Зеҳн
Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.

Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа

ҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

ДАР ОН БОҒЕ, КИ МУРҒОНАШ НАХӮСАНД

Тасаввур мекунед тазарви заринпарро? Чунон пару пати сурху гулобӣ, қирмизию зарди рӯшан дорад, ки гӯё машъали афрӯхтае бошад. Чун аз бехи гулбуне ба ҷониби гулбуни дигаре хиромон шавад, гумон мекунед, ки ҳамин лаҳза як даста оташ ба ин гулбун дармеафтад. Ва якбора ин гулбуни хушк тӯъмаи оташ мешавад. Бале, ин дастаи оташ ба гулбун дармеафтад, аммо ин оташи сӯзанда нест, балки фараҳфизоянда аст. Хоса, агар тазарви заринпарро дар кафи одам бубинед, турфатар аз ин манзара дар куҷо бошад, машъали афрӯхта дар кафи одам. Бо ин марди машъалаи тазарвӣ бар даст дар лаби кӯле вохӯрдем. Тазарв ҷомаи зарандудаи худро афшонда аз кафи ӯ ба замин фуромад ва дар гирди соҳибаш як тоб хӯрда, зери гулбуне ғайб зад. Гӯё дасти соҳиби худро раҳо кард, ки бо ӯ мулоқот намоем. Шинос мешавем, марде, ки чанд лаҳза қабл машъала бар даст дошт, дастони моро мефишурад.

– Кутерма Дмитрий Тимофеевич, – мегӯяд ӯ, – корманди шӯъбаи илмӣ. Бо вуҷуди ришу фаши дароз нерӯи бозувони вай қавист, дастони ҷавони сисоларо мемонад.

–Шикордузде модари ин тазарви зеборо бераҳмона ҳадафи тир сохта буд. Чӯҷаяки навпараш чинг-чингкунон монд. Дилам ба ҳоли он сӯхт, ба хона оварда парвариш кардам. Ҳеч умедвор набудам, ки ҳамон чӯҷаяки навпар ба чунин як тазарви зебое бадал мегардад. Майли саҳро кай кунад мурғе, ки дастомӯз шуд, гуфтагӣ барин ин тазарв аз кулбаи ман нарафт. Баъди пару пат бароварда калон шуданаш ба ҷангали анбӯҳ раҳо кардам, то бо ҳамнавъони худ зиндагӣ кунад. Пас аз чанд рӯз сапедадаме шишаи тиреза «тиқтиқ» кӯфта шуд.

Дарҳол дарвозаро кушодаму дар ҳайрат мондам. Тазарви заринпар гирди ман тоб мехӯрад, басо хушҳол шудам, ки чанд муддат гузашта бошад ҳам, тазарв роҳи кулбаи вайронаи маро фаромӯш накардааст. Чӣ сон дар ҳайрат намемонӣ, охир баъзе одамон солҳо нону намакатро мехӯранду дар паси гардиши нахустини зиндагӣ фаромӯшат месозанд... Дмитрий Тимофеевич синни ҳафтсолагӣ ҳамроҳи модар аз Кавкази Шимолӣ ба водии Вахш омадааст. Аз овони дувоздаҳсолагӣ мамнӯъгоҳи Бешаи палангонро медонад. Дар қаҳтию гуруснагии айёми ҷанг ҷангалистони соҳили Вахшрӯд Митя барин даҳҳо сағираҳои бепаноҳро бо ҳар гуна меваю гиёҳҳо сер кардааст.

– Ёд дорам, он солҳо санҷидзори мамнӯъгоҳ ҳадду канор надошт,

– мегӯяд Кутерма, – меваи санҷид мисли ақиқ буд, ки аз боло нигарӣ, саропо алвон барин суп-сурх менамуд. Мамнӯъгоҳ Балабанов ном ҷангалбоне дошт. Чун мо, бачаҳо болои санҷид бароем, ҳамон лаҳза зери дарахт Балабанов пайдро мешуду бо милтиқи худ таҳдид мекард. Ночор мефуромадему бо тӯбраи холӣ мерафтем. Боре аз ин ҷабру таҳдидҳои Балабанов бо ёрии калонсолон ба роҳбари ноҳия Елесин шикоят намудем. Сонӣ фаҳмидем, ки Елесин бо Балабанов сӯҳбат кардааст. «Мамнӯъгоҳро бо эҳтиёт посбонӣ карданат хуб аст, аммо ба бачаҳо ин қадар ҷабр манамо, худат медонӣ, ҳоло замони ҷанг аст, онҳо азоби гуруснагӣ мекашанд.

Падарону бародарони аксари онҳо шаҳид шудаанд, аз ин рӯ, бо маслиҳат иҷозат деҳ, то аз меваю гиёҳҳои ҷангал ба зарурати худ бигиранд, вале таъкид бикун, ки шохаҳои дарахтонро нашикананд. «Баъд аз ин гуфтугӯ Балабанов ҳар гоҳ моро бубинад, мегуфт, ки ба дарахтон осеб нарасонему меваҳоро бичинем. Мо ҳам «бисёр хуб, амакҷон» мегуфтему шадда-шадда санҷидҳои сурхи ақиқинро як навбат ба даҳон ва навбати дигар ба тӯбра меандохтем. Пас аз сипарӣ гаштани солҳо воқиф гаштам, ки дар он айёми вазнин Балабанов ҳақиқатан ҳам хизмати фаромӯшнашуданӣ кардааст, ба шарофати ҷонсупориҳои ӯ олами набототу ҳайвоноти мамнӯъгоҳ аз тороҷу талафот эмин мондааст. Ба арзи сипоси заҳмати поки ин мард ҳоло дар ҳудуди мамнӯъгоҳ кӯле номи ӯро дорад... Дмитрий Тимофеевич таърихи зиндаи мамнӯъгоҳи Бешаи палангон аст. Солҳои зиёде пайваста дар мамнӯъгоҳ ифои вазифа кардааст.

Кулбааш байни ҷангалистон воқест. «Аз ин ҷо бо набототу ҳайвонот хубтар тамос мегирам», – мегӯяд ӯ. Вазифаи Кутерма мушоҳида кардани мамнӯъгоҳ, ҷонварону рустаниҳои ин ҷост. Ва дар хусуси мушоҳидаҳои худ маълумоти моҳвор таҳия карда, ба шӯъбаи илмии мамнӯъгоҳ пешниҳод менамояд. Дар хонааш радио ва телевизор надорад, шабу рӯз садои ҷонварон барояш мусиқии дилнавозу рӯҳпарвар аст ва аниси доимиаш тазарви заринпар...

Тамоми воқеоти ҳамин давра ва солҳои пешин, ки ба ин гӯшаи зиндаи табиат марбут аст, дар хотираи ӯ сабт мебошад. Вай нағз ёд дорад, ки чоруми ноябри соли сиву ҳашт бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ Бешаи палангон мақоми мамнӯъгоҳро гирифтааст. Ва бо дарду аламу таассуф мегӯяд, ки аз ин ҷонвари зебои ҷомарахдор фақат дар унвони ин маъво нишона боқӣ мондааст. Воқеан ҳам ҳикояти ӯ аз рӯзгори палангон пурсӯз аст. Дмитрий Тимофеевич мӯътақид аст, ки маҳз одамон бо муносибати дағалонаи ғайриилмӣ палангро аз ин гӯшаи бостонии онҳо рондаанд...

...Боре Кутерма дар саҳифаи рӯзномаи ноҳия дар хусуси бо «шуҷоати беназир» паронда шудани паланг хабаре хондааст. Он солҳо вай узви яке аз хоҷагиҳои ноҳияи Қумсангир бошад ҳам, ба ҳар хабару воқеаи Бешаи палангон таваҷҷӯҳ доштааст. Тибқи маълумоти ҳамон хабар гӯё паланге ба корманди мамнӯъгоҳ дарафтидааст. Ва он шахс «қаҳрамонӣ» нишон дода, дарҳол палангро ҳадафи тир сохтааст. Дмитрий Тимофеевич он вақт дар мамнӯъгоҳ кор накунад ҳам, аз табиати вуҳушу ҷонварон ва рустаниҳо каме воқиф будааст. Бинобар ин ба саҳеҳияти ин хабар шубҳа намуда, аз мудири ҳамонвақтаи Бешаи палангон Иннокентий Трофимович Малаев савол мекунад:

– Оё ҳақиқатан ҳам даставвал паланг ба одам дарафтодааст?

– Не, баръакс, аввал одам ба паланг ҳамлавар шудааст.

...Ду нафар соҳибмансаб бидуни иҷозат барои шикору дилхушӣ ба ҳудуди мамнӯъгоҳ ворид мешаванд. Яке аз онҳо ногаҳон палангро дида, сӯи он тир меандозад. Паланги захмин ба тарафи душманаш оҳанинчанги худро ҳавола мекунад. Дар ҳамин дам шарики вай ба ёрӣ омада, палангро ба тири туфангчааш мекушад. Гӯё шахси дар чанги паланг афтода зинда мондааст, аммо баъди ин воқеа аз тарс дар мағзаш халал афтодааст. Ҳамон рӯз паланги дигар ба подаи говон чанг зада, ҳафт сар гови фермаи хоҷагиро кафондааст. Он солҳо дар мамнӯъгоҳ чорвои ҷамъиятӣ чаро дода мешудааст.

