Зеҳн
Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.

Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа

ҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

ЧАШМАҶОН

(Чилучорчашма, санаи 136-и ҳиҷрӣ) Ривоят мекунанд, ки дар замонҳои хеле қадим вақте амиралмӯъминин, ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб бар зидди тоифаи кофирон меҷангиданд, шахсияти барояшон басо азизу мукаррам, яъне саисашон Бобо Қамбари соҳибқирон захмин мешавад. Амиралмӯъминин аз ин воқеаи нохуш ниҳоят ғамгин мегарданд, зеро захми Бобо Қамбар вазнину ҳалокатовар буда, ҳаво низ чун танӯр метафсид. «Дар сурати фавтидани Бобо Қамбар наъши муборакашро ба Маккаи Муаззама чӣ тавр интиқол медиҳем? – меандешанд ҳазрати бузургвор. Тифоқо ҳамон шаб амиралмӯъминин хоб мебинанд, ки дар як маъвою макони зебою дилрабое якбора чиҳилу чаҳор чашма фаввора мезанад ва дар гирду атрофи он мулк мисли фирдавси барин бӯстону гулистони фараҳфизой воқест.

Дар оби софу зулоли он чашмасор сангҳои рангоранги зебо ҷилванамоӣ намуда, миёни обсабзҳою гуна-гуна гулҳо моҳиёни зиёде оромона ва бе ҳеч тарсу ҳарос шиноварӣ доранд. Дар шохсори дарахтони шамшоду сарв ва беду шаҳтут қумрию булбул, товусу сулсул озодона гашту гузор ва парвозу нағмасароӣ менамоянд. Селаи оҳувону ғизолон ҳам аз дашту ҳомун ва ёнаҳои кӯҳу адир чарида ба лаби чашмасор меоянд ва аз оби соф нӯши ҷон мекунанду боз ба чаро мераванд. Ва аз ҳама аҷибтар он аст, ки дар байни фаввораҳои чашмасорон чароғи бузурге фурӯзон асту нурафшон ва тамоми паррандагону ҷонварон ба пояи он чароғи бузург ҳамвора сар ба саҷдаю суҷуд пеш меоранд... Рӯзи дигар Бобо Қамбар бар маснади олӣ расида, ҷоми шаҳодат нӯш мекунад. Ҳазрати Алӣ аз ин хабар огоҳӣ ёфта, ниҳоят ба сутӯҳ меоянд ва аз хоби дидаашон рамуз мегиранду дарҳол амр мефармоянд, ки ба зудтарин фурсат он ҷаннатулмаъво пайдо карда шаваду ҷасади мутаҳҳари Бобо Қамбарро дар ҳамон ҷо ба хок супоранд, то рӯҳи пурфутӯҳи эшон ба мисли он машъалаи дар хоб дидаашон ба таври ҳамешагӣ нурфишонӣ намояд. Лашкариёни ҳазрати Алӣ ҳамон рӯз он макони фирдавсоинро пайдо намуда, ҷасади марди таҳамтанро ба хокдони охират мениҳанд.

Ин воқеа дар рӯзи чаҳоршанбеи муродбахш ба вуқӯъ омада будааст ва рӯзи ҷумъаи ҷамоатироз, яъне дар бегоҳи сеи шаҳодати Бобо Қамбар амиралмӯъминин ба зиёрати оромгоҳи ҳамсангари шикастнопазир ва қавирӯҳи худ меоянд. Бо ҳамин он макони ирамнамо ба қадамгоҳи поки ҳазрати Алӣ ва мазори муқаддасу мутаборикаи мушкилкушо табдил меёбад. Ин макон ҳамин Чилучорчашмаест, ки дар самти ҷанубии ҷумҳуриамон, дар доманаи чӯлистони Бешканду паҳлугаҳи кӯҳи Хароба воқеъ гардидааст. Ҳоло дашти Бешканд, ки солҳои охир хеле обод шудааст, ба ҳудуди ноҳияи навбунёди Носири Хусрави ин чӯл дохил мешавад. Ва ин Чилучорчашмаи ҷаннатмисол низ ба ҳудуди ҳамин ноҳия шомил мебошад. Ҳоло дар оромгоҳи Бобо Қамбар мақбарае бунёд ёфтааст, ки акси он дар пули миллии панҷоҳдирама дарҷ гардидааст.

Сокинони ноҳияҳои гирду атроф ва мардумони ноҳияю вилоят ва кишварҳои дуртар ҳам ба ин Чилучорчашмаи муқаддас ниёзу эътиқоди ниҳоят самимӣ доранд. Сокинони ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав ба нишони эътиқоди фавқулоддаашон Чилучорчашмаро бо навозиш ва муҳаббату самимияти пок «Чашмаҷон» мегӯянд ва ба ин номи муборак қасам ёд мекунанд. Мисли ин ки ба Худои бузургвор, ба нони муқаддас савганд мехӯранд, «Чашмаҷон занад» гӯён ба номи ин макони мубораку муқаддас низ савганд ёд мекунанд. Доир ба Чилучорчашма аз соли 129-и ҳиҷрӣ дар сашчашмаҳои таърихӣ маълумот пайдо мешаванд. Дар китоби «Сафар ба Қубодиён»-и сайёҳ ва олим Абулқосими Балхӣ дар асри II-и ҳиҷрӣ номи мулки Қубодиён ва табиати он зикр ёфтааст. Аз ин асар возеҳ мегардад, ки мусаннифи китоби фавқ ба мулки Қубодиён сафар доштааст. Муаллиф менигорад, ки «ман аз шаҳри Қубодиён дидан кардам ва ин мадинаро хеле ободон ва пурғулғулаю бошаҳомат ёфтам». Ҳамчунин ӯ зикр намудааст, ки дар ин ҷо масоҷиду мадорис, ҳавзу саройҳои зиёд эъмор гардидаанд. Хосатан дар Қубодиён шахсони олим ва китобдӯст бисёранд.

Абулқосими Балхӣ боз сабт намудааст, ки дар қаламрави Қубодиён Чилучорчашма ном мавзее ҳаст, ки обаш шаффофу шифобахш мебошад, дар шохаҳои дарахтонаш паррандагони гуногун ошён гузошта, нағмасароӣ доранд ва дар кӯҳҳои атрофаш оҳую говазн бисёранд. Муаррих Ибни Ҳавқал дар асри IV-и ҳиҷрӣ ин суханонро тасдиқ намудааст. Олим Ибни Завқӣ низ дар асари худ «Қубодиён» ин гуфтаҳои Абулқосими Балхиро тасдиқ намуда, қайд кардааст, ки ман дар Қубодиён будам ва суханони Абулқосими Балхиро дар амал дидам. Тибқи маълумоти саёҳатномаи Марко Поло ин сайёҳ ва нависандаи машҳур тақрибан дар охири асри XIII ва аввали асри XIV-и мелодӣ бо шоҳроҳи абрешим сафар намуда, то ба мулки Қубодиён омада будааст. Ва дар мавзеи Чилучорчашма дар бораи маҷнунбедҳои қариб 500-солаи бо чашмони худ дидааш маълумот додааст. Чи тавре шайхи Чилучорчашма ҳоҷӣ Исмоил ҳикоят мекунад, аз ҳамон маҷнунбедҳои Марко Поло тасвир намуда ду дарахти маҷнунбед то рӯзҳои мо боқӣ мондаанд. Аввали солҳои ҳаштодуми қарни гузашта олимон дар Чилучорчашма тадқиқот бурда, муайян кардаанд, ки синну соли ин ду маҷнунбеди куҳанбунёд аз 1000 сол бештар аст.

Мутаассифона, яке аз ин маҷнунбедҳо бо кадом сабабе сӯхтааст ва танаи нимсӯхтаи ин маҷнунбед ҳанӯз побарҷост. Ҳар касе ки ба Чилучорчашма рафта бошад, албатта, моҳиёни зебои онро дидааст, ки дар оби поку зулол миёни обсабзаҳо ва бе ҳеч тарсу бим аз одамон озодона шиноварӣ менамоянд. Дар ин ҷо морҳои бисёр ҳам миёни моҳиён шино мекунанд, аммо ба касе зараре намерасонанд. Солҳои пешин одамон дар Чилучорчашма ду мори калонро ҳам дида будаанд, ки дар вақти муайян аз ғор берун мешудаанд. Шахсоне, ки ин морҳои калонро мушоҳида кардаанд, ҳоло дар қайди ҳаётанд. Аҷибаш он аст, ки морҳо ҳар сол рӯзи 28 апрел аз ғорҳо мебаромадаанд.

Гӯё ин рӯзи ҷуфтшавии онҳо будааст. Агар ин морҳо мабодо дигар вақт аз ғорҳои худ берун бароянд, дар деҳоти гирду атроф ҳатман ягон воқеаи нохуше рух медодааст. Масалан, бемории вабо меомадааст, ё заминларза ва ё ягон тундбоде ба амал омада, дар фарҷоми ҳар яки ин ҳодисаҳои нохуш талафоти ҷонию хисороти молӣ рӯй медодааст. Ин аҳёнан ба амал меомадааст. Аслан ин ду мори калон дар ҳамон рӯзи муайяншуда, яъне 28 апрел аз ғорҳо баромада, ба хонаҳои одамони деҳоти атроф мерафтаанд ва дар ягон гӯшаю канори боғоти ҳавлӣ чанд рӯзе буду бош мекардаанд. Албатта, морҳо ба касею чизе зарар намерасондаанд ва одамон ба онҳо асосан ширу ҷуғрот медодаанд. Дар ҳар ҳавлие, ки морҳо қарор гиранд, ҳамон сол дар он ҳавлӣ хайру баракат фаровон гардида, воқеаҳои хурсандибахши зиёде рух медодаанд.

Мардум ҳикоят мекунанд, ки охирин бор соли 1933 ин морҳо аз ғорҳои худ берун баромадаанд, вале дар рӯзи муқаррарӣ не, балки дар вақти дигар берун шуда, гӯё сокинони ин маҳалро аз воқеаи нохуше огоҳ кардаанд. Одамон аз ин беруншавии бановақти морон фоли нек намегиранд ва дар хавф мешаванд. Ва дар ҳақиқат ба деҳоти атроф воқеаи нохуше меояду дар як шаб 113 нафар мардон бо моддаи 58, қисми III, яъне ҳамчун душманони халқ ба ҳабс гирифта мешаванд ва дигар дараки онҳоро ҳеч касе намеёбад. Баъди ин воқеаи шум морҳо дигар аз ғорҳои худ берун набаро мададанд ва ягон шайхи мазори Чилучорчашма нишонаи онҳоро надидааст. Пайдоиши Чилучорчашма мӯъҷизавӣ намояд ҳам, албатта он асоси илмӣ дорад. Барои он ки хонанда маълумоте пайдо бикунад, як сайри мухтасаре менамоем. Ҳақиқатан ҳам пайдоиши Чилучорчашма хеле аҷиб аст, яке аз мӯъҷизаҳои табиат ҳисоб мешавад. Дар байни мутахассисон доир ба пайдоиши ин нигини нодиракории табиат борҳо баҳсу муҳокимаронӣ ба амал омадааст.

Олимону мутахассисон дар водии Бешканд бисёр тадқиқоти геологӣ гузаронида, вале ин мавзеъ ягон бор ҳам дар собиқ аз тариқи гидрогеологӣ хаматарафа санҷида нашудааст. Баъзе геологҳо аз ҷиҳати минералӣ ҳамтаркиб будани оби дарёи Кофарниҳон ва Чилучорчашмаро ишора кардаанд. Олим З.В. Белская ҳанӯз дар солҳои пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба воситаи ранг алоқаю пайвандии гидравликии дарёи Кофарниҳон ва Чилучорчашмаро муайян намудааст. Тадқиқоти Белскаяро аввалин шуда геофизикҳо тасдиқ кардаанд. Сипас чоҳҳои тадқиқотӣ комилан возеҳ сохтаанд, ки дар самти ғарбии кӯҳи Хароба маҷрои калони зеризаминӣ ҷорӣ мешавад.

Табиат дар ин ҷо мӯъҷизае ангехтааст: дар минтақаи ҷудошавии кӯҳи Хароба ковокии зеризаминие пайдо гардидааст, ки деворҳои он аз гаҷу оҳаксанг иборатанд. Маҷрои зеризаминӣ, ки аз рӯди Кофарниҳон ҷорӣ мегардад, ба ҳамин ковокӣ дохил шуда, пас аз чанд фарсахи ҷорӣ шудан як қисми он бисёр маводу маъданҳоро шуста, дар шакли Чилучорчашма ба берун фаввора задааст. Воқеан ҳам дар дили чӯлистони тафсон фаввора задани чунин чашмаҳо мӯъҷизаи ҳақиқии табиат мебошад. Мувофиқи тадқиқоти геологӣ ва ҳафриёти бостоншиносон водии Бешканд, чи тавре ки мо онро якчанд сол қабл медидем, ҳамеша дар шакли биёбон намондааст. Дар замонҳои пешин дараҷаи обҳои зеризаминӣ хеле баланд будааст. Бинобар ин дар водӣ кӯлҳои зиёде вуҷуд доштаанд ва он диёри хурраме будааст. Сипас қудрати дарёи зеризаминӣ суст мешавад ва кӯлҳо яке пайи дигар хушк мегарданд. Ба ҳамин васила макони боғу киштзор ба чӯлистони тафсон мубаддал мешавад...

Як замонҳо ободу серодам будани водии Бешканд аз ҳамин низ маълум мегардад, ки вақти ҳамвор кардани замин аз дами бели механизмҳо ҳар гуна сафолпораҳо, зарфҳо, асбобҳои сангӣ мебароянд. Вайронаҳои манзилгоҳҳои қадима, қабристонҳои кӯҳна падид меоянд. Асосан ин бозёфтҳо дар самти ғарбии водӣ, дар доманаи Туюнтоғ ба назар мерасанд. Бостоншиносон муайян намудаанд, ки дар водии Бешканд шаҳраку деҳаҳои мардумнишин дар асрҳои аввали давраи мо сохта шудаанд. Дар онҳо одамоне мезистанд, ки аз гӯшаҳои гуногуни давлати Кӯшониён омада будаанд. Дар ин давра давлати Кӯшониён ба авҷи олии тараққиёти худ расидааст. Онҳо асосан бо кишоварзӣ машғул мешудаанд. Дар назди деҳаҳои қадимӣ киштзорон ба назар мерасиданд. Одамони бостонӣ зироати гуногун, хусусан гандуму нахуд мекиштанд. Барои обёрӣ аз оби софу зулоли Чилучорчашма истифода мешудааст.

Оби Чилучорчашма бо ду канал – шимолӣ ва ҷанубӣ ба киштзорон ҷорӣ мегардид. Дар он мавзее, ки канал ба ду шохоб ҷудо мешуд, қалъаи хурд, вале мустаҳкаме воқеъ будааст. Дар ин қалъа сарбозон ҷой гирифта, ба каналҳо бо як мизон ҷорӣ шудани обро назорат менамудаанд. Вале об ба водӣ кифоят намекард. Сохтмони корези бошандагони бостонии Бешканд ҳам, чи тавре ки маълум аст, ба муваффақият ноил нагардидааст. Сокинони Бешканд бо ҳунари кулолӣ ва тиҷорат низ машғул шудаанд. Тақрибан дар асри панҷум ҳаёт дар ин деҳоту шаҳракҳо якбора қатъ гардидааст. Мувофиқи мушоҳидаҳои мутахассисон дар водӣ сӯхтори калоне ба амал омадааст, ки он бар асари ҷанги шадид рӯй додааст. Зеро асбобу анҷоми қобили истифодаи рӯзгор дар ҷойҳои худ партофта шудаанд. Шояд ин дар замоне рух додааст, ки давлати бузурги Кӯшониён завол ёфта буд, шоҳаншоҳие, ки панҷсад сол вуҷуд дошт...

Дашти Бешканд дар замони мо бо қудрати дӯстии халқҳо ба баҳори ҳақиқии худ расид. Ин баҳори он ҷовидонист... Аз давраҳои мозӣ дар Чилучорчашма шайхон, ба ибораи мардуми маҳал «шехон» мезистаанд, ки ба гирифтани назру ниёзи мазори муқаддаси ин макон мувофиқи шаҷара ҳақдор будаанд. Тавре ки маълум аст, ин назру ниёзҳои мазор аз тарафи зиёраткунандагон оварда мешуданд. Қиссаи пайдоиши шаҷара ё насабномаи шайхони Чилучорчашма ҳам хеле дуру дароз ва басо аҷоибу ибратбахш аст...

Дар замони ҳукмронии яке аз халифаҳо, ки он вақт дини мубини ислом дар Осиёи Миёна мустаҳкам гардида буд, танзими хироҷсупорӣ аз тарафи Бухорои Шариф як муддат гӯё халалпазир мегардад. Халифа барои таҳқиқи ин масъала қарор мекунад, ки чор нафар намояндаи олирутбаи худро ба тарафи қаламрави Бухоро бифиристад. Ҳамроҳи онҳо чор оилаи қавми муборак бо мақсади таблиғу ташреҳи ҳадиси шариф ва дигар аркони дини мубини ислом низ ба ҷониби мамлакати Бухоро роҳӣ мешаванд.

Фиристодагони халифа бо роҳи Балху Тирмиз омада, вориди воҳаи Қубодиён мешаванду мазори Чилучорчашмаро зиёрат намуда, сипас ба Бухоро мераванд. Дар Бухоро онҳо бо таҳқиқ муайян мекунанд, ки боҷу хироҷи ҷамъ гардида, бо роҳи Хонободу Кобул ба сӯи минтақаи Лоҳур роҳӣ гардидааст. Яъне аз он ҷо бояд ба хазинаи халифа фиристода шавад. Намояндагони халифа пас аз анҷоми амру фармонҳо дар роҳи бозгашт боз ба Чилучорчашмаи ҷаннатмакон меоянд ва расми зиёрату ниёзро анҷом медиҳанд. Онҳо ба ҳамин тартиб якчанд рӯз дар соҳили Чашмаҷон истироҳат менамоянд. Сипас яке аз маъмурини олирутбаи халифа ба ҳамон чор оилаи зоти пок муроҷиат мекунад:

– Шумо дар роҳи мустаҳкам намудани дини мубини ислом хизматҳои арзанда кардаед. Биноан бо мувофиқа ва ҳидояти халифаи бузургвор назру ниёзи қадамҷои муборак ва мазори мутаҳҳари Чилучорчашмаро ба ихтиёри шумо месупорам. Аъзои он чор оилаи солеҳ бе ҳеч чуну чаро ангушти қабул бар дида мегузоранд. Бо амри фиристодагони халифа дар чарми аз пӯсти барзагов таҳияшуда шаҷараи он чор поя, яъне чор оилаи шайхони Чилучорчашма сабт гашта, бо мӯҳру имзоҳо ба дасти онҳо супорида мешавад ва ин воқеа дар вақти гузордани намози ҷумъа маълуми тамоми бародарони аҳли ислом мегардад.

Бояд шарҳ диҳем, ки «шаҷара калимаи арабӣ буда, маънояш «дарахт» аст, яъне дарахти умри одамист ва решаи онро муайян мекунад, ки аз кадом зот баромадааст. Шаҷараро насабнома ҳам мегӯянд. Он шаҷара, ки ба мизони имрӯза тақрибан чил кило вазн дошта, варақҳои зиёдаш аз пӯсти барзагов даббоғӣ шуда, дигараш аз коғази холиси абрешимии самарқандӣ шерозабандӣ гардида, бараш се ваҷаб ва баландиаш аз як ваҷаб бештар меомад, таҳия мешавад. Шахси давлатманди маҳаллӣ бо иҷозати шайхон ба маблағи худ дар Чилучорчашма масҷиде сохтанӣ мешавад.

Тибқи ривоят ин мард ба кишварҳои дур сафар намуда, ҳафт ҳазор сар гӯсфанд мехарад ва ба ҳар гӯсфанд ду дона хишти пухтаи чоркунҷа баста, ба ҳамин васила ба ватанаш чордаҳ ҳазор дона хишт меорад. Аз ин миқдор хишт дар рӯи пойдевори сангин ба масоҳати бисту панҷ газ бар понздаҳ газ масҷиде бино мегардад. Устоҳои моҳири наҷҷор масҷиди мустаҳкаме сохта, дар сутуни асосиаш, ки аз чӯби чинор тарошида шуда буд, «санаи 136»-ро ба ҳуруфи зебои хеш нақш мебандад. Ин рақам, албатта, ҳиҷрӣ буда, агар онро ба мелодӣ гардонем, соли ҳафтсаду панҷоҳу се ё ҳафтсаду панҷоҳу чор ҳосил мешавад, ки хеле қадимисохт будани масҷидро далолат медиҳад.

Дар ҳамин сутун даруни саночи махсус шаҷараи шайхони аслзода солҳои дароз овезон меистод. Шайхон рӯзе панҷ бор ба хонаи Худо ворид гашта, намоз мегузориданду саночи овезонро дида, назру ниёзро дилпурона ҷамъоварӣ менамуданд. Масҷиди Чилучорчашма то солҳои шастуми қарни гузашта ободу зебо буда, бародарони аҳли ислом вақти намоз ба маблағгузору бинокорони он салавоту дуои хайр мефиристоданд. Вале афсӯс, ки ин масҷиди таърихӣ ва хеле куҳансохт пас аз дарҷ гардидани як мақолаи атеистӣ дар рӯзномаи марказии «Известия» ба хоку туроб табдил дода шуд.

Дар шаҷара ё насабномаи он чор оилаи шайхони Чилучорчашма зикр гардида буд, ки ҷадди онҳо ба зоти пок пайванд аст. Бо ҳамин собит мегардад, ки шайхони Чилучорчашма ба хонадони асил пайвандӣ доранд, яъне – онҳо эшон ҳастанд. Ин шайхон, эшонҳоро мутавалӣ ҳам меноманд, яъне мутавалии Чашмаҷони шариф. Ҳамон вақт қарор дода шуда буд, ки шайхони асилзода дар соҳили рости Чашмаҷон хонаҳои худро бисозанд. Дар соҳили чап бошад, ҷою макони тоифаи хизматгорон ва ҷорӯбкашони ин даргоҳи муборак воқеъ гардида буд. Ҳар он шайх ё мутавалии Чашмаҷон агар ҳам аз тарафи падар ва ҳам аз тарафи модар ба яке аз ин пояҳо пайванди хешӣ дошта бошад, шайхи ҳақиқӣ ё асилзодаи ин макони муқаддас, яъне зодаи ду поя ҳисоб мешавад. Шайхи ҳозираи Чилучорчашма мулло ҳоҷӣ Абдураҳими Асомиддинзода мегӯяд, ки модараш ба яке аз ин поя ва модари падараш ба пояи дигари ин шайхон – мутавалиён мансуб будаанд.

– Шаҷараи хонадони мо ба ҳамин силсила тартиб ёфтааст, – ҳикоя мекунад шайхи Чашмаҷон ҳоҷӣ Абдураҳим. – Мулло Асомиддин, мулло Юлдош, мулло Бобобек, Абдураҳим – тӯқсабо, Мирҷаъфарбек, Олимназарбек, мулло Сафар, Мирзокаримтӯқсабо... Дар замони зиндагии бобокалонам Олимназарбек, – ба нақли худ идома медиҳад шайх ҳоҷӣ Абдураҳим, – тақрибан ду саду шаст – ду саду ҳаштод сол муқаддам дар Чилучорчашма воқеаи ғароибе рӯй дода будааст. Инро солҳои панҷоҳум ба ман бобои модариам Ёрназар эшон, ки он вақт як саду шонздаҳсола буданд, ҳикоя кардаанд, (ҳоло писари он кас бобоям Бекназари ҳаштоду панҷсола дар қайди ҳаётанд). Ҳамон вақт бобоям Ёрназар эшон ба ман гуфта буданд, ки ин қиссаро аз бобои дигари падариам Мирҷаъфарбек шунидаанд.

Мирҷаъфарбек як саду сию шаш сол умр дида будаанд. Бобоям Ёрназар-эшон зимни ҳикояти худ ба даҳони ман туф карданду таъкид намуданд: бачам, нақли маро ягон сад сол бо худ гирифта гарду ба одамон ҳикоя бикун. Зеро аксари намояндагони аҷдоди мо аз сад сол камтар умр надидаанд. Бале, дар ин диёри куҳан чунин расму таомули қадимӣ ҳаст: бобоҳои дарозумр одатан ба даҳони набераҳои худ туф мекунанду мегӯянд: Худо ба ту умри маро диҳад, яъне умрат дароз бодо! Инак, он қисса: Яке аз сармоядорони бузурги Қубодиён Муҳаммадсолеҳ бо сарварии Муҳаммадюсуфи корвонбошӣ моли фаровони худро, ки иборат аз пахта, пӯст, абрешим ва асал будааст, ба тиҷорат фиристоданӣ мешавад. Корвони ӯ хеле калон будааст, бо хизматгорон ҳафтоду ҳафт нафарро ташкил медодааст. Мулло Сафар ном шахс ёвари корвонбошӣ ва Тоҳир ном марди ҷасур ба бисту як нафар сипоҳиён саркарда будааст. Корвони тиҷоратии Муҳаммадсолеҳ ба мулки Чин меравад, пас аз тиҷорати бомуваффақият ба кишвари афсонавии Ҳинд меояд, аз он ҷо ба давлати ҳамсояи Афғонистон расида, дар шаҳрҳои Ҷалолобод, Қандаҳор, Ҳирот, Балх, Мазори Шариф, Самангон, Тошқӯрғон тиҷоратро ривоҷ медиҳад.

Сонӣ барои бозгашт ба Ватан тайёрӣ дида, корҳои заруриро ба анҷом мерасонад. Молҳои боқимондаро тиҷорат менамояд, ба зарурати ҳамдиёрон амволи фаровоне харидорӣ мекунад. Ва бо роҳи шаҳраки Калдор ба тарафи Каҷгузар ҳаракат менамояд, то аз дарёи Аму ба хоки Қубодиён убур созад. Бадбахтона дар наздикии шаҳраки Калдор, ки корвониён бо хотири ҷамъ фароғат доштанд, тӯдаи дуздону ҳаромиён ҳамлавар шуда, ду нафар сарбозони муҳофизро мекушанду дигар ҳамаи аҳли корвонро асир мегиранд ва тамоми молу маноли тоҷиронро мусодира менамоянд. Лекин дар ин миён саркардаи сарбозони муҳофизи қубодиёнӣ Тоҳир, ки ҷавонмарди хеле чолоку зӯрманде буд, сар аз ҳалқаи дуздон раҳо дода, бо роҳҳои душворгузар худро ба лаби дарёи Аму мерасонад ва бо сад азоб ба соҳили ватан меояд.

Ва аз қазия соҳиби мол Муҳаммадсолеҳро огоҳ месозад... Вақте ки дуздон аҳли корвонро асир карда, ба тарафи нишемангоҳи худ меронанд, то моли ғанимат гирифтаро байни худ тақсим намоянду одамонро дар бозори ғуломон бифурӯшанд, Муҳаммадюсуфи корвонбошӣ ва ёвари ӯ мулло Сафар ба Худои мутаол илтиҷо менамоянд: поко, парвардигоро, агар моро аз чанголи хунолудаи ин дуздон халос кунӣ, чоряки молу мулки ин қофиларо ба шайхони порсоманиши ҳазрати Чилучорчашма садақа мекунем, ё кирдигоро... Ва яздони пок оҳи дили дардманди корвониёнро мешунавад... Иттифоқан аз ин миён нерӯи аскарияи ҳукумати Афғонистон мегузарад ва дуздонро ба куллӣ бандӣ карда, корвониёни кишвари ҳамсояро озод намуда, молу мулк ва пулу пайсаашонро ба дасташон медиҳад. Як қисми аскари ҳукумати Афғонистон тоҷирони қубодиёниро то ба лаби дарё гусел ҳам мекунад. Муҳаммадюсуфи корвонбошӣ ҳамсафарони худро ба мавзеи Чорбоғи назди Чилучорчашма оварда, дар ҳамин ҷо барои истироҳат хайма мезанад...

Дар ин вақт Тоҳири саркардаи муҳофизони корвон аз ҷумлаи сарбозони Қубодиён дусад нафар лашкари ҷаррори таррорро ҷудо намуда, ба аспони бидави ҷавмаст савор мекунад ва бо озуқаю олуфа ва лавозимоти ҷангӣ ба тарафи Афғонистон ба роҳ мебарояд. Азбаски соҳиби молу корвон Муҳаммадсолеҳ низ ба Тоҳир ҳамроҳӣ мекард, ӯ маслиҳат медиҳад, ки аввал Чашмаҷонро зиёрат намоянд ва бар ҷисму ҷон қудрату тавоноӣ биёбанду пас ба ҳаракат бароянд. Баъд аз зиёрат онҳо сафарро давом дода, ба мавзеи Чорбоғ мерасанду аксари ёрони худро дар канори офият дида, фараҳу шодмонии зиёде меёбанд. Пас аз ҳолу аҳволҷӯӣ ва пурсупос Муҳаммадюсуфи корвонбошӣ ба хоҷаи худ Муҳаммадсолеҳи молик арз менамояд:

– Мо бо мулло Сафар аҳд кардем, ки агар худоҷон моро аз панҷаи зулми дуздон наҷот диҳад, чоряки моли корвонро садақаи шайхони Чашмаҷон менамоем.

– Аҳди шумо, аҳди ман аст, – ҷавоб медиҳад Муҳаммадсолеҳ корвонбоширо ба оғӯш кашида, – сиҳату саломат мондани шумо ҳамин худаш бароям давлати калон аст. Муҳаммадсолеҳ ба муҳосибони худ мефармояд, ки чоряки моли корвонро ҳисоб карда, ба пул гардонанд. Ҳамон вақт дар Чилучорчашма як саду ҳафтоду чор нафар шайхон зиндагонӣ доштаанд. Чоряки моли ҳадяшуда бар ҳар яке аз шайхони Чашмаҷон ба миқдори даҳ тангаи тилою ду пулӣ мерасад, ки дар он замон ба як тило ҳашт сар гови дӯшоӣ харида мешудааст. Баъди чанд муддати тақсим карда шудани ин садақа дар байни шайхон ғиреви сахте барангехта мешавад. Шумораи шайхони Чилучорчашма умуман зиёд набудаанд. Зеро онҳо худро аз авлоди саъидон ё содот ва зоти устухонсафед, яъне эшон ҳисобида, ба касе духтар намедодаанд ва ба ягон қавми дигар ҳам хонадор намешудаанд.

Биноан инкишоф наёфта, ба тӯли асрҳо камшумор мондаанд. Лекин дар байни онҳо ғайришайхон ва ҳатто нимшайху чалашайхон ҳам дохил шуда будаанд. Хизматгороне, ки дар соҳили чапи чашмасор менишастанд, ба тоифаи ғайришайхон шомил буданд. Ононе чалашайхон ҳисоб меёфтанд, ки бо шайхони ҳақиқӣ аз ягон тараф пайванди хешовандии дуре доштанд. Иллати сар задани ғиреви носозӣ аз он буд, ки пули садақа ба ҳар сари шайху нимшайх, чалашайх ва ҳатто ғайришайх баробар тақсим шуда буд. Шайхоне, ки ҷанҷол бардоштанд, далел меоварданд, ки шайхони асил соҳиби ду-се ё чор-панҷ фарзанд ҳастанд, зеро шер ҳам, ки шоҳи ҷонварон аст, насли каме дорад.

Дар ин атроф нимшайхон, чалашайхон ва ғайришайхон буду бош доранд, ки мӯру малах барин соҳиби ҳашт-даҳ ва ҳатто ёздаҳ-дувоздаҳ ва аз ин ҳам зиёдтар фарзанд мебошанд. Ҳам ба мо, ки аслзодаем, даҳ тилою ду пулӣ расиду ҳам ба онҳо, ки асолаташон маълум нест, то сағиру кабирашон шарики ин пул гардиданд. Ин ҷо куҷо адолату ку ҳақиқат? Азбаски он вақт мири Қубодиён ба беки Ҳисори Шодмон тобеъ буд, шайхон ба ин даргоҳи олӣ шикоят мебаранд. Дар ин байн тӯдаи ғайришайхони Чилучорчашма бо мақсаде, ки пулро аз даст надиҳанд, шаҷараи шайхонро, ки дар сутуни масҷид овезон буд, медузданд. Шаҷараро ба мавзеи Ёрмирони наздикии деҳаи Сайёд бурда, ба дасти Эшонҷон ном шахс месупоранд, то нигаҳдорӣ кунад. Эшонҷон пири равшанзамири як қисми шайхони Чашмаҷон будааст. Ӯ шахси покниҳод будаасту дасти ҳалоле доштааст, чун дарк менамояд, ки дар ин дуздии шаҷара ягон найранге пинҳон аст, аз нигоҳ доштани ин шаҷара даст мекашаду мегӯяд: «Ман инро саришта карда наметавонам». Баъдан шаҷара ба ихтиёри як одами пулдӯст мегузарад, то онро пинҳон кунад.

Он пулпараст қасд доштааст, ки бар ивази шаҷара аз соҳибону мансубини ин ҳуҷҷати асил пули зиёде биситонад. Ин марди пулдӯст ҳам аз мавзеи Ёрмирон будааст, вале номи вайро ҳеч кас ба забон намебарад. Зеро ӯ сабабгори гум шудани ин санади муҳим, яъне шаҷараи муборак гардидааст. Агар номашро зикр менамуданд, пас касофати вай ба фарзандонаш мерасид ва фарзандон ҷабри падари баднафсро беҳуда мекашиданд ва ин доғи пурнаҳсро асрҳо бардошта мегаштанд. (Ҳоло ривояте ҳам вуҷуд дорад, ки ин шаҷара аз даст бар даст гузашта, ба кишвари Афғонистон бурда шудааст. Аз рӯи ин ривоят ҳатто тақрибан дар кадом минтақаи он диёр маҳфуз будани он ҳам маълум аст).

...Бо кадом сабабе аз Ҳисори Шодмон намояндаҳо намеоянд, ки ҳаққи шайхони асилро муайян намоянд. Пас аз муддате шайхони Чилучорчашма ба ҳокими Шаҳрисабз ариза мефиристанд. Зеро салоҳияти ҳокими Шаҳрисабз аз салоҳияти беки Ҳисор бештар будааст. Аз Шаҳрисабз ду нафар вакили ҳоким омада, воқеаро таҳлил менамоянд. Ва дар ҷараёни пурсуҷӯ маълум мегардад, ки шайхон шаҷара ҳам надоштаанд.

Пас вакилони ҳокими Шаҳрисабз дар бораи шайхони Чилучорчашма фармон мебароранд, ки онҳо шаҷара надоранд ва умуман шайх ҳам нестанд. Вакилони ҳоким дар поёни мурофиаю муҳокима шайхони аризанависро дар ҳаҷми чил ҳазор тангаи сиккаи сараи зарби Бухорои Шариф ҷарима мебанданд, то ин миқдор пулро дар бадали се сол ҷамъ оварда, ба хазинаи доруссалтана супоранд. Шайхони аризабози бандаҳои нафс барои пайдо кардани чил ҳазор танга дар мулку макони Шерободу Бойсун, Чиғатойю Урганҷ, Қошғару Ёрканд, Ҷиззаху Балосоғун ва ғайра мардикорию хизматгорӣ менамоянд. Онҳо ҷаримаро мекананд, вале дар он кишварҳо боз солҳои тӯлонӣ монда, бо ҳар тоифа мардум омезиш меёбанд.

Баъд аз он ки шайхон чил ҳазор тангаи ҷаримаро ба ҳукумати Бухорои Шариф месупоранд, фармони амир содир мегардад, ки Чилучорчашма бо тамоми мансубини сафеду сиёҳ ба ихтиёри Муҳаммадсолеҳ дода шавад, зеро кафили амнияту тартиботу танзимот дар ихтиёри ӯ хоҳад шуд. Солҳо мегузаранд, ҷудо кардани шайхони аслзода, яъне эшон аз шайхони хасакӣ хеле вазнин мегардад... То солҳои сиюми қарни гузашта дар соҳили рости Чилучорчашма тақрибан чил оилаи шайхони ҳақиқӣ зиндагӣ меарданд, дар самти чап, чи тавре ки қайд намудем, нимшайхон буду бош доштаанд. Бояд зикр намоем, ки то ҳамон давра агар ба Чашмаҷон як гӯсфандро ба назру ниёз биёранд, шайхони асосӣ як ҳисса мегирифтанд, барои нимшайх чоряк ҳисса мерасид, чоряк шайхон бошанд аз сиву ду қисм як ҳисса ҳақ мегирифтанд ва бо ҳамин мӯҳри қаноат бар лаб мегузоштанд...

Аз замонҳои қадим хосияти шифобахшии обҳои Чилучорчашма ба одамон маълум буд. Ба тӯли солиён ба кадом дард даво будани ҳар як силсилаи чашмаҳоро санҷида буданд. Масалан, силсилаи чашмаҳое, ки дар назди зинапояи масҷиди куҳансохт воқеъ шудаанд, бо номи Чашмаи Муин ёд мешавад. Зимнан, солҳои 60-ум масҷиди куҳанро бо санаи 136-и ҳиҷрии дар сутуни марказиаш сабтёфта вайрон карданду дар ҷои он чойхона-ошхона сохтанд.

Ҳоло ин чойхона-ошхона хизмати масҷиди ҷомеъро низ адо менамояд. Сутуни таърихии гаронқимат, ки дар он санаи 136-и ҳиҷрӣ сабт ёфтааст, дар сохтмони чавкандии болои оташдон истифода шуда, як қисми он аз дуд сиёҳ гардидааст. Ҳол он ки ҷойи он бояд осорхона бошад. Чашмаи Муин аз се чашмаи хурд иборат аст. Бо ният мӯи кӯдаконро дар назди ҳамин чашма мегиранд ва ё бо ягон ният сари кӯдаконро ба ҳазрати Чашмаҷон ниёз карда, кокул мемонанд. Баъди ба воя расидани ин кӯдаки сараш ба мазор ниёзшуда кокулашро метарошанд. Албатта, дар ин вақт мувофиқи тавоноӣ ягон гӯсфанд, буз ё мурғеро мекушанд.

Одатан оилаҳое, ки кӯдакашон ба таври тӯлонӣ бемор мешаванд, чунин расму таомулро ба ҷо меоранд. Кӯдаконе, ки ба сарашон мӯй намебарояд, пас аз ду-се маротиба ба ин об шустан бар сарашон мӯй мерӯяд. Дар лаби ин чашмаҳо маҷнунбеде рустааст, ки тақрибан ҳазорсола мебошад. Сайёҳу адиби машҳур Марко Поло маҳз ҳамин маҷнунбедро дидааст. Мутахассисони соҳаҳои ихтиология ва табиатшиносӣ соли як ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду ду тадқиқот гузаронда, тақрибан ҳазорсола будани ин бедро муайян намудаанд. Давродаври бед аз ҳафт метр зиёдтар мебарояд, он ҳанӯз ҳам сарсабз буда, ба одамон соя мебахшад, ҳавои атрофро сарду серун мегардонад ва бо решаҳои рангини худ микробҳои обро пок месозад.

...Зимнан бояд қайд намоем, ки сайёҳони қадими Чин ба кишварҳои Осиёи Миёна омада, дар атрофи рӯду наҳрҳо, каналу ҷӯйҳо, толобу ҳавзҳо дарахтони бедро мебинанд ва мегӯянд, ки решаҳои бедҳо ҳамеша обҳоро аз микробҳо тоза менамоянд, биноан мардуми ин сарзамин аз бемориҳои вазнини сирояткунанда эминанд...

...Силсилачашмаи Муин тақрибан сӣ метр ҷорӣ гардида, ба сарҷӯи асосӣ ҳамроҳ мешавад. Се чашмаи минбаъдаро Чашмаи Хунибинӣ мегӯянд. Тавре ки маълум аст, хунибинӣ яке аз бемориҳои вазнин буда, бар асари он аз бинии кас якбора хун ҷорӣ мешавад ва агар пешгирӣ карда нашавад, хун қатъ нагардида, беморро ба ҳалокат мерасонад. Оби ин чашмаҳо ба ҳамин беморӣ давобахшанда аст. Бинӣ ва сари беморро ба ин об мешӯянд ва обашро менӯшонанд. Инчунин оби ин чашмаҳоро гарм карда, сару баданро мешӯянд. Чашмаи Хунибинӣ панҷ метр ҷорӣ гашта, ба Чашмаи Морон ё Чашмаи Хунукзадагон ҳамроҳ мешавад.

Сабаби Чашмаи Морон ном гирифтани ин чашмаҳо (се чашма) ба он ваҷҳ аст, ки гӯё яке аз морҳои калонтарини ин мавзеъ хазида ба ҳамин чашма дохил шуда, нопадид гардидааст. Ҳоло ҳам морҳои Чилучорчашма хобҳои зимистонро дар ҳамин чашмаҳо мегузаронанд. Зеро нисбат ба дигар чашмаҳо пештару бештар гарм мешаванд. Солҳои сиюм Мирзои Расул ном шахс, ки истиқоматкунандаи ҳамин минтақаҳо будааст, ба Чашмаи Морон дохил мешавад. Ӯ тақрибан ба масофаи бист-сӣ метр дохил гардида, мағораи калонеро мебинад.

Мувофиқи ҳикояти вай дар он ғор морҳо ва моҳиёни калон будаанд, баъзе морҳо ва моҳиён мурда бошанд ҳам, аммо вайрон нашудаанд. Ягон хел садое намебаромадааст, ҳама ҷо ором будааст, моҳиёни зинда мурдаҳояшонро мехӯрдаанд... Чашмаи Морон тақрибан бист метр ҷорӣ шуда, ба Чашмаи Шифо ҳамроҳ мешавад, ки он яке аз чашмаҳои асосӣ ҳисоб меёбад. Зеро оби ин чашмасор хеле бисёр буда, баъди Чашмаи Таъбири Хоб ё Қулфуаллоҳи Аҳад дар ҷои дуюм меистад. Дар байни ин ду силсилаи чашмаҳо боз ду чашмаи дугона мавҷуд аст, ин дугонаи аввалро Чашмаи Дарди Устохон ва дугонаи дуюмро Чашмаи Табларза ном ниҳодаанд. Аз номҳои мубораки ин чашмаҳои поку зулол маълум мешавад, ки ба кадом бемориҳо даво мебахшидаанд... Акнун руҷӯъ менамоем ба Чашмаи Шифо, ки онро Оби Шифо ё ҳатто баъзеҳо Чашмаи Мурод мегӯянд, аммо инро Чашмаи Мурод гуфтан саҳеҳ нест, зеро Чашмаи Мурод дигар аст.

Дар зери девори қалъаи Бешканд, ки аз Чилучорчашма қариб ним фарсанг ба самти ғарб воқеъст, Чиллачашмае /дар назди қабри Ҳафтдодарон/ мавҷуд аст. Гӯё Чиллачашмаи Бешканд ва Чашмаи Шифои Чилучорчашма бо ғору ковокии зеризаминӣ ба ҳам пайванданд. Мувофиқи ривоят агар шахси бефарзанд аз ғори Чиллачашма дарояд, бо роҳи зеризаминӣ ҳаракат намуда, аз ғори Чашмаи Шифо ба берун мебаромадааст. Пас Худованд ба ӯ фарзанд ато мефармудааст. Як шахси панҷоҳу чорсола, ки занаш чилу шашсола будааст, ба даст чиҳил дона шамъ гирифта, аз ғори Чиллачашма даромада, ба тарафи Чашмаи Шифо ҳаракат менамояд. Таомул ҳамин тавр будааст, ки зани ӯ ҳам бояд ба пояш кишан баста, бо риёзати зиёд бо роҳи рӯизаминӣ ба сӯи мазори муқаддаси Чашмаҷон раҳсипарӣ мекардааст. Он мард аз субҳидам ба роҳи пуразоб оғоз намуда, бо амри Парвардигор гашти пешин аз ғори Чашмаи Шифо берун мебарояд.

Занаш бо пойҳои кишандор роҳ танида, ба наздикии қабристони Чилучорчашма мерасад ва кишан ҳам худ аз худ кушода мешавад. Баъди сипарӣ гаштани муддате чанд бо лутфи яздони пок дар қади зан умедворие пайдо гардида, дар мӯҳлати мувофиқ писаре таваллуд мегардад. Сипас онҳо духтардор ҳам мешаванд. Ҳоло набераю чабераҳои он зану шавҳари риёзаткаш дар қайди ҳаёт будаанд. Шояд мувофиқи ҳамин қабил ривоятҳо Чашмаи Шифоро баъзан Чашмаи Мурод ҳам гӯянд. Унвони чашмаи дигар бо номи Рутубат ё Сардард ва Дафъи Фишори Баланд ёд мешавад. Ба беморони тарбод, фишори баланд даво мебахшад. Бемор сари худро як-ду бор дар он чашма бишӯяд, дарҳол беҳбудие ҳис мекунад. Чашмаи Нийят. Аз ин чашма духтарон ва занони муродталаб барои кушоиши бахташон санги шикофта ҷустуҷӯ намуда, пас аз ёфтани чунин санг онро ҳамчун тӯмору таъвиз овехта мегарданд.

Чашмаи давои бемории барас.

Ин чашма хусусияти аҷибе дорад: ҳар сол аз 11 январ то 29 январ оби он 49 дараҷа гарм мешавад. Баъд аз 8-10 феврал обаш хушк гардида, рӯзҳои 25-28 май боз фаввора мезанад, вале ҳарораташ аз 14,2 дараҷа болотар намешавад. Аз рӯи ривоят обҳои шифобахши ин чашма бемории бараси дар байни мардум ривоҷёфтаро муолиҷа мекардааст. Вале аз чӣ бошад, ки ин чашма солҳои пеш ба ҳокимони давр маъқул наомадааст ва онро маҳкам намудаанд. Мегӯянд, ки боре яке аз роҳбарони баландмартабаи ноҳияи Шаҳритус дар сари он чашма рост истода, «мудаббирона» роҳбарӣ намудаасту коргарон бо фармони олимақомонаи вай ин чашмаи ҷӯшони давобахшро бо сементу сангу сихҳои оҳанин пӯшидаанд. Ҳоло ин чашма кушода шудааст ва дар хизмати мардум аст.

Чашмаи Захм.

Ин чашмаи хеле шифобахш дар миёни чашмаҳо воқеъ буда, аз байни онҳо ҷӯшидаю фаввора зада мебарояд. Занони солхӯрдаи маҳаллаҳои атроф Ҳоҷархолаю Раҷаббибӣ, ки синну солашон қариб ба навад расидааст, дар куҷо воқеъ будани ин чашмаро ба хубӣ медонистаанд. Чашмаи Захм ҷароҳату захмҳои давомноку кӯҳна ва носури бадани инсонро ба куллӣ даво мебахшад. Ин ҳолат борҳо аз таҷриба гузаштааст. Чашмаи Дилдард иборат аз се чашма буда, ба бемориҳои гуногуни дил таскин мебахшад. Ҳамчунин дар байни ин чашмаи хеле ҷӯшоне воқест, ки бо унвони Чашмаи Мурод ёд мешавад ва обаш аз ҷиҳати фаровонӣ дар ҷои сеюм меистад. Ҳар кӣ аз ин чашма муроде талабад ва ба ҳар муроде, ки дошта бошад, албатта, мерасидааст.

Воқеаеро ёдовар мешаванд, ки падари яке аз шахсони хеле мӯътабари ноҳия пас аз хонадор шудан ёздаҳ сол рӯи фарзандро надида будааст. Дар як соати нек ӯ ба мурод сари зону бар канори ин чашма мениҳад ва ним рӯз бо дастони кушоишталаб менишинад. Бо инояти илоҳӣ ангуштарини сангине ба кафи ҳоҷатхоҳи вай меояд ва дар роҳ кишани пои занаш худ аз худ кушода мешавад. Худованд шахси ба нохуни фарзанд зорбударо фарзанд ато мекунад... Чашмаи Нийяти фарзанд – ин чашма танҳо барои занон аст. Сипас Чашмаи Нилуфар меояд, ки онро Чашмаи Ҷигардарду Зардпарвин низ мегӯянд.

Пеш аз ҳама аҷоиботи ин чашма дар он аст, ки дар он ягон навъи сабзаю алаф намерӯяд. Дар тамоми дигар чашмаҳо, яъне дар даруни об алафҳои гуногун мерӯянд, аммо андаруни Чашмаи Нилуфар гиёҳе ба назар намерасад, ҳарчанд ки номи зеботарини гулҳоро дорад. Борҳо ба мушоҳида расидааст, ки ҷигардардон оби ин чашмаро нӯши ҷон карда, фавран таскин ёфтани дарди ҷигарро иқрор шудаанд. Ва ҳам як воқеа вобаста ба хосияти шифобахшии ин чашма: боре ду нафар зан бо шавҳарони худ ба Чашмаҷон омадаанд, ки ба дардашон даво ёбанд. Мувофиқи фармудаи табиб ҳар ду зан ҳам дар ҷигар иллат дошта, дар талхаҳояшон санг мавҷуд будааст.

Занон ба муддате даҳ-дувоздаҳ рӯз аз оби чашма гарм карда нӯшидаанд. Дар ин зимн онҳо дар ҷисму ҷони худ сабукие эҳсос менамоянд. Табиб узвҳои дар собиқа бемори ин занонро тавассути рентген мушоҳида намуда, собит месозад, ки аз сангҳои талхаашон заррае ҳам боқӣ намондааст. Сонӣ ҳар яке аз занон гӯсфандеро сар зада, хайру саховат кардаанд. Чашмаи Камхунӣ, ки баъдан воқеъ гардидааст, хусусан барои занони ҳомила басо шифобахшанда аст. Дар Чашмаи Касалиҳои Рӯҳӣ шахсони ба бемориҳои рӯҳӣ гирифторшударо табобат менамудаанд. То солҳои шастум ин таҷриба ривоҷ доштааст, ки ин қабил беморонро дар даруни оби чашма ду-се шабонарӯз баста мемондаанд ва бо ҳамин онҳо шифо меёфтаанд.

Чашмаи Қулфуаллоҳи Аҳад, ки бо номи Таъбири Хоб ё Сураи Ихлос низ ёд мешавад, одамонеро, ки шаб дар хобашон метарсанд, ба мудати кӯтоҳ «ту дидию ман надидам» карда илоҷ мебахшад. Ин тоифа беморон дар чашма оббозӣ мекунанд ва аз оби он менӯшанд. Баъдан Чашмаи Дардигӯш ва Чашмаи Чилла (кӯдакони ба бемории чиллагӣ гирифторро даво мекунад) ҷорӣ мегардад. Чашмаи Хориш, ки дар вақташ бо амри ҳокимони давр сарпӯш гардида буд, чанде пеш бо ёрии як идда роҳбарони хайриятпеша кушода шуд, ки ин чашмаи муборак дар паҳлӯи зинаи самти шимолии Чашмаҷон воқеъ гардидааст. Ҳар пораи санги ин макони муқаддас, хишт ё сутуни чинорини «санаи 136»-и ҳиҷридор, ки баъди вайрон карда шудани масҷиди аз чордаҳ ҳазор хишти пухта бунёдёфта боқӣ мондааст, ҳамин навъ ривояте, қиссае, таърихе доранд. Ба ҳамин ранг дар хусуси ҳар як дарахти беди куҳан, тут, кундаҳои тобхӯрдаи токи ангур ва ғайра ҳикоятею нақлеро овардан мумкин аст. Ин бедҳо, тутҳо, токҳои печида ба рӯи шохаҳо ва танаҳои худ борҳо ва гарду ғуборҳои асрҳои гузашта, рӯзгори одамони гуногунтоифаро аз он замон то ба даврони мо овардаанд. Онҳо шоҳидони воқеаю ҳодисаҳои мухталиф ҳам ҳастанд, ки тасвираш басо ибратбахш мебошад.

Албатта, ҳамаи зиёраткунандагоне, ки ба Чилучорчашма меоянд, беди хушкидаи мавзеи Гумсалоҳро (ҷои ҷамъшавии об ва назди кӯпруки оҳанин) дидаанд. Ҳолиё ин бед тамоман хушкида ва фарсуда гардидааст. Понздаҳ-бист сол муқаддам аз болои шохаҳои сарсабзи ин беди куҳан ҷавонон вақти оббозӣ худро ба оби шаффофи шифобахш сарозер мепартофтанд. Обҳои Чилучорчашма дар як рӯд ҷамъ гашта, мавҷзанон ҷорӣ шуда, маҳз дар мавзеи Гумсалоҳ ба як паҳноие мерасад. Вақтҳои пешин зиёраткунандагон аспҳо ва шутурони савории худро низ дар ҳамин ҷо оббозӣ мекунондаанд, то ки на танҳо худашон, балки сутурҳояшон ҳам аз ин обҳои дармонбахш саломатии комиле биёбанду солҳои тӯлонӣ хизмати беминнаташонро ба ҷо оваранд...

Хусусан дар фасли гармои тобистон ва ҳангоми чорсайрҳои айёми идҳои шарифи рамазону қурбон ин мавзеъ хеле серодам мешавад. Тақрибан сесаду панҷоҳ сол пеш аз ин домулло Азиз ном шайхи Чилучорчашма маҳз дар ҳамин мавзеи серодам ба шонаи худ сангу хок кашонда, ҷазирачаи маснӯъӣ бунёд кардааст. Аз авлод ба авлод, аз насл ба насл нақл намудаанд, ки домулло Азиз тамоми ин корҳоро танҳо ба дастону панҷаҳои худаш сурати амал бахшидааст, то ки тамоми савобу самараи нишонидану сабзонидани бед ба худаш тааллуқ дошта бошад. Домулло Азизи шайх бо умеде агар ягон кас дар сояи ин бед таҳорати хешро ба ҷо орад ва ё истироҳат намояд, «иншоаллоҳ савобаш ба ман мерасад», гӯён то сабзидану ба камол расидани ниҳоли дастнишондаи хеш атрофи онро шиғ баста, аз ҳар балою қазо эмин доштааст.

Он бед ҳам дар хоки серғизои ҷазирачаи маснӯъии шайх нағз сабзида, ба чор тараф танаю шохаҳои худро ёзонида, солҳои дуру дароз ба одамон сояи серуне бахшидааст. Ёдаш ба хайр, домулло Азизи шайхи аслзодаро, ки чунин кори савоберо анҷом додааст. Ҳазорон бор ёдашон ба хайр бод, он одамони наҷиби покниҳодеро, ки дар зиндагӣ дасташон сабз асту доимо аз пайи фарҷом бахшидани амали хайр ҳастанд ва дар сафҳаи офоқ аз худ номи нек боқӣ мегузоранд. Солҳо сипарӣ гардиданд, аз чор тарафи чӯлистони Бешканд дар тобистон тафбоди ҷонкоҳ вазон мешуду дар зимистон тундбоди барфолуди сард. «Биноҳои обод гардад хароб, зи борону аз тобиши офтоб» гуфтааст Фирдавсии бузург.

Беди домулло Азиз ҳам ба ин фишорҳои табиӣ ва ғайритабиӣ тоб наоварда, ба мурури айём судаю пуда гардида, оқибат шоха пайи шоха, ваҷаб пайи ваҷаб хушкидааст. Ҳоло он ба як кундае мубаддал гардидааст, ки гӯё танаю шохаҳояшро бо табар бераҳмона бурида бошанд. Хушбахтона шайхон ва мутавалиёни Чилучорчашма маслиҳат кардаанд, ки дар мағзи беди пуда ниҳоли нави бедеро мешинонанду барои осоишу фароғати мардум онро сабзонида ба камол мерасонанд. Ба ҳамин васила ин кори нек аз насл ба насл, силсила ба силсила давом мекунад. Амали хайр бувад хайри амал, мегӯянд хирадмандони пешинзамон. Воқеан ҳам басо кори оқилонаю хайрандеше хоҳад буд сабзонидани беди домулло Азиз. Бо ҳамин тадбир беди ин шайхи накӯкор ҷовидонӣ сарсабз мегардаду дасти замонаи тақдирсоз дигар ба он бе таъсир мемонад. Илоҳо, ҷовидонӣ сарсабз бод беди кабудбаргу решасурхи домулло Азиз. Ҳоло аз авлоди домулло Азиз холаи Марзия ва амаки Мустафо дар қайди ҳаётанд, ки онҳо охирин шайхони покнажоди аз ду поя рӯида мебошанд.

Ба ин маънӣ шаҷараи умри домулло Азиз ҳам мисли беди дар ҷазираи мавзеи Гумсалоҳ шинонидааш бардавом хоҳад буд. Дар лаби Чашмаи Нийят кундатоки пире тоб хӯрдаю панҷа зада бар шонаи пуштакӯҳ дароз кашидааст. Ин кундаток рӯзгори бисёреро ба сар бурда гӯё мехоҳад, ки бар мазори поки Бобо Қамбари соҳибқирон сари суҷуд пеш оварад. Яке аз мутавалиёни Чилучорчашма бобои Қодир шайх ин токи ангури тоифиро бо умеде шинонида будааст, ки зиёраткунандагон дар лаби чашма нишинанду аз хӯшаҳои шаҳдогини ангур бичашанд ва пас ба хотираи абадии боғбони шодравон дуое бикунанд. Бобои Қодир шайх кайҳо бо ин дунёи фонӣ хайрбод кардааст. Мувофиқи ҳикояти шайх бобо дар айёми бачагӣ падараш талқин намудааст, ки дар лаби Чашмаи Нийят токи ангур ниҳол кунад, то аз вай нишоне монад. Бобои Қодир шайх навад сол умр дида будааст.

Пас тахмин кардан мумкин аст, ки умри ин токи ангури тоифӣ аз сад сол зиёдтар аст. Солҳои пеш ин ток бе нигоҳубин монда, қариб ба хушкидан расида буд. Кормандони имрӯзаи ин макони муқаддас дору дарахтони мевадору бемеваро зери назорату нигоҳубини махсус гирифта истодаанд. Ҳоло токи пири ангури тоифие, ки худораҳматӣ Қодир шайх ибни Бобокалон шайх ибни Муҳаммадсиддиқхони мутавалӣ шинонида буд, боз аз нав нашъунамо карда, коми зиёраткунандагонро бо меваҳои худ ширин хоҳад намуд. Тути дастниҳоли мулло Набӣ шайх ҳам хеле пир буда, беш аз сад сол умр дидааст. Бошандагони солхӯрда мегӯянд, ки солҳои сиюм ҳам ин тут хеле бузургу пир будааст. Одамон ҳоло низ меваҳои шакарини онро мечашанд. Мувофиқи қайду забти санадҳо падари мулло Набӣ шайх мирзои хеле хушнависи Чилучорчашма будааст, ки дар назди хаттотони моҳир ҳунар омӯхта, дар нигориши ҳафт навъи хати настаълиқ ба дараҷаи устодӣ расидааст.

пешина
аз 29
навбатӣ