Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.
Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа
ШОГИРДИ МАКТАБИ УСТОД ТУРСУНЗОДААМ!
Шоири Халқии Тоҷикистон устод Убайди Раҷаб аз адибони маъруфи замон ва шоирони маҳбуби кӯдакон буда, дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ ба корҳои матбуоту нашриёт ва пешаи асосию якумрии хеш эҷоди шеър оғоз кардааст. Устод солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои масъули соҳаи матбуот, аз ҷумла чордаҳ сол ҳамчун сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ», бисёр солҳо ба сифати котиби Иттифоқи нависандагон, ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хидмат намудааст. Дар эҷодиёти Убайди Раҷаб ҷои асосиро асарҳое ишғол мекунанд, ки шоир барои кӯдакону наврасон иншо намудааст. Ӯ муаллифи бештар аз 40 китоби шеър, қисса, чистону кистон ва достонҳост, ки дар нашриёти Тоҷикистон ва дар кишварҳои дигари олам нашр шудаанд.
Шеърҳои Убайди Раҷаб ба китобҳои дарсии мактабҳои ҳамагонии Эрон роҳ ёфтаанд, ки як нишони эътирофи аксари мардуми форсизабонон гардидани асарҳои муаллиф аст. Хидматҳои фидокорона ва асарҳои устодонаи шоир Убайди Раҷаб бо Ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дипломи байналмилалии ба номи Ханс Кристиан Андерсан, бо унвонҳои баланди Корманди шоистаи Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дигар нишону ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудаанд. Мусоҳибаи мо ба муносибати ҷашни ҳафтодсолагии шоир ба амал омад.
– Устоди мӯҳтарам, лутфан бигӯед, ки шеъри аввалини худро кай эҷод кардаед ва оё он дар ягон нашрия чоп шудааст?
– Дар ёд надорам, ки шеъри аввалини худро кай гуфтаам. Вале як воқеа вобаста ба шеъри аввалинам дар хотир мондааст. Донишҷӯи соли сеюми Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент будам, ки як порча шеъри ман дар мақолаи ҷамъбастии шеърҳои навқаламон ҳамчун намунаи эҷодҳои хуби адибони ҷавон зикр ёфта, дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» дарҷ гардида буд. Ин шеърро ба идораи рӯзнома худам нафиристодаам. Мо дар омӯзишгоҳ Абдуҷаббор Шарифзода ном устоди донишманде доштем, ки марди исфарагии дар мадраса сабақ омӯхтае буду аз адабиёт ва забони тоҷикӣ дарс мегуфт.
Мо, навқаламони омӯзишгоҳ ба муаллимамон А. Шарифзода шеърҳои навмашқонаи худро нишон медодем. Сонӣ фаҳмидам, ки муаллим чанд шеъри маро ба идораи рӯзнома равон карда будааст. Нахустин шеъри пурраам баҳори соли 1952 дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» чоп шуд, ки он «СССР» ном дошт. Дар ин вақт донишҷӯи курси дуюми Институти педагогии шаҳри Душанбе будам. Ин шеър дар ягон маҷмӯаи ашъорам дохил нагардидааст.
Солҳои минбаъд боре ба деҳа рафта, аз сандуқи кӯҳнаи модарам чанд дафтари шеърҳои шогирдонаи худро ёфтам ва тӯъмаи оташ кардам. Ман дар хонадони қиблагоҳи бузургворам – Раҷаби Одина пас аз панҷ нафар апаҳои худ таваллуд шуда, ниҳоят писари эрка будам. Падарам аз деҳқонони номдори киштудӣ буда, дар мактаби маҳви бесаводӣ хонда бошанд ҳам, ба хати кириллӣ имзо гузошта наметавонистанд. Вале он кас Қуръони муқаддасро мехонданд ва аз гапу кори олам хеле воқиф буданд. Бинобар ин дар таълиму тарбияи ман бисёр кӯшиш мекарданд.
Муаллими синфи аввали мактабиамонро Шарофи Ёр мегуфтанд ва аз хешовандони падарам маҳсуб мешуданд. Аммо бо вуҷуди ин падарам ба муаллим таъкид менамуданд, ки бо ман ҷиддӣ бошад ва дар сабақомӯзӣ сахтгирӣ кунад. Вақте ки ман дар синфи чоруми мактаби деҳа мехондам, падарам маро ба назди домулло Мулломирзо бурданд, то бар иловаи дарси мактаб сабақ омӯзам. Дар назди ин домулло қироати Қуръони маҷидро ёд гирифтам ва сонитар «Чор китоб»-ро ҳам мутолиа намудам.
Ба ин муносибат падарам дар хонаамон маросими «Қуръондаророн» ташкил намуда, хешу табор ва ҳаққу ҳамсояро даъват карданд. Сипас ман дар назди ширкаткунандагони ин маросим бо овози баланд чанд ояти шарифро қироат намудам ва пораеро аз «Чор китоб» хондам. Ибтидо мекунам ба номи Худо, К-аз ду ҳарф офарид арзу само. Номи ҳақ бар забон ҳамеронам, Ки ба ҷону дилаш ҳамехонам. Таассуроти ин лаҳзаҳои нотакрори ҳаёти худро дар асарам «Достони набераи бобо»ба риштаи тасвир овардаам, ки зимнан ин достон дар вазни «Чор китоб» эҷод гардида, дар маҷмӯаи тозанашрам «Яккабурс» дохил шудааст.
– Оё Шумо бо устодони бузурги адабиётамон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ мулоқот кардаед?
– Мутаассуф бо устод Лоҳутӣ вонахӯрдаам. Вале хушбахтона ба ман муяссар шудааст, ки бо устод Садриддин Айнӣ якчанд маротиба мулоқот намоям. Мулоқоти якуми ман бо устоди бузургвор С. Айнӣ соли 1940 ба вуқӯъ пайваст. Вақте ки сохтмони канали Марғедар ҷараён дошт, устод ба зиёрати каналковон омаданд. Котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Панҷакент Ш. Муҳаммадиев устодро ҳамроҳӣ менамуд. Сонитар фаҳмидам, ки ҳадафи асосии устод аз ин сафар ҷустуҷӯи қабри Одамушшуаро устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст. Ман ҳамон вақт дар синфи дуюми мактаб мехондам. Муаллимамон Шариф Зарифӣ ба мо хабар дод, ки нависандаи бузург С. Айнӣ ба Марғедар омадаанд ва ба вохӯрии устод меравем. Мо дар саҳни мактаб саф оростем ва ба даст байрақчаҳо гирифта, шарқихонон роҳӣ шудем. Аз мулоқоти аввал чашмони зирак ва андешаманди устод дар хотирам нақш бастааст.
Мулоқоти дуюм бо устод соли 1949 ба амал омада, дар шаҳри Панҷакент иттифоқ афтод. Ӯ ба дидорбинии интихобкунандагони худ омада буд. Устод бар тан шиму костюми сафед ва бар сар тоқии чоргул дошта, аз минбар суханронӣ кард. «Ба ҳукумати шӯроӣ ташаккур, ки дар бораам кинофилме офаридааст ва ҳоло онро ҳамроҳ тамошо мекунем», гуфт устод. Сипас дар бораи ҳаёт ва фаъолияти илмӣ, адабӣ, ватандӯстӣ, маорифпарварии устод иборат аз ду қисм филми мустанаде намоиш дода шуд, ки таҳиягари он Борис Кимёгаров буд. Дар филм аз азобу маҳрумиятҳои устод, саргузашти вазнини ӯ, гирифториаш ба 75 чӯби амирӣ ҳикояти муассире карда шуда, симои барҷастаи Садриддин Айнӣ ҳамчун адиб ва мутафаккири бузург возеҳан инъикос ёфт. Таҷлили ҷашни 75-солагии устодро, ки дар Театри опера ва балет баргузор шуд, ман мулоқоти сеюм меҳисобам.