Мутобиқи тахмини Дмитрий Тимофеевич паланги хашмолуд интиқоми ҷӯраи худро ҳамин навъ ситондааст.. Боре аз соҳили муқобили дарёи Панҷ як ҷуфт паланг ба тарафи мамнӯъгоҳ шиновар мешавад. Сарбози сарҳадбон вазифаи хидматии худро ба хубӣ анҷом дода, он ҷуфти палангро тирборон мекунад. Ба ҳамин васила ину он воқеа сабабгор гашту пас аз соли панҷоҳу ҳафт дар мамнӯъгоҳ касе нақши пои палангро надидааст...

– Марвориди камназири табиат, – мегӯяд Дмитрий Тимофеевич дар хусуси мамнӯъгоҳ. – Ҳавои он дармонбахш аст, агар дармонбахш намешуд, Тарзан пеш аз аҷал мемурд...

...Ҷангалбон Григорий Иннокентевич Новиков солҳои зиёд дар заводҳои истеҳсоли рӯҳ кор карда, шушаш нуқсдор мешавад. Табибон рӯзҳои башумори ҳаёти ӯро пешгӯӣ мекунанд. Аммо табибе ба Новиков маслиҳат додааст, ки ҳавои гарму хушки ҷангал ба дардаш шифо бахшида метавонад. Солҳои охири ҷанг Новиков аз манотиқи шимол пурсону ҷӯён роҳи ин мамнӯъгоҳро меёбад ва дар ин ҷо ба ҳайси ҷангалбон шомили кор мегардад.

– Новиков дар байни ҷангалистон кулбачае дошт, – ҳикоя мекунад Дмитрий Тимофеевич, – бо саги худ дар ҳамин кулба зиндагӣ мекард. Азбаски дар деҳкадаи мамнӯъгоҳ миёни одамон намезисту рӯзгори байни ҷангалистонро ихтиёр карда буд, ҳамкорон ӯро ба номи қаҳрамони филми машҳури хориҷӣ «Тарзан» зикр менамуданд. Дар ҳақиқат, тибқи фармудаи табиб иқлими мамнӯъгоҳ ба Тарзан форид ва сиҳатиаш комилан хуб гашта, мисли марди ҷангалӣ пилтан шуд ва умри тӯлонӣ дид. Тарзан чанд сол муқаддам бо сагаш дар як рӯз фавтид ва мувофиқи васияташ ӯро дар байни ҷангали анбӯҳ ба хок супурдаанд...

Дмитрий Тимофеевич итминон дорад, ки ҳавои ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурият ба шарофати насими дору дарахтон ва кӯлҳои мамнӯъгоҳ то дараҷае тоза мешавад. Хотирнишон бояд кард, ки дар ин ҷо бисту шаш кӯли хурду калон мавҷуд аст. Вагарна ин миқдор маводи заҳрогине, ки дар зироати минтақа истифода мешавад, мавҷудот ва махлуқоти атрофу акнофро кайҳо ба асфаласофилин раҳнамоӣ мекард. Обҳои заҳролуд, ки ба поёноби пахта ва дигар зироат ба толобу истахр ва кӯлҳои мамнӯъгоҳ ҷорӣ мешаванд, гулу гиёҳҳо ва дарахтонро хушк карда истодаанд.

Аллакай он санҷидзори ақиқин, ки баҳорон бӯи атромези гулҳояш атрофиёнро маст мекарду меваҳои шифобахшаш чор фасли сол ғизои ҷонварон мешуд, тамоман нобуд гардидааст. Барои тазарви заринпар хӯроки беҳтарин меваи санҷид аст. Эҳтимол ба иллати нобудии санҷидистон бошад, ки вақтҳои охир теъдоди ин мурғони зеботарини боғистони ҷаҳон рӯ ба камӣ ниҳодааст. Зимнан, бо таассуф бояд тазаккур намуд, ки тазарви заринпари тоҷик дар Китоби сурхи мурғони нодир сабт шудааст. Иллати дигари хушкидани дарахтон шӯра бастани замини мамнӯъгоҳ аст.

Дар собиқ, ки Вахшрӯд сероб буд, гоҳ-гоҳ аз соҳили худ берун медамиду ба ҳамин васила шӯрабум пок мешуд. Кутерма шарҳ медиҳад, ки пас аз чунин обхезиҳои пурмафод тамоми рустаниҳо ва дарахтон нағз ривоҷ мекарданду барои ҷонварон ҳам ғизо фаровон мегардид. Бинобар ин, ба ақидаи ӯ,бо тахтабетонҳо соҳилбандии Вахшрӯд хусусан дар минтақаи мамнӯъгоҳ бояд қатъиян манъ шавад. Ҳолиё, албатта обхезиҳои рӯд, мадду доманшӯиҳои он бо сабаби тунукобӣ хаёлоти ботил аст. Аммо ҳамон маҷрои табиии рӯдхона ҳам, ки сари чанд вақт роҳу равиши худро тағйиру табдил медиҳад, бо маводи ғизобахши обовард ба инкишофу ривоҷи наботот ва ҳайвоноти мамнӯъгоҳ мусоидат менамояд.

Ба ин минвол сохтмони обанборҳо ва истгоҳҳои барқи обӣ низ ба ҳаёти мамнӯъгоҳу мансубини он бидуни таъсир намондааст. Як вақтҳо моҳиёни лаққаи Вахшрӯд аз кӯлу истахрҳои Бешаи палангон то баҳри Арал шино карда метавонистанд. Дар яке аз рӯзномаҳо бо далелҳои қотеъ навиштаанд, ки дар ҳудуди ҷумҳуриятҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон дусад чоҳ кофта, бо обҳои зеризаминӣ баҳри Аралро наҷот бахшидан имконпазир аст.

Барои амалӣ гардидани ин нийят ба дараҷаи кофӣ захираи оби зеризаминӣ мавҷуд мебошад. Кутерма ба ҳар як мусоҳиби худ аз ин бобат нақл карда, маътали он аст, ки ин амали нек ҳарчи зудтар ба анҷом расад. Зеро ба мамнӯъгоҳи Бешаи палангон низ манфиатбахш аст. Ин амали некфарҷомро тамоми кормандони мамнӯъгоҳ – ҳам раиси он, ҳам ҷамеи ҷангалбонону кормандони дигар интизор ҳастанд. Аммо барои ҷилавгирӣ аз нобудии ин марвориди камназири табиат дар сатҳи ҳукумат бояд чораҳои таъҷилӣ дида шаванд. Дар барномаи ҳифзи мамнӯъгоҳ ин тадбир аз тарафи олимон ва мутахассисони АУ қотеъона собит шудаанд.

Аз ҷумла, сохтмони банди об дар Вахшрӯд, ки тавассути он қисмати дарёбоди мамнӯъгоҳ сари чанд вақт шодоб карда хоҳад шуд, эъмори канали заҳбур барои обҳои заҳрогини пахтазорони хоҷагиҳо ба барнома шомиланд. Кам кардани истифодаи маводи заҳролуди кимиёвӣ дар киштзори атроф, назорати санитарӣ, ташкили ниҳолшинонӣ, ҷудо намудани минтақаи ҳифозат дар атрофи мамнӯъгоҳ низ аз ҷумлаи ин тадбир мебошанд. Ҷиҳати муҳимтарини ҳифзи мамнӯъгоҳ ба сатҳи комилан илмӣ ташкил намудани фаъолияти кормандони он аст. Рустаниҳою дарахтон, ҳайвонот, парандаҳо бояд таҳти таҳқиқоти қатъии фарҳангӣ қарор бигиранд. Хубтар мебуд, ки кормандони илмӣ аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ ба камол мерасиданд.

Зеро бисёр ба мушоҳида расидааст, ки намояндагони дигар ноҳияҳо рисолаҳояшонро ҳимоя карда, соҳиби унвонҳои илмӣ мешаванду ба мулку макони худ мераванд. Дар фарҷом вазъи ин гӯшаи ҳассоси табиат аз нигоҳи илмӣ боз ҳам торик мемонад. Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки барои ҳифзу ободонии мамнӯъгоҳ маблағи чандон бисёр лозим нест. Лекин агар дар кори ободонӣ таъхир шавад, пас маблағи хеле зиёд зарур хоҳад шуд.

Солҳои охир баъзе хоҷагиҳо ва ашхоси алоҳида замини мансуби атрофи мамнӯъгоҳро бо чанголи худ ғасб карда истодаанд. Ҳол он ки тибқи муқаррарот дар атрофи мамнӯъгоҳ бояд як миқдори замин ҳамчун минтақаи ҳифозат вогузошта шавад. Табибон ба лисони лотинӣ ибораи муқаддасе доранд, ки роҷеъ ба сиҳатии инсон буда, мазмунаш «осеб нарасон» аст. Басо бамаврид аст, ки инро мо ба табиати атрофи худ, яъне ба мамнӯъгоҳ низ истифода намоем. Фақат дар сухан не, балки дар амал истифода бикунему ба муҳити атрофи худ осеб нарасонем, онро сиҳат гардонем, то пасиниён низ аз ҷилваҳои мӯъҷизаангези тазарви заринпар ва оташгун лаззат бубаранд.

пешина
аз 29
навбатӣ