Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.
Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа
НУРИ ҶОВИДОНИ ЗӮЗАНАБ
Аскарон дар як хати рост саф кашидаанд. Дар муоинаи шомгоҳӣ старшинаи рота номи Мироненкоро ба забон меорад. Аскари навхате, ки дар пешраддаи самти рост истодааст, ба ҷои вай ҷавоб медиҳад: Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Александр Мироненко ҳангоми иҷрои вазифаи башардӯстӣ дар кишвари Афғонистон ҷасорату мардонагӣ нишон дода ҳалок гардидааст...
...Ӯ ҳамагӣ бист сол умр дидааст: аниқтараш бист солу чор моҳ ва даҳ рӯз...Одамизод дар ин умри кӯтоҳ чӣ кореро анҷом дода метавонад: ҳам кори бисёр, ҳам кори андак. Аммо вай дар ҳамин умри кӯтоҳ вазифаи худро ба таври олӣ ба субут расонд!.. Қисми ҳарбие, ки дар он Александр Мироненко хизмат мекард, дар яке аз вилоятҳои Афғонистон вазифаи муҳимеро иҷро менамуд. Ин қисм дар ҳайати қитъаоти маҳдуди артиши шӯравӣ қарзи башардӯстии худро ба ҷо меовард. Дар ин ҷо душманони озодии мардуми афғон бештар ҳамла менамуданд: одамони бегуноҳро мекуштанд, мактабу масҷидҳоро тӯъмаи оташ мекарданд.
Саша ва рафиқони ҳамсангари ӯ ҷабру зулми зархаридони ғосибро ба чашмони худ дидаанд. Боре душманони ҷону моли мардумони осоишта ба деҳа субҳгоҳон тохт оварданд. Ин зумраи хунхор якчанд маротиба ҳамин деҳаро тороҷ карда буд. Баъдтар маълум гардид, ки ин дафъа онҳо қасд доштаанд мактабро оташ зада, ягона муаллимаи ин музофотро қатл намоянд. Барои ҳамин ҳам махсусан вақти дарсхонии саҳарӣ ваҳшиёна ҳамла кардаанд.
Душманон бо усулҳои фашистон деҳаро муҳосира карда, касеро аз ҳудуди он берун баромадан намемонанд. Ба мактаб омада муаллимаро, ки ба шогирдони худ савод меомӯхт, дар ин деҳаи дур аз марказҳои фарҳангу маърифат машъалаи рӯшноӣ меафрӯхт, ба саҳни мактаб ҳай мекунанд. Сонӣ ӯро дар пеши назари шогирдон, ки мисли гунҷишкони аз ҳамлаи шағолон хӯсида буданд, ба сурати ваҳшиёна бо шамшер қалам-қалам мекунанд.
Пас аз чанд лаҳза бинои мактаб бо асбобу анҷоми хониш аз дасти душманон дармегирад ва дар болои деҳа сутунҳои дуди сиёҳ печида ба осмон мебароянд. Аскарони қисми Саша дар назди деҳаи ҳамсоя мавқеъ доштанд. Аз ин дуди сиёҳ тороҷгарию сиёҳкориҳои душманон маълум гардид ва аскарони шӯравӣ ба имдоди мардуми бечора шитофтанд. Вале дер шуда буд, душманон ба сӯи мағораҳои худ хазида, ин дафъа аз назарҳо ғайб задаанд. Саша ва ҳамсолони ӯ то ҳол чунин манзараҳои мудҳишро фақат дар кинофилмҳои воқеоти Ҷанги Бузурги Ватанӣ дида буданд. Акнун сурати ҳақиқии ин манзараҳои даҳшатангезро бо чашмони худ медиданд.
Баъди се рӯзи сӯхтори мактаб хабар расид, ки ғоратгарони хунмасти хориҷӣ боз ҳамла мекунанд. Аскарон фармон гирифтанд: пеши роҳи душман баста шавад, то деҳқонон бар замин тухми амал кишт кунанд, тифлакон оромона хондану навиштан биёмӯзанд, яъне ҳаёти муқаррарии мардум давом биёбад. Як даста аскарон дар ақибгоҳи душман амал мекард. Душман, ки миқдоран зиёд буд, роҳро бурида, ба онҳо имкон намедод, бо қувваи асосӣ ҳамроҳ шаванд. Вақте ки муҳориба ба вуқӯъ омад, дар дақиқаи аввалин аскари ҷасур Александр Мироненко қариб даҳ нафар душманро бар хок яксон намуд. Бо супориши фармондеҳ гурӯҳи сенафараи аскарон мавқеъ гирифта, барои ба қувваи асосӣ ҳамроҳ шудани онҳо ақибгоҳро дифоъ мекарданд.
Роҳбари ин гурӯҳ сержанти калон Александр Мироненко буд. Ду рафиқи ҳампаҳлӯи Александр Мироненко – Николай Задворный ва Николай Сергеев низ моҳирона меҷангиданд. Тӯдаи ҳамлавари хасмро бо оташ пешвоз мегирифтанд. Душман дам фурӯ баста, ба пушти харсангҳо мехазиду боз аз нав чун мӯру малах дармеафтод. Мироненко ба лаҳзае вазъиятро саҳеҳ таҳлил намуда, ба ҳамсилоҳони худ фармуд, ки хатти мудофиаи давродаврӣ кашанд. Ва ҳамин тавр онҳо ба душман муқовимат нишон медоданд. Душманон бори дигар ба ҳамла гузаштанд. Вале сангари сенафараи аскарон қалъаи мустаҳкаме буду онҳо як қадам наздиктар омадан ҳам наметавонистанд. Ҷанг ба ҳамин шиддат давом мекард.
Онҳо ҳамагӣ се нафар буданд, вале қувваи душман даҳҳо маротиба афзунтар меомад. Аскарони шуҷоъ исбот карданд, ки бо маҳорати ҳарбӣ ва шуҷоату далерӣ ҷангида, ба қувваи зиёди душман ҳам талафоти сахт овардан мумкин аст. Душман аз ин девонавор хашмгин шуда, пай дар пай ҳамлавар мегардид, ки сарбозони шӯравиро асир бигирад. Аммо Мироненко ва рафиқони ӯ пайваста маҳорати ҳарбиро ба кор мебурданд.
– Тирҳоро эҳтиёт кунед, – амр дод сержанти калон, – кӣ медонад, эҳтимол задухӯрд кашол биёбад. Бинобар ин аскарон тирҳоро сарфакорона мепаронданд. Ҳамин ки аз паҳлӯи санге сари хасм намудор гардад, садои тири онҳо шунида мешуд. Баъд аз ҳар навбати тирандозӣ оҳу воҳи душман баланд мегардид. Маълум буд, ки тирҳои сарбозон хато намераванд. Душманон боз девонатар мешуданд ва кадом як ибораҳои номафҳумро такрор меарданд. Мироненко ғазаби адӯро аз бетартибона тирандозии он ҳис мекард. Душманон чунон тир мебориданд, ки гӯё шӯравиён дар ҳалқаи оташ монда бошанд.
– Ба гапам гӯш кунед, – гуфт Мироненко ба рафиқони ҳамсангари худ. – Бо навбат ба қафо меравем, мавқеи он минтақа беҳтар аст. Якдигарро ба оташи худ аз тири душман ҳимоя менамоем. Аввал шумо равед. Ба пеш! Задворный ва Сергеев аз пушти сангҳо хазида баромаданду ба ҷониби мавзеи муайяншуда гаваккашон ҳаракат намуданд. Мироненко бошад, дар ин дам сангтӯдаҳои пешро оташборон намуда, душманони манҳусро сар бардоштан намемонд. Пас аз ду-се дақиқа Мироненко аз ақиб садои автоматҳои дӯстонашро шунида, хурсанд гардид: яъне онҳо мавқеи навро ба саломат ишғол намудаанд. Ва ҳоло онон ба фармондеҳашон роҳ мекушоянд. Саша ҳам ба мавқеи нав расид, аз ин ҷо бори дуюм бо ракетка ба ҳамсилоҳони рота сигнал дод. «Агар сигнали якумро бо тасодуфе надида бошанд, сигнали дуюмро ҳатман мебинанд» аз дил гузаронд Мироненко.
Тирандозии тарафайн боз аз нав шиддат гирифт. Мироненко ва ҳамсангарони ӯ чандин тирдонро холӣ карда буданд. Десантчиён акнун вазифаи дигари ҷангиро анҷом медоданд. Онон қатъиян бовар доштанд, ки дар рота сигналашонро фаҳмидаанд. Пас аз чанде ҳамсилоҳони онҳо ба кӯмак меоянд. Мироненко бо рафиқони ҳампаҳлӯи худ салоҳ дид, ки диққати душманро бо оташкушоӣ ҷалб намоянд. Ва бо ҳамин душман андармон шаваду дар ин вақт рота имкон ёфта, ба дастаи ғоратгарон аз қафо ва паҳлӯ зарбаи марговар занад. Гурӯҳи сенафараи десантчиён алҳол ба иҷрои ин амалиёти ҳарбӣ муваффақ мешуд. Фармондеҳон ба аскарони навхонда дар машқгоҳ таълим медоданд, ки дар илми ҳарб аз ҷанги мавзеи кӯҳсор дида чизи мураккабтаре нест. Мураккабӣ дар он аст, ки санг аз дур комилан ба одам монанд шуданаш мумкин аст ва баръакс одами мавқеи хуб ишғол карда ҳам ба санг табдил ёфта метавонад.
Саша инро дар муҳориба амалан санҷид. Ва ҳар гоҳ ки душман аз пушти санг мехазид, аз силоҳи худ оташ мекушод. Ҳамсангарони ӯ низ мерган буданд, ҳоло мувофиқи амри фармондеҳ ҳар як донаи тирро эҳтиёткорона истифода мекарданд, сарфа менамуданд. Саша кӯлбори аскариашро аз тир пур карда буд. Гӯё дилаш аз чунин муҳориба гувоҳӣ медод. Ва ҳамсангарон гоҳ – гоҳ хам шуда тирдони автоматашонро пур мекарданду боз ба душман оташ мефишонданд. Вале қувва нобаробар буд.
Тири зархаридони хориҷӣ ногаҳон яке аз сарбозонро ҳалок кард. Ин Коля Задворный буд. Ҳалокати рафиқи ҷонӣ қаҳру ғазаби шуҷоатмандонро нисбат ба душман боз пурзӯртар намуд. Онҳо барои рафиқи ҳалокгардидаи худ интиқом мегирифтанд. Дар ҳамин лаҳза сарбози дигар низ кушта шуд. Сержанти калони гвардия Александр Мироненко дар сангар танҳо монд. Ӯ сахт захмӣ шуда бошад ҳам, автоматро аз даст раҳо намедод, меҷангид, ба қувваи зиёди душман муқобилат мекард. Вай дам ба дам аз автоматҳои рафиқонаш ҳам тир андохта, ба ин васила мудофиаи давродавриро давом медод. Тири душман боз ӯро захмӣ кард. Саша бо пайкари хунфишон тамоми қувваашро ҷамъ карда, ҳамлаи душманро мегардонд. Вале тиру гранатаҳо ба охир мерасиданд...
Сипас Мироненко охирин гранатаи Ф 1-ро ба даст гирифта, ҳалқаашро биканду болои дилаш пахш намуд ва бо тахтапушт рӯи замин хобид. Душманони хуношом Сашаро чун ҳалқа муҳосира намуданд. Ин ҳалқа оҳиста – оҳиста тангтар мешуд. Вақте ки онҳо тамоман наздик омаданд, Александр Мироненко дасташро андак боло бардошта, панҷаҳояшро кушод. Граната дар кафи қаҳрамон, болои сандуқи синааш садои баланд бароварда таркид. Дили ҷасури Саша аз задан бозмонду дар гирди вай тӯдаи бисёри беҷони душман афтода, лош гардид. Ҳамин тавр қаҳрамон дар лаҳзаи охирини ҳаёташ ҳам аз ғосибон интиқом ситонд...
Қаҳрамони Ватан ҳалок гардид, вале аз ҳамин дам умри дубораи ҷовидони вай шурӯъ шуд... Дар тавсиянома ба Президиуми Совети Олии СССР барои ба сержанти калони гвардия Мироненко Александр Григоревич додани унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ /пас аз маргаш/ дақиқаҳои охирини ҳаёти ӯ чунин тасвир ёфтаанд: «...Мироненко бори дуюм сахт захмӣ шуда, хуни бисёр рехта бошад ҳам, бо оташи автомат ва гранатаҳо душманро нобуд мекард. Вақте ки тирҳояш тамом шуданд, ҷанговари далер гранатаи охирин – Ф1-ро ба даст гирифт ва ҳалқаашро кушод.
Душманон бо қасди зинда дастгир намудани сарбози далер ба сӯи ӯ дарафтоданд. Сержанти калон Мироненко баъди наздиктар омадани душманон онҳоро ҳамроҳи худ тарконда, 12 нафар ғосибонро нест кард». Таркиши охирини дара бо садои автоматҳои аскарони рота даромехт. Десантчиёни шуҷоъ, ҳамон навъе ки Мироненко бо рафиқони ҳамсангараш тахмин карда буд, аз ақибгоҳи душман зарбаи дандоншикан заданд. Александр Мироненко ва рафиқони ӯ вазифаи ҷангии худро то охир ба таври аъло иҷро намуданд. Дастаи ғоратгарон комилан маҳв гардида, парчами озодӣ бар сари деҳаи ҷабрдида парафшон шуд...
Аскари шуҷоъ Саша Мироненко дар ротаи кашшофӣ ба хизмати аскарӣ оғоз намуда буд. Ин танҳо ротаи кашшофии оддӣ набуда, балки қисми урдуи десанти ҳавоӣ ҳисоб мешуд, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шӯҳратманд гардидааст. Чунин шараф боиси ифтихор буд ва рӯҳу боли романтикии махсусе мебахшид. Зимни иҷрои вазифаи башардӯстона аскари ҷавон таҷрибаю малакаи бештаре меандӯхт. Бо ёрии фармондеҳон ва рафиқон мошини зиреҳпӯши десантиро омӯхт, аз аслиҳаи гуногун боз ҳам моҳирона тир андохтанро ёд гирифт. Бисёр ҳамхизматон ба маҳорати ҳарбию варзишии ӯ ҳасад мебурданд. Матонат ва устувории десантчӣ аз тарафи фармондеҳон ба таври шоиста баҳо гирифта, дере нагузашта дар пагонҳои Саша аввал ду рах, сонӣ се рах ва ниҳоят як рахи ғафси сафед пайдо гардид, ки гувоҳи рутбаи сержанти калон гирифтани ӯ буд.
Дар сари синааш бошад, нишонҳои шуҷоати аскарӣ – Аълочии Армияи Советӣ, мутахассиси дараҷаи I, «Ҷанговар – спортсмен» дурахшиданд. Ба шаҳри Душанбеи азизаш ҳам чунин ташаккурнома роҳӣ гардид: «Валентина Гавриловна ва Григорий Степановичи мӯҳтарам! Фармондеҳони қисм барои тарбияи хуби писаратон, сержанти калони гвардия Мироненко Александр Григоревич ба шумо ташаккур баён менамояд. Дар давраи хизмат ӯ худро ҳамчун ҷанговари меҳнатдӯст ва боинтизом нишон дод... Бовар дорем, ки минбаъд ҳам вай давомдиҳандаи содиқ ва сазовори анъанаҳои қаҳрамононаи ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хоҳад буд.
Ба шумо саломатии бардавом ва дар меҳнат ба манфиати Ватани бузурги мо муваффақиятҳои беназир хоҳонем!» Ӯ дар ин ҷо, дур аз Ватан вазифаи башардӯстии худро адо менамуд. Дар ин диёр ба ҷонишини командири взводи кашф, котиби созмони ҷавонони рота Александр Мироненко зарур меомад, ки бисёр масъалаҳои мураккаб ва хавфнокро анҷом диҳад. Саша дар сафи қувваҳои десантӣ хизмат карда, вақти зарурат дандон ба дандон монда фурӯ нишондани дард, дар рӯи барф паймудани фарсахҳоро омӯхт. Агар дигар имкон набошад, зери сар кӯлбори аскарӣ мениҳоду ба ғанаб мерафт ва бо ҳамин дам гирифта, иҷрои вазифаашро идома медод.
Ӯ ба қадри як ҷуръа обу пораи нон ва ба қадру қимати дӯстию бародарӣ, ёрии ҳамдигарӣ расиданро омӯхт. Вақти хизмат дар шароити душвори кӯҳистон, ки вазъият зуд-зуд тағйир меёфту баъзан таъмини лавозимоти ҳарбӣ ва хӯрокворӣ мушкил мегардид, ӯ дарк намуд, ки имтиҳони асосӣ дар назди кас мутобиқи алифбои муносибати одамӣ пеш меояд. Ҳар як қадам шахсиятро ошкор намуда, рӯҳу дили одамро ҳамчун оина нишон медиҳад. Ин ҳамаро ӯ хуб меомӯхт ва ба тобеон низ ёд медод. Хизмат дар урдуи десантӣ Сашаро ҳамвора обутоб медод, дарси садоқату вафодорӣ ёд мегирифт. Ӯ ҳамеша ба иҷрои вазифаҳои мушкил ва хатарнок омода буд, бидуни калавиш ва безардагие ба ҳамла мехест...
Мироненко ҳамчун роҳбари созмони ҷавонон дар ниҳоди аскарон ба илму маърифат эҳсоси ташнагӣ бедор кардан метавонист. Ҳамзамони мо, аскари солҳои ҳаштодум дар дили ҳамсилоҳони худ он шуҷоату қаҳрамонӣ ва далерию матонату ҷоннисории бобоёну падарони шӯҳратмандамонро, ки бар фашизм ғолиб омадаанд, илқо менамуд. Ҳоло ба симои Александр Мироненко менигарему андеша менамоем, ки мардонагию шуҷоати ӯ бидуни шак ба корнамоии қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ комилан ҳамсангу ҳамвазн аст.
Ин родмарди Ватан дар рӯи замин ҳамагӣ бист сол умр дидааст. Дар бисту якумин сол риштаи ҳаёти ӯ гусаста шудааст. Пас аз эҳсоси дарду алам худ ба худ савол медиҳем: Александр Григоревич Мироненко пас аз худ дар ин синну сол чӣ меросе боқӣ гузоштааст? Оре, ӯ ба мисли дигар қаҳрамонони шаҳиди Ватан чизи бисёреро боқӣ гузоштааст. Ҳаёти Мироненко чун зӯзанаб – ситораи парон кӯтоҳ бошад ҳам, дар осмони бекарони Ватан ҷовидонӣ нур мефишонад. Вай ҳаёти худро дар иҷрои қарзи башардӯстона фидо кардааст, ки ин зуҳуроти баландтарини эҳсосҳои инсонпарварӣ ва олиҳимматист.
Ӯ бо нархи дилу қимати ҷон ҳаёти дигаронро ҳифз кардааст, ки ин имконияти олии одамизод аст. Симои шуҷоатманд ва баҳодуронаи Саша минбаъд дар хотираи тамоми онҳое, ки вайро медонистанд, ҷовидонӣ нақш мебандад. Номи ӯ, симои ӯро акнун ҳамвора одамони бештаре хоҳанд донист.
Шарҳи ҳоли ӯ ба мисли шарҳи ҳоли садҳо ва ҳазорон ҳамсолонаш мухтасар аст: пас аз хатми синфи ҳаштуми мактаби миёнаи рақами 37-и шаҳри Душанбе дар техникуми сохтмони пойтахт таҳсил кардааст. Чи тавре ки модараш ҳикоят менамояд, рисолаи дипломии худро бо баҳои аъло дифоъ мекунад. Ӯ бо дипломи техникум дар яке аз муассисаҳои сохтмони шаҳр ба кор оғоз карда буд, ки навбати аскариаш фаро расид. Бо аризаи худ десантчӣ шуд. Зимнан ҳикояти модар басе таъсирбахш ва дуру дароз аст.
Зинаҳои роҳи паймудаи қаҳрамонфарзандро модар ҳикоят мекунад. Дили модар гӯё китоби зиндаест, ки дар варақҳои он тамоми ҷузъиёти ҳаёти писараш сабт ёфтаанд. Ҳам рӯзе, ки ӯ дар рӯи замин нахустин қадами мустақилона гузошт, ҳам рӯзе ки аввалин бор «модар» гуфтан омӯхт. Оре, модар ҳамаро дар ёд дорад: субҳи якуми сентябр ба мактаб раҳсипор шудану ба даст гитара гирифта тарона хонданашро...
Лаҳзаҳое низ пеш омаданду модар дарёфт, ки дар бораи фарзанди худ на ҳама чизро медонистааст. Дар ҳақиқат ҳаёти фарзанд ҳамчун чашмаяки хурди софу зулол аз дили модар оғоз ёфта, ба ҷӯе табдил меёбад, мехурӯшад ва ба баҳри бузургу беканори одамӣ васл мегардад. Баъд аз ин модар низ дар бораи фарзанди худ на ҳама чизро дониста метавонад, на аз ҳамаи дарду алам, шодию хурсандиаш огоҳ мешавад. Ҳол он ки роздону розгӯи ягонаи ҳар як фард модар аст...
Мо дар хонаи хоксоронаи Мироненко, ки дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт воқест, хомӯш нишастаем. Душвор аст ба модар ва падар дар бораи фарзанди ҳалокгардидаашон сухан гуфтан. Мо оҳиста-оҳиста сӯҳбат мекунем. Ва албатта, сӯҳбати мо аз хусуси Саша меравад, Сашаи қаҳрамон, ки бо шуҷоату далериаш дар силки фарзандони ҷовидони Ватан пайвастааст.
– Саша чӣ гуна бачае буд? Хоҳиш дорам аз овони хурдсолии вай ягон чиз нақл намоед, – менигарам ба Валентина Гавриловна, – дар куҷо таваллуд шуда, ба воя расидааст.
– Падари Саша – Григорий Степанович аз Украина, – мегӯяд Валентина Гавриловна. Дар солҳои ҷанг вай барвақт ятим мондааст. Гришаро аз Украина ба хонаи бачаҳои Душанбе фиристодаанд. Ва ӯ дар ҳамин ҷо ба камол мерасад, касби экскаваторрониро меомӯзад. Ҳоло чандин сол боз дар муассисаи сохтмонии сайёри рақами 9 кор кардан дорад. Бо бели калони мошини пуриқтидораш канал мековад, ба заминҳои ташналаб об медиҳад. Чанде пеш барои кори хубаш бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» мукофотонида шудааст. Валентина Гавриловна дар яке аз беморхонаҳои шаҳр хоҳари шафқат буд. Дар ҳамин ҷо ӯ бо Григорий Степанович шиносо шудааст.
Гриша ҷавони хушахлоқ, накӯкор, нармдил буд. Ин марди хоксор ва камгап дар хонаи бачаҳо ба воя расида бошад ҳам, ба папироскашию шаробнӯшӣ одат надоштааст. Бинобар ин дарҳол ба Валентина Гавриловна маъқул шуд. Бо ҳамин экскаваторрону хоҳари шафқат риштаи тақдири ҳамдигарро пайвастанд. Бистуми октябри соли панҷоҳу нӯҳ Саша таваллуд шуд, сонӣ Вадим ба дунё омад. Сашаю Вадим аз падар хислатҳои неки ӯро омӯхтанд...
– Саша аз хурдсолӣ ба варзиш машғул мешуд, – нақл мекунад модар, – шояд ба шарофати варзиш бошад, ки ӯ хушқаду қомат шуда камол ёфт. Дар арафаи ба хизмати аскарӣ рафтан қадаш як метру ҳаштоду се сантиметр буду вазнаш ҳаштоду як кило. Боре дар синфи чор ё панҷ мехонд, ки зери чашмаш доғи кабудеро дидем. «Бо кӣ ҷанг кардӣ, бачам, пеш ба ҳеч кас намеҷангидӣ-ку?» хавотир шуда пурсидам. –Очаҷон, хавотир нашав, – ҷавоб дод Саша, ман бо ҳеч кас ҷанг накардаам. Фақат дар гурӯҳи боксчиён каме машғулият гузарондам. Охир чӣ тавр хавотир нашавам, дар зери ҳар ду чашмаш доғҳои кабуд нақш баста буданд.
– Ҳеч боке не, – маро тасаллӣ дод падари Саша, – саломатии писарамон хуб аст, агар маъқул бошад, бигузор бо бокс машғул шавад. Ман бовар дорам, ки вай авбошу ҷангара намешавад, зеро дилаш ҳалиму накӯкор аст, касеро озор намедиҳад. Дар ҳақиқат Саша ба касе озор намерасонд. Ҳангоми хизмати аскарӣ фармондеҳи отделения буд, сонӣ ҷонишини фармондеҳи взвод таъин шуд.
Ӯ ба тобеони худ ҳамчун мураббии ғамхор муносибат мекард, ба онҳо малакаю дониш ва маҳорати ҳарбиашро бо ҳавсалаи том таълим медод. Саша ҳангоми таҳсил дар мактабу техникум дӯстони зиёд пайдо кард. Бачаҳо ӯро дӯст медоштанд, барои маслиҳат наздаш меомаданд.
Баъзан ба утоқи танги Саша ҳамсолони бисёри вай ҷамъ мешуданд. Онҳо сӯҳбат мекарданд, чой менӯшиданд. Сонӣ Саша гитара менавохту сурудеро замзама менамуд, дӯстонаш ба вай ҷӯр мешуданд. Ин сурудҳо бештар дар ситоиши ҷавонӣ, дар васфи Магнитка, кошифони заминҳои навкорам, Шоҳроҳи Байкалу Амур буданд. Рафиқони ӯ Сережа, Лена, Лариса ҳам дар таронахонӣ маҳорати хуб доштанд. Саша баъзан таронаҳои худашро низ тараннум менамуд.
– Вақте ки Саша дар курсҳои як ва дуи техникуми сохтмон мехонд, бо бокс ҷиддан машғул шуд. Ғайр аз машғулияти махсус ҳар субҳгоҳ ӯ барвақт аз хоб хеста, дар варзишгоҳи Фрунзе медавид, оббозӣ ва наҳорӣ карда, сӯмкаи ғафсеро мебардошту пиёда роҳи техникумро пеш мегирифт. Як рӯз шавқам афзуду сӯмкаи ӯро бардоштанӣ шудам, ки хеле вазнин намуд. Дар дохили сӯмка ғайр аз китобу дафтарҳо ду санги варзишгарии ҳашткилоӣ ва ду санги дукилоӣ мавҷуд буданд. Саша ҳайрати маро мушоҳида карда хандон шуд ва гуфт:
– Очаҷон, ин сӯмка барои ту не. Саша роҳи техникумро ҳам барои машқу варзиш истифода мекардааст. Ин машқу варзиши баданро ҳам барои ғолиб омадан дар бокс, ҳам барои тайёрии хизмат дар урдуи десантӣ анҷом медодааст. Ман инро фаҳмида, ба Саша талқин намудам, ки аз райъаш баргардад. Зеро як вақт ҳамроҳ бо самолёт парвоз намудем, Саша дар роҳ дилбеҳузур шуда, қай карда буд. Десантчиён бошанд, аксаран бо парашют аз осмон ба замин фуруд меоянд. Пас чӣ тавр мешавад? Не, Саша аз райъаш барнагашт, балки бо варзиш бештар машғул шудан гирифт. Мисли падар папиросу сигарет намекашид, шаробро бошад, ҳаргиз ба даҳан намегирифт, ҳатто пиво наменӯшид.
Дар боби шароб як дафъа байни мо гуфтугӯе ба миён омад, ки он ҳеч гоҳ аз ёдам намеравад. Саша дар курсҳои охирини техникум бо духтаре шинос шуд. Ӯро ду-се бор ба хона даъват намуда, барояш суруд мехонд. Ҳамроҳ ба кино мерафтанд. Ман ҳис менамудам, ки Саша ҳамин духтараки малеҳчеҳраро дӯст медорад. Дар дил орзу менамудем, ки тӯйи арӯсии писарамро бубинам, набераҳоямро алла гӯям.
– Очаҷон, агар бибиям, ту ва падарам розӣ бошетон, тӯй мекунем. Лекин мо қатъиян қарор кардем, ки дар тӯямон як қатра ҳам шароб намеорем.
– Пас меҳмонон чӣ менӯшанд?
– Шир, очаҷон, шир! Чун мушоҳида кардам, ки суханони Саша ҷиддист, «ихтиёрат» гуфтаму мондам. Маълум мешавад, ки рӯҳи солими зиндагии мо дар дили Саша ва маҳбубаи ӯ хеле пеш пайдо шуда будааст. Вале дардову надомато, ки тӯйи арӯсии писаракам барпо нашуд...
Сад дареғ, ки ормонам дар дил монд...
Дар курси охирини техникум Саша дар мусобиқаҳои боксчиёни ҷумҳурӣ ғолиб омад. Сипас ӯ дар мусобиқае, ки дар шаҳри Ленинград баргузор шуд, ширкат варзида, аз он ҷо ба хона бо ифтихорнома баргашт.
Аз тамошои шаҳри соҳили Нева хусусан таассуроти ғанӣ дарёфта буд. Аз дидани ҷойҳои таърихӣ, киштии «Аврора», Қасри Зимистона, Смолный дар дил хотироти нек дошт. Дар Эрмитаж аз маданияту фарҳанги Тоҷикистон як силсила намояҳоро дида, сахт ба ҳаяҷон омада буд. Маълум мешавад, ки вақтҳои фориғ аз мусобиқа дар Ленинград пиёдаю савора гашта, бисёр тамошо кардааст, бисёр чизро донистааст.
Саша дар хизмати аскарӣ ҳам чунин ҷӯянда буд, илму маърифати ҳарбиро устуворона азхуд мекард, дар машқҳо доимо ба баҳои аъло соҳиб мегардид. Тобистон бо ҳамхизматҳои худ дар мавсими ғалладарави киштзорони беканори Қазоқистон иштирок кард. Гувоҳи меҳнати зарбдори ӯст, ки созмони ҷавонони ноҳияи Морозови кишвари Қазоқистон Александр Мироненкоро бо ифтихорнома мукофотонидааст.
Вақт ҳамчун мурғи тезпарвоз даргузар аст. Воқеоти муқаррарӣ сипарӣ мегардад, воқеоти бузург дар саҳафоти рӯзгор нақши абадӣ мебандад. Хотираи ҷавонписари оддӣ, ки дар пойтахти гулпӯши Тоҷикистони офтобрӯи мо ба камол расидааст, ҷовидонӣ мемонад. Таркиши гранатае, ки дар доманаи кӯҳҳои Афғонистон харсангҳоро ба ларза андохта буд, дар дили мо низ акси садо дод. Ному корнамоии Александр Мироненкоро ҳазорон – ҳазор нафар медонанд. Дар мактаби миёнаи рақами сиву ҳафт хотираи ӯ ҷовид аст. Ҳоло мактаб бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи қаҳрамонро дорад. Дар ин ҷо музеи шарафи ҷангӣ ташкил гардидааст, ки намояи марказии он ба ҳаёт ва шуҷоати ҷангии ҳамшаҳрии далери мо бахшида шудааст.
Пайшиносони мактаб бахшида ба ифтитоҳ гардидани ёдгории Қаҳрамон филм таҳия намудаанд. Бисёр гурӯҳҳои мактабиён ба номи поки ӯ гузошта шудаанд. Дар музей маҷлисҳо баргузор мешаванд, дар ин ҷо наврасонро ба сафи созмони ҷавонон қабул менамоянд. Хонандагони синфи якум дарси аввалро бо тамошои музей оғоз менамоянд ва хатмкунандаҳо низ бо мактаб дар ин ҷо хайрбод мегӯянд.
Ёди Саша дар техникум ва дар шаҳр ҳам барқарор аст. Дар Душанбе мусобиқаи бокс ва гӯштии тарзи дзю-до барои гирифтани мукофоти Қаҳрамон гузаронида мешавад. Дар ин мусобиқаҳо одатан ҳамсангарони Саша ширкат намуда, ба ғолибон мукофот месупоранд. Инчунин яке аз кӯчаҳои навбунёди пойтахт ба номи Александр Мироненко гузошта шуда, дар хиёбони Ҷавонон муҷассамаи биринҷии Қаҳрамони Ватан бунёд гардидааст. Кинорежиссёри машҳур Евгений Кузин дар студияи «Тоҷикфилм» доир ба корнамоии Мироненко филми мустанади «Лаҳза»-ро эҷод намудааст. Дар ин филм суханони дастпарвари мактаби рақами 37-и Душанбе Сергей Слободнюк ҳамчун ноқуси ёдгор садо медиҳанд: «Ман баҳори ҳабдаҳумро пешвоз мегирам... Инак, аз вазиши насими атрогин, аз тобиши офтоби тобон ҳаловат мебарам.
...Ман зиндагӣ карда истодаам. Вале ӯ ҳалок гардид. Марг чӣ калимаи даҳшатнокест... Агар марг ояд, кас дигар риштаҳои печони барф, оҳанги пуриқтидори мадду ҷазри об, мавҷи сабзаю гиёҳҳои рангорангро ҳаргиз намебинад. Пас марг нобудию гумномист... Не! Дурӯғ! Қабул намекунам! Инро фаҳмидан наметавонам ва намехоҳам! Медонам, марг ҳаст, аммо ҳаёти ҷовидонӣ низ вуҷуд дорад. Саша Мироненко, ту суханони маро тасдиқ менамоӣ... Ту ба сӯи ман аз пушти буттаҳои гулзор назар менамоӣ...
Ту ба ман аз он қуллаи баландтарине менигарӣ, ки номи он абадият аст...» Дар ротаи маҳбуби Александр, ки он ҷо вай хизмат кардаасту ба рӯйхати абадӣ дохил шудааст, хотираи Қаҳрамон ҷовидонист. Бар болои кати нағз ба тартиб оварда, сурати Қаҳрамон ва дар рӯи болин кулоҳи сабзи вай гузошта шудаанд. Дар қисми ҳарбие, ки Мироненко пеш аз сафараш ба Афғонистон хизмат менамуд, муҷассамаи мӯҳташами биринҷии ӯ қомат афрохтааст. Дар назди ин муҷассамаи Қаҳрамон десантчиён соле ду дафъа барои садоқат ба Ватани маҳбуб савганди муқаддаси аскарӣ ёд менамоянд. Дар музеи Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари Русия, дар музеи қувваҳои десантӣ ашёю сомони хосаи Қаҳрамон, ҳуҷҷатҳо, хотироти хешу ақрабо, дӯстон, ҳамсилоҳон маҳфузанд.
Дар хонаи маърифати рота сурати аскари ҷасур ва навиштаҷоти корнамоии ӯ мавҷуданд. Номи Сашаро ҳар аскаре, ки кулоҳи сабз ва пироҳани рах-рахи десантӣ мепӯшад, медонаду муқаддас мешуморад. Автомати ӯро ба беҳтарин аскар месупоранд, ба экипажи аълотарини БМД (мошини муҳорибавии десантӣ) номи вай дода мешавад. Дар хонае, ки волидайни Александр зиндагӣ доранд, писараке ҷангбозӣ мекунад. Аз сурати зебои бари девор сержанти калон дар либоси муназзами десантӣ нигоҳи ҷиддӣ меафканад. Бачае, ки ҷангбозӣ мекунад, бародарзодаи Қаҳрамон аст.
Ба ӯ номи амаки далерашро додаанд. Чеҳраи Сашаи хурдсол ба чеҳраи шуҷоатмандонаи амакаш монанд аст. Ҳоло ӯ дар бораи воқеоти Афғонистон вуқуфи каме дорад. Вале солҳо мегузаранду хотираи поки амакаш – Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Александр Мироненко дар дили ӯ низ ҷой мегирад. Макони родмарди Ватан дили миллионҳо одами поксиришт аст. Зеро корнамоии Қаҳрамон фаромӯшнашуданист, ӯ ба олами ҷовид қадам ниҳодааст.
Бори дигар қайд намуданиям, ки махсусан музеи мактаби Саша Мироненко, ки ҳазорон-ҳазор наврасон дар ин ҷо дарси садоқат ба Ватан, дарси мардонагию ҷасорат меомӯзанд, ба кас таассуроти амиқ мегузорад. Ба музей кас бо ҳисси ҳаяҷони бузург қадам мениҳад. Дар ин ҷо либоси аскарии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Мироненко – пироҳани рах-рахи десантӣ, дигар анҷомҳои ӯ маҳфузанд. Зери шиша дафтарчаи ёддоштҳояш ниҳода шудааст, ки сатрҳои бо дастони худи қаҳрамон нигоштаро бидуни ҳаяҷони дил хондан имконнопазир аст.
Дар дафтарчаи ёддоштҳояш ӯ нақши ояндаи зиндагиашро пас аз хизмати ҳарбӣ қайд намудааст. Навиштааст, ки моҳи май аз хизмат ҷавоб мешаваду пас ба шӯъбаи шабонаи Институти политехникӣ дохил мегардад. Касби бинокоронро амиқтар меомӯзад, барои одамон хонаҳо месозад, яъне бо осоиштатарин касб машғул мешавад.
Саша ният доштааст, ки шаб таҳсил намояд, рӯз кор кунад ва дар вақтҳои холӣ бо варзишу мусиқӣ машғул шавад. Ҳар гоҳ имкон биёбад, ба кӯҳ биравад. «Ман ҳоло кӯҳи Помирро надидаам» навиштааст Қаҳрамон бо дастони худ. Бо ташаббуси омӯзгорони мактаб дар музей ин қадар маводи рангин ва ғанӣ ғундошта шудааст. Ҳиссаи пайшиносони мактаб ва албатта, падару модари Сашаи Қаҳрамон дар ин кори шариф бузург аст. Дар музей ҳар як варақи коғаз, ҳар як ашё дар ҷои худ гузошта шудааст, ки ҳама аз ҳаёту корнамоии ҷовидони қаҳрамон ҳикоёти таъсирбахше мекунанд...
...Албомро варақ мезанем. Дар он суратҳои қаҳрамон часпонда шудаанд, аз рӯзгори пурмазмуни писари содиқи халқу Ватан нақл мекунанд...
Албоми дигар баёзи шеър аст, баёзи шеър дар ситоиши Қаҳрамони диёр. Ин шеърҳоро муаллимони мактаб, падару модарон, хонандагон – духтарон, писарон навиштаанд. Шеърҳо, ки шуҷоати беназири Қаҳрамонро ифода кардаанд, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ иншо шудаанд. Дар ҳар сатри ин навиштаҳо самимият, эҳсоси пок дарк мешаванд... Дар ин мактаб омӯзгори аввалини қаҳрамон Антонина Ивановна Гилокова ба Саша хондану навиштанро омӯхтааст.
Муаллими тайёрии ҳарбӣ, подполковники мустаъфӣ Михаил Петрович Колупаев ба Мироненко ва ҳамсолони ӯ аввалин дарси ҳарбӣ, дарси шуҷоатро сабақ додааст. Ғайр аз ин дар бисёр мактабҳои шаҳр ва ҷумҳурӣ гӯшаҳои Қаҳрамон тартиб дода шудаанд. Ҳаждаҳ созмони ҷавонони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои гирифтани номи мубораки Қаҳрамон ҳуқуқ пайдо кардаанд. Ҷавонони ҷумҳурӣ саъй доранд, ки дар кору зиндагӣ, садоқату вафодорӣ ба халқу Ватан мисли Саша Мироненко бошанд.
Дар шаҳри Витебски кишвари Белорус, ки қаҳрамон хизмати аскариашро дар он ҷо оғоз кардааст, Саша Мироненко узви бригадаи пешқадами заводи телевизион аст. Маблағе, ки аз тарафи аҳли коргоҳи Қаҳрамон ба даст оварда мешавад, ба ҳисоби хазинаи сулҳ гузаронида хоҳад шуд. Чанде пеш падару модари Саша Мироненко ба ин шаҳр сафар намуданд. Ҳоло дар хонаашон акси якҷояи онҳо бо аъзои бригадаи заводи телевизион, яъне ҳамкорони Саша мавҷуд аст.
Пайдост, ки аскари башардӯст пас аз ҳалокат ҳам ба манфиатҳои олии инсоният – сулҳ, озодӣ, саодат хизмати худро давом медиҳад. Ӯ дар сафи мост, фаъолият дорад. Дар корхонаҳо, дар донишкадаю муассисаҳои гуногун ҳамроҳи мо қадам мезанад, дар иҷрои кору вазифаамон ҳиссагузор аст. Ба ин маънӣ хотираи ӯ абадист! Ин фақат хотираи рамзӣ ва ҷои ифтихорӣ нест, ки ҳаёти маънавии мо ба қаҳрамон вогузоштааст.
Балки ин ёдбуд ва хотираи амалкунанда ва фаъол аст. Хотираи насли ҷавон дар бораи ҳамзамони худ – ҳамзамони қаҳрамонест, ки номи ӯро Ватани маҳбуб бо эҳтирому эъзози хос баробари беҳтарин писарон ва духтаронаш, қаҳрамонони набардҳо ва арсаҳои меҳнат гузоштааст. Ин ҳам як ҷавобест, ба саволе, ки аз одами бист сол дар рӯи замин ҳаёт ба сар бурда чӣ меросе боқӣ мемонад?
... Дар байни хонадони Қахрамон ва қисми ҳарбие, ки ӯ хизмат мекард, мукотибаю иртиботи қавие ба амал омадааст. Валентина Гавриловна бо миннатдории зиёд нақл мекунад, ки як гурӯҳ ҳамхизматони писараш – аскарбачаҳо баъди адои хизмат ҳамагон ба хонаи Саша Мироненко омада, бо падару модар ва хешовандони Қаҳрамон шиносо шудаанд, дар бораи рӯзгору корнамоии рафиқи ҳамсилоҳашон бо забони худ ҳикояҳо кардаанд, поси хотираи рафиқи ҳамсилоҳи худро нигоҳ доштаанд. Ҳар яке аз ин аскарбачаҳо узви ногусастании ин хонадон гардида, сипас ба зодгоҳҳои хеш раҳсипор шудаанд.
Масъули созмони ҷавонони қисми ҳарбӣ, прапоршик Михаил Горюнов ба модари қаҳрамон навиштааст, ки чанде қабл дар ҷои хизмати Саша ҷаласаи созмон баргузор шуд. Ӯ дар бораи ҳаёту фаъолияти ҳамхизматон ба модару падари Қаҳрамон хабар додааст. Дар рӯзи ҷаласаи созмон рӯзномаи қисм мактуби модар, падар ва дигар хешовандони Қаҳрамонро таҳти унвони «Писари Ватан, ки ба ҷовидонӣ қадам ниҳодааст» ва дигар маводро роҷеъ ба ҳаёти фарзанди вафодори халқ дарҷ намудааст. Ҷавонони қисми ҳарбӣ қабл аз оғози ҷаласа ин мактубро мутолиа кардаанд. Ҷаласа бо рӯҳияи қаҳрамонӣ ва садоқату фидокорӣ ба ғояҳои олии меҳанпарастӣ ва башардӯстӣ ҷараён ёфта, иштироккунандагон савганд ёд кардаанд, ки ҳаёти Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Александр Мироненко мизони рӯзгори онҳо хоҳад шуд!
Аскарон дар як хати рост саф кашидаанд. Дар муоинаи шомгоҳӣ старшинаи рота номи Мироненкоро ба забон меорад. Ҳамон аскари навхате, ки дар пешраддаи самти рост истодааст, ба ҷои вай ҷавоб медиҳад: Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Александр Мироненко ҳангоми иҷрои вазифаи башардӯстона дар кишвари Афғонистон ҷасорату мардонагӣ нишон дода ҳалок гардидааст! Ин суханон ҳар рӯз такрор мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё