро дида ба ӯ «Мересеви тоҷик» ном ниҳоданд. Дар замони нобасомониҳо ба хонадони Саттор низ фоҷиа омад.

Писари баркамоли ӯ Шамсиддинро (аз зани аввал) шахсони номаълум ба қатл расонданд. Ин воқеаи мудҳиш вайро ба бемории асаб гирифтор намуд. Пас аз муолиҷа духтурон ба Саттор маслиҳат доданд, ки бештар дар ҳавои тоза гаштугузор бикунад. Ҳамон вақт ӯ дар минтақаи «Километри нӯҳум» зиндагӣ мекард. Дар наздикии хонааш партовгоҳе мавҷуд буд, ки сокинони маҳалла ба он ҷо ахлоттӯдаю хасрӯбаҳоро мепартофтанд. Инчунин ба он партовгоҳ бетонпораҳои зиёди сохтмониро низ афканда буданд. Саттор хост, ки ба хотири писараш ҳамин макони ноободро ба боғистон мубаддал намояд.

Ин рози дилашро қабл аз ҳама ба ҳамсараш ифшо бикард, вай дарҳол ин нақшаи шавҳарашро писандид. Ҳамин тавр онҳо хостанд, ки фоҷиаро бо кору заҳмат фаромӯш созанду дилашонро таскин диҳанд. Ин макон ҳоло бо заҳмати бисёр сабзу хуррам гардидааст ва Саттор онро Чорбоғи Шамсиддин мегӯяд. Аз сарнавишти ин марди қавирӯҳ тавассути номааш ба идораи рӯзнома огоҳ гардидем. «Роҳбари ҷумҳуриамон дар ҳама ҷабҳа барои тантанаю пирӯзии қонуният мубориза мебаранд, ки мо аз ин мамнунем. Вале дар баъзе ҷойҳо на ҳама ба волоияти қонун риоя менамоянд» – навиштааст Саттор Сангинов. Азбаски Саттор ҳангоми иҷрои вазифа захмӣ шудааст, тибқи қонун аз тарафи муассисаи таксиронии пойтахт бояд бо нафақаи махсус таъмин гардад. Аммо вақтҳои охир бе ҳеч сабаб ин нафақаро ба ӯ намедиҳанд. Саттор ба назди сарвари муассиса борҳо рафтааст, то ҳаққи ҳалоли худро рӯёнад. Вале сардор ҳангоми муроҷиати Саттор сақичхоӣ карда, беэътиноёна гуфтааст: «Хуб мешавад, ки вақти ҳамин рафтуомадҳо бимирию маро дигар гаранг накунӣ»! «Ҳангоми иҷрои вазифа ғосибон бо корд ба гарданам зада буданд, – навиштааст Саттор Сангинов, – аммо захми ин суханони сардор ба дилам халидаанд...»!

пешина
аз 29
навбатӣ