Зеҳн
Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.

Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа

ҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

СУХ АНГУСТАРИ ДАРЁДИЛ

– Пагоҳ ба идора биё, – гуфт як бегоҳӣ мудири шӯъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») Саттор Мухторов ба хобгоҳи донишҷӯён омада, – муҳаррирамон гап доштаанд. Вақте ки ман ба чеҳрааш саволомуз нигаристам, вай илова намуд:

– Ба фикрам, туро ба кор гирифтанӣ. Рости гап, аз ин хабари хуш хеле хурсанд гардидам ва мехостам, ки шаб ҳарчи зудтар гузараду ман ба идораи рӯзнома биравам. Азбаски дар курси панҷуми донишгоҳ таҳсил доштам ва дарсхониам дар нимаи дуюми рӯз буд, ман соати нӯҳи субҳ ба идораи рӯзнома омадам, вале муҳаррирро ба кумитаи марказии комсомол даъват карда будаанд, биноан ҳамон соат мулоқоти мо ба амал наомад. Ман ҳам ба дафтари кори мудири шӯъбаи мактабҳо Нур Табаров ворид шуда, дар паси миз нишастам ва мақолаамро, ки бо худ оварда будам, таҳрир кардан гирифтам.

...Вақтҳои охир бо идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ҳамкорӣ доштам; бо супориши шӯъбаҳои он хабару мақолаҳо менавиштам, мақолаҳои Агентии матбуоти «Навигариҳо»-ро тарҷума мекардам. Чанде пеш дар бораи як ронандаи душанбегӣ, номзад ба депутати Шӯрои Олӣ «Кӯш, то халқро ба кор оӣ...» – ном мақолаам ва очерки «АПН» бо унвони «Фарзанди осмон» дар тарҷумаи ман чоп шуда буд, ки он аз рӯзгори қаҳрамононаи ҳавопаймо – озмоишгари фидокор Владимир Коккинаки ҳикоя мекард. Дар ин ҷо рафиқону шиносони даврони таҳсилоти ман дар Донишгоҳ шоир Сарвар Амирҷонов, Нур Табаров,Ғанӣ Ҷӯразода, Саттор Мухторов, Мазҳабшо Муҳаббатшоев хизмат менамуданд, ки бештар тавассути онҳо супориш мегирифтам...

Ман таҳрири мақолаамро ба анҷом расонида будам, ки муҳаррири рӯзнома Мутеъулло Наҷмиддинов тез-тез қадам монда, ба коргоҳ дохил шуд ва:

– Ҳа-а, омадед, – гӯён сӯи ман даст дароз намуд. Ман ҳам зуд аз он ҷо бархостам ва салом кардам. Мо то ҳол ба ҳам аз наздик шинос набудем, вале ман ҳикояҳо, очерку мақолаҳои рӯзноманигор ва нависанда Мутеъулло Наҷмиддиновро дар саҳифаҳои матбуот ҳамвора мутолиа менамудам, яъне бо ин ном нағз шиносо будам.

– Дар паси ҳамин миз нишаста кор кардан гиред, – гуфт сонӣ муҳаррир ва гӯё бо ман дер боз шинос бошад, ки ошкоро изҳор намуд: – мақолаю тарҷумаатонро хондам, мешавад, лекин тарҷумаатон беҳтар. Агар меҳнат кунед, омӯзед,баъди панҷ – шаш сол очеркнависиро ёд гирифтанатон мумкин. Ман он лаҳза суханони муҳаррирро хомӯшона гӯш мекардаму аз дил мегузарондам, ки агар барои рӯзноманигор шудан боз панҷшаш сол, яъне як давраи комили донишгоҳи дигар зарур бошад, пас омӯхтани ин касб хеле душвор будааст.

Ҳол он ки ман ду-се хабару мақолаамро дар рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш»-и донишгоҳ ва дар саҳифаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» чоп кардаю тавассути радиои ҷумҳурӣ интишор дода, хаёл доштам, ки журналист шудаам. Ман ин фикру хаёлҳоро дар мағзи сар радду бадал менамудам, ки аз назди дар боз суханони муҳарриро шунида, ба худ омадам:

– Нурмуҳаммад, – ба мудири шӯъба Табаров муроҷиат намуд, – ба котиба гӯед, барои ин кас фармон чоп кунад. Ҳамин тавр банда моҳи марти соли 1963 ходими рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» таъин гардидам. Ман ба фаъолияти муҳаррирони пештар дар ин даргоҳ кор карда эрод гирифтанӣ нестам. Аммо дар давраи кори Мутеъулло Наҷмиддинов дар идораи рӯзнома як гурӯҳи аҳлу тифоқи эҷодие гирд омада буд, ки аз гӯшаю канори гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он намояндагӣ доштанд.

Шахсоне, ки дар боло номашонро зикр намудам, аз Дарвоз, Кофарниҳон, Панҷакент, Бадахшон буданд. Ғайр аз инҳо Бобо Расулзодаю Назрӣ Ашӯров аз Исфара, Додоҷон Раҷабӣ, Абдулҳамид Юсуфӣ ва Файзулло Ёдгор аз Хуҷанд, Ғанӣ Ҷӯразода аз Конибодом, Турдиалӣ Бойбобоев ва Ашт, Баҳор Шакарови яҳудӣ ва Шамсиддин Самиев ҳар ду аз Самарқанд, Обид Умаров аз Бухоро, Гоша Ярвелян аз Арманистон, Сафарбек Фозилов аз Душанбе, Нарзулло Раҷабов аз Варзоб, Норбой Мирзоев аз Ғончӣ буданд, ки инҳо ҳама кормандони эҷодӣ ҳисоб меёфтанд. Идораи рӯзнома дар вилоятҳои Суғду Бадахшон, дар Кӯлобу Ғарм ва водии Вахш хабарнигорони махсус дошт, ки аз воқеоту навигариҳои маҳал ба идораи рӯзнома хабару мақолаҳо, репортажу очеркҳо менавиштанд.

Рӯзнома ҳафтае се маротиба – рӯзҳои чоршанбе, ҷумъа, якшанбе бо теъдоди зиёд чоп мегардид. Одатан шумораи рӯзи истироҳат саҳифаи адабии «Илҳом» дошт, ки онро ҷавонони ҷумҳурӣ ҳамеша интизор мешуданд ва бо шавқу завқ мутолиа менамуданд. Бисёр шоирону нависандагоне, ки дертар номдор гардиданд, аввалин таровишҳои қаламашонро ҳамон вақт дар саҳифаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» дарҷ менамуданд. Муҳаррири рӯзномаамон Мутеъулло Наҷмиддинов дар интихоби асарҳои бадеӣ барои чоп завқи баланд доштанд ва пораҳои ҷолибу дилчаспи назму насрро интихоб менамуданд. Барои эътибор пайдо намудани рӯзнома ба он устодон Мирзо Турсунзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Аминҷон Шукӯҳӣ мақолаҳо менавиштанд. Муҳокимаи се шумора рӯзи душанбеи ҳар ҳафта бо роҳбарии М. Наҷмиддинов хеле гарму ҷӯшон мегузашт, ба тамоми бурду бохтҳои рӯзнома баҳои ҳаққонӣ дода мешуд. Ин ҷаласаю муҳокимаҳо хусусан барои мо, рӯзноманигорони ҷавон, ки дар ин ҷода қадамҳои аввалин мегузоштем, худ як мактаби нотакрори рӯзноманигорию адабӣ буд.

Боре дар яке аз ҷаласаҳо мақолаи хеле пурмӯҳтаво ва короии мудири шӯъбаи таблиғ ва тарвиҷи рӯзнома Норбой Мирзоев муҳокима гардид, ки он «Шумо дар куҷоед, эй мардум?» ном дошт. Дар мақола сухан аз ҷабру зулми сахт нисбати занону духтарони тарафҳои Истаравшан, Ғончӣ ва Шаҳристон мерафт, ки занону духтарони ин минтақаҳо ҳамон вақтҳо ба азобу кулфати ҷонгудоз тоб наоварда, ҳатто даст ба худкушӣ мезаданд. Рафиқи ҳамкори мо, ки худ аз ҳамон тарафҳо буд, ин муамморо хуб медонист, биноан мақолааш далелу ҳуҷҷатҳои раднопазир дошт. Муҳаррир зимни муҳокима ҳамаи инро зикр намуда, ба муаллифи мақола нигарист.

– Норбой, мақолаи шумо бешак яке аз бозёфтҳои хуби рӯзнома аст. Ҳалли мавзӯе, ки мавриди муҳокима қарор додаед, хеле душвор аст. Лекин шумо онро ба гӯшаи фаромӯшӣ напартофта, боз ва боз дар ин мавзӯъ навиштанро давом бидиҳед, решаи иҷтимоии ин иллати ҷомеаро биёбед.

Умуман рӯзнома муаммои муҳокимакардаи худро ҳаргиз нимкора намонда, бояд пурра ба охир расонад, фақат дар ҳамин сурат обрӯю эътибор ёфта метавонад, вагарна беҳуда, ба ҳован об кӯфтан мешаваду бас... Воқеан ҳам рӯзноманигор Норбой Мирзоев ба умқи ин мавзӯъ даррасида, як силсила мақолаҳои ҷолиби диққат пешниҳод кард, ба хулосаи рӯзноманигор яке аз иллатҳои асосӣ бекорӣ буд, касбу кори дилхоҳ надоштан, ба меҳнати пурсамар банд набудани занону духтарони ин минтақа ҳисоб меёфт. Муҳаррир таҳлилу муҳокимарониҳои ҳамкори худро ба ҳисоб гирифта, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ номаи муфассале ирсол намуд.

Дар фарҷоми ин, чи тавре ки маълум аст, дар Истаравшан корхонаҷоти мукаммали кешбофӣ бунёд гардид ва ҳамаи хоҳишмандон, занону духтаронро ба кор фаро гирифт, ба ҳамин васила хоҳарони истаравшании мо ҳам аз он фоҷиаи даҳшатноки худсӯзӣ наҷот ёфтанд, даст ба меҳнати поку ҳалол заданд, ба рӯзгори босаодат, ба мақоми аслии худ – ҷаҳонафрӯзӣ расиданд. Камина ҳаргиз даъвои онро надорам, ки маҳз бо дахолати рӯзномаи мо дар вақташ он муаммо ҳалли худро ёфта бошад, не, ин тавр гуфтанӣ нестам. Аммо итминони комил дорам, ки дар бунёди ин корхонаҷот ва ҳалли муаммо саҳми рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва рӯзноманигорону муҳаррири ин ҷарида Мутеъулло Наҷмиддинов бешубҳа калон аст.

Ба ҳамин минвол дар идораи рӯзнома муҳити пурҷӯшу хурӯш ва шавқангези эҷодӣ созмон ёфта буд. Муҳаррир Мутеъулло Наҷмиддинов бо вуҷуди пуркорӣ худ мақолаю очерк, ҳикояю қиссаҳо менавишт, бо тарҷума машғул мешуд. Аммо асарҳои худро бештар дар нашрияҳои дигар дарҷ менамуд, чи хеле ки мегӯянд, майдони рӯзнома ва ҳаққи қаламро ба ихтиёри кормандони худ мегузошт. Дар ин мавридҳо одатан мегуфт: имконияти ман калон аст, ман навиштаҳоямро дар дигар ҷо чоп карда метавонам. Дар ҳолате ки ҳаққи қалам ҳисобу китоби қатъӣ дошт, ин ба кормандони идораи рӯзнома ёрии калон мерасонд.

Муҳаррир сайъ мекард, ки тамоми кормандони рӯзнома ба сафарҳои хидматӣ раванд ва ҳатман бо қалами худ, аз рӯи маҳорати худ барои рӯзнома хабар, репортаж, мақола, очерк нависанд. Баъзе коркунони рӯзнома, аз қабили тарҷумон, котиби масъулу ҷонишини ӯ мутобиқи тарзу усули фаъолияташон ба сафарҳои хидматӣ камтар мерафтанд.

Дар чунин ҳолатҳо Мутеъулло Наҷмиддинов чунин кормандонро бо навбат ба сафарҳои хидматӣ роҳӣ менамуд ва баъд аз сафар навиштаҳои ононро талаб карда, бар асари таҳриру тасҳеҳ ба чоп мефиристод, то ки рӯи чопро бубинанд ва муаллифонашон ба кори эҷодӣ дилгарм шаванд, ба қадри аҳли қалам бештару хубтар бирасанд... М. Наҷмиддинов ба мо ҳангоми сӯҳбату мулоқотҳо маслиҳат медод, ки дар мақолаю очеркҳоямон ҳамеша ягон муаммои ҳаёти ҷумҳуриро мавриди баррасӣ қарор диҳем.

– Сухани рӯзноманигор бояд ҳарорат ва эҳсос дошта бошад. Хусусан очерк бояд ба ҳаллу фасли ягон муаммо бахшида шавад, – гаштаю баргашта таъкид менамуд муҳаррир. Ҳамчунин ба мо ёдрас мекард, ки асарҳои очеркнависони рус Анатолий Аграновский, Юрий Черниченко, Анатолий Стреляний, Василий Песковро амиқан мутолиа намоему маҳорати ин журналистону адибонро омӯзем...

...Дар ибтидои солҳои шастум, обрӯю эътибори адиби қирғиз Чингиз Айтматов ба авҷи аъло расида буд. Ҳар як асари ӯ дарҳол ба истиқболи гарми хонандагон сазовор гардида, ба забонҳои гуногун тарҷума ва нашр мешуд. Рӯзе ба идораи рӯзнома тарҷумон, нависанда ва олими қирғиз Тойтӯра Ботирқулов омада, дар рӯи мизам нашрияи Иттифоқи нависандагони Қирғизистон – маҷаллаи «Алатов»-ро гузошт.

– Повести нави Чингиз Айтматов чоп шудааст, – гуфт ӯ хушҳолона, – ба забони қирғизӣ, – маънидорона илова намуд Тойтӯра. Ин ишораи ӯ бесабаб набуд, зеро адиби бузурги қирғиз қариб ҳамаи асарҳои худро ба забони русӣ менигошт. Маҷаллаи муқовакабуди зеборо ба даст гирифта, саҳифаи даркориро кушодам ва ба номи адиби шинос дида дӯхтам.

– Ба забони тоҷикӣ ҳам номи ин повест хеле рехта ва оҳангдор мешавад, – гуфтам ба чеҳраи Тойтӯра назар намуда, – «Роҳи Каҳкашон».

– Мақсади маро фаҳмидӣ,-дастамро фишурд Тойтӯра ва гоҳи табассум чашмони танги ӯ боз ҳам тангтар шуданд.

– Асари бадеиро аз забони асл тарҷума кунӣ, рехта ва ба асолаташ наздиктар мешавад. Ба ҳамин васила маслиҳат шуд, ки ин асарро аз қирғизӣ ба тоҷикӣ тарҷума кунем... Бо Тойтӯра Ботирқулов дар рӯзҳои аввали ба кори рӯзнома омаданам шинос шуда будам. Ӯ мафтуни забон ва адабиёти тоҷикӣ гардида, чанд сол пеш бо мақсади омӯхтани забону адабиёти халқамон ба Тоҷикистон омада будааст.

Дар Душанбе бо Раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ устод Мирзо Турсунзода мулоқот мекунад ва бо маслиҳати устод ба ноҳияи Ғарм рафта, муаллими мактаб мешавад. Ҳоло дар давраи ҳамкории мо Тойтура дар шаҳри Душанбе зиндагӣ дошт ва бо тарҷумаю эҷоди асарҳо шуғл меварзид, ба рӯзномаю маҷаллаҳо аз боби табиат ва ҳаёти ҷонварон очеркҳо ва мақолаҳои шавқовар менавишт.

Дар диёри ман – ноҳияи Қубодиён намояндагони қавми қунғироти халқи ӯзбек солҳо боз зиндагӣ карда, асосан бо касби чӯпонӣ машғул ҳастанд. Аз байни онҳо дӯстони зиёде дорам, ки аз овони хурдсолӣ дар як маҳалла калон шудаем, биноан аз даврони бачагӣ ман гӯйиши қунғиротии забони ӯзбекиро омӯхтааму дӯстонам – шеваи қубодиёнии забони тоҷикиро. Сонитар фаҳмидам, ки шеваи қунғиротӣ ба забони қирғизӣ хеле наздик будааст. Ва ба туфайли ҳамин ду-се адад ҳикояи Тойтура Ботирқуловро аз қирғизӣ ба тоҷикӣ баргардонида, дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон»-у «Маориф ва маданият» дарҷ намудаму инак, барои тарҷумаи повести адиби оламшумул омода гардидаам...

Вақти ба чоп таҳия шудани порчаи аввали ин тарҷума муҳаррир Мутеъулло Наҷмиддинов дар сафари хидматӣ буда, дар рӯзи ба табъ расидани он ба кори идора омад. Чун дар роҳрави идора вохӯрдем, муҳаррир дарҳол бо ҷиддият гуфт:

– Чаро бе пешгуфтор чоп кардед? Охир ҳар як кор қоидаю тартибе дорад. Муаллифи асар нависандаи машҳур аст, сурати ӯро низ ҷой додан зарур буд, дар пешгуфтор зикр кардан даркор буд, ки ин асар ҳоло ба ягон забон, ҳатто ба забони русӣ тарҷума нашудааст. Сонӣ муҳаррир каме таваққуф намуда, бо оҳанги андаке пасттар таъкид кард:

– Пешгуфторро барои шумораи оянда тайёр кунед! Ҳамин ҷумлаи охирин дили маро таскин бахшид ва ман воқиф гаштам, ки тарҷумаи повест ба муҳаррир писанд омадаасту акнун ин корро давом додан мумкин аст. Порчаи дуюми тарҷума дар шумораи навбатии рӯзнома бо пешгуфтор ва сурати муаллиф дарҷ гардид. Умуман тарҷумаи повести «Роҳи Қаҳкашон»-и Чингиз Айтматов аз забони асл сурат гирифта, ҳамон вақт дар саҳифаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» пурра чоп шуд. Пас аз чанде нашриёти «Ирфон» маҷмӯаи повестҳои Чингиз Айтматовро таҳти унвони «Роҳи Каҳкашон» ба табъ расонд, ки дар он китоб хушбахтона дар қатори тарҷумаҳои устод Ҳабиб Аҳрорӣ тарҷумаи ман ҳам ҷой дода шуд.

Муҳаррирамон М. Наҷмиддинов дар идораи рӯзномаи ҷавонон бештар аз ду сол кор карда, пас барои таҳсили олии ҳизбӣ ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд. Вале мактаби нотакрори тарбиявие, ки дар идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба ваҷҳи дурандешӣ, хирадмандӣ ва қобилияти баланди одамшиносии Мутеъулло Наҷмиддинов созмон ёфта буд, солҳои тӯлонӣ фаъолият намуд. Шахсоне, ки дар ин дабистон сабақ омӯхта буданд, ба пояҳои баланди илм, фарҳанг, сармуҳаррири нашрияҳо, роҳбарии вазоратҳо, унвонҳои фахрӣ ва дигар мартабаҳои олии ҳукуматию давлатӣ мушарраф гардиданд. Ва онҳо дар ҳама гуна ҳолату вазъият ва соҳиб будан ба ҳар вазифаю мақомҳои олӣ ба устод Мутеъулло Наҷмиддинов «муаллим» гӯён бо эҳтироми самимӣ муроҷиат менамуданд.

Боре аз идораи рӯзнома ба нависанда Мутеъулло Наҷмиддинов супориш доданд, ки дар бораи як раиси овозадори ҷумҳурӣ, қаҳрамони меҳнат, вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии кишвар очерки таърифие иншо намояд. Адиб бо раис сӯҳбат карда, ҳаёти хоҷагиро омӯхт. Мувофиқи далелу рақамҳо хоҷагӣ дар сафи пешқадамон ҷой дошт, роҳбари он ҳам соҳиби нишонҳои мутаадад буд. Аммо аз чӣ бошад, ки дили нависанда ба ҳақиқати кори ин раис эътимоду эътибор надошт, дасташ ба навиштани мадеҳа пеш намерафт. Ва нависанда ҳам барои рафъи шубҳаю гумонҳо бо одамон пайваста мулоқот меварзид. Ба ҳамин минвол ӯ бо зане ҳамсӯҳбат гашта, дар хусуси кору кирдори раиси номӣ фикру мулоҳизаҳояшро пурсон шуд.

– Агар аз ҳаёти раис ягон чиз навиштанӣ бошед, гапро аз ҳамин сар кунед, ки ҳар саҳар қассоби махсус дар ҳавлии раис гӯсфанди парвориеро сар мезанад. Зеро писари ноболиғи нозпарвардаи вай ҷигарбирён хӯрда, баъд дар паси ҷилави мошин менишинаду ба мактаб дарсхонӣ меравад, ҳарчанд ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад. Ҳар рӯз як зан барои чойи раис аз чашма, ки аз ин деҳа хеле дур аст, оби пок меорад. Шахси дигар ба зарурати чорвои хосаи раис дар ҳавлӣ чалакҳоро аз об пур мекунад. Ҷавонзани бадасту пое дар гирди дегдони раис ҷунбуҷул менамояд. Зани худи раис бошад, бикаи хонадон асту бас...

Нависанда ин воқеаи ибратбахшро зимни сӯҳбат ба хотир овард. Ва он очерки таърифӣ навишта нашуду бар ивази он дар рӯзнома мақолаи танқидӣ чоп гардид. М. Наҷмиддинов ақида дошт, ки нависанда ва умуман аҳли эҷод бояд аз се сарчашма шодоб гардад, маҳз ҳамин се сарчашма ба камолоти эҷодкор мусоидат мекунад. Сарчашмаи аввал мутолиаи китоб аст, адиб бояд тамоми умр мутолиаи амиқ ва ҷиддӣ дошта бошад. Бояд гуфт, ки заҳмати мутолиа барои нависанда аз заҳмати навиштани китоб камтар нест.

Мутолиа ҳам ба се раҳ ҷараён меёбад: мутолиаи адабиёти тоҷик аз классикӣ то имрӯз, эҷодиёти даҳанакии халқ ва мутолиаи комили адабиёти рус ва тавассути забони русӣ омӯхтани адабиёту фарҳанги халқҳои мутараққии ҷаҳон. М. Наҷмиддинов хоса ба насрнависони ҷавон мутолиаи насри классикии тоҷик «Ҳазору як шаб», «Самаки айёр», «Ҷомеъ-улҳикоёт», «Анвори Суҳайлӣ», «Шоҳнома», «Гулистон», «Хамса» ва ғайраро тавсия мекард. Худи ӯ дар дафтари махсус асарҳои классикии мутолиа кардаашро ёддошт намуда буд. Дар дафтари алоҳида бошад, луғату ибораҳои хушоҳанг ва рехтаро сабт менамуд. Шаҳодати луғатдонии адиб ҳамин аст, ки рӯзе як корманди ҷавони нашриёт дар тарҷумаи калимаҳои мазҳабии асари таърихӣ ва забони русӣ душворӣ кашида, ба М. Наҷмиддинов муроҷиат кард. Инҳо калимаҳои «епископ» ва «кардинал» буданд.

– Дар осори классикӣ «епископ»-ро «сакубо» гуфтаанд, «кардинал» бошад, «асқуф» аст, – ҷавоб медиҳад М. Наҷмиддинов.

– Аз адибони имрӯза шоири тавоно ва доно, устод Лоиқ Шералӣ дар тарҷумаи қасидаҳои Пабло Неруда калимаи «асқуф»-ро истифода кардааст. Ин калимаҳоро дар «Ҳазору як шаб» мушоҳида намудаам. «Самаки айёр»-у «Ҳазору як шаб» – хазинаи сухан, – таъкид мекунад М. Наҷмиддинов.

– Насри классикӣ инчунин ба адиб чӣ тариқ асар навиштанро таълим медиҳад, яъне ба ибораи дигар гӯем, усули навиштанро меомӯзад, ҷаҳонбинии нависандаро васеъ мекунад. Осори классикиро такрор ба такрор хондан лозим, одам ҳар дафъа аз он маърифати тозае меёбад. Адибоне, ки насри классикиро наомӯхтаанд, аз навиштаҳояшон бӯи бехабарии онҳо аз чунин осори боғановати халқамон эҳсос мегардад.

Сарчашмаи дигари муҳим ин омӯхтани рӯзгори ғанӣ, рангоранг, пандомӯзи халқ аст. Баъзеҳо ақида доранд, ки агар истеъдод бошад, нависанда сайру саёҳат накарда, ҳаёти халқро наомӯхта ҳам асар меофарад. Эҳтимол зумрае аз қаламкашон мӯътақиди ин ақида бошанд. Аммо ба фикри ман ин ақида куллан ғалат аст. Нависанда чизи дидаю аз сар гузаронидаашро чун шоҳиди воқеаҳо таҳлил намуда, бо фалсафаи зиндагӣ омехта ва обу ранги бадеӣ дода, пас ба килки тасвир мекашад.

Албатта, барои ин қобилияти нигорандагӣ зарурат дорад. Ба адиб дар эҷоди асар муҳим аст, ки бо бисёр одамон сӯҳбат кунад, хислату рафтор, ҳаёти ононро донад, неку бадро дарк намояд. Ҳатто дар эҷоди очерк ҳам ҳаёти қаҳрамонон, ботини ононро дақиқ омӯхтан шарт аст. Ба инсон бо чашми дил бингарад. Мисоли барҷастаи аз таҷрибаи халқ омӯхтанро дар боло зимни ҷамъоварии маводи очерки таърифӣ аз ҳаёти раиси овозадор мушоҳида намудем. Барои рӯзноманигор ва нависандаи ҳақиқӣ қобилияти сиришт, истеъдоди фитрӣ низ зарур аст, ин сарчашмаи сеюм ба шумор меравад.

Агар ин чизҳо дар бунёди инсон вуҷуд надошта бошад, нависанда шудан амри муҳол аст. Таҳсил дар шӯъбаи рӯзноманигорӣ ҳанӯз маънои онро надорад, ки шумо аллакай рӯзноманигор шудаед ва акнун ба ҷодаи нависандагӣ ҳам қадам мениҳед. Қувваи баланди ҳофиза низ як нишонаи қобилияти фитрии адиб аст. Нависанда чизи хондаю дидаю шунидаашро ҳаргиз набояд фаромӯш кунад. Агар дар хотир дошта бошед, Алишери Навоӣ дар сӯҳбат бо Бадриддин Ҳилолӣ аз ҳофизаи қавӣ ва табъи равонаш огоҳ гашта, дар китоби «Маҷолис-ун-нафоис»-и худ нигоштааст: «Ҳофизаи Мавлоно Бадриддин Ҳилолӣ қавист, Хамсатайнро аз ёд медонад...»

Маълум мешавад, ки шоири нозуксухан Ҳилолӣ ғайр аз порчаҳои зиёди шеърию насрӣ ҳам «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, ҳам «Хамса»-и Амир Хусрави Деҳлавиро, ки ҷамъан аз даҳ достон иборатанд, ҳифз намуда будааст. Бинобар ин ба таваҷҷӯҳи Навоӣ мушарраф гардидааст. Аз ин рӯ, дар ҳамон китоб адиби бузург доир ба ҳамкасби ҷавонаш ин ҷумларо низ замима менамояд: «Умед аст, ки тавфиқ меёбад»... Оре, ҳофизаи қавӣ аз унсурҳои асосии нависандагист.

...Айёми ҷавонии М. Наҷмиддинов ба даврони шадиди ҷанг баробар омадааст. Соли чилу се, вақте ки ӯ синфи ҳаштумро хатм намуд, якбора аз партаи мактабӣ ба сохтмони зарбдори ҷавонони ҳамон вақт – нерӯгоҳи барқи Фарҳод сафарбар гардид. Мутеъуллоро, ки меҳнатдӯст ва соҳибтадбир буд, сардори бригадаи ҷавонони рақами сию се таъин намуданд. Бригада ҳафтоду панҷ нафар аъзо дошт.

– Кор вазнин, шароит душвор буд, – ҳикоя менамуд М. Наҷмиддинов, – нонро бо воситаи ҳуҷҷат, яъне «карточка» тақсим мекарданд...

Ҳуҷҷати нон дар дасти сардори бригада меистод. Одатан қариб ҳар рӯз аз бригада даҳ-понздаҳ нафар ба хабаргирии хешу табор мерафтанд, иддае аз кор мегурехтанд. Баъзе сардорони бригадаҳо ҳуҷҷати нони ин қабил одамонро фурӯхта, ба манфиати шахсии худ истифода мебурданд. Аммо Мутеъулло нони гурезаҳоро ба ҳамкорони худ,ба наврасоне, ки дар ҷабҳаи кор арақи ҷабин мерехтанд, бе каму зиёд тақсим менамуд. Барои меҳнати содиқона ва адолату поктинатӣ ӯ соҳиби эҳтиром гардида, ба Ифтихорнома мушарраф шуда буд. Зимнан, дар зиндагӣ ин мукофоти аввалинаш маҳсуб мегардид.

Роҳбарони сохтмон мехостанд, ки ӯро сардори минтақа муваззаф намоянд. Аммо кори дусолаи иҷборӣ сипарӣ гардиду бар дӯши ӯ ғиёбан дар деҳа вазифаи омӯзгориро вогузоштанд. Азбаски дар мактаб муаллим намерасид, ӯро аз сохтмон даъват карда, ба вазифаи мудири қисми илмии мактаб таъин намуданд. Ҳам ба шогирдон аз фанни табиатшиносӣ ва ҷуғрофия дарс мегуфт ва дар шӯъбаи ғоибонаи ҳамин факулта таҳсил дошт.

– Падару модари ман, – ҳикоя мекард М. Наҷмиддинов, – одамони бомаърифати замони худ буданд. Дар хотираи бачагиам нақш бастааст, ки падарам маро бар дӯш мебардошту роҳравон шеърҳои пандомези бузургонро аз ёд мехонд. Деҳаи мо Варзик дар кӯҳдоман воқест. Осмони соф дорад, ситораҳою моҳтоби он нисбат ба дигар ҷойҳо калонтар ва ба замин наздиктар менамоянд. Бинобар ин шабҳои маҳтобии он хеле равшан мешаванд. Он солҳо, ки равғани чароғ камёфт буд, модарам дар партави моҳ ба ман ғазал мехонд. Ҳар бегоҳ хоҳиш мекардам, ки модарам барои ман ғазал хонад.

Ӯ мехонду мехонд, ман гӯшу ҳуш мешудам, байтҳои чун оби чашмасор равони ин ғазалҳо ба ман таассуроти зиёд мебахшиданд. Бо таъсири ҳамин ғазалҳо ман ба шӯъбаи филологияи тоҷики университет омадам. Пас аз хатми он дар идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») кор кардам. Аз ҷавонӣ то саргаҳи ҳар як дарё рафтанро орзу мекардам, дар соҳилҳои рӯдхонаҳои Сурхоб, Хингоб, Вахш, Кофарниҳон бисёр гаштугузор намудаам. Зимни ҳамин сафарҳо мақсади эҷоди асари «Дарё маҷрои нав меҷӯяд» дар дил пайдо шуда буд. Тасвирҳо, одамон, воқеаҳо гуфтан мумкин, ки мушаххасанд.

Ғояи асар бошад, ба арзи солҳои дароз дар ниҳоди ман буд, тадриҷан пухта мешуд. Эҳтимол мазмуни ин асар дар солҳои вазнини ҷанг, вақте ки муаллиф дар сохтмони зарбдори ҷавонон кор мекард, пайдо шуда бошад. Зеро нависанда аз ҳамон вақт дар бархӯрдҳои зиндагӣ ҳис менамуд, ки баъзе шахсони мансабдор мавқеъ ва мансаби худро сӯъистеъмол карда, одамони оддиро то чӣ андоза озор медоданд ва адлу инсофро фаромӯш месохтанд. Муаллиф дар ин асар бошуурона бо офаридани симои Карима – зани ҷасур, мубориз, ба ноадолатиҳо оштинопазирро ба риштаи тасвир кашида, дар тимсоли Бободӯстов беадолатӣ, худсарӣ, дараҷаи олии тӯрагӣ, шӯҳратпарастии шахси соҳибмансабро нишон додааст. Қаҳрамони мусбати романи «Дарё маҷрои нав меҷӯяд» садои худро бар зидди безориҳо, худсарии Бободӯстов баланд мекунад, порахӯрии ӯро беамон фош месозад.

Зани ғаюр Карима инсони разманда ва ҳақиқатҷӯст, ӯ ба деҳқонон, чӯпонон, ҳамаи аҳли меҳнат исбот менамояд, ки онҳо банда нестанд, балки инсони комиланд ва аз роҳбарони лаҷомгусехта ҳаққашонро талаб карда метавонанд. Биноан онҳо бояд худро шиносонда, мақсади дилашонро ошкоро баён намоянд. Дар асар ҷаласаи сайёри кумитаи ҳизбии ноҳия дилчасп ва бо тамоми шӯру шарар, қатъияти хоса инъикос ёфтааст, ки дар он роҳбари маслакгумкарда, вакил, узви кумитаи марказӣ ва ғайра дар ҳузури чӯпонон аз кор ронда мешавад. Ин асар солҳои шастум навишта шудааст ва аз ҳамин лиҳоз ҳоло мо гуфта метавонем, ки муаллиф хеле дурандешона амал намуда, равнақи демократия, ошкорбаёнии бо тақозои замон ба миён омадаро ҳамон вақт дақиқона пешбинӣ кардааст.

Вале афсӯс, ки то ҳанӯз дар бораи ҳамин ҷиҳатҳои муҳими асар танқиди адабӣ камтар таваққуф намудааст. Ин ҷо баҳои мунаққид, узви вобастаи АИ ҷумҳурӣ устод Соҳиб Табаровро истисно бояд кард, ки «Дарё маҷрои нав меҷӯяд»-ро беҳтарин асари солҳои шастум аз ҳаёти деҳот номида буд. Қиссаи «Ширмоҳ» дар эҷодиёти М. Наҷмиддинов зинаи наве ҳисоб мешуд. Ин асар дар бораи муҳаббати поку беғаш ҳикоят мекунад. Ин аз як тараф. Аз тарафи дигар аз боби олами маънавии инсон, тақдири истеъдод, ки он эҳсоси нодири табиат ба инсон аст, сухан меравад. Муаллиф бо ин асар низ исбот кардааст, ки мақсадаш дар адабиёт офаридани хислатҳои барҷастаи нотакрор аст ва ба ин мақсади наҷиби худ муваффақ гардидааст.

Бояд гуфт, ки нависанда М. Наҷмиддинов пеш аз ҳама ба хонандаи тоҷик бо очеркҳои дилчаспу шево маълуму машҳур гардидааст, ки беҳтарини онҳо дар маҷмӯаҳои калонаш таҳти унвони «Одамони замини барӯманд», «Раззоқи олам» гирд оварда шудаанд. Ин очеркҳо аз лиҳози проблемавӣ буданашон ба очеркҳои Фазлиддин Муҳаммадиев, ба асарҳои адибони рус Юрий Черниченко, Анатолий Стреляний ҳамвазну ҳамсанганд. Қиссаи «Пайраҳаи шинос»-и М. Наҷмиддинов ҳама саршори муҳаббати инсон ба табиат буда, инчунин ваҳдати табиату инсонро нишон медиҳад. Кас ин қиссаи шоиронаро мутолиа намуда, ба дашту саҳро, рӯду кӯл, гуна-гуна дарахтони диёр меҳру муҳаббати қавитар мебандад. Ва барои ҳифзи табиати кишвари дилбанд ҳозиру омода мешавад. Ҷавҳари асосии қиссаи «Пайраҳаи шинос» муҳофизати табиат мебошад ва имрӯз муаммои ғамхорӣ ва ҳифзи он дар назди инсоният хеле ҷиддӣ ва муҳим аст.

Устод Мутеъулло Наҷмиддинов дар як вақт бо устод Фазлиддин Муҳаммадиев ба навиштани очеркҳои бадеӣ шурӯъ намуда, ин жанри ҷанговари адабиётамонро ба пояи баланд бардошт ва устувор гардонд. Биноан аҳли адаб эътироф кардаанд, ки дар очеркнависӣ ӯ мактаби худ ва пайравони худро дорад. Ва дар ин мактаб як гурӯҳи калони адибони очеркнавис тарбия ёфтаанд. Хушбахтона, фаъолияти ин мактаби адабӣ ҳоло ҳам бардавом аст. Ин ҷиҳати фаъолияти адабии ӯ аз ҷониби мунаққидон ва адабиётшиносон дар матбуот бамаврид ва бамавқеъ баҳо гирифтааст. Азбаски М. Наҷмиддинов маводи асарҳои худро дар сайру сафарҳояш аз ҳаёти мардуми меҳнатӣ интихобан мегирифт, ягон гӯшаю канори ҷумҳуриамон нест, ки ин нависандаи пуркор ба ҷустуҷӯи қаҳрамонони адабии худ ба он ҷо нарафта бошад. Ва дар тамоми навоҳӣ, шаҳру вилоёти мамлакатамон одамон асарҳояшро мехонанду дӯст медоранд.

Агар ҳаҷман гирем, фақат очеркҳои нависанда аз 100 ҷузъи чопӣ ҳам бештаранд. Ин очеркҳоро ҳақиқатан ҳам саҳифаҳои рангини таърихи адабии ҳаёти меҳнаткашони деҳот, зисту зиндагонии мардуми замони мо ҳисобидан равост. Аз ин рӯ бесабаб нест, ки устод зиёда аз 20 сол вазифаи раиси бахши очерк ва публитсистикаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар давраи роҳбарии устодон М. Турсунзода ва М. Қаноат ба ӯҳда доштааст. Мавзӯи асарҳои ҳаҷман хурдаш – «Шаби чӯпони куҳансол», «Подоши мукофот», «Саркор писар дорад», «Обу ободонӣ» ва ғайра аз ҳаёти воқеии халқи меҳнаткаш буд ва ин хусусият минбаъд бо тасвирҳои пурвусъат ва бо диду таҳқиқҳои ҳарҷонибаи фалсафию иҷтимоии ҳаёт ба асарҳои калонҳаҷмаш низ кӯчидаанд.

Масалан, романи «Дарё маҷрои нав меҷӯяд», қиссаҳои «Ширмоҳ», «Пайраҳаи шинос», «Бозгашт» аз таҳқиқи мавзӯъҳои муҳими ҳаёти мо иборат буда, муаллиф тимсоли қаҳрамонони ҷасур, боадлу инсоф, бунёдгар, покниҳод, ҳақиқатпараст, асоратнописанд, муборизони кори хайрро офаридааст. Нашриёти «Советский писатель» зарурат ва муҳимии мавзӯъҳои романи «Дарё маҷрои нав меҷӯяд», қиссаҳои «Ширмоҳ» ва «Пайраҳаи шинос»-ро, ки солҳои ҳафтод дар ҷумҳуриамон ба тоҷикӣ ва русӣ интишор шуда буданд, дарк намуда, онҳоро таҳти унвони «Река ищет русло» («Дарё маҷро меҷӯяд») дастраси хонандагони сершумор гардонд.

Мавзӯъҳое, ки устод М. Наҷмиддинов ба силки тасвир кашидааст, кӯҳнашавӣ надоранд. Имрӯз ҳам мо ин асарҳоро хонда, ба пуррагӣ чунин як фикру ақидаи пурҳикмати нависандаро аз байни воқеаҳои тасвир кардааш пай бурда метавонем, ки ӯ моро ҳушдор медодааст ва огоҳ мекардааст, ки аз бодхӯрии (эрозияи) замин, табиат, ҳайвонот ва инқирози маънавиёт барҳазар бошем. Зеро ин омилҳо ба ҳам зич пайвастаанд. Аз асарҳои М. Наҷмиддинов як насли калони зиёиёни ҷавони солҳои ҳафтодум баҳра бардоштаанд ва ҳоло ҳам қимати бадеию эстетикии худро гум накарда, якзайл хонданбоб ва ибратбахш мондаанд. Бо ин асарҳо наслҳои нав ба нав низ тарбия меёбанд. Зеро нависанда ба ҳеч кас тақлид накарда, бо ҷустуҷӯ ва сабку равияи хос сухани худро гуфтааст. Бинобар ин Мутеъулло Наҷмиддинов дар таърихи адабиёти навини тоҷик мақому мавқеи муносиби худро дорад. Беҳтарин қаҳрамонони асарҳояш, ки устоди соҳибном ва соҳибқалам офаридааст, шоҳроҳи накӯкории муаллифро дар арсаи зиндагӣ устуворона идома медиҳанд.

пешина
аз 29
навбатӣ