Ин ҷашн дар саросари ҷумҳурӣ бо тантанаи махсусан олӣ қайд гардид. Дар маҳфили ҳукуматии ҷашн, ки онро сарвари мамлакат Бобоҷон Ғафуров роҳбарӣ менамуд, устод бо сабаби беморӣ иштирок карда натавонист. Аммо тамоми суханрониҳои маҳфилро тавассути радио гӯш менамуд. Дар охир устод низ бо воситаи радио ба ҳозирони маҳфил ва ба ҳамаи сокинони кишвар муроҷиат кард. Устод мегуфт, ки минбаъд ҳам ҳаёти худро дар хизмати халқу Ватан сарф хоҳад намуд, «то ҳаст зи ҷонам рамақе кори ман ин аст» мешунидем мо овози устоди бузургворро. Дар ҷашн худи устодро надида бошам ҳам, садои хоси марғуладори ӯро шунида, симои нуронӣ ва бузургворонаашонро пеши назар тасаввур менамудам. Вохӯрии устод Садриддин Айнӣ бо адибони ҷавон дар саробӯстони ҳукуматӣ, ки дар он Пӯлод Толис ва Гулчеҳра Сулаймонӣ иштирок доштанд, он солҳо барои ҳар яке аз мо, қаламкашони ҷавон сабақи ҷовидонии устод маҳсуб мегардид, ки гиреҳҳои роҳи эҷодиро мекушод.
Хосатан Толис аз ин мулоқот хеле ифтихор дошта, ҳар як нукта ва панду ҳикмати устодро бо меҳру ихлоси самимӣ ба анҷом мерасонд. Агар ҳоло Толис зинда мебуд, итминон дорам, ки ӯ яке аз бузургони адабиёти мо мешуд. Аммо ҳазорон афсӯс, ки роҳи қисмат дигар будааст. Мегӯянд, ки солҳои бистуми қарни гузашта роҳбари ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ Абдуқодир Муҳиддинов аз устод Садриддин Айнӣ хоҳиш кардааст, то асари барои халқу Ватан тақдирсози худ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро бинависад. «Миллат ва ҷумҳурӣ фаромӯш намекунанд», гуфтааст А. Муҳиддинов ба устод. Ҳақиқатан ҳам ин суханон хеле дурандешона будаанд.
– Шумо шогирди бовафо ва содиқи устод Мирзо Турсунзода ҳастед. Ва чанде пеш китоби хотираҳоятон дар бораи ин устоди бузург таҳти унвони «Зинда ба ишқ» интишор гардид. Хоҳишмандам, ки доир ба солҳои ҳамкориатон бо устоди зиндаёд ҳикоя мекардед.
– Ман худро ва аз ҷумла шоирон Лоиқ Шералӣ, Файзулло Ансорӣ, Аминҷон Шукӯҳиро шогирдони мактаби устод Мирзо Турсунзода меҳисобам. Худи устод Мирзо Турсунзода аз мактаби устод Садриддин Айнӣ баҳра гирифтаанд, яъне мо тавассути М. Турсунзода ҳамчунин шогирдони мактаби устод Садриддин Айнӣ низ ба шумор меравем. Мактаби устод Мирзо Турсунзода барои мо нотакрор буд, аз он тариқи суханварӣ, одаму оламшиносӣ, инсонгарӣ, ҳамдастӣ, одамонро эҳтиёт кардан ва ғайраро омӯхтаем.. Мо шогирдони содиқи ин мактаб ва ин устод ҳастем. Ва анъанаҳои ин мактаб аз насл ба насл гузашта, ҳамвора давом хоҳад ёфт. Устод Мирзо Турсунзода падари маънавии миллат буд. Ман ду дафъа падарро гум кардаам, яъне бори аввал вақте ки падарам аз олам гузаштанд ва бори дуюм, даме ки ин устоди бузургворро ба хок супурдем. Ман худро аз хушбахттарин инсонҳо медонам, зеро бо мадади толеи саъд 17 сол ҳамроҳи устод кор кардаам. Бо даъвати устод ба остонаи Иттифоқи нависандагон қадам ниҳода, то рӯзи ба нафақа баромадан, яъне дар ин даргоҳи муборак ҷамъан 32 сол хидмат намудам.
Бо устод нишастаю хестаам, сафарҳо кардаам ва устодро дар зиндагӣ, кору рафтор, дар сӯҳбати рафиқон, дар муносибат бо одамон омӯхтаам. Устод Мирзо Турсунзода бо ҳама бузургӣ, ки хоси эшон буд, як марди хоксор, инсони ғамхор, як фарди дастгиру раҳнамо ва шахси ниҳоят хайрхоҳ буд. Устод аҷоиб як хислати бонаҷобате дошт, ки ба он тоифаи ашхосе ҳам, ки ба ӯ бадӣ мекарданд, аммо устод бо некӣ ҷавоб мегардонд.
Ман кулли ин воқеаҳоро медидам ва ба чашмони худ мушоҳида намуда, хулоса мебаровардам ва барои худ сабақ мегирифтам. Чизи дигару муҳимтарине, ки аз устод омӯхтаам ин меҳнат кардан аст. Устод ҳамеша талқин менамуд, ки даст ба кор дошта бошам. Кор одамро ба роҳи нек ва мақсаду нияти пок ҳидоят менамояд, мегуфт устод, кори нек боиси забондарозӣ ва сарбаландии одам хоҳад шуд. Устод пушту паноҳи мо, адибони ҷавон буд. Мададу дастгирии маънавии устод буд, ки ман соли 1964 шеъри «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме»-ро гуфта будам, ки бо чунин мисраъҳо оғоз мешавад: Ҳар дам ба рӯи ман Гӯяд адӯи ман, К-ин шеваи дарии ту, Чун дуд мешавад, Нобуд мешавад, Бовар намекунам, Бовар намекунам! Ин шеър дар ҳифзи забони модарӣ буд ва боиси мамнунист, ки дар олами форсизабонон ҳамчун шӯрангезтарин шеър дар ситоиши забони форсии дарӣ эътироф гардид.
Олимони бузурги Эрон Парвиз Нотил Хонларӣ, Ғуломҳусайни Юсуфӣ ва дигарон дар бораи ин шеър мақолаҳои алоҳида навиштаанд. Албатта, возеҳ аст, ки тамоми хислатҳои ҳамида ва фазилатҳои баланди инсонии устодро дар як мусоҳибаи кӯтоҳ зикр кардан берун аз имкон аст. Биноан хома бар даст гирифтам ва хислатҳои неки устодро дар шакли як китоб ба силки тасвир даркашидаам.
Ин китоб таҳти унвони «Зинда ба ишқ» интишор ёфт ва акнун хонанда муайян хоҳад кард, ки ман то чӣ андоза ба ҳадафи худ муваффақ гардидаам. Ва хушбахтона дирӯз аз як хонандаи хеле хуштабъу баландзавқ роҷеъ ба ин китоб андешаҳояшро фаҳмидам. –Китоби «Зинда ба ишқ», – гуфт ӯ, – калиде хоҳад шуд барои боз кардани даричаи шинохти устод Мирзо Турсунзода ҳамчун шоир, олим, ходими ҷамъиятӣ ва фарзанди барӯманди миллат. Ман аз рӯҳи пурфутӯҳи устод имдод талабида, ҳамкории 17 солаамонро пеши назар овардаму китоби «Зинда ба ишқ»-ро эҷод кардам ва ба саҳифаи охирини он соли 1992 нуқтаи таммат гузоштам. Табиист, ки он давра бисёр чизҳоро гуфтан намешуд ва хеле гапҳо дар дил нуҳуфта мондаанд.
Аз ин рӯ ният дорам, ки агар фурсат даст диҳад, китоби «Зинда ба ишқ»-ро аз нав таҳрир хоҳам кард ва иншоаллоҳ симои хирадмандонаи устод боз беҳтару возеҳтар зеби рақам хоҳад шуд. Мутаассифона устод Мирзо Турсунзода имрӯз дар байни мо нест ва агар устод ҳоло зинда мебуд, аз муборизаҳои пайгиронаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби таҳкими истиқлолияти Ватан, баланд бардоштани худшиносӣ ва бедории миллӣ, посдории забони модарӣ, фарҳанги миллат, бузургдошти аҳли адаб, ғамхориҳои Сарвари давлатамон нисбат ба деҳқонон, адибон, коркунони илм басе шоду болидарӯҳ мегардид. Ман гумон мекунам, ки аз навгониҳои ҳаёти ҷумҳурӣ рӯҳи устод шод мешавад. Ва ин чиз ҳам яқин аст, ки рӯҳи устод Мирзо Турсунзода ва рӯҳи дигар бузургони миллат ба корҳои неки Президенти кишвар ҳамеша ёру мададгор хоҳанд буд. Ман хушбахтам ва шукронаи толеи худро мегӯям, ки ин рӯзҳои некро дидам.
– Устоди арҷманд! Ҷашни 70-солагии Шумо ба иди ҳақиқии адабиёту фарҳанги ҷумҳуриамон табдил ёфта, бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Ҳоло эҳтиромона хоҳиш дорам, ки дар бораи нақшаҳои минбаъдаи эҷодиатон чанд сухан мегуфтед.
– Ман ҳамаи унвонҳои баланд ва ҷоизаҳои адабиро барои хизматам дар адабиёти бачагона ва баъди сабукдӯш шуданам аз вазифаи сардабирии маҷаллаи «Садои Шарқ» гирифтаам. Зиндагӣ ба ман талқин кардааст, ки бояд пайваста кор кунам ва танҳо ба қувваи қалам ва нерӯи худ эътимод бандам. Зимнан панди устод Мирзо Турсунзода низ ҳамин буд. Банда ҳар рӯз кор мекунам.
Барои кӯдакон чизе менависам ва барои худам ғазал менигорам, ки аксар чоп нашудаанд. Шеъру достонҳоеро, ки дар арзи даҳ соли охир барои кӯдакон ва наврасон навишта будам, дар китоби «Яккабурс» гирд овардаам ва он чоп шуд. Ман бо фарзандони фарзонаи миллат С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Б. Раҳимзода, М. Миршакар, М. Раҳимӣ, А. Деҳотӣ, Ф. Ниёзӣ, С. Ҷаҳаризода, Ф. Муҳаммадиев, П. Толис, М. Фарҳат ва дигарон бисёр солҳо ҳамсӯҳбату ҳамнишин будам, ки дар бораи онҳо хотираҳоямро навиштан дорам. Ҷилди аввали ин ёдкарди ман бо унвони «Дӯш будам ҳамнишин...» дарҷ гардид. Ният дорам, ки ҷилдҳои дуюм ва сеюми ин китобро низ бинависам. Нақшаи дигарам он аст, ки аз 30 адад китоби барои кӯдакон навиштаам бо диди нав сара карда ва таҳриру такмил намуда, маҷмӯае тартиб доданиям, то ҳадяе аз мани бобо ба набераю абераҳои ҷумҳуриамон ва берун аз марзҳои он бошад. Ҳамчунин як маҷмӯаи очеркҳоям бо ҳамкории доктори улуми иқтисод, профессор Хушвақти Ғафур таҳия гардидааст, ки пас аз чанде чоп мешавад. Шукр мекунам, ки қувваи меҳнат кардан дорам ва бекор будан наметавонам, ҳамчунон ки Ҳаким Низомии Ганҷавӣ фармудааст: Гуфтан зи ман аз ту кор бастан, Бекор наметавон нишастан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё