Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.
Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа
ТУЛӮИ ХУРШЕД АЗ ДАРВОЗ
Устод Мӯъмин Қаноат аз шоирони тавоно буда, бо эҷодиёти ғанию рангин ва пурмӯҳтавои худ, хосатан бо достонҳои басо таъсирбахшу пурмазмунаш дар таърихи адабиёти тоҷик саҳми бузурги навгоние гузоштааст. Ӯ 20 майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфтааст. Падари шоир Қаноатшоҳ ибни Борон ибни Муҳаммадамон ибни Шоҳбаршоҳ аз хонадони қадимӣ ва аслзодаи сарзамини Дарвоз будааст.
Мӯъмин Қаноат ҳанӯз дар солҳои таҳсили омӯзишгоҳ машқи шеър мекард ва чанд намунаи он дар рӯзномаи «Ҳаёти нав»-и ноҳияи Ғарм рӯи чопро дидааст. Соли 1956 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ӯ мудири шӯъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин гардида, баъдтар ба сифати котиби масъули ҳамин маҷалла хизмат намудааст. Қобилияти ташкилотчигӣ ва истеъдоди баланди Мӯъмин Қаноатро ба назар гирифта, ӯро ба Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба кор муваззаф намуданд.
Аввал муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд ва баъд котиби якуми Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ ва котиби Раёсати Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гардидааст. Маҷмӯаи аввалини Мӯъмин Қаноат «Шарора» ном дошта, соли 1960 чоп шудааст. Сипас баргузидаи ашъори шоир ва достонҳои алоҳидааш бо унвони «Ситораҳои замин», «Мавҷҳои Днепр» «Китобҳои захмин», «Корвони нур», «Достони оташ», «Суруши Сталинград», «Тоҷикистон – исми ман», «Падар», «Гаҳвораи Сино», «Ситораи Исмат», «Ҳамосаи дод» ва амсоли инҳо чоп шудаанд.
Соли 1977 достонҳои «Суруши Сталинград» ва «Тоҷикистон – исми ман» ба шоир Ҷоизаи давлатии Шӯравиро оварданд. Ҳамчунин соли 1980 достони «Гаҳвораи Сино», ки ба ҷашни ҳазораи Абӯалӣ ибни Сино бахшида шудааст, шоирро ба мукофоти давлатии ҷумҳуриявии Рӯдакӣ сазовор мегардонад. Тақрибан тамоми шеърҳо ва достонҳои суханвари бузурги давронамон, устод Мӯъмин Каноат ба забони русӣ аз тариқи нашрияҳои Маскав интишор гардидаанд. –Ашъори шоири забардасти тоҷик Мӯъмин Қаноат борҳо дар саҳифаҳои матбуоти Эрон, Афғонистон ва бисёр дигар кишварҳо рӯи чопро дидааст. Соли 1994 нашриёти «Алҳудо»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузидаи ашъори Мӯъмин Қаноатро интишор дод. Сӯҳбати мо бо устод дар атрофи диёри шоири бузург Дарвоз ба вуқӯъ пайваст.
– Устоди мӯҳтарам! Чи тавре ки маълум аст, дар Дарвоз ба тӯли якчанд аср сулолаи шоҳон ҳукмронӣ намудаанд. Хонадони шоҳони Дарвоз мардуми ин сарзаминро муттаҳид намуда, аз парешонию парокандагӣ нигоҳ медоштаанд. Ва чи хеле ки таърихнигорон возеҳ намудаанд, то дараҷае шоҳони Дарвоз хеле қудратманд ҳам буда, дар замони худ қаламрави ҳукуматдориашонро ободу маъмур кардаанд. Албатта, ин ҳама воқеаҳо ба ташаккули шахсияти адиб ва ҷаҳонбинии ӯ бе таъсир намемонад.
– Бале, таърихи шоҳони Дарвоз басо ибратбахш аст. Ривоят мекунанд, ки қалъаи шаҳнишини Дарвоз дар байни боғи калоне қомат афрохтааст ва дар пештоқи дарвозаи асосии он рубоии зеринро ҳаккокӣ кардаанд. Шаҳ сохт бинои қалъаро дар боғе, Офат нарасад ба мевааш аз зоғе, Ин боғ бари Зайнулараб месозанд, То дар дили бинанда намонад доғе. Дар ин рубоии ба салосат ва маҳорати баланд нигошта, дар калимаи «доғе»-и мисраи чаҳорум бо санъати шеърии муаммо таърихи оғоз гардидани давлатдории нави Дарвоз ифода ёфтааст, ки ба мелодӣ соли 1607 мешавад. Яъне давлатдории навини шоҳони Дарвоз ба давраи ҳукмронии марказии хонадони Ҷониён мувофиқ меояд.
Мутаассифона шаҷараи мукаммали шоҳони Дарвоз то айёми мо боқӣ намондааст. Аз ривояти мардум бармеояд, ки шоҳони Дарвоз шоҳбаршоҳ зикр мешудаанд, яъне ба маънии шоҳаншоҳ ё шоҳи шоҳон аст. Аз таърих маълум аст, ки дар хонадони Сосониён шоҳи шоҳон набудааст ё шоҳонро ба ин унвон зикр намекардаанд. Дар хонадони Саффориён бошад, ду шоҳ Шоҳбаршоҳ ном доштааст. Яке аз бобокалонҳои ман, ки чаҳор пушт пеш гузаштааст, Шоҳбаршоҳ ном дошта, аз хонадони бонаҷобат мутаваллид гардидааст ва ба шоҳони Дарвоз пайванд будааст. Бобокалонам масҷиди назди рӯдхонаи Дарвозро бо маблағи худ эъмор карда, замини гирду атрофи ин масҷид низ ба ӯ мутааллиқ будааст. Ҳамчунин дар минтақаи Ванҷ, Вахиё, Сағирдашт низ мулку макони зиёде доштааст. Хусусан дар минтақаи Дарвози кишвари Афғонистон соҳиби замини бисёре будааст, ки ҷомеаи он аз даҳ ҳазор бештар маҳсуб мешудааст.
Боре бо шоири ширинкаломи Афғонистон Латиф Пидром мусоҳиб гардида, огоҳ шудам, ки вай аслан аз ҳамон манотиқ будааст. Ба ин маънӣ байни мову ин шоири Афғонистон низ риштаи хешовандӣ вуҷуд доштааст. Умуман қаламрави шоҳони Дарвоз аз як тараф то Даштиҷум расад, аз самти дигар то Толиқон (ҳоло дар Афғонистон) тӯл мекашидааст. Дар деҳаи мо ду хонаводаи самарқандӣ мезистаанд, ки хонадони мо ба ин оилаҳои бостонӣ низ иртиботи хешу ақрабоӣ пайваста буд. Бисёр намояндагони аҷдоди мо дар вазифаҳои мирзо, мударрис, қозӣ, муфтӣ, меҳтар ва ғайра хизмат намуда, яке аз гузаштагонамон, ки Мирзошафеъ ном доштааст, шефтаи шеъру шоирӣ буда, ба шеваи дарвозӣ шеърҳои бисёре ҳам гуфтааст ва иқтидори шоирии Мирзошафеъро баробари Мулло Ёри Ванҷӣ гуфтан мумкин аст. Ба қалъаи шоҳнишини Дарвоз якчанд аҷоиботу мӯъҷизотро вобаста медонанд. Яке аз инҳо он аст, ки роҳи рафтуомади мардуми оддӣ аз байни қалъа, аз самти болоии он мегузаштааст.
Агар дарвозаи оҳанини қалъаро накушоянд, убуру мурури одамон қатъ мегардидааст. Дигар он аст, ки аз кӯҳи Ҷаваст ба қалъа остини аз пӯсти гов дӯхта гузаронида будаанд ва самти ба қалъа васл гардидани ин остин андаке моил шуда, онро сайёҳон пули ҳавоӣ, пул ба сӯи биҳишт ва ё пули осмон меномидаанд. Гумоштагони қалъа дар тарафи муқобили ин остин муваззаф гардида, аз тоҷирон боҷу хироҷ меситонидаанд ва тавассути он ба маъмурини ҳукумат, яъне ба қалъа ирсол менамудаанд. Аҷоиботи сеюми қалъа чархи фалаки мӯҳташами обкашии он будааст. Дар замонҳои қадим дар даруни қалъа чашмае фаввора мезадааст, ки зарурати шахсони дохили он ба оби ҳамин чашма қонеъ мегардидааст.
Баъдан бо таъсири зилзила оби чашма фурӯ рафта, дар фарҷом чашма хушкидааст. Ба ин ваҷҳ чархи фалаки мӯҳташами обкашӣ сохта аз тарафи деҳоти Ҷомашӯёну Рузвай, ки тақрибан як километр роҳ аст, ба қалъа оби ошомиданӣ мерасонидаанд. Мӯъҷизоти чаҳорум ин аст, ки шоҳаншоҳи Дарвоз шамшер ва сипари сирф тилоӣ доштааст, ки ин рамзи давлатдории ӯ буда, аз дигар ҳокимону шоҳони атроф бо ҳамин фарқ мекардааст. Ва мегӯянд, ки дар шамшери он суханони зайл ҳак шуда будаанд. «Ҳар кас шамшер мекашад, ӯро шамшер мекушад!» Дар бораи қалъаи Дарвоз ба айёми бостон таҳти унвони «Таърихи қаҳқаҳа ва шаҳшаҳа» китобе эҷод шудааст, ки як нусхаи он дар китобхонаи давлатии Бағдод ё Димишқ маҳфуз будааст. Аз шоҳзодагони Дарвоз Қаноатшоҳ бо ғаюрию далерӣ ва мудаббирӣ хеле номвар будааст. Хусусан дар лашкаркашӣ ва кишваркушоӣ маҳорати комил доштааст.
Биноан саркардагони манғитӣ аввал ӯро бо ҳадафҳои худ истифода бурдаанд, сониян аз обрӯю эътибори вай андешида заҳр дар таомаш кардаанд. Лаҳзаҳое пеш омада буд, ки Каноатшоҳ бо лашкари машқдида ва ҷаррори худ дар мулкҳои Ҷиззах, Чоч, Самарқанд, Ҳисор амнияти халқҳои тоҷику ӯзбекро аз ҳамлаҳо ва тохтутозҳои мардуми саҳро ҳифз медошт. Дар рӯзномаи генерал – губернатори Туркистон «Туркестанские ведомости», ки дар шаҳри Тошканд нашр мешуд, роҷеъ ба шуҷоатмандӣ, лашкаророӣ ва маҳорату усулҳои муҳорибавии Қаноатшоҳ бисёр мақолаҳо дарҷ шудаанд. Зимнан, бобокалони ман Муҳаммадамон бо лақаби «Амон», ки ӯ аз бобои Шоҳбаршоҳ хурд будааст, дар лашкари Қаноатшоҳ вазифаи сипаҳбудро адо мекардааст.
Баъд аз кушта шудани Қаноатшоҳ иддае аз лашкариёни ӯ, ки ҳамроҳаш аз Дарвоз рафта будаанд, барои зиндагии доимӣ дар минтақаҳои Фарғона, Поп, Тошканд, Ҷиззах, Фаркат ва дигар шаҳру деҳот ҷойгузин мешаванд. Яке аз роҳбарони Ӯзбекистони шӯравӣ Усмон Юсуфов, ки аз ҷумлаи шахсиятҳои барҷастаи ин кишвар ёд мешавад, аз фарзандони наслҳои минбаъдаи муқаррабони Қаноатшоҳ маҳсуб мегардад. Охирин шоҳи Дарвоз Муҳаммад Сироҷиддини Мумтоз низ аз ҷумлаи зимомдорони меҳанпараст ва соҳибтадбире будааст. Ӯ бо даъвати мири Ҳисор – Абдулсатторбӣ ба ёрӣ омада, дар қалъаи Деҳнав бо урдуи манғития ду моҳ муҳориба мекунад. Дар ин ҳарбу зарб ӯ усули қалъаҷангро ба кор бурда, ба лашкари манғития зарбаҳои дандоншикан мерасонад. Вале қувва нобарор буд ва афсарони рус ба аскарони ҳукмдори ҳамлавар мушовират мекарданд.
Баъди чанде аз тарафи аскарони манғит ва мушовирони ҳарбии Русияи подшоҳӣ ҳукумати шоҳи Дарвоз барҳам мехӯрад ва охирин шоҳи Дарвоз Муҳаммад Сироҷиддини Мумтоз ба хоки Афғонистон паноҳанда мешавад. Вақте ки ман пас аз инқилоби савр ба Афғонистон сафар доштам, зимни мулоқоту вохӯриҳои Кобул огоҳ гардидам, ки яке аз авлоди охирин шоҳи Дарвоз ба номи Шоҳвалӣ муовини сарвазири ҳукумати халқии Таракӣ будааст...
Модарам ҳам ба мисли падарам аз хонадони наҷиб буда, яке аз тағоҳоям Эшони ҳоҷӣ қории мураттаби Қуръон, мударрис, олими фақеҳ буда, се бор пиёда ба ҳаҷ рафтааст. Соли 1916 бори сеюм амаки хурдиам Ҷанобил низ ҳамроҳи тағоям – Эшони ҳоҷӣ ба зиёрати хонаи Худо сафар кардааст. Вале Ҷанобил дар кишвари Арабистони Саудӣ монда, дар ҳамон ҷо хонаю ҷой мекунад ва мегӯянд, ки тақрибан даҳ сол қабл аз ин дар синни 86-солагӣ фавтидааст. Аз ду зани амаки Ҷанобил – яке тоҷик ва дигаре араб фарзандони зиёди ӯ ҳоло дар қайди ҳаёт ҳастанд.
– Устоди арҷманд! Ҳамон навъе ки возеҳ гардид, шоҳони Дарвоз чандин аср истиқлолият дошта, дар қаламрави худ мустақилона ҳукмронӣ менамудаанд. Барои ин қабл аз ҳама асоси иқтисодӣ зарурат дорад. Ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии шоҳони Дарвоз бо кадом роҳ пойдор будааст, ки истиқлолияти ин мулкро ба тӯли солиён таъмин намудааст?
– Дар сарзамини Дарвоз аз замонаҳои қадим пахтаи мисрӣ, ғӯза парвариш меёфтааст, ки ғозаш кабудчатоб ва малларанг будааст. Ва мувофиқи ривоятҳо Қаноатшоҳ боре ба мулки Кошғар ҳамлавар гардида, қисмати онро тасарруф менамояд ва ҳангоми бозгашт ба ватан чанд тан аз занону духтарони кошғариро ба асорат меорад. Гӯё ин занон дар мӯйҳои худ тухми кирми пилларо пинҳонӣ интиқол медиҳанд ва бо ҳамин дар кишвари Дарвоз пиллапарварӣ низ ривоҷ меёбад.
Мардумони Дарвоз дар саноати бофандагӣ чунон моҳир будаанд, ки ба мулку манотиқи атроф 52 навъи матои пахтагӣ содирот мекардаанд. Анвои матоъҳои содироташон абрешим, истабрақ, ҳарир, алоча, карбоси сафед, борикӣ, панҷаи шер ва ғайра ҳисоб мешудааст. Борикӣ матои нафис буда, барои зерпираҳан истифода мегардид. Матоъи панҷаи шер хеле машҳур буда, аз ду навъ тор – борикӣ ва турра бофта мешудаасту намудаш гӯё бар болои барф пайи шерро мемондааст. Панҷаи шер ҷинси хеле олӣ маҳсуб мегардид. Ҷинси дигари хушсифат алифтор номида мешавад, ки ба ранги офтобпараст буда, ба зирабеқасаби қаратоғӣ монанд аст, вале торҳояш комилан дутоба буда, пудашро аз ресмони зардчаранги тиллогуна месохтаанд. Ин матоъ хеле нархи гарон дошта, онро асосан шоҳон мепӯшидаанд ва ё ба хориҷа содирот мегардидааст. Дар ин ҷо аз ҳама меҳнати вазнин коркарди пилла ҳисоб меёфт.
Пас аз ҷамъоварӣ ва поксозии ҳосили пилла 4-5 нафар занон онро пухта, дар чархаи махсус мересиданд. Баъди ресидан бо нашоиста обу тоб додаву хушконида сипас орди гандуми сафедчаи лалмӣ пошида, дар шонаи абрешимбофӣ маҳин метаниданд. Соҳиби ҳар дастгоҳ мувофиқи завқу салиқаи худ бофта, ба матоъ мувофиқи супориш ва ё майлу хоҳиш рангҳои махсус медодаанд. Масалан, барои арӯс ранги гулобӣ, баҳри зани калонсолтар бошад, ранги ҷигарӣ медодаанд. Рангҳои машҳури ин матоъ офтобгул ва эронгул буда, матоъи гаронбаҳотарин маҳсуб мешуд ва як пероҳанаш баробари ҳашт сар гов арзиш доштааст. Аз мӯина чакман, намад, хӯрҷин, қолӣ ва ғайра мебофтаанд. Дар диёри Дарвоз, албатта мисли дигар минтақаҳо ба тақсимбандии меҳнат риоя мекарданд. Дар деҳаҳое, ки хоки кулолӣ мавҷуд буд, мардум ба кулолгарӣ машғул мешуданд. Кулолон кӯза, табақ, говдӯша, ширполо, хум месохтанд.
Сокинони баъзе деҳот хосатан бо наҷҷорӣ машғул мегардиданд. Оҳангарони дарвозӣ хеле машҳур буданд. Онҳо аз конҳои махсус оҳансангҳоро бурида, дар кӯраҳои гудозиш пӯлоду оҳан тайёр мекарданд. Хусусан дамгарони ин кӯраҳо шахсони мӯътабар ҳисоб мешуданд, зеро меҳнаташон вазнин буда, бо ду ҷома-хушку тар кор мекарданд ва таомашонро бо равғани чормағз мепухтаанд. Танҳо дар ҳамин сурат ҷисми одамӣ ба ин меҳнати вазнин тоб меовард. Оҳангарон шамшер, ханҷар, найза, баргуставон, ҷавшан, хӯд, хафтон ва ғайра месохтанд. Шамшери дарвозӣ чунон қавӣ ва тез буд, ки агар бо шамшери дигар ба дами он зананд, заррае ҳам осеб намедид ва фақат дар ҳамин ҳолат оҳангар ҳуқуқи маънавӣ пайдо мекард, то бар он мӯҳри худро пахш намояд.
– Ҳам акнун хоҳиш дорам, ки дар хусуси доираи адабии Дарвоз чанд сухан ироа менамудед.
– Қадимтарин шоири дарвозӣ, ки Искандар ном доштааст, чунин гуфтааст: Шаҳ Носири Хусрав, ки шаҳи банданавоз, Искандараму саги туям аз Дарвоз. Ҳар кас ки ба даргоҳи ту ояд ба ниёз, Навмед зи даргоҳи ту кай гардад боз. Тахмин кардан мумкин аст, ки ин шеър дар асри XI, яъне дар замони зинда будани шоир ва мутафаккири бузург Носири Хусрави Қубодиёнӣ гуфта шудааст ва то замони мо расидааст.
Шеъри дигари қадимӣ катебаи дарвозаи қалъаи Дарвоз аст, ки дар боло зикр намудем. Албатта, дар байни ин ду қитъа боз шеърҳои дигар низ гуфта шудаанд, аммо то айёми мо нарасидаанд. Дар асри XVIII доираи адабии Дарвоз хеле тараққӣ кардааст, ки дар он тақрибан 45 нафар шоирони соҳибдевон ширкат доштаанд. Яке аз шоирони машҳури ҳамон замон Баҳрини Дарвозист, ки дар бораи ӯ доктори улуми филологӣ Амирбек Ҳабибов низ маълумот додааст. Вале ман ин мисраъҳои Баҳринро ҳанӯз дар солҳои мактабхонӣ аз даҳони мардум шунида, мафтуни санъати суханварии муаллифи он шуда будам.
Агар зи чеҳра кушоӣ ниқоб дар таги об, Ба аҳли баҳр фитад изтироб дар таги об. Зи соидат агар афтад хабар ба аҳли муҳит Зи ғусса моҳӣ хӯрад печутоб дар таги об. Шоирони дарвозӣ Хабо, Вола, Маъдум, Маҳҷур, Котиб, Маслак, Маҳзун ва дигарон аз суханварони соҳибистеъдоди ҳамин доираи адабӣ будаанд. Дар доираи адабии Дарвоз ба инкишофи мусиқӣ, илм, воизӣ, иншонигорӣ ва ғайра низ аҳамият медоданд, ки ҳар яке аз ин санъатҳо ба аҳли адаби ин маҳал бидуни таъсир нахоҳад буд. Яке аз муғанниёни маъруфи дарвозӣ Мирзо Ғуломи Чангӣ дар овони ҷавонӣ аз ҳоҷӣ Абдулазиз илми мақом омӯхта, дар таснифи мусиқӣ яке аз устодон ҳисоб меёфтааст. Писари ӯ низ ҳофизи хушовозе буд. Ман чунин ақида дорам, ки комилан омӯхтани доираи адабии Дарвоз ва бо ҳамин навъ доираҳои адабии Исфара, Ҳисор,Истаравшан, Бадахшон ва ғайра маърифату маънавиёти моро баланд бардошта, эҳсоси ватандӯстиро таҳким мебахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